Низоми қарзи

 

8.1. Қарз: мазмун ва моҳияти иқтисодии он.

8.2. Таркиб ва вазифаҳои низоми қарзӣ.

8.3. Фоизи қарз ва бозори захираҳои қарзӣ.

8.4. Сиёсати пулию қарзии (монетарии) давлат.

8.1. Қарз: мазмун ва моҳияти иқтисодии он

Ҷараёни такрористеҳсоли ҷамъиятӣ гардиши доимии маблағҳои пулиро тақозо менамояд ва ҳангоми такроистеҳсол маблағҳои пулии баъзе истеҳсолкунандагон мувақаттан озод мемонад, аммо дигар гуруҳи истеҳсолкунандагон бинобар маҳдуд будани ҳаҷми захираҳои молиявиашон, ба ин гунна маблағҳо эҳтиёҷот пайдо мекунанд. Дар амалияи ҷамъиятӣ ин гунна зидият тавассути қарз ҳал карда мешавад.

Дар назарияи иқтисодӣ мафҳуми қарз дар маънои васеъ ва маҳдуд шарҳ дода мешавад.

Қарз (дар маънои васеъ) – ин муносибатҳои иқтисодие мебошад, ки ба ихтиёри шахсони воқеӣ ё шахсони ҳуқуқӣ додани амвол ё маблағҳои пулиро бо шартҳои мӯҳлати муайян, бозгардонидан ва пардохти фоизи муайян ифода мекунад.

Қарз мувофиқи тадқиқоти олимон дар давраи аз байн рафтани сохти ибтидоии ҷамъият ба миён омада дар давраи сармоядорӣ васеъ паҳн шудааст. Амвол ва маблағҳои пулие, ки ҳамчун қарз пешниҳод карда мешаванд – сармояи судхурӣ номида мешаванд. Вобаста ба ин мафҳуми қарз дар маънои маҳдуд чунин таъриф дода мешавад:

Қарз (дар маънои маҳдуд) – ин ҳаракати сармояи судхурӣ мебошад, ки хусусияти мувақатан дар ихтиёре дигаре будан, боз гаштан ва фоида оварданро дорад.

Ба объекти муносибатҳои қарзӣ ҳар гуна амвол ва маблағҳои пулӣ дохил мешаванд. Масалан: гандум, ашёи хом, молҳои саноатӣ, хона, маблағҳои пулӣ ва ғайра.

Ба субъекти муносибатҳои қарзӣ давлат, корхонаҳо, ташкилотҳо, фондҳо, бонкҳо, ширкатҳои саҳҳомӣ, ширкатҳои суғуртавӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ дохил мешванд.

Сарчашмаи асосии қарз ин маблағҳои дохилии субъектҳои хоҷагидорӣ мебошад, ки дар натиҷаи гардиши сармоя муваққатан озод мебошанд ва онҳоро ба қисмҳои зерин ҷудо намудан мумкин аст:

  1. Маблағхое, ки барои барқарор намудани сармояи асосӣ таъмин шудаанд ва дар фонди истеҳлок (амортизатсионӣ) ҷамъ шудаанд. Корхонаҳо то харидани воситаҳои истеҳсолот (сармояи асосӣ) метавонанд ин маблағҳои ҷамъшударо ба дигар субъектҳо қарз диҳанд.
  2. Қисми сармояи гардон, ки бинобар сабаби номувофиқ омадани вақти фурӯши мол, хариди ашёи хом, сӯзишворӣ, додани музди кор ва ғайраҳо дар шакли маблағҳои пулӣ боқӣ (озод) мондаанд.
  3. Захираҳои пули корхонаю ташкилотҳои буҷавӣ ва фондҳои мақсаднок.
  4. Даромадҳои пасандозшудаи аҳолӣ.

Қарз вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

  1. Азнавтақсимкунӣ, яъне ба воситаи қарз захираҳои пулию молӣ дар байни ноҳияҳо, фирмаҳо, соҳаҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ бо шарти бозгардонидан, аз нав тақсим карда мешаванд.
  2. Ивазкунии пул, яъне қарз имконият медиҳад, ки пулҳои нақд бо пулҳои қарзӣ (банкнотҳо, вомбаргҳо ва ғайраҳо) иваз карда шаванд. Ин вазифаи пул имконият медиҳад, ки хароҷотҳои муомилот кам карда шуда, суръати гардиши пул тезонида шавад.
  3. Самаранокӣ, яъне қарз самаранокии истеҳсолотро зиёд намуда, боиси афзоиши он мегардад, зеро ки қарз дар бештари ҳолатҳо барои васеъ намудани истеҳсолот ба даст овардани техникаю технологияи нав ва сохтани корхонаҳои истеҳсолӣ истифода карда мешавад.

Қарзро вобаста ба шакли қарздиҳӣ, вобаста ба мӯҳлати адои қарз ва вобаста ба хусусиятҳои қарз дар фазо, ба шаклҳои гуногун ҷудо мекунанд.

Вобаста ба шакли қарздиҳӣ асосан қарзи молӣ ва қарзи пулиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Қарзи молӣ чунин намуди қарзест, ки молҳои гуногун ҳамчун объекти он баромад мекунад. Аз ҷумла молҳои саноатӣ, молҳои истеъмолӣ, ашёи хом, захираҳо ва воситаҳои истеҳсолот метавонанд ҳамчун объекти қарз баромад намоянд.

Қарзи пулӣ гуфта қарзеро меноманд, ки дар шакли сармояи пулӣ (пули нақд, вексел, вомбарг, облигатсияҳо) дода мешавад.

Вобаста ба мӯҳлати адои қарз шаклҳои зерини онро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд:

1. Қарзи кӯтоҳмӯҳлат, яъне қарзе ки мӯҳлати адояш то 1 сол аст;

2. Қарзи миёнамӯҳлат, яъне қарзе, ки мӯҳлати адояш то 5 сол аст;

3.Қарзи дарозмӯҳлат, яъне қарзе, ки мӯҳлати адояш то 10 сол аст;

4. Қарзи дарозмӯҳлати махсус, яъне қарзе, ки мӯҳлати адояш аз 20 то 40 солро ташкил медиҳад.

Вобаста ба хусусиятҳои қарз дар фазо, қарзи байнидавлатӣ, қарзи давлатӣ, қарзи бонкӣ, қарзи тиҷоратӣ, қарзи истеъмолӣ ва қарзи гаравиро (ипотечный) аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Қарзи байнидавлатӣ ин ҳаракати сармояи судхуриро дар соҳаи муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ меноманд. Қарзгиранда ва қарздиҳандаи ин намуди қарз бонкҳо, фирмаҳо ва шахсони алоҳида буда метавонанд. Ин намуди қарзро, қарзи байналхалқӣ низ меноманд, ки дар шакли молӣ ва пулӣ (асъорӣ) метавонад вуҷуд дошта бошад.

Қарзи давлатӣ – чунин шакли қарзест, ки онро давлат ба аҳолӣ ё ин ки соҳибкорони хусусӣ пешниҳод мекунад. Сарчашмаи асосии ин намуди қарз асосан облигатсияҳои давлатӣ мебошанд.

Қарзи бонкӣ – чунин шакли қарзест, ки онро муассисаҳои молиявию қарзӣ (бонкҳо, фирмаҳо ва ғайра) ба дилхоҳ субъектҳои хоҷагидорӣ (фирмаҳо, шахсони алоҳида ва ғайраҳо) пешниҳод намудаанд. Ин гуна қарз асосан қарзи пулӣ мебошад.

Қарзи тиҷоратӣ – чунин қарзест, ки онро як субъекти хоҷагидорӣ ба дигарон дар шакли фурӯши мол бо назардошти пардохти маблағи он пешниҳод намудааст. Ин гуна қарз асосан қарзи молӣ мебошад.

Қарзи истеъмолӣ – чунин намуди қарзест, ки асосан ба шахсони алоҳида то мӯхлати 3 сол бо фоизи баланд (то 30%) пешниҳод мешавад. Ин шакли қарз метавонад қарзи молӣ ва метавонад қарзи пулӣ бошад.

Қарзи гаравӣ – чунин шакли қарзест, ки дар асоси ба гарав мондани амволи ғайриманқул (порчаи замин, хона, сохтмон ва ғайра) пешниҳод карда мешавад.

Хусусияти асосии қарз ин пардохти фоизи муайяни қарз мебошад, ки онро «нархи қарз» низ меноманд.

Фоизи қарз ин як қисми фоидаи соҳибкорӣ аст, ки онро соҳиби сармояи судҳурӣ азони худ мекунад.

Манфиатнокии фоизи қарз ба воситаи меъёри фоиз нишон дода мешавад, ки онро ҳамчун нисбати фоизи қарз ба ҳаҷми сармояи судхурӣ муайян мекунанд, яъне:

ки дар ин ҷо: манфиатнокии фоизи қарз; суммаи фоизи қарз;сармояи судхӯрӣ.

Меъёри фоизи қарз ба бузургии тақозою арза дар бозори захираҳои қарзӣ вобаста мебошад.

Таркиб ва вазифаҳои низоми қарзӣ

Идоракунии қарз тавассути муассисаҳое сурат мегирад, ки дар маҷмӯъ онҳоро низоми қарзӣ меноманд.

Низоми қарзӣ гуфта, маҷмӯи муассисаҳои қарзию молиявиеро меноманд, ки вазифаи ҷамъоварӣ ва тақсимоти маблағҳои пулиро иҷро мекунанд. Мақсади асосии ин муассисаҳои қарзию молиявӣ, танзими иқтисодиёт ба воситаи миқдори пул дар муомилот мебошад. Ба чунин муассисаҳо бонкҳо, иттифоқҳои қарзӣ, ширкатҳои маблағгузорӣ, ширкатҳои суғуртавӣ ва дигар институтҳои қарзию молиявиро дохил мекунанд.

Низоми қарзии муосир аз се зина иборат аст:

  1. Бонки марказӣ;
  2. Бонкҳои тиҷоратӣ;
  3. Институтҳои махсусгардонидашудаи қарзию молиявӣ.

Бонки марказӣ дар низоми қарзӣ мавқеи марказиро ишғол менамояд. Дар бештари давлатҳо (Олмон, Фаронса, ИДМ) бонкҳои марказӣ муассисаҳои давлатӣ мебошанд. Дар як қатор давлатҳо (ИМА, Шветсария) онҳо ҳамчун ширкатҳои саҳҳомӣ ташкил шудаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллӣ ҳамчун Бонкӣ марказӣ ба ҳисоб меравад.

Вазифаҳои асосии бонкҳои марказӣ инҳо мебошанд:

  • интишори пул;
  • нигоҳ доштани захираҳои тиллоию асъорию давлат;
  • нигоҳ доштани фондҳои захиравии дигар муассисаҳои қарзӣ;
  • қарз додан ба бонкҳои тиҷоратӣ;
  • анҷом додани амалиётҳои молиявии ҳукумат;
  • тасдиқ ва амалӣ намудани сиёсати пулию қарзӣ.

Бонкҳои тиҷоратӣ, зинаи дуюми низоми қарзӣ ба ҳисоб рафта ба ҷалбкунӣ ва ҷобаҷокунии маблағҳои пулии шахсони воқеию ҳуқуқӣ, сару кор доранд. Ин намуди бонкҳо ҷалбкунӣ ва ҷобаҷогузории маблағҳои пулиро ба воситаи амалиётҳои фаъол (активӣ) ва ғайри фаъол (пассивӣ) ба анҷом мерасонанд.

Амалиёти фаъолияти бонкӣ гуфта, ба мизоҷон пешниҳод намудани қарзро меноманд, ки бонк бар ивазаш фоизи муайян мегирад.

Амалиёти ғайрифаъоли бонкӣ гуфта, ҷалбкунии пасандозҳои шахсони воқеию ҳуқуқиро мефаҳманд, ки барои онҳо бонк ба мизоҷон фоизи муайн медиҳад.

Бонкҳои тиҷоратӣ умумӣ ва махсусгардонидашуда мешаванд. Бонкҳои тиҷоратии умумӣ тамоми амалиётҳоро барои ҳамаи мизоҷон ба иҷро мерасонанд.

Бонкҳои тиҷоратии махсусгарнодидашуда танҳо ба як соҳа (саноат, кишоварзӣ ва ғайра) ё гурӯхи муайяни мизоҷон хизмат мерасонанд. Дар бештари мамлакатҳои дунё бонкҳои тиҷоратӣ ба мизоҷон қариб дусад намуди хизматҳоро мерасонанд, ки аз ҳама асосиашон инҳо мебошанд:

  1. Карздиҳии бевосита, яъне пешниҳоди қарз ба мӯҳлати муайян, бо шарти бозгардонидан ва пардохти фоизи муайян.
  2. Маблағгузории бонкӣ, яъне харидани саҳмияҳо ва облигатсияҳо аз тарафи бонк.
  3. Лизинг, яъне ба воситаи бонк ба иҷора додани воситаҳо истеҳсолот.
  4. Қабул ва нигоҳдории амонатҳои гузошташуда.
  5. Додани пул аз суратҳисобҳо ва иҷрои ҳисоббаробаркуниҳо.
  6. Ҷобаҷокунии маблағҳои пулии ҷамъшуда ва ғайра.

Зинаи сеюми низоми қарзӣ ин институтҳои қарзию молиявӣ мебошанд, ки ба онҳо иттифоқҳои қарзӣ, ширкатҳои маблағгузорӣ, муассисаҳои амонатгузорӣ, ширкатҳои суғуртавӣ ва фондҳои нафақа дохил мешаванд.

Иттифоқҳои қарзӣ – ин кооператвҳои қарзиро меноманд, ки сармояи онҳо аз аъзоҳақии аъзоёнаш ба вуҷуд оварда шуда, онро барои пешниҳоди қарзҳои истеъмолӣ истифода мебаранд.

Ширкатҳои маблағгузорӣ – ширкатҳое мебошанд, ки тавассути интишори саҳмияҳои худдӣ, маблағҳои шахсони воқеию ҳуқукиро ҷамъ меоваранд.

Муассисаҳои амонатгузорӣ – муассисаҳое мебошанд, ки ба ҷамъоварии амонатҳои аҳолӣ сару кор доранд.

Ширкатҳои суғуртавӣ – муассисаҳое мебошанд, ки вазифаи асосиашон суғурта намудани амвол, ӯҳдадорӣ ва ҳаёт мебошад. Маблағҳои озоди худро онҳо асосан барои молиякунонии ширкатҳои калон ва сектори давлатӣ истифода мебаранд.

Фондҳои нафақа маблағҳои худро барои харидани вомбаргҳои давлатӣ ва саҳмияҳои хусусӣ сарф намуда, ҳамин тавр дар такрористеҳсолии ҷамъиятӣ саҳм мегузоранд.

Бояд қайд намуд, ки зинаи аввал (Бонки марказӣ) ва зинаи дуюм (бонкҳои тиҷоратӣ) дар якҷоягӣ низоми бонкиро ташкил медиҳанд. Аз ҳамин ҷиҳат дар баъзе адабиётҳои иқтисодӣ низоми қарзиро низоми қарзӣ-бонкӣ низ меноманд.

Фаъолияти мӯътадили иқтисодиёт аз устувории низоми қарзӣ вобаста мебошад. Омилҳои асосие, ки ба низоми қарзӣ таъсири манъфӣ мерасонанд, инҳо мебошанд:

  • номӯътадилии қурби пули миллӣ;
  • сиёсати бесамари фискалӣ;
  • сиёсати бесамари пулию қарзии бонки марказӣ ва ғайра.

Роҳҳои асосии мӯътадил намудани фаъолияти низоми қарзӣ, инҳо мебошанд:

– муккамал намудани қонунгузории бонкӣ;

– мувофиқ намудани дараҷаи ниҳоии захираҳои бонкӣ ва дараҷаи фоизи қарз, ба талаботи тараққиёти иқтисодӣ.

Моҳияти иқтисодии низоми қарзӣ дар вазифаҳои он ифода меёбад, ки ба ин вазифаҳо дохил мешавад:

  1. Вазифаи пулӣ – хоҷагидорӣ (кор бо амонатҳо, амалиётҳо оид ба нигоҳдорӣ ва пешниҳоди қарз, пешниҳоди ахборот, маслиҳат додан ва ғайра), ки онро муассисаҳои қарзӣ иҷро мекунанд.
  2. Вазифаи танзимкунӣ (муайян намудани дараҷаи захираҳо, муайян намудани дараҷаи фоизи қарз ва ғайра), ки онро Бонки марказӣ ба иҷро мерасонад.
  3. Вазифаи ба тартиб андохтан (назорат аз болои бонкҳои тиҷоратӣ, назорат аз болои муассисаҳои қарзию молиявии махсус ва ғайра), ки онро Бонки марказӣ бо якҷоягии Вазорати молия ба иҷро мерасонад.
Фоизи қарз ва бозори захираҳои қарзӣ

Унсури муҳимтарини шартномаи қарзӣ дараҷаи фоизи қарз ба ҳисоб меравад. Фоиз ҳамчун қарз ҳамеша вуҷуд надошт. Пайдоиши пулҳои фулузӣ, сармояи пулӣ, фоиз ва судхӯрӣ, ки бо онҳо тамаддун оғоз меёбад, танҳо дар дараҷаи муайяни рушди истеҳсолоти молӣ имконпазир гардид. Дар баробари ин фоиз унсури ҳатмии қарз намебошад. Дар марҳилаи аввали муносибатҳои молию пулӣ қарз барои сабуксозӣ ва васеъ намудани мубодила истифода мешуд. Танҳо баъди гирифтани фоидаи мустақим аз қарз, гирифтани маблағи иловагӣ ба қарз имконпазир гардид.

Қарзҳои бепул дар марҳилаи авали капитализм низ ҷой доштанд. Пешниҳоди сармоя ба соҳибкори бегона на танҳо ба даст овардани фоида, инчунин нигоҳдории сармоя низ ҳаст. Агар қарз бе фоиз вуҷуд дошта тавонад, онгоҳ фоизи бонкӣ бевосита бо ҳаракати қарз вобаста аст.

Фоизи бонкӣ як шакли нархи қарзи ба сифати ҳавасмандгардонии фаъолияти тиҷоратӣ истифодашаванда мебошад.

Чун ҳамагуна нархҳо – нархи қарз низ калобишҳои муайян дорад. Андозаи вай аз таносуби тақозо ва арза дар бозори пул, инчунин дараҷаи хавфи қарздиҳанда вобаста ба арзаи миқдори муайяни пул ба қарздиҳанда вобаста мебошад. Дар ҳар як созишномаи қарзӣ хавфи дар мӯҳлати муайяншуда пӯшонида нашудани қарз вуҷуд дорад. Аз рӯи дараҷаи хавф ҳаҷми он, қисми фоизе муқаррар карда мешавад, ки вай гӯё ҳаққи хавфи хатар аст. Вобаста аз намуди бонкҳо хавфҳо (риск) низ аз ҳамдигар фарқ карда мешаванд. Масалан, барои бонки навовар (инноватсионӣ) хусусияти хавфҳои баланди ба қарздиҳии сармояи венчурӣ (сармояи хавфӣ) асосёфта хос мебошад. Дар ин маврид кафолати аз тарафи давлат додашаванда ва истифодаи ҳуқуқи ба гарав мондани амволи ғайриманқул мавқеи муҳим дорад. Дар бонкҳои тиҷоратӣ хавфи бозоргирии номувозинатӣ, яъне имконияти аз тарафи бонк сари вақт иҷро кардани ӯҳдадориҳои худ пайдо шуданаш мумкин аст. Ин намуди хавф ҳангоми қарздиҳӣ ба ташкилотҳое низ пайдо мешавад, ки вазъи молиявии ноустувор, бинобар тақсим намудани якчанд суратҳисобҳои як мизоҷ дар бонкҳои гуногун доранд.

Бозори захираҳои қарзӣ ин соҳаи махсуси муносибатҳои пулию молӣ мебошад, ки фонди қарзӣ ҳамчун объекти хариду фурӯш баромад мекунад. Ба таври мушаххас гуфтан мумкин аст, ки бозори захираҳои қарзӣ зерсистемаи муносибатҳои бозорие мебошад, ки бо шарти бозгардонӣ, ҷамъоварӣ ва азнавтақсимкунии маблағҳои пулиро барои рушди иқтисодӣ таъмин менамояд.

Асоси объективии мавҷудияти бозори қарзӣ қонунияти гирдгардиши воситаҳои пулӣ мебошад, ки бояд вобастагии байни маблағҳои пулии муваққатан озод ва тақозои ба он пайдошавандаро дар шакли мувозинат нигоҳ дорад. Ихтилофоти пайваста афзояндаи боҳаракати маблағҳои пулӣ вобастабуда тавассути бозори қарзӣ дар ҷараёни ташаккули тақозо ва арза ба сармояи қарзӣ ҳалли худро меёбад.

Ба бозори захираҳои қарзӣ аз нуқтаи назари институтсионалистӣ муассисаҳое дохил мешаванд, ки бо арза ва тақозои худ ба фонди қарзӣ баромад мекунанд. Одатан муассисаҳои қарзию молиявӣ бо арза ва ширкатҳои амалкунандаю давлат бо тақозо баромад мекунанд. Таҳлили нисбатан амиқ аз омезиш ва ба ҳамдигар алоқаманд будани тарафайн шаҳодат медиҳад: ҳам ин ва ҳам он гурӯҳи муассисаҳо мунтазам ва ҳатто дар як вақт ҳам аз тарафи пешниҳодкунанда ва ҳам аз тарафи талабкунанда ба фонди қарзӣ баромад мекунанд.

Бозори қарзӣ бояд дар байни бонкҳои тиҷоратӣ, ширкатҳои гуногун, фондҳои нафақа, ширкатҳои суғурта ва биржаҳои фондӣ тақсим шавад.

Дар шароити низоми идораи маъмурӣ-фармонфармоӣ ҳаҷми захираҳо ва самти истифодаи онҳо расман бо нақшаҳои қарзӣ, танзими гардиши пул бошад бо нақшаи хазинавӣ муайян карда мешуданд. Ин нақшаҳо (ҳам қарзӣ ва ҳам хазинавӣ) хусусияти директивӣ (дастурӣ) дошта аз тарафи Ҳукумат тасдиқ карда мешуданд. Ҳаракати захираҳои қарзӣ хусусияти бешаклона дошт:

– ба арзаю тақозо асос наёфта буд;

– қарз барои маблағгузории хароҷоти буҷа истифода мешуд;

– бозгашти қарз (принсипи асосии қарз) таъин намегардид;

– фарқияти байни маблағгузорӣ ва қарздиҳӣ ба ҳамдигар омезиш ёфта буд.

Бозори захираҳои қарзӣ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

  • Тақсими фонди қарзӣ;
  • Иштирок дар ташкили комплексҳои нави иқтисодӣ;
  • Хизматрасонии савдои хориҷӣ ва суратҳисобҳои байналхалқӣ.
 Сиёсати пулию қарзии (монетарии) давлат

Сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ) гуфта, маҷмӯи чорабиниҳои давлатиеро меноманд, ки дар бахши пулию қарзӣ ба хотири таъмини тараққиёти мӯътадили иқтисодӣ андешида мешаванд. Ин гуна сиёсатро Бонки марказӣ дар якҷоягӣ бо Ҳукумат амалӣ менамоянд. Мақсади асосии сиёсати монетарӣ ин идоракунии фаъолияти хоҷагидорӣ, мӯътадил гардонидани дараҷаи нарх, бозсозии таркиби иқтисодиёт, мустаҳкам намудани қурби пул, таъмини шуғли пурра ва таъмини рушди иқтисодӣ мебошад. Воситаҳои асосии сиёсати монетарӣ инҳо мебошанд:

  1. Амалиёт дар бозори кушод;
  2. Тағирот дар меъёри захираҳои ҳатмӣ;
  3. Тағироти фоизи қарз.

Аз ҳамин ҷиҳат дар зери мафҳуми сиёсати монетарӣ идоракунии дараҷаи фоиз, бузургии миқдори пул ва идоракунии қарзро низ мефаҳманд.

Амалиёт дар бозори кушод (идоракунии қарз) гуфта хариду фурӯши қоғазҳои қимматноки давлатиро аз тарафи Бонки марказӣ меноманд. Агар Бонки марказӣ қоғазҳои қимматнокро фурӯшад, пас миқдори пули нақд дар муомилот кам шуда, фоизи қарз зиёд мешавад. Агар Бонки марказӣ қоғазҳои қимматнокро харида гирад, пас миқдори пули нақд дар муомилот зиёд шуда, дараҷаи фоизи қарз паст мешавад. Ҳамин тавр миқдори пул дар муомилот танзим карда мешавад.

Тағирот дар меъёри захираҳои ҳатмӣ яке аз воситаҳои асосии таъсири Бонки марказӣ ба миқдори пул мебошад. Мувофиқи қонун бонкҳои тиҷоратӣ як қисми захираҳои худро ҳатман бояд ҳамчун захира дар Бонки марказӣ нигоҳ доранд, ки андозаи онро Бонки марказӣ муайян мекунад. Агар Бонки марказӣ бузургии онро кам кунад, пас бонкҳои тиҷоратӣ имконияти бештар қарз доданро пайдо мекунанд ва миқдори пул дар муомилот зиёд мешавад. Дар сурате, ки Бонки марказӣ андозаи захираҳои ҳатмиро зиёд кунад миқдори пул дар муомилот кам мешавад ва фоизи қарз зиёд мешавад.

Тағироти дараҷаи фоизи қарз (сиёсати дисконтӣ) аз ҷониби Бонки марказӣ сурат мегирад.

Дараҷаи фоизи қарз гуфта меъёри фоизеро меноманд, ки ба воситаи он Бонки марказӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ қарзи кӯтоҳмуддат медиҳад.

Агар Бонки марказӣ дараҷаи фоизи қарзро баланд бардорад, пас фоизи қарзи бонкҳои тиҷоратӣ низ зиёд мешавад ва ҳамин тавр миқдори пул дар муомилот кам мешавад. Дар сурати паст шудани дараҷаи фоизи қарз миқдори пул дар муомилот зиёд мешавад.

Вобаста ба вазъи иқтисодӣ, сиёсати монетарӣ дар ду шакл зоҳир мегардад.

  1. Сиёстаи пулҳои арзон, ки асосан ҳангоми ҷой доштани бӯҳрони иқтисодӣ ва баланд шудани дараҷаи бекорӣ истифода карда мешавад. Мақсади асосии ин сиёсат арзон кардани қарз, зиёд кардани ҳаҷми мабалғгузорӣ, истеҳсолот ва шуғл мебошад. Сиёсати мазкур тавассути чораҳои зерин амалӣ карда мешавад:
  • паст кардани дараҷаи фоизи қарз, ки ба бонкҳои тиҷоратӣ имконият медиҳад аз Бонки марказӣ бештар қарз гирифта, захираҳои худро зиёд намоянд;
  • Бонки марказӣ дар бозори кушод қоғазҳои қимматнокро харида мегирад ва ба ивазашон захираҳои бонкҳои тиҷоратиро зиёд мекунад, ки дар натиҷаи он миқдори пул дар муомилот зиёд мешавад;
  • Бонки марказӣ андозаи захираҳои ҳатмиро кам мекунад, ки дар натиҷаи он захираҳои зарурӣ ва миқдори пул дар муомилот зиёд мешавад.

2. Сиёсати пулҳои қиммат, ки бо мақсади кам кардани миқдори пул дар муомилот амалӣ карда мешавад. Чораҳои асосии амалӣ намудани сиёсати пулҳои қиммат инҳо мебошанд:

  • баланд кардани дараҷаи фоизи қарз, ки боиси камтар қарз гирифтани бонкҳои тиҷоратӣ аз Бонки марказӣ мешавад;
  • фурӯши қоғазҳои қимматнок аз тарафи Бонки марказӣ дар бозори кушод, ки ба кам шудани миқдори пул дар муомилот оварда мерасонад;
  • баланд кардани дараҷаи захираҳои ҳатмӣ, ки боиси кам шудани захираи зарурӣ ва миқдори пул дар муомилот мегардад.

АДАБИЁТҲО

  1. Исоматов Бобокалон. Асосҳои назарияи иқтисод. Душанбе. «Паёми ошно». 2001. Қисми дуюм.
  2. Макконелл К.Р., Брю С.Л. Экономикс. М.: ИНФРА 1999. С. 477-494, 746-759.
  3. Носова С.С. Экономическая теория. Учебник. М.: Владос, 2000. Гл. 11, 24.
  4. Сажина М.А., Чибриков Г.Г. Экономическая теория. Учебник. ИНФРА, М.: 1999. Боби 5, параг. 5, 6.
  5. Самуэльсон П.А., Нордхаус В.Д. Экономикс. М.: «БИНОМ», 1997. С. 148-163, 245-249, 399-404.
11 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.