Андухт истеъмол, пасандоз ва таъсири онҳо ба ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти миллӣ

  1. Маҷмуи тақозо ва маҷмуи арза. Омилҳое ки ба маҷмуи тақозо ва арза таъсир мерасонад.
  2. Модели кейнсионии мувозинатии макроиқтисодӣ.
  3. Истеъмол ва пасандоз: алоқамандӣ ва фарқияти онҳо. Майли миёна ва майли ниҳои ба истеъмол ва пасандоз.
  4. Маблағгузорӣ: тақозо ва омилҳои ташаккули он.
  5. Шакли фузунсозӣ ва суръатбахшӣ дар ҷараёни муайн намудани ҳаҷми маблағгузорӣ ва мувозинати он.

1. Маҷмуи тақозо ва маҷмуи арза. Омилҳое ки ба маҷмуи тақозо ва арза таъсир мерасонад.

Мақсади асосии таҳлили макроиқтисодӣ аз он иборат аст, ки шароитҳои гуногуни мувозинати умумии низоми иқтисодӣ муайян карда шавад. Аз ҳамин ҷиҳат макроиқтисод маҷмӯи нархҳоро таҳлил менамояд, ки онро дар назарияи иқтисод дараҷаи нархҳо меноманд.

Дар сатҳи макроиқтисод таъмини мувозинат аз маҷмӯи тақозо ва маҷмӯи арза вобаста мебошад.

Маҷмӯи тақозо (АD) ҳаҷми мол ва хизматҳое мебошад, ки истеъмолкунандагон, фирмаҳо ва давлат тайёранд, онҳоро новобаста аз дараҷаи нарх харидорӣ намоянд. Умуман, маҷмӯи тақозо ҳосили ҷамъи ҳамаи тақозоҳои инфиродиеро ифода мекунад, ки ба молу хизматҳо дар бозор вуҷуд дорад. Масалан, тақозо ба молҳои истеъмолӣ, таҷҳизот, молу хизматҳои дохилию хориҷӣ ва ғайраҳо. Маҷмӯи тақозо дар шакли графикиаш чунин тасвир карда мешавад:

Нақшаи 2. Графики маҷмӯи тақозо

Ба маҷмӯи тақозо омилҳои гуногун таъсир мекунанд, ки онҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст: омилҳои нархӣ ва ғайринархӣ.

Ба гурӯҳи омилҳои нархӣ омилҳои зерин дохил мешаванд:

1. «Самараи дараҷаи фоизи қарз» (нархи истифодаи маблағҳои қарзӣ). Ҳангоми афзоиши дараҷаи фоизи қарз маҷмӯи тақозо аз ҳисоби зиёдшавии хароҷотҳою дараҷаи нарх ва аз ҳисоби камшавии тақозо ба маблағгузорӣ (инвеститсия) кам мешавад. Ин ҳодисаро «самараи фоизи қарз» низ меноманд.

2. «Самараи боигарӣ». Ҳангоми афзоиши дараҷаи нарх даромади ҳақиқии одамон ва қобилияти харидории захираҳои амонатии онҳо низ кам мешавад. Ҳангоми пастшавии дараҷаи нарх ҳолати баръакс рух медиҳад.

3. «Самараи молҳои воридотӣ». Ҳангоми афзоиши нарх дар дохили кишвар тақозо ба молҳои ватанӣ кам шуда ва ба молҳои арзони хориҷӣ зиёд мешавад.

Ҳамин тавр, ҳангоми паст шудани дараҷаи нархҳо истеъмолкунандагон қисми зиёдтари молу хизматҳоро метавонанд харидорӣ кунанд ва баръакс, ҳангоми баланд шудани дараҷаи нархҳо онҳо қисмати камтари молу хизматҳоро харидорӣ карда метавонанду халос. Ба гурӯҳи омилҳои ғайринархӣ омилҳои зерин дохил мешаванд:

1. Тағйирот дар хароҷотҳои истеъмолӣ, ки ба даромади истеъмолкунандагон вобаста аст, яъне агар даромад зиёд шавад, пас маҷмӯи тақозо низ зиёд мешавад.

2. Тағйирот дар хароҷотҳои маблағгузорӣ, ки бо зиёдшавии он маҷмӯи тақозо низ зиёд мешавад.

3. Тағйирот дар хароҷотҳои давлатӣ, яъне афзоиши хариди молу хизматҳо аз тарафи давлат маҷмӯи тақозоро зиёд мекунад.

Дар натиҷаи таъсири омилҳои ғайринархӣ каҷхатаи маҷмӯи тақозо (АD) ба тарафи рост – ҳангоми зиёдшавӣ (А1D1) ва ба тарафи чап – ҳангоми камшавӣ (А2D2) майл мекунад (нақшаи 2).

Дар баробари маҷмӯи тақозо маҷмӯи арза низ барои шарҳ додани мувозинати умумии низоми иқтисодӣ истифода мешавад.

Маҷмӯи арза (АS) миқдори умумии мол ва хизматҳое мебошад, ки бо нархҳои гуногун ба бозор пешниҳод карда мешаванд.

Бузургии маҷмӯи арза ба бузургии маҷмӯи маҳсулоти миллӣ (МММ) ё бузургии даромади миллӣ (ДМ) андоза карда мешавад.

Яъне,

АS=МММ ё AS=ДМ

Маҷмӯи арза, пеш аз ҳама аз дараҷаи нархҳо вобаста мебошад. Нархи баланди молу хизматҳо боиси афзоиши арзаи онҳо мешавад ва баръакс, паст шудани сатҳи нарх ба камшавии арза оварда мерасонад. Маҷмӯи арза дар шакли графикиаш чунин тасвир карда мешавад:

D2

Нақшаи 3. Графики маҷмӯи арза

Ба маҷмӯи арза омилҳои зерин таъсир мерасонанд, ки онҳоро омилҳои ғайринархӣ меноманд:

1. Нархи захираҳо. Афзоиши нархи захираҳо ба зиёдшавии хароҷотҳои истеҳсолӣ оварда мерасонад, ки дар натиҷаи он маҷмӯи арза кам мешавад (дар график хати каҷи АS ба тарафи чап майл мекунад).

2. Афзоиши ҳосилнокии меҳнат. Ҳангоми афзоиши ҳосилнокии меҳнат, маҷмӯи арза зиёд мешавад (дар график хати каҷи АS ба тарафи рост майл мекунад).

3. Танзими хуқуқӣ (андозҳо, субсидияҳо ва ғайраҳо), масалан, ҳангоми паст шудани дараҷаи андозҳо хароҷотҳои истеҳсолӣ кам мешаванд ва маҷмӯи арза зиёд мешавад (дар графика хати каҷи АS ба тарафи рост майл мекунад).

Маҷмӯи арза дар график (нақшаи 3) ба тарафи рост (A1S1) зиёд мешавад ва ба тарафи чап (А2S2) кам мешавад.

Вобаста ба вазъи такрористеҳсол дар назарияи иқтисод консепсияҳои гуногуни маҷмӯи арза вуҷуд доранд, ки онҳоро дар шакли графикӣ (нақшаи 4) чунин тасвир намудан мумкин аст:

D2

I – порчаи кейнсионӣ (горизонталӣ);

II – порчаи фосилавӣ;

III – порчаи классикӣ (вертикалӣ).

Нақшаи 4. Маҷмӯи арза вобаста ба консепсияҳои гуногун

I. Дар порчаи горизонталӣ МММ ба дараҷаи ниҳоии худ нарасидааст. дараҷаи ҳаҷми ҳақиқии истеҳсолоти милиро ҳангоми шуғли пурра нишон медиҳад. Бекории ҳақиқи ҳангоми дар иқтисодиёт зиёд шудан боиси пастравии шадид ё буҳрони иқтисоди гардид миқдори зиёди мошинаю таҷҳизотҳо ва қувваи коргари истифода намешаванд. Дар ҳамин ҳолат агар дараҷаи нархҳо тағйир наёбанд ҳамин захираҳо ба ҳаракат даровардан мумкин аст. Чунки истеҳсолкунандагон метавонанд захираҳоро бо нархҳои паст харидори кунанд ва ҳаҷми номеналии истеҳсолоти миллиро баланд бардоранд. Азбаски шуғли пурра нишондиҳандаи доими нест ҳангоми тағйирёбии дараҷаи нархҳо ва музди кор онҳо дигаргун мешавад.Ин порча нишон медиҳад, ки иқтисодиёт дар ҳолати беҷонӣ (депрессия) қарор дорад ва миқдори зиёди захираҳои иқтисодӣ ҳоло истифода нашудаанд. Дар ин порча таваррум вуҷуд надорад ва ҳаҷми истеҳсолот танҳо дар натиҷаи афзоиши маҷмӯи тақозо зиёд мешавад. Порчаи горизонталиро порчаи «кейнсионӣ» (бо номи иқтисодчии англис Ҷон Мейнард Кейнс) низ меноманд. Чунки маҳз дар назарияи шуғли аҳоли ӯ суръати 25% бекориро дар Амрико пешгири кардааст.

II. Дар порчаи фосилавӣ ё ба боло ҳаракат кунанда нишон медиҳад, ки зиёдшавии ҳаҷми реалии истеҳсолоти милли аз таъсири дараҷаи нархҳо иқтисодиёти мамлакат захираҳои дохилиро истифода баранд пас соҳаи саноат маҳсулоте истеҳсол мекунанд, ки нархи баланд дошта ба қобилияти харидории аҳоли ҷавобгӯй нестанд. Дар ин маврид фирмаҳо метавонанд технологияҳои навро истифода кунанд ва ҷойҳои кориро ихтисор намоянд пас миқдори коргарони баландихтисос меафзоянд. Дар як вақт афзоиши нарх ва афзоиши истеҳсолот мушоҳида карда мешавад. Дар ин порча низ иқтисод бо тамоми имкониятҳояш амал намекунад, зеро ки дар ин порча тараққиёти якхелаи соҳаҳои иқтисод вуҷуд дошта наметавонад. Ҷараёни беқурбшавии пулро дар ин ҷо мушоҳида намудан мумкин аст.

III. Дар порчаи вертикалӣ истеҳсолот ба дараҷаи ниҳоии инкишофи худ расидааст, тамоми захираҳо истифода мешаванд ва шуғли пурра вуҷуд дорад. Агар дар ин порча маҷмӯи тақозо зиёд шавад, истеҳсолот онро таъмин карда наметавонад, бинобар ҳамин, дараҷаи нархҳо зиёд мешавад. Ин порчаро порчаи классикӣ (бо номи намояндагони мактаби классикӣ) низ меноманд. Онҳо шуғли умумии аҳолиро нишондиҳандаи доим ива танҳо хоси ҷамъияти сармоядори нишон медиҳад. Лекин инкишофи иқтисодиёти бисёр мамлакатҳо нишон медиҳад, ки шуғли умуми нишондиҳандаи доими нест.

  1. Модели кейнсионии мувозинатии макроиқтисодӣ.

Мувозинати макроиқтисодӣ яке аз масъалаҳои асосии назарияи иқтисод ба ҳисоб меравад. Мафҳуми «мувозинати макроиқтисодӣ» чунин интихоберо инъикос менамояд, ки тамоми субъектҳои хоҷагидориро қаноат мекунад. Ин мафҳум дар иқтисодиёт ва сиёсат истифода шуда, баробарӣ ва таносубияти ҷараёнҳои асосии иқтисодиро инъикос мекунад. Ба ҷараёнҳои асосии иқтисодӣ: истеҳсолоту истеъмолот, арзаю тақозо, хароҷотҳои истеҳсолию натиҷаи истеҳсолот ва захираҳою истифодаи онҳо дохил мешаванд. Масъалаи мувозинати макроиқтисодӣ ба монанди масъалаи шуғли аҳоли доими набуда ҳолати даргузари иқтисодӣ аст. Олимони иқтисодшинос тағирёбии дараҷаи нархҳоро бо таври гуногун шарҳ медиҳанд аз ҷумла олимони мактаби классики рақобатро барои ишғол кардани мавқеъ дар бозор нишондиҳандаи аз ҳама зарури намешуморанд. Ва пешниҳод мекунанд, ки танҳо тағирёбии талабот метавонад ҳаҷми истеҳсолоти миллиро дигаргун созад.

Дар назарияи иқтисодӣ мувозинати назариявӣ, мувозинати ҳақиқӣ ва мувозинати умумиро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд.

Мувозинати макроиқтисодии назариявӣ истифодаи устувори захираҳои иқтисодӣ ҳангоми амалӣ намудани тамоми манфиатҳои субъектҳои хоҷагидорӣ мебошад. Барои таъмини чунин мувозинат шартҳои зерин бояд иҷро шаванд:

  • тамоми фардҳо бояд дар бозор молҳои истеъмолии дилхоҳашонро пайдо намоянд;
  • тамоми соҳибкорон бояд дар бозор омилҳои истеҳсолоти дилхоҳашонро пайдо намоянд;
  • тамоми маҳсулоти соли гузашта истеҳсолшуда бояд фурӯхта шавад.

Мувозинати макроиқтисодии ҳақиқӣ мувозинатест, ки дар низоми иқтисодӣ дар шароити рақобати номукаммал, ҳангоми ҷой доштани таъсири омилҳои беруна ба бозор ба вуҷуд меояд.

Сабаби ҷой доштани мувозинати макроиқтисодии ҳақиқӣ дар он аст, ки мувозинати назариявӣ дар ҳаёти воқеӣ кам ба назар мерасад, зеро ки омилҳои гуногун аз қабили бӯҳрони соҳавӣ, беқурбшавии пул ва ифлосшавии муҳит ба таносубҳо таъсири манфӣ мерасонанд.

Мувозинати умумии макроиқтисодӣ мавҷуд будани мувозинатро дар ҳамаи бозорҳо ифода мекунад. Дар бештари адабиётҳои иқтисодӣ мувозинати макроиқтисодӣ гуфта, мувофиқати маҷмӯи арза (АS) ва маҷмӯи тақозоро (АD) меноманд. Мувозинатро дар се порчаи каҷхатаи маҷмӯи арза муайян намудан мумкин аст (нақшаи 5).

D2

Нақшаи 5. Мувозинати макроиқтисодӣ

Дар порчаи кейнсионӣ мувозинати маҷмӯи арза (АS) ва маҷмӯи тақозо (АD1) ҳангоми P1 (нарх) ва Q1 (ҳаҷми истеҳсолот) ҷой доранд. Афзоиши АD ба афзоиши маҷмӯи маҳсулот (бе афзоиши нарх) оварда мерасонад.

Дар порчаи фосилавӣ мувозинати маҷмӯи арза ва маҷмӯи тақозо ҳангоми Q2 ва нархи мувозинатии Р2 ҷой дорад. Афзоиши АD боиси болоравии нарх ва афзоиши маҳсулот мегардад.

Ҳолати мувозинат дар порчаи классикӣ дар нуқтаи мувофиқати Q3 бо P3 ба вуҷуд меояд, ки ҷой доштани шуғли пурраро нишон медиҳад. Афзоиши АD боиси афзоиши танҳо нарх мешавад, зеро ки ҳаҷми истеҳсолот тағйир намеёбад. Аз лиҳози назариявӣ ба мувозинати макроиқтисодӣ пеш аз ҳама ду омил таъсир мерасонад:

  • хароҷотҳои давлатӣ;
  • содироти соф.

Ба афзоиши хароҷотҳои давлатӣ маҷмӯи тақозо зиёд мешавад ва нуқтаи нави мувозинати макроиқтисодӣ ба вуҷуд меояд.

Агар содироти соф мусбӣ бошад, пас хароҷотҳои умумӣ зиёд шуда, маҷмӯи тақозо низ зиёд мешавад ва баръакс. Ҳамин тавр, ҳолати мусбӣ ва манфии содироти соф ба нуқтаи мувозинатӣ таъсир карда, нуқтаи нави мувозинати макроиқтисодиро ба вуҷуд меорад.

Дар амалияи ҷамъиятӣ бошад, ба мувозинати макроиқтисодӣ ҳамаи омилҳои маҷмӯи тақозо ва маҷмӯи арза таъсир расонида метавонанд, зеро ки дар натиҷаи таъсири онҳо каҷхатаҳои AD ва AS ба тарафи чап ё ба тарафи рост майл мекунанд.

  1. Истеъмол ва пасандоз: алоқамандӣ ва фарқияти онҳо. Майли миёна ва майли ниҳои ба истеъмол ва пасандоз.

Хароҷотҳо ба молҳои истеъмолӣ (тақозои истеъмолӣ) дар баробари хароҷотҳо ба сармоя (тақозои маблағгузорӣ) яке аз қисматҳои асосии маҷмӯи тақозо ба ҳисоб мераванд. Дар зери мафҳуми истеъмол (С) – маҷмӯи мол ва хизматҳое фаҳмида мешавад, ки дар давраи муайян харида ва истеъмол карда шудаанд.

Инсон дар рафти фаъолияти хоҷагидории худ на танҳо истеъмол мекунад, балки як қисми даромади худро пасандоз низ менамояд. Пасандоз (S) он қисми даромаде мебошад, ки истеъмол карда намешавад. Пасандоз сарчашмаи асосии маблағгузорӣ (J) ба ҳисоб меравад.

Ба истеъмол ва пасандоз омилҳои субъективӣ ва объективӣ таъсир мерасонанд. Ба омилҳои субъективӣ, пеш аз ҳама майли психологии одамон ба истеъмол ва пасандоз дохил мешавад. Майли психологии одамон гуфта, хоҳиши онҳоро оид ба истеъмоли мол ё ин ки пасандоз кардани даромад мефаҳманд. Майли психологии одамон ба истеъмол тавассути нишондиҳандаи майли миёна ба истеъмол (АРС) чен карда мешавад, ки он чунин ҳисоб карда мешавад:

Майли миёна ба истеъмол (АРС) муносибати байни қисми истеъмолшудаи даромади миллиро (С) ба ҳаҷми умумии даромади миллӣ (Y) нишон медиҳад.

Майли психологии одамон ба истеъмол тавассути нишондиҳандаи майли ниҳоӣ ба истеъмол (MPC) низ андоза карда мешавад. Ин нишондиҳанда нисбати тағйиротро дар истеъмол ба тағйирот дар даромад нишон дода, чунин ҳисоб карда мешавад:

Азбаски Y>C аст, бинобар ҳамин MPC ҳама вақт аз 1 хурд аст (MPC<1). Ин омили субъективӣ ба пасандоз низ айнан мисли истеъмол таъсир мекунад.

Нишондиҳандаи майли миёна ба пасандоз (APS) нисбати қисми пасандозшудаи даромади миллиро (S) ба ҳаҷми умумии даромади миллӣ (Y) нишон медиҳад.

Майли ниҳоӣ ба пасандоз (MPS) муносибати тағйиротро дар пасандоз нисбат ба тағйирот дар даромад, ки онро ба вуҷуд овардааст, нишон медиҳад ва чунин ҳисоб карда мешавад:

Азбаски C+S=Y аст, бинобар ҳамин:

мебошад.

Ба истеъмол ва пасандоз ба ғайр аз омилҳои субъективӣ омилҳои объективии зерин низ таъсир мерасонанд:

  1. Сарват (боигарӣ), яъне то чӣ андозае, ки андӯхти сарват (амволи ғайриманқул, қоғазҳои қиматнок) зиёд шавад, истеъмол низ зиёд шуда, пасандоз кам мешавад.
  2. Дараҷаи нарх, яъне бо афзоиши нархҳо истеъмол кам мешавад.
  3. Интизорӣ, яъне агар афзоиши нарх ё камчинии молу хизматҳо ба чашм расад, истеъмоли ҷорӣ зиёд шуда, пасандоз кам мешавад.
  4. Андозҳо, яъне бо афзоиши меъёри андозҳо истеъмол ва пасандоз кам мешаванд, чунки даромад низ кам мешавад.
  5. Маблағгузорӣ: тақозо ва омилҳои ташаккули он.

Пасандоз сарчашмаи асосии маблағгузорӣ (инвеститсия-J) ба ҳисоб меравад.

Маблағгузорӣ равона кардани сармояи давлатӣ ё хусусиро ба соҳаҳои гуногуни иқтисод дар дохил ё хориҷи кишвар бо мақсади гирифтани фоида меноманд.

Маблағгузорӣ дар самтҳои зерин сурат мегирад:

  • сохтмони бино ва иншоотҳои нави истеҳсолӣ;
  • харидани таҷҳизот;
  • харидани техника ва технологияи нав;
  • харидани ашёи хом;
  • сохтмони объектҳои таъиноти иҷтимоидошта ва ғайра.

Вобаста ба ин самтҳо шаклҳои зерини маблағгузориро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд:

1. Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ;

2. Маблағгузорӣ ба захираҳои молию-ашёӣ;

3. Маблағгузорӣ ба сармояи инсонӣ.

Вобаста ба таъсири маблағгузорӣ ба ҳаҷми истеҳсолот маблағгузории умумӣ ва холисро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Маблағгузории умумӣ гуфта, маблағҳоеро меноманд, ки барои иваз кардани таҷҳизоти истеҳсолӣ (фонди истеҳлок) ва барои васеъ кардани истеҳсолот истифода шудаанд.

Маблағгузории холис гуфта, маблағгузориеро меноманд, ки танҳо барои васеъ кардани истеҳсолот равона карда шудааст. Агар бузургии маблағгузорҳои холис мусбӣ бошад, пас иқтисодиёт дар ҳолати инкишоф қарор дорад. Агар бузургии маблағгузориҳои холис ба сифр баробар бошад (хароҷотҳои умумӣ = истеҳлок), пас, иқтисодиёт дар ҳолати карахтӣ қарор дорад. Агар бузургии маблағгузориҳои холис манфӣ бошад (хароҷотҳои умумӣ < фонди истеҳлок), пас, иқтисодиёт дар ҳолати бӯҳрон қарор дорад ва фаъолияти соҳибкорӣ суст шуда истодааст.

Ба маблағгузорӣ низ омилҳои субъективӣ ва объективӣ таъсир мерасонанд. Ба омилҳои субъективӣ қарори соҳибкорон оид ба маблағгузорӣ дохил мешавад. Ин омил дар навбати худ аз вазъи сиёсӣ, вазъи иқтисодӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, сиёсати давлатӣ ва ҳатто фаъолияти роҳбарони алоҳидаи давлат вобаста мебошад.

Ба омилҳои объективӣ омилҳои зерин дохил мешаванд:

  • Меъёри фоида, яъне агар афзоиши он дар назар дошта шуда бошад, пас, маблағгузорӣ зиёд мешавад.
  • Дараҷаи фоизи қарз. Агар дараҷаи фоизи қарз зиёд шавад, пас, маблағгузорӣ кам мешавад.
  • Меъёри андоз. Зиёд шудани меъёри андозҳо боиси кам шудани фаъолияти соҳибкорӣ ва маблағгузорӣ мегардад.
  • Дараҷаи таваррум ва беқурбшавии пули миллӣ. Ҳангоми афзоиши дараҷаи таваррум ва беқурбшавии пули миллӣ, маблағгузорӣ бинобар сабаби ноустувории ахборот ва ноустувории мавқеи фирмаҳо дар бозор кам мешавад.
  1. Шакли фузунсозӣ ва суръатбахшӣ дар ҷараёни муайн намудани ҳаҷми маблағгузорӣ ва мувозинати он.

Барои муайян кардани таъсири маблағгузорӣ ба ҳаҷми истеҳсолот аз тарафи мактаби кейнсионӣ назарияи фузунсоз ва суръатбахш пешниҳод гардидааст.

Назарияи фузунсоз барои тасдиқи мавқеи танзими давлатии иқтисод истифода карда мешавад. Моҳияти иқтисодии мафҳуми фузунсоз (мултипликатор) дар он ифода меёбад, ки афзоиши маблағгузорӣ боиси афзоиши даромади миллии давлат мегардад.

Фузунсоз коэффисенте мебошад, ки андозаи афзоиши маҷмӯи маҳсулоти миллиро (МММ) ҳангоми афзоиши маблағгузорӣ (Jg) нишон медиҳад.Ҳангоми афзоиши маблағгузорӣ МММ нисбат ба андозаи маблағгузории иловагӣ бештар афзоиш мекунад. Чунин самараи афзоянда дар андозаи МММ самараи фузунсоз номида мешавад.

Андозаи фузунсоз (MP) бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

Аз ин ҷо:

Бояд қайд намуд, ки афзоиши МММ дар натиҷаи афзоиши маблағгузорӣ дар навбати худ ба афзоиши иловагии маблағгузорӣ оварда мерасонад. Барои муайян намудани таъсири афзоиши даромад (МММ) ба афзоиши маблағгузорӣ мафҳуми суръатбахш (акселератор (Ак)) истифода карда мешавад.

Суръатбахш коэффисенте мебошад, ки муносибати миқдории маблағгузории соли ҷориро нисбати афзоиши даромади миллии соли гузашта нишон медиҳад, яъне:

test

Добавить комментарий