Танзими давлатии иқтисоди миллӣ ва вазифаҳои он

1. Вазифаҳои иқтисодии давлат.

2. Самтҳои асосии танзими давлатии иқтисодиёт.

Вазифаҳои иқтисодии давлат

Давлат на танҳо як ҷузъи асосии низоми сиёсӣ, балки ҳамчун субъекти зарурии иқтисодии ҷомеа низ ба ҳисоб меравад. Хусусияти фарқкунандаи давлат ҳамчун субъекти иқтисодӣ аз он иборат аст, ки барои фаъолияти худ ягон ҷавобгарии иқтисодиро бар дӯш надорад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон додааст, ки мавқеъ ва вазифаҳои давлат вобаста ба низоми иқтисодӣ гуногун мебошанд. Масалан, дар низоми маъмурӣ-фармонфармоӣ моҳияти иқтисодии давлат дар давлатикунонии тамоми ҳаёти иқтисодӣ ифода карда мешуд. Дар ин низом давлат дар тамоми «узвҳои организми» иқтисодиёт роҳ ёфта, тақсимоти ҷамъиятии меҳнат, тақсимоту истеҳсоли воситаҳои истеҳсолот ва чизҳои истеъмолӣ, инчунин тақсимоти фаъолияти соҳибкориро низ ихтиёрдорӣ мекард. Умуман, дар низоми маъмурӣ – фармонфармоӣ давлат ҳамчун соҳиби ягонаи моликият, истеҳсолкунанда ва таъминкунандаи ҷои кор баромад мекард. Иҷрои чунин вазифаҳоро бар дӯши худ гирифта давлати Шӯравӣ самаранокии баланди иҷтимоию иқтисодиро ҳангоми мавҷудияти худ таъмин намуда буд.

Гузариш аз низоми маъмурӣ-фармонфармоӣ ба низоми иқтисоди бозорӣ маънои онро надорад, ки мавқеи давлат дар иқтисод ва вазифаҳои иқтисодии он аз байн мераванд.

Новобаста аз он ки дар назарияи иқтисод аз мактаби меркантилистӣ (асри XVII) сар карда то мактаби монетаристӣ (нимаи дуюми асри XX) бештари олимони иқтисодшинос (бо истиснои Карл Маркс ва Ҷон Кейнс) ҷонибдории маҳдуд намудани дахолати давлат ба иқтисод буданд, таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон додаст, ки низоми иқтисоди бозорӣ бе дахолати давлат як қатор масъалаҳои иқтисодиро ҳал карда наметавонад.

Масалан, дар низоми иқтисоди бозорӣ дар зери таъсири омилҳои гуногун, инкишофи иқтисодӣ хусусияти даврагиро ба худ мегирад, ё ин ки дар натиҷаи рақобат баъзе истеҳсолкунандагон муфлис мешаванд, муҳити экологӣ ифлос мегардад ва гурӯҳҳое, ки қобилияти меҳнат кардан надоранд (маъюбон, пиронсолон, кӯдакон) имконияти таъмини талаботашонро аз даст медиҳанд. Аз ҳамин ҷиҳат дар низоми иқтисоди бозорӣ дахолати давлат хело зарур аст, ки бе мавҷудияти он иқтисоди бозорӣ самаранок буда наметавонад.

Дар низоми иқтисоди бозорӣ давлат бояд вазифаҳои зеринро иҷро намояд:

  • пешгӯӣ ва барномасозии бозор, яъне давлат барномаҳои стратегии тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, барномаҳои ҳалли масъалаҳои гуногуни макроиқтисодиро тайёр намуда, маҷмӯи чорабиниҳои мушаххасро оид ба бартараф кардани ҳодисаҳои манфӣ дар иқтисодиёт (афзоиши бекорӣ, касри буҷа, қарзи давлатӣ, таваррум ва ғайра) андешад;
  • таъмини заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ, яъне давлат шароитҳои ҳуқуқиро бояд фароҳам оварад, озодии иқтисодии истеҳсолкунанда ва истеъмолкунандаро таъмин намояд, инчунин иҷрои меъёрҳои ҳуқуқии дар соҳаи хоҷагидорӣ ҷойдоштаро назорат кунад;
  • танзими макроиқтисодӣ, яъне давлат муҳимтарин параметрҳои макроиқтисодиро (маҷмӯи арза ва маҷмӯи тақозо) на ба хотири ҳимояи манфиатҳои худ, балки ба хотири ҳимояи манфиатҳои ҳамаи субъектҳои хоҷагидорӣ бояд танзим намояд;
  • соҳаҳои ғайриистеҳсолиро (маориф, илм, маданият, тандурустӣ ва ғайра) ҷонибдорӣ намояд, яъне ба онҳо кӯмаки молиявию ташкилӣ расонад;
  • ба ташкил ва инкишофи алоқаҳои берунӣ-иқтисодии муфид мусоидат намояд;
  • гурӯҳҳои камбизоат ва камдаромади аҳолиро (маъюбон, нафақахӯрон, оилаҳои серфарзанд, бекорон ва дигар гурӯҳҳои аҳолӣ) дастгирӣ намояд;
  • иқтисодиётро бо миқдори пули зарурӣ таъмин намояд;
  • ба хотири бартараф намудани «самараҳои берунӣ» соҳаи экологияро танзим намояд;
  • ҷомеаро бо «молҳои ҷамъиятӣ» (мудофиа, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, идоракунии давлатӣ ва ғайра) таъмин намояд.

Самтҳои асосии танзими давлатии иқтисоди миллӣ.

Дахолати давлат ба иқтисод тавассути танзими давлатии иқтисод амалӣ карда мешавад. Давлат иқтисодро тавассути воситаҳои маъмурӣ-ҳуқуқӣ ва воситаҳои иқтисодӣ танзим менамояд. Воситаҳои маъмурӣ-ҳуқуқӣ гуфта, воситаҳоеро меноманд, ки дар қувваи ҳокимият асос ёфтаанд. Ба воситаҳои маъмурӣ-ҳуқуқии танзими давлатии иқтисод инҳо дохил мешаванд:

  • маҳдудкунии қонунии истеҳсолот;
  • маҳдудкунии қонунии фаъолияти соҳибкорӣ;
  • маҳдудкунии қонунии содироту воридот;
  • маҳдудкунии қонунии музди кор ва ғайра.

Ба воситаҳои иқтисодӣ воситаҳоеро дохил мекунанд, ки давлат тавассути онҳо ба иқтисодиёт таъсири бевосита ё бавосита мерасонад. Аз ҳамин ҷиҳат онҳоро ба воситаҳои иқтисодии мустақим ва воситаҳои иқтисодии ғайримустақим ҷудо мекунанд.

Ба воситаҳои иқтисодии мустақим маблағгузории давлатӣ ва хариди давлатии молу хизматҳо дохил мешаванд.

Маблағгузории давлатӣ дар самтҳои зерин амалӣ карда мешавад:

  • таъсир расонидан ба таркиби истеҳсолот тавассути маблағгузории соҳаҳое, ки рушди иқтисодии давомнок ва мувозинати иқтисодиро таъмин карда метавонанд;
  • дастгирии молиявии корхонаҳо ё соҳаҳое, ки барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ кӯмак мекунанд;
  • саноатикунонии ноҳияҳои алоҳида, ба воситаи сохтани корхонаҳои саноатӣ, ташкили ҷойҳои кори холӣ ва тайёр намудани кадрҳо;
  • амалӣ намудани барномаҳои экологӣ;
  • ташкил ва инкишофи соҳибкории давлатӣ.

Хариди давлатии молу хизматҳо (супориши давлатӣ) яке аз воситаҳои иқтисодии танзими давлатии бозор мебошад, ки аз ҳисоби буҷаи давлатӣ сурат мегирад. Ба ҳисоби миёна дар миқёси ҷаҳонӣ аз 20 то 30 фоизи харид дар бозор ба давлат тааллуқ дорад. Ин восита тавассути супориши давлатӣ сурат мегирад, ки дар ҳолати амалӣ намудани он давлат ба фурӯшандагон мавҷуд набудани ягон хатари молиявӣ ва мавҷуд будани имтиёзҳои гуногунро (имтиёзҳои қарзию андозӣ) кафолат медиҳад. Хусусан, ҳангоми пастравии истеҳсолот хариди давлатии молу хизматҳо афзоиш ёфта, муфлисшавии корхонаҳоро боздошта, боиси афзоиши маҷмӯи арза мегардад.

Ба воситаҳои иқтисодии ғайримустақими танзими давлатии иқтисод сиёсати андоз, монетарӣ, зиддимонополӣ, иҷтимоӣ ва берунӣ-иқтисодӣ дохил мешаванд. Ин воситаҳо дар самтҳои гуногун бо мақсадҳои гуногун истифода мешаванд. Масалан, сиёсати иҷтимоӣ ба мақсади бартараф намудани нобаробарии иҷтимоӣ амалӣ карда шуда, дар самтҳои зерин истифода мешавад:

  • танзими даромадҳои аҳолӣ;
  • ҳимояи аҳолии камбизоат;
  • танзими соҳаи шуғли аҳолӣ;
  • кӯмак расонидан ба соҳаҳои маориф, илм, маданият ва тандурустӣ.

Адабиёт

А. Эргашев, Ҳ. Муҳадбердиев, М. Эргашева Курси назарияи иқтисодӣ

(Макроиқтисод). Душанбе, 2004.

Баликоев В.З. Общая экономическая теория. Учебник. Новосибирск. 2006. Исоматов Б. Асосҳои назарияи иқтисод. Душанбе, 2007.

Қодиров Ш.Ш, Раҳимов О.Н, Хоркашов И.С, Фозилхонов Д.О. Назарияи иқтисод. Қисми дуюм. Душанбе, 2008.

Экономическая теория. Учебник. / Под ред. Добрынина А.И. М. 2007. Экономическая теория. Учебник. / Под ред. В.И. Видяпина. М. 2007. Экономическая теория. Учебник. Под ред. Камаева М.: М, 2005.

test

Один комментарий

  1. Мехриддин

    Салом. Срочно кори Курси даркорай, дар мавзуи
    ,###################,

Добавить комментарий