Усулҳои чен кардани ҳосилнокии меҳнат

         Ченкунии ҳосилнокии меҳнат яке аз мушкилоти ниҳоят мураккаб ва печ дар печи иқтисодӣ бо шумор меравад. Дар амал усулҳои гуногуни чен кардани ҷараёни пасту болоравии ҳосилнокии меҳнат истифода бурда мешаванд. Истифодабарии ин ё он усул вобаста аст, аз он сатҳи ҳосилнокии меҳнате, ки чен карда мешавад ва аз он вазифаҳое, ки дар пеши низоми иқтисодии объекти таҳлил  қароргирифта, гузошта шудаанд.

     Аз рӯи сатҳи ченкунӣ метавон ҷойҳои кории фардиро (бригадаҳо, участкаҳо) ҷудо кард. Дар ин ҷо истифодабарии усули молӣ (натуралӣ) ба мақсад мувофиқ мебошад. Ин усул, ки бо он ҳаҷм ва коркарди  маҳсулоти истеҳсолшударо бо ифодаҳои натуралиашон, яъне метр, метри квадратӣ, тонна, дона ва ғайра муайян мекунанд, хеле усули оддӣ, муътамад ва равшан мебошад. Аммо доираи истифодабарии ин усул хеле маҳдуд мебошад, зеро онро танҳо дар мавридҳое кор фармудан мумкин аст, ки танҳо як намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад.

         Вале маълум аст, ки аксар вақт дар раванди истеҳсолот дар як вақт якчанд намуди маҳсулот бо хусусиятҳои гуногун истеҳсол карда мешаванд. Аз ин рӯ дар чунин шароит истифодаи  усули шарти-молӣ  ба мақсад мувофиқтар аст,ки  ки мувофиқи он як намуди маҳсулот ё кор ба дигар намуди аз ҷиҳати меҳнатғунчоиш зиёд баробар карда мешавад. Масалан, дар сех 500 маҳсулоти меҳнатғунчоишашон 60 одам-соат; 900 маҳсулоти меҳнатғунҷоишашон 30 одам-соат ва 400 маҳсулоти меҳнатғунчоишашон 80 одам-соат тайёр карда  шудааст. Дар ин ҳолат ҳаҷми шарти моли истеҳсолот баробар аст ба 900+500(60/30)+ 400(80+30)=900+1000+1064=2964

         Бояд дар назар гирифт, ки дар вақти ҳисоб кардани ҳаҷми маҳсулот ва коркарди он меҳнатғунчоиши меъёрии (хоси) як воҳиди маҳсулот истифода бурда шавад. Ногуфта намонад, ки дар вақти бо ин усулҳо чен кардани ҳосилнокии меҳнат ба назар гирифтани хусусиятҳои сифатии мол, таркиби он ва устувории он ғайри имкон мебошад, зеро байни ин нишондиҳандаҳо ва нишондиҳандаҳои физикии мол алоқаи мустақим нест.

         Аммо дар ҳолатҳое, ки дар раванди истеҳсолот дар як вақт номгӯи зиёди маҳсулот истеҳсол мешавад ва ҳам ин номгӯ тез-тез тағир меёбад, истифодаи усулҳои дар боло зикршуда, бемаъно ва ноҷо менамояд. Дар чунин мавридҳо усули меҳнатии ченкунии ҳаҷм ва коркарди маҳсулот истифода бурда мешавад. Бо истифодаи ин усул ҳосилнокии меҳнат аз рӯи меъёри меҳнат (меъёри вақти ҷудошуда бо ҳаҷми истеҳсолот зарб карда мешавад) ҳисоб карда мешавад. Аммо ин усул низ бо сабаби он, ки меъёрҳо ба қадри кофӣ асоснок нестанд ва зуд-зуд халалдор карда мешаванд, пурра қобили истифода шуда наметавонад. Яъне бо ин усул ҳосилнокии меҳнат чен карда истода аз баҳогузории худ наметавон пурра қаноатманд шуд.

         Усули дигар – усули арзишӣ мебошад. Ин усулро чи  дар сатҳи як корхонаи алоҳида ва чи дар сатҳи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ кор фармудан мумкин аст. Дар ин ҳол  ҳаҷми умумумии истеҳсолот, кор ё хизматрасониро бо ифодаи пулиашон сомонӣ ифода мекунанд. Ин ифодаро бо роҳи зарб задани ҳар як намуди маҳсулот бо нархи яклухташ муайян месозанд. Коркард низ бо ифодаи пулиаш ҳисоб карда мешавад.

         Дар шароити бозор ин усул- усули мақбулгаштатарин ба ҳисоб меравад. Он ҳам дар сурате, ки агар ҳосилнокии меҳнат аз рӯи ҳаҷми маҳсулоти аллакай ба фурӯш рафта ҳисоб карда шаванд. Дар сурати истифода бурдани нишондиҳандаи арзиши аслии мол ё нишондиҳандаи ҳаҷми маҷмӯи маҳсулот ин усул ба шароити бозор мутобиқ намеафтад. Зеро дар шароити бозор зиёда аз меъёр (аз талаботи харидор), ҷамъ кардани мол, он қадар аҳамият надорад.

         Чун усулҳои қаблан зикршуда, усули арзишӣ низ як камбудии ҷиддие дорад, ки бо ин сабаб пурра ҷавобгуй талаботҳо шуда наметавонад. Ва ин камбудӣ дар он аст, ки иқтисодчиёни ватанӣ дар амал барои ҳисоб кардани коркард нишондиҳандаҳои тағирёбандаи меҳнати зиндаро (соат, рӯз, шумораи коргарон) истифода мебаранд. ҳол он, ки дар вақти муайян кардани нархи яклухти маҳсулот хароҷоти материалҳо (ашёи хом, сӯзишворӣ ва ғайра) низ ба назар гирифта мешавад. Аз ин рӯ дар вақти истифодабарӣ усули арзиши истифодабарии нишондиҳандаи коркард, бо ифодаи пулиаш, дар зери шубҳа мемонад. Яъне ҳар қадар, ки хароҷоти ба материалҳо сарфшаванда зиёд гардад ва рақобати бозор мувофиқ ояд, нархи яклухти мол ҳам зиёд мешавад ва ҳар қадар, ки хароҷоти бо материалҳо сарфшаванда кам гардад, нарх низ поин мефарояд. Ин ҳол чунин тасаввуротро ба миён оварданаш мумкин аст, ки ҳосилнокии меҳнат баланд ё паст шудааст.

         Барои бартараф кардани ин камбудӣ бо усули арзиши ҳамроҳ як чанд усули дигар пешниҳод карда  шудааст, ки ба дараҷае таъсири таҳрифкоронаи  хароҷоти материалҳоро вобаста бо инъикос кардани ҳаҷми арзиши истеҳсолот ва коркард, аз байн мебаранд. Аммо қаблан бояд зикр кард, ки истифодабарии ин усулҳо ҳарчанд, ки то андозае таъсири таҳрифкоронаи хароҷоти материалҳоро аз байн баранд ҳам, наметавонанд бо пуррагӣ  ҷавобгӯи талаботҳои иқтисодиёти бозоргонӣ гарданд. Зеро дар асл худи ин усулҳо низ аз камбудиҳо ҳоло нестанд.

         Ин усулҳо бо истифодабарии нишондиҳандаҳои ҳаҷми маҳсулоти шартан соф, маҳсулоти соф, маҳсулоти меъёрии соф ва бо усули арзиши меъёри коркард ҳисоб карда мешаванд.

         ҳаҷми махсулоти шартан соф бо роҳи  аз арзиши маҷмӯи умумумии маҳсулот, тарҳ кардани хароҷотҳои бевоситаи материалӣ (бо ашёи хом, сузишворӣ, энергия) ҳисоб карда мешавад. Акнун танҳо хароҷотҳо барои музди меҳнат, амартизатсия ва тағирёбии фоида боқӣ мемонад. Чуноне, ки мебинем таъсири таҳрифкоронаи хароҷотҳои бевоситаи материалӣ бартараф шуда бошанд ҳам, вазни нисбии амартизатсия ва фоида боло рафтааст ва тағирёбии онҳо метавонад нишондиҳандаҳои сатҳи ҳосилнокии меҳнатро ғалат ҷилвагар созанд.

         Маҳсулоти соф бо роҳи аз арзиши маҷмӯи маҳсулот тарҳ кардани ҳамаи ҳарочотҳои материалӣ бо ҳамроҳии амартзатсия ҳисоб карда мешавад. Дар ин ҳолат таъсири таҳрифкоронаи хароҷотҳои меҳнати гузашта пурра бартараф карда мешаванд, аммо вазни нисбии фоида ба таври назаррас боло меравад. Акнун, ягона нишондиҳанда – нишондиҳандаи фоида боқӣ мемонад, ки истифодабарии ин усулро боиси шубҳанок шудани нишондиҳандаи ҳосилнокии меҳнат мегардад.

         Гуногунии фоида, аслан хоси шароити бозоргонӣ мебошад. Ва он махсусан дар шароити ҷумҳурии мо, ки нав ба ин низом қадам ниҳодааст, баръало бо чашм мерасад. Аммо дар бисёр кишварҳои ғарбӣ сатҳи фоидаҳои ширкатҳо аз якдигар фарқияти зиёд надоранд. Аз ин рӯ дар ин кишварҳо истифодабарии усули маҳсулоти соф айни муддао мебошад.

         Усули маҳсулоти софи меъёри (МСМ) бар хилофи усули маҳсулоти соф мебошад, ки нишондиҳандаҳои он музди меҳнати меъёрӣ ва байни соҳавиро дар бар мегирад. Ба назар гирифтани фоидаи байнисоҳавӣ гуногунии нишондиҳандаҳои фоидaҳоро, ки аз ҳар як маҳсулот ба даст оварда мешавад, аз байн мебарояд. Аммо ин усул ҳам чун дигар усулҳо пурра муккаммал ва мутлақо дуруст нест. Боз якчанд камбудиҳои дигар боқӣ мемонанд. Аввалан, чунин зарурат ба миён меояд, ки ба ҳамаи намудҳои маҳсулот низоми меъёрии музди меҳнат тартиб дода шавад. Ва ба сабаби он, ки номгӯи маҳсулотҳои истеҳсолшаванда ниҳоят зиёд аст ва ҳамчунин он метавонад тез-тез тағирёфта истад, тартибдиҳии ин низом ниҳоят душвор мегардад ва хaрҷи зиёди меҳнатро талаб мекунад, ки он ҳам дар охир ба нишондиҳндаи ҳосилнокии меҳнат бетаъсир намемонад. Камбудии дуввум ва асосии ин усул дар он аст, ки нишодиҳандаҳои МСМ бо натиҷаҳои ниҳоии фаъолияти корхона робитаи суст доранд. Зеро он хароҷотҳои материалиро сарфи назар мекунад. Мавридҳое шуданаш мумкин аст, ки нишодиҳандаҳои МСМ сатҳи баланди ҳосилнокии меҳнатро нишон диҳад вале, дар асл бо сабаби зиёд будани хароҷотҳои материалӣ корхона ягон даромад набинад ё даромади ночиз ба даст орад. Ин усул, аслан, солҳои 80-уми асри гузашта рӯи кор омада, баъдан ҳамчун усули таҳлили боқӣ монд.

         Усули арзиши меъёрии коркард (АМК) барои муайян кардани ҳаҷми истеҳсолот ва ҳосилнокии меҳнат дар саноати сабук кор фармуда мешавад. Ба арзиши меъёрии коркард дохил мешавад: музди меҳнати коргарони истеҳсолӣ, хароҷотҳои меъёрии сех, хароҷотҳои меъёрии умумии завод. Ба АМК хароҷотҳои материалӣ, истеҳсолӣ ва фоида дохил намешаванд. Аз ин рӯ дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ усули АМС-ро танҳо чун усули таҳлилӣ, метавон ба кор бурд.

         Ин буд асли он усулҳои аънанавие, ки то имрӯз мавриди истифодаи иқтисодчиёни ватанӣ қарор доштааст. Чуноне, ки дидем ҳар яке аз онҳо хусусиятҳои хоси худро доранд ва танҳо дар ҳолатҳои алоҳида метавонанд истифода бурда шаванд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.