Инкишофи даврагии иқтисодиёт ва буҳронҳои иқтисодӣ

1. Даврагӣ шакли умумии ҷараёни инкишофи иқтисодиёт. Моҳият ва нишондиҳандаҳои асосии номувозинатии макроиқтисодӣ.

2. Даври саноати ва марҳилаҳои он.

3. Сабабҳо, намудҳо ва оқибатҳои буҳрони иқтисодӣ.

1. Даврагӣ шакли умумии ҷараёни инкишофи иқтисодиёт. Моҳият ва нишондиҳандаҳои асосии номувозинатии макроиқтисодӣ.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва назарияи иқтисодӣ исбот намудаанд, ки инкишофи иқтисодии ҳама гуна давлат яксон набуда, балки хусусияти даврӣ (сиклӣ) дорад, зеро ки на ҳама вақт маҷмӯи арза бо маҷмӯи тақозо ва ҳаҷми истеҳсолот бо ҳаҷми истеъмолот мувофиқат менамоянд.

Давр (сикл) гуфта, тағйирёбии гуногунмӯҳлати мавҷноки ҳолати мувозинати макроиқтисодиро меноманд.

Даврӣ будани инкишофи иқтисодӣ ҳаракати номунтазами иқтисодиёт аст, ки ивазшавии як шакли ҳолати (прогресси) иқтисодиро бо дигараш ифода мекунад.

Даври иқтисодӣ гуфта, фосилаи вақти муайянро дар байни ду ҳолати иқтисод меноманд.

Даврагӣ будани инкишофи иқтисодиёт бо тағйирёбии нишондиҳандаҳои асосии иқтисод: суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти миллӣ (МММ), ҳаҷми умумии фурӯш, ҳаҷми умумии нархҳо ва дараҷаи бекорӣ андоза карда мешавад ва тағйирёбии нишондиҳандаҳои мазкурро вазъи иқтисодӣ низ меноманд.

Умуман, даврӣ будани инкишофи иқтисодиёт дар натиҷаи таъсири омилҳои берунӣ (экзогенӣ) ва омилҳои дохилӣ (эндогенӣ) ба вуҷуд меояд.

Омилҳои берунӣ ҳодисаҳое мебошанд, ки берун аз низоми иқтисодӣ вуҷуд доранд. Ба ин гурӯҳ чунин омилҳо дохил мешаванд:

  • тағйирот дар шумораи аҳолӣ, яъне ҳангоми афзоиши шумораи аҳолӣ истеҳсолот ва дараҷаи шуғл афзоиш меёбанд. Кам шудани шумораи аҳолӣ ба инкишофи иқтисодӣ таъсири баръакс мерасонад.
  • тағйироти мусбӣ дар технология, ки боиси авҷ гирифтани фаъолияти соҳибкорӣ ва афзоиши маблағгузорӣ гардида, дар натиҷаи он инкишофи иқтисодӣ ба вуҷуд меояд.
  • ҳодисаҳои сиёсӣ (ҷангҳо, инқилоби иҷтимоӣ, катаклизми сиёсӣ), ки ба инкишофи иқтисодиёт таъсири гуногун мерасонанд.
  • офатҳои табиӣ, ки боиси пастшавии инкишофи иқтисодӣ мегарданд.

Омилҳои дохилӣ ҳодисаҳое мебошанд, ки дар дохили низоми иқтисодӣ ҷой доранд. Ба ин гурӯҳ омилҳои зерин дохил мешаванд:

  • истеъмолот, яъне ҳангоми афзоиши хароҷотҳои истеъмолӣ, ҳаҷми истеҳсолот, ҳаҷми фурӯш ва шуғл афзоиш ёфта, инкишофи иқтисодиётро таъмин мекунанд. Камшавии хароҷотҳои истеъмолӣ ба инкишофи иқтисодӣ таъсири баръакс дорад;
  • маблағгузорӣ, яъне маблағгузорӣ боиси пайдоиши ҷойҳои кори нав, қобилияти харидорӣ ва афзоиши маҷмӯи арза гардида, инкишофи иқтисодиётро таъмин мекунад. Кам шудани ҳаҷми маблағгузорӣ ба инкишофи иқтисодӣ таъсири баръакс мерасонад.
  • фаъолияти давлат, ки тавассути сиёсати фискалӣ, сиёсати монетарӣ ва сиёсати иҷтимоӣ сурат мегирад. Дар ҳолати самаранок будани сиёсати иқтисодӣ давлат ба инкишофи иқтисодиёт мусоидат мекунад ва баръакс, сиёсати номураттаби иқтисодии давлат боиси паст шудани истеҳсоли молу хизматҳо мегардад.

Вобаста ба давомнокии давраҳои иқтисодӣ давраҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддатро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Давраи кӯтоҳмуддат 3 ё 4 сол давом карда, ба вайроншавии мувозинат дар бозори молҳои истеъмолӣ вобаста мебошад. Чунин майлкунӣ аз нуқтаи мувозинатӣ баъд аз дигаргунии шакли истеҳсолот (табдилдиҳӣ), ки се ё чаҳор солро тақозо мекунад, бартараф карда мешавад. Ин давраро давраи Китчин (номи олиме, ки онро ошкор намудааст) низ меноманд.

Давраи миёнамӯҳлат то 15 сол давом ёфта, сабаби пайдоиши он номураттабии низоми қарзӣ мебошад. Ин давраро давраи Жуглер низ меноманд.

Давраи миёнамӯҳлат аз 40 то 60 сол давом карда, ба гузариш аз як шакли технологии истеҳсолот ба шакли дигараш вобаста мебошад. Ин давраро давраи Кондратев низ меноманд.

2. Даври саноати ва марҳилаҳои он.

Хусусияти асосии даврагӣ будани инкишофи иқтисодӣ тағйирёбии суръати афзоиши МММ дар вақти муайян мебошад. Вобаста ба майлкунии суръати афзоиши МММ чаҳор марҳилаи инкишофи иқтисодиро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд: пастравӣ, беҳаракатӣ, ҷоннокшавӣ ва равнақёбӣ. Марҳилаҳои давраи иқтисодӣ дар нақшаи 7 тасвир ёфтаанд:

  • порчаи I – пастравии истеҳсолот;
  • порчаи II – беҳаракатӣ;
  • порчаи III – ҷоннокшавӣ;
  • порчаи IV – равнақёбӣ.

Ба марҳилаи пастравии истеҳсолот хусусиятҳои зерин хос мебошад:

  • кам шудани захираҳо ва ҳаҷми маблағгузорӣ ба истеҳсолот;
  • кам шудани фоидаи субъектҳои хоҷагидорӣ;
  • зиёдшавии талабот ба қарз, ки дар натиҷаи он фоизи қарз низ зиёд мешавад;
  • тез муфлис шудани корхонаҳои миёнаю хурд, зеро ки бештари онҳо дорои технологияи нав нестанд ва хароҷотҳои истеҳсолиро кам карда наметавонанд. Агар пастравии истеҳсолот беш аз шаш моҳ давом кунад, пас, ин ҷараёнро ретсессия меноманд.

Ба марҳилаи беҳаракатӣ (депрессия) хусусиятҳои зерин хос мебошад:

  • зиёд ё кам нашудани истеҳсолот;
  • кам шудани захираи молҳо;
  • афзудани тақозо ба технологияи нав;
  • зиёд шудани тақозо ба ашёи хом.

Ба марҳилаи ҷоннокшавӣ чунин хислатҳо хос мебошад:

  • афзудани дараҷаи истеҳсолот ва шуғл;
  • зиёд шудани тақозо ба меҳнат (қувваи корӣ);
  • зиёдшавии фоидаи корхонаҳо ва ғайра.

Ба марҳилаи равнақёбӣ хусусиятҳои зерин хос аст:

  • зиёд будани ҳаҷми маблағгузорӣ;
  • зиёд будани хароҷотҳои истеъмолӣ;
  • афзоиши маҷмӯи тақозо;
  • афзоиши дараҷаи нарх;
  • афзоиши дараҷаи музди кор;
  • афзоиши дараҷаи фоизи қарз.

3. Сабабҳо, намудҳо ва оқибатҳои буҳрони иқтисодӣ.

Бештари муҳаққиқони соҳаи иқтисод бар он ақидаанд, ки ба иқтисоди дар асоси муносибатҳои бозорӣ ва рақобат ташкилёфта даврагӣ будани инкишофи иқтисодӣ ва мавҷудияти бӯҳрони иқтисодӣ хос аст.

Бӯҳрони иқтисодӣ гуфта, вайрон шудани таносубҳои умумииқтисодӣ ё ин ки таносубҳои байнисоҳавиро меноманд.

Дар бештари ҳолатҳо таносуби байни истеҳсолот ва истеъмолот вайрон мешавад ва вобаста ба ҳамин бӯҳрони иқтисодии барзиёдистеҳсолкунӣ ва бӯҳрони иқтисодии камистеҳсолкуниро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Агар ҳаҷми истеҳсолот аз ҳаҷми истеъмолот бештар бошад, пас, чунин ҳолатро бӯҳрони барзиёдистеҳсолкунӣ меноманд. Бӯҳрони барзиёдистеҳсолкунӣ аз соҳаи муомилот оғоз мешавад, зеро ки молу хизматҳо ба фурӯш намераванд.

Агар ҳаҷми истеъмолот аз ҳаҷми истеҳсолот бештар бошад, пас, чунин ҳолатро бӯҳрони камистеҳсолкунӣ меноманд. Бӯҳрони камистеҳсолкунӣ бошад аз соҳаи истеҳсолот оғоз мегардад, зеро ки сатҳи истеҳсоли молу хизматҳо паст мешавад.

Ба иқтисодиёт ғайр аз бӯҳронҳои даврӣ, бӯҳронҳои таркибӣ ва кишоварзӣ (аграрӣ) низ хос мебошанд, ки хусусияти даврӣ надоранд.

Бӯҳрони таркибӣ чунин бӯҳрони иқтисодиест, ки дар натиҷаи вайрон шудани таносубҳои байнисоҳавӣ, байниминтақавӣ, дохилисоҳавӣ ва байнидавлатӣ ба вуҷуд меоянд. Шаклҳои асосии бӯҳрони таркибӣ инҳо мебошанд: бӯҳрони нефтӣ, энергетикӣ, асъорӣ, экологӣ ва ғайра. Ин шакли бӯҳрони иқтисодӣ аз солҳои 70-уми асри XX тамоми мамлакатҳои бо иқтисоди бозорӣ пешравандаро фаро гирифтааст.

Бӯҳрони кишоварзӣ – ин чунин бӯҳрони иқтисодиест, ки дар натиҷаи вайрон шудани таносубҳои иқтисодӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба вуҷуд меояд. Азбаски тараққиёти даврӣ дар соҳаи кишоварзӣ хусусияти худро дорад, бинобар ҳамин, ин шакли бӯҳрони иқтисодӣ дар ҳамин соҳа ба миён омада метавонад. Нишонаҳои асосии бӯҳрони кишоварзӣ ба фурӯш нарафтани маҳсулоти кишоварзӣ, пастшавии нархи маҳсулот, пастшавии истеҳсолот, афзоиши бекорӣ ва камшавии дараҷаи музди кор мебошад.

Бояд қайд намуд, ки бӯҳронҳои таркибӣ ва кишоварзӣ хусусиятҳои зеринро доранд:

  • ба бӯҳронҳои таркибӣ ва кишоварзӣ хусусияти даврагӣ хос нест;
  • бӯҳронҳои таркибӣ ва кишоварзӣ метавонанд бӯҳронҳои барзиёдистеҳсолкунӣ ё ин ки камистеҳсолкунӣ бошанд.

Сиёсати зиддибӯҳронӣ яке аз қисматҳои асосии сиёсати иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад, ки асоси онро сиёсати монетарӣ ва сиёсати фискалӣ ташкил медиҳад. Вобаста ба шакли бӯҳрони иқтисодӣ чорабиниҳои сиёсати зиддибӯҳронии давлат низ гуногун мешаванд.

Ба чорабиниҳои асосии сиёсати зиддибӯҳронӣ ҳангоми ҷой доштани бӯҳрони камистеҳсолкунӣ инҳо дохил мешаванд:

  • сиёсати пулию қарзӣ, яъне паст кардани дараҷаи фоизи қарз ва хариди қоғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозори кушод;
  • сиёсати фискалӣ: зиёд кардани хароҷотҳои буҷаи давлатӣ ва паст кардани меъёри андоз;
  • баланд кардани дараҷаи музди кор;
  • баланд кардани суръати афзоиши сохтмони давлатӣ тавассути амалӣ намудани барномаҳои маблағгузорӣ.

Ба чорабиниҳои асосии сиёсати зиддибӯҳронӣ ҳангоми ҷой доштани бӯҳрони барзиёдистеҳсолкунӣ инҳо дохил мешаванд:

  • сиёсати пулию қарзӣ: баланд бардоштани дараҷаи фоизи қарз ва фурӯши қоғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозори кушод;
  • сиёсати фискалӣ: кам кардани хароҷотҳои буҷа ва зиёд намудани меъёри андозҳо;
  • кам кардани дараҷаи музди кор;
  • кам кардани маблағгузории барномаҳои давлатӣ дар соҳаи сохтмон.

Бӯҳрони муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон бӯҳрони камистеҳсолкунӣ мебошад. Ин бӯҳрон бар иллати таъсири омилҳои беруна (хусусан, ҷанги шаҳрвандӣ ва офатҳои табиӣ) ба вуҷуд омад, аммо мутаасифона, баъди бартараф шудани ин омилҳо низ ин бӯҳрон шиддат гирифт. Сабабҳои асосии шиддатгирии бӯҳрони мазкур инҳо мебошанд:

1) монополизм, ки бар иллати он нархгузории монополӣ ҷой дорад, инчунин монополизм боиси паст шудани сатҳи истеҳсолот гардидааст ва аз ҳамин ҷиҳат нархи молҳо ва хизматҳо боло рафтаанд;

2) афзоиши хароҷотҳои давлатӣ, ки дар сурати пастшавии истеҳсолот, афзоиши касри буҷа, интишори нави пулҳоро тақозо намудааст. Чунин иқдоми давлат боиси афзоиши таваррум ва вайроншавии мувозинати макроиқтисодӣ гардидааст.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.