Бекори: моҳият, намудҳо, сабабҳо ва оқибатҳои иҷтимоӣ – иқтисодии он

  1. Моҳияти бекорӣ. Намудҳо ва нишондиҳандаҳои он.
  2. Сабабҳои бекорӣ. Сатҳи бекории табиӣ ва шуғли пурраи аҳолӣ.

3. Оқибатҳои иҷтимоӣ – иқтисодии бекорӣ. Таъмини бехатарии иқтисодии меҳнаткашон ва таъмини шуғли пурраи аҳолӣ.

Мафҳуми нав: Бекорӣ. Бекории фриктсионӣ, таркибӣ, даврӣ, ниҳонӣ ва институтсионӣ. Сохти бекорӣ. Меъёри табиӣ бекорӣ. Қонуни Оукен. Шуғли аҳолӣ. Шуғли пурраи аҳолӣ. Бехатарии иқтисодии меҳнаткашон.

  1. Моҳияти бекорӣ. Намудҳо ва нишондиҳандаҳои он.

Барои равшанӣ андохтан ба моҳияти мавзӯи мазкур бояд, ки мафҳуми бекориро дида баромадан лозим аст. Аз рӯи таърифи ташкилоти байналхалқии меҳнат бекор – ин шахсест, ки кор карда мехоҳад, кор кардан метавонад, лекин ҷои корӣ надорад. Бекорӣ чунин ҳолати инсонро меноманд, ки маҷбуран шуғл надорад, ки дар натиҷаи вайроншавии мувозинат байни тақозо ва арза дар бозори меҳнат рӯх медиҳад.

Барои муайян намудани миқдори бекорон дар мамлакат, зарӯр аст, ки ҳамаи аҳолиро аз рӯи сатҳи фаъолнокии меҳнатии онҳо ба гурӯҳҳо тақсим намоянд:

Ҳамаи аҳолӣ ба ду гурӯҳ тақсим карда мешаванд:

  1. Аз ҷиҳати иқтисодӣ аҳолии ғайрифаъол. Ба ин гурӯҳ чунин истиқоматкунандагони мамлакат, ки ба таркиби қувваи коргарӣ намедароянд, дохил мешаванд:

а) хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии рӯзона;

б) нафақахӯрон;

в) шахсоне, ки хоҷагии хонагиро пеша карданд (аз ҷумла шахсоне, ки кӯдак нигоҳубин менамоянд ва бо беморон машғул мешаванд;

г) доимо дар ҷустуҷӯи кор мебошанд;

д) шахсоне, ки ба онҳо кор зарӯр нест (новобаста ба манбаҳои даромади онҳо);

2. Аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол – қисми аз шаҳрвандони кобили меҳнат мебошад, ки қувваи коргарии худро барои истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ пешниҳод менамоянд. Ин қисми аҳолӣ дар навбати худ ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд:

1. шахсони бо кор машғул – шахсони 16 сола ва аз ин синну солашон боло;

2. бекорон – шахсони 16 сола ва аз ин синну солашон боло, ки кор (шуғли даромаднок), надоранд, дар ҷустуҷӯи кор мебошанд (ба хадамоти шуғли аҳолӣ муроҷиат кардаанд), тайёранд ба кор сар кунанд, тибқи роҳхатҳои хизматӣ, давлатии шағли аҳолӣ таҳсил менамоянд.

Дар ҳолати таҳлили моҳияти бекорӣ чунин намудҳои онро аз ҳам ҷудо менамоянд:

  1. бекории фриктсионӣ;
  2. бекории таркибӣ;
  3. бекории даврӣ;
  4. бекории ниҳонӣ (скрытая безработица);
  5. бекории институтсионалӣ.
  6. Бекории фриктсионӣ ба ҳаракти коркунон вобаста мебошад, ки мақсад ба даст овардани афзалияти иловагӣ дар музди кор, дар реҷаи корӣ ва дар оянда ба кори хуб таъмин шуда, мебошанд. Ин намуди бекорӣ бо озодона интихоб намудани касб ҷой ва вақти корӣ алоқаманд мебошад ва характери ихтиёрӣ дорад. Ба ин намуди бекорон пеш аз ҳама ҷавононе дохил мешаванд, ки ҷои кор ва касби худро иваз менамоянд, то он даме, ки кори дилхоҳу даромадаш баландро соҳиб нашаванд.

Бекории мавсимиро ба бекории фриксионӣ таалуқ медонанд. Ин бекорӣ ба соҳаҳои характери мавсимӣ дошта (ба монанди хоҷагии ҷангал, кишоварзӣ, моҳипарварӣ ва сохтумон), ки дар онҳо тақозо ба меҳнат ба тариқи мавсимӣ тағйир ёфта меистад, таалуқ дорад.

  1. Бекории таркибӣ пастравии шуғли қувваи коргариро, ки дар ҳолати аз як ҷой ба ҷои дигар гузаштани истеҳсолот, аз як ноҳия ба ноҳияи дигар кӯчонидани корхонаю фирмаҳо, муфлис шудани соҳаҳои саноатӣ кӯҳан ва пайдошавии соҳаҳои нав ба вуҷуд меоянд, меноманд. Ин намуди бекорӣ дар натиҷаи тағйирёбии сохтори идоракунии истеҳсолот низ ба вуҷуд меояд. Дар ин ҳолат мутахассисҳо на ин, ки корро, балки тахассусҳояшонро дигар мекунанд.
  2. Пай дар пай такроршавии бӯҳронҳои барзиёдистеҳсолкунӣ бекории давриро ба вуҷуд меоранд. Махсусан дар ҳолати пастравии истеҳсолот сатҳи бекорӣ хеле меафзояд, чунки дар ин ҳолат бо афзуншавии арзаи меҳнат нисбати тақозои он номувозинатӣ дар бозори меҳнат ба вуҷуд меояд. Ба ин шакли бекорон онҳое дохил мешаванд, ки дар натиҷаи муфлисшавии корхонаҳо муваққатан бекоранд.

Ҳамин тариқ, бекории даврӣ дар мамлакатҳое вуҷуд дорад, ки бӯҳрон ё пастравии истеҳсолотро аз сар мегузаронанд.

  1. Бекории ниҳонӣ дар он вақт ҷой дорад, ки зарурияти нигоҳ доштани мутахассисони баландихтисос дар ҳолати ба корхона таҳдид намудани шароити номусоид, ба миён меояд (масалан, кадрҳоро аз кор озод накарда, ба кори каммузд мегузаронанд).

Чунин ҳолат дар мамлакатҳои муштаракулманофеъ дар вақтҳои мавҷудияти низоми маъмурӣ – фармонфармоӣ ба назар мерасид.

  1. Бекории институтсионалӣ аз номукамалии меъёрҳои ҳуқуқӣ ё ин, ки низоми андозситонӣ ба миён меояд. Ин ҳолат арзаи қувваи коргарӣ маҳдуд мешавад ва мӯҳлати давомнокии бекорӣ меафзояд.

Баҳодиҳии миқдори бекорӣ тавассути нишондиҳандаҳои зерин муайян карда мешаванд:

  1. Бекории умумӣ ё шумораи бекорон. Далелҳоро барои муайян намудани ин нишщондиҳанда тавассути пурсиши интихоби аҳолӣ ба даст меоранд. Дар ин пурсиши респондентӣ (шахси дар ҳолати пурсиш) иштирок намуда зарӯр нест, ки дурустии ҷавоби худро бо таври ҳуҷҷат ё бо дигар роҳ тасдиқ намояд.
  2. Бекорони бақайдгирифташуда. Инчунин нишондиҳандаҳое мебошад, ки дар асоси ҷамбасти маълумотҳои хизматрасонии шуғли аҳолӣ ба даст оварда мешавад. Ба ин шаҳрвандоне дохил мешаванд, ки бо кор ва музди кор таъмин нестанд, дар шӯъбаҳои хизматрасонии шуғли аҳолӣ аз қайд гузаштанд, ки коро ҷустуҷӯ менамоянд ва тайёранд ба кор шурӯъ намоянд.
  3. Нишондиҳандаи дигар ин сатҳи бекорӣ мебошад.

Сатҳи бекорӣ дар асоси рақамҳои шуғл ва бекорӣ муаян карда мешавад, ки таносуби шумораи бекоронро ба шумораи қувваи корӣ бо фоиз ифода менамояд.

Нишондиҳандаҳое, ки аз ҷиҳати сифат бекориро муаян месозанд, инҳоянд: а) давомнокӣ; б) давомнокии миёна.

Давомнокии бекорӣ (вақти аз ҷустуҷӯи кор то ба кор таъмин шудан) дар байни гурӯҳҳои бекорон фарқ карда меистанд. Масалан, давомнокии бекорӣ, ки ба се моҳ баробар аст мефаҳмонад, ки барои ҳамаи бекорон давраи ҷустуҷӯи кор се моҳро ташкил дод, ё ин ки барои нисфи бекорон ин мӯҳлат як моҳ барои нисфи дигари 5 моҳ (0,5х1 моҳ+0,5х5 моҳ=3 моҳ).

Дигар нишондиҳандае, ки ба восита бекориро муаян месозад, зариби шиддатнокии бозори меҳнат мебошад. Ин нишондиҳанда ҳамчун таносуби миқдори бекорони бақайдгирифташуда ва ҷойҳои холии пешниҳодшуда муаян карда мешавад.

Сабабҳои бекорӣ. Шуғли пурраи аҳолӣ ва бекории табиӣ.

Аввалин маротиба сабаби бекорӣ аз ҷониби Т. Малтус (охири асри XVIII) муайян шуда буд, ки инро ба ҷараёни демографӣ алоқаманд медонист. Ба ақидаи ӯ сабаби бекорӣ суръати баланди афзоиши барзиёднуфузии аҳолӣ нисбати суръати афзоиши истеҳсолот мебошад. Ба андешаи Т. Малтус шумораи аҳолӣ тариқи прогрессии геометрӣ, аммо неъматҳои моддӣ тариқи арифметикӣ меафзоянд. Бинобар ин неъматҳои моддӣ камчин мешаванд, одамон бошанд, бекор мемонанд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки чунин маънидод сабаби бекориро дар мамлакатҳои тараққикарда фаҳмонида наметавонад. Гарчанде дар ин мамлакатҳо афзоиши пасти табиии аҳолӣ мушоҳида мешавад, лекин сатҳи бекорӣ баланд нест.

Сабаби пастии бекориро К. Маркс дар афзоиши сохти узвии сармоя медид. Мувофиқи ақидаи ӯ бо прогрессии техникӣ мусалахшавии меҳнат бо сармоя, ки ба як коркун рост меояд, меафзояд. Ҳамин тариқ, тақозо ба меҳнат аз суръати афзоиши андӯхти сармоя қафо мемонад. Ғайр аз ин К. Маркс қайд мекунад, ки таъсири тақозо ба меҳнат аз характери даврӣ доштани иқтисоди бозорӣ бар меояд.

Тибқи ақидаи назарияи классикии шуғл, ки амали бозори меҳнатро дар шароити рақобати комил таҳлил карданд, бекорӣ ҳамчун зуҳуроти номмувозинатии бозорӣ наметавонад доимӣ ва устувор бошад ва аз баландшавии меъёри музди кори воқеъӣ нисбати сатҳи мувозинати он пайдо мешавад. Зиёдшавии бекорон сабаб мешавад, ки онҳо бо меъёри музди кори паст розӣ шаванд то ин ки ҷои кори худро аз даст надиҳанд. Соҳибкорон бошанд, бо музди кори паст шумораи зиёди коргаронро, киро намоянд. Дар ин ҳолат мувозинатӣ боз барқарор мегардад.

Назарияи неоклассикӣ сабабаҳои бекории давомнок, устуворро дар амали омилҳои ғайрибозорӣ мебинанд, ки ба онҳо дохил мешаванд.

1. Бастани шартномаҳои меҳнатии дарозмудат, ки дар он меъёри музди кор сабт мегардад.

2. Фаъолияти иттифоқҳои касаба, ки баланд бардоштани меъёри музди кор, маҳдудкунии арзаи меҳнат ва баланд бардоштани тақозо ба меҳнат (қабули қонунгузориҳои сахти иммигратсионӣ, қонунҳо оиди вақти максималии корӣ, боҷу хироҷҳои гумрукӣ, истеҳсолкунандаи ватаниро ҳивз менамоянд), равона карда мешавад.

3. Таъсиррасонии давлати тавассути индексатсияи даромадҳо, муқаррар намудани музди кори минимали (ҳадди ақал).

Ҳамин тариқ, сабабҳои асосии бекорӣ мувофиқи ақидаи назарияи неоклассикӣ ин ғайричандирии музди кор, талаботҳои баланди коркунон ба музди кор мебошанд.

М. Фридмен назарияи сатҳи (меъёри) табиии бекориро кор карда баромадааст. Меъёри табиии бекорӣ гуфта, сатҳи устувори давраи дуру дарози бекориҳои фриктсионӣ ва таркибиро дар ҳолати набудани бекории даврӣ мефаҳманд. Дигар хел карда гуем, ҳолати мувозинати бозори меҳнат, ҳолатест, ки миқдори корҷӯён бо миқдори ҷои кор мувофиқат мекунанд, яъне дар ин лаҳза шуғли пурраи аҳоли ҷой дорад. Барои ҳамин, шуғли пурра гуфта, на шуғли 100%-и аҳолӣ, балки шуғлеро, ки дар он ҳолат сатҳи табиии бекорӣ ҷой дорад, мефаҳмонад. Пешгирии бекории фриктсионӣ ва таркибӣ хеле мушкил аст ва ҳатто ғайриимкон аст, бинобар ин шуғли аҳолӣ дар сурати ҷой доштани ин ду намуди бекорӣ шуғли пурра номида мешавад. Шуғли пурра чунин ҳолатеро дар бозори қувваи коргарӣ меноманд, ки дар он бекории даврӣ вуҷуд надорад.

3. Оқибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодии бекорӣ. Таъмини бехатарии иқтисодии меҳнаткашон ва таъмини шуғли пурраи аҳоли.

Баъзе тадқиқодчиён, аз ҷумла, назариячиёни неоклассикӣ дар он ақидаанд, ки бекории мӯътадил (умеренная безработица) як қатор оқибатҳои мусбӣ дорад:

  1. Захираи қувваи коргариро ташаккул медиҳад, ки барои такрористеҳсоли васеъ лозим аст.
  2. Болоравии музди корро, ки талаботи иттифоқҳои касаба мебошад монеъ мешавад, яъне сатҳи таваррумро паст мегардонад.
  3. Ҳавасмандгардонии шахсони бо кор таъминро пурзӯр мегардонад, чунки кафолати шуғл ва хавфи корро аз даст додан ба сифати ҳавасмандӣ ба меҳнат баромад менамояд.

Оқибатҳои иқтисодии бекорӣ инҳоянд:

  1. Ба пастравии маҷмӯи маҳсулоти миллӣ оварда мерасонад. Дар илми иктисод барои нишон додани натиҷаи таъсири бекорӣ ба сатҳи истеҳсолот қонуни Артур Оукен- ро истифода мебаранд, ки бо таври математикӣ таносуби байни сатҳи бекорӣ ва бо ном қафомонӣ – маҳсулоти истеҳсолнашуда ва ё бебозгашт аздастдодашударо ифода менамояд. Мувофиқи ин қонун агар сатҳи ҳақиқии бекорӣ аз сатҳи табиии бекорӣ аз 1% зиёд бошад, пас ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти миллӣ 2,5% кам мешавад. Зарарҳои иқтисодӣ махсусан дар давраҳои бекорӣ зиёд ба назар мерасад.
  2. Бекории даврӣ, ки боиси пайдошавии арзаи изофагии меҳнат мегардад, ба пастравии сатҳи ҳаёт оварда мерасонад: барои пастравии нархи меҳнат чунин заминаҳо пайдо мешавад (даромади коркунони кироя паст мефарояд, даромади коркунони аз кор маҳрум шуда то ба сатҳи ҷубронпулӣ (пособия) аз бекорӣ паст мешавад. Оқибат тақозои истеъмолӣ, сатҳи маблағгузорӣ паст мешавад, ки ба пастравии тамоми иқтисодиёт оварда мерасонад.

Ба оқибатҳои иҷтимоии бекорӣ дохил мешаванд:

  1. Хангоми бекорӣ коркунони бекормонда дараҷаи таҳассусии худро аз даст медиҳанд.
  2. Бекорӣ боиси бад шудани вазъи ҷисмони ва психологии коргарон мегардад. Ин ҳолат бошад, боиси паст шудани сифати қувваи коргарӣ мешавад.
  3. Дар ҳолати афзоиши бекорӣ дар ҷомеа ҷиноткорӣ, майхӯрагӣ, фоҳишагӣ ва нашъамандӣ зиёд мешавад. Миқдори худкушӣ бо зиёд шудани теъдоди бекорон меафзояд.

Оқибатҳои иқтисодӣ –иҷтимоии ҷиддии бекорӣ маъсулияти давлатро барои таъмини шуғли аҳолӣ зиёд менамояд.

Моҳияти вазифаи ба даст овардани шуғли пурраи аҳолӣ дар миқёси мамлакат аз таъмини баробари теъдоди аҳолии қобили меҳнат ба миқдори ҷои корҳои зарурӣ мебошад. Барои таҳрезии шуғли аҳолӣ муайян намудани дурнамоии он хеле муҳим аст. Бо ин мақсад ҳисоби омории тақозо ба захираҳои меҳнати, усули «хароҷотҳо-тавлид» («затраты – выпуск») ва дигар воситаҳои батанзимдарорӣ истифода бурда мешавад.

Дар ин ҳолат ба назар гирифтани истифодаи қувваи коргарӣ ҳамчун омили иҷтимоӣ хеле муҳим аст, ки дар принсипҳои шуғли меҳнатӣ ифода меёбанд:

а) манъ кардани меҳнати маҷбурӣ ва риояи ҳуқуқи шаҳрванд, озодона ихтиёрдорӣ намудан ба қобилияти ба меҳнат доштан худ, интихоби фаъолият ва касб;

б) шуғл ҳамчун амалиёти шаҳрванд, ки бо қонеъ намудани талаботҳои шахсӣ ва ҷамъиятӣ алоқаманд аст ва ба ӯ даромади меҳнатӣ меорад;

в) шуғли пурра ба амалӣ кардани ҳуқуқ ба меҳнат, ҳуқуқ ба ҳифз аз бекорӣ алоқаманд аст.

Дар давлати ҳуқуқбунёд низоми ҳифзи иҷтимоӣ амал мекунанд, ки барои таъмини бехатарии иқтисодии меҳнаткашон истифода бурда мешавад.

Унсури аввалини ин низом ба танзимдарории шуғл мебошад. Бисёр мамлакатҳо чунин корҳоро амалӣ менамоянд:

– ба тарзи қонунӣ давомнокии вақти кории муқараршударо дар давраҳои бекории оммавӣ кам менамоянд.

– дар корхонаҳо «тақсимоти ҷои корро» байни меҳнаткашон тавсия медиҳанд.

– коркунони сохтори давлатиро, ки 2 – 3 сол ба нафақа мондааст, пеш аз мӯҳлат аз кор озод менамоянд.

– ҷои кори нав бунёд менамоянд ва корҳои ҷамъиятиро (ба монанди сохтмони роҳҳоро), ташкил медиҳанд.

– арзаи қувваи коргариро дар бозори меҳнат кам мекунанд, иммигратсияро маҳдуд карда, депортатсияҳои хориҷиёнро (қафогардонии онҳоро ба ватан) ташкил менамоянд.

Унсури дуввуми ин низом ташкили биржаҳои меҳнат мебошад, ки ҳанӯз дар нимаи дуюми асри XX ба вуҷуд омадаанд.

Биржаи меҳнат – ин муассисаест, ки байни соҳибкорон ва коргарон оиди кирои меҳнат миёнаравӣ менамояд. Ин муассисаҳо асосан давлатӣ мебошанд. Онҳо ҳисобу китоби бо кор таъминкуниро мебаранд, ҳолату вазъи бозори меҳнатро меомӯзанд, оиди ин ахборот медиҳанд, барои касбомӯзии ҷавонон кӯмак мерасонанд ва барои бо кор таъмин намудани бекорон хизмат менамоянд. Роҳхати биржаҳо барои соҳибкорон ҳатмӣ намебошад. Рад намудани таклифи биржаҳо соҳибони роҳхатҳоро аз имтиёзҳои бекорӣ маҳрум месозанд.

Унсури сеюми низоми таъмини бехатарии иқтисодии меҳнаткашон ин фондҳои суғуртавӣ оид ба бекорӣ мебошад, ки ба шахсони корро аз даст дода ёрии моддӣ мерасонанд. Ин фондҳо асосан аз ҳисоби музди кори коркунон ташкил меёбанд.

Саволҳо барои такрори мавзӯъ.

  1. Бекорӣ чист? Намудҳои бекорӣ кадомҳоянд?
  2. Кадом нишондиҳандаҳо бекориро муаян менамоянд?
  3. Сатҳи бекорӣ гуфта чиро мегӯянд?
  4. Сабабҳои бекориро неоклассикҳо чӣ гуна маънидод мекунанд?
  5. Оқибатҳои иқтисодӣ – иҷтимоии бекорӣ кадомҳоянд?
  6. Шуғли пурраи аҳолӣ чист?
  7. Барои бехатарии иқтисодии меҳнаткашон давлат кадом чораҳоро меандешад?

Адабиётҳо.

  1. Борисов Е.Ф. Экономическая теория. Вопросы – ответы. Юридическая фирма «КОНТРАКТ», «ИНФРА – М», 2003-196 с.- (серия «Высшее образование»).
  2. Исоматов Б.И. – Асосҳои назарияи иқтисод. Китоби дарсӣ. Д. Пайёми ошно 2008.
  3. Экономическая теория: Учебник. Под. редакцией И.П. Николаевой – 2-е изд. перераб. и доп. –М.: ТК Велби. Изд-во Проспект 2008-576 с.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.