Хароҷоти истеҳсолот, моҳият ва сохтори он

Табиати хароҷот: муҳосиботӣ, алтернативӣ, аён ва ноаён, хароҷотҳои иқтисодӣ.

Хароҷот дар давраи кӯтоҳмуддат.

Хароҷот дар давраи дарозмуддат.

Назарияи хароҷот.

Ҳаёт нишон медиҳад, ки натиҷаҳо бе хароҷотҳо ғайриимконанд. Истеҳсоли мол ва хизматҳо бевосита бо хароҷотҳое алоқаманданд, к ибо худ хароҷотҳоро барои омилҳои истеҳсолот дар назар доранд.

Оид ба омӯзиш ва мушоҳида намудани хароҷотҳои истеҳсолот як чанд муносибатҳо вуҷуд доранд. Якум, мушоҳида намудани хароҷоти истеҳсолӣ аз мавқеъи иҷтимоӣ – иқтисодӣ. Аз ин нуқтаи назар ҷамъият ба хароҷот харҷҳои ҳама гуна меҳнати зинда ва меҳнати таҷассумёфтаро дохил мекунад, ки дар арзиши маҳсулоти тайёр ифода ёфтаанд. Хароҷотҳои корхона бо худ натиҷаи ҷараёни такрористеҳсолро ифода карда, хароҷоти пули корхонаро барои дастрас намудани воситаҳои истеҳсолот ва пардохти музди меҳнат инъикос мекунанд. Дуюм, муносибатҳои иқтисодӣ ва муҳосиботӣ ба муайян намудани хароҷоти корхона мавҷуд аст. Ҳангоми муносибати муҳосиботӣ хароҷот бо худ харҷӣ аслии омилҳои истеҳсолотро барои офаридани миқдори муайяни маҳсулот бо нархҳои харидории онҳо дар назар дорад. Хароҷоти корхона дар ҳисоботҳои муҳосиботӣ ва оморӣ дар намуди арзиши аслии маҳсулот баромад мекунад.

Маънидодкунии иқтисодии хароҷоти истеҳсолӣ ба маҳдудияти захираҳо ва имкониятҳои истифодабарии алтернативии онҳо асос мегирад. Хароҷоти алтернативӣ – ин арзиши ҳама захираҳо барои истеҳсолоти додашуда мебошад.

1. ТАБИАТИ ХАРОҶОТ: МУҲОСИБОТӢ, АЛТЕРНАТИВӢ, АЙЁН ВА НОАЙЁН, ХАРОҶОТҲОИ ИҚТИСОДӢ.

Масъалаи марказии омӯзиши хароҷотҳо муайян намудани усулҳои ҳисоб намудани қимати захираҳои дар истеҳсолот сарф мешуда мебошад. Назарияи иқтисодӣ ин масъаларо бо воситаи ҳисоб намудани хароҷотҳои муҳосиботӣ ва хароҷотҳои алтернативӣ (хароҷотҳои имкониятҳои аз даст додашуда) ҳал менамояд.

Хароҷотҳои муҳосиботӣ, моҳият ва сохтори онҳо. Қимати омилҳои дар истеҳсолот истифодашуда, пеш аз ҳама бо нархҳои онҳо ифода ёфта метавонад, ки фирма бо ин нарх онҳоро дар бозор дастрас карда буд. Бо баробари ин ҳама пардохтҳо барои харид ҳатман дар ҳуҷҷатҳои муҳосиботӣ инъикос мегарданд. Чунин тарзи баҳодиҳии хароҷотҳо муҳосиботӣ номида шуда, хароҷотҳои бо воситаи он баҳо додашуда бошанд хароҷотҳои муҳосиботӣ номида мешаванд. Барои аниқтар намудани ҳолати дар боло қайд шуда қисмҳои асосии хароҷотҳои муҳосиботиро овардан мумкин аст: хароҷотҳои моддӣ, хароҷот барои парохти музди меҳнат, ҳиссаҷудокуниҳо барои эҳтиёҷотҳои иҷтимоӣ, амортизатсия, дигар хароҷотҳо (масалан, пардохтҳои комиссионӣ ба бонк аз рӯи хизматрасонии хазинагӣ ва бонкӣ, фоиз барои қарзҳо, иҷорапулиҳо ва ғайраҳо).

Андозаи хароҷотҳои муҳосиботӣ. Ҳаҷми аниқи хароҷотҳои муҳосиботӣ барои муайян намудани фаъолияти фирма аҳамияти калон дорад, зеро нишон медиҳад, ки фирма фоидаовар аст ва ё зараровар. Барои ин хароҷотҳои муҳосиботиро бо ҳаҷми даромадҳои (ки аз тарафи муҳосиботи фирма баҳисоб гирифта мешавад) фирма муқоиса намудан лозим аст.

Маҳдудияти усули муҳосиботӣ. Сатҳи хароҷотҳои муҳосиботӣ на ҳама вақт имконият медиҳад, ки оид ба вазъияти кори фирма баҳои дуруст дода шавад. Масалан, ҳисоби аниқи хароҷотҳо танҳо дар ҳолати имконпазир аст, ки агар захираҳои сарфшуда бон архи бозории онҳо баҳо дода шаванд. Баҳодиҳии бо воситаи усули муҳосиботӣ ба роҳ мондашудаи хароҷоти захираҳои капиталӣ ба меъёрҳои қонунан, яъне субъективона ҷорӣ шудаи ҳиссаҷудокуниҳои амортизатсионӣ такя мекунад. Ҳаҷми ин ҳиссаҷудокуниҳо на ҳама вақт ба хӯрдашавии аслии унсурҳои капитали асосӣ мувофиқат мекунад. Мисоли дигар: дар иқтисоди бозории муосир, махсусан дар ҷамъиятҳои дар гузариш буда, чунин сохтори фиребгарӣ васеъ паҳн гаштааст: хариди захираҳо аз «фирмаҳо – дӯстон» бо нархҳои баланд ва ё фурӯши маҳсулот ба ин гуна фирмаҳо бо нархҳои пастар. Дар натиҷаи чунин фиребгароӣ пулҳо бо осонӣ ба ҳисобҳои фимаҳои дӯстона мегузаранд.

Боз як норасогии усули муҳосиботии ҳисоб намудани хароҷотҳо дар он аст, ки он танҳо хароҷоти он омилҳои истеҳсолотро дар бар мегирад, ки фирма аз берун дастрас мекунад. Лекин, як қатор омилҳои истеҳсолот дар худи фирма мавҷуд буда метавонанд, биноба ҳамин онҳо харидорӣ кардан зарур нест. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки хароҷотҳои бо омилҳои мавҷуда алоқаманд буда, новобаста аз он ки онҳо вуҷуд доранд, дар ҳуҷҷатҳои муҳосиботӣ ифода намеёбанд.

Хароҷотҳои айён ва ноайён. Ба хароҷотҳои айён он пардохтҳо дохил мешаванд, ки фирма уҳдадор аст ба дастраскунандаи берунаи захираҳо бипардозад, ин хароҷотҳои бо хароҷотҳои муҳосиботӣ мувофиқат мекунанд. Ба хароҷотҳои ноайён харҷи захираҳо дохил мешаванд, ки барои онҳо пардохт амалӣ нашудааст, зеро онҳо моликияти худи фирма мебошанд, масалан иҷорапулӣ (агар бинои ба фирма таалуқ дошта ба иҷора дода шавад).

Хароҷотҳои алтернативӣ ва ё иқтисодӣ. Мувофиқи консепсияи хароҷотҳои имкониятҳои аз даст додашуда, хароҷотҳои алтернативӣ – ин қимати неъматҳои дигар, ки дар ҳолати истифодабарии тарзи беҳтарини омили истеҳсолоти додашуда нисбат ба дигар тарзҳои имконпазири мавҷуд буда дастрас кардан мумкин аст. Масалан: бигзор Х ин омили истеҳсолоте, ки барои истеҳсолоти якчанд неъматҳо истифода мешавад. Агар омили истеҳсолоти додашуда ҳангоми истеҳсоли неъмати А истифода шавад, он гоҳ онро барои истеҳсоли неъмати В истифода бурдан ғайриимкон аст. Агар маълум бошад, ки неъмати В-ро бо нархи 100000 сомонӣ фурӯхтан мумкин аст, он гоҳ маълум мешавад, ки нархи «дасткашидан» аз истеҳсоли он айнан бо ҳамин маблағ чен карда шуда, ба ҳамин ҳаҷм фирма хароҷоти имкониятҳои аз дастдодашударо дорад, зеро фирма моли А – ро истеҳсол кардааст. Яъне хароҷотҳо (бо маънои даромадҳои аз даст додашуда), ки истифодабарии омили истеҳсолот барои истеҳсоли неъмати А алоқаманд аст 100000 сомониро ташкил намуд.

Лекин хароҷотҳои алтернативиро бо миқдори пулӣ ифода кардан ниҳоят душвор аст. Дар шароитҳои истеҳсолоти бисёрмолӣ ва ҳолатҳои зуд тағйирёбанда тарзи беҳтарини истифодабарии омилҳои истеҳсолоти мавҷудбуда душвор аст. Дар шароитҳои иқтисодиёти бозорӣ чунин интихобро худи соҳибкор ҳамчун сабабгор ва ташкилкунандаи истеҳсолот амалӣ мегардонад. Бо баробари ин даромад аз имкониятҳои аз дастдодашуда ва мувофиқан ҳаҷми хароҷотҳои алтернативӣ ҳамавақт гипотетӣ мебошанд. Масалан, оиди хароҷотҳои алтернативии истеҳсолоти неъмати А, ки 100000 сомониро ташкил намуд қайд карда, мо аз эҳтимолияти фурӯхта шудани неъмати В бо ҳамин нарх асос гирифта будем.

Хароҷотҳои алтернативӣ ва интихоби иқтисодӣ. Хароҷотҳои алтернативӣ – ин миқдори пулҳое, ки бояд барои ҷудо намудани омили конкретии истеҳсолот аз истеҳсоли неъмати В ва истифодабарии он барои истеҳсоли неъмати А мебошад.

Ҳис намудани ҳамин андоза таркиби савдои байни тарафҳоро ташкил мекунад, ки оид ба амалигардии муомила ба миён меояд. Фурӯшанда кӯшиш мекунад, ки нархро баланд кунад, лекин ӯ тайёр аст нархро то баробари шудани он ба хароҷотҳои алтернативӣ паст кунад, яъне ба ҳамон маблағе, ки ӯ аз дигар мизоҷон гирифтани буд. Дар навбати худ харидор нархи пастро дархост карда, лекин тайёр аст онро то баробар шудани хароҷотҳои алтернативии тарзҳои дигари харҷи воситаҳо (нархи хариди моли монанд аз дигар фурӯшандагон ва ё моли ивазшаванда) баланд намояд.

Чунин тавсири хароҷотҳои алтернативӣ низ фоидаовар аст: хароҷотҳои алтернативӣ – ин даромад аз тарзҳои нисбатан беҳтари аз дигар тарзҳои истифодабарии дасткашидаи захираҳо мебошад.

Мисол. Фарз мекунем, кия гон инвестор ду варианти истифодабарии капитали худро дорад:

  1. маблағгузорӣ барои азнавтаҷҳизонидани фабрикаи рӯймолбофии ш. Хуҷанд;
  2. харидани вомбаргҳои давлатӣ.

Тасаввур мекунем, ки инвестор варианти якумро интихоб кард. Ӯ барои истифодабарии технологияи нав патент гирифта, таҷҳизоти муосирро харидорӣ намуд ва коргарони тахассуснокро киро намуд. Ҳангоми ҳисоб намудани хароҷотҳо инвестор бояд натанҳо хароҷотҳои бо истифодабарии омилҳои истеҳсолти харидорӣ мешуда, инчунин даромади аздастдодашударо, яъне хароҷоти алтернативии бо идоракунии капитал алоқаманд бударо, яъне даромаде, ки аз ҳисоби хариди вомбаргҳои давлатӣ дастрас кардан мумкин буд бояд ба эътибор гирад. Айнан дар чунин хаёлҳо сабабҳои барои чӣ бонкҳои Тоҷикистон ба соҳаҳои саноат қарз намедиҳанд пинҳон аст.

Хароҷотҳои алтернативӣ ва омили вақт. Консепсияи хароҷотҳо омили вақтро инъикор мекунад. Он хароҷотро аз рӯи натиҷаҳои муомилаҳои амалӣ шуда баҳо медиҳад. Ҳангоми муайян намудани хароҷотҳои алтернативӣ дарк намудани он зарур аст, ки самара аз ин ё он тарзи истифодабарии омилҳои истеҳсолот метавонад дар давраҳои гуногун ифода ёбад. Бинобар ҳамин интихоби алтернатива одатан бо ҷавоби саволи чӣ беҳтар аст алоқаманд аст: фоидаи ҷорӣ аз қоғазҳои қимматнок бар зарари оянда ва ё зарарҳои ҷорӣ баҳри фоидаҳои оянда.

Хароҷотҳои алтернативӣ ва ҳисоби хароҷотҳои ноайён. Нисбат ба усули муҳосиботӣ, консепсияи хароҷотҳои алтернативӣ бо баҳодиҳии худ ҳам хароҷотҳои айён ва ҳам ноайёнро дар бар мегирад. Он даромаде, ки фирма метавонад аз истифодаи алтернативии омилҳои истеҳсолот дастрас намояд, танҳо дар ҳолати амалигардонии хароҷотҳои айён ва ноайён имконпазир аст. Дар мисоли дар боло оварда шуда, барои истеҳсоли неъмати В замини ба фирма дахл дошта истифода мешавад, ки барои он пардохти иҷорапулӣ лозим нест. Танҳо дар ҳолати тайёрӣ оид ба ҳар ду намуди хароҷот истеҳсолот ва ба даст овардани даромад имконпазир мегардад. Бинобар ҳамин муносибати иқтисодӣ нисбат ба муҳосиботи пурратар мебошад.

Хароҷотҳои алтернативӣ ва самаранокии иқтисодиёт. Барои хоҷагидории бозорӣ алтернативнокӣ ва интихоб хислатҳои хос мебошанд. Захираҳо истифодабарии нисбатан фоидаоварро ҷустуҷӯ доранд. Пуррагардии бозор бо мол ва хизматҳои ниёзи мардум, натиҷаи устувори хароҷотҳои алтернативии низоми бозорӣ мебошад.

Консепсияи хароҷотҳои алтернативӣ фишанги амалкунанда дар қабули қарорҳои самараноки иқтисодӣ мебошад. Баҳодиҳии хароҷоти омилҳои истеҳсолот дар ин консепсия дар асоси муқоиса намудан бо тарзи аз ҳама ҳам самараноки истифодабарии захираҳои маҳдуд амалӣ гардонида мешавад.

Хароҷотҳои трансаксионӣ – ин хароҷотҳои фирма барои ҷустуҷӯи ахборот, амалигардонии гуфту-шунидҳо, хароҷотҳои намояндагӣ. Хусусияти хоси фарқкунандаи хароҷотҳои трансаксионӣ дар он иборат мебошад, ки онҳо ба ҷараёни истеҳсолот муносибати бевосита надоранд. Лекин фирмаи муосир бе хароҷотҳои трансаксионӣ вуҷуд дошта наметавонад, чунки ин хароҷотҳо дар муборизаи рақибона воситаи пурқувват мебошанд.

Хароҷотҳои истеҳсолот дар давраҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат. Ба ҳисоби хароҷотҳои истеҳсолот омили вақт – даврае, ки дар он баҳодиҳии хароҷотҳои амалӣ гардида ва даромадҳои ба даст оварда шуда ба миён меояд, таъсири назаррас мерасонад. Аз ин лиҳоз хароҷотҳои истеҳсолотро бояд дар давраҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат дар алоҳидагӣ таҳлил намуд. Қайд кардан зарур аст, ки истифодабарии ин мафҳумҳо набояд бо лаҳзаҳои муайяни вақт вобаста карда шаванд. Вобаста ба ҳар як соҳа ин мафҳумҳо дар фосилаи васеъ тағйир меёбанд. Бинобар ҳамин барои ҷудо намудани давраҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат нишондоди тағйирнопазирӣ ва ё тағйирёбии шароитҳои истеҳсолот истифода мешавад.

Агар шароитҳои истеҳсолот, технология бетағйир боқи монда, иқтидори корхона доимӣ бошад, он гоҳ сухан оид ба таҳлили хароҷоти истеҳсолоти корхона дар давраи кӯтоҳмуддат меравад. Давраи дарозмуддат бо тағйиротҳои шароитҳои амал намудани корхона тавсиф шуда, бо азнавташкилкунӣ ва азнавсозии истеҳсолот алоқаманд аст. Дар ин ҳолат ҳама намудҳои хароҷот тағйир меёбанд, ки ҳамчун натиҷаи баҳодиҳии арзишии ҳар як захираи истифодашаванда баромад мекунанд. Дар натиҷа, ҳама намуди хароҷот бузургии тағйирёбанда мешавад. Бо ибораи дигар нишондоди тақсимоти давраҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат вақт набуда, бакли мавҷудият (дар давраи кӯтоҳмуддат) ва ё мавҷуд набудани (дар давраи дарозмуддат) ҷудо намудани омилҳои истеҳсолот ба доимӣ ва тағйирёбанда мебошанд, ки вобаста ба ин хароҷотҳо ба тағйирёбанда ва доимӣ ҷудо мешаванд.

2. ХАРОҶОТ ДАР ДАВРАИ КӮТОҲМУДДАТ.

Омилҳои истеҳсолот вобаста аз дараҷаи ҳаракатнокии худ фарқ мекунанд. Баъзеи онҳоро дар ҳолати зарурати истеҳсолӣ фирма метавонад нисбатан тезтар зиёд намояд. Масалан, киро намудани коргарони нав, хариди масолеҳ, сӯзишворӣ ва дигар унсурҳои капитали гардонро ба зуди ҷалб кардан мумкин аст. Бо вуҷуди ин чунин омилҳои истеҳсолот низ ҳастанд, ки барои зиёд намудани ҳаҷми онҳо вақти нисбатан зиёдтар зарур аст. Масалан, қитъаҳои замин, майдонҳои истеҳсолӣ, дастгоҳҳо ва таҷҳизотҳо. Чунин омилҳои истеҳсолот доимӣ номида мешаванд.

Фарқиятҳои байни омилҳои истеҳсолии доимӣ ва тағйирёбандаи дар давраи кӯтоҳмуддат мавҷуд буда ҷудо намудани хароҷотҳоро ба доимӣ ва тағйирёбанда ба миён меоранд.

Хароҷотҳои доимӣ (FC). Сарчашмаи хароҷотҳои доимӣ хароҷотҳо барои омилҳои истеҳсолоти доимӣ мебошанд, ки дар тӯли давраи кӯтоҳмуддат бетағйир боқӣ мемонанд. Бинобар ҳамин хароҷотҳои доимӣ аз ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот вобастагӣ надоранд. Албатта ин ҳолат таъсири хароҷотҳои доимиро ба ҷараёни истеҳсолот паст намекунад. Барои тасдиқ номбар намудани намудҳои хароҷотҳои доимӣ кифя аст. Ба он бисёр хароҷотҳое дохил мешаванд, ки сатҳи технологии истеҳсолотро муайян мекунанд. Ин хароҷотҳои капитали асосӣ дар намуди ҳиссаҷудокуниҳои амортизатсионӣ, пардохтҳои иҷоравӣ, хароҷотҳои барои корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва ғайраҳо.

Хароҷотҳои тағйирёбанда (VC). Сарчашмаи хароҷотҳои тағйирёбанда хароҷотҳои омилҳои истеҳсолоти тағйирёбанда мебошанд. Таркиби асосии ин хароҷотҳо унсурҳои капитали гардон мебошанд. Онҳо аз хароҷотҳо барои дастрас намудани ашё, масолеҳ, маводҳои пурракунанда ва маҳсулотҳои нимтайёр, пардохти музди меҳнат ба коргарони истеҳсолӣ иборат мебошанд.

Тағйирёбии (динамикаи) хароҷотҳои тағйирёбанда. Дар давраи кӯтоҳмуддат тағйирот дар ҳаҷми истеҳсолот бо камшавӣ ва ё афзоишёбии хароҷотҳои омилҳои истеҳсолоти тағйирёбанда алоқаманд мебошанд. Бинобар ҳамин хароҷотҳои тағйирёбанда бо баробари афзоишёбии хароҷотҳои омилҳои тағйирёбандаи истеҳсолот афзоиш меёбанд. Бо баробари ин хусусияти чунин афзоишёбӣ аз боздеҳи омили истеҳсолоти тағйирёбанда вобаста аст, аниқтараш аз он, ки чунин бодеҳ афзуншаванда, доимӣ ва ё камшаванда аст.

Вақте, ки маҳсулот истеҳсол карда намешавад, хароҷотҳои тағйирёбанда ба нол баробаранд, лекин бо баробари афзоиши ҳаҷми маҳсулоти истеҳсол мешуда онҳо афзоиш меёбанд. Дар аввал, вақте, ки истеҳсолот бо ҳаҷмҳои наонқадар калон амалӣ гардонида мешаванд, хароҷотҳои тағйирёбанда бо сурътаи тез афзоиш меёбанд. Дар ҳолати васеъшавии минбаъдаи истеҳсолот омили сарфа аз ҳаҷм амал мекунад ва афзоиши хароҷотҳои тағйирёбанда сусттар мешавад. Баъдан хароҷотҳои тағйирёбанда бо суръати баланшавӣ нисбат ба афзоиши маҳсулот афзоиш меёбад. Ин ҳолат бо амал намудани қонуни камшавандаи боздеҳ маънидод карда мешавад.

Сабаби камшавии боздеҳ дар чист? Ҳама омилҳои истеҳсолот дар маҷмӯъ кор мекунанд, бинобар ҳамин риоя намудани таносуби муайяни байни онҳо зарур аст. Зиёдшавии як омили истеҳсолот ҳангоми тағйирнаёфтани дигар омилҳои дар шароите, ки омилҳо байни худ мувофиқ гардонида шуда буданд, нотаносубиро ба миён меорад. Шумораи коргарон ба миқдори таҷҳизот, миқдори таҷҳизот ба маёдонҳои истеҳсолӣ ва ғайраҳо мувофиқат намекунад. Дар чунин шароитҳои афзоиши як намуди омилҳои истеҳсолот афзоиши назарраси натиҷаро таъмин намекунад. Боздеҳи омили истеҳсолот кам мешавад.

Умуман қонуни камшавандаи боздеҳ бо чунин тарз ба миён меояд: «Афзоиши барориши маҳсулоти муайян аз ҳисоби афзоиши ҳар як омили тағйирёбанда дар ҳолати доимӣ будани дигар омилҳо аз ягон ҳаҷм оғоз карда кам мешавад».

Мисол. Фарз мекунем, ки бо баробари истифодабарии маҷмӯи омилҳо 200 воҳид маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Яке аз омилҳои истеҳсолотро, масалан қувваи кориро зиёд мекунем, шумораи коргаронро пай дар пай ба 20 коргар зиёд мекунем (ки дар аввал ба 100 нафар баробар буд). Дигар омилҳои истеҳсолотро бетағйир боқӣ мемонем. Натиҷаҳои истеҳсолот дар намуди миқдори воҳиди маҳсулоти истеҳсол шуда аз дигар нишондиҳандаҳо аз ҷадвали 12.1 аён мегардад.

Ҷадвали 12.1.

L

100

120

140

160

180

200

Q

200

235

260

275

285

290

AQ

35

25

15

10

5

Q/L

2

1,96

1,86

1,72

1,58

1,45

Чӣ хеле, ки аз ҷадвали 12.1 маълум мегардад, барориши маҳсулот (даромад) ҳангоми афзоишёбии яке аз омилҳои истеҳсолот ба таври номутаносиб нисбат ба афзоиши ин омили истеҳсолот афзоиш меёбад, яъне камшавии афзоиши барориш ва даромаднокӣ ҷой дорад. Ҳамин тавр ҳосилнокии ин омили истеҳсолот ба назар мерасад. Вобастагии мушоҳида шаванда моҳияти қонуни камшавандаи боздеҳро (даромаднокиро) нишон медиҳад.

Ба тавсифи хароҷотҳои тағйирёбандаи истеҳсолот гуфтаҳои зеринро илова намудан мумкин аст. Хароҷотҳои тағйирёбанда – ин хароҷотҳое, ки онҳоро соҳибкор идора карда метавонад, зеро ҳаҷми онҳо дар давраи кӯтоҳмуддат бо роҳи тағйирёбии ҳаҷми истеҳсолот дигаргун мешавад.

Хароҷотҳои умумӣ (ТС). Ҷамъи хароҷотҳои доимӣ ва тағйирёбанда хароҷотҳои умумии давраи кӯтоҳмуддатро ташкил мекунанд (TC=FC+VC). Дар сатҳи ба нол баробар будани ҳаҷми истеҳсолот хароҷотҳои умумӣ ба ҳаҷми хароҷотҳои доимӣ баробаранд. Ҳангоми афзоиши ҳаҷми истеҳсолот хароҷотҳои умумӣ ба ҳаҷми хароҷотҳои тағйирёбанда зиёд мешаванд.

Хароҷотҳои умумии миёна (АТС). Фишанги пурқуввати таҳлили иқтисодӣ омӯзиши хароҷотҳои миёна ва ё хароҷотҳо барои ҳар як воҳиди маҳсулот мебошад.

Хароҷотҳои доимии миёна (AFC). Хароҷотҳои доимии миёна бо харҷи омилҳои истеҳсолоти доимӣ ва ё хароҷотҳои доимӣ ба ҳисоби воҳиди маҳсулоти истеҳсол мешуда тавсиф карда мешавад.

Байни хароҷоти доимии миёна AFC ва маҳсулоти миёнаи омили доимӣ АРn вобастагии баръакс вуҷуд дорад:

ки дар ин ҷо Р – нархи воҳиди омили доимӣ; К – миқдори омили доимӣ;

Дар ҳақиқат ҳам,

Тавсири графики хароҷоти доимии миёна AFC шакли гиперболаро дошта, ба таври асимптотикӣ ба тирҳои абстсисса ва ордината наздик мебошад. Ҳангоми зиёдшавии ҳаҷми истеҳсолот хароҷоти доимии миёна (AFC) паст мешавад. Ин ҳодисаро тақсимоти хароҷотҳои доимӣ меноманд.

Хароҷотҳои тағйирёбандаи миёна (AVC). Ин хароҷотҳо барои харҷи захираҳои тағйирёбанда ба ҳисоби истеҳсоли воҳиди маҳсулот мебошад. Хароҷотҳои тағйирёбандаи миёна бо воситаи нисбияти хароҷотҳои тағйирёбанда ба ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда муайян карда мешавад:

Байни хароҷоти тағйирёбандаи миёна ва маҳсулоти миёнаи омили тағйирёбанда АРL вобастагии баръакс вуҷуд дорад:

ки дар ин ҷо: PL – нархи воҳиди омили тағйирёбанда.

Дар ҳақиқат ҳам , ки дар ин ҷо L – миқдори омили тағйирёбанда;

Ҳамин тавр:

Динамикаи хароҷотҳои тағйирёбандаи миёна бо тағйирёбии боздеҳ аз омили тағйирёбандаи истеҳсолот алоқаманд аст. Вобастагии баръакси хароҷотҳои тағйирёбандаи миёна (AVC) ва маҳсулоти миёнаи омили тағйирёбанда барои чунин хулосаҳо имконият медиҳад:

  • агар маҳсулоти миёнаи омили тағйирёбанда зиёд шавад, он гоҳ хароҷотҳои тағйирёбандаи миёна бояд паст шаванд;
  • агар маҳсулоти миёнаи омили тағйирёбанда кам шавад, он гоҳ хароҷотҳои тағйирёбандаи миёна зиёд мешаванд.

Ҳамин тавр, дар ҳолати ивазшавии бевоситаи боздеҳи камшаванда, хароҷотҳои тағйирёбандаи миёна дар аввал кам мешаванд, баъдан ба ҳадди ақал мерасанд, ки ба ҳадди аксари маҳсулоти миёнаи омили тағйирёбанда мувофиқат мекунад, ба зиёдшавӣ оғоз мекунанд.

Агар барои истеҳсолот боздеҳи доимӣ хос бошад, он гоҳ дар ин ҳолат хароҷотҳои тағйирёбандаи миёна тағйир намеёбанд.

Хароҷотҳои умумии миёна (АТС). Хароҷотҳои умумии миёна хароҷотҳои омилҳои тағйирёбанда ва доимии истеҳсолотро тавсиф мекунад, ки бо он воҳиди маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Хароҷоти умумии миёна бо воситаи нисбияти хароҷотҳои умумӣ ба ҳаҷми маҳсулоти умумӣ муайян карда мешавад:

Азбаски ТС=FC+VC мебошад, бинобар ҳамин:

Ҳаҷми хароҷоти умумии миёна барои соҳибкор аҳамияти хосаро дорад, зеро бо воситаи муқоиса намудани он бон архи воҳиди маҳсулоти истеҳсол мешуда, ӯ метавонад фоидаи худро аз ҳар як воҳиди маҳсулоти истеҳсолшуда муайян намояд.

Дар тағйирёбии хароҷоти умумии миёна хусусиятҳои тағйирёбии ҳам хароҷотҳои доимии миёна ва ҳам хароҷотҳои тағйирёбандаи миёна ифода меёбанд. Ин хусусият бо он дарк карда мешавад, ки хароҷотҳои умумии миёна бо худ ҷамъи хароҷотҳои миёнаи доимӣ ва хароҷотҳои тағйирёбандаи миёнаро дар бар мегирад (ATC=AFC+AVC). Агар тағйирёбии хароҷоти умумии миёнаро ба таври графикӣ тасвир кунем, он гоҳ мебинем, ки графики АТС ба монанди графики AVC дар аввал кам мешавад ва баъдан зиёд мешавад, яъне каҷхаттаи АТС шакли параболаро дорад. Бо баробари ин ҳангоми афзоишёбии ҳаҷми истеҳсолот каҷхаттаи АТС бо каҷхаттаи AVC наздик мешавад, чунки бо баробари афзоиши ҳаҷми истеҳсолот AFC кам шуда, масоҳати байни ATC ва AVC хурдтар мешавад.

Бояд қайд намуд, ки андозаи ҳадди ақали хароҷотҳои умумии миёна ба ҳаҷми зиёди истеҳсолот мувофиқ буда, набалки барои андозаи ҳадди ақали хароҷотҳои тағйирёбандаи миёна мувофиқат мекунад. Ин ҳолат бо чунин гуфтаҳо маънидод карда мешавад: дар аввал афзоиши хароҷотҳои тағйирёбандаи миёна бо пастшавии хароҷотҳои доимии миёна рӯйпӯш мешаванд, дар натиҷа хароҷотҳои умумии миёна пастшавиро давом мекунанд. Лекин дар ҳолати афзоишёбии минбаъдаи истеҳсолот зиёдшавии хароҷотҳои тағйирёбандаи миёна пастшавии хароҷотҳои тағйирёбандаи миёнаро боз медорад, бинобар ҳамин хароҷотҳои умумии тағйирёбанда ба зиёдшавӣ оғоз мекунанд.

Хароҷотҳои интиҳоӣ (МС). Хароҷотҳои интиҳоӣ бо худ тағйирёбии хароҷотҳои умумиро дар назар доранд, ки бо истеҳсоли воҳиди иловагии маҳсулот алоқаманд аст.

ки дар ин ҷо: ∆ – афзоиш.

Азбаски андозаи хароҷотҳои доимӣ тағйирнопазир аст, хароҷотҳои интиҳоӣ аз рӯи формулаи зерин ҳисоб шуданашон мумкин аст:

Ҳамин тавр, хароҷотҳои интиҳоӣ суръати афзоиши хароҷотҳои тағйирёбандаро ҳангоми афзоишёбии ҳаҷми истеҳсолот тавсиф мекунанд.

Барои соҳибкор нишондиҳандаи хароҷотҳои интиҳоӣ ҳамчун нишондоди зарурӣ ҳангоми интихоби ҳаҷми фоидаовари истеҳсолот баромад мекунад, зеро хароҷотҳои интиҳоӣ андозаи хароҷотҳоро нишон медиҳад, ки фирма дар ҳолати афзоиш додани истеҳсоли маҳсулот ба як воҳид ба ҷо меорад ва ё баръакс аз кадом ҳаҷми хароҷот ӯ озод мешавад, агар аз истеҳсоли воҳиди маҳсулот даст кашад. Тағйирёбии хароҷотҳои интиҳоӣ бо тағйирёбии боздеҳ аз омили тағйирёбандаи истеҳсолот вобаста аст. Дар ҳолати боздеҳи афзоишёбанда ва афзоиши маҳсулоти интиҳоӣ хароҷотҳои интиҳоӣ паст шуда, ҳангоми боздеҳи камшаванда ва камшавии маҳсулоти интиҳоӣ, хароҷотҳои интиҳоӣ зиёд мешаванд. Ҳамин тавр, ҳангоми тавсири графикӣ каҷхаттаи хароҷотҳои интиҳоӣ дар аввал кам мешавад ва баъдан ба ҳадди аксар мерасанд, ки ба ҳадди аксари маҳсулоти интиҳоӣ мувофиқ аст, сипас ин хароҷотҳо афзоиш меёбанд. Лекин агар барои истеҳсолот боздеҳи доимӣ аз ҳаҷм мувофиқ бошад, он гоҳ хароҷотҳои интиҳоӣ бузургии доимӣ доранд.

Алоқаи хароҷотҳои миёна ва интиҳоӣ. То даме, ки хароҷотҳои истеҳсоли воҳиди иловагии маҳсулот, яъне хароҷотҳои интиҳоӣ аз хароҷотҳои тағйирёбандаи миёнаи воҳиди маҳсулоти пешина хурд аст, афзоиши барориши маҳсулот андозаи хароҷотҳои тағйирёбандаи миёнаро паст мекунад. Агар хароҷотҳои интиҳоӣ аз хароҷотҳои тағйирёбандаи миёнаи маҳсулоти пешина зиёд бошад, он гоҳ хароҷотҳои тағйирёбандаи миёна афзоиш меёбанд. Ҳангоми мушоҳида намудани тавсири графикӣ дидан мумкин аст, ки каҷхаттаи AVC ба нуқтаи бурриш бо каҷхаттаи МС наздик шуда, баъд аз аз он гузаштан афзоиш меёбад, андозаи ҳадди ақали AVC бошад дар нуқтаи бурриш дастрас карда мешавад.

Чунин фикррониҳо вобаста ба хароҷотҳои умумии миёна АТС ба хулосае меоранд, ки каҷхаттаи МС каҷхаттаи АТС –ро дар нуқтаи ба андозаи ҳадди ақали хароҷотҳои умумии миёна мувофиқ буда мебурад.

Ҳаҷми истеҳсолоте, ки ба хароҷотҳои умумии миёнаи ҳадди ақал мувофиқат мекарда, нуқтаи оптимуми технологӣ номида мешавад. Ин нуқта он вақт дастрас мешавад, ки агар таносуби омилҳои истеҳсолоти тағйирёбанда ва доимӣ аз нуқтаи назари техникӣ оптималӣ аст.

3. ХАРОҶОТ ДАР ДАВРАИ ДАРОЗМУДДАТ.

Нисбат ба давраи кӯтоҳмуддат, ки дар давоми он омилҳои истеҳсолоти аз тарафи фирма истифода шаванда ба доимӣ ва тағйирёбанда ҷудо мешаванд, давраи дарозмуддат бо тавсиф карда мешавад, ки масъалаи барориши ин ё он ҳаҷми маҳсулотро фирма метавонад бо воситаи тағйирдиҳии ҳама омилҳои истифодабаранда амалӣ гардонад. Азбаски ҳама омилҳои истеҳсолот тағйирёбанда мешаванд, бинобар ҳамин фирма кӯшиш мекунад, ки ҳаҷми истеҳсолотро бо баробари нигоҳдории хароҷотҳои ҳадди ақали воҳиди маҳсулот васеъ гардонад. Бо баробари ин қайд намудан зарур аст, ки дар давраи дарозмуддат хароҷотҳои доимӣ вуҷуд надошта, хароҷотҳои тағйирёбандаи миёна бошанд ба хароҷотҳои умумии миёна баробаранд. Бинобар ҳамин вобаста ба давраи дарозмуддат танҳо як мафҳум – хароҷотҳои миёна истифода бурда мешавад.

Азбаски дар шароитҳои давраи дарозмуддат ҳама омилҳои истеҳсолот тағйирёбанда, ҳаракатноканд, бинобар ҳамин омили ҳалкунандаи муайян мекардаи рафтори хароҷотҳои умумии миёна дар ин давра, ҳаҷми истеҳсолот мебошад. Фирма барои мутобиқшавӣ ба талаботи бозорӣ метавонад ҳаҷми истеҳсолоти худро бо воситаи тағйирдиҳии мутаносибии ҳама омилҳои истеҳсолоти истифодашаванда тағйир диҳад.

Муқаррарист, ки ҳангоми афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ҳаҷми барориш (мувофиқан хароҷотҳои умумӣ) зиёд мешаванд. Лекин характери афзоишёбии ҳаҷми истеҳсолот метавонад гуногун бошад. Чи хеле ки қайд шуда буд, ҳангоми тағйирёбии ҳаҷми истеҳсолот се ҳолат имконпазир аст:

  1. ҳаҷми истеҳсолот нисбат ба миқдори омилҳои истеҳсолот тезтар афзоиш меёбад;
  2. ҳаҷми истеҳсолот баробар бо миқдори омилҳои истеҳсолот афзоиш меёбад;
  3. ҳаҷми истеҳсолот нисбат ба миқдори омилҳои истеҳсолот сусттар афзоиш меёбад.

Ин фарқият дар таносуби афзоиши барориш ва омилҳои истеҳсолот дар назарияи иқтисодӣ номи самара аз ҳаҷмро гирифтааст.

Самара аз ҳаҷм. Таносуби (коэффитсиенти) тағйирёбии ҳаҷми истеҳсолот ҳангоми тағйирёбии миқдори омилҳои истеҳсолоти истифодашаванда самара аз ҳаҷм номида мешавад.

Самара аз ҳаҷм метавонад мусбӣ бошад, вақте ки ҳаҷми истеҳсолот нисбат ба миқдори омилҳои истеҳсолот тезтар афзоиш ёбад; самараи доимӣ аз ҳаҷм дар назар дорад, ки ҳаҷми истеҳсолот бо дараҷаи баробар бо миқдори омилҳои истеҳсолот зиёд шавад; самараи манфӣ аз ҳаҷм он вақт ба назар мерасад, ки агар ҳаҷми истеҳсолот нисбат ба афзоиши миқдори омилҳои истеҳсолот сустар зиёд шавад.

Самара аз ҳаҷм – ин ҳодисаи давраи дарозмуддат мебошад. Ин ҳодисаро бо қонуни боздеҳи камшаванда ҳаммаъно ҳисобидан хато аст. Қонуни боздеҳи камшаванда ҳодисаи давраи кӯтоҳмуддат мебошад, ки дар он омилҳои истеҳсолоти кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат баҳамтаъсир мерасонанд.

Хароҷотҳои миёнаи дарозмуддат. Дар давраи дарозмуддат фирма имконият дорад, ки таҷҳизоти навро ҷорӣ намояд, истеҳсолотро аз ҳисоби сохтани сехҳои нав васеъ кунад, техникаи навро азхуд кунад, инфрасохтори истеҳсолиро пурра иваз намояд ва ғайра. Бинобар ҳамин ҳангоми васеъшавии фирма тағйирёбии хароҷотҳои умумии миёна ба миён меояд, ки онҳо дар аввал аз ҳисоби самара аз ҳаҷм кам мешаванд ва баъдан дар натиҷаи пастшавии самара аз ҳаҷм хароҷотҳо ба сатҳи ҳадди ақали худ мерасанд (АТС). Дар ҳолати тавсири графикӣ дидан мумкин аст, ки чунин каҷхаттаҳо ба миқдори ҳаҷмҳои истеҳсолоти тадқиқшаванда баробаранд. Ин ҳаҷмҳои истеҳсолотро иваз намуда, фирма аз як каҷхаттаи хароҷотҳои миёнаи давраи кӯтоҳмуддат ба дигараш мегузарад. Нуқтаҳои ҳадди ақали ин каҷхаттаҳои хароҷотҳои умумиро дар давраи кӯтоҳмуддат алоқаманд карда, хароҷотҳои умумии миёнаи давраи дарозмуддатро ҳосил кардан мумкин аст (LATC).

Сарфа ва носарфагӣ аз ҳаҷми истеҳсолот. Ҳангоми мавҷудияти самараи мусбӣ аз ҳаҷми истеҳсолот оид ба сарфа аз ҳаҷми истеҳсолот гуфта, ҳангоми мавҷуд набудани самара ва ё мавҷудияти боздеҳи доимӣ аз омилҳои истеҳсолот оиди самараи доимӣ аз ҳаҷми истеҳсолот сухан меронанд. Дар ҳолати самарии баръакс аз ҳаҷми истеҳсолот оид ба мавҷудияти носарфагӣ сухан меронанд.

Омилҳои сарфа ва носарфагӣ аз ҳаҷмҳои истеҳсолот. Омилҳои сарфакорӣ – махсусгардонии омилҳои истеҳсолот, ҷараёнҳои технологӣ, истифодабарии комплексии ашё, масолеҳ ва бартарафкунии партовҳо. Омилҳои носарфакорӣ аз ҳаҷм – омилҳои самараи мусбӣ аз ҳаҷм дар ҳолати аз ҳад зиёд намудани онҳо бар муқобили худ меистанд, яъне омилҳои носарфакорӣ аз ҳаҷм мешаванд.

Ҳаҷми оптималии корхонаҳо. Нишондоди самаранокии ҳаҷмҳои корхонаҳо, ҳаҷми оптималии онҳо (ва ё то ҳадди ақал самаранок) ба ҳисоб меравад. Ҳаҷми оптималии корхона – ин ҳаҷми корхона, ки хароҷотҳои миёнаи дарозмуддати ҳадди ақалро таъмин менамоянд.

4. НАЗАРИЯИ ХАРОҶОТ.

Хароҷотҳоро классикони иқтисоди сиёсӣ низ тадқиқ карда буданд. А. Смит мафҳӯми хароҷотҳои мутлақро ворид намуд. Д. Рикардо – муаллифи назарияи хароҷотҳои муқоисавӣ. Зери мафҳуми «хароҷот» онҳо хароҷоти миёнаи ҷамъиятиро барои воҳиди маҳсулот дарк мекарданд.

Дар назарияи иқтисодӣ ду консепсияи хароҷотҳо пешкаш шудаанд: марксистӣ ва неоклассикӣ.

К. Маркс ба таҳлили хароҷотҳои истеҳсолот дар иқтисоди бозорӣ диққати калон зоҳир мекард. Лекин хароҷотҳои истеҳсолотро К. Маркс асосан аз мавқеъи таъсисёбии арзиши изофа ва фоида мушоҳида мекард. К. Маркс характери духелагии хароҷотҳои истеҳсолотро дар шароити капитализм асоснок мекунад. Ӯ хароҷотҳои капиталистии истеҳсоли мол ва хароҷоти меҳнати зарурии ҷамъиятиро барои истеҳсолотро ҷудо мекард. Мувофиқи консепсияи марксистӣ, хароҷотҳои истеҳсолот – ин арзиши моле, ки ба капиталист таалуқ дорад, махсусан ҷамъи хароҷотҳо барои дастрас намудани воситаҳои истеҳсолот ва қувваи корӣ (капитали доимӣ ва тағйирёбанда), яъне ин хароҷотҳои моддии истеҳсолӣ ва хароҷотҳо барои музди меҳнат. Аз байни хароҷотҳои махсуси капиталистӣ, Маркс хароҷотҳои аслии истеҳсолотро ҷудо мекунад, ки ба арзиши пурраи мол, яъне C+V+m баробар аст. Хароҷотҳои аслии истеҳсолот бо худ хароҷотҳои ҷамъиятиро ифода мекунанд, яъне арзиши молро аз нуқтаи назари ҷамъият.

Хароҷотҳои ҳақиқӣ ва ё ҷамъиятии истеҳсолот аз хароҷоти капиталист ба андозаи арзиши иловашуда m зиёд аст. «Маркс менависад, ки арзиши мол барои капиталист ва арзиши худи истеҳсолот бузургиҳои гуногунанд… Арзиши мол барои капиталист бо хароҷотҳои капитал чен карда шуда, арзиши ҳақиқи бошад бо хароҷоти меҳнат чен карда мешавад».

Дар характери духелагии хароҷоти истеҳсолӣ К.Маркс мавҷудияти зиддияти аслиро байни меҳнат ва капитал мушоҳида мекунад. Ин ҳолат ба К. Маркс барои исбот намудани сарчашмаи арзиши изофа танҳо меҳнати зинда мебошад, зарур буд. Фоида капиталист бошад – ин нисбияти арзиши изофа ба тамоми капитали пешпардохт мебошад.

Дар асоси консепсияи муосири хароҷотҳои истеҳсолот назарияи неоклассикӣ хобидааст, ки асоси фундаменталии онро ақидаҳои назариячиёни фоиданокии интиҳоӣ, яъне маржиналистон ташкил мекунанд. Дар маржиналистон хароҷотҳои истеҳсолот ҳамчун ҳодисаи психологӣ муайян карда мешавад, ки дар фоиданокии интиҳоӣ асос гирифтааст. Мувофиқи акидаи маржиналистон, нархи омилҳои истеҳсолоти аз тарафи фирма пардохт карда мешуда бо фоиданокии интиҳоӣ муайян карда мешавад, ки он аз нуқтаи назари фурӯшанда муайян карда мешавад. Мафҳӯми хароҷот дар назарияи иқтисодии маржинализм ба корхонаи алоҳида таалуқ дорад, ки хароҷот ва даромади он ҳамчун функсия аз ҳаҷми истеҳсолот мушоҳида карда мешаванд.

Назариячии австрягӣ Ф. Визер назарияи субъективии хароҷотҳои имкониятҳои алтернативиро коркард намуд, ки мувофиқӣ он хароҷотҳои ҳақиқии моли додашуда ба фоиданокии интиҳоии болоии он неъматҳо баробар аст, ки ҷамъият метавонист дар шароити истифодабарии дигаргуни захираҳои истеҳсолӣ ба даст оварад.

Консепсияҳои неоклассикӣ хароҷоти истеҳсолотро ҳамчун ҷамъи харҷҳо (доимӣ ва тағйирёбанда) барои дастрас намудани омилҳои истеҳсолот мушоҳида мекунад.

Дар даҳсолаҳои охир назарияи хароҷотҳои трансаксионӣ васеъ паҳн гардид, ки аз тарафи намояндагони неоинститутсионализм коркард шудааст. Ба хароҷотҳои трансаксионӣ асосан хароҷотҳои муомилотро дохил мекунаж, яъне хароҷотҳои барои фурӯши мол (реклама, нигоҳдории бозорҳо ва ғайраҳо).

Ҳамин тавр, чунин мавқеъҳои асосии назарияи муосири хароҷотҳои истеҳсолотро ҷудо намудан мумкин аст:

  1. назарияи муосири хароҷотҳо аз он бармеояд, ки барои соҳибкор ба даст овардани даромад барои ҳама хароҷотҳо новобаста аз он ки аз кадом ҳисоб онҳо ба миён меояд, гирифтани дарома зарур аст;
  2. назарияи муосири хароҷот вобаста аз манфиатҳои соҳибкор ҷудо намудани хароҷотҳоро ба хароҷотҳои истеҳсолӣ ва муомилот ба фарқияти мавҷуд будаи байни онҳо нигоҳ накарда ба эътибор намегирад;
  3. назарияи муосири хароҷот даромади (фоидаи) соҳибкорро, ҳамчун пардохти меҳнати соҳибкор шуморида ба хароҷотҳои истеҳсолот дохил мекунад;
  4. назарияи муосири хароҷти истеҳсолот аз камёфтии захираҳои истифодашаванда ва имкониятҳои истифодабарии алтернативии онҳо бар меояд.

Таркиби мафҳуми «нархи истеҳсолот» дар назарияи марксистӣ ва хароҷотҳои «иқтисодии» неоклассикон. Дар назарияи иқтисодии марксистӣ ҳолате тасдиқ карда мешавад, ки мувофиқи он дар шароитҳои истеҳсолоти капиталистӣ дар натиҷаи рақобати байнисоҳавӣ нархи истеҳсолот таъсис меёбад, ки аз хароҷоти истеҳсолот ва меъёри миёнаи фоида иборат аст. Дар натиҷаи ҳаракати капитал аз як намуди истеҳсолот ба дигараш, ҳар як капитал фоидаи ба андозаи худ баробарро дастрас мекунад. Пастшавии меъёри фоида аз андозаи миёнаи он ба ҷоришавии капитал аз соҳа оварда мерасонад. Зиёдшавии фоида аз сатҳи миёна ба даст овардани фоидаи барзиёдиро дар назар дошта, капиталро ба соҳа ҷалб мекунад. Он чизе, ки дар назарияи марксистӣ фоидаи барзиёдӣ номида шудааст, дар адабиёти муосири иқтисодӣ ба таври гуногун номгузорӣ карда мешавад. Фоидаи аз сатҳи муқаррарӣ зиёд фоидаи иқтисодӣ ва ё фоидаи барзиёдӣ, ё ин ки барзиёдии истеҳсолот ва ё ба таври одди фоида номида шаданаш мумкин аст.

Мавқеъи аз назарияи марксистӣ фарқкунандае, ки дар назарияи иқтисодии муосир паҳн гардидааст, дар он аст, ки хароҷотҳои истеҳсолот, хароҷотҳои айён, ноайён ва фоидаи муқаррариро дар бар мегирад.

test

Добавить комментарий