Моликият ва моделҳои ташаккули системаҳои иқтисодӣ

                                      Нақша

  1. Моликият ҳамчун зуҳуроти иқтисодӣ.
  2. Гуногуншаклии моликият ва таснифоти он.
  3. Нақши ғайридавлатисозӣ ва хусусигардонӣ дар ташаккули гуногуншаклии моликият.
  4.  Моликият ҳамчун зуҳуроти иқтисодӣ.

Дар зиндагии рузмарра таҳти мафҳуми моликият таалуқ доштани ин ё он мавод ба шахсони муайян дар назар дошта мешаванд. Ин маънои онро дорад ҳар як  инсон ҳамчун моликиятдор амволи ба худ таалуқ доштаро аз руи назардошти худ истифода мебарад. Чунин тасаввур аз он бармеояд, ки моликият ин муносибати инсон ба амвол мебошад. Дарки илмии моликият ва тасаввуроти рӯзмарра бо он фарқ менамояд, ки моликият – ин мафҳуми иҷтимоӣ буда, нигорандаи системаи муносибатҳо байни фардҳо, гуруҳҳои иҷтимоӣ ва синфҳо мебошад. Дар асри гузашта сотсиалисти фаронсавӣ  П.Ж.Прудон гуфта буд, ки «Моликият- ин дуздӣ аст ». Агар касе соҳиби амвол бошад, каси дигар имконияти доштани онро надорад. Аз ин ҷо  чунин хулоса бармеояд, ки дар асоси моликият муносибатҳои ҷамъиятии байни одамон ҷойгир шуда, шакли муайяни азонихудкунии манфиатҳои моддиро мефаҳмонад. Аз хусусияти моликият шаклҳои тақсимот мубодила ва истеъмол вобаста аст. Масалан, дар асоси иқтисоди муттамарказ моликияти давлатӣ ҷойгир шудааст. Қарорҳо оиди истеъмол ва тақсимот аз тарафи идораҳои давлатӣ қабул карда мешавад. Идораҳои муттамарказ талаботи иқтисодиётро ба истеъмолкунандагон мерасонаанд. Бо инкишофи иқтисодӣ шаклҳои моликият ҳам дигаргун мешаванд.

    Ба масоили моликият мафҳуми « манфиатҳои иқтисодӣ»- кушиши одамон ба қонеъ намудани эҳтиёҷот ва талаботҳои худ зич алоқаманд аст. Муқобилияти манфиатҳои дорандагон сармояи хусусӣ ва дигар захираҳо дар давраи муборизаи рақобатӣ , дар кушишҳои корношоям намудани рақибон намоён мегардад. Инчунин методҳои гуногун: фишор ба нархҳо;  бастани созишномаҳои махфӣ;  маҳрум намудани рақибон аз маҳсулот ва додани қарзҳои имтиёзнок истифода бурда мешаванд. Дар иерархияи умумии манфиатҳои иқтисодӣ манфиатҳои фарди, коллективӣ (гуруҳи),  минтақавӣ ва ҷамъиятиро ҷудо кардан мумкин аст. Агар ба ҳисоб гирем, ки манфиатҳои иқтисодӣ -ин  сабабҳои ташвиқкунандаи фаъолияти одамон бошад, пас қонеъ намудани талаботҳои коллективҳо, минтақаҳо аз они ҳаммаи ҷамъият аст.

Он чиз маълум аст, ки гузариш ба иқтисодӣ бозорӣ дар якҷоягӣ бо танзими давлатӣ талаботҳои шаҳрвандонро бомуваффақият  қонеъ менамояд. Бо ҳам пайвасткунии гуруҳхои гуногуни талаботҳои ҷамъиятӣ, аз ҳама пеш дар муносибатҳои молу мулкӣ аён мегардад. Барои ин ҳифзи боэътимоди манфиатҳои ҳамаи субъектҳои муносибатҳои бозорӣ ва риояи меъёрҳои ҳуқуқи моликият зарур аст.  Ҳифзи ҳуқуқҳои моликиятдорӣ, ки дар қонунҳои давлатӣ қайд гардидааст, шарти ҳатмии мубодилаи бозорӣ, муносибати мутақобила байни фурушандагон ва харидорон мебошад. Соҳибмулк будан, соҳибкорро ҳавасманд мегардонад ва ӯро водор месозад, ки захираҳои меҳнати  – техника, масолеҳ, сӯзишворӣ, замин, қувваи кориро самаранок истифоа барад. Саъю кушиш барои зиёд гардонидани даромадҳои худ, соҳибмулконро ба он ҳавасманд мегардонад, ки як қисми ин даромадҳоро барои пасандоз, ва васеъ намудани кори худ истифода баранд.

 Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки моликияти  давлатӣ самаранок шуда метавонад, чунки назар ба дигар шаклҳои моликият бартариҳои  муайяне дорад: махорати ба амал баровардани макротанзим ( макро регулирование ), амалӣ гардонидани стратегияи инкишофи иқтисодии ҷамъият дар маҷмỳъ, мувофиқ намудани структураи (сохти) иқтисоди  миллӣ аз рỳи меъёри ба даст оварии самаранокии аз ҳама баланд , ки ба беҳбудии инсон равона карда шудааст. Моликияти давлатӣ дар шаклҳои умумимилии ҷумҳуриявӣ нақши муҳимро дар иқтисод мебозад.

      Бартарии шакли давлатии моликият дар иқтисоди мамлакат ва пайдошавии монополияи давлати меорад, ки барои инкишофи иқтисодиёт, барои истеҳсолкунанда  фоидаовар аст. Корхонаи давлатӣ ҳамчун монополист баромад менамояд.

Дар натиҷаи чунин вазъият чунин ҳолатҳо рух медиҳад; вайрон намудани муҳлати расонидан ва ҳаҷми молҳо, ихтисори истеҳсолот, пайдошавии камчинӣ (дефетсит)  маҳсулот ин сухан дар бораи бартараф намудани моликият давлати нею, оиди иваз намудани вазъи монополии он меравад.

2.  Гуногуншаклии моликият ва таснифоти он.

  Моликиятҳои хусусӣ

Истилоҳи таърих « Моликияти хусусӣ» барои он пайдо гардид, то ки амволи давлатиро аз дигар амволҳо маҳдуд намояд. Аз ин рỳ ҳисоб карда мешуд, ки он чизе ки давлатӣ нест, он хусусӣ аст.

  1. Хоҷагиҳои хонагӣ – ҳамчун воҳидҳои иқтисодӣ, ки истеҳсолотӣмаҳсулот ва хизматгузориро ба амал меорад.
  2. Корхонаҳои хусусии расмӣ- ки дар муофиқат бо қонунгузорӣ амал менамояд ( аз истеҳсолоти дастӣ то корхонаҳои калон).
  3. Корхонаҳои хусусии ғайрирасмидар таркиби иқтисодиёти ниҳонӣ (теневой). (Ҳамаи намуди фаъолият дар истеҳсолоти молҳо ва хизматгузорӣ, ки бе иҷозати махсуси ҳукумат амалӣ мешавад).
  4. Ҳамаи намудҳои истифодаи амволи хусусӣ ва ё пасандозҳои шахсӣ- аз додани хона ба иҷора то муомилотҳои пулӣ байни одамони тасодуфӣ.

Индувидуализм, ки ҳамчун асоси ду функсияҳои минбаъда баромад менамояд.

  1. Моликият мансубияти ашёҳои муаянро ба ин ва ё он шахсон ё ки гуруҳҳо муаян менамоянд ва ба қайд мегирад.
  2. Моликият на танхо шавқу рағбатро ба истифодаи фаъоли воситаҳои истеҳсолот бедор менамояд, он инчунин ҳисси ҷавобгариро барои тақдири онҳо, барои истифодаи пурсамари онҳо ба миён меорад.

Шаклҳои иқтисодии баамал барории молиият:

  1. Даромадҳо, фоида, рента, музди меҳнат, фоиз.
  2. Натиҷаи ниҳонии хоҷагии халқ ( қонеъ намудани талаботҳои аъзоёни ҷамъият ва афзоиши некуаҳолии халқ).

Сектори хусусӣ худ ба худ инкишоф меёбад, бея гон дастурамал аз марказ, ки ин аз қобилияти мавҷуд будани моликияти хусусӣ шаҳодат медиҳад. Яке аз шароитҳои асосии инкишофи сектори хусусӣ ин озодии комили муассиса, корхона ва ибтидои ҳама намуди фаъолияти истеҳсолот мебошад. Сектори хусусӣ набояд, к ибо ягон хел маҳдудият рỳ ба рỳ гардад, балки ҳуқуқи беандоза дошта бошад, дар иҷора додани амволи худ, ки моликияти хусусии ỳст дар асоси шартномаи озод байни иҷорадеҳ ва иҷоранишин, инчунин ҷамъ намудан, фурỳш ва хариди ашёҳои пурқимат. Нархҳои озод, ки дар асоси шартномаи озоди харидор ва фурушанда ба миён меояд, фаъолияти озоди берунии молиявӣ, озодии хариду фуруши манзил ва ё амвол, ки моликияти хусусӣмебошад, озодии қардиҳӣ, бо додани фоиз, харидани қуи корӣ, инвеститсияҳои пулӣ ба ҳамаи корхонаҳои хусусӣ- ҳамаи ин фазо барои инкишофи сектори хусусӣ хеле зурур аст. Шарти дуюми инкишофи сектори хусусӣ кафолати қрнунии иҷора ỳҳдадориҳои шартномавии хусусиро талаб менамояд. Дар ҳолати  вайрон намудани шартномаи хусусӣ шахс ҷабрдида бояд ҳуқуба суд вайронкунандаро ба иҷораи ỳдадорихои ба зима гирифтааш водор намояд.

     Шарти сеюм – бехатарии моликияти хусусӣ. Кафолати дахнопазирии он боядаз тарафи қонун дар назар дошта шавад.

     Шарти чорум – талаб менамояд, ки сиёсати кредитӣ маблағгузорӣҳои хусусиро ҳавасманд гардонад. Барои инкиофи ҳамаи шаклҳои моликият вазъи имкониятҳои баробар манфиатнок аст. Дар ҳақиқат сектори давлатӣ маблағи беандоза ҷамъ оварааст, муттаҳидшавии дастгоҳи бюрократӣ, системаи давлатии бонкӣ ва корхонаҳои давлатӣба амал омад. Самараноктии сектори хусусӣ аз онн сабаб ба амал меояд, ки онҳо аз таҳдидӣ муфлисшавӣ дар натиҷаи мушкилиҳои молиявӣ дар ҳаросанд, ҳарчанд, ки онҳо чи гунна шартҳои қарздиҳӣ дорад, ё не.

Барои инкишофи минбаъдаи сектор хусусӣ мавҷуд будани этиром дар ҷамъият ба сектори хусусӣ хеле зарур аст.

  Шарти панҷум-  дар шароити иқтисоди бозаргонӣ, агар ба харидор он моле, ки фурỳшанда пешкаш менамояд, зарур аст ва харидор маблағи онро пардохт карда мешавад, фаъолияти соҳибкор фурỳшанда ҳамчун фаъолияти фоиданок ҷамъиятӣ дида мешавад. Дар ҳамаи мамлакатҳо асоси соҳибкорони хусусиро одамони меҳмондỳст ташкил менамояд.  Моликияти хусусӣ дар натиҷаи амал кардан дорои хусусиятҳои алоҳида таснифоти ҷамъиятиӣ мегардад. Ин дар пардохти ҳаққӣ аъзогии ҳатми азрỳи суғуртаи иҷтимоӣ, андозҳо ба буҷҷаи давлатӣ ва маҳаллӣ, рентаҳо намудор мегардад.

   Дар ҷамъияти муосири тараққиёфта вазъи моликияти хусусӣ низ таъғир ёфтааст. Бисёре аз иқтисодчиён онро эътироф менамояд, ки он ҳоло на танҳо дар шакли ҷудогона ( меҳнатӣ ва ё ғайримеҳнатӣ), инчунин дар дигар шаклҳо истеъмолӣ ва дигар шаклҳои кооперация инчунин моликияти аксионерӣ ва моликиятҳои корхонаҳои муштарак ва омехташуда мебошад.

   Щакли кооперативии моликият дар бисёре аз мамлакатҳои ҷаҳон хеле васеъ паҳн гардидааст. Аз рỳи арзишҳои ба даст оварда, дар ҷаҳон қариб як миллион ташкилотҳои кооперативӣ , зиёда аз 120 намудҳои он амал мекунанд ва онҳо 600 млн. одамро муттаҳид месозад. Якумин кооперативӣ оиди коркард ва интиқоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар Нидерланн ва Фаронса ба вуҷуд омаданд. Дар Япония кооперативҳо зиёд аз 20 фоиз. Дар Нидерланд 60-65 фоиз , дар Германия, Фаронса, Испания 50 фоиз, дар ШМА, Британияи Абир , Белгия, Италия 30 фоиз маҳсулоти аграриро ба фурỳш мебарорад. Моликияти кооператсияи истеъмолӣ аз моликияти колхозҳо ба куллӣ фарқ мекунад. Колхозҳо кооперативвҳои истеҳсолӣ мебошад ва моликияти онҳо дар доираи истеҳсолотӣ амал менамояд. Қооператсияи истеъмолӣ ин кооперативҳо дар доираи гардиш мебошад. Шакли кооперативҳо дар шартҳои иқтисоди бозаргонӣ дорои иқтидори баланд мебошад. Назар ба моликияти давлатӣ ва ин баробарии онро нишон медиҳадалоқаи пардохти музди меҳнатбо натиҷаҳои ниҳоятгузории шаклҳои демократии идоракунӣ ва далелнокӣ хеле пурқувват ба меҳнат таърихан а мантиқан принсипҳои аввалан моликияти кооперативӣ инҳоянд.

а) Асоси ҳиссавӣ ташаккули фондҳо ва воситаҳои корхонаҳои кооперативӣ.

б)  Иштироки аъзоёни кооператив дар фаъолияти он бо меҳнати худ. Ин ба ҳама намуди кооператсия таалуқ дорад.

в) Ҳуқуқи ворид ва хориҷ гардидан бо бозгашт намудани амвол.

 Шакли кооперативии моликият ин шали коллективии моликият буда, индивидуализми худро гумм накардааст ва он алоқаи даромадҳо бо аломатҳои хусусӣ ( ҳисса) намудор мегардад.

 Моликияти аксионерӣ- моликияти мукамал фасеҳ буда ба истеҳсолоти калони ҷамьиятӣ мувофиқат менамояд. Аз руи пайдоиш ва амалкуни он ҳамчун шакли ҷамияти моликият мебошад ва инчунин чун шахсӣ баромад менамояд. Дар ана ҳамин бартарӣ ва универсализм он мебошад. Ҳавасмандии дорандагони аксиятҳо пурра нею қисман мебошад. Сухан дар бораи ҳавасмандиии нисбии аксионерҳо дар амалӣ гардонии ҳамаи маблағҳои аксионерӣ, к ибо ҳаҷми маблағҳои пакетҳои шахсӣ, аксияҳо маҳдуд карда шудааст меравад. Дар мамлакатҳои Ғарб ( агар бизнеси хурд ва хоҷагии қишлоқро аз ҳисоб барорем) моликияти аксионерӣ қариб, ки умумӣ гардидааст. Дар ин далатҳо он 80% фондҳои асосӣ ва маҳсулоти истеҳсолшавандаро фаро мегирад. Корхонаҳои давлатӣ дар ин мамлакатҳо хеле каманд. Онҳо одатан дар шакли аксионерӣ фаъолият менамоянд, лекин давлатӣ ҳисоб меёбаннд, чунки давлат дорои паети аксияҳои назоратӣ мебошад. Аз ин рỳ ( индувидуализасия) кунонидани мамлакат ва моликияти хусусӣ дар раванди шаклҳои ҷамъиятии азхудкунӣ инкишоф меёбад. Ягон шакли моликият ова универсалӣ шуда наметавонад. Ҳар шакли моликият доираи истифодаи пурсамари худро дорад.

  Моликияти давлатӣ бо муваффақият дар доираҳои имконияташон маҳдуд ҳавасмандгардонии бозогонӣ фаъолият мекунад. Моликияти аксионерӣ ва кооперативӣ дар он ҷое истифода мешавад, ки дар он консентрасияи ( ҷамъи) калони маблағҳо зарур нест ва дар он ҷо маблағҳои зарурат барои фаъолияти хоҷагӣ бозёфт ва ҷамъ карда мешавад бо тарзи фардӣ. Дар адабиётҳои иқтисодӣ ғайр аз шаклҳои асосии моликият дигар шаклҳои ҳосилшудаи онро нищон медиҳад, ба монанди моликияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ, асотсасияҳо, ширкатҳо. Серковҳо, моликияти оилавӣ ва ғайра.  Ҷои махсусро шакли интелектуалӣ «маънавӣ, фикрӣ» моликият ишғол менамояд, ки бо худ азхудкунии донишҳо, мубодилаи ахбороти илмӣ, маданӣ, ихтироотҳоро ифода менамояд, ки «ихроҷи ақлҳоро» имконпазир менамояд. Инкишофи шаклҳои моликият дар марҳилаи муосир бо ҷараёни интернатсионализатсияи муносибатҳои моликияти таснифот мегардад, ки дар натиҷаи он моликияти таснифот мегардад. Ки дар натиҷаи он корхонаҳои муштарак ва корпаратсияҳои траисинасионалӣ пайдо мешаванд.

3. Нақши ғайридавлатисозӣ ва хусусигардонӣ дар ташаккули гуногуншаклии моликият.

 Нақши ғайридавлатисозӣ ва хусусигаронӣ дар ташаккули гуногуншаклии моликиятдар стратегияи дигаргуниҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти муносибатҳои моликияти мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Муколамаҳои ракат ҳамаи ҷанбаҳои онро аз асосҳои умумии методологии ислоҳоти моликият то воситаҳои аниқи дигаргуншавии муносибатҳои моликиятӣ фаро мегирад. Раванди асосии дигаргуншавии муносибатҳои молииятӣ дар марҳилаи мазкур, ташаккул ва инкишофи шаклҳои он ин ғайридавлатисозӣ ва хусусигардонӣ мебошад. Худи консепсияи ғайридавлатисозӣ, хусусиардонӣ ва ҷараёни ба амалбарории он барои иқтисоди ҷаҳонӣ кори нав нест. Бо приватезасияи (хусусигардонӣ) маҷбуран, ки бисёре аз мамлакатҳои мутарақӣ ва тарақикардаистода машғул шавад, ки дар онҳо моликияти давлатӣ то як андоза амал мекунад. Лекин фарқиятҳои ҷиддӣ дар шароитҳои ибтидоии он вуҷуд дорад. Назар ба давлатҳои саноаташон тараққиёфта ва мамоликҳои собиқ Шỳравӣ, Европаи Шарқӣ ( ки таҷрибаи онҳо барои мо манфиатнок аст). Дар ҷумҳурии мо бозор бо механизми рақобати озод вуҷуд надорад ва нав моликияти хусусӣ ва дигар шаклҳои моликият бо маблағҳои истеҳсолот еҳё мегардад. Иқтисодаз тарафи давлат монополизатсия гардида шудааст. Дар ин шароитҳо ҷараёни приватизатсияҳои корхонаҳои давлатӣ дар баробари ҷараёни демонополизатсия бояд суръат гирад ва ин озодии корхонаҳро аз ҳукмфармоии давлат ва ҳам ташкили миқдори бисёри корхонаҳои хурд ва миёнаро талаб менамояд, ки ин шарти асосии амалигардонии механизми рақобати бозаргонӣ мебошад. Бояд қайд намуд. Ки инҷо масоил на танҳо дар миқёси беназири ғайридавлвавтӣ ва хусусигардонӣ инчунин дар он аст, он имконпазир аст ё не бо ёрии методҳои маъмурӣ ташкилотӣ . Бисёр вақт назариётчиёни корозмудагон ҷараёни мураккаби эволютсия муносибатҳои моликиятро барои ҷамъият Ғарб дар давраи баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон хос аст ва бе он инкишоф ниёзи иҷтимоӣ- иқтисодӣ ва илмӣ –техникӣ ин ҷамъият номумкин аст ва он дар инқилоби илмӣ –техникӣ таҷҷассуми худро ёфтааст, аз назар дурр менамояд. То имрỳз дар ҷаҳон модели офариниши самараноки шаклҳо нави хоҷагидорӣ дар заминаи корхонаҳои моликияти умумихалқёфт нагардидааст. Аз ин рӯ вазифаи асосӣ дар ҳалли масъалаҳое мебошад ки аз таҷрибаҳои нави ҷамъияти пешбари шудаанд ва ба ҳаёт мутобиқанд. Ин маънои онро дорад, ки аз пушти методҳои бегона нашуда, онҳоро ҳам бе таҳлили амиқинкор кардан мумкин нест.

Табоули корхонаҳои монополизатсишудаи давлатӣ ба истеъмолкунандагон дар рақобатанд, ташакулли хуҷаинҳо, ки моликияти худро идора менамуданд. Ана ҳамин ин иқтисодиёти ҷумҳурияви маро ба пеш мебарад ва ба ин самаранокӣ ва ҷараёни он қувват медиҳад.аз ин рӯ зарурияти гузаронидани чораҳои калонмиқёс ва ҳатмӣ оиди ғайридавлатисозӣ ва хусусисозии моликият бояд, ки ягон шакку шубҳаро на дар назоратчиён ва на дар коромуздагон бедор накуна ва ин ба далелҳои иловагӣ ниёз набояд дошта бошад. Масоил танҳо дар дуруст гузаронидани ин ҷараёни мураккаб ва вазнин ва дар назоратчиёни манфиатҳои кормандони соҳаи истеҳсолот мебошад ки дар зери дасти онҳо расман заводу фабрикаҳо, корхонаҳои хаҷагии қишлок ҷой гирад ва инчунин онҳое, к ибо истеҳсолот вобаста алоқа надоранд, нафақахурон, донишҷуён, қисми корношоями аҳолии ҷумҳурӣ. Мувафақияти ин ҷараён аз он бармеояд, ки онро қисми зиёди аҳолии ҷумҳурӣ дастгири менамоянд ё не дастгирии онҳо бо назардошти манфиати онҳо дар ҷараён мутаносиб аст. Дар алоқа бо ин ба ҷараёни тадбиқи амалии барнома ғайридавлатисозии моликият таҳлили ҳаматарафаи мушкилиҳо, ки халқ ба душ дорад, дараҷаи тайёрӣ ва қобилияти паси сар намудани мушкилиҳо барои баромадан аз бӯҳрон зарур аст. Бисёре аз аҳолии ҷумҳурӣ маро руҳан зидди бозаргонӣ фаро гирифтааст ва ин бо бадшавии вазъи иқтисоии онҳо, ки бо шароитҳои обективи ба амал омадаанд, алоқаманд аст. Лекин ҳамаи инро тафакури ҷамъиятӣ ҳамчун оқибатҳои ислоҳотҳои иқтисодии гузоришӣ ба бозор қабул менамояд. Аз ин рӯ ҳоло тағири психологӣ хеле муҳим ва зарур аст. Ҳоло оиди вазъи дурустии корҳо дар ҷамъият фикрронӣ намудан хатарнок аст, хатогиҳои муассисаҳои давлатии идоравиро танқид намуда, бисёре аз одамон ҳисси ҷавобгариро барои тақдири ислоҳотҳои иқтисодӣ надоранд ва гирду атрофии худ фориқболона назар менамоянд. Хамаи ин сабабӣ натиҷаҳои амалии начандон калон дар амалкунии ислоҳотҳои моликият дар ҷумҳурии мо мебошанд.

         Ғайридавлатисозии ва хусусисозии моликият, ки  ҳамчун табдили моликияти давлатӣ ба дигар шаклҳои хоҷагидорӣ фаҳмида мушаванд, бояд ба баъзан мустаҳками ҳуқуқӣ такя намоянд. Санадҳои ҳуқуқӣ бояд муқадассот ва дахлнопазирии шаклҳои мавҷудбуда ва навташкилшудаи моликтятро кафлат диҳанд.

         Қайд карда метавонем, ки тайёрии асосҳои ҳуқуқӣ ва методойи ғайридавлатисозӣ ва хусусигардонии моликият дар ҷумҳурии мо тул каши два то охир кор карда нашудааст. Дермонии дар қабули меъёрҳои ҳуқуқӣ, ки ин ҷараёнро танзим менамояд ба он оварда расонд, ки ҷараёни ғайридавлатисозӣ ва хусусигардонӣ таснифи худбахудруйдиҳӣ гирифт. Дар охири солҳои 1990 то набудани санадҳои аниқи қонунгузорӣ нтгоҳ накарда харида гирифтани корхонаҳо ва ташкилотҳо аз тарафи коллективҳои меҳнати гирифта буд. Ин беруйхатгирии пешакии давлатӣ ва арзиши бозории амвол ба вуқуъ омада буд. Дар натиҷаи моликияти давлатӣ ба дигар шахсон аз рӯи нархҳои рамзӣ қариб, ки бе пул ба даст омад. Бадбахтии кор дар он аст, ки аз сабаби набудани дастурамалҳо он вақти заминаҳои ташкилотии бурдани ин ҷараён умумӣ танзим шуда буд, дар ҷумҳурии мо дар аввал ин ҷараён номуташакилона ба принсипи: кассе кия кум луқмаи калонро аз худ мекунад, вай хуҷаини нав шуда метавонад гузашт. Бадии кор дар он буд, ки ин луқмаҳо одатан ба он касоне мерасид, ки ба номенклатураи пештара наздик буданд, хусусан бюрократон корчалонҳои иқтисодӣ имконӣ ва бамиёнаравии онҳо ба хориҷиён дастрас мегардид.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.