Масъалаҳои назариявии иқтисоди ҷаҳонӣ

14.1. Иқтисоди ҷаҳонӣ: мафҳум ва таркиби он.

14.2. Бозори ҷаҳонӣ: таркиб ва хусусиятҳои он.

14.1. Иқтисоди ҷаҳонӣ: мафҳум ва таркиби он

Иқтисоди ҷаҳонӣ (хоҷагии ҷаҳонӣ) натиҷаи инкишофи дуру дарози таърихии инсоният мебошад, ки ҳамчун як низоми бутун дар оғози асри XIX ба вуҷуд омадааст. Дар назарияи иқтисодӣ мафҳуми иқтисоди ҷаҳониро дар маънои фарроҳ ва дар маънои маҳдуд истифода мекунанд.

Дар маънои васеъ хоҷагии ҷаҳонӣ гуфта маҷмӯи иқтисодҳои миллиро меноманд, ки дар асоси тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ба ҳамдигар алоқаманд шудаанд.

Дар маънои маҳдуд хоҷагии ҷаҳонӣ гуфта низоми муносибатҳои иқтисодии байни давлатҳоро меноманд.

Дар ҳарду сурат ҷавҳари асосии фаҳмиши иқтисоди ҷаҳониро муносибатҳои байналхалқӣ–иқтисодӣ (МБИ) ташкил мекунад, ки алоқаҳою муносибатҳоеро ифода менамояд, ки аз чорчӯбаи иқтисоди миллӣ берун шудаанд. Хусусияти асосии ин муносибатҳо дар он аст, ки якум, онҳо ба қонунҳои арзаю тақозо вобаста мебошанд ва дуюм, ин муносибатҳо тавассути меъёрҳои гуногуни ҳуқуқи байналхалқӣ- иқтисодӣ дар шаклҳои зерин зоҳир мешаванд:

  • тиҷорати байналхалқӣ;
  • муносибатҳои байналхалқии асъорӣ;
  • кӯчиши байналхалқии қувваи корӣ ва сармоя;
  • ҳамбастагии иқтисодӣ.

Яке аз заминаҳои асосии пайдоиши иқтисоди ҷаҳонӣ ин тақсимоти ҷамъиятии меҳнат мебошад.

Тақсимоти ҷамъиятии меҳнат гуфта низоми алоқаҳои гуногунҷабҳаи иқтисодиеро меноманд, ки дар тахассуси мамлакатҳои гуногун ба истеҳсоли шаклҳои алоҳидаи маҳсулот асос ёфтаанд. Тақсимоти ҷамъиятии меҳнат шаклҳои зерини тахассуси истеҳсолиро фаро мегирад:

  • тахассуси соҳавӣ;
  • тахассуси байнисоҳавӣ;
  • тахассуси дохилисоҳавӣ;

Дар ҷараёни таърихии тараққиёти ҷамъият тақсимоти ҷамъиятии меҳнат дар зери таъсири омилҳои зерин ба вуҷуд омадааст:

  • гуногунии муҳити табиӣ, хусусан якхела таъмин набудан бо захираҳои табиӣ;
  • вазъи ҷуғрофии мамлакатҳо, хусусан ҷойгиршавии онҳо нисбат ба роҳҳои байналхалқии нақлиётӣ;
  • тафовути давлатҳо дар шумораи аҳолӣ ва масоҳат;
  • тафовути давлатҳо дар дараҷаи иқтидори илмию техникӣ;
  • хусусиятҳои таърихии тараққиёти давлатҳо.

Заминаи дигари ба вуҷуд омадани иқтисоди ҷаҳонӣ ин қонуни маҳдудияти захираҳои иқтисодӣ мебошад. Мавҷудияти ин қонун ҷой доштани муносибатҳои байналхалқӣ-иқтисодиро тақозо менамояд. Қонуни мазкур пеш аз ҳама дар шаклҳои зерин зоҳир мешавад:

  • маҳдуд будани ашёи хоми минералӣ, ки тамоми фаъолияти соҳаҳо ва корхонаҳои калон аз таъминоти онҳо вобаста мебошад. Дар сурати маҳдудияти онҳо зарурияти аз хориҷи кишвар таъмин намудани онҳо ба вуҷуд меояд;
  • маҳдудияти қувваи корӣ, ки афзоиши истеҳсолот бе қувваи кории тахассуснок ғайриимкон аст ва ҷалб намудани қувваи кории тахассунок дар сурати маҳдуд будани он, хело зарур аст;
  • маҳдудияти технология, ки ин шакли маҳдудият дар бештари мамлакатҳои дунё вуҷуд дорад ва кишварҳои дорои технологияи паст ҳамеша барои таъмини истеҳсолот бо технологияи пешқадам кӯшиш менамоянд.

Азбаски иқтисоди ҷаҳонӣ алоқамандии иқтисодии якчанд давлатҳоро ифода мекунад, бинобар ҳамин аз иқтисоди миллӣ пеш аз ҳама бо субъектҳои худ фарқ мекунад. Ба субъектҳои иқтисоди ҷаҳонӣ инҳо дохил мешаванд:

  • давлатҳо;
  • ширкатҳои фаромиллатӣ;
  • ташкилотҳои байналхалқӣ.

Таркиби иқтисоди ҷаҳонӣ пеш аз ҳама аз иқтисоди давлатҳои гуногун иборат аст. Ин давлатҳоро дар назарияи иқтисоди ҷаҳонӣ аз рӯи аломатҳои гуногун таснифбандӣ менамоянд. Масалан гурӯҳи мамлакатҳои мутараққӣ, мамлакатҳои рӯ ба инкишоф ва мамлкатҳои қафомондаро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дар назарияи иқтисодӣ мамлакатҳои дунёро аз рӯи дараҷаи тараққиёташон низ таснифбандӣ менамоянд. Ин гуна таснифбандиро бори аввал олимони амрикоӣ У. Ростоу ва Д. Белла пешниҳод намудаанд ва мувофиқи он ду гурӯҳи кишварҳои дунёро аз ҳамдигар ҷудо намудан мумкин аст:

  1. Кишварҳои тараққикардаи саноатӣ;
  2. Кишварҳои тоиндустриалӣ (яъне саноаташон инкишоф наёфта).

Ба гурӯҳи якуми кишварҳо: Австралия, ИМА, Канада,Ҷопон ва бештари кишварҳои Европаи Ғарбӣ дохил мешаванд. Ин мамлакатҳо дорои технологияи пешқадам, қувваи кории тахассуснок ва захираҳои бойи сармояи асосӣ мебошанд. Ба ин мамлакатҳо суръати тези афзоиши МММ хос мебошад.

Ба гурӯҳи дуюм кишварҳое дохил мешаванд, ки дорои қувваҳои истеҳсолкунандаи сустинкишофёфта буда, дар баъзеи онҳо қашшоқӣ ва камбизоатӣ вуҷуд дорад. Вобаста ба афзоиши МММ ва даромад ба сари аҳолӣ онҳоро ба чаҳор гурӯҳ тақсим мекунанд:

  1. Кишварҳои содироткунандаи нефт, ки даромад ба сари аҳолӣ дар онҳо хело зиёд аст. Масалан: Арабистони Саудӣ ва Қувейт.
  2. Кишварҳои нави саноатӣ, ки ба онҳо суръати зиёди афзоиши содирот ва МММ хос мебошад. Ба ин гурӯҳ давлатҳои зерин дохил мешаванд: Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур, Бразилия, Мексика, Турсия, Чин, Испания, Португалия ва Ирландия.
  3. Кишварҳои қафомонда, ки ба онҳо қашшоқию камбизоатӣ хос мебошад. Ба ин давлатҳо Бангладеш, Ефиопия ва як қатор давлатҳои қитъаи Африка дохил мешаванд.
  4. Кишварҳои дорои иқтисоди бозории сустинкишофёфта, ки ба онҳо давлатҳои Европаи Шарқӣ ва ИДМ дохил мешаванд.

14.2. Бозори ҷаҳонӣ: таркиб ва хусусиятҳои он

Инкишофи иқтисоди ҷаҳонӣ ба бозори ҷаҳонӣ сахт вобаста мебошад.

Бозори ҷаҳонӣ гуфта механизми иқтисодиеро меноманд, ки алоқамдии иқтисодҳои миллии мустақилро таъмин менамояд.

Бозори ҷаҳонӣ соҳаи мубодилаи байни давлатҳоро ифода намуда дорои таркиби хело мураккаб мебошад. Умуман бозори ҷаҳонӣ аз қисмҳои зерин таркиб ёфтааст:

  • бозори байналхалқии молҳо, ки бозори байналхалқии чизҳои истеъмолӣ, бозори байналхалқии дастгоҳу таҷҳизот ва бозори байналхалқии ашёи хомро дар бар мегирад;
  • бозори байналхалқии қувваи корӣ, ки аз бозори байналхалқии мутахассисон ва бозори байналхалқии коргарон таркиб ёфтааст;
  • бозори байналқии хизматҳо, ки аз бозори байналхалқии литсензия, бозори байналхалқии хизматҳои нақлиёт, бозори байналхалқии хизматҳои суғуртавӣ ва бозори байналхалқии дигар намуди хизматҳо таркиб ёфтааст;
  • бозори байналхалқии асъор.

Дар муқоиса ба бозори дохилӣ, бозори ҷаҳонӣ дорои як қатор хусусиятҳои ба худ хос мебошад. Ин хусусиятҳои бозори ҷаҳонӣ инҳо мебошанд:

  • нисбат ба бозори миллӣ дар бозори ҷаҳонӣ ҳаракати захираҳо, молҳо ва хизматҳо хеле суст мебошад;
  • ҳаракати молу хизматҳо дар бозори ҷаҳонӣ пеш аз ҳама ба дахолати давлат вобаста мебошад;
  • бозори ҷаҳонӣ дорои низоми нархии худ мебошад, ки онро нархҳои ҷаҳонӣ меноманд;
  • объекти бозори ҷаҳонӣ танҳо мол ва хизматҳое буда метавонад, ки қобилияти баланди рақобаткунӣ дошта бошад;
  • дар бозори ҷаҳонӣ нисбат ба бозори миллӣ рақобат хело тезу тунд сурат мегирад ва танҳо сифат меъёри асосии баҳодиҳии молу хизматҳо буда метавонад.

АДАБИЁТҲО

  1. Исоматов Бобокалон. Асосҳои назарияи иқтисод. Душанбе. «Паёми ошно». 2001. Қисми дуюм.
  2. Макконелл К.Р., Брю С.Л. Экономикс. М.: ИНФРА 1999. С. 477-494, 746-759.
  3. Носова С.С. Экономическая теория. Учебник. М.: Владос, 2000. Гл. 11, 24.
  4. Сажина М.А., Чибриков Г.Г. Экономическая теория. Учебник. ИНФРА, М.: 1999. Боби 5, параг. 5, 6.
  5. Самуэльсон П.А., Нордхаус В.Д. Экономикс. М.: «БИНОМ», 1997. С. 148-163, 245-249, 399-404.
  6. Фишер С., Дорнбуш Р., Шмалензи Р. Экономика. М.: «Дело», 1999, гл. 8, 9, 20.
  7. Экономическая теория. Учебник. «Феникс». 2001. Гл. 10.
  8. Эргашев А., Муҳадбердиев Ҳ. Курси назарияи иқтисод. Душанбе, 2001. Боби 13, параг. 1, 2; 14, параг. 3.
  9. Сомонаи tj.allinweb.ru
10 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.