Хусусиятҳои асосии иқтисоди бозорӣ. Назарияи мол ва пул.

  1. Заминаҳои пайдоиш, моҳият ва мавқеъи хоҷагии бозорӣ дар инкишофи ҷамъият.
  2. Мол, ҳамчун маҳсули хоҷагии бозорӣ. Хусусият ва шаклҳои зуҳуроти мол.
  3. Пул ҳамчун шакли инкишофи муносибатҳои молӣ.
  4. Вазифаҳои пул ва моҳияти иқтисодии онҳо.
  5. Назарияи нархи мол. Намудҳои нарх ва вазифаҳои он.

 

1. Заминаҳои пайдоиш, моҳият ва мавқеъи хоҷагии бозорӣ дар инкишофи ҷамъият

Хоҷагии ҷамъиятӣ дар аввали пайдоишаш шакли натуралиро доро буд.

Хоҷагии натуралӣ гуфта – чунин шакли хоҷагидориеро меноманд, ки маҳсули он танҳо барои истеъмоли истеҳсолкунанда метавонад кифоя бошаду бас, яъне чунин тарзи хоҷагидорӣ ба бозор алоқа надорад. Бинобар ин хоҷагии натуралӣ бозорро ба вуҷуд оварда наметавонад ва асосан ба он зинаҳои ҷамъият мансуб аст, ки дорои дараҷаи пасти инкишофи истеҳсолот мебошад.

Бо мурури инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда ва пеш аз ҳама олотҳои меҳнат заминаҳои пайдоиши хоҷагии бозорӣ таркиб меёбад. Инчунин заминаи дигари пайдоиши хоҷагии бозорӣ, тақсимоти ҷамъиятии меҳнат мебошад.

Хоҷагии бозорӣ гуфта – чунин шакли хоҷагидорие дар назар дошта мешавад, ки маҳсули он на барои истеъмоли шахсии истеҳсолкунанда, балки барои фурӯш, яъне барои истеъмоли дигарон пешбинӣ шудааст.

Хоҷагии бозорӣ аввал дар шакли хоҷагии оддии молӣ пайдо шуда буд, ки чунин шаклро дошт:

М-М1

Баъдтар хоҷагии бозорӣ чунин мазмунро соҳиб гардид:

М-П-М1

Зинаи сеюми инкишофи хоҷагии бозорӣ чунин намудро дорад:

П-М-П1

Ин зинаи инкишофи хоҷагии бозорӣ ба тарзи сармоядории инкишофи ҷамъият хос мебошад.

2. Мол, ҳамчун маҳсули хоҷагии бозорӣ. Хусусият ва шаклҳои зуҳуроти мол

Натиҷаи хоҷагии бозорӣ, ё ин ки маҳсули он мол мебошад.

Мол гуфта – ҳамаи он чиро (маҳсулот, неъмат) меноманд, ки агар борои фурӯш таъин карда шавад. Дар айни ҳол барои фурӯш танҳо он чизе таъин шуда метавонад, ки:

а) агар ягон талаботи харидорро қонеъ карда тавонад;

б) агар дар мубодила ба молҳои дигар иваз шуда тавонад.

Аз ин ҷо маълум мегардад, ки мол дорои ду хусусият мебошад, яъне:

  1. арзиши истеъмолӣ;
  2. арзиши мубодилавӣ.

Хусусияти арзиши истеъмолӣ доштаи мол ин аст, ки бояд талаботи истеъмолкунандаро таъмин карда тавонад.

Хусусияти арзиши мубодилавӣ бошад, ин ки дар таносуби муайяни миқдорӣ бо молҳои дигар иваз шуда тавонад. Худи арзиш бошад, меҳнати зарурии ҷамъиятиест, ки дар мол таҷассум ёфтааст. Қайд кардан зарур аст, ки арзиши мубодилавӣ ин шакли арзиш мебошад. Арзиш ва арзиши истеъмолӣ ду тарафи як чиз ҳастанд, ки он мол ном дорад. Гарчанде, ки дар байни онҳо зиддият низ мавҷуд аст. Зиддият дар он аст, ки на ҳамеша арзиши истеъмолӣ ба бузургии арзиш мувофиқат мекунад. Бо ибораи дигар на ҳамеша сарфи меҳнат натиҷаи дилхоҳи мушаххасро таъмин карда метавонад.

3. Пул ҳамчун шакли инкишофи муносибатҳои молӣ

Эҳёву ташаккул ва густариши пул, мустақиман ба давраҳои рушди низомҳои иқтисодӣ, инкишофи тамсилаҳои он ва шаклу намудҳои хоҷагиҳои молӣ алоқаманд мебошад.

Пул давраҳои бешумор ва беинтиҳои таърих, инчунин зинаҳои гуногуни муомилотро аз сар гузаронидааст.

Зарурати ба саҳнаи муомилот баромадани пул аз он иборат аст, ки:

  1. Талаботи (тақозои) молистеҳсолкунандаи А ба соҳиби моли В;
  2. Талаботи охирон, яъне соҳиби моли В ба моли истеҳсолкардаи А.

Ин ҷараён, ҳамчун зуҳури муносибатҳои иқтисодии байни одамон ба амал бароварда мешавад.

Ба ақидаи К.Маркс пул ин моли махсус буда, барои молҳои дигар ҳамчун эквиваленти умумӣ баромад мекунад. Ба ақидаи ӯ шакли аз ҳама қуллайтарин ва оддитарини мубодила шакли содда ва ё худ мубодилаи тасодуфӣ мебошад, ки арзиши як мол ба моли дигар иваз карда мешавад, яъне:

X –дона табар = У –сар гӯсфанд

Дар ин таносуб арзиши табар ба арзиши гӯсфанд ифода карда мешавад. Ин ҷо табар нақши нисбӣ ва гӯсфанд нақши эквивалентиро иҷро мекунад.

Бо мурури инкишофи иқтисод ва пайдо шудани бозорҳои миллӣ, мустаҳкам гардидани равобитҳои иқтисодӣ, ривоҷу равнақ ёфтани тиҷорат ва ѓайра зарур аст. Ин ҳама танҳо бо истифодаи моли махсус ба сифати эквивалент ба миён омада метавонад. Ин вазифа ба зиммаи фулузот (мис, нуқра, тилло) гузошта мешавад, ки чунин шаклро дорад:

Х – сар гӯсфанд

У – халта гандум

Z – метр газвор =S – грамм тилло

С – адад табар

ва гайра.

4. Вазифаҳои пул ва моҳияти иқтисодии онҳо

Моҳияти иқтисодии пул дар иҷрои вазифаҳои он зоҳир мегардад. Дар шароити хоҷагии бозорӣ (молӣ), пул вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

  1. Ченаки арзиш, ё ин ки чен кардани бузургии арзиш;
  2. Воситаи муомилот;
  3. Воситаи андӯхт, ё ин ки сарватѓундорӣ;
  4. Воситаи пардохт, ё ин ки қарзадокунӣ;
  5. Пули ҷаҳонӣ, яъне воситаи муомилоти байналхалқӣ.

Ченаки арзиш чунин маъно дорад, ки бо ёрии пул арзиши молҳои гӯногӯн андоза карда мешавад. Азбаски молҳо арзиши якхела надоранд, бинобар он арзиши ҳар яки онҳо бо миқдори муайяни пул ифода карда мешавад. Ифодаи пули арзишро нарх меноманд.

Пул, ҳамчун воситаи муомилот дар шакли пули ҳақиқӣ баромад мекунад, чунки ин вазифаи пул аз хизматрасонӣ ба муомилот иборат мебошад. Фурӯшанда танҳо бар ивази пули ҳақиқӣ дар шакли пули нақд молашро мефурӯшад.

Пул, ҳамчун воситаи андӯхт дар мавриди пасандози оддӣ аз тарафи аҳолӣ, ё ѓун кардани маблаѓ аз тарафи бизнес бо мақсади васеъ кардани фаъолиятҳои иқтисодӣ истифода мешавад.

Дар шароити муносибатҳои молӣ зарурати ба қарз додани молу неъмат ба вуҷуд меояд ва ба сифати воситаи пардохт, пулҳои карзӣ баромад мекунанд. Ин вазифаи пул ҳангоми адои хаққи меҳнат, харидани саҳмияҳо, заёмҳо, додани андозҳо ва дигар пардохтҳо бештар мушоҳида карда мешавад.

Пул, ҳамчун пули ҷаҳонӣ дар навбати худ якчанд вазифаҳо дорад:

  1. Ченаки арзиши байналхалқӣ;
  2. Воситаи муомилоти байналхалқӣ;
  3. Вазифаи қарздиҳию қарзадокунӣ байни давлатҳо.

5. Назарияи нархи мол. Намудҳои нарх ва вазифаҳои он

Намоёнтарин шахсоне, ки ба таври илмӣ ба масъалаи назарияи нарх шуѓл варзидаанд, классикони иқтисоди сиёсӣ А. Смит, Д. Рикардо ва К. Маркс мебошанд. Онҳо якумин шуда, назарияи хароҷоти нархро тавсиф намудаанд.

Нарх ҳамчун ифодаи пулии арзиши (ё худ қиммати) мол баромад мекунад. Арзиш, меҳнати дар мол таҷассумёфтаи моли истеҳсолшуда мебошад. Нарх дар ин асно тибқи хароҷоти миёнаи корхонае, ки ин гурӯҳи молҳоро тавлид намудааст, ташкил карда мешавад.

Аз таърифи марксистии нарх хулоса бар меояд, ки чавҳари марказии онро назарияи меҳнатии арзиш ташкил медиҳад.

Дар шароити ҳозира бошад, оиди ташаккули нарх ду равияро аз ҳамдигар фарқ мекунанд: равияи бозорӣ ва равияи тавлидотӣ.

Равияи бозорӣ, рафтор дар таҳқиқи нарху нархгузорие мебошад, ки дар мояи омӯзиши конъюктураи бозор, тақозо, арза, рақобат ва дигар омилҳои амалии механизми бозорӣ сурат мегирад.

Равияи тавлидотӣ, чунин шакли ҳисобу китоби нархмуқарраркунӣ дониста мешавад, ки дар чорчӯбаи масорифоти истеҳсолӣ ташкил карда мешавад.

Моҳияти иқтисодии нарх дар иҷрои вазифаҳои он зоҳир мегардад. Дар бештари фанҳои мушаххаси иқтисодӣ, вобаста ба хислат ва объекти таҳлил вазифаҳои гуногуни нарх пешниҳод карда мешаванд. Асосан вазифаҳои нарх аз сират ва муҳити амал дар ҳавзаҳои гуногуни иктисод, сатҳи таҳлил, хислати соҳа, тарз ва услуби амалигардонидани худи миханизми нарх, характери низомҳои иқтисодӣ (суннатӣ, амрӣ, бозорӣ, омехта), тарзи танзиму истифода ва ѓайра вобастагӣ дорад.

Новобаста аз гуногуншаклию фарохии мазмуну мундариҷа, метавон чунин вазифаҳои нархро аз ҳамдигар ҷудо кард:

  • Андозагирӣ (ченкунӣ), ки яке аз вазифаҳои нахустини нарх мебошад. Нарх ҳамчун ифодакунандаи пулии арзиши моли субъектҳои иқтисодӣ баромад мекунад. Маҳз бо туфайли нарх имконияти муайян кардани арзиши мол ва сирати пулӣ қабул кардани он пайдо мешавад.
  • Муқоиса, ҳамчун воситаи баҳам қиёс намудани қимматҳои (арзишҳои) неъматҳои гуногуни иқтисодӣ сурат мегирад. Он имкон медиҳад, ки қиммату нафънокӣ, сифату манфиатнокии молҳои гуногун аз ҳамдигар фарқ карда шаванд.
  • Бахисобгирӣ, яъне нарх дар ин вазифа барои баҳисобгирии хароҷот (ашё, материал, музди кор, энергия, сузишворӣ ва ѓайра), инчунин барои даромаду фоидаи корхонаро муайян кардан шароит фароҳам меорад.
  • Танзими равандҳои гуногуни иқтисодӣ, яъне ҳамчун воситаи дар амал тадбиқгардонии фаъолияти хоҷагидорӣ ба воситаи фашангҳои таҳлил, пешбинӣ, тарҳрезӣ ба амал бароварда мешавад. Ба воситаи нарх стратегияи истеҳсол, фурӯш, ҳаҷми тақозою арза, теъдоди тавлиду тавлигарон, фурӯшандаю истеъмолгарон, инчунин ҳаҷми бозор муайян карда мешавад.

Рӯйхати адабиётҳои истифодашуда

  1. Р.М. Нуреев. Курс Микроэкономики. Изд-во НОРМА, Москва, 2001г.
  2. Макконелл К.Р., Брю С.Л., Экономикс. Т.2. Москва, 1992г.
  3. Экономическая теория (Политэкономия). Учебник., Под. Ред. А.И. Видяпина. Москва, 2007г.
  4. Маршалл А. Принципы экономической науки. Москва, 1993г.
  5. Исоматов Б., Асосҳои назарияи иқтисод, қисми 1, Душанбе, 2007с.
  6. Низомова Т.Д., Иқтисоди хурд, Диловар-ДДМТ. Душанбе, 2001с.
  7. Эргашев А., Мухатбердиев Ҳ., Курси назарияи иқтисодӣ (Микроиқтисод). Душанбе, 2003с.
  8. Қодиров Ш.Ш., Назарияи иқтисодӣ, иқтисоди миллӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ. Душанбе, 2001с.
  9. Сомонаи интернети Tj.allinweb.ru
13 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.