Назарияи мувозинати макроиқтисодӣ

  1. Маҷмӯи тақозо (AD) ва омилҳои ба он таъсиркунанда.
  2. Маҷмӯи арза (AS) ва омилҳои ба он таъсиркунанда.
  3. Назарияи классики ва кейнсионии мувозинати макроиқтисодӣ.

3.1. Маҷмӯи тақозо (AD) ва омилҳои ба он таъсиркунанда

Мақсади асосии таҳлили макроиқтисодӣ аз он иборат аст, ки шароитҳои гуногуни мувозинати умумии низоми иқтисодӣ муайян карда шавад. Аз ҳамин ҷиҳат макроиқтисод маҷмӯи нархҳоро таҳлил менамояд, ки онро дар назарияи иқтисод дараҷаи нархҳо меноманд.

Дар сатҳи макроиқтисод таъмини мувозинат аз маҷмӯи тақозо ва маҷмӯи арза вобаста мебошад.

Маҷмӯи тақозо (AD) ҳаҷми мол ва хизматҳое мебошад, ки истеъмолкунандагон, фирмаҳо ва давлат тайёранд, онҳоро новобаста аз дараҷаи нарх харидорӣ намоянд. Умуман, маҷмӯи тақозо ҳосили ҷамъи ҳамаи тақозоҳои инфиродиеро ифода мекунад, ки ба молу хизматҳо дар бозор вуҷуд дорад. Масалан, тақозо ба молҳои истеъмолӣ, таҷҳизот, молу хизматҳои дохилию хориҷӣ ва ғайраҳо. Маҷмӯи тақозо дар шакли графикиаш чунин тасвир карда мешавад:

таблица

Нақшаи 2. Графики маҷмӯи тақозо

Ба маҷмӯи тақозо омилҳои гуногун таъсир мекунанд, ки онҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст: омилҳои нархӣ ва ғайринархӣ.

Ба гурӯҳи омилҳои нархӣ омилҳои зерин дохил мешаванд:

  1. «Самараи дараҷаи фоизи қарз» (нархи истифодаи маблағҳои қарзӣ). Ҳангоми афзоиши дараҷаи фоизи қарз маҷмӯи тақозо аз ҳисоби зиёдшавии хароҷотҳою дараҷаи нарх ва аз ҳисоби камшавии тақозо ба маблағгузорӣ (инвеститсия) кам мешавад. Ин ҳодисаро «самараи фоизи қарз» низ меноманд.
  2. «Самараи боигарӣ». Ҳангоми афзоиши дараҷаи нарх даромади ҳақиқии одамон ва қобилияти харидории захираҳои амонатии онҳо низ кам мешавад. Ҳангоми пастшавии дараҷаи нарх ҳолати баръакс рух медиҳад.
  3. «Самараи молҳои воридотӣ». Ҳангоми афзоиши нарх дар дохили кишвар тақозо ба молҳои ватанӣ кам шуда ва ба молҳои арзони хориҷӣ зиёд мешавад. Ҳамин тавр, ҳангоми паст шудани дараҷаи нархҳо истеъмолкунандагон қисми зиёдтари молу хизматҳоро метавонанд харидорӣ кунанд ва баръакс, ҳангоми баланд шудани дараҷаи нархҳо онҳо қисмати камтари молу хизматҳоро харидорӣ карда метавонанду халос. Ба гурӯҳи омилҳои ғайринархӣ омилҳои зерин дохил мешаванд:

1. Тағйирот дар хароҷотҳои истеъмолӣ, ки ба даромади
истеъмолкунандагон вобаста аст, яъне агар даромад зиёд шавад,
пас маҷмӯи тақозо низ зиёд мешавад.

2. Тағйирот дар хароҷотҳои маблағгузорӣ, ки бо
зиёдшавии он маҷмӯи тақозо низ зиёд мешавад.

3. Тағйирот дар хароҷотҳои давлатӣ, яъне афзоиши хариди
молу хизматҳо аз тарафи давлат маҷмӯи тақозоро зиёд мекунад.

Дар натиҷаи таъсири омилҳои ғайринархӣ каҷхатаи маҷмӯи тақозо (AD) ба тарафи рост – ҳангоми зиёдшавӣ (AiDi) ва ба тарафи чап – ҳангоми камшавӣ (A2D2) майл мекунад (нақшаи 2).

3.2. Маҷмӯи арза (AS) ва омилҳои ба он таъсиркунанда

Дар баробари маҷмӯи тақозо маҷмӯи арза низ барои шарҳ додани мувозинати умумии низоми иқтисодӣ истифода мешавад.

Маҷмӯи арза (AS) миқдори умумии мол ва хизматҳое мебошад, ки бо нархҳои гуногун ба бозор пешниҳод карда мешаванд.

Бузургии маҷмӯи арза ба бузургии маҷмӯи маҳсулоти миллӣ (МММ) ё бузургии даромади миллӣ (ДМ) андоза карда мешавад. Яъне,

AS=MMM ё АS=ДМ

Маҷмӯи арза, пеш аз ҳама аз дараҷаи нархҳо вобаста мебошад. Нархи баланди молу хизматҳо боиси афзоиши арзаи онҳо мешавад ва баръакс, паст шудани сатҳи нарх ба камшавии арза оварда мерасонад. Маҷмӯи арза дар шакли графикиаш чунин тасвир карда мешавад:

Ҳаҷми истеҳсолот Q

Нақшаи 3. Графики маҷмӯи арза

Ба маҷмӯи арза омилҳои зерин таъсир мерасонанд, ки онҳоро омилҳои ғайринархӣ меноманд:

1. Нархи захираҳо. Афзоиши нархи захираҳо ба зиёдшавии
хароҷотҳои истеҳсолӣ оварда мерасонад, ки дар натиҷаи он
маҷмӯи арза кам мешавад (дар график хати каҷи AS ба тарафи
чап майл мекунад).

  1. Афзоиши ҳосилнокии меҳнат. Ҳангоми афзоиши ҳосилнокии меҳнат, маҷмӯи арза зиёд мешавад (дар график хати каҷи AS ба тарафи рост майл мекунад).
  2. Танзими ҳуқуқӣ (андозҳо, субсидияҳо ва ғайраҳо), масалан, ҳангоми паст шудани дараҷаи андозҳо хароҷотҳои истеҳсолӣ кам шуда маҷмӯи арза зиёд мешавад (дар графика хати каҷи AS ба тарафи рост майл мекунад).

Маҷмӯи арза дар график (нақшаи 3) ба тарафи рост (A1S1) зиёд мешавад ва ба тарафи чап (A2S2) кам мешавад.

Вобаста ба вазъи такрористеҳсол дар назарияи иқтисод консепсияҳои гуногуни маҷмӯи арза вуҷуд доранд, ки онҳоро дар шакли графики (нақшаи 4) чунин тасвир намудан мумкин аст:

1231211

I – порчаи кейнсионӣ (горизонтали);

II – порчаи фосилавӣ;

III – порчаи классики (вертикали).

Нақшаи 4. Маҷмӯи арза вобаста ба консепсияҳои гуногун I. Дар порчаи горизонтали МММ ба дараҷаи ниҳоии худ нарасидааст. Ин порча нишон медиҳад, ки иқтисодиёт дар ҳолати беҷонӣ (депрессия) қарор дорад ва миқдори зиёди захираҳои иқтисодӣ ҳоло истифода нашудаанд. Дар ин порча таваррум вуҷуд надорад ва ҳаҷми истеҳсолот танҳо дар натиҷаи афзоиши маҷмӯи тақозо зиёд мешавад. Порчаи горизонталиро порчаи «кейнсионӣ» (бо номи иқтисодчии англис Ҷон Мейнард Кейнс) низ меноманд.

II. Дар порчаи фосилавӣ дар як вақт афзоиши нарх ва афзоиши истеҳсолот мушоҳида карда мешавад. Дар ин порча низ иқтисод бо тамоми имкониятҳояш амал намекунад, зеро ки дар ин порча тараққиёти якхелаи соҳаҳои иқтисод вуҷуд дошта наметавонад. Ҷараёни беқурбшавии пулро дар ин ҷо мушоҳида намудан мумкин аст.

III. Дар порчаи вертикали истеҳсолот ба дараҷаи ниҳоии инкишофи худ расидааст, тамоми захираҳо истифода мешаванд ва шуғли пурра вуҷуд дорад. Агар дар ин порча маҷмӯи тақозо зиёд шавад, истеҳсолот онро таъмин карда наметавонад, бинобар ҳамин, дараҷаи нархҳо зиёд мешавад. Ин порчаро порчаи классики (бо номи намояндагони мактаби классики) низ меноманд.

3.3. Назарияи классики ва кейнсионии мувозинати макроиқтисодӣ

Мувозинати макроиқтисодӣ яке аз масъалаҳои асосии назарияи иқтисод ба ҳисоб меравад. Мафҳуми «мувозинати макроиқтисодӣ» чунин интихоберо инъикос менамояд, ки тамоми субъектҳои хоҷагидориро қаноат мекунад. Ин мафҳум дар иқтисодиёт ва сиёсат истифода шуда, баробарӣ ва таносубияти ҷараёнҳои асосии иқтисодиро инъикос мекунад. Ба ҷараёнҳои асосии иқтисодӣ: истеҳсолоту истеъмолот, арзаю тақозо, хароҷотҳои истеҳсолию натиҷаи истеҳсолот ва захираҳою истифодаи онҳо дохил мешаванд. Дар назарияи иқтисодӣ мувозинати назариявӣ, мувозинати ҳақиқӣ ва мувозинати умумиро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд.

Мувозинати макроиқтисодии назариявӣ истифодаи устувори захираҳои иқтисодӣ ҳангоми амалӣ намудани тамоми манфиатҳои субъектҳои хоҷагидорӣ мебошад. Барои таъмини чунин мувозинат шартҳои зерин бояд иҷро шаванд:

тамоми фардҳо бояд дар бозор молҳои истеъмолии дилхоҳашонро пайдо намоянд;

тамоми соҳибкорон бояд дар бозор омилҳои истеҳсолоти дилхоҳашонро пайдо намоянд;

тамоми маҳсулоти соли гузашта истеҳсолшуда бояд фурӯхта шавад.

Мувозинати макроиқтисодии ҳақиқӣ мувозинатест, ки дар низоми иқтисодӣ дар шароити рақобати номукаммал, ҳангоми ҷой доштани таъсири омилҳои беруна ба бозор ба вуҷуд меояд.

Сабаби ҷой доштани мувозинати макроиқтисодии ҳақиқӣ дар он аст, ки мувозинати назариявӣ дар ҳаёти воқеӣ кам ба назар мерасад, зеро ки омилҳои гуногун аз қабили бӯҳрони соҳавӣ, таваррум ва ифлосшавии муҳит ба таносубҳо таъсири манфӣ мерасонанд.

Мувозинати умумии макроиқтисодӣ мавҷуд будани мувозинатро дар ҳамаи бозорҳо ифода мекунад. Дар бештари адабиётҳои иқтисодӣ мувозинати макроиқтисодӣ гуфта, мувофиқати маҷмӯи арза (AS) ва маҷмӯи тақозоро (AD) меноманд. Мувозинатро дар се порчаи каҷхатаи маҷмӯи арза муайян намудан мумкин аст (нақшаи 5).

1232

Нақшаи 5. Мувозинати макроиқтисодӣ

Дар порчаи кейнсионӣ мувозинати маҷмӯи арза (AS) ва маҷмӯи тақозо (AD1) ҳангоми P1 (нарх) ва Q1 (ҳаҷми истеҳсолот) ҷой доранд. Афзоиши AD ба афзоиши маҷмӯи маҳсулот (бе афзоиши нарх) оварда мерасонад.

Дар порчаи фосилавӣ мувозинати маҷмӯи арза ва маҷмӯи тақозо ҳангоми Q2 ва нархи мувозинатии Р2: ҷой дорад. Афзоиши AD боиси болоравии нарх ва афзоиши маҳсулот мегардад.

Ҳолати мувозинат дар порчаи классики дар нуқтаи мувофиқати Q3 бо Рз ба вуҷуд меояд, ки ҷой доштани шуғли пурраро нишон медиҳад. Афзоиши AD боиси афзоиши танҳо нарх мешавад, зеро ки ҳаҷми истеҳсолот тағйир намеёбад. Аз лиҳози назариявӣ ба мувозинати макроиқтисодӣ пеш аз ҳама ду омил таъсир мерасонад:

хароҷотҳои давлатӣ;

содироти соф.

Ба афзоиши хароҷотҳои давлатӣ маҷмӯи тақозо зиёд мешавад ва нуқтаи нави мувозинати макроиқтисодӣ ба вуҷуд меояд. Агар содироти соф мусбӣ бошад, пас хароҷотҳои умумӣ зиёд шуда, маҷмӯи тақозо низ зиёд мешавад ва баръакс. Ҳамин тавр, ҳолати мусбӣ ва манфии содироти соф ба нуқтаи мувозинатӣ таъсир карда, нуқтаи нави мувозинати макроиқтисодиро ба вуҷуд меорад.

Дар амалияи ҷамъиятӣ бошад, ба мувозинати макроиқтисодӣ ҳамаи омилҳои маҷмӯи тақозо ва маҷмӯи арза таъсир расонида метавонанд, зеро ки дар натиҷаи таъсири онҳо каҷхатаҳои AD ва AS ба тарафи чап ё ба тарафи рост майл мекунанд.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.