Бозори сармоя ва Фоизи қарз

Барои он ки ин ё он фирма (корхона) фаъолияти сохибкории худро оғоз намояд, лозим аст, ки тамоми ресурсхо (манобеъ) дар якҷоягӣ мавҷуд бошанд: сармоя, мехнат, замин ва кобилияти сохибкорӣ. Саволе пайдо мешавад аз куҷо инхоро фирма пайдо мекунад.

Ҷавоби ин савол хеле осон менамояд. ҳамаи ин дар бозори истеҳсолии ресурсҳо харида мешаванд. Ин гуна бозорҳо дар ҳаёти мамлакат мақоми махсус доранд ва оиди ин масъалаҳо фикру андешахои мухталиф ба вуҷуд меоянд. Барои фахмидани ин масъалахо ва аҳамияти онхо, ҳоло масъалахои амалкунии бозорҳо ва пеш аз ҳама бозори сармояро дида мебароем.

Сармоя ва фоиз. Сармоя яке аз унсурҳои боигарии ҷамъиятӣ мебошад. Сармоя дар маънои васеъ ин ресурсе мебошад, ки бо мақсади миқдори зиёди неъматҳои иқтисодиро тавлид намудан истифода бурда мешавад. Ба даст даровардани мол ва хизматрасониҳо дар оянда, дар раванди истеҳсолот, мавҷудияти захираҳои муайяни мӯхлати истифодабариашон дароз, яъне сармояро тақозо менамояд. Сармоя аз замин бо он фарк мекунад, ки қобиляти такрористеҳсолро дорад, холо он ки фонди замин андозаи тағйирнаёбанда буда, афзун ёфта наметавонад.

Қимати кунунии сармоя аз он вобаста аст, ки сармоя дар оянда чӣ истеҳсол менамояд. Барои ба даст овардани даромад сохиби сармоя бояд аз истеъмоли ҷорӣ даст кашад, агар ба подош ё мукофот дар оянда интизорӣ кашад.

Агар хамин амалиёт такрор шудан гирад, пас бояд қайд кард, ки раванди (поток) даромади оянда барои захираи имрӯза ҳавасмандиро ба вуҷуд меорад. Барои он ки чунин захира ба вуҷуд ояд, дар навбати худ, раванди (потоки) пасандоз (сбережений) лозим аст. Омили вакт, яъне муқоисаи гузашта бо хозира, хозира бо оянда, дар тахлили сармоя ахамияти аввалиндараҷа пайдо мекунад.

Даромад аз сармоя дар он ҳолате тавлид мешавад, ки агар соҳиби сармоя онро барои истифодаи истехсоли ба сохибкор дихад ё ин ки худ сохибкорӣ намояд. Дар ин холат сармояе, ки ба мӯҳлати муайяни вакт қарз дода шудааст, бояд ба соҳиби худ бо даромад баргардад, яъне аз пештара зиёд шавад.

Ин афзоиш, ки ба соҳиби сармоя баргардонда мешавад, фоиз, номида мешавад.

Фоизи қарз-ин нархест, ки барои истифодаи сармоя ба соҳиби сармоя дар муддати муайяни вақт пардохт карда мешавад. Дар вакти таҳлил асосан сармояро дар шакли пулӣ дида мебароянд, дар назар дошта мешавад, ки бо ин пул сармояи ҷисмонӣ харида мешавад.

Сармоя доимо бояд дар гардиш бошад, танхо дар хамин гуна шароит воситахо сармоя шуда метавонанд. Ҳар як сохиби сармоя даромад мегирад, ки дар шакли фоиз зохир мегардад.

Таҷриба нишон медихад, ки сохиби арзишхои муайян баъзан наметавонад ё ин ки намехохад, ки ба такрористехсоли фоида машгул шавад. Бинобарин арзишхои озоди худро ба ихтиёри дигар сохибкор пешкаш менамоянд, яъне онхоро барои карз медиҳанд. Албатта хамту карз надода, балки бо шартхои муайян ин арзишхоро ба дигар кас медиҳанд. Ин шартҳо чунинанд: баргардондани он, бо фоизи муайян пардохт намудани он, ба мӯҳлати муайян, яъне баргардонидани он мувофики вакти дар шартнома нишон додашуда. Ин сармоя қарзӣ номида мешавад ва харакати он карз ном гирифтааст

Манбаъҳои асосии сармоя инҳоянд:

а) Фонди истеҳлок, ки дар ҳисоби корхона ғун мешавад, яъне воситаҳои барои баркароркунии сармояи асосӣ равонашуда;

б) Воситаҳои муваққатан озод, ки байни воридшавии воситаҳо ва фурӯши молҳою пардохти музди кор ба вуҷуд меоянд;

в) Қисми сармояи гардишии дар ҷараёни истеҳсолот банд набуда;

г) Андӯхти пулии давлат, ки муваққатан ба корхонаҳо барои ҳамин масъалаҳои бавуҷудомада дода мешаванд;

д) Даромадхо ва амонатҳои аҳолӣ, ки дар ҳисобҳои онхо дар банкҳо нигоҳ дошта мешаванд;

Нархи (яъне фоизи) сармояи қарзӣ бо таносуби тақозо ва арза ба танзим дароварда мешавад ва бо меъёри фоиз зоҳир мегардад.

Маблағгузорӣ гуфта хароҷотҳоро барои харидани неъматҳои сармоя (хонаҳо, заводҳо, дастгоҳҳо) ё ки афзудани захираҳоро (ашёи хом, неъматхои истеъмолиро дар мағозаҳо ва гайраро) дар муддати муайяни вақт меноманд.

Маблағгузории воқеӣ ва дар дороиҳои молиявӣ сармоягузориҳоро бояд аз ҳамдигар фарқ намуд. Маблағгузори воқеии бевосита маблағгузорие мебошад, ки дар истеҳсолот гузошта мешавад (хона, дастгох, завод ва ғайрахо). Маблағгузорӣ дар дороиҳои молиявӣ гузошташуда бошад, ин харидани когазхои киматнок, ки дар банк гузошта шуданд, мебошад. Маблағгузорӣ аз тарафи шахсони алоҳида, фирмахои хусусӣ ва давлатӣ гузошта мешавад.

Маблағгузорӣ ин раванди истеҳсол ё ин ки пурра кардани чараёни сармояро менамоянд. Раванди маблағгузорӣ гуфта, воридшавии сармояи навро дар соли мазкур меноманд. Маблағгузории умумӣ ва софро аз ҳамдигар фарқ менамоянд. Маблағгузории умумӣ ин афзуншавии умумии ҷараёни сармоя мебошад. Маблаггузорихои умумӣ бо хароҷотҳои барои барқароркунии онхо зарур муқоиса карда мешаванд. Барқароркунӣ ин раванди ивазнамоии сармояи асосии фарсуда шуда мебошад. Маблаггузорихои соф бошад, ин маблаггузорихо умумие, ки аз онхо воситахои барои барқароркунӣ тарҳ шудаанд, номида мешаванд.

Маблағгузории умумӣ – Барқароркунӣ = Маблағгузории соф. Агар маблағгузории умумӣ аз баркароркунӣ зиёд бошад, пас мабалағгузории соф мусбӣ мебошад. Ин маънои онро дорад, ки афзоиши ҷараёни сармоя ҷой дорад, истеҳсолот васеъ мешавад. Агар маблағгузории умуми аз баркароркунӣ кам бошад, он гох маблағгузории соф манфӣ мебошад. Агар маблағгузории умумӣ ва барқароркунӣ баробар бошанд, пас ҷараёни сармоя дар сатҳи пешина қарор дорад, идомаи истехсолот дар ҳаҷми пештар ҷой дорад, яъне такрористеҳсолии оддӣ дида мешавад.

Маблағгузориҳои кӯтоҳмуддат. Барои ҳалли масъалаи самаранокии маблағгузорӣ муқоисаи хароҷотҳои ин ё он лоиҳаи амалигашта ба даромадҳое, ки дар натиҷаи он гирифта мешаванд, зарур аст. Дар сурати истифодаи воситаҳои қарзӣ зарур аст, ки меъёри дохилии талофият (окупаемость) (٧) ва фоизи қарз (ί) муқоиса карда шаванд. Талафоти софи интихоии маблағгузорӣ ин фарқи байни талафоти дохилии интихои маблагғузорӣ ва меъёри фоизи карзро (٧-ί) ташкил медихад. Фоида аз маблағгузорӣ баланд (максималӣ) мегардад, агар z=i бошад. Инро дар ҷадвали№1 дида мебароем.

Бузургӣ ва боздеҳи маблағгузории муддаташ 1сол.

Ҷадвали №1

Микдор. литрҳои вино Маблағ

гузориҳои умумӣ (арзиши вино бо долл.)

Маблағгузо

риҳои интихоӣ (долл.)

Фоизи интихоӣ % аз сармоя

(долл.)

Хароҷотҳои интихоии нигохдорӣ (долл.) Хароҷотҳои интихои истехсолӣ

(долл.)

Даромади

интихоӣ аз маблағгузорӣ (долл.)

Фоидаи интихоӣ (долл.)
200 1000 1000 100 50 1150 1200 50
400 2000 1000 100 75 1175 1200 25
600 3000 1000 100 100 1200 1200 0
800 4000 1000 100 120 1225 1200 -25
1000 5000 1000 100 150 1250 1200 -50

Фарз кардем, ки фирма (корхона) ба нигоҳдории вино (май) машгул аст. Дар ҳолати зиёдшавии ҳаҷми нигоҳдорӣ хароҷотҳои интиҳоӣ ба 25 доллар ба ҳар як 200 литри май зиёд мешавад. Маблағгузории умумӣ барои хариди май дар ҳолати зиёдшавии ҳаҷми нигоҳдории он ба 1000 доллар ба хар як 200 литри май зиёд мешавад. Меъёри фоиз ба 10 % баробар аст. Агар даромади интиҳоӣ аз маблағгузорӣ якхела ва ба 1200 доллар баробар бошад, пас хароҷотҳои интихоии нигохдории 200 литр май 1150 долларро ташкил дода, фоидаи интихоӣ 50 долларро (1200-1150=50) ташкил медихад. Хароҷотҳои интихоии 400 литр мувофиқан 1175 доллар ва 25 долларро ташкил медиханд. Фоида ҳамон вақт баланд мешавад, ки МR=MC бошад, яъне дар ҳолати нигоҳдории 600 литр май.

Агар дар оси абстсисса микдори литри май ва дар оси координат хароҷотҳои интиҳоӣ ва даромади интиҳоиро ҷойгир намоем, он гох даромади интиҳоӣ ба оси абстсисс параллел шуда ба 1200 доллар баробар мешавад. (Ниг. ба расми . 1)

Расми . 1 Маблаггузории кӯтоҳмуддат: муайян намудани хаҷми оптималӣ.

Хароҷотҳои интихоӣ бо афзоиши ҳаҷми нигоҳдорӣ афзун мешаванд, бинобарин каҷхатта майли манфӣ дорад. Дар нуқтаи боҳамрассии каҷхаттаи хароҷотҳои интиҳоӣ ва хатти даромади интиҳоӣ ҳаҷми оптималии нигоҳдории май муайян карда мешавад, ки дар мисоли додашуда ба 600 литр май баробар аст.

Муқоисаи меъёри дохилии талофият (баровардани хароҷот) бо меъёри фоиз дар ҷадвали 2 оварда шудааст.

Ҷадвали 2.

Меъёри интихоии талофияти маблағгузорӣ ба мӯҳлати 1 сол.

Микдори

май (л)

Меъёри интиҳоии талофият, % Меъёри фоизи карз, % Талофияти софи интихоии маблағгузорӣ, %
200 15 10 5,0
400 12,5 10 2,5
600 10 10 0
800 7,5 10 -2,5
1000 5 10 -5,0

Аз ҷадвали 2 мушоҳида карда мешавад, ки бо афзоиши миқдори май меъёри талофият аз 15 то 5 % паст мешавад. Фоида аз маблағгузорӣ дар холати √ ═ ί будан, яъне дар ҳолати нигоҳ доштани 600 литр май афзун мешавад ва ба нуқтаи максималӣ мерасад. Инро ба таври графикӣ чунин тасвир кардан мумкин аст (Расми 7)

Расми 7. Динамикаи меъёри интихоии талофият ва меъёри фоизи карз.

Дар оси абстсисса миқдори май, дар оси ординат бошад меъёри интиҳоии талофияти маблағгузорӣ ва меъёри фоизро ҷойгир мекунем. Меъёри фоизи қарз доимӣ ва ба 10% баробар аст, бинобарин хатти ростеро мемонад, ки ба оси абстсиса параллел мебошад. Меъёри интиҳоии талофият баръакси фоиз аз микдори майи нигоҳдошташуда вобаста буда, бо афзоиши ҳаҷми истеҳсолот паст мешавад. Ин нишондиханда такозо ба маблағгузориро муайян месозад. Маблағгузорӣ он ҳолат фоидаовар аст, ки агар √ ≥ ί бошад. Фоида дар нуқтае баланд мебошад, ки агар фирма 600 литр майро нигоҳ дорад. Дар график (Расми 7) он ҳолат мушоҳида мешавад, ки агар ҳар чӣ меъёри фоизи бозорӣ баланд бошад, ба ҳамон миқдори ками воситаҳои қарзи тақозо вуҷуд дорад. Баръакс, паст шудани меъёри фоиз ба васеъ намудани тақозои маблағгузорӣ мусоидат мекунад.

Мабалағгузории дарозмуддат. Бисёр вакт маблағгузориҳо хислати дарозмуддат доранд. Ин пеш аз ҳама ба мабалғгузорӣ ба сармоя тааллуқ дорад.

Мӯҳлати хизматрасонии муфиди сармояи асосӣ ин даврае мебошад, ки дар ин муддат сармояи гузошташуда барои истеҳсоли васеъ ба фирма даромад меорад (ё ин ки хароҷоти онро паст мекунад).

Барои ҳисобӣ намудани фоида аз мабалғгузории дарозмуддат фирма бояд, ки якӯм, мӯҳлати хизматрасонии сармояи асосиро муайян созад, дуюм даромадҳои иловагии худро аз истифодаи фондҳои асосӣ ҳисобу китоб намояд.

Фарз кардем, ки J-арзиши интиҳоии маблағгузорӣ, R1 –ҳиссаи интихоии маблағгузорӣ дар афзоиши даромад (ё ки кам кардани хароҷот) дар мӯхлати j-соли хизматрасони. Он гоҳ талофияти интихоии сармоягузорӣ барои соли якӯмро бо чунин формула ҳисоб кардан мумкин аст.

J(1+ z) = R1

Фарз кардем, ки арзиши интиҳоии сармоягузорӣ ба 100 млн.сомонӣ меъёри дохилии талофият – 40% бошад, он гоҳ ҳиссаи интиҳоии маблағгузорӣ дар афзоиши даромади соли якӯм чунин муайян карда мешавад.

J (1+ z) =100 (1+0,4) =140 млн.сомонӣ

Агар меъёри фоизи қарз ба 10% баробар бошад, пас талофияти соф чунин муайян карда мешавад. z-ί = 40-10=30%

Мувофикан барои соли дуюм чунин намудро мегирад.

J (1+ z) (1+ z)= R2

Дар мисоли мо 100 (1+0,4)2 =196 млн. сомонӣ. Аз ин рӯ арзиши маблағгузории яксола чунин муайян карда мешавад.

,

дусола бошад, мувофикан

,

Барои n-сол арзиши сармояи харидашуда чунин мешавад.

,

Арзаи пасандоз. Шахсони пасандозкунанда истеъмоли ҷории худро бо оянда мукоиса менамоянд. Дар расми 8 каҷхаттаҳои бефарк барои хозира ва оянда тасвир ёфтаанд.

Истеъмолкунандаи оддӣ афзалнокии муввақатии мусбӣ дорад. Ин маънои онро дорад, ки рад намудани 1 доллар дар ҳозира ба вай аз як доллар зиёдтар дар оянда меорад. Фарз кардем, ки даромади фард 100 ҳазор долларро дар як сол ташкил медихад. Агар хамаи ин маблагро (100 хазор долларро) дар соли ҷорӣ истеъмол намояд, он гоҳ пасандози ин фард ба 0 баробар мешавад. Дар график (Расми 8) ин бо нуқтаи К ишора шудааст. Фарз кардем, ки ин фард оиди пасандоз намудани ин пул барои «рӯзи сиёҳ» қарор кард. Фарз кардем, ки бузургии ин пасандоз бо мақсади истеъмоли оянда ба 10 ҳазор доллари даромади ҷорӣ баробар аст. Чунин қарори масъулиятнокро танҳо ҳамон вакт қабул менамояд, ки агар ин 10 ҳазор доллар ба ӯ дар оянда имконоти истеъмоли 11,5 ҳазор долларро, яъне аз пештара зиёдро диҳад. Ин лаҳза дар график нуктаи h мебошад. Рад намудани 10 ҳазор доллари дигар чун қоида мушкил мешавад ва бояд аз подоши калон ҷуброн карда шавад. Бинобарин каҷхаттаҳои бефарқ ба мавқеи вертикалӣ наздик мешавад. Кунҷи калони хамшуда барои каҷхаттаи бефарки он фардҳое хос мебошад, ки подоши харчи зудро мехоҳанд.

Меъёри интиҳоии афзалияти муваққатӣ (marqίnal rate of time preferenсe)-ин арзиши иловагии истеъмоли оянда мебошад, ки барои ҷуброни рад намудан аз воҳиди истеъмоли ҷорӣ басанда (кифоякунанда) ба шарте, ки некӯаҳволии умумии фард тағир наёбад лозим аст.

Барои буриши Кh MRTP = ∆С2 \∆С1 = 11,5 \10 =1,15

Барои буриши МΝ MRTP = 30 \10 =3

Дар ин ҷо MRTP-меъёри интиҳоии афзалияти муваққатӣ.

∆С2 –ҳаҷми истеъмол дар соли оянда, барои он ки истеъмолкунанда дар истеъмоли ∆С2 дар соли ҷории худро ба канор гирад.

Афзалнокии байнивақтӣ ба мабалғгузории ҳам сармояи ҷисмонӣ ва ҳам сармояи инсонӣ тааллук дорад. Дар хар ду сурат одамон истеъмоли ҷориро бо нияти дар оянда зиёд намудани он кам менамоянд.

Махдудияти буҷетии байнивактӣ. Имконияти маҳдуднамоии истеъмоли ҷорӣ ба фоидаи оянда беҳудуд шуда наметавонад. Пасандоз ҳамчун фарқи ҳосили ҷамъи даромадҳо ва истеъмоли ҷорӣ муайян карда мешавад.

S=J-С1

Дар ин ҷо: S -пасандоз

J-даромад

С1-истеъмоли ҷорӣ

Маҳдудияти буҷети байнивактӣ имконоти гузаштан аз истеъмоли ҷорӣ ба ояндаро нишон медихад. Хатти хами АВ махдудияти буҷети байнивактӣ (Ниг. ба расми 9) ба (1+ί) баробар аст. Кунҷи хамшуда аз меъёри фоизи қарз вобаста мебошад. Ҳар чи ин меъёр баланд бошад, ҳамон қадар ин хамӣ танг мешавад.

Мувозинати байнивактӣ. Нуқтае, ки каҷхаттаи афзалиятнокии муваққатӣ бо маҳдудияти буҷетии байнивақтӣ мерасанд, мувозинати байнивақтиро мефаҳмонад. Дар нуқтаи мувозинати хамии афзалиятнокии муввақатӣ ба ҳамии маҳдудияти буҷети байнивақтӣ баробар аст (Ниг. ба расми 9)

MRTP= – (1+ ί)

Нуктаи Е дар расми 9 мувозинати байнивақтиро нишон медиҳад. Наздикии ин нуқта ба нуқтаи А ё ки В аз даромади ба пасандоз ва андозаи фоиз майлкунанда вобаста аст.

Расми 9. Махдудияти буҷети давлатӣ ва мувозинати байнивақтӣ.

Афзоиши меъёри фоизи қарз дар гардиши маҳдудияти буҷети муввақатӣ мисли ақрабаки соат ифода меёбад (Ниг.ба расми 10).

Расми . 10 Тағйирёбии мувозинати байнивақти бо афзоиши фоизи қарз.

Зиёдшавии меъёри фоиз аз 15 то 20 боиси афзоиши пасандоз аз 20 то 30 ҳазор доллар гардидааст (Ниг. ба расми 11). Дар ин ҳолат истеъмоли ояндаи даромади ҷори 23 ҳазор долл. (20 х 1,15) то 36 ҳазор долл. афзуд.

Расми .11. Меъёри фоизи қарз ва арзаи пасандоз.

Ин нишон медиҳад, ки тавассути баландшавии меъёри фоиз гирифтани доллари истеъмоли оянда аз ҳисоби долларҳои ҷорӣ арзон шуд. Табиист, ки ин барои андӯхт касро водор мекунад.

Меъёри фоизи қарз ҳамчун нисбати даромади солона ба бузургии қарзи додашуда муайян карда мешавад. Бо формулаи зерин ифода карда мешавад.

Дар ин ҷо: t-меъёри фоизи қарз; Rа- даромади солона; К-маҷмӯи қарзи додашуда.

Ба андозаи меъёри фоизи қарз чунин омилҳо таъсир мерасонанд.

  1. Таваккалкорӣ, яъне хавфи қарздиҳанда оиди имконияти баргардондани қарз.

2) Андозаи қарз, аз он сабаб ки дар татбики хар кадом қарзи додашуда хароҷотхои якхелаи маъмурӣ-идоравӣ сарф мешавад, дар ҳолати кам будани қарз меъёри он меафзояд.

3) Андозбандӣ. Қарздиҳанда дар таркиби фоизи қарз андоз аз даромадро ба даромади худ илова менамояд.

4) Муддати карз. Ҳар чӣ ба муддати зиёд қарз пешниҳод карда шавад, ҳамон қадар имкониятҳои аз дастдодаи қарздиҳанда зиёд мешаванд. Ҳар чӣ муддати додани қарз зиёд бошад, он гоҳ ҳамон қадар имконияти барнагардондани он зиёд мешавад. Аз ин рӯ қарздиҳанда ин омилҳоро тавассути фоизи қарз ҷуброн менамояд.

Меъёри фоиз ду намуд мешавад.

1. Меъёри фоизи номиналӣ (исмӣ). Ин меъёр бо вохиди пулӣ (рубл, доллар, сомонӣ) ба курси ҷорӣ, яъне бе ислоҳи таваррум (беқурбшавии пул) ифода меёбад. Меъёри фоизи номиналӣ (исмӣ) нишон медиҳад, ки маҷмӯи қарзи баргардондашуда аз қарзи гирифташуда чӣ кадар зиёд аст.

2. Меъёри фоизи воқеъӣ бо воҳидҳои пулӣ (рубл, доллар, сомонӣ ва ғайраҳо), бо ислоҳи таваррум (беқурбшавӣ) ифода меёбад ва ба меъёри фоизи номиналии афзуда (камшуда) бо ба инобат гирифтани таваррум баробар аст.

Дида баромадани мафҳумҳои меъёрҳои фоизҳои номиналӣ ва воқеӣ барои муайян намудани ҳаракати сармояи қарзи дисконтинамоӣ (дисконтирование) аҳамияти калон дорад.

Дисконтинамоӣ – ин муайян намудани арзиши ресурсҳо (манобеъҳо) дар аввал ва охири карздиҳӣ ва овардани онҳо ба як махраҷи умумӣ мебошад. Ин барои ба инобат гирифтани беқурбшавӣ ба қарздиҳанда хеле зарур мебошад.

Дар таҷрибаи соҳибкор ҳама вақт саволе ба миён меояд, ки фоизҳои пулиро ба куҷо гузоранд: барои харидани облигатсияҳо, сертификатхои депозитӣ, ё ки таҷҳизоти муайяне харад, ки дар раванди кор даромади ба ӯ зарурро дихад. Барои ҳамин ҳам аз нуқтаи назари имкониятҳои аз дастдода бояд боздеҳи потенсиалии сармоя (масалан, дастгоҳ) баҳо дода шавад. Дар навбати худ ин ҳолат аз нуқтаи назари боздехи пул ҳангоми харидани дастгоҳ ва гузоштани он ба банк баҳо дода шавад.

Арзиши дисконтишудаи ҷорӣ (РV) барои раванди ояндаи даромадҳо гуфта, миқдори муайяни пулеро мефаҳманд, ки маблағгузор бояд имрӯз гузорад, то ин ки ягон рӯзи мушаххас (баъди як мох, як сол, 10 сол ва ғайра), инро худи ӯ муайян мекунад як миқдори муайяни дилхоҳи пулро соҳиб шавад.

Агар хоҳем, ки баъди муддати муайян дар ҳисоби банк 100 воҳиди пулӣ дошта бошем, пас мо ин маблағро бояд имрӯз аз 100 воҳиди пул камтар дошта бошем, чунки дар муддати муайянкардаи мо бояд суммаи фоиз аз рӯи маблағи гузошта меафзояд, яъне

Xв.n.+ √=100в.n.

дар ин ҷо. √-меъёри фоиз, ки бо воҳиди пулӣ (в.n) ифода шудааст.

Мисол. меъёри фоиз агар 10% бошад, мо имрӯз ба банк 90,9% воҳиди пулӣ мегузорем. Баъди як сол суммаи (100 воҳиди пулиро) дилхоҳро мегирем. (90,9 в.п+1,1% (бо в.п)=100 в.п. Бинобар ин, 90,9 воҳиди шартӣ-арзиши ҷории даромадҳои оянда=ба 100 в.п.

Формулаи зеринро пайдо мекунем: агар меъёри фоизи бонкӣ ба 2% баробар бошад ва баъди 1 сол мо хоҳем, ки дар ҳисоби худ Хв.п. дошта бошем, пас имрӯз мо бояд ба банк чунин маблағеро, ки ба РV баробар аст, гузорем. Ин арзиши ҷории ояндаи Хв.п-ро ташкил медиҳад.

Фахмида мешавад, ки РV х (100%+2%)=Хв.п

Аз ин ҷо. ; ё ин, ки

;

Бузургии РV ҳосилаи √ мебошад. Ҳар чӣ меъёри фоиз зиёд бошад, андозаи РV ҳамон қадар паст мешавад ва баръакс.

Мисол. √=5%, РV=95,24; √=20% РV=83,33

Барои муайян намудани дисконтикунонӣ барои Ν сол чунин формула истифода бурда мешавад.

.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.