Таваррум ва чораҳои зидди он

  1. Мафҳум, сабабҳо ва шаклҳои таваррум.
  2. Оқибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодии таваррум. Каҷхатаи Филлипс.
  3. Усулҳои мубориза бар зидди таваррум.

10.1. Мафҳум, сабабҳо ва шаклҳои таваррум

Дар баробари бекорӣ ва касри буҷа таваррум (инфлятсия) низ яке аз масъалаҳои асосии номувозинатии макроиктисодӣ ба ҳисоб меравад.

Таваррум гуфта, номувофиқ будани тақозою арзаи пул ва дигар таносубҳои иқтисодиро меноманд, ки дар афзоиши нархҳо намудор мешавад.

Дар амалияи ҷамъиятӣ дар зери мафҳуми таваррум паст шудани қобилияти харидории пул, афзоиши умумии нархҳо ё ин ки ҷараёни зиёд шудани миқдори пули нақдро дар муомилот низ мефаҳманд. Ҷараёни таваррум аз рӯи нишондиҳандаи дараҷаи таваррум чунин муайян ва андоза карда мешавад:

0

дар ин ҷо: JT – дараҷаи таваррум; J1 – индекси нархҳои истеъмолӣ бо

нархҳои соли ҷорӣ; J0 – индекси нархҳои истеъмолӣ бо нархҳои соли гузашта.

Вобаста ба дараҷаи таваррум шаклҳои зерини онро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд:

  1. таварруми мӯътадил;
  2. таварруми ҷаҳанда;
  3. таварруми аз эътидол зиёд (гиперинфлятсия).

Таварруми мӯътадил гуфта, таваррумеро меноманд, ки

афзоиши дараҷаи нархҳоро дар як сол то 10% инъикос мекунад. Ин шакли таваррум ба фаъолияти иқтисодӣ ягон таъсири манфӣ нарасонида, баръакс боиси афзоиши арзаи молу хизматҳо шуда метавонад.

Таварруми ҷаҳанда гуфта, таваррумеро меноманд, ки афзоиши дараҷаи нархҳоро дар як сол то 100% инъикос мекунад. Ин шакли таваррум ба кам шудани маблагғузорӣ оварда мерасонад ва боиси васеъ шудани доираи иқтисоди сиёҳ мегардад.

Таварруми аз эътидол зиёд таваррумест, ки афзоиши дараҷаи нархҳоро дар як сол беш аз 1000% ва дар як моҳ то 50% ифода мекунад. Дар ҳолати мавҷуд будани чунин шакли таваррум пасандоз ва маблағгузорӣ кам мешаванд, ки камшавии онҳо ба кам шудани ҳаҷми МММ ва дигар нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ оварда мерасонад. Агар маҷмӯи арза зиёд нашавад, ҷамъият ба пастшавии рушди иқтисодӣ (стагнатсия) омада мерасад. Стагнатсия ҳолатест, ки мавҷудияти дараҷаи баланди таваррум ва сатҳи бекориро ифода менамояд.

Дар илми назарияи иқтисодӣ вобаста ба сабабҳои пайдоиши таваррум шаклҳои зерини онро аз ҳамдигар фарқ мекунанд:

  1. таварруми тақозо;
  2. таварруми арза;
  3. таварруми таркибӣ.

Таварруми тақозо барзиёд будани маҷмӯи тақозоро бар маҷмӯи арза ифода мекунад. Чунин ҳолат ҳангоми мавҷуд будани шуғли пурра ба миён меояд, зеро афзоиши як қисми маҷмӯи тақозо боиси қафо мондани маҷмӯи арза мегардад. Агар тақозо ба молҳои талаботашон зиёд (орд, бензин, замин ва ғайра) афзояд, пас, чунин ҳолат рӯй медиҳад.

Таварруми арза, дар натиҷаи афзоиши хароҷотҳои истеҳсолӣ ба вуҷуд меояд ва онро таварруми хароҷотӣ низ меноманд. Ин шакли таваррум баландшавии дараҷаи нархҳоро дар натиҷаи афзоиши хароҷотҳо ифода мекунад. Хароҷотҳои истеҳсолӣ, пеш аз хама, дар натиҷаи афзоиши нархи ашёи хом, ё ин ки афзоиши дараҷаи музди кор зиёд мешаванд.

Таварруми таркибӣ дар натиҷаи вайрон шудани таносубҳои байнисоҳавӣ ба миён меояд. Масалан, кам шудани арзаи молҳои кишоварзӣ боиси афзоиши нарх мегардад ва ҳамин тавр, афзоиши нарх ба дигар соҳаҳо низ (хусусан, ба соҳаи саноат) таъсир мекунад ва дар маҷмӯъ дараҷаи нарх зиёд мешавад.

Бояд қайд намуд, ки ғайр аз сабабҳои номбаршуда сабабҳои дигари мавҷудияти таваррум низ ҷой доранд. Аз ҷумла:

Фаъолияти эмиссионии (интишори пул) давлат. Асосан дар замони муосир бисёри давлатҳо эмиссияро ба хотири афзоиши маблағгузорӣ ва пӯшонидани қарзи дохилию касри буҷа истифода мебаранд, ки ин ҳолат ба таваррум оварда мерасонад.

Монополияи иттифоқҳои касаба, ки зиёд кардани музди корро талаб мекунанд. Дар натиҷаи афзоиши дараҷаи музди кор нархҳо зиёд мешаванд ва боз иттифоқҳои касаба дараҷаи музди корро баланд мекунанд. Ҳамин тавр, занҷири таваррум дароз мешавад.

Фирмаҳои калон. Ин фирмаҳо имконият доранд, ки ба молу хизматҳояшон нархҳои монополӣ таъин намоянд ва дар натиҷа, афзоиши умумии нархҳо ба вуҷуд меояд, ки ин ҳолат ба таваррум сабаб шуда метавонад;

Афзоиши нархҳо ба молҳои воридотӣ. Агар молҳои истеъмолӣ ва захираҳои энержӣ (нафт, қувваи барқ, сӯзишворӣ ва ғайра) аз хориҷи кишвар ворид шаванд, пас, афзоиши дараҷаи нархҳо дар хориҷ боиси афзоиши дараҷаи нархҳо дар кишвар мегардад ва чунин ҳолатро таварруми воридотӣ низ меноманд.

10.2. Оқибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодии таваррум.

Каҷхатаи Филлипс

Ҷараёни таваррум ба инкишофи иқтисодиёт ва сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон додааст, ки таварруми мӯътадил ба тараққиёти иқтисодӣ ягон таъсири манфӣ намерасонад ва баръакс, афзоиши миқдори пул дар муомилот ва болоравии дараҷаи нархи молҳо то 10% дар як сол боиси афзоиши ҳаҷми маблағгузорӣ ва маҷмӯи арза гашта, ба рушди иқтисодӣ мусоидат мекунад. Аммо таварруми ҷаҳанда ва таварруми аз эътидол зиёд ба тараққиёти иқтисодӣ таъсири манфӣ мерасонанд, ки ба оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии онҳо ҳолатҳои зерин дохил мешаванд:

қобилияти худидоракунии механизми бозорӣ кам мешавад, зеро бо афзоиши таваррум ахборот оид ба сатҳи нархҳо ва ҷойгиршавии сармоя, ба истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагон намерасад ва камчинии ахборот ба вуҷуд меояд;

қобилияти харидории одамон кам мешавад, зеро бо таваррум даромади ҳақиқии аҳолӣ кам мешавад;

вазъи иҷтимоии одамоне, ки музди корашон муқаррар шудааст (хусусан, коркунони соҳаи буҷет), бад мешавад, зеро дар сурати баланд шудани таваррум истеъмолот ва пасандози онҳо низ кам мешавад;

дараҷаи фаъолияти соҳибкорӣ паст шуда, сармоя аз соҳаи истеҳсолот ба соҳаи тиҷорат ё ин ки ба хориҷи кишвар «мекӯчад»;

арзиши маблағҳои қарздодашуда ва пасандозҳо паст мешавад ва дар натиҷа қарздиҳандагон ва пасандозкунандагон муфлис мешаванд;

таваррум ба беқурб шудани маблағҳои ҳамчун андоз ба буҷаҳо воридшуда оварда мерасонад, ки дар натиҷаи он низоми молиявӣ ба бӯҳрон дучор шуда, маблағгузории соҳаи иҷтимоиро низ кам мекунад.

қобилияти харидории як воҳиди пул кам мешавад, ки дар натиҷа беқурбшавии пул ба вуҷуд меояд.

Оид ба таъсири таваррум ба сатҳи иқтисодиёт дар назарияи иқтисод ақидаҳои гуногун вуҷуд доранд. Олими ангис Олбана Филлипс маълумотҳои омории иқтисоди Англияро дар давраи солҳои 1861-1957 таҳлил намуда, алоқамандии байни дараҷаи бекорӣ (U) ва музди корро муайян намудааст. Мувофиқи тадқиқоти ӯ ҳангоме ки тақозо дар бозори меҳнат ба қувваи кори меафзояд, дараҷаи бекорӣ кам мешавад. Музди кор бошад танҳо дар натиҷаи таъсири иттифоқҳои касаба баланд мешавад. Агар арзаи қувваи кори зиёд шавад, пас музди кор (нархи қувваи корӣ)

низ кам мешавад. Баъдтар тарафдорони назарияи Филлипс ба ҷои музди кор нархи молу хизматҳоро бо дараҷаи бекорӣ муқоиса намуданд. Агар музди кор ва нархи молу хизматҳо бо як суръат зиёд шаванд, пас, байни коэффисиенти таваррум ва коэффисиенти бекорӣ алоқамандӣ ба вуҷуд меояд.

Ақидаи Филлипсро дар шакли графики чунин тасвир кардан мумкин аст:

0

Нақшаи 13. Графики каҷхатаи Филлипс

Мувофиқи нақшаи 13 дар ҳолати паст кардани дараҷаи таваррум дараҷаи бекорӣ зиёд мешавад ва баръакс, дар ҳолати паст кардани дараҷаи бекорӣ дараҷаи таваррум меафзояд.

Каҷхатаи Филлипс нишон медиҳад, ки болоравии дараҷаи бекорӣ афзоиши музди корро маҳдуд менамояд ва ин ба он оварда мерасонад, ки дар натиҷаи кам шудани хароҷотҳо нархи молҳо низ кам мешавад. Каҷхатаи Филлипс барои коркарди сиёсати муқобили таваррум ва бекорӣ истифода мешавад. Агар дараҷаи бекорӣ кам шавад, пас, нархи молҳо меафзояд ва баръакс.Дастури асосӣ барои ҳалли якҷояи таваррум ва бекорӣ ин сиёсати фискалии фаъол мебошад. Чунин сиёсатро ҳукумати Амрико дар аввали солҳои 60-у ми асри гузашта истифода намуда буд. Намояндагони мактаби монетаристӣ бошанд, чунин меҳисобанд, ки каҷхатаи Филлипс танҳо дар давраи кӯтоҳмуддат метавонад алоқамандии дараҷаи бекорӣ ва нархи молу хизматҳоро нишон диҳад ва дар ин давра яку якбора шуғли пурра ва дараҷаи пасти таваррумро таъмин намудан номумкин аст.

10.3. Усулхои мубориза бар зидди таваррум

Бо дарназардошти чунин оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ мубориза ба муқобили таваррум яке аз вазифаҳои асосии давлат мебошад. Барои мубориза ба муқобили таваррум ду шакли сиёсати давлатиро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд: сиёсати ғосибона (политика экспансия) ва сиёсати боздоранда. Сиёсати ғосибона чунин сиёсати иқтисодиест, ки кӯшиши давлатро барои зиёд кардани маҷмӯи тақозо тавассути пасткунии меъёри андозҳо ва зиёд кардани хароҷотҳои давлатӣ ифода мекунад. Сиёсати боздоранда чунин сиёсати иқтисодиест, ки кӯшиши давлатро барои кам кардани қобилияти харидории аҳолӣ ба воситаи зиёд кардани меъёри андозҳо ва кам кардани хароҷотҳои давлатӣ ифода менамояд. Дар назарияи иқтисодӣ ва амалияи ҷамъиятӣ барои мубориза ба муқобили таваррум аз консепсияҳои кейнсионӣ ва монетариста низ истифода мекунанд.

11

Кейнс барои мубориза ба муқобили таваррум афзоиш додани маҷмӯи арзаро тавассути маҷмӯи тақозо (хусусан, тақозо ба маблағгузорӣ) пешниҳод намудааст. Мувофиқи консепсияи ӯ, мубориза ба муқобили таваррум бо чунин тарз бояд сурат гирад:

Консепсияи монетаристӣ дар асоси ақидаҳои иқтисодчии амрикоӣ Милтон Фридман (барандаи ҷоизаи Нобели) асос ёфтааст. Фридман барои мубориза ба муқобили таваррум афзоиш додани маҷмӯи арзаро тавассути камкунии хароҷотҳои давлатӣ, қимат намудани қарз ва кам кардани меъёри андоз пешниҳод намудааст, ки он чунин бояд сурат гирад:

12

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ барои мубориза ба муқобили таваррум сиёсати ҷубронкунии даромад (яъне зиёд кардани музди кор, идрор, нафақапулӣ ва дигар сарчашмаҳои даромад, бо дарназардошти таваррум) ва танзими нархи молҳои сабати истеъмолиро низ истифода мекунанд.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.