Мақсад ва воситаҳои сиёсати макроиқтисодӣ

  1. макроиқтисод ҳамчун қисми назарияи иқтисодӣ.
  2. Мувозинати иқтисодии фаъолияти иқтисоди миллӣ. Таносубҳои иқтисодӣ.
  3. Тавсифи нишондиҳандаҳои макроиктисодӣ. Усулҳои ҳисоби маҷмӯи маҳсулоти миллӣ (МММ).
  4. Сарвати миллӣ ва таркиби он.
  5. макроиқтисод ҳамчун қисми назарияи иқтисодӣ.

Мафҳуми «иқтисоди миллӣ» яке аз фаҳмишҳои марказии назарияи макроиқтисод ба ҳисоб меравад. Ин мафҳумро бори аввал олими амрикоӣ Василий Леонтев ҳамчун низоми худтанзимшаванда, ки аз фаъолиятҳои гуногуни ба ҳамдигар алоқаманд таркиб ёфтааст, истифода карда буд.

Иқтисоди миллӣ низоми таърихан бавуҷудомадаи такрористеҳсоли ҷамъиятӣ, ё маҷмӯи соҳаҳою шаклҳои истеҳсолоти ба ҳамдигар алоқамандеро меноманд, ки тамоми шаклҳои меҳнати ҷамъиятиро фаро гирифтааст.

Асоси иқтисоди миллиро корхонаҳо, фирмаҳо, ташкилотҳо, хоҷагиҳои хонагӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ ташкил медиҳанд, ки онҳо дар низоми тақсимоти ҷамъиятии меҳнат вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд.

Иқтисоди миллӣ аз соҳаи истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ иборат аст.

Соҳаи истеҳсолӣ маҷмӯи соҳаҳои тавлидкунандаи маҳсулоти ҷамъиятӣ буда, ба он асосан саноат, хоҷагии қишлоқу савдо, нақлиёт ва дигар соҳаҳои тавлидкунандаи мол дохил мешаванд.

Соҳаи истеҳсолӣ дар навбати худ ба истеҳсолоти моддӣ ва истеҳсолоти ғайримоддӣ ҷудо мешавад:

Истеҳсолоти моддӣ истеҳсолотест, ки дар он воситаҳои истеҳсолот ва предметҳои истеъмолӣ истеҳсол карда мешаванд. Дар назарияи иқтисод истеҳсолоти моддиро ба истеҳсоли воситаҳои истеҳсолот (соҳаи I) ва истеҳсоли чизҳои истеъмолӣ (соҳаи II) низ ҷудо мекунанд. Агар сухан дар бораи саноат равад, онҳоро гурӯҳи А ва гурӯҳи Б меноманд.

Истеҳсолоти ғайримоддӣ аз истеҳсолоти моддӣ бо маҳсулоти худ, ки шакли ғайримоддиро дорад, фарқ мекунад. Ба истеҳсолоти ғайримоддӣ соҳаҳои илм, санъат, маданият, маориф, тандурустӣ ва ғайра дохил мешаванд, бинобар ҳамин, онро соҳаи истеҳсоли хизматҳо низ меноманд.

Соҳаи ғайриистеҳсолӣ соҳае мебошад, ки маҳсулот истеҳсол накарда, балки дар тақсимоти он ширкат меварзад. Ба соҳаи ғайриистеҳсолӣ мудофиа, ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои динӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ дохил мешаванд.

Дар назарияи иқтисод таркиби истеҳсолӣ, таркиби иҷтимоӣ, таркиби соҳавӣ ва таркиби минтақавии иқтисоди миллиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Таркиби истеҳсолӣ тақсими истеҳсолкунандагони миллиро ба субъектҳои иқтисодии асосӣ инъикос мекунад. Аслан се гурӯҳи истеҳсолкунандагони асосиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд: хоҷагиҳои хонагӣ, фирмаҳо ва давлат.

Таркиби иҷтимоии иқтисоди миллӣ тақсимоти онро мувофиқи шаклҳои моликият ифода мекунад. Ба таркиби иҷтимоӣ соҳаи (сектори) давлатӣ, соҳаи коллективӣ, соҳаи хусусӣ, соҳаи шахсӣ ва соҳаи омехта дохил мешаванд. Таркиби иҷтимоӣ ҳангоми таҳлили иқтисоди миллӣ нақши муҳим мебозад ва ба инкишофи ин соҳаҳо асосан мувофиқи ҳиссаи онҳо ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё даромади миллӣ баҳо медиҳанд. Масалан, соли 2005 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи соҳаи иқтисод нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) чунин буд: истеҳсоли молҳо – 48,9%, хизматрасонӣ – 39,6% ва андозҳо – 11,5%.

Таркиби соҳавии иқтисоди миллӣ тақсими онро бо соҳаҳои гуногуни вазифаи ягонаи иҷтимоӣ-иқтисодиро иҷрокунанда ифода менамояд. Ба таркиби соҳавии иқтисоди миллӣ саноат, хоҷагии қишлоқ, илм, сохтмон ва дигар соҳаҳо дохил мешаванд, ки ҳар яки онҳо аз зерсоҳаҳо иборат мебошанд.

Таркиби минтақавии иқтисоди миллӣ мувофиқи ҷойгир шудани қувваҳои истеҳсолкунандаи миллӣ дар кишвар муайян карда мешавад. Асосан ба таркиби минтақавӣ ноҳияҳои иқтисодиро дохил мекунанд. Масалан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияҳои шимолӣ, ноҳияҳои ҷанубӣ, ноҳияҳои марказӣ (тобеи марказ) ва ноҳияҳои Бадахшони Кӯҳиро аз ҳамдигар ҷудо намудан мумкин аст.

Мақсадҳои асосии ҳама гуна иқтисоди миллӣ инҳо мебошанд:

  • таъмини суръати бештари афзоиши ҳаҷми истеҳсолоти миллӣ ба хотири паст намудани шиддати бӯҳрони иқтисодӣ;
  • таъмини дараҷаи устувори нархҳо ба хотири баланд бардоштани қурби пули миллӣ ва таъмини мувозинати тақозою арза;
  • таъмини содироти бештари молу хизматҳо ба хотири афзоиши содироти соф (фарқи байни содирот ва воридот) ва таъмини ҷиҳати мусбии тавозуни пардохт;
  • таъмини дараҷаи баланди шуғли аҳолӣ ба хотири таъмини ҳамаи аҳолӣ бо музди кор, ҷои кор ва талаботи бо маблағ таъминбуда.
  1. Мувозинати иқтисодии фаъолияти иқтисоди миллӣ. Таносубҳои иқтисодӣ.

Таносубҳои иқтисоди миллӣ ва таъмини мувозинати онҳо яке аз масъалаҳои асосии макроиқтисод ба ҳисоб мераванд.

Таносубҳои иқтисоди миллӣ гуфта, муносибати миқдории байни қисматҳо ва соҳаҳои гуногуни истеҳсолоти ҷамъиятӣ, инчунин муносибати байни соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллиро меноманд. Таносубҳои иқтисодиро таносубҳои макроиқтисодӣ низ меноманд, ки вобаста ба ҳар як низоми иқтисодӣ хусусияти ташкилшавии худро доранд. Масалан, дар шароити иқтисоди бозорӣ онҳо дар асоси қонунҳои бозор ташкил карда мешаванд.

Низоми таносубҳои макроиқтисодӣ аз қисмҳои зерин иборат аст:

1) Таносубҳои умумииқтисодӣ, яъне таносубҳо байни соҳаҳои калонтарини иқтисоди миллӣ. Масалан, дар байни истеҳсолоту истеъмолот, дар байни истеъмолот ва пасандоз, дар байни соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ ва ғайримоддӣ.

2) Таносубҳои байнисоҳавӣ, яъне дар байни соҳаҳои иқтисоди миллӣ. Масалан, дар байни саноат ва хоҷагии қишлоқ.

3) Таносубҳои минтақавӣ, яъне таносубҳои умумииқтисодӣ ва соҳавӣ дар ҳудуди минтақаҳои алоҳида.

4) Таносубҳои байнидавлатӣ, яъне таносуб байни давлатҳо дар асоси тақсимоти байналхалқии меҳнат.

Таносубҳои макроиқтисодиро инчунин вобаста ба шакли инъикосшавиашон ба таносубҳои ашёӣ-натуравӣ, таносубҳои арзишӣ ва таносубҳои тақсимоти захираҳои меҳнатӣ низ ҷудо мекунанд.

Таносубҳои ашёӣ-натуравӣ муносибати байни истеҳсол ва истеъмоли молу хизматҳои алоҳидаро инъикос мекунад. Масалан, байни истеҳсол ва истеъмоли равғани растанӣ ва ғайра. Таносубҳои мазкур дар асоси тавозуни моддӣ таҳлил карда мешаванд.

Таносубҳои арзишӣ муносибати байни унсурҳои алоҳидаи маҷмӯи маҳсулоти миллиро инъикос мекунанд. Масалан, даромади байни корхонаҳо, байни давлатҳо, байни гурӯҳҳои аҳолӣ ва ғайра.

Таносубҳои тақсимоти захираҳои меҳнатӣ муносибати байни захираҳои меҳнатии соҳаҳои истеҳсолот ё минтақаҳои алоҳидаро инъикос мекунанд. Масалан, таносуби байни захираҳои меҳнатии шаҳру деҳот ва ғайра.

Мувофиқи ақидаи бештари иқтисодшиносон таносубҳои асосии иқтисоди миллӣ ин таносуб байни соҳаи I (истеҳсоли воситаҳои истеҳсолот) ва соҳаи II (истеҳсоли чизҳои истеъмолӣ), инчунин таносуб байни фонди истеъмол ва фонди маблағгузорӣ мебошанд, зеро ки аз ин таносубҳо суръати афзоиши такрористеҳсоли ҷамъиятӣ вобастагии бештар дорад. Азбаски таносубият (мувофиқат) байни таносубҳо устувор нест, бинобар ҳамин мувозинати иқтисоди миллӣ низ устувор буда наметавонад. Сабаби ҷой доштани чунин ҳолат дар он аст, ки дар зери таъсири прогресси илмию техникӣ ва истеъмолоти умумӣ таносубҳо низ тағйир меёбанд.

  1. Тавсифи нишондиҳандаҳои макроиктисодӣ. Усулҳои ҳисоби маҷмӯи маҳсулоти миллӣ (МММ).

Натиҷаи фаъолияти иқтисоди миллиро мол ва хизматҳое ташкил медиҳанд, ки дар мӯҳлати муайяни вақт истеҳсол шудаанд ва онҳоро маҳсулоти миллӣ меноманд. Нишондиҳандаҳое, ки ҳаҷми маҳсулоти миллӣ ва умуман, натиҷаи фаъолияти иқтисоди миллиро нишон медиҳанд, бо тавсияи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) истифода карда мешаванд ва онҳоро нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ низ меноманд. Яке аз ҳамин гуна нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ маҷмӯи маҳсулоти миллӣ (МММ) мебошад.

Маҷмӯи маҳсулоти миллӣ (МММ) арзиши бозории мол ва хизматҳое мебошад, ки шаҳрвандони кишвар дар дохил ва берун аз кишвар дар муддати як сол истеҳсол намудаанд.

Дар назарияи иқтисод вобаста ба нарх ва шуғл, ки омилҳои асосии афзояндаи МММ ба ҳисоб мераванд, МММ-ро ба шаклҳои гуногун ҷудо мекунанд.

Вобаста ба нарх МММ-и номиналӣ ва ҳақиқиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. МММ-и номиналӣ арзиши бозории молу хизматҳо бо нархҳои соли ҷорӣ мебошад.

МММ-и ҳақиқӣ арзиши бозории молу хизматҳо бо нархҳои соли базавӣ мебошад.

Муносибати байни МММ-и номиналӣ ва МММ-и ҳақиқӣ зиёдшавии МММ-ро аз ҳисоби нарх нишон медиҳад, ки онро дефлятори МММ меноманд, яъне:

Вобаста ба вазъи шуғл МММ-и имконпазир ва МММ-и воқеиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

МММ-и имконпазир гуфта, ҳаҷми истеҳсоли молу хизматҳоро, ҳангоми ҷой доштани шуғли пурра меноманд.

МММ-и воқеӣ ҳаҷми истеҳсоли молу хизматҳоро ҳангоми ҷой доштани бекории даврӣ меноманд.

Маҷмӯи маҳсулоти миллӣ бо усулҳои зерин ҳисоб карда мешавад:

  • аз рӯи хароҷотҳо;
  • аз рӯи даромадҳо;
  • мувофиқи арзиши иловашуда.

Мувофиқи усули якум МММ бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

МММ=С+Jg+G+Nх

Чӣ тавре ки аз ин формула бармеояд, таркиби МММ аз рӯи хароҷотҳо аз қисмҳои зерин иборат аст: хароҷотҳои истеъмолии шахсӣ (С), маблағгузориҳои умумӣ (Jg), хароҷотҳои давлатӣ (G) ва содироти соф (Nх).

Ба хароҷотҳои истеъмолии шахсӣ (С) хароҷотҳо оид ба харидани маҳсулоти ниёзи аввала (хӯрокворӣ, пӯшока ва ғайра), молҳои истифодаашон дурудароз ва хизматҳо дохил карда мешаванд.

Ба маблағгузориҳои умумӣ (Jg) хароҷотҳое дохил мешаванд, ки барои сохтмон, харидани таҷҳизот, коғазҳои қиматнок сарф карда шудаанд. Дар мамлакатҳои мутараққӣ маблағгузориҳои умумӣ 16-19 фоизи МММ-ро ташкил медиҳанд.

Ба хароҷотҳои давлатӣ (G) хароҷотҳое дохил мешаванд, ки барои таъмини фаъолияти органҳои гуногуни давлатӣ сарф мешаванд. Масалан: хароҷотҳо барои мудофиа, маориф, тандурустӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра. Пардохтҳои трансфертӣ (субсидияҳо, ёрдампулиҳо ва ғайра) ба хароҷотҳои давлатӣ дохил карда намешаванд.

Ба содироти соф (Nх) фарқияти байни содирот ва воридот (Nх=Ex-Im) дохил мешавад. Агар ин фарқият мусбӣ бошад, пас, ҳаҷми МММ зиёд ва баръакс, дар сурати манфӣ будани ин фарқият ҳаҷми МММ кам мешавад.

Мувофиқи усули даромадҳо ҳисоби МММ аз рӯи формулаи зерин сурат мегирад:

МММ = даромад аз меҳнат (музди кор) + даромад аз моликият + фоидаи тақсимнашудаи ширкатҳо + рента + фоизи қарз + андозҳои ғайримустақим + истеҳлок (амортизатсия) + дивиденд.

  • Даромад аз меҳнат шакли асосии даромад ба ҳисоб меравад, ки дар шакли музди кор зоҳир гашта, онро фирмаҳо ва муассисаҳои давлатӣ ба коргаронашон ҳамчун нархи қувваи корӣ медиҳанд. Инчунин ба музди кор мукофотпулиҳо низ дохил карда мешаванд.
  • Даромад аз моликият даромади соҳаи (сектори) хусусӣ аз сармоя мебошад.
  • Фоидаи ширкатҳо ба самтҳои зерин тақсим карда мешавад: ба буҷаи давлатӣ ҳамчун андоз, ба соҳибони саҳмияҳо ҳамчун дивиденд ва фоидаи тақсимнашаванда, ки барои сармоягузорӣ истифода карда мешавад.
  • Рента фоидае мебошад, ки аз истифодаи амвол, хусусан аз истифодаи замин гирифта мешавад. Масалан, соҳибони замин барои ба иҷора додани заминашон маблағи муайян мегиранд. Ин маблағҳоро соҳиби замин ҳамчун даромад аз истифодаи амволаш соҳиб мешавад.
  • Фоизи қарз даромади соҳибони сармояи пулӣ мебошад, ки онро бар ивази истифодаи сармояашон соҳиб шудаанд.
  • Андозҳои ғайримустақим андозҳое мебошанд, ки соҳибкорон ба буҷа баъди фурӯши молу хизматҳояшон пардохт мекунанд.
  • Дивиденд даромади соҳибони саҳмияҳо мебошад, ки аз фоидаи умумии ширкатҳо ҷудо карда мешавад. Дивиденд як қисмати асосии даромади оилаҳо низ ба ҳисоб меравад.
  • Истеҳлок маблағҳое мебошанд, ки аз даромади умумии фирмаю муассисаҳо барои нав кардани сармояи асосӣ ҷудо карда мешаванд.

Усули ҳисобкунии МММ мувофиқи арзиши иловашударо усули истеҳсолӣ низ меноманд. Азбаски як намуди молҳо барои намуди дигари молҳо ҳамчун ашёи хом баромад мекунанд, бинобар ҳамин ҳангоми ҳисоби МММ ҳисоби дубора сурат мегирад. Аз ҳамин ҷиҳат барои бартараф намудани ҳисоби дубора МММ-ро бо усули истеҳсолӣ, яъне аз рӯи арзиши иловашуда низ ҳисоб мекунанд. Ин усули ҳисоби МММ тақозо менамояд, ки тамоми молу хизматҳои дар як сол истеҳсолшуда танҳо як маротиба ба ҳисоб гирифта шаванд. Яъне ҳангоми ҳисобгирӣ маҳсулоти ниҳоӣ ба ҳисоб гирифта шуда, маҳсулоти фосилавӣ, ки якчанд маротиба метавонад хариду фурӯш шавад, ба ҳисоб гирифта намешавад (нигаред ба ҷадвали 1).

Маҳсулоти ниҳоӣ ин молу хизматҳое мебошанд, ки барои истеъмоли ниҳоӣ харидорӣ мешаванд. Маҳсулоти фосилавӣ ин молу хизматҳое мебошанд, ки бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ якчанд маротиба мавриди хариду фурӯш қарор мегиранд.

Ҷадвали 1. Усули ҳисобкунии МММ мувофиқи арзиши иловашуда

Дараҷаи истеҳсолот

Нархи маҳсулот (бо сомонӣ)

Арзиши иловашуда

(бо сомонӣ)

Фирмаи А (фермаи гӯсфандпарварӣ)

60

60=(60-0)

Фирмаи Б (корхонаи коркарди пашм)

100

40=(100-60)

Фирмаи В (истеҳсоли костюм)

125

25=(125-100)

Фирмаи Г (дӯкони фурӯши чакана)

175

50=(175-125)

Арзиши умумӣ

460

175

Мувофиқи маълумотҳои ҷадвали 1, МММ на ба 460 сомонӣ, балки ба 175 сомонӣ баробар аст. Усули мазкур ҳисоби дубораро бартараф мекунад. Бояд қайд намуд, ки дар ин ҷо мафҳуми арзиши иловашуда фарқи байни арзиши маҳсулоти «истеҳсолшуда» ва хароҷотест, ки фирма барои хариди ашёи хом (маҳсулоти фосилавӣ) пардохт намудааст.

Масъалаҳои асосии ҳисоб намудани МММ инҳо мебошанд:

1. Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти миллӣ як қисми воситаҳои истеҳсолот хӯрда мешаванд, бинобар ҳамин МММ ҳаҷми ҳақиқии натиҷаи иқтидори истеҳсолиро нишон намедиҳад. Аз ҳамин ҷиҳат ба ҷои МММ нишондиҳандаи дигар – маҷмӯи маҳсулоти миллии холисро (МММХ) истифода мебаранд. МММХ – ин маҷмӯи маҳсулоти миллӣ бе дарназардошти маблағи истеҳлок (амортизатсия) мебошад, яъне:

МММХ = МММ-А

2. Ҳаҷми МММ беҳтаршавии сифати молу хизматҳоро инъикос намекунад.

3. Ба МММ зарари экологӣ ва даромади иқтисоди сиёҳ дохил карда намешавад.

4. Новобаста аз он ки пардохтҳои трансфертӣ аз буҷаи давлат сарф мешаванд, онҳо бинобар сабаби ба ҳаҷми истеҳсолот таъсир накарданашон ба МММ дохил намешаванд.

Дар назарияи иқтисод ва таҷрибаи ҷаҳонӣ дар баробари МММ нишондиҳандаҳои маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва даромади миллиро (ДМ) низ ба сифати нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ истифода мебаранд.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) арзиши тамоми молу хизматҳое мебошад, ки танҳо дар дохили кишвар истеҳсол карда шудаанд. Сабабҳои асосии фарқияти байни нишондиҳандаи МММ аз ММД инҳо мебошанд:

  • МММ натиҷаи фаъолияти иқтисодии сармояи миллиро, ки дар беруни кишвар вуҷуд дорад инъикос мекунад, аммо натиҷаи фаъолияти сармояи хориҷии дар дохили кишвар амалкунанда ба МММ дохил карда намешавад.
  • ММД натиҷаи фаъолияти иқтисодии сармояи миллиро, ки дар беруни кишвар амал мекунад, инъикос накарда, баръакси МММ, натиҷаи фаъолияти сармояи беруниро дар дохили кишвар инъикос мекунад.

Аз ин ҷо бармеояд, ки як қисмати МММ-ро маҳсулоте ташкил мекунад, ки сармояи миллӣ дар хориҷа ба вуҷуд овардааст ва як қисми ММД-ро маҳсулоте ташкил мекунад, ки сармояи хориҷӣ дар дохили кишвар ба вуҷуд овардааст. Бинобар ҳамин, агар МММ аз ММД зиёд шавад, пас, ин маънои онро дорад, ки соҳибкорони дохилӣ дар беруни кишвар нисбат ба соҳибкорони хориҷии дар дохили кишвар амалкунанда, бештар молу хизматҳо истеҳсол намудаанд.

Нишондиҳандаи дигари макроиқтисодӣ даромади миллӣ мебошад. Даромади миллӣ (ДМ) маҷмӯи даромадҳои ҳамаи соҳибони омилҳои истеҳсолотро меноманд. Дар назарияи иқтисод барои андоза намудани даромади миллӣ аз консепсияи марксистӣ ва консепсияи неоклассикӣ истифода мекунанд.

Мувофиқи консепсияи марксистӣ даромади миллӣ гуфта арзиши нав бавуҷудовардашударо меноманд. Аз ҳамин ҷиҳат Маркс барои ҳисоб намудани даромади миллӣ формулаи зеринро пешниҳод кардааст:

ДМ = V+m

Яъне, сармояи гардон (музди кори коргарон) + арзиши илова.

Мувофиқи консепсияи неоклассикӣ даромади миллӣ ин арзиши бозории мол ва хизматҳое мебошад, ки баъд аз хориҷ намудани маблағи истеҳлок ва андозҳои ғайримустақим боқӣ мондааст. Аз ҳамин ҷиҳат барои ҳисоб намудани даромади миллӣ онҳо формулаи зеринро пешниҳод намудаанд:

ДМ = МММХ – Ағ

дар ин ҷо: ДМ – даромади миллӣ, МММХ – маҷмӯи маҳсулоти миллии холис, Ағ – андозҳои ғайримустақим.

Асосан ду шакли даромади миллиро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд: даромади миллии истеҳсолшуда ва даромади миллии истифодашуда.

Даромади миллии истеҳсолшуда ҳаҷми арзиши молу хизматҳои нав бавуҷудовардашуда мебошад.

Даромади миллии истифодашуда даромади миллии истеҳсолшуда бо истиснои (яъне минуси) зарар аз офатҳои табиӣ, зарар ҳангоми нигоҳдории мол ва дигар намуди зарарҳо мебошад.

Ҳар гуна даромади миллӣ ба фонди истеъмол (яъне қисми ДМ, ки барои таъмини талаботи аҳолию давлат сарф мешавад) ва фонди андӯхт (яъне қисми ДМ, ки барои васеъ кардани истеҳсолот сарф мешавад) тақсим карда мешавад.

Мақсади асосии истеҳсоли бештари молу хизматҳо баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Дар бахши макроиқтисодӣ барои нишон додани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз нишондиҳандаҳои даромади шахсӣ ва даромади дарихтиёрбуда истифода мебаранд.

Даромади шахсӣ (ДШ) суммаи ҳамаи даромадҳо аст, ки то супоридани андозҳо дар ихтиёри шахсони алоҳида ё оилаҳо боқӣ мондааст. Ба даромади шахсӣ ҳамаи даромадҳою пардохтҳои трансфертӣ дохил мешаванд ва он барои истеъмол, пасандоз ва пардохти андозҳо сарф карда мешавад. Аз ҳамин ҷиҳат даромади шахсӣ (ДШ) аз рӯи формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

ДШ = ДМ – ҳиссаҷудокунӣ ба фонди суғурта – андоз ба фоидаи ширкатҳо – фоидаи тақсимнашудаи ширкатҳо + пардохтҳои трансфертӣ

Даромади дарихтиёрбуда (ДД) даромадест, ки баъд аз супоридани андоз аз даромад дар ихтиёри шахсони алоҳида ва ё оилаҳо боқӣ мондааст, ки барои муайян кардани он формулаи зеринро истифода кардан мумкин аст:

ДШ – Андоз аз даромад = ДД

Даромади дарихтиёрбуда ҳамчун нишондиҳандаи асосӣ ҳангоми таҳлили некӯаҳволии халқ ва вазъи иҷтимоии аҳолӣ истифода карда мешавад.

  1. Сарвати миллӣ ва таркиби он.

Ба ҷуз аз нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, барои баҳо додан ба иқтисоди миллӣ, мафҳуми сарвати миллиро низ истифода мебаранд. Сарвати миллӣ гуфта, тамоми неъматҳои моддиеро меноманд, ки дар ҷамъият вуҷуд доранд ва ба воситаи меҳнати одамон дар тамоми давраи инкишофи ҷамъият ба вуҷуд оварда шудаанд.

Барои ҳисоб намудани сарвати миллӣ бо пешниҳоди бахши омории СММ мафҳумҳои «активҳо» ва «пассиҳо»-ро истифода мебаранд.

Активҳо гуфта, чунин объектҳои моликиятеро меноманд, ки субъектҳои хоҷагидорӣ дар асоси ҳуқуқи моликиятдорӣ аз соҳибӣ ва истифода кардани онҳо фоидаи иқтисодӣ мегиранд.

Пассивҳо гуфта, ӯҳдадориҳои муайянро оид ба пардохти қарз меноманд.

Активҳо бо ченакҳои арзишӣ низ ифода мешаванд, бинобар ҳамин арзиши тамоми моликиятҳои субъектҳои хоҷагидориро низ муайян кардан мумкин аст. Маҷмӯи бузургии активҳо бо истиснои бузургии пассивҳо сармояи худиро ташкил медиҳад, яъне:

∑А-∑П=Сх

Дар сатҳи иқтисоди миллӣ сармояи худиро активҳои холис (АХ) меноманд. Активҳои холис бузургии сарвати миллиро инъикос мекунанд. Аз ҳамин ҷиҳат:

Сх =Ах = сарвати миллӣ

Таркиби сарвати миллӣ (активҳои холис) аз унсурҳои зерин иборат аст: (нақшаи 1).

Нақшаи 1. Таркиби сарвати миллӣ

Активњои молиявї

Активњои моддии такроршаванда

Активњои моддии такрорнашаванда

Активњои моддї

Сарвати миллї (активњои холис)

Активҳои моддии такроршаванда гуфта, активҳоеро меноманд, ки дар натиҷаи фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ ба вуҷуд омадаанд. Ба ин шакли активҳо дохил мешаванд:

1) биноҳои истиқоматӣ;

2) биноҳои истеҳсолӣ;

3) таҷҳизот;

4) захираҳои табиие, ки ба истеҳсолот ҷалб карда шудаанд;

5) тадқиқотҳои илмӣ;

6) барномаҳои компютерӣ;

7) асарҳои бадеӣ ва ғайра.

Активҳои моддии такрорнашаванда активҳое мебошанд, ки ба ҷараёни истеҳсолот вобаста нестанд. Ба ин шакли активҳо дохил мешаванд:

1) замин;

2) боигарии қишри замин (канданиҳои фоиданок);

3) ёдгориҳои таърихӣ;

4) предметҳои санъатӣ;

5) маснуоти аз сангҳо ва металҳои қиматбаҳо тайёршуда, ки дар ихтиёри давлат ва хоҷагиҳои хонагӣ вуҷуд дорад;

6) патентҳо;

7) ҳуқуқи муаллифӣ ва ғайра.

Активҳои молиявӣ дар ҳамон ҳолат ба активҳо дохил мешаванд, ки агар ҳамчун воситаи андӯхти арзиш баромад намоянд. Ба активҳои молиявӣ дохил мешаванд:

1) тилло;

2) пулҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ;

3) қоғазҳои қиматнок, аз ҷумла саҳмия ва вомбаргҳо;

4) захираҳои суғуртаи техникӣ.

Сарвати миллӣ тавассути якчанд омилҳо афзоиш дода мешавад. Ба ин омилҳо дохил мешаванд:

  • ҳосилнокии меҳнат;
  • сарфакории захираҳо;
  • афзоиши омили меҳнат дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ;
  • нигоҳдории активҳои ғайримоддӣ (патентҳо, ҳуқуқи муаллифӣ, асарҳои бадеӣ, тадқиқотҳо ва ғайраҳо);
  • афзоиши активҳои молиявӣ.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.