Моҳият, вазифаҳо ва таркиби бозор

  1. Мазмун ва моҳияти иқтисодии бозор.
  2. Омилҳои муайянкунандаи муносибатҳои бозорӣ ва вазифаҳои бозор.
  3. Таркиби бозор ва намудҳои он.

1. Мазмун ва моҳияти иқтисодии бозор

Башариат то бунёд ва ташаккул ёфтани бозор таи ҳазорсолаҳо дар иҳотаи хоҷагидории натуралӣ умр ба сар бурдааст. Ин низоми хоҷагидорӣ асоси пасти рушди иқтисод, бенавоӣ ва камбаѓалӣ буда, аз дараҷаи маҳдуди истифодаи муносибатҳои иқтисодӣ дарак медиҳад. Гузариш аз хоҷагиҳои натуралӣ ба хоҷагиҳои молӣ (бозорӣ) бевосита ба мустақилияти молистеҳсолкунандагон, ба даст овардани озодии нисбии субъектҳои бозор, баланд гардидани ҳавасмандии шахсӣ оварда расонд ва он пайваста пеш рафт.

Дар ҳаёти имрӯза дар зери мафҳуми бозор – ҷое дар назар дошта мешавад, ки дар он одамон якдигарро ба ҳайси фурӯшандагону харидорон меёбанд ва инчунин дар он ҷо хариду фурӯш дар асоси тақозою арза ва теъдоди бешумори тавлидгару истеъмолкунандагон ба амал бароварда мешавад.

Бозор дар асоси принсипҳои махсуси иқтисоди бозорӣ ташкил мегардад, ки ба онҳо дохил мешавад:

  • озодии иқтисодӣ;
  • нархмуқарраркунии озод;
  • ҷавобгарии моддӣ;
  • худтанзимкунӣ;
  • худмаблаѓгузорӣ ва худтаъминкунӣ;
  • умумӣ ва шартномавӣ.

Дар асл бозор ҳамчун низоми муносибатҳои истеҳсолии (иқтисодии) байни субъектҳои иқтисодӣ (хоҷагиҳои хонагӣ, фирмаҳо ва давлат), баромад мекунад.

Давлат – ҳамчун субъекти иқтисоди бозорӣ ба воситаи муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои бӯҷавӣ, ки вазифаи танзими давлатии иқтисодро ба зимма доранд, амал мекунад.

Фирма – аз нигоҳи субъекти иқтисодӣ, ҳам ба сифати харидор ва ҳам ба сифати фурӯшанда баромад мекунад.

Хоҷагиҳои хонагӣ – як ё якчанд воҳидҳои иқтисодие мебошанд, ки дар ҳавзаҳои истеъмолӣ шуѓл меварзанд.

2. Омилҳои муайянкунандаи муносибатҳои бозорӣ ва вазифаҳои бозор

Дар адабиётҳои иқтисодӣ ба сифати омилҳои муайянкунандаи муносибатҳои бозорӣ чунин унсурҳоро номбар мекунанд:

– гуногуншаклии моликият ва тарзу услубҳои амалигардонии он;

– демократикунонии истеҳсолот бо нигоҳ доштани воситаҳои танзими давлатӣ;

– кафолат ба озодии иқтисодӣ;

– рақобат;

– нархмуқарраркунии озод ва ѓайра.

Ба вазифаҳои иқтисодии бозор инҳо дохил мешавад:

  1. Вазифаи танзимкунӣ;
  2. Вазифаи ҳавасмандгардонӣ;
  3. Вазифаи манфиатнокии қиммат ва қиёскунии сарфи меҳнати молҳо;
  4. Вазифаи нархмуқарраркунӣ;
  5. Вазифаи тафриқасозии истеҳсолкунандагон;
  6. Вазифаи ба ҳам пайваст намудани истеҳсолкунандаю истеъмолкунанда;
  7. Вазифаи иттилоот;
  8. Вазифаи танзими муозинӣ ва мутаносибии иқтисодиёт.

Бозор ҳамчун маҳсули таҳаввулоти таърихию табиии инсоният хусусиятҳои таърихӣ, миллӣ ва динии миллатҳои алоҳидаро, ки тулии ҳазорсолаҳо густариш ёфтааст, дар худ инъикос менамояд. Бозор дар ҳама давраҳои рушди тамаддун ҷой дошт ва аз ин лиҳоз дорои сират, шакл, намуд ва меъёрҳои гуногун мебошад. Аз ин рӯ бозор қудрат ва нерӯӣ давлат, нуфӯз ва эътибори миллиро нишон медиҳад.

 

3. Таркиби бозор ва намудҳои он

Бозор дорои таркиб ва низоми мураккаб буда, тамоми ҷанбаҳои иқтисодиро фаро мегирад.

Дар адабиётҳои муосири иқтисодӣ ҳангоми табақабандӣ ва ба низом даровардани унсурҳои бозор, меъёрҳои зиёд истифода карда мешаванд. Мувофиқи ҳисобҳои тахминӣ қариб 20 меъёр ва зиёда аз 50 шаклу намудҳои намоёнтари бозор номбар карда мешаванд.

Асоситарин меъёрҳои муайянкунандаи бозор инҳо мебошанд:

  • Тибқи шакли моликият – бозори давлатӣ, хусусӣ, кооперативӣ ва ѓ;
  • Тибқи объекти муомилот (фурӯш) – бозори молӣ, пулӣ ва ѓ;
  • Тибқи ташкили муомилоти бозорӣ – яклухт, чакана, содиротӣ ва воридотӣ;
  • Тибқи субъект – бозори харидорон, фурӯшандагон, миёнаравон ва ѓ;
  • Тибқи рақобат – комил ва нокомил;
  • Тибқи тақсимоти ҷамъиятии меҳнат – бозори миллӣ ва ҷаҳонӣ (байналхалқӣ);
  • Тибқи хел ва намудҳои савдо – фурӯши нақдӣ ва ѓайринақдӣ;
  • Тибқи хислатҳои соҳавӣ – бозори мошин, трактор, сӯзишворӣ, ашёи хом ва ѓ.

Хусусияти ҳар яке аз шаклҳои бозор дар он зоҳир мегардад, ки дар онҳо молу маҳсулот ва хизматҳои якхела, мушаххас, гуногун ва ѓайра пешкаш карда мешаванд. Дар дохили як шакли бозор, чандин шаклҳои дигар низ ҷой гирифта метавонанд. Барои таҳлил ва муайян кардани сифат ва сирати ягон намуди бозор, якеро аз дигаре тоза кардан зарур аст.

Инчунин тибқи меъёрҳои иқтисодӣ, яъне объекти хариду фурӯш, чунин шаклҳои муҳимтарини бозорро ҷудо кардан лозим аст:

  • Бозори молҳои истеъмолӣ – бозори мева, сабзавот, гушт, нон ва ѓ;
  • Бозори молҳои саноатӣ – бозори либос, пойафзол, ашёи рузѓор, сохтмон ва ѓ;
  • Бозори хадамот – хизмати маишӣ, нақлиётӣ, коммуналӣ ва ѓ;
  • Бозори сармоя – бино, таҷҳизот, дастгоҳ ва ѓ;
  • Бозори меҳнат – хариду фурӯши қувваи корӣ;
  • Бозори молия – пул, асъор, қоѓазҳои қиматнок ва ѓ.

Дар охир бояд қайд намуд, ки ҳар яке аз ин шакл ва намудҳои бозор ба таври ба худ хос ба ҳамдигар алоқаманд мебошанд ва ин ҳамбастагию алоқамандии онҳо низоми ягонаи бозорро ташкил медиҳад.

Рӯйхати адабиётҳои истифодашуда

  1. Р.М. Нуреев. Курс Микроэкономики. Изд-во НОРМА, Москва, 2001г.
  2. Макконелл К.Р., Брю С.Л., Экономикс. Т.2. Москва, 1992г.
  3. Экономическая теория (Политэкономия). Учебник., Под. Ред. А.И. Видяпина. Москва, 2007г.
  4. Маршалл А. Принципы экономической науки. Москва, 1993г.
  5. Исоматов Б., Асосҳои назарияи иқтисод, қисми 1, Душанбе, 2007с.
  6. Низомова Т.Д., Иқтисоди хурд, Диловар-ДДМТ. Душанбе, 2001с.
  7. Эргашев А., Мухатбердиев Ҳ., Курси назарияи иқтисодӣ (Микроиқтисод). Душанбе, 2003с.
  8. Қодиров Ш.Ш., Назарияи иқтисодӣ, иқтисоди миллӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ. Душанбе, 2001с.
  9. Сомонаи интернети Tj.allinweb.ru
15 Загрузки
test

Добавить комментарий