Таъсири истеъмолу андӯхт ба ҳаҷми истеҳсолоти миллӣ

4.1. Мафҳуми истеъмол ва пасандоз ҳамчун категорияҳои
макроиқтисодӣ.

4.2. Маблағгузорӣ, сарчашма ва омилҳои ба он таъсиркунанда.
Мафҳуми фузунсоз-суръатбахш.

Мафҳуми истеъмол ва пасандоз ҳамчун категорияҳои

макроиқтисодӣ

Хароҷотҳо ба молҳои истеъмолӣ (тақозои истеъмолӣ) дар баробари хароҷотҳо ба сармоя (тақозои маблағгузорӣ) яке аз қисматҳои асосии маҷмӯи тақозо ба ҳисоб мераванд. Дар зери мафҳуми истеъмол (С) – маҷмӯи мол ва хизматҳое фаҳмида мешавад, ки дар давраи муайян харида ва истеъмол карда шудаанд.

Инсон дар рафти фаъолияти хоҷагидории худ на танҳо истеъмол мекунад, балки як қисми даромади худро пасандоз низ менамояд. Пасандоз (S) он қисми даромаде мебошад, ки истеъмол карда намешавад таъсир мерасонанд. Ба омилҳои субъективӣ, пеш аз ҳама майли психологии од. Пасандоз сарчашмаи асосии маблағгузорӣ (J) ба ҳисоб меравад,

Ба истеъмол ва пасандоз омилҳои субъективӣ ва объективӣ амон ба истеъмол ва пасандоз дохил мешавад. Майли психологии одамон гуфта, хоҳиши онҳоро оид ба истеъмоли мол ё ин ки пасандоз кардани даромад мефаҳманд.

Майли психологии одамон ба истеъмол тавассути нишондиҳандаи майли миёна ба истеъмол (АРС) чен карда мешавад, ки он чунин ҳисоб карда мешавад:

1

Майли миёна ба истеъмол (АРС) муносибати байни қисми истеъмолшудаи даромади миллиро (С) ба ҳаҷми умумии даромади миллӣ (Y) нишон медиҳад.

Майли психологии одамон ба истеъмол тавассути нишондиҳандаи майли ниҳоӣ ба истеъмол (МРС) низ андоза карда мешавад. Ин нишондиҳанда нисбати тағйиротро дар истеъмол ба тағйирот дар даромад нишон дода, чунин ҳисоб карда мешавад:

2

Азбаски Y>C аст, бинобар ҳамин МРС ҳама

вақт аз 1 хурд аст (МРС<1). Ин омили субъективӣ ба пасандоз низ айнан мисли истеъмол таъсир мекунад.

Нишондиҳандаи майли миёна ба пасандоз (APS) нисбати қисми пасандозшудаи даромади миллиро (S) ба ҳаҷми умумии даромади миллӣ (Y) нишон медиҳад.

3

Майли ниҳоӣ ба пасандоз (MPS) муносибати тағйиротро дар пасандоз нисбат ба тағйирот дар даромад, ки онро ба вуҷуд

овардааст, нишон медиҳад ва чунин ҳисоб карда мешавад:

0

Азбаски C+S=Y аст, бинобар ҳамин:

а)ΔС + AS = ΔY;

б)MPC + MPS=1 мебошад.

Ба истеъмол ва пасандоз ба ғайр аз омилҳои субъективӣ омилҳои объективии зерин низ таъсир мерасонанд:

  1. Сарват (боигарӣ), яъне то чӣ андозае, ки андӯхти сарват (амволи ғайриманқул, қоғазҳои қиматнок) зиёд шавад, истеъмол низ зиёд шуда, пасандоз кам мешавад.
  2. Дараҷаи нарх, яъне бо афзоиши нархҳо истеъмол кам мешавад.
  3. Интизорӣ, яъне агар афзоиши нарх ё камчинии молу хизматҳо ба чашм расад, истеъмоли ҷорӣ зиёд шуда, пасандоз кам мешавад.
  4. Андозҳо, яъне бо афзоиши меъёри андозҳо истеъмол ва пасандоз кам мешаванд, чунки даромад низ кам мешавад.

4.2. Маблағгузорӣ, сарчашма ва омилҳои ба он таъсиркунанда.

Мафҳуми фузунсоз-суръатбахш

Пасандоз сарчашмаи асосии маблағгузорӣ (инвеститсия-J) ба ҳисоб меравад.

Маблағгузорӣ равона кардани сармояи давлатӣ ё хусусиро ба соҳаҳои гуногуни иқТисод дар дохил ё хориҷи кишвар бо мақсади гирифтани фоида меноманд.

Маблағгузорӣ дар самтҳои зерин сурат мегирад:

сохтмони бино ва иншоотҳои нави истеҳсолӣ;

харидани таҷҳизот;

харидани техника ва технологияи нав;

харидани ашёи хом;

сохтмони объектҳои таъиноти иҷтимоидошта ва ғайра.

Вобаста ба ин самтҳо шаклҳои зерини маблағгузориро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд:

  1. Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ;
  2. Маблағгузорӣ ба захираҳои молию-ашёӣ;
  3. Маблағгузорӣ ба сармояи инсонӣ.

Вобаста ба таъсири маблағгузорӣ ба ҳаҷми истеҳсолот маблағгузории умумӣ ва холисро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Маблағгузории умумӣ гуфта, маблағҳоеро меноманд, ки барои иваз кардани таҷҳизоти истеҳсолӣ (фонди истеҳлок) ва барои васеъ кардани истеҳсолот истифода шудаанд.

Маблағгузории холис гуфта, маблағгузориеро меноманд, ки танҳо барои васеъ кардани истеҳсолот равона карда шудааст. Агар бузургии маблағгузорҳои холис мусбӣ бошад, пас иқтисодиёт дар ҳолати инкишоф қарор дорад. Агар бузургии маблағтузориҳои холис ба сифр баробар бошад (хароҷотҳои умумӣ = истеҳлок), пас, иқтисодиёт дар ҳолати карахтӣ қарор дорад.

Агар бузургии маблағгузориҳои холис манфӣ бошад (хароҷотҳои умумӣ < фонди истеҳлок), пас, иқтисодиёт дар ҳолати бӯҳрон қарор дорад ва фаъолияти соҳибкорӣ суст шуда истодааст.

Ба маблағгузорӣ низ омилҳои субъективӣ ва объективӣ таъсир мерасонанд. Ба омилҳои субъективӣ қарори соҳибкорон оид ба маблағгузорӣ дохил мешавад. Ин омил дар навбати худ аз вазъи сиёсӣ, вазъи иқтисодӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, сиёсати давлатӣ ва ҳатто фаъолияти роҳбарони алоҳидаи давлат вобаста мебошад.

Ба омилҳои объективӣ омилҳои зерин дохил мешаванд:

Меъёри фонда, яъне агар афзоиши он дар назар дошта шуда бошад, пас, маблағгузорӣ зиёд мешавад.

Дараҷаи фоизи қарз. Агар дараҷаи фоизи қарз зиёд шавад, пас, маблағгузорӣ кам мешавад.

Меъёри андоз. Зиёд шудани меъёри андозҳо боиси кам шудани фаъолияти соҳибкорӣ ва маблағгузорӣ мегардад.

Дараҷаи таваррум ва беқурбшавии пули миллӣ. Ҳангоми афзоиши дараҷаи таваррум ва беқурбшавии пули миллӣ, маблағгузорӣ бинобар сабаби ноустувории ахборот ва ноустувории мавқеи фирмаҳо дар бозор кам мешавад.

Барои муайян кардани таъсири маблағгузорӣ ба ҳаҷми истеҳсолот аз тарафи мактаби кейнсионӣ назарияи фузунсоз ва суръатбахш пешниҳод гардидааст.

Назарияи фузунсоз барои тасдиқи мавқеи танзими давлатии иқтисод истифода карда мешавад. Моҳияти иқтисодии мафҳуми фузунсоз (мултипликатор) дар он ифода меёбад, ки афзоиши маблағгузорӣ боиси афзоиши даромади миллии давлат мегардад.

Фузунсоз коэффисенте мебошад, ки андозаи афзоиши маҷмӯи маҳсулоти миллиро (МММ) ҳангоми афзоиши маблағгузорӣ (Jg) нишон медиҳад.

Ҳангоми афзоиши маблағгузорӣ МММ нисбат ба андозаи маблағгузории иловагӣ бештар афзоиш мекунад. Чунин самараи афзоянда дар андозаи МММ самараи фузунсоз номида мешавад.

Андозаи фузунсоз (MP) бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

123456
1234567

Азинҷо:

Бояд қайд намуд, ки афзоиши МММ дар натиҷаи афзоиши маблағгузорӣ дар навбати худ ба афзоиши иловагии маблағгузорӣ оварда мерасонад. Барои муайян намудани таъсири афзоиши даромад (МММ) ба афзоиши маблағгузорӣ мафҳуми суръатбахш (акселератор (Ак)) истифода карда мешавад.

Суръатбахш коэффисенте мебошад, ки муносибати миқдории маблағгузории соли ҷориро нисбати афзоиши даромади миллии соли гузашта нишон медиҳад, яъне:

12345678
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.