Таваррум ва чораҳои зидди он

1. Моҳият, сабабҳо ва шаклҳои таваррум.

2. Оқибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодии таваррум. Каҷхатаи Филлипс.

3. Сиёсати давлатии зидди таваррум.

4. Хусусияти зуҳуроти инфлятсия дар ҶТ.

1. Моҳият, сабабҳо ва шаклҳои таваррум

Таваррум гуфта, номувофиқ будани тақозою арзаи пул ва дигар таносубҳои иқтисодиро меноманд, ки дар афзоиши нархҳо намудор мешавад.

Дар амалияи ҷамъиятӣ дар зери мафҳуми таваррум паст шудани қобилияти харидории пул, афзоиши умумии нархҳо ё ин ки ҷараёни зиёд шудани миқдори пули нақдро дар муомилот низ мефаҳманд. Ҷараёни таваррум аз рӯи нишондиҳандаи дараҷаи таваррум чунин муайян ва андоза карда мешавад:

дар ин ҷо:дараҷаи таваррум;индекси нархҳои истеъмолӣ бо нархҳои соли ҷорӣ;индекси нархҳои истеъмолӣ бо нархҳои соли гузашта.

Вобаста ба дараҷаи таваррум шаклҳои зерини онро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд:

1. таварруми мӯътадил;

2. таварруми ҷаҳанда;

3. таварруми аз эътидол зиёд (гиперинфлятсия).

Таварруми мӯътадил гуфта, таваррумеро меноманд, ки афзоиши дараҷаи нархҳоро дар як сол то 10% инъикос мекунад. Ин шакли таваррум ба фаъолияти иқтисодӣ ягон таъсири манфӣ нарасонида, баръакс боиси афзоиши арзаи молу хизматҳо шуда метавонад.

Таварруми ҷаҳанда гуфта, таваррумеро меноманд, ки афзоиши дараҷаи нархҳоро дар як сол то 100% инъикос мекунад. Ин шакли таваррум ба кам шудани маблағгузорӣ оварда мерасонад ва боиси васеъ шудани доираи иқтисоди сиёҳ мегардад.

Таварруми аз эътидол зиёд таваррумест, ки афзоиши дараҷаи нархҳоро дар як сол беш аз 1000% ва дар як моҳ то 50% ифода мекунад.

1. таварруми тақозо;

2. таварруми арза;

3. таварруми таркибӣ.

Таварруми тақозо барзиёд будани маҷмӯи тақозоро бар маҷмӯи арза ифода мекунад.

Таварруми арза, дар натиҷаи афзоиши хароҷотҳои истеҳсолӣ ба вуҷуд меояд ва онро таварруми хароҷотӣ низ меноманд.

Таварруми таркибӣ дар натиҷаи вайрон шудани таносубҳои байнисоҳавӣ ба миён меояд.

Бояд қайд намуд, ки ғайр аз сабабҳои номбаршуда сабабҳои дигари мавҷудияти таваррум низ ҷой доранд. Аз ҷумла:

  • Фаъолияти эмиссионии (интишори пул) давлат. Асосан дар замони муосир бисёри давлатҳо эмиссияро ба хотири афзоиши маблағгузорӣ ва пӯшонидани қарзи дохилию касри буҷа истифода мебаранд, ки ин ҳолат ба таваррум оварда мерасонад.
  • Монополияи иттифоқҳои касаба, ки зиёд кардани музди корро талаб мекунанд. Дар натиҷаи афзоиши дараҷаи музди кор нархҳо зиёд мешаванд ва боз иттифоқҳои касаба дараҷаи музди корро баланд мекунанд. Ҳамин тавр, занҷири таваррум дароз

мешавад.

  • Фирмаҳои калон. Ин фирмаҳо имконият доранд, ки ба молу хизматҳояшон нархҳои монополӣ таъин намоянд ва дар натиҷа, афзоиши умумии нархҳо ба вуҷуд меояд, ки ин ҳолат ба таваррум сабаб шуда метавонад;
  • Афзоиши нархҳо ба молҳои воридотӣ. Агар молҳои истеъмолӣ ва захираҳои энержӣ (нафт, қувваи барқ, сӯзишворӣ ва ғайра) аз хориҷи кишвар ворид шаванд, пас, афзоиши дараҷаи нархҳо дар хориҷ боиси афзоиши дараҷаи нархҳо дар кишвар мегардад ва чунин ҳолатро таварруми воридотӣ низ меноманд.

2. Оқибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодии таваррум. Каҷхатаи Филлипс

Ҷараёни таваррум ба инкишофи иқтисодиёт ва сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон додааст, ки таварруми мӯътадил ба тараққиёти иқтисодӣ ягон таъсири манфӣ намерасонад ва баръакс, афзоиши миқдори пул дар муомилот ва болоравии дараҷаи нархи молҳо то 10% дар як сол боиси афзоиши ҳаҷми маблағгузорӣ ва маҷмӯи арза гашта, ба рушди иқтисодӣ мусоидат мекунад. Аммо таварруми ҷаҳанда ва таварруми аз эътидол зиёд ба тараққиёти иқтисодӣ таъсири манфӣ мерасонанд, ки ба оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии онҳо ҳолатҳои зерин дохил мешаванд:

  • қобилияти худидоракунии механизми бозорӣ кам мешавад, зеро бо афзоиши таваррум ахборот оид ба сатҳи нархҳо ва ҷойгиршавии сармоя, ба истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагон намерасад ва камчинии ахборот ба вуҷуд меояд;
  • қобилияти харидории одамон кам мешавад, зеро бо таваррум даромади ҳақиқии аҳолӣ кам мешавад;
  • вазъи иҷтимоии одамоне, ки музди корашон муқаррар шудааст (хусусан, коркунони соҳаи буҷет), бад мешавад, зеро дар сурати баланд шудани таваррум истеъмолот ва пасандози онҳо низ кам мешавад;
  • дараҷаи фаъолияти соҳибкорӣ паст шуда, сармоя аз соҳаи истеҳсолот ба соҳаи тиҷорат ё ин ки ба хориҷи кишвар «мекӯчад»;
  • арзиши маблағҳои қарздодашуда ва пасандозҳо паст мешавад ва дар натиҷа қарздиҳандагон ва пасандозкунандагон муфлис мешаванд;
  • таваррум ба беқурб шудани маблағҳои ҳамчун андоз ба буҷаҳо воридшуда оварда мерасонад, ки дар натиҷаи он низоми молиявӣ ба бӯҳрон дучор шуда, маблағгузории соҳаи иҷтимоиро низ кам мекунад.
  • қобилияти харидории як воҳиди пул кам мешавад, ки дар натиҷа беқурбшавии пул ба вуҷуд меояд.

Оид ба таъсири таваррум ба сатҳи иқтисодиёт дар назарияи иқтисод ақидаҳои гуногун вуҷуд доранд. Олими ангис Олбана Филлипс маълумотҳои омории иқтисоди Англияро дар давраи солҳои 1861-1957 таҳлил намуда, алоқамандии байни дараҷаи бекорӣ (U) ва музди корро муайян намудааст. Мувофиқи тадқиқоти ӯ ҳангоме ки тақозо дар бозори меҳнат ба қувваи корӣ меафзояд, дараҷаи бекорӣ кам мешавад.

Ақидаи Филлипсро дар шакли графикӣ чунин тасвир кардан мумкин аст:

Мувофиқи нақшаи 13 дар ҳолати паст кардани дараҷаи таваррум дараҷаи бекорӣ зиёд мешавад ва баръакс, дар ҳолати паст кардани дараҷаи бекорӣ дараҷаи таваррум меафзояд.

3. Сиёсати давлатии зидди таваррум.

Бо дарназардошти чунин оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ мубориза ба муқобили таваррум яке аз вазифаҳои асосии давлат мебошад. Барои мубориза ба муқобили таваррум ду шакли сиёсати давлатиро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд: сиёсати ғосибона (политика экспансия) ва сиёсати боздоранда.

Сиёсати ғосибона чунин сиёсати иқтисодиест, ки кӯшиши давлатро барои зиёд кардани маҷмӯи тақозо тавассути пасткунии меъёри андозҳо ва зиёд кардани хароҷотҳои давлатӣ ифода мекунад.

Сиёсати боздоранда чунин сиёсати иқтисодиест, ки кӯшиши давлатро барои кам кардани қобилияти харидории аҳолӣ ба воситаи зиёд кардани меъёри андозҳо ва кам кардани хароҷотҳои давлатӣ ифода менамояд.

Дар назарияи иқтисодӣ ва амалияи ҷамъиятӣ барои мубориза ба муқобили таваррум аз консепсияҳои кейнсионӣ ва монетаристӣ низ истифода мекунанд.

Кейнс барои мубориза ба муқобили таваррум афзоиш додани маҷмӯи арзаро тавассути маҷмӯи тақозо (хусусан, тақозо ба маблағгузорӣ) пешниҳод намудааст.

Консепсияи монетаристӣ дар асоси ақидаҳои иқтисодчии амрикоӣ Милтон Фридман (барандаи ҷоизаи Нобелӣ) асос ёфтааст. Фридман барои мубориза ба муқобили таваррум афзоиш додани маҷмӯи арзаро тавассути камкунии хароҷотҳои давлатӣ, қимат намудани қарз ва кам кардани меъёри андоз пешниҳод намудааст.

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ барои мубориза ба муқобили таваррум сиёсати ҷубронкунии даромад (яъне зиёд кардани музди кор, идрор, нафақапулӣ ва дигар сарчашмаҳои даромад, бо дарназардошти таваррум) ва танзими нархи молҳои сабати истеъмолиро низ истифода мекунанд.

Дигар усули мубориза ба муқобили таваррум кам кардани миқдори пули нақд дар муомилот тавассути фурӯши қоғазҳои қиматноки давлатӣ мебошад.

Таваррум дар ҳар як мамлакат хусусияти худро дорад, бинобар ҳамин, чораҳои пешгирии он низ бояд бо дарназардошти ҳамин хусусиятҳо сурат бигиранд.

4. Хусусияти зуҳуроти инфлятсия дар ҶТ.

Ҷараёни таваррум дар ҶТ низ хусусиятҳои хоси худро дорад. Солҳои охир ҷараёни таваррум албатта бараъло зоҳир мегардад, ки инро аз баланд шудани сатҳи нархҳо дидан мумкин аст.

Бояд қайд намуд, ки болоравии нархҳо дар мамлакати мо ба иқтисодиёт ва сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири манфӣ расонида истодааст. Хусусиятҳои хоси зуҳуроти таваррум дар ҷумҳурии мо аз инҳо иборат мебошад:

– паст будани сатҳи истеҳсолот;

– афзоиш ёфтани хароҷотҳои истеҳсолии субъектҳои иқтисодӣ;

– афзоиши нархҳо ба молҳои воридотӣ ва ғ.

Адабиётҳо:

А. Эргашев, Ҳ. Муҳадбердиев, М. Эргашева Курси назарияи иқтисодӣ

(Макроиқтисод). Душанбе, 2004.

Баликоев В.З. Общая экономическая теория. Учебник. Новосибирск. 2006. Исоматов Б. Асосҳои назарияи иқтисод. Душанбе, 2007.

Қодиров Ш.Ш, Раҳимов О.Н, Хоркашов И.С, Фозилхонов Д.О. Назарияи иқтисод. Қисми дуюм. Душанбе, 2008.

Усманова Т.Д., Алимова М.М. «Экономическая теория»

(Макроэкономика) Душанбе:, 2005.

Экономическая теория. Учебник. / Под ред. Добрынина А.И. М. 2007. Экономическая теория. Учебник. / Под ред. В.И. Видяпина. М. 2007. Экономическая теория. Учебник. Под ред. Камаева М.: М, 2005.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.