Назарияи миқдории пул ва таъсири пул ба ҳаҷми истеҳсолот

  1. Миқдори пули барои муомилот зарур.
  2. Бозори пул.
  3. Тамсилаи IS-LM.

9.1. Миқдори пули барои муомилот зарур

Пул ҳамчун фишанги молиявӣ омили асосии тарақкиёти иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин ҷиҳат низоми пули яке аз қисматҳои муҳими иқтисоди миллӣ мебошад. Низоми пули шакли таърихии ташкили муомилоти пулист, ки тавассути қонунгузорӣ муайян карда шудааст. Дар таърихи иқтисод ду шакли низоми пули: низоми металлӣ ва низоми аломатҳои пули маълум мебошанд. Албатта, чунин таснифот нисбист, зеро дар ҳарду низом шаклҳои дигари пул низ гардиш менамоянд. Низоми пулҳои метали дар навбати худ ду шакл дошта метавонад: биметаллизм (яъне дар гардиши пули якчанд металл ба сифати пул истифода мешавад) ва монометаллизм (яъне дар гардиши пулӣ танҳо як намуди металл ба сифати пул истифода мешавад).

Низоми амонатҳои пули низ дар навбати худ ду шакл дошта метавонад: низоми пулҳои бозоргир (гардишашон тез) ё пулҳои қоғазӣ ва низоми пулҳои сохта. Ба низоми пулҳои бозоргир, пеш аз ҳама пулҳои нақд ва ба низоми пулҳои сохта бошад, пулҳои амонатгузоштаи субъектҳои хоҷагидорӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ, саҳмияҳо, вомбаргҳо ва дигар намудҳои қоғазҳои қиматнок дохил мешаванд.

Дар назарияи муомилоти пули консепсияи миқдории пул мавқеи хосса дорад, ки тавассути он миқдори пули барои муомилот зарур муайян карда мешавад. Миқдори пули барои муомилот зарур маҷмӯи ҳамаи воситаҳои пулии дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ мавҷудбудаеро, ки вазифаҳои воситаи муомилот, пардохт ва андӯхтро иҷро мекунанд, мефаҳманд.

Миқдори пули барои муомилот зарур тавассути қисмҳои таркибии он, ё агрегатҳои пулӣ шарҳ дода мешавад. Агрегатҳои пулӣ нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва таркиби миқдори пули барои муомилот зарур мебошанд. Дар назарияи иқтисод агрегатҳои M0, M1, М2, Мз ва L – ро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд.

М0 – пулҳои накдӣ;

M1 – ин М0 + пул дар суратҳисобҳои ҷорӣ, яъне амонатҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ, ки онҳоро амонатҳои дархостӣ низ мегӯянд;

М2 – ин M1 + амонатҳои мӯҳлатноки ҳаҷмашон майда;

Мз – ин М2: + амонатҳои мӯҳлатноки ҳаҷмашон калон;

L – ин Мз + қоғазҳои қиматнок ва асъори хориҷӣ.

Дар амалияи ҷамъиятӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ шакли мукаммал ва ягонаи агрегатҳои пулӣ вуҷуд надорад. Дар давлатҳои алоҳида ин агрегатҳо вобаста ба системаи баҳисобгирии бухгалтерӣ дар шаклҳои гуногун истифода карда мешаванд. Масалан, дар Бритониёи Кабир ба М0 амонатҳои бонкҳои тиҷоратӣ дар бонки марказӣ ё ин ки дар Олмон ба Мз амонатҳо бо евро низ дохил карда мешаванд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба системаи баҳисобгирии бухгалтерии соли 2005 агрегатҳои пул дар шаклҳои зеринашон истифода мешуданд:

М0 – пулҳои нақдӣ;

M1 – ин М0 + амонатҳои дархостӣ;

М2 – ин M1 + дигар амонатҳо ва қоғазҳои қиматноки

давлатӣ.

Консепсияҳои гуногуни назарияи миқдории пул низ ҷой доранд, ки аз ҷониби намояндагони мактабҳои марксистӣ, монетаристӣ ва неоклассикӣ пешниҳод карда шудаанд. Ин консепсияҳо инчунин назарияҳои тақозо ва арзаи пулро ифода менамоянд. Формулаҳое, ки онҳо барои муайян намудани миқдори пули барои муомилот зарур пешниҳод намудаанд, бо номҳои «баробарии марксисти», «баробарии кембриҷӣ» ва «баробарии Фишер» маъмул мебошанд.

«Баробарии марксиста» аз ҷониби Карл Маркс дар асари ӯ «Оид ба танқиди иқтисоди сиёсӣ» дар шакли зерин пешниҳод шудааст:

1

Дар ин ҷо:

М – миқдори пули барои муомилот зарур;

∑Р – маҷмӯи нархи молу хизматҳо;

П – маблағи пардохтҳои мӯҳлаташон расида;

ВП – арзиши умумии пардохтҳои ҳамдигарро пӯшонанда, яъне молҳое, ки бо ҳамдигар иваз карда мешаванд (бартер);

V – суръати миёнаи гардиши пул.

Мувофиқи консепсияи марксистӣ ва «баробарии марксисти», миқдори пули барои муомилот зарур бояд бо миқдори молу хизматҳои истеҳсолшуда баробар бошад. Дар сурате ки миқдори пул аз арзиши молҳою хизматҳои истеҳсолшуда зиёд шавад, таваррум ба вуҷуд меояд ва дар ҳолати баръакс, миқдори пул барои хариди молу хизматҳо намерасад.

«Баробарии кембриҷӣ» тавассути формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

М= kPY

Дар ин ҷо: М-миқдори пули барои муомилот зарур;

Р- дараҷаи мутлақи нарх ё ин ки дефлятори ММД;

Y- маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҳақиқӣ;

к- коэффисиенти пуликунонии ММД, ки бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

М

К=ММД

яъне миқдори миёнасолонаи пули барои муомилот зарур, тақсими ММД.

Мувофиқи «баробарии кембриҷӣ» агар ҳаҷми арзаи пул зиёд шавад, дараҷаи нархҳо низ зиёд мешавад ва баръакс.

«Баробарии Фишер» бо номи олими машҳури амрикоӣ Ирвинг Фишер, ки яке аз намояндагони асосии монетаризм ба ҳисоб меравад, машҳур аст ва шакли зеринро дорад:

MxV=PxQ

ки дар ин ҷо;

М – миқдори пули барои муомилот зарур;

V – суръати миёнаи гардиши пул (дар давоми сол);

Q – миқдори молу хизматҳои фурӯхташуда (дар давоми сол);

Р – нархи миёнаи молу хизматҳо (дар давоми сол);

Р х Q – маҷмӯи маҳсулоти дохилии номиналӣ.

Баробарии Фишерро тағйир дода, формулаи зеринро мукаммал кардан мумкин аст:

M

V= ——

PxQ

Аз «баробарии Фишер» ва «баробарии Кембриҷ» чунин бармеояд, ки агар бузургии к кам бошад, пас, барои харидани миқдори молу хизматҳои истеҳсолшуда бояд суръати гардиши пулро (V) зиёд кардан зарур аст.

9.2. Бозори пул

Бозори пул дар маънои васеъ механизми иқтисодиест, ки алоқамандии байни харидорону фурӯшандагони маблағҳои молиявиро (пул ва қоғазҳои қиматнок) таъмин менамояд. Дар бозори пул ба сифати субъектҳои бозор, давлат (дар шахсияти бонки марказӣ), бонкҳои тиҷоратӣ, институтҳои махсусгардонидашудаи молиявию қарзӣ ва ширкатҳои миёнарав (ширкатҳои брокерию диллерӣ) баромад менамоянд. Бозори пул мисли дигар бозорҳо дороӣ арза ва тақозои ба худ хос мебошад. Арзаи пул миқдори пул ё маҷмӯи ҳамаи воситаҳои пулист, ки дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ вуҷуд дорад ва гардиши молу хизматҳоро дар иқтисоди миллӣ таъмин менамояд. Дар муқоиса бо дигар бозорҳо дар бозори пул арза аз омилҳои нархӣ (фоизи қарз) ва тақозо вобаста нест.

Ҳаҷми арзаи пул ба бузургии агрегати охирони пулӣ LM баробар буда, ҳаҷми миқдори пули барои муомилот зарурро ифода менамояд. Ба арза дар бозори пул сиёсати монетарии (пулию қарзӣ) давлат ва амалиётҳои фаъоли бонкҳои тиҷоратӣ таъсир мерасонанд. Бояд қайд намуд, ки ин омилҳо бо ҳамдигар зич алоқаманд буда, якдигарро пурра мекунанд. Дар доираи сиёсати монетарӣ давлат меъёри захираҳои ҳатмиро барои бонкҳои тиҷоратӣ муайян менамояд. Захираҳои ҳатмӣ як фоизи муайяни даромади бонкҳои тиҷоратист, ки дар бонки марказӣ нигоҳ дошта мешавад ва ин кор аслан барои паст кардани хавфи пардохт накардани ӯҳдадориҳои бонкҳои тиҷоратӣ сурат мегирад. Агар меъёри захираҳои ҳатмӣ (r) баланд бардошта шавад, пас, ҳаҷми захираҳои қарзии бонкҳои тиҷоратӣ низ кам шуда, ҳаҷми арзаи пул низ кам мешавад ва баръакс.

Мафҳуми амалиёти фаъоли бонкӣ ба мизоҷон пешниҳод намудани қарзро мефаҳмонад, ки бонк бар ивазаш фоизи муайян мегирад. Ин амалиётҳо ба миқдори пули дар муомилотбуда таъсир мерасонанд ва ин таъсир тавассути назарияи фузунсози пулӣ шарх дода мешавад.

Фузунсози пули дар маънои васеъ афзоиши миқдори пулро дар натиҷаи ҳаракати пул аз як бонки тиҷоратӣ ба дигараш инъикос мекунад. Дар маънои маҳдуд фузунсози пулӣ коэффисентест, ки нишон медиҳад, ки миқдори пули дар муомилот буда (хаҷми арзаи пул), дар сурати зиёд (кам) шудани манбаи пули ба як воҳид, ба кадом миқдор зиёд (кам) мешавад. Яъне як воҳиди пулие, ки бонкҳои тиҷоратӣ дар амалиёти фаъолашон истифода мебаранд, ба чӣ миқдор ҳаҷми арзаи пулро зиёд мекунад. Аз ҳамин ҷиҳат онро фузунсози бонкӣ низ меноманд. Манбаи пулӣ ё ин ки «захираи зиёдатӣ» (Е) гуфта миқдори пулеро меноманд, ки дар асоси он бонки тиҷоратӣ амалиёти фаъоли худро анҷом медиҳад, ва он боиси афзоиши миқдори пул дар муомилот (MS) мегардад.

Фузунсози пули тавассути формулаи зерин муайян карда мешавад:

1

м = —– х 100%

r

дар ин ҷо: r – меъёри захираҳои ҳатмӣ

Афзоиши миқдори пулро дар муомилот дар мисоли зерин низ мушоҳида намудан мумкин аст. Масалан, агар Бонки марказӣ меъёри захираҳои ҳатмиро (r) ба миқдори 10% муайян намуда бошад ва соҳибкори А дар Тоҷиксодиротбонк пулҳои озоди худро ба миқдори 10000 сомонӣ (даҳ ҳазор сомонӣ – MS1) пасандоз намояд, пас бонки номбурда аз ин миқдор 1000 (ҳазор) сомониашро ба бонки марказӣ ҳамчун захираи ҳатмӣ гузаронида, боқимондаашро (9000=10000-1000) дар амалиёти фаъолаш истифода мекунад. Яъне бонки Тоҷиксодиротбонк 9000 (нӯҳ ҳазор) сомониро ба соҳибкор Б бо нархи 5% қарз медиҳад ва миқдори пул дар муомилот (MS) чунин муайян карда мешавад:

E1=MS x(l-Rr);

r

Rr = ——; ки дар ин ҷо коэффисиенти меъёри захираҳои ҳатми;

100 El= MS1 х (1-Rr) =10000х (1-0,1)=9000

Соҳибкор Б қарзро аз Тоҷиксодиротбонк гирифта, аз

соҳибкор С мол мехарад ва соҳибкор С ин даромадашро дар суратҳисобаш, ки дар бонки Агроинвестбонк аст, мегузорад. Дар навбати худ Агроинвестбонк аз ин маблағ 10 фоизашро ҳамчун захираи ҳатмӣ ба Бонки марказӣ пардохт намуда, боқимондаашро (8100 сомонӣ) ба соҳибкори М бо шарти пардохти 6% қарз медиҳад. Яъне;

Е2= Е1 х (1-Rr);

r

Rr= —; ки дар ин ҷо коэффисенти меъёри захираҳои ҳатмӣ:

100

Е2=Е1х (1-Rr) =9000х (1-0,1)=8100

Соҳибкор М бошад, ин маблағро гирифта, аз соҳибкор Д мол мехарад, ки ӯ низ маблағи даромадкардаашро дар суратҳисобаш дар Ориёнбонк нигоҳ медорад. Аз ин маблағ (8100 сомонӣ) Ориёнбонк 10 фоизашро ҳамчун маблағи захираи ҳатмӣ ба Бонки марказӣ пардохт намуда, боқимондаашро барои анҷом додани амалиётҳои фаъолаш истифода менамояд. Пас, миқдори пул дар муомилот чунин ҳисоб карда мешавад:

Е3= Е2х (1-Rr);

1

ки дар ин ҷо коэффисенти меъёри захираҳои ҳатмӣ;

ЕЗ=Е2х (1-Rr) =8100х (1-0,1)=7290

2

Дар мисоли мо:

Коэффисенти фузунсоз дар мисоли мо нишон медиҳад, ки ҳар як сомонии аз ҳисоби захираҳои ҳатмӣ афзоишёфта боиси афзоиши депозитҳои бонкӣ ба миқдори 9 (нӯҳ) сомонӣ мегардад. Албатта, бонкҳои тиҷоратӣ низ тавассути амалиётҳои фаъолашон беохир наметавонанд миқдори пулро дар муомилот зиёд намоянд. Барои муайян намудани ҳудудҳои афзоиши миқдори пул дар муомилот (MS), ё ин ки афзоиши ҳаҷми арзаи пул аз формулаҳои зерин истифода бурда мешавад: E1

MS= El хм, ё ин ки MS= —-

Rr

Пас: MS= Е1хм= 9000×10=90000 сомонӣ

0

Дар мисоли мо миқдори пул дар муомилот (MS) ба 90000 сомонӣ баробар аст ва ин маънои онро дорад, ки дар сурати 10% будани меъёри захираҳои ҳатмӣ, амонати қаблӣ (10000 сомонӣ) тавассути самараи фузунсози пули боиси афзоиши депозитҳои бонкӣ то 90000 сомонӣ шуда метавонад.

Дар амалияи ҷамъиятӣ бошад, самараи фузунсоз метавонад мувофиқи мисоли мо таъсир надошта бошад, зеро манбаҳои пулӣ ё захираҳои зиёдатии бонкҳои тиҷоратӣ метавонанд барои дигар амалиётҳои бонкӣ, аз қабили амалиётҳои хазинадорӣ ва ғайра истифода шаванд. Бояд қайд намуд, ки бузургии коэффисиенти фузунсоз (м) бо меъёри захираҳои ҳатмӣ (r) мутаносиби чаппа мебошад. Масалан, агар меъёри захираҳои ҳатмӣ (r) ба 20 % баробар бошад, пас коэффисиенти фузунсоз (м) ба 5 баробар аст. Яъне:

1

Ба ҳаҷми арзаи пул ба ҷуз аз самараи фузунсози пулӣ, инчунин ҳукуқи монополии давлат ба назорати миқдори пул низ таъсир мерасонад. Давлат дар ихтиёри худ се фишанги назорати маблағҳои пулиро дар сатҳи макроиқтисод дорад:

андозҳо, ки ба даромадҳо ва сарвати миллӣ таъсир мерасонанд;

қарзи давлатӣ ва сиёсати хизматрасонии қарзи давлатӣ, ки боиси кам ва зиёд шудани ҳаҷми миқдори пул дар муомилот шуда метавонад;

интишори пулҳои нав, ки дар сатҳи макроиқтисод ҳам таъсири манфӣ ва ҳам таъсири мусбат дошта метавонад. Таъсири манфии интишори пул аз он иборат аст, ки он боиси афзоиши миқдори пул дар муомилот гардида, ба пайдоиши таваррум сабаб мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо интишори пулҳои нав боиси афзоиши маҷмӯи арза гардида, дар давраи кӯтоҳмуддат метавонанд, маҷмӯи арзаро такон диҳанд.

Унсури дигари бозори пул ин тақозо ба пул мебошад. Тақозо ба пул аз вазифаи пул ҳамчун воситаи муомилот ва ҳамчун воситаи андӯхти сармоя бармеояд. Вобаста ба ин, тақозо ба пул тавассути бузургии воситаҳои пулие муайян карда мешавад, ки онро субъектҳои иқтисодӣ нигоҳ медоранд. Дар назарияи иқтисод консепсияҳои неоклассикӣ (монетарӣ) ва кейнсионии тақозои пулро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Мувофиқи консепсияи неоклассикӣ (монетарӣ) тақозо ба пул (MD) функсия аз даромади номиналӣ (PY) мебошад ва арзаи пул аз тақозои пул вобаста нест, яъне MD= kPY;

Ҷонибдорони консепсияи кейнсионӣ бошанд, се шакли тақозои пулро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд:

Тақозо ба пул ҳамчун воситаи муомилот. Ин шакли тақозо дар консепсияҳои неоклассики ва кейнсионй маҷмӯи тақозоро ба пул ташкил мекунад. Ба ҳаҷми тақозо ба пул ҳамчун воситаи муомилот миқдори пуле дохил мешавад, ки барои хароҷотҳои хоҷагиҳои хонагӣ ва хароҷотҳои фирмаҳою ташкилотҳои давлатӣ ҳангоми пардохти музди кор, хариди сузишворӣ, хариди ашё ва ғайра заруранд. Тақозо ба пул ҳамчун воситаи муомилот аз дараҷаи фоизи қарз вобаста набуда, аз ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии номиналӣ вобаста аст, зеро то чӣ андозае, ки ҳаҷми истеҳсоли молу хизматҳо зиёд шавад, то ҳамон андоза миқдори бештари пул барои хариду фурӯши онҳо лозим мешавад. Дар ин маврид дар шакли графики ин намуди тақозо шакли зеринро дорад:

0

Нақшаи 8.

Графики тақозо ба пул ҳамчун воситаи муомилот

Тақозо ба пул ҳамчун воситаи андӯхти сарват ва пасандоз. Ин шакли тақозоро тақозои ҷаллобӣ низ меноманд ва як қисми даромадест, ки баъд аз тақозо ба пул ҳамчун воситаи муомилот боқӣ мемонад ва аҳолӣ онро маблағгузорӣ менамоянд. Пасандоз ё маблағгузорӣ дар шаклҳои зерин сурат мегирад: нигоҳдорӣ дар депозитҳои бонкӣ ва хариди қоғазҳои қиматнок, ки онро боғоҷ (пакет)-и молиявӣ низ меноманд.

Интихоби шакли пасандоз (маблағгузорӣ) ба дараҷаи меъёри фоизи қарз вобаста мебошад. Дар ин ҳол агар дараҷаи фоизи қарз зиёд шавад, одамон бештар пулҳои худро дар шакли қоғазҳои қиматнок, хусусан вомбаргҳо мехоҳанд нигоҳ доранд ва баръакс. Ин шакли тақозо дар шакли графики чунин тасвир меёбад:

Нақшаи 9.

Тақозо ба пул ҳамчун воситаи андӯхти сарват ва пасандоз Тақозои ҷаллобӣ: Дар ин маврид одамон дар шакли ғайринақдӣ ва қоғазҳои қиматнок, яъне боғоҷи молиявӣ пулашонро дар ҳамон ҳолат мехоҳанд нигоҳ доранд, ки агар аз он даромади бештар гиранд ва чунин шакли нигоҳдорӣ хавфи камтар дошта бошад. Соҳиби қоғази қиматнок дар сурати кам шудани даромаднокии он ва нархи он ҳар чӣ зудтар мехоҳад аз он халос шавад. Ҳамчунин одамон пулҳои нақдии худро мехоҳанд ба боғоҷи молиявӣ иваз намоянд, агар бинанд, ки нарх ва даромаднокии онҳо боло меравад.

Тақозо ба пул ҳамчун воситаи таъмини талаботи ғайричашмдошт. Чунин шакли тақозо дар сурате ҷой дошта метавонад, ки одамон барои анҷом додани хариду фурӯши ба нақша нагирифтаашон як миқдори муайяни пулро нигоҳ доранд. Асосан ҳаҷми ин шакли тақозо ҳангоми ҷой доштани таваррум зиёд мешавад, зеро барои одамон вазъи бозор пешгӯишаванда нест. Асосан агар дараҷаи таваррум аз дараҷаи меъёри фоизи қарз баландтар бошад, пас, одамон ба хотири сармояашонро ҳифз намудан пулҳояшонро нигоҳ медоранд. Ба ин чиз онҳо ҳатто дар сурати нагирифтани даромад аз пулҳояшон розианд.

Ҳаҷми (бузургии) тақозо ба пул аз таъсири омилҳои зерин вобаста мебошад:

Дараҷаи нархҳо. Дар сурати афзоиши нархҳо барои хариди молу хизматҳо харидоронро зарур аст, ки миқдори пули бештар дошта бошанд ва ин боиси афзоиши ҳаҷми тақозо ба пул мегардад.

Дараҷаи ҳаҷми ҳақиқии истеҳсолот. Ҳангоми афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, аз як тараф, пули бештар барои хариди захираҳо зарур аст, аз тарафи дигар, он боиси афзоиши даромади ҳақиқии қувваи корӣ мегардад, ки дар навбати худ тақозои онҳоро ба молу хизматҳо зиёд мекунад. Шарти асосии ҷой доштани мувозинат дар бозори пул дараҷаи фоизи қарзи мувозинатӣ мебошад. Дараҷаи фоизи қарзи мувозинатӣ ин нархи мувозинатиест барои истифодаи пул, ки аз мувозинати арзаю тақозо ба вуҷуд омадааст. Мувозинат дар бозори пул

дар шакли графикӣ чунин тасвир меёбад:

0

Нақшаи 10. Графики мувозинат дар бозори пул

Дар ин ҷо арзаи пул (Sm) аз фоизи қарз вобасга нест ва онро танҳо давлат метавонад каму зиёд намояд. Тақозо ба пул (Dm) бошад, аз дараҷаи фоизи қарз вобаста аст. Агар тақозо зиёд шавад (Dim), пас, нуқтаи мувозинатӣ низ ҷояшро иваз намуда, дараҷаи фоизи қарз баланд мешавад. Дар сурати паст шудани тақозо (Dm2) дараҷаи фоизи қарз кам мешавад. Мувозинат дар бозори пул дар натиҷаи таъсири омилҳо ба тақозо ва арзаи пул ба вуҷуд меояд.

9.3. Тамсилаи IS-LM

Чӣ тавре ки аз таҳлили бозори пул ва назарияи миқдории пул бармеояд, пул ҳамчун фишанги иқтисодӣ ба ҳаҷми истеҳсоли молу хизматҳо таъсири бевосита расонида метавонад. Инчунин омили нархии бозори пул – меъёри фоизи қарз дар бозори пул ва бозори молу хизматҳо нақши муҳимро мебозад. Бо дарназардошти ҳамин, олимон Хикс ва Хансен тамсилаеро пешниҳод намудаанд, ки мувозинати бозори пулро бо

бозори молу хизматҳо нишон медиҳад. Ин тамсила бо номи тамсилаи IS-LM машҳур мебошад ва дар шакли графики чунин шакл дорад:

00000

Нақшаи 11. Тамсилаи IS-LM

Каҷхатаи IS муносибати байни меъёри фоизи қарз (r) ва дараҷаи даромади миллиро (Y) нишон медиҳад. Дар ҳамаи нуқтаҳои ин каҷхата ҳосили ҷамъи пасандозҳою андозҳо ба ҳосили ҷамъи маблағгузорӣ ва хароҷотҳои давлатӣ баробар аст. Номи каҷхатаи IS аз шарти аввалаи он, ки онро Хикс пешниҳод намуда буд, мондааст, зеро он қаблан пасандоз (S) ва маблағгузориро (I) дар бар мегирифт.

Каҷхатаи LM муносибати байни меъёри фоизи қарз (r) ва

дараҷаи даромади миллиро (Y) ки мувозинатро дар бозори пул низ ифода мекунад, нишон медиҳад. Дар ҳамаи нуқтаҳои ин каҷхата ҳаҷми тақозо ба пул ба ҳаҷми арзаи пул баробар аст.

Қаблан Хикс онро каҷхатаи L номида буд ва баъдтар Хенс онро каҷхатаи LM номид. Чунин тағйирот ба хотири он буд, ки дар қад-қади ин каҷхата тақозо ба пул (L) ба арзаи пул (М) баробар аст.

Ҳангоми тағйир ёфтани мавқеи каҷхатаи IS нуқтаи мувозинатӣ низ дигар мешавад ва онро дар шакли графики чунин тасвир намудан мумкин аст:

Нақшаи 12. Мувозинати IS-LM дар порчаҳои гуногун

Чӣ тавре ки дар нақша дида мешавад, каҷхатаи LM шакли махсус дорад: қисми чапи он нисбатан ба тарзи уфуқӣ (горизонтали) ва қисми росташ ба таври амудӣ (вертикали) ҷой гирифтааст. Азбаски каҷхатаи IS аз нуқтаи дилхоҳи каҷхатаи LM гузашта метавонад, бинобар ҳамин вариантҳои гуногуни мувозинати бозори пулӣ ва бозори молу хизматҳо ҷой дошта метавонад.

Мувофиқи қонуни арза ҳангоми зиёд шудани миқдори пул (LM) бояд нархи вомбаргҳо зиёд шавад ва меъёри фоизи қарз кам шавад, зеро миқдори пулҳои нақд низ зиёд мешавад ва аҳолӣ мехоҳад аз онҳо дар шакли фоиз фоида гирад. Ҳангоми афзоиши миқдори пул (қисми чапи каҷхатаи LM) одамон фикр мекунанд, ки меъёри фоизи қарз хело паст ва нархи вомбаргҳо баланд аст.

Онҳо интизорӣ мекашанд, ки бояд нархи вомбаргҳо паст шуда, меъёри фоизи қарз боло равад. Аз ҳамин ҷиҳат онҳо зарур мешуморанд пулҳои худро дар шакли нақдӣ нигоҳ доранд. Дар натиҷа афзоиши миқдори пул дар муомилот (LM) танҳо боиси афзоиши миқдори пулҳои нақд шуда ба паст шудани меъёри фоизи қарз мусоидат намекунад. Ин гуна вазъиятро Кейнс «доми бозоргирӣ» номидааст. Ба ақидаи ӯ одамон барои худ як бузургии (масалан 12 %) муайяни фоизи қарзро муайян менамоянд ва дар сурати баланд шудани меъёр аз ин нишондиҳанда вомбаргҳо харидорӣ намуда, дар сурати кам шудани меъёр аз ин бузургӣ пулҳои худро дар шакли накдӣ нигоҳ медоранд.

Мавҷудияти консепсияи «доми бозоргирӣ»- и Кейнс аз самаранок набудани сиёсати монетарӣ хабар медиҳад, зеро афзоиши ҳаҷми миқдори пул (LM) ба пастшавии меъёри фоизи қарз, афзоиши ҳаҷми маблағгузорӣ ва афзоиши ҳаҷми маҷмӯи тақозо оварда намерасонад. Аз ҳамин ҷиҳат дар сурати ҷой доштани «доми бозоргирӣ» давлат бештар сиёсати фискалиро истифода менамояд. Аммо ин маънои онро надорад, ки сиёсати монетарӣ дар ҳалли масъалаи «доми бозоргирӣ» беқудрат аст. Дар амалияи ҷамъиятӣ бошад, сиёсати монетарӣ ва фискалӣ дар якҷоягӣ амалӣ карда мешаванд. Масалан, барои пӯшонидани касри буҷа давлат аз қарзҳои Бонки марказӣ истифода мебарад, ки он тавассути самараи фузунсоз, боиси афзоиши миқдори пул дар муомилот мегардад. Бештари иқтисодчиён чунин меҳисобанд, ки чорабиниҳои сиёсати монетарӣ нисбат ба сиёсати фискалӣ зудамал буда, дар мубориза ба муқобили таваррум ва пастравии сатҳи истеҳсолот самараноктаранд. Чораҳое, ки дар чорчӯбаи сиёсати фискалӣ андешида мешаванд, вақти зиёдро тақозо менамоянд, чунки онҳо аз фаъолияту ба мувофиқаоии ҳокимияти қонунбарор ва ҳокимияти иҷроия вобаста мебошанд. Маҳз ҳамин чиз самараи чораҳои сиёсати фискалиро кам мекунад.

test

Добавить комментарий