Танзими давлатии иқтисодиёт ва вазифаҳои иқтисодии давлат

12.1. Вазифаҳои иқтисодии давлат дар низоми иқтисоди бозорӣ.

12.2. Самтҳо ва воситаҳои танзими давлатии иқтисодиёт.

12.1. Вазифаҳои иқтисодии давлат дар низоми иқтисоди бозорӣ

Давлат на танҳо як ҷузъи асосии низоми сиёсӣ, балки ҳамчун субъекти зарурии иқтисоди ҷомеа низ ба ҳисоб меравад. Хусусияти фарқкунандаи давлат ҳамчун субъекти иқтисодӣ аз он иборат аст, ки барои фаъолияти худ ягон ҷавобгарии иқтисодиро бар душ надорад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон додааст, ки мавқеъ ва вазифаҳои давлат вобаста ба низоми иқтисодӣ гуногун мебошанд. Масалан дар низоми маъмӯрӣ-фармонфармоӣ моҳияти иқтисодии давлат дар давлатикунонии тамоми ҳаёти иқтисодӣ ифода карда мешуд. Дар ин низом давлат дар тамоми «узвҳои организми» иқтисодиёт роҳ ёфта тақсимоти ҷамъиятии меҳнат, тақсимоту истеҳсоли воситаҳои истеҳсолот ва чизҳои истеъмолӣ, инчунин тақсимоти фаъолияти соҳибкориро низ ихтиёрдорӣ мекард. Умуман дар низоми маъмӯрӣ – фармонфармоӣ давлат ҳамчун соҳиби ягонаи моликият, истеҳсолкунанда ва таъминкунандаи ҷои кор баромад мекард. Иҷрои чунин вазифаҳоро бар души худ гирифта давлати Шӯравӣ самаранокии баланди иҷтимоию иқтисодиро ҳангоми мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ таъмин намуда буд. Аз ҷумла сатҳи пасти бекорӣ, баланд шудани қурби пули Шӯравӣ, мавҷудияти низоми мустаҳками ҳифзи иҷтимоӣ ва мавқеъи боэътимоди Иттиҳоди Шӯравӣ дар бозори ҷаҳонӣ, нишонаҳои асосии натиҷаи монополияи давлатӣ дар иқтисодиёт буданд.

Гузариш аз низоми маъмурӣ-фармонфармоӣ ба низоми иқтисоди бозорӣ маънои онро надорад, ки мавқеъи давлат дар иқтисод ва вазифаҳои иқтисодии он аз байн мераванд.

Новобаста аз он ки дар назарияи иқтисодӣ аз мактаби меркантилистӣ (асри XVII) сар карда то мактаби монетаристӣ (нимаи дуюми асри XX), бештари олимони иқтисодшинос (бо истиснои Карл Маркс ва Ҷон Кейнс) ҷонибдорӣ маҳдуд намудани дахолати давлат ба иқтисод буданд, таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон додаст, ки низоми иқтисоди бозорӣ бе дахолати давлат як қатор масъалаҳои иқтисодиро ҳал карда наметавонад.

Масалан дар низоми иқтисоди бозорӣ дар зери таъсири омилҳои гуногун инкишофи иқтисодӣ хусусияти даврагиро ба худ мегирад, ё ин ки дар натиҷаи рақобат баъзе истеҳсолкунандагон муфлис мешаванд, муҳити экологӣ ифлос мегардад ва гурӯҳҳое, ки қобилияти меҳнат кардан надоранд (маъюбон, пиронсолон, кӯдакон) имконияти таъмини талаботашонро аз даст медиҳанд. Аз ҳамин ҷиҳат дар низоми иқтисоди бозорӣ дахолати давлат хело зарур аст, ки бе мавҷудияти он иқтисоди бозорӣ самаранок буда наметавонад.

Дар низоми иқтисоди бозорӣ давлат бояд вазифаҳои зеринро иҷро намояд:

  • пешгӯӣ ва барномасозии бозор, яъне давлат барномаҳои стратегии тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ барномаҳои ҳалли масъалаҳои гуногуни макроиқтисодиро тайёр намуда, бояд маҷмӯи чорабиниҳои мушаххасро оид ба бартараф кардани ҳодисаҳои манфӣ дар иқтисодиёт (афзоиши бекорӣ, касри буҷа, қарзи давлатӣ, беқурбшавии пул ва ғайра) андешад;
  • таъмини заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ, яъне давлат шароитҳои ҳуқуқиро бояд фароҳам оварад, ки озодии иқтисодии истеҳсолкунанда ва истеъмолкунандаро таъмин намояд, инчунин давлат бояд иҷрои меъёрҳои ҳуқуқии дар соҳаи хоҷагидорӣ ҷойдоштаро назорат кунад;
  • танзими макроиқтисодӣ, яъне давлат бояд муҳимтарин параметрҳои макроиқтисодиро (маҷмӯи арза ва маҷмӯи тақозо) на ба хотири ҳимояи манфиатҳои худ, балки ба хотири ҳимояи манфиатҳои ҳамаи субъектҳои хоҷагидорӣ бояд танзим намояд;
  • соҳаҳои ғайриистеҳсолиро (маориф, илм, маданият, тандурустӣ ва ғайра) давлат бояд ҷонибдорӣ намояд, яъне ба онҳо кӯмаки молиявию ташкилӣ расонад;
  • давлат бояд ба ташкил ва инкишофи алоқаҳои берунӣ-иқтисодии муфид мусоидат намояд;
  • давлат бояд гурӯҳҳои камбизоат ва камдаромади аҳолиро (маъюбон, нафақахӯрон, оилаҳои серфарзанд, бекорон ва дигар гурӯҳҳои аҳолӣ) дастгирӣ намояд;
  • таъмини иқтисодиёт бо миқдори пули зарурӣ;
  • танзими соҳаи экология ба хотири бартараф намудани «самараҳои берунӣ»;
  • таъмини талабот бо «молҳои ҷамъиятӣ» (мудофиа, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, идоракунии давлатӣ ва ғайра).

12.2. Самтҳо ва воситаҳои танзими давлатии иқтисодиёт

Дахолати давлат ба иқтисод тавассути танзими давлатии иқтисод амалӣ карда мешавад. Давлат иқтисодро тавассути воситаҳои маъмӯрӣ-ҳуқуқӣ ва воситаҳои иқтисодӣ танзим менамояд. Воситаҳои маъмӯрӣ-ҳуқукӣ гуфта воситаҳоеро меноманд, ки дар қувваи ҳокимият асос ёфтаанд. Ба воситаҳои маъмӯрӣ-ҳуқуқии танзими давлатии иқтисод инҳо дохил мешаванд:

  • маҳдудкунии қонунии истеҳсолот;
  • маҳдудкунии қонунии фаъолияти соҳибкорӣ;
  • маҳдудкунии қонунии содироту воридот;
  • маҳдудкунии қонунии музди кор ва ғайра.

Ба воситаҳои иқтисодӣ воситаҳоеро дохил мекунанд, ки давлат тавассути онҳо ба иқтисодиёт таъсири бевосита ё бавосита мерасонад.

Аз ҳамин ҷиҳат онҳоро ба воситаҳои иқтисодии мустақим ва воситаҳои иқтисодии ғайримустақим ҷудо мекунанд.

Ба воситаҳои иқтисодии мустақим маблағгузории давлатӣ ва хариди давлатии молу хизматҳо дохил мешаванд.

Маблағгузории давлатӣ дар самтҳои зерин амалӣ карда мешавад:

  • таъсир расонидан ба таркиби истеҳсолот тавассути маблағгузории соҳаҳое, ки рушди иқтисодии давомнок ва мувозинати иқтисодиро таъмин карда метавонанд;
  • дастгирии молиявии корхонаҳо ё соҳаҳое, ки барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ кӯмак мекунанд;
  • саноатикунонии ноҳияҳои алоҳида, ба воситаи сохтани корхонаҳои саноатӣ, ташкили ҷойҳои кори холӣ ва тайёр намудани кадрҳо;
  • амалӣ намудани барномаҳои экологӣ;
  • ташкил ва инкишофи соҳибкории давлатӣ.

Хариди давлатии молу хизматҳо (супориши давлатӣ) воситаи иқтисодии танзими давлатии бозор мебошад, ки аз ҳисоби буҷаи давлатӣ сурат мегирад. Ба ҳисоби миёна дар миқёси ҷаҳонӣ аз 20 то 30 фоизи харид дар бозор ба давлат таалуқ дорад. Ин восита тавассути супориши давлатӣ сурат мегирад, ки дар ҳолати амалӣ намудани он давлат ба фурушандагон мавҷуд набудани ягон хатари молиявӣ ва мавҷуд будани имтиёзҳои гуногунро (имтиёзҳои қарзию андозӣ) кафолат медиҳад. Хусусан ҳангоми пастравии истеҳсолот, хариди давлатии молу хизматҳо афзоиш ёфта, муфлисшавии корхонаҳоро боз дошта, боиси афзоиши маҷмӯи арза мегардад.

Ба воситаҳои иқтисодии ғайримустақими танзими давлатии иқтисод сиёсати андоз, сиёсати монетарӣ, сиёсати зиддимонополӣ, сиёсати иҷтимоӣ ва сиёсати берунӣ-иқтисодӣ дохил мешаванд. Ин воситаҳо дар самтҳои гуногун бо мақсадҳои гуногун истифода карда мешаванд. Масалан сиёсати иҷтимоӣ ба мақсади бартараф намудани нобаробарии иҷтимоӣ амалӣ карда шуда, дар самтҳои зерин истифода карда мешавад:

  • танзими даромадҳои аҳолӣ;
  • ҳимояи аҳолии камбизоат;
  • танзими соҳаи шуғли аҳолӣ;
  • кӯмак расонидан ба соҳаҳои маориф, илм, маданият ва тандурустӣ.

АДАБИЁТҲО

1. Исоматов Бобокалон. Асосҳои назарияи иқтисод. Душанбе.

«Паёми ошно». 2001, қисми дуюм.

  1. Курс экономической теории. Под.общ.ред.проф. Чепурина М.Н. и др. Киров «АСА». 1999, Разд. I. гл. 3-4
  2. Макконелл К.Р., Брю С.Л. Экономикс. М.: 1999. гл.1,2
  3. Самуэльсон П., Нордхаус В. Экономика. М.: 1999, гл. 2.
  4. Фишер С., Дорнбуш Р., Шмалензи Р. Экономика. М.: «Дело». 1999, гл. 1, с.9-12, гл. 40, с.751-769.
  5. Сомонаи Tj.allinweb.ru

 

5 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.