Мохияти амалиётхои бартери дар фаолияти иктисодии беруниктисоди

Нақша:

Сарсухан:

  1. Моҳияти  амамлиётҳои бартери ва талаботҳои  он
  2. Дахолати мақомоти гумрук ба амалиётҳои бартери
  3. Шартномаи омехта ва усулҳои он

       хулоса

Сарсухан:

     Мавзӯи амалибётҳои бартери яке аз мавзӯъҳои марказии фани Идораи фаоияти иқтисоди берунмарзи ба ҳисоб меравад. Барои ҳар донишомӯзи ихтисосҳои иқтисоди зарур аст ки барои дар оянда дар корхонаҳо кору фаолият кардан ин мазӯъро омузад. Ва тарзҳои бастани шартномаашро ёд гирад. Чунки тамоми намуди амалиётҳои бартери тавасути бастани  шартномаҳо ба роҳ монда мешаванд.

 Моҳияти  амалиётҳои бартерӣ ва талаботҳои  он

    Додугирифтҳои бартерӣ – ин додугирифт ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти савдои берунмарзӣ мебошад, ки мубодила намудани молҳо, хизматҳо, маҳсули фаъолияти зеҳнии аз рўи арзиш баробарро пешбинӣ мекунад.

      Мубодилаҳое, ки  ҳангоми амалӣ намудани онҳо истифода бурдани воситаҳои пулӣ ё дигар воситаҳои пардохт пешбинӣ карда мешавад, ба додугирифтҳои бартерӣ дохил намешаванд.

    Додугирифтҳои бартерӣ дар шакли оддии хаттӣ бо роҳи бастани шартномаи дутурафа гузаронида мешаванд, ки бояд ба талаботҳои зерин ҷавобгў бошад:

а) шартнома бояд рақам ва сана дошта бошад;

    б) шартнома дар шакли як ҳуҷҷат тартиб дода мешавад, ба истиснои додугирифтҳои бартерие, ки аз ҳисоби иҷрои созишномаҳои байналхалқӣ баста мешаванд. Дар ин ҳолат тартиб додани қарордод дар шакли якчанд ҳуҷҷат иҷозат дода мешавад, ки бояд маълумотҳоеро дар бар гиранд, ки ба ягон шартномаи мушаххас мансуб донистани онро имкон диҳанд, инчунин бо мақсади муайян намудани шартҳои иҷро кардани додугирифти бартерӣ алоқамандии ин ҳуҷҷатҳоро ба миён оранд.

в)    дар шартнома бояд муайян карда шуда бошанд:

  • феҳраст, шумора, сифат ва нархи мол аз рўи ҳар як мавқеи молӣ, мўҳлат ва шартҳои содирот, воридоти молҳо; рўйхати кор, хизмат, маҳсули фаъолияти зеҳнӣ, арзиши онҳо, мўҳлати анҷом додани корҳо, лаҳзаи расонидани хизмат ва пешниҳод намудани ҳуқуқ ба маҳсули фаъолияти зеҳнӣ;
  • рўйхати ҳуҷҷатҳое, ки аз тарафи шаҳрвандони ҶТ барои тасдиқ намудани воқеаи иҷро кардани кор, расонидани хизматрасонӣ ва пешниҳод намудани ҳуқуқ ба маҳсули фаъолияти зеҳнӣ пешниҳод карда мешаванд.
  • тартиби қонеъ намудани даъво дар ҳолати иҷро накардан ё ба таври зарурӣ иҷро накардани шартҳои қарордод, аз тарафи ҷонибҳо.

Дахолати мақомоти гумрук ба амалиётҳои бартери

       Шахсоне, ки амалиёти бартериро ба имзо расонидаанд ё аз номи онҳо ба имзо расонидаанд, вазифадоранд дар мўҳлатҳое, ки қонунгузорӣ барои иҷро кардани амалиётҳои ҷории асъорӣ, ки аз санаи баровардани молҳои содиротшаванда ё аз лаҳзаи расонидани хизмат ва ҳуқуқ ба маҳсули фаъолияти зеҳнӣ аз тарафи мақомоти гумрук ба ҳисоб гирифта мешавад, ба ҳудуди гумрукӣ ворид кардани мол, хизматрасонӣ, маҳсули фаъолияти зеҳнии аз рўи арзиш баробарро бо тасдиқ намудани воқеаи воридот бо ҳуҷҷатҳои дахлдор, таъмин кунанд. Аз мўҳлати муайяншуда гузаронидан ва иҷро намудани ўҳдадории ҷавобӣ аз тарафи шахси хориҷӣ бо усуле, ки ба ҳудуди гумрукӣ ворид намудани мол, хизматрасонӣ ва маҳсули фаъолияти зеҳниро пешбинӣ намекунад, танҳо ба шарти гирифтани иҷозат, ки аз ҷониби мақомоти иҷроия дода мешавад, иҷозат дода мешавад.

Дар ҳолати тағйирёбии шартҳои қарордод, ки мубодила намудани мол, хизматрасонӣ ва маҳсули фаъолияти зеҳниро бо шартҳое, ки амалӣ намудани ҳисоббаробариро бо воситаҳои пулӣ ё дигар воситаҳои пардохт пешбинӣ мекунанд, шахсони қарордодбаста вазифадоранд, ки баргардонидани ин воситаҳоро ба маблағе, ки ба арзиши мол, хизматрасонӣ ва маҳсули фаъолияти зеҳнии содиротшуда баробар бошанд, ба суратҳисобҳои худ дар бонкҳои ваколатдор, бо риоя намудани талаботҳои танзим ва назорати асъорӣ, таъмин намоянд.

    Ҳангоми амалӣ намудани додугирифтҳои бартерӣ содироти мол, хизматрасонӣ ва маҳсули фаъолияти зеҳнӣ дар ҳолате амалӣ карда мешавад, ки шиносномаи додугирифти бартерӣ ба расмият дароварда шавад. Барасмиятдарории гумрукии молҳое, ки аз сарҳади гумрукӣ барои иҷро намудани додугирифтҳои бартерӣ ҳаракат мекунанд, ба шарти ба мақомоти гумрук пешниҳод намудани шиносномаи додугирифти бартерӣ амалӣ карда мешавад.

    Ҳангоми амлӣ намудани назорат ва барасмиятдарории гумрукии молҳое, ки аз ҳудуди гумрукӣ аз рўи амалиётҳои савдои беруна (аз он ҷумла, амалиётҳои бартерӣ) мувофиқи реҷаи гумрукии содирот бароварда мешаванд, бояд дар назар дошт, ки воридоти ҳатмии мол, хизматрасонӣ, маҳсули фаъолияти зеҳнӣ, ки бо моли содиротшуда баробарарзишанд, ё ба суратҳисоб дар бонки ваколатдор гузаронидани маблағи пулии даромад аз содироти мол бо тартиби муқарраргардида, талаботи реҷаи гумрукии содироти молҳо ба ҳисоб меравад. Назорат аз болои иҷрои талаботҳои муқарраргардида, дар қисми амлӣ намудани амалиётҳои бартериро, ки содироти молҳоро пешбинӣ мекунанд, мақомоти гумрук амалӣ менамоянд.

Шартномаи омехта ва усулҳои он

Ҳангоми гузаронидани амалиётҳои бартерии савдои беруна шартномаи омехтаи беруниқтисодӣ метавонад истифода шавад, ки унсурҳои қарордодҳои гуногунро, ки бо дигар қонун ва санадҳо ҳам пешбинӣ шудаанд ва ҳам пешбинӣ нашудаанд, дар бар мегирад ва мубодила намудани молҳо, хизматрасонӣ ва маҳсули фаъолияти зеҳниро, ки аз рўи арзиш баробаранд, пешбинӣ мекунад.

Ба шартномаҳои омехта чунин шартномаи омехтае дохил мешавад, ки ба ғайр аз мубодилаи нишондодашуда воситаҳои пулии муайян, аз он ҷумла ҳисоббаробаркунӣ бо асъори хориҷиро барои молҳо, хизматрасонӣ, ҳуқуқ ба маҳсули фаъолияти зеҳнӣ, ки мувофиқи шартномаи омехта пешниҳод карда мешаванд, талаб менамояд. 

Агар амалиётҳои бартерии савдои беруна мувофиқи шартномаҳои омехтае амалӣ шаванд, ки барои молҳо, хизматрасонӣ ва ҳуқуқ ба маҳсули фаъолияти зеҳнии мувофиқи шартномаи омехта пешниҳодшаванда, пардохт намудани воситаҳои пулии муайян бо асъори хориҷиро талаб кунанд, мувофиқи қонунгузории мамлакат ба ғайр аз назорати гумрукӣ инчунин назорати асъорӣ низ амалӣ карда мешавад.

Барои амлӣ намудани назорат ва барасмиятдарории гумрукии молҳо шиносномаи амалиёти бартерӣ пур карда мешавад. Нусхаи шиносномаҳои амалиётҳои бартерӣ якҷоя бо нусхаи фаъолияти гумрукии бор дар делаҳои гумрук дар муддате, ки барои нигоҳдории эъломияҳои гумрукии бор муайян карда шудааст, нигоҳ дошта мешаванд.

Шиносномаи амалиёти бартерӣ ҳуҷҷати назорат ва баҳисобгирии амалиётҳои бартерӣ мебошад, ки шахсон мувофиқи шартномаҳои беруниқтисодии басташуда амалӣ менамоянд.

Барасмиятдарории гумрукии молҳо аз рўи шартномаҳои омехта бе пешниҳод кардани шиносномаи амалиёти бартерӣ гузаронида мешавад. Ҳангоми гузаронидани амалиётҳои бартерии савдои беруна, барасмитдарории гумрукии молҳое, ки аз ҳудуди гумрукӣ мувофиқи реҷаи гумрукии содирот бароварда мешаванд, мувофиқи тартиби муайяннамудаи санадҳои ҳуқуқӣ гузаронида мешавад.

     Қайд кардан зарур аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиётҳои бартерӣ танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ ва бо иҷозати Ҳукумати ҶТ гузаронида мешаванд.

Хулоса:

      Хулоса моҳияти амалиётҳои бартери қарибки дар тамоми корхонаҳои хоричи ба роҳ монда шуда аст, чунки ин як тарзи осони тиҷорат б давлатҳои хоричи мебошад.

Бояд мо барои пеш бурдани коронаҳои дохили мамлакат ин тарзи тичоратро истифода барем.

test

Добавить комментарий