Фанни Микро ва макро иқтисод

Ташаккули сармояи соҳибкорӣ

1.Тавсифи гуногуни сармоя аз нигохи мактабњои мухталифи иктисодӣ.

2. Бозорӣ сармоя, объект ва субъекти он.

3. Сарчашмаҳои ташаккули сармояи соҳибкорӣ.

4. Гирдгардиши захираҳои маблағгузории корхона. Фондҳои асосӣ ва гардон.

5. Нишондиҳандаҳои самаранок истифода бурдани сармояи асосӣ ва гардон.

1.Тавсифи гуногуни сармоя аз нигохи мактабњои мухталифи иктисодӣ.

Оиди фањмиш ва муайян кардани мохияти мазмун, таркиб, намуд, сарчашмаи ташкили ва истифодаи сармоя дар адабиётхои иктисоди якдигарфахми вуљуд надорад. Мафхуми сармоя аз нигоњи мактабхои иктисоди њархела шарњ дода мешаванд. Масалан, намояндагони мактаби марксисти К.Маркс мафњуми сармояро чунин шарњ додаст.

Дар зери мафхуми сармоя (капитал)маблаѓњои муайяни пули, молхои тайёр. ки хамчун натичаи истисмор ва азхудкунии сармоядори сурат мегирад.мефањмад. Ба андешаи ў сармоя чиз набуда.хамчун муносибатхои истехсоли мукаррарии чомеа баромад мекунад.Намояндаи мактаби неоклассики П.Самуэлсон сармояро њамчун омили миёнарави истехсолот медонад, ки он њамчун кули неъматхои модди чизхои ѓайримодди, ва донишу мањорати инсонро дар назар дорад.

Тарзи маънидодкунии сармоя аз чониби классикони иктисоди сиёси А.Смит ва Д.Рикардо ба таври зайл шарњ дода шудааст.

А.Смит тањти сармоя мењнати андухташудаи коргарро мефањмад. Тибќи аќидаи Д.Рикардо бошад, сармоя-ин маљмуи воситахои истехсолот фањмида мешавад.

Мувофики аќидаи љ.бинсон сармояе, ки хануз дар шакли сармоягузории молияви ќарор дорад он њоло пул аст на сармоя. Гуруњи дигарииктисодчиён бар он аќидаанд, ки захирањои пулие, ки бо максади истењсоли молу мањсулот ва бурда расонидани он ба истеъмолкунанда масраф карда мешавад,сармоя мебошад. Дар шароити иќтисоди бозори сармоя бештар на аз нигоњи назарияви, балки аз нуктаи назари омили тавлидот тањлилу тавсиф карда мешавад. Зери мафњуми сармоя дар бозори омилњо бино, таљњизот, мошинњои кори, дастгоњњо, зањирањои, ки асосан дар доираи тиљорат мањфузанд, дар назар дошта мешавад.

Аз гуфтањои боло бар меояд.ки сармоя бояд, 1мазмуни зоњири , 2. маќсад ва маќоми истифода, 3.натиљаи нињои дошта бошад.Аз ин лињоз, сармояро чунин таъриф додан мумкин аст: Сармоя гуфта,маљмуи захирањои ва воситахои пулие дар назар дошта мешавад,ки дар љараёни истењсолот иштирок карда арзишашон меафзояд.

Сармоя тибќи аломатњои ташкилшави чунин таќсимбанди карда мешавад.

1.Тибќи амалиёт-пули,моли,мањсулот.

2.Тибќи гузаронидан-асоси,гардон.

3.Тибќи шакли моликият давлати, коллективи, хусуси, шахси, омехта.

4.Тибќи сарчашмањои ташаккул-худи,ичорави.

3. Бозори сармоя субъект ва объекти он.

Инкишофи муносибатхои иќтисодии сармоядори барои тањлили мафњуми сармоя пайдоиши консепсияњои навро талаб намуд. Роњњои гуногуни муайянсозии ин мафњумро људо намудан мумин аст, вале бештари иќтисодчиён ду тарзи маънидодкунии сармояро људо мекунанд:

1.Сармоя хамчун маљмуи омилњои истењсолот.

2.Сармоя њамчун маљмуи воситањои пулие, ки дар фаъолияти хољагидори бо маќсади гирифтани даромад истифода карда мешавад.

Бо сабаби гуногунии муайянсозии сармоя, инчунин масъалаи муайянсозии мафњуми бозори сармоя низ вуљуд дорад. Бо дарназардошти он, ки сармоя њамчун объекти муносибатхои тарафайни фурушандагон ва харидорон дар бозор баромад мекунад, ду тарзи имконпазири муайянсозии ин мафњум људо карда мешавад.

1.Дар зери мафњуми сармоя дар бозори омилњои истењсолот сармояи љисмони, яъне дастгоњ, мошина, биноњо иншоотњо ва ѓ.њо дар шакли муайнсозии арзишашон фањмида мешавад. Аз ин рў дар ин маврид бозори сармоя як ќисми бозори омилњои истењсолотро нишон медињад:

Ба тариќи схемави инро чунин нишон додан мумкин аст.

Субъектњои асосии бозори сармоя, доираи соњибкорон ва доираи соњибкорони њамфикр (Хаус-холда) бањисоб меравад.

Таќозо ба сармоя дар бозори омилњо-ин таќозои фирма ба сармояи љисмоние, ки барои амалигардонии лоињахои инвеститсионии фирмањо имкондињандае мебошад, ки барои таъминкунии маблаѓгузории воситањои молиявї дар лоињањои инвеститсионии фирма заруранд. Таќозо ба сармоя танњо дар шакли воситањои молияви барои бадастории фондњои истењсолии зарурї зоњир меёбад.

Дар бозори омилњои истењсолот хољагињои хонаги, њамчун дарандагони сармоя дар шакли андухти воситањои пули, сармояро барои истифодаи тиљорат дар шакли фондхои модди ва гирифтани даромад дар намуди фоиз дар асоси гузаштани фондхо пешнињод менамоянд.

Бо дарназардошти он ки сармояи љисмони метавонад њамчун моликияти фирма ё ин ки муваќќатан барои истифодакуни ба даст оварда шавад,пардохт барои селоби хизмати сармоя (нархи истифодабари) ва нархи активњои сармояви (нархи хариду фуруш)-рофарќ кардан бамаврид аст.Арзиши истифодабарии хизмати сармоя дар худ бањодињии рентавии сармояро таљассум менамояд.Ин чунин он метавонад ба сифати катировкаи бозори ё ин ки суммае,ки фирмањо барои истифодаи барандагони сармоя аз њисоби ќисми сармояи ба иљорадодашуда,пардохт мекунанд,баромад мекунад.

Нархи фаъол дар худ нархеро, ки аз хар як сармоя мумкин аст фурухтан ё харидан таљассум мекунад.

2.Дар зери мафњуми сармоя дар бозори молие, сармояи пули фањмида мешавад. Бинибар ин бозори сармоя яке аз ќисмњои ташкилкунандаи бозори сармояи карзи баромад мекунад.

Бозори сармояи ќарзи дар худ маљмуи муносибатхои тарафайнро, ки он љо объекти хариду фуруш сармояи пули баромад мекунад ва дар он таќозою арза ба шакли муайян дароварда мешавад, таљассум мекунад. Бозори сармояи ќарзи, ба бозори пулї ва бозори сармоя чудо мешавад.

Бозори пули боамалиётњои кутоњмуњлати бонки,ки мўњлати он то як сол мебошад алоќаманда аст.

Бозори сармоя ба амалиётњои миёнамуњлат ва дароз муњлати бонкиро хизмат мерасонад. Он дар мадди аввал ба бозори ипотеки (амалиёт бо вараќањои амонати) ва бозори молия (амалиёт бо ќоѓазњои ќиматнок),људо мешавад.Субъектхои бозори молия натанњо бонкњо ва мизољони онњо (чуноне дар бозори ипотеки),балки биржњои фонди низ ба хисоб мераванд.Объектњои амалиёт бошад,натанњо ќоѓазњои ќимматноки корхонањои хусуси,балки институтњои давлати низ баромад мекунанд.

Бозори пули ва бозори сармоя бозори дуюмдарачаи сармояи ќарзи ба њисоб мераванд. Ин бозорњо дорои хусусиятњои ба худ хос буда, аз якдигар фарќ карда мешаванд:Аз љумла

-маќом (сањмия ё вомбарг):

-шакли моликиятдори (хусуси ё давлати):

-мўњлати эътибор:

-дараљаи манфиатноки:

-рафтори хатар (муфлиси ё бозори) ва дараљаи хатар (хатарнок,на он ќадар хатарнок,бехатар)

Бозори сармояро дар бештари мавридњо бозори захирањои сармоягузори низ меноманд.

Дар зери мафњуми сармоягузорї (маблаѓгузор)

-харољот барои истењсолот, васеъкунии захирањои модди,захирањои сармоя дар иќтисодиёт фањмида мешавад.

Таъминкунандагони сармоя хочагињои хонаги ва истифодабарандагон фирмањо мебошанд. Якљоя амал кардани таъминкунандагон ва истифодабарандагон бо ёрии шохањои миёнаравони молиявї иљро карда мешавад, ки ба онњо бонкњои тиљорати, фондњои сармоягузори, конторњои брокери ва ѓайраро дохил мекунанд. Вазифаи асосии онњо љамъоварии пасандозњои ањолї ва таќсими онњо дар байни истифодабарандагони сармоя мебошад.

3. Сарчашмаҳои ташаккули сармояи соҳибкорӣ.

Дар тули фаъолияти соҳибкории худ муаянкунии маблагғузорӣ, ҳачм, хусусият ва сарчашмае, ки аз давраи фаъолит вобастагӣ дорад пеш меояд. Барои ташкилоти соҳибкории тиҷоратӣ дар давраи авали фаъолият муанкунии сармояи аввалияи гузошташуда лозим аст. Сармояи аввал дар худ суммаи андухти ибтидої ва хароҷотҳои ҷориро дар давраи аввали истеҳсолот ифода мекунад, ки аз ҳамдигар ҷудо мекунанд. Андухти аввали сармоя барои бақайдгирии корхона, кушодани суратҳисоби банкӣ, хариди бино ё ҳуқуқи баиљорагирифтани онро пайдо кардан, таъмин ё азнавсозии бино, хариди нақлиёт, таҷҳизот, дастгоҳ, патент, литсензия, сарф карда мешавад. Хароҷотҳои ҷорӣ дар худ хариди ашёи хом ё материал, пардохти иҷора, музди кор, ҳиссаҷудокунӣ ба фонди иҷтимой ва ғайра ифода мекунад. Хамин тавр сармояи авалин тақозои соҳибкорро дар сармояи асосӣ ва гардон, ки барои хариди фондҳои истеҳсолӣ (асосӣ ва гардон) музди кор, хароҷот барои идоракунӣ ва дигар хароҷотҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ нигаронида шудааст, инъикос мекунад.

Тамоми ашёҳое, ки ба корхона таалуқ доранд дар намуди схема чунин нишон додан мумкин аст:

Сарчашмаҳои пушонандаи сармояи аввалия ва пуррасозии ашёҳои соҳибкор метавонад ҳамчун сармояи худӣ ва сармояи қарзӣ бошанд дохили ва берунӣ. Муносибатҳои сарчашмаҳои дохилӣ ва берунии фондҳоро ба ду намуди омилҳо ҷудо каран мумкин аст:

  1. Обективӣ;
  2. Субективӣ;

Ба омилҳои обективӣ – шакли ташкили ҳуқуқии соҳибкорӣ , хоҷагидорӣ ҳолат ва имкониятҳои шахсии соҳибкор дохил мешаванд.

Ба сарчашмаҳои худӣ таалуқ дорад: фоида аз фаъолиятҳои асосӣ, фоида аз амалиётҳои молиявӣ, дигар намуди даромадҳо, фонди оинномавӣ, фонди истеҳлок, қарзи харидорон аз ҳисоби молҳои бар душ дошта, даромад аз фуруши ашёҳои аз баромада, мобилизатсияи захираҳои дохилӣ дар сохтмон ва ғайра. Ба сарчашмаҳои қарзӣ дохил мешаванд: қарз ё худ кредит, устувории пассивҳо ва қарзи кредити. Муаянкунии андухти ибтидоии захираҳои молиявӣ дар ҳолати барпо кардани корхона ҳангоми таъсиси фонди сармояи оиномавӣ ба амал меояд.

Фонди сармояи оинномавӣ – сарчашмаи фондҳои асосӣ ва гардони фирма ҳангоми ташкили он муаян мегардад. Дар навбати худ сарчашмаи муаянкунии сармояи оинномавӣ аз шакли ташкилию – ҳуқуқии корхона (фирма) вобаста мебошад.

4.Гиргардиши захирањои маблаѓгузории корхона.Фондњои асоси ва гардон.

Рафти бошиддат ва босуръати прогрессии илму техника ба таѓироти таркибии истењсолот, пешрафти соњањои саноат, хочагии ќишлоќ, компютеризатсиякунонии истењсолот, роњу усулњои нави идоракунии истењсолот ва ѓайра бурда мерасонад. Ин таѓирот бешак ба хаљмва таркиби захирањои маблаѓгузории корхонањо, алалхусус ба ќисми фаъоли фондњо, таъсири мусбат расонида метавонад. Масъалаи самаранок истифода бурдани захираҳои мављудаи корхона барои сохибкор, яке аз масъалахои муњим ба ҳисоб меравад.Чунки истифодаи самараноки захираҳо имконоти кам кардани харољоти корхона ва зиёд кардани фоидаро фароҳам меорад.

Дар адабиётҳои муосири иқтисоди ду роҳи истифодаи захираҳои корхона мављуд аст: экстенсиви ва интенсиви.

Усули экстенсиви ҳамчун роҳи ҳаљман васеъ кардани захираҳои зиёд кардани вақт ва муҳлати истифодаи захираҳо, кам кардани вақти беҳаракатии захираҳо ва ғайра ба роҳ монда мешавад. Ин усул асосан аз давраи инқилоби саноат сар карда то давраи инқилоби илму техника истифода бурда мешуд. яъне он ба яке аз хусусиятҳои давраи тоиндурустриали табдил ёфта буд.

Усули интенсивии истифодаи захираҳо аз солҳои 60-уми ХХ сар карда то кунун истифода бурда мешавад. Он асосан ба баланд бардоштани дараљаи техникии захираҳо, истифодаи самараноки онҳо дар воҳиди вақт, тезонидани пешрафти илму техника ва ғайра алоқаманд мебошад. Ин усул на ба зиёд кардани ҳаљм ва миқдор, балки миқдору сифат ,суръат.рушд ва ғайра вобаста аст.

Захираҳои корхона дар шакли фондҳои асоси ва фондҳои гардон намудор мешавад.

Фондҳои асосї, қисми сармояи маҳсулдеҳи корхона мебошанд, ки арзиши худро дар давоми цикли пурраи такрористеҳсол қисм-қисм ба маҳсулоти тайёр табдил медиҳанд.

Дар амалияи хољагидори фондҳо аз ду нуктаи назар ҳисобу китоб карда мешаванд:пули ва натуралї.

Дар шакли натурали ба фондҳои асоси, биноҳо, иншоотҳо, таљҳизотҳо, воситаҳои нақлиёт ва ғайра дохил карда мешаванд.

Дар шакли пули фондҳои асоси ҳамчун арзиши пулии ҳамаи унсурҳои номбаркардашуда,ки дар баланси корхона маълуманд,ба ҳисоб мераванд.

Фондҳои асоси қувваи истисолии ҳар як фирмаю корхонаро ташкил медиҳанд. Вобаста ба он неруи истеҳсоли ва дараљаи техникии истеҳсолот муайян карда мешавад.

Азбаски дар доираи истеҳсолоти модди соҳаҳои гуногун амал мекунанд, бинобар ин таркиби фондҳо низ дар доираашон ҳархела ташкил мегарданд. Масалан, дар соҳаи металлургия, мошинсози, металкоркарда барои, нафту химия,э лектроэнергетика, вазни киесии биною тачхизот, дастгоху мошин ва ғайра. Дар соҳаи хољагии қишлоқ бошад, замин,ашехои мехнат , дар корхонахои саноати сабук-аше, мавод ва ғайра бартари доранд Аз ин љиҳат таркиби технологии фондҳои истеҳсолї, ҳамчун таносуби намудҳои гуногуни фондҳои асосї нисбат ба арзиши фондҳои умумї дар доираи ҳар як корхона ҳархела сурат мегирад.

Мошинаҳои корї, таљҳизот ва дигар олотҳо, ки мустақиман дар љараени истеҳсолот фаъолона иштирок намуда, самаранокии истеҳсолотро афзун мегардонанд фондҳои фаъол номида мешаванд .

Кисми дигари фондҳо, биноҳои истеҳсоли, счетҳо афзалтар дар сифати шароити меҳнат хизмат менамоянд ва муътадил давом кардани раванди истеҳсолотро таъмин менамоянд. Онҳо нисбатан ғайрифаъол ё худ ғайримустақим ба самаранок истифода кардани фондҳои асоси таъсир мерасонанд.Аз ин ру онҳоро фондҳои пассиви (нофаъол) низ меноманд. Онҳо ҳамчун шароити моддии истеҳсолотро таъмин намуда,мустақиман дар тавлиди молу маҳсулот иштирок намекунанд.

Фонҳои гардон,ҳамчун як қисми муҳимтарини захираҳои истеҳсолии корхона мебошанд. Онҳо дар ҳар як давраи истеҳсоли (гирдгардиш) пурра истифода карда мешаванд. Дар љараёни истеҳсолот шакли натуралии ашёи худро гум карда,арзишашонро пурра ба маҳсулоти тайёр мегузаронанд.

Фондҳои гардон аз захираҳои истеҳсоли, яъне ашёи хом .материалҳои асосию ёрирасон ,кисҳои эҳтиёти барои таъмири љори, сузишвори ва ғайра ташкил меёбанд. Маҳсулоти нотамом (нимфаррикатҳо) предметҳои меҳнат, ки дар љараёни бевоситаи истеҳсол қарор доранд, инчунин харачоти давраҳои оянда ва аз худ кардани маҳсулоти нав низ ба таркиби фондҳои гардон дохил карда мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳаљм ва таркиби фондҳои гардон дар доираи корхонаҳои алоҳида, аз љиҳати гуногун будани таркиб ва хусусиятҳои соҳа, дараља ва сатҳи техникаю техналогияи истехсолот,тарз ва услуби коркарди ашёву материал гуногун ба роҳ монда мешавад.

Таљрибаи љаҳони нишон медиҳад, ки бо мурури инкишофи техникаю техналогия, автоматикунонии истеҳсолот, намудҳои наву навтарини ашёву материал, энергия ва ғайра ба вуљуд оварда мешавад. Онҳо бешубҳа таркиб ва равияи истифодаи ашёҳои асоси ва ёрирасонро тағир медиҳанд.

Фондҳои гардон тақрибан 1.4 ҳиссаи кулли фодҳои асосии истеҳсолии саноатро ташкил медиҳанд. Вазни қиёсии онҳо дар хорољоти љории истеҳ дар ҳарољоти љории истеҳсоли маҳсулот зиёда аз 80 фисадро ташкил медиҳад.

Фондҳои гардони корхона бидуни фонди муомилот имконнопазир мебошад. Фондҳои муомилот аз маблағҳои умумии пули ва молҳои,ки барои фуруш пешниҳод карда мешаванд,иборатанд.

Фондҳои муомилот ҳамчун захираҳои маҳсулоти тайёри фурўхтанашуда ва воситаҳои сармоягузорие,ки барои харидани ашё, масолеҳ, сузишвори,пардохти ҳаққи меҳнат ва ғайра заруранд,бунёд карда мешаванд.

Дар адабиётхои муосири иқтисоди дар зери мафҳуми фондҳои гардон, харољоти корхонаро оиди идора ва танзими кулли воситаҳои пулли (нақди, ғайринақди)-и дар хазинаи корхона мављудбуда,ё худ дар суратҳисоби дар банк доштаи корхона тасаввур мекунанд.Ба он,арзиши қоғазҳои қимматнок, қарзи кўтоҳмуҳлати кредиторї ва дебиторї, активу пассиви љорї, ўҳдадориҳои кутоҳмўҳлат ва ғ. дохил карда мешавад.

6. Нишондиҳандаҳои самаранок истифода бурдани сармояи асосӣ ва гардон.

Мавриди рақобат бо соҳибкорони дигар, ҳамон соҳибкор муваффақ мешавад, ки агар ӯ дар нишондиҳандаҳои амалиёти сармоя бартарӣ дошта бошад. Ин нишондиҳандаҳо бояд хусусияти вақтии сармояро ифода кунад, ки нишондиҳандаи асосии иқтисодӣ ба шумор меравад.

Масъалан: Суръати гардиши сармоя бо миқдори гардишҳои дар муддати 1 сол амалшаванда ҳисоб карда мешаванд.

Мг – миқдори гариш.

Вч – воҳиди ченаки гардиши сармоя (сол).

Вақт – вақти гардиши сармоя (бо моҳ).

Хусусияти гардиши сармоя ҳамчун нишондиҳанда, дар мунсибати байни ҳаҷми фуруш ва ҳаҷми сармояи гузошташуда зоҳир мегардад. Яъне ҳамон сатҳе баҳо дода мешавад, ки то ба он активҳои софи сармояи гузошташуда фурушро ҳосил мекнанд.

Нишондиҳандаи соддаи намуди додашуда, коэфисенти(зарби) гардишнокии сармояи гардон мебошад, ки он аз тақсими бақияи миёнаи сармояи гардондар вақти муайян, ба арзиши маҳсулоти ба арзиши маҳсулоти фурухташуда (даромад аз фуруш) дар ҳамон воҳиди вақт ҳосил мешавад.

Коэфиснти градиши сармояи гардон КГСГ

Масъалан: агар даромад аз фуруш дар як сол 2000 млн сомонӣ, бақияи миёнаи сармояи гардони фирма ба 400 млн сомонӣ баробар бошад, аз ин ҷо коэфисенти (зарби) гардишнокии сармояи гардон:

Ин нишондиҳанда ба ҳар як сомонии гузошташуда ба сармояи гардон, мутобиқ омадани 5 гардишро дар як сол ифода мекунад.

Бо донистани миқдори гадишҳо, мо давомнокии миёнаи як гардишро дар муддати рӯзҳо муайян карда метавонем.

Дмг – давомнокии миёнаи гардиш.

Мр – мудати руз.

Дар мисоли мо:

Яъне як сомонии мо дар 72 руз 1 маротиба гардиш меёбад.

Нишондиҳандаи гардишнокӣ барои баҳо додани вазъияти молиявии муассиса аҳмияти калон дорад. Суръати табдилёбии сармояи гардон ба маблағҳои пулӣ, бевосита ба пардохтпазирии муассиса таъсир мерасонад. Ғайр аз ин, тезонидани суръати гардиш, ҳангоми вуҷуд доштани шароити мувозин, боиси зиёдшавии ҷалбнокии сармояи муассиса мегардад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *