Назарияи истехсолот

  1. Макоми истехсолот ва шаклхои асосии он дар системаи иктисодӣ.
  2. Захираҳои иқтисодӣ ва махдудияти онҳо.
  3. Лаҳзахои оддии ҷараёни меҳнат.
  4. Омилҳои истехсолот ва самаранок истифодабарии онхо.
  5. Конуни пастшавии хосилноки ва афзоиши харочотхои иловаги.
  6. Натичаи истехсолот ва давраи харакати махсулоти чамъияти.
  7. Макоми истехсолот ва шаклхои асосии он дар системаи иктисоди.

Дар кадом зинаи таърихии тарақиёте, ки чамияти инсони карор надошта бошад, одамон барои зиндаги кардан, бояд хурока, пушока, манзил ва дигар неъматхои модиро доро бошад.

Воситаҳои барои ҳаёти инсон зарур бояд истеҳсол гарданд ва тайёр намудани онхо дар раванди истехсолот амали мегардад.

Истеҳсолот – рафти таъсиррасонии инсон ба табиат бо максади ба вучудории нематхои модди ва хизматхо мебошад, ки барои таракиёти чамият заруранд.

Таърихи истехсолот рохи тулонии таракиёт, аз тайёр намудани махсулоти одди то истехсоли мушкили ситемаи техники, мошинахои хисоббароро ва гайраро гузошта аст. Дар раванди истехсолот на танхо тарз ва ташкили тайёр намудани неъмату хадамот тагир меёбад, балки худи одамон рухан такмил меёбанд.

Дар назарияи иктисоди истехсолоти модди ва гайри моддиро аз хамдигар фарк мекунанд.

Якумин дар худ сохахоеро дохил менамояд, ки ба истехсолоти модди ва хадамоти машгуланд (саноат, хочагии кишлок, сохтмон, хочагии манзил, хизматрасонии маиши ва гайра).

Истехсолоти гайримодди бо истехсолоти хизматхои гайримодди алокаманд мешавад (тандурусти, маориф ва гайра).

Хардуи ин шаклхои истехсолот ба хамдигар алокаманданд ва бе якдигар вучуд дошта наметавонанд. Дар раванди истехсолот рушди иктисоди ба вучуд оварда мешавад, ки дар худуди таракиёти умумимилли ба яке аз нишондихандахои асосии макроиктисоди табдил мегардад. Хамаи тавр дар хамаи давру замон истехсолот барои конеъгардонии талабот хизмат менамояд.

Талабот – ин эхтиёчи фарди алохида, гурухи ичтимои ё ҷамият ба пурраги ба ягон чизе мебошад, ки барои нигохдории фаолияти зист зарур аст.

Аз аввал, дар чамияти ибтидои кариб тамоми фаолияти инсон ба таракиёти чамияти инсони ва истехсолот, талаботхои интелектуали ба вучуд меоянд, хачми талабот зиёд мегардад ва сохтори талабот мушкил мегардад ва сатхи зиндагии одамон баланд мегардад. Дар шароити истехсолоти мукамалгашта инсоният имконияти конеъ гардонидани талаботхои бавучудомадаи гуногунро ( модди, маънави ва ичтимои)- пайдо намуд. Бехтаршавии хаёти ахоли пеш аз хама дар бештар конеъ гардонидани талаботхои модди ба махсулот, озука, либос , пойафзол, манзил, шароити мехнат ва дигар нематхои хаётан зарур зухур меёбад. Баландбардоштани сатхи таракиёти мадании инсон низ бо конеъ гардонии он бо талаботхои маънавие, ки ба худмукамалгардонии одамон равона карда шудааст, алокаманд мебошад. Дар охир прогреси чамият дар васеъшавии талаботхои ичтимои, дар фаолияти колективии чамияти водор мегардад. Талабот хусусияти хоси барнагардонидагиро дорост. Он хамеша ба самти рушд харакат менамояд. Дар мачмуъ талабот хадду канор надорад, он чунин маъно дорад, ки талаботхои маънавиро ба пураги конеъ гардонидан гайри имкон аст.

Аммо инсоният кушиш менамояд, ки талаботхои худро ба хадди аксар конеъ гардонад ва барои ин инсон истехсолотро бояд тараки дихад ва захирахои махдудро окилона истифода намояд. Хулоса дар кадом низоме, ки набошад истехсолот хамчун муносибати чамияти ба табиат баромад менамояд. Ин муносибатхо дар истифодаи захирахои истехсоли намудор мегардад.

2. Захирахои иктисоди ва махдудияти онхо.

Дар назарияи иктисоди мафхуми «захирахо» мачмуи унсурхои гуногуни истехсолот, ки дар ҷараёни тайёр намудани неъматхои модди ва маънави ифода карда мешавад, фаҳмида мешавад.

Захирахои иктисоди ба захирахои табии, модди, мехнати, молияви ва итилооти чудо карда мешавад.

– захирахои табии – ин мачмуи шароитхои табии мавчудияти инсон, таркиби мавчудоти инсон, таркиби мухити атроф мебошад,ки дар раванди истехсолот истифода карда мешавад. Мисол: энергияи офтоб, захирахои оби, боигарии каъри замин ва ғайра.

Захираҳои табии камшаванда ва тамомнашаванда шуда метавонад.

Захирахои тамомнашаванда дар навбати худ ба захирахои баркарорнашаванда ва баркароршаванда чудо мешавад.

-захрахои модди ин воситахои истехсилие мебошад, ки дар натичаи истехсолот ба вучуд омаданд (воситахо ва предметхои мехнат).

-Захирахои мехнати мачмуи кувахои кориро ифода мекунад. Барои тавсифи пурраи захирахои мехнати сохтори он ки аз руи сину сол, ҷинс, сатхи маълумот ва хавасманди ба кор шарх дода мешавад аз аҳмият холи нест.

-Захирахои молияви воситахои пулиеро ифода мекунад , ки чаъмият барои истехсолот равона месозад. Сарчашмаи онро воситахои сармоягузори, когазхои киматнок, андозхо, пасандозхои пули, вомбаргхои давлати ташкил медоданд.

-Захирахои итилооти хамчун сифру маълумотхои зарури, ки

барои идоракунии истехсолоти автоматикунонида шуда лозиманд, баромад мекунанд.

Захираои табии, модди ва мехнати барои хамаи чамиятхо хос ва заруранд. Дар шароити иктисоди бозори ба онхо боз захирахои молияви низ хамрох карда мешавад. Иктисоди бозории муосир бе захирахои итилооти низ дуруст фаъолият карда наметавонад.

Дар назарияи иктисоди ду навъи захира захирахои махдуди нисби ва мутлакро аз хам фарк мекунанд.

Тахти захирахои махдуди нисби вазияте фахмида мешавад, ки захирахои истехсоли нокифояанд ва дар як вакт тамоми талаботхои чомеаро конеъ гардонида наметавонад.

Махдудияти мутлаки захирахо ба захирахои табии, мехнати хосанд.

Агар доираи талаботхо кам карда шавад, махдудияти мутлак ба нисби табдил мегардад, ё ин ки барои доираи махдуди талаботхо захирахо нисби номахдуданд. Махдудияти нисбии захирахо ба захирахои модди, молияви ва итилооти хос мебошад.

Раванди истехсолот дар як маврид раванди истеъмолотро низ дар назар дошта метавонад. Агар иктисодро хамчуи натичаи ягонагии истехсол ва истеъмол дида бароем, акидае ба миён меояд, ки истехсол ва истеъмол ягон раванди сарбастае мебошад, ки бо табиат ва захирахо алокаманд нестанд, аммо ин инхел нест.

Инсон пайваста барои истехсол намудан аз табиат чизохоро мегирад ва бокимондаи онро мепартояд.

Пеш аз оне ки махсулот ба доираи истемолот гузорад, вай бояд дар доираи истехсолот коркард карда шавад. Агар чизи аз табиат гирифташуда бе истехсолот истеъмол карда шавад, вай ба категорияи неъматхои гайрииктисоди шуда метавонад. Одамон барои несту нобуд нагаштан бояд истехсолотро омузад ва табиатро объекти фаолияти инсон карор дихад. Барои ин куввахои истехсолкунандаро равона кардан лозим аст.

Куввахои истехсолкунанда – ин куввахое мебошанд, ки инсон барои истеъмол ва истехсоли худ мутобик гардонида тавонистааст. Гарчанде, ки истехсол ва истеъмол бе инсон гайриимкон аст, аз ин ру кувваи табиат, ки барои истехсол ва истеъмол истифода мегардад куввахои истехсолии инсон мебошанд. Онхо сохтори дохили доранд: аз дохили онхо воситахои истехсолот ва куввахои кориро чудо карда мумкин аст. Дар протсеси истехсолот муносибатхои истехсолот хамеша дар таракиет хастанд, чунки одамон куввахои истехсолкунандаи худро иваз менанамоянд, барои хизмати худ техналогияхои навро мегузаронанд ва гайра. Алокамандии онхо дар чадвал нишон дода шудааст.

Барои таракиети муътадили иктисод бояд истехсолот ва истеъмолот дар олокамандии муаян ва муносибатхои муаян байни якдигар карор дошта бошанд. Ивазшавии технология истехсолот ва истеъмолотро тагир медоданд. Аммо худ ба худ байни онхо муносибати дуруст таин намуда наметавонад. Аз ин чо дидан мумкин аст, ки дар протсеси истехсолот бояд як доирае ташкил шавад, ки ин муносибатхои иктисоди мебошад.

Муносибатхои иктисоди вобастагии байни ивазшавии тагирот ва талаботхои тагиребандаро таъмин менамоянд. Муносибатхои иктисоди дар байни истехсол ва истеъмол ба сифати воситахои танзимгар ва хавасманкунанда баромад менамояд, ки дар навбати худ аз конюктураи бозор, максади чамъият, сатхи таминот ва гайра вобаста мебошад. Хамаи тавр дар раванди фаолияти хаёти байни одамон муносибатҳои иқтисодӣ, сиёси, хукуки, технологи, ташкили, этики ичтимои ва гайра ба вучуд меояд. Онхо вобастагии системави байни чамиятро ифода менамоянд. Илми иктисодиёт диккати худро бештар ба тадкикотхои муносибатхое равона менамояд, ки дар истехсоли неъмат ва хадамот алокаманд аст ва онхоро боз муносибатхои ташкилию иктисоди меноманд.

3. Лахзахои одии чараёни мехнат.

Инсон, барои мувози нигох доштан ва баркарор намудани воситахои зарури хаёти худ ба молу хизматхои гуногун эхтиёч дорад. Хамаи ин молу хизаматхо дар табиат дар шакли таёр мегирад ва кисми дигарашро мувофики фахмишу кобилият истехсол мекунанд.

Дар хар як маврид инсон ба табиат таъсиррасонида хосияти захирии онро дигаргун месозад ва аз он молу хизматхо истехсол менамояд.

Дар ин самт инсон фаолиятеро анчом медихад,ки он мехнат мебошад. Аммо мехнат бе истифодаи асбоб ва олот мол офарида наметавонад. Аз инчо, дар зери мафхуми раванди мехнат робитаи доими ва устувори байни унсурхои он (худи мехнат, предмети мехнат, воситахои мехнат) истифодаи захирахои табиат ва дар ин асос ба вучуд овардани неъматхову конегаронии талаботи инсон фахмида мешавад.

1.Мехнат амалиети бошуурона ва максадноки фаолияти инсон буда, бо ерии он одамон неъматхои модди ва маънави истехсол менамоянд. Ба ин максад онхо тамоми донишу алока ва кувваи кориро барои истифодаи захирахо ва конеъгардонии талаботхои беинтихои худ истифода мекунад.

2.Предметҳои меҳнат – чиз ё гуруҳи чизҳое мебошад, ки одамон мустақиман ба онҳо таъсир расонида, хосияти зоҳирии онҳоро барои истеҳсолиБа онхо чизхое, ки дар шакли тайер аз табиат гирифта мешаванд (мева, мохи,ангишт) ё маводхое, ки дубора зери таъсири мехнати инсон карор мегиранд дохил мешаванд. Масалан: пахта, нефт, газ ва гайра.

Воситахои мехнат чиз е гурухи чизхое мебошанд, ки инсон ба воситаи онхо ба предметхои мехнат таъсир расонда молу хизматхо ба вучуд меорад (дос,болга,трактор,экскаватор ва гайра).

Онхо нишондихандахи мухимтарини дарачаи инкишофи истехсолот мебошад.

Воситахои мехнат инчунин ба ду гурух чудо мешаванд:

Ба якуминаш он воситахо чудо мешаванд,ки бе восита ба предметхои мехнат таъсир мерасонанд.Гурухи якумро олоти мехнат меноманд.

Ба гурухи дуюм дигар обектхо ва шароитхои модди (материалние)-е,ки барои амалигардонии раванди мехнат заруранд, дохил мешаванд.Пеш аз хама ба онхо дохил мешаванд: замин хамчун шароити умуми ва доираи фазои амалигардонии чараени мехнат, биною иншоотхо, обектхо ва чихозхо барои нигохдори боркашонии предметхои мехнат кувваи табии табиат ба хамон андозае, ки онхо ба чараени истехсолот чалб шуда бошанд.

Хулоса, предметхои мехнат ин чизхое мебошанд, ки ба онхо мехнати инсон раванд карда шудааст. Воситахои мехнат ин чизхое мебошанд, ки ба воситаи онхо инсон ба табиат таъсир мерасонад.

4. Омилхои истехсолот ва самаранок истифодабарии онхо.

Инсон барои истехсоло намудани махсулот ба табиат таъсиррасанда онро шаклан дигаргун месозад ва барои конеъгардонидани талаботхои модии худ мувофик месозад.

Истехсолот ин коркарди неъматхои табиат барои истеъмоли бевосита ё барои истехсоли оянда мебошад. Чунин вазифаи истехсолот дар тамоми шаклхои ичтимоии он нигох дошта мешавад. Мухим он аст, ки кадом омилхои истехсолот дар тайёрнамудани неъматхо истифода мебаранд. Дар зери мафхуми омилхои истехсолот унсур ё объекти мухими фахмида мешавад, ки ба имконият ва самаранокии истехсолот таъсири халкунанда мерасонанд. Барои истехсоли хар як махсулот номгуи омилхои худи вучуд ба вучуд меоянд. Назарияи марксисти омилхои истехсолотро ба ду гурух чудо мекунанд.

Омилхои шахсии истехсолот.

Омилхои модии истехсолот.

Ба сифати омили шахси хамеша кувваи кори дар назар дошта мешавад, яъне мачмуи кобилияти чисмонию зехнии инсон ба мехнат.

Ба сифати омили модди ситемаи мушкилро ба вучуд меоварад, ки самаранокии он ба техналогия ва ташкили истехсолот муайян карда мешавад. Назарияи истехсолот чор гурухи омилхоро пешниход менамояд, ки инхоянд.

Замин

Мехнат

Сармоя

Фаолияти сохибкори.

Фаркияти гурухбандии омилхо аз тарафи мактабхои Марксизм ва Маржинализм дар чист?

Марксизм дар он акида аст,ки омилхои истехсолот хамчун категорияи иктисоди чихати ичтимоии истехсолотро муаян мекунад. Алакай дар протсесси ибтидоии истехсолот таркиби синфи чамият ва зарурати муборизаи синфхо барои адолатпарасти ба вучуд меояд.

Маржинализм омилхои истехсолотро хамчун унсурхои умумии техникии иктисодие, ки ба он раванди истехсолот гайриимкон аст, мефахманд.

Маржинализм дар зери мафхуми сармоя восита ва предметхои мехнатро мефахманд ва шароти табииро ба фонди махсус чудо мекунанд. Марксизм бошад шароитхои табии, восита ва предметхои мехнатро якчоя намуда хамчун омили модди пешниход менамояд ва чунин мешуморад, ки агар гап сари ягон шароити табии махсус равад, хусусияти онхо тавасути рента ба инобат гирифта мешавад. Ба акидаи намояндагони мактаби Маркисизм ин алакай кисми махсуси илми иктисоди аст.

Маржиналистон фаолияти сохибкориро хамчун омили истехсолот этироф менамояд, аммо маркисизм онро рад менамояд. Гурухбандии дар боло зикршуда маълумотхои доимо шахшуда нестанд.

Дар назарияи иктисодии чомеаи баъдииндустриятиви дар гурухбандии омилхои истехсолот омилхои итилооти ва иктисодиро низ чудо менамоянд. Хар дуи онхо бо дастовардхои илми муосир ки худ ба худ хамчун омили мустакил баромад мекунад, зич алокаманданд,чунки ба дарачаи самаранокии истехсолот, чараёни тайёркунии кувваи кори лаёкатнок ва афзоиши сатх ва имконияти сармояи инсони таъсири халкунанда мерасонанд.

Итилоот- банизомдарории маълумот, барномасози, ташкил намудани моделхои менечмент ва маркетингро таъмин менамояд.

Дар чахони муосир омили экологи низ аз ахамият холи нест.

Замин хамчун омили табии фахмида мешавад. Вай натичаи фаолияти инсон нест. Ба ин гурухи омилхои истехсолот бойгарии табиат; канданихои фоиданок, заминхои корам, чангал ва гайраро дохил мекунанд.

Барои коргари хочагии кишлок замин –ин воситаи асосии истехсолот, мебошад, ки як катор хусусиятхоро дорост:

-Замин бояд хосилхез бошад, ки метавонад табии бошад ва метавонад сунъи бошад дар мавриде, ки аз тарафи инсон таркиби хок иваз карда

мешавад.

-Таъсири инсон ба хосилнокии замин бехудуд буда наметавонад.

Сармоя хамчун омили истехсолот дар шакли мачмуи неъматхое, ки дар истехсоли молу хизматхо истифода мешавад, баромад меунад. Ба инхо дастгоххо, мошинахо, биною иншоотхо, воситахои алока ва гайра дохил мешаванд. Таркиби техникиион хамеша такмил меёбад ва ба фоиданокии протесси истехсолот таъсири халкунанда мерасонад.

Сармояро хамчун омили истехсолот муайян намуда, иктисодчиён онро бо воситахои истехсолот хаммаъно мешуморанд. Таърихан тарафдори чунин акида намояндагони мактаби классики ба хисоб мерафтанд: А. Смит чунин мешуморад, ки сармоя ин воситахои истехсолот аст. Физиократхо дар Франсия дар зери мафхуми сармоя заминро мефахмиданд. Дар байни иктисоддонхои намоёни асри 20 ин акидаро У. Баумоль, А.Блиндер, Р.Дорбнули ва як катор дигарон дастгири мекарданд. Аммо сармоя бо шакли пули он алокаманд аст. Гузашта аз ин сармоя ин донишу малакаи инсон, кувваи он ки дар чараёни истехсоли молу хизматхо истифода мешавад, фахмида мешавад. Сармоя инсони хамчун сарчашмаи даромад фахмида мешавад.

Сармоя ин вакт аст. Вакт бощад омили мустакилест, ки даромадро ба вучуд меорад. Даромад-ин мукофот барои рад намудани конеъгардонии талаботхои шахси дар айни хол ба хотири оянда мебошад.

Ба акидаи К. Маркс сармоя мафхуми мушкил аст. Зохиран он хамчун воситахои истехсолот (сармояи доими), дар шакли пули(сармояи пули) дар одамон (сармояи тагирёбанда), дар мол (сармояи моли) баромад мекунад.

Мехнат хамчун омили истехсолот-ин фаолияти зехни ё чисмонии инсон мебошад, ки барои тайёр намудани неъмат ва расонидани хизмат равона шудааст. Вакте,ки дар давоми он инсон мехнат менамояд, рузи кори ном дорад.

Давомнокии максималии рузи кори аз руи омили чисмони, маънави ва ичтимои муайян карда мешавад:

Якум ин, ки инсон дар тамоми 24-соати шабонарузи кор карда наметавонад чунки барои вай вакт барои хоб,истирохат, истеъмоли гизо, яъне барои баркарорсозии кувваи кори зарур аст.

Дуюм ба инсон конеъгардонии як катор талаботхои маънави ва ичтимои зарур аст.

Фаолияти сохибкори фаолияти максаднок ва ташабускоронаи инсон буда дар асоси тавакал ташкил меёбад ва максад аз он гирифтани фоида мебошад.

Кобилияти сохибкори шакли махсуси сармояи инсонист, ки ба воситаи он якчоясози ва ба як самт равонасозии тамоми омилхои дигари истехсолот ба максади истехсоли махсулот амали гардонида мешавад.

Хусусияти ин гуногуншаклии захираи инсони аз тавонои,ва хохиши инсон дар чараёни истехсолот дар асоси тичорат ворид намудани шаклихои нави махсулоти истехсолшаванда технология,шакли ташкили бизнес дар асоси тавакалкори ва эхтимолияти зарар дидан иборат аст.

Иктисодчии англис Кантильен дар зери мафхуми сохибкор шахсеро мефахмид, ки даромади муайян ва гайрирасми дорад. Вай моли дигаронро бо нарххо муайян мекард, аммо бо нарххои хануз номуайян хохад фурухт. Аз ничо бар меояд, ки тавакал хусусияти асосии фарккунандаи сохибкор ба хисоб меравад.

Хангоми хулосабарории тахлили омилхои истехсолот, кайд кардан ба маврид аст, ки истехсолот танхо дар сурати ворид намудани хамаи омил ба протесси истехсолот имконпазир аст. Истехсоли моли муайян ё хизмат омили муайянро талаб менамояд, аммо асосиашон аз байни онхо замин, мехнат, сармоя ва сохибкори мебошад. Онхо дар алокаманди бо якдигар амал мекунад ва якдигарро пурра месозад.

5. Конуни пастшавии хосилноки ва афзоиши харочоти иловаги.

Хадду худудии вазкунии мехнат бо микдори калони сармоя вучуд дорад, ки пастравии истехсоли махсулотро ба вучуд меорад. Инчунин хади истифодаи мехнати дасти низ ба истифодаи дастгох вучуд дорад. Мисол: дар корхона мумкин аст истифодаи мошинро кам карда микдори мехнати дастиро зиёд намуд. Аммо дар сурати кам намудани микдори дастгохо(мошинахои кори) ва микдори зиёди коргарон барои гунчоиши хар як соати кори мошин микдори зиёди соати кори лозим мегардад. Холате, ки дар он тамоми шаклхои истехсолот ба максади асоси- фоидаи максимали мерасад, мувозинати истехсолотро ба вучуд меорад. Ин мувозинат кам ё зиёд устувор хамон вакт дониста мешавад, ки агар вобастагии тагироти хачми барориши махсулот аз хачми харочот нигох дошта шавад.

Бо андозаи афзоиши харочот хачми махсулот низ то хадди муайян меафзояд. Махсулоти ба ин восита ба даст омада махсулоти нихои ном дорад (МН). Он дар асоси захирахои истехсоли нихои хамчун муносибати афзоиши махсулот М ба афзоиши захира ба даст оварда мешавад.

ПП= П/ Х. ( МН= М/ Х )

Агар харочотро беохир кам-кам зиёд намоем, махсулоти нихои хосилнокии нихоии захирахо ифода мекунад. Хосилнокии нихохии захира ва нархи бозори онро муайян намуда (сопостовит), корхона хамчун шакли ташкилии истехсолоти чамияти масалаи максаднок будани харочотхои иловагиро хал менамояд.

Аммо, агар прогреси техники динамики таъмин карда шавад, хар як харочоти иловагии вохиди мехнат камфоидаовар мешаванд. Пастравии хосилнокии нихоии мехнат ва махсулоти нихои ба вучуд меояд. Ин дар мавриде, ки дар болои мошинхои мавчуда ва механизмхо боз харочоти зиед барои мехнати коргарон зам мешавад, мушохида мегардад. Имконияти техники мехнат паст шуда, истехсолот ба хади техники худ мерасад ва афзоиши умумии махсулот кат мегардад. Ба андозаи наздикшави ба хади техники харочотхои бо восеъсозии истехсолот алокаманд меафзоянд. Дар инчо кайд кардан лозим аст, ки ин чараени (затухания)- – – – – – – – – качхатаи функцияи истехсоли дар назаряи иктисоди хамчун конуни пастшавии хосилноки маълум аст.

Дар холати афзоиши як намуди харочот ва доимо афзудани дигар харочотхо холате мешавад, ки микдории иловагии ин нави харочот ба мачмуи махсулоти саноати сахми камшаванда мегирад.

Бигзор, ки функцияи истехсоли V=F(F,F,…….F).бошад. Фарз мекунем, ки дар чараени истехсолот хамаи омилхо доимианд ба гайр аз F охиста – охиста дар ин истехсол зиед мешавад ва омили тагиребанда мебошад.

Алокамандии байни F ва махсулоти истехсолшуда муайян намудан лозим аст.

Гарчанде, ки борои истехсоли махсулоти додашуда хамаи хомилхо зарурандд ва хангоми бо 0= будани ахамияти F махсулоти истехсолшуда низ ба 0 = хохад буд.

6. Давраҳои ҳаракати маҳсулоти ҷамъияти.

Натичаи хар як истехсолоти чамияти истехсоли махсулот ва хадамот мебошад. Харакати доим ива мувозини онхо чун ягонагии даврахои истехсолоти чамияти: истехсол, таксим,мубодила ва истеъмол сурат мегирад.

Истехсол нуктаи ибтидоии истехсолоти чамияти буда, чунбиш, харакат, инкишоф ва пешрафти онро таъмин менамояд. Дар давраи истехсол тавлиди махсулот анчом меёбад. Дар холати тавлид, неъматхову хизматхои иктисоди истеъмол карда мешавад.

Истеъмол:- максади нихонии истехсол буда, дар хар як сохторхои иктисоди, сатх ва рушти онро муайян мекунад.

Дар чомиаи то идустриали истеъмол ба максади истехсол ё худ истехсол ба максади истеъмол хизмат менамуд. Дар шароити иктисоди бозори мувафакият нохоханд кард.

Истехсол ба максади истифодаи захирахои махдуди иктисоди, таъмин кардони дарачаи баланди фойдагарии, саторапокию такозои беинтихои ахолии нигаронда мешавад.

Тахсим – узви хатми ва давоми истехсолоти нияти буда, муносибатхоро оиди таксими сармоя ва мехнат дар байни сохахои истехсолоти моди, нохияву кишвархо ифода мекунад. Он хамчун давраи мустаким муносибатхоро тибки таксиму ташакули гурухо, синфхо, фарду чомеа нисбат ба истехсоли махсулот; истехсолкунандаю истеъмолкунанда таксими махсулот, таксими захирахои иктисоди ва гайрииктисодиро ифода мекунад.

Таксим ва мубодила на факат вазифаи миёнаравии байни истехсолу истеъмол балки дар зинаи истехсол хамчун звенаи ибтидои низ иштирок менамояд. (Таксим ва истехсолот кувваи кори, захирахои иктисоди).

Мубодила- хамчун унсури мухимтарини истехсолоти нияти дониста мешавад. Оиди накшу макоми он дар адабиёти иктисодии муосир якдигарфахми чой надорад. Дар адабиёти гайримарксисти мубодила хамчун унсуи махсулдехи истехсолоти нияти донита мешавад.

Вобаста ба хусусияти махсулдихандагии худ он имкон медихад, ки неъматхо дар фазои иктисоди бештар сатр намоянд, чой иваз намуда, талаботхои беинтихои одамонро пурра таъмин намоянд ва бо хамин чихат сарвати чомеаро афзун гардонанд.

Намояндагони мактаби неоклассики (Маршал) ва дигарон акида доранд, ки мубодила хамчун истехсолоти махсулдиханда аст. Он барои харомоту давризании неъматхо ва пурратар конеъгардонии талабот шароит фарохам меоварад ва бо хамин сарвати чомеаро афзун мегардонанд.

Истеъмол- самти мукобил ва давраи мустакилу нихоии истехсолоти чомеави буда, чараёни истифода, нест, масрафи ё худ кам кардани фойданокии неъматхои модиро ифода мекунад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.