Шаклҳои асосии муносибатҳои байналхалқӣ-иқтисодӣ

15.1. Тиҷорати байналхалқӣ ва омилҳои ба он таъсиркунанда.

15.2. Ҳамбастагии байналхалқии иқтисодӣ.

15.3. Кӯчиши байналхалқии сармоя ва қувваи корӣ.

15.1. Тиҷорати байналхалқӣ ва омилҳои ба он таъсиркунанда.

Яке аз шаклҳои аввалин ва асосии муносибатҳои байналхалқӣ – иқтисодӣ тиҷорати (савдои) байналхалқӣ ба ҳисоб меравад.

Тиҷорати байналхалқӣ гуфта, чунин шакли муносибатҳои байналхалқӣ – иқтисодиеро меноманд, ки тавассути содирот ва воридоти молу хизматҳо ба амал меояд.

Тиҷорати байналхалқӣ маҷмӯи созишҳоро оид ба иваз намудани молу хизматҳо дар байни давлатҳо ифода мекунад. Асоси инкишофи тиҷорати байналхалқиро манфиатҳои тарафайн аз мубодилаи молу хизматҳо ташкил медиҳанд ва сабабҳои асосии мавҷудияти тиҷорати байналхалқӣ инҳо мебошанд:

  • тақсимот ва таъминоти нобаробари захираҳои иқтисодӣ;
  • мавҷуд будани дараҷаҳои гуногуни самаранокии технологияҳои гуногун дар кишварои гуногун.

Моҳияти асосии тиҷорати байналхалқӣ дар он ифода меёбад, ки тавассути он маҳдудияти захираҳои иқтисодӣ бартараф карда шуда, ҳаҷми бозори дохилӣ васеъ карда мешавад ва даромади иловагӣ аз ҳисоби фарқият дар байни хароҷотҳои миллӣ ва берунии истеҳсолӣ ба даст оварда мешавад. Инчунин ба воситаи тиҷорати байналхалқӣ ҳаҷми истеҳсолоти миллӣ, аз ҳисоби захираҳои хориҷӣ, зиёд карда мешавад.

Шаклҳои асосии тиҷорати байналхалқӣ ин содирот ва воридоти молу хизматҳо мебошад.

Содирот гуфта ин ба беруни кишвар фурӯхтани молу хизматҳо дар назар дошта мешавад.

Воридот гуфта аз беруни кишвар харидани молу хизматҳоро меноманд.

Ҳаҷми содирот ва воридот аз сиёсати тиҷорати байналхалқӣ вобаста мебошад. Сиёсати тиҷорати байналхалқӣ гуфта чорабиниҳои давлатиеро меноманд, ки дар соҳаи тиҷорати байналхалқӣ амалӣ карда мешаванд.

Асосан дар назарияи иқтисодӣ ду шакли сиёсати тиҷорати байналхалқиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд: сиёсати ҳимоягарӣ (протексионистӣ) ва сиёсати тиҷорати озод (фритредерӣ).

Сиёсати ҳимоягарӣ – сиёсатест, ки барои ҳимояи бозори миллӣ (дохилӣ) аз молҳою хизматҳои хориҷӣ, тавассути маҳдуд намудани воридот, сурат мегирад. Самтҳои асосии сиёсати ҳимоягарӣ инҳо мебошанд:

  • боҷҳои гумрукӣ, ки ҳангоми содирот дараҷаашон паст буда ҳангоми воридот дараҷаи онҳо баланд бардошта мешавад;
  • монеаҳои ғайритарифӣ, ки ба онҳо монополияи давлатӣ, литсензиякунонӣ ва муайян кардани ҳисса дохил мешавад.

Монополияи давлатӣ ин ҳуқуқи махсус додан ба ташкилотҳои давлатӣ, оид ба анҷом додани амалиётҳои гуногуни тиҷорати байналхалқӣ мебошад.

Литсензиякунонӣ – ин иҷозат додан ба ташкилотҳои гуногун оид ба анҷом додани тиҷорати байналхалқӣ мебошад.

Муайян кардани ҳисса – таъин намудани ҳиссаи содироту воридоти молҳои алоҳидаро ифода мекунад.

Сиёсати тиҷорати озод дар охири асри XVIII ба муқобили сиёсати ҳимоягарӣ пайдо шудааст ва истифодаи ягон монеаҳоро пешбинӣ намекунад.

Нишондиҳандаҳои асосии тиҷорати байналхалқӣ инҳо мебошанд:

  1. Гардиши тиҷорати байналхалқӣ, ки суммаи содироти воридоти молу хизматҳоро ифода намуда аз рӯи формулаи зерин муайян карда мешавад:

Ex + Im = Тб

  1. Ҳиссаи тиҷорати байналхалқӣ дар МММ, ки бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:
  2. Ҳиссаи содирот дар МММ, ки бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:
  3. Ҳиссаи воридод дар МММ, ки бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

15.2. Ҳамбастагии байналхалқии иқтисодӣ

Мавҷудияти хоҷагии ҷаҳониро бе ҳамбастагии (интегратсия) байналхалқии иқтисодӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст.

Ҳамбастагии байналхалқӣ-иқтисодӣ гуфта наздикшавию мутобиқшавии хоҷагиҳои миллиро бо ҳамдигар ва амалӣ намудани сиёсати ягонаро дар асоси созишномаи тарафайн меноманд.

Сабаби асосии мавҷудияти ҳамбастагии байналхалқӣ-иқтисодӣ ин зиддият дар байни дараҷаи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда ва чорчӯбаи иқтисоди миллии онро маҳдудкунанда мебошад.

Вобаста ба хусусиятҳои минтақавии ҳамбастагии байналхалқӣ-иқтисодӣ, шаклҳои зерини онро аз ҳамдигар фарқ мекунанд: ҳамбастагии байнидавлатӣ ва ҳамбасттагии минтақавӣ.

Ҳамбастагии байнидавлатӣ – ин наздикшавӣ ва мутобиқшавии байни ду давлатро меноманд. Масалан, ҳамбастагии байни Белорусия ва Руссия.

Ҳамбастагии минтақавӣ наздикшавӣ ва мутобиқшавии иқтисоди якчанд давлатҳои як минтақаро ифода мекунад. Масалан, ҳамбастагии давлатҳои Осиёи Миёна, ё ин ки ҳамбастагии давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ).

Дар назарияи иқтисодӣ ҳамбастагии уфуқӣ (горизонталӣ) ва ҳамбастагии амудӣ (вертикалӣ)–ро низ аз ҳамдигар ҷудо мекунанд.

Ҳамбастагии уфуқӣ – ин наздикшавӣ ва якҷояшавии якчанд давлатҳоро дар як ташкилот мефаҳмонад. Масалан, Иттифоқи иқтисодии давлатҳои муштаракулманофеъ ё ин ки Иттифоқи Аврупо ва ғайра.

Ҳамбастагии амудӣ – ин наздикшавӣ ва мутобиқшавии давлаҳоро бе итоат ба ягон ташкилот ифода мекунад. Масалан, ҳамбастагии Тоҷикистон ва ИМА. Ин шакли ҳамбастагӣ танҳо доду гирифти оддиро ифода мекунад.

Дар ҷаҳони имрӯза шаклҳои гуногуни ҳамбастагии байналхалқӣ- иқтисодӣ вуҷуд доранд, ки дар ҷараёни инкишофи таърихии инсоният ба вуҷуд омадаанд. Аз ҷумла шаклҳои зерини иттиҳодияҳои ҳамбастагии иқтисодӣ вуҷуд доранд:

  1. Минтақаи озоди тиҷорат, ки озодии амалиётҳои содиротию воридотии давлатҳои иштироккунандаро инъикос мекунад;
  2. Иттифоқи иқтисодӣ, ки ба ҷуз аз барҳам додани монеаҳои гумрукӣ, ҷорӣ намудани сиёсати ягонаи иқтисодӣ ва низоми ягонаи танзими байнидавлатии ҷараёнҳои иҷтимоию иқтисодиро пешниҳод менамояд;
  3. Иттифоқи гумрукӣ, ки гардиши озоди молу хизматҳоро дар дохили давлатҳо пешбинӣ мекунад;
  4. Бозори умумӣ, ки на танҳо барҳам додани монеаҳоро барои ҳаракати молу хизматҳо, балки барҳам додани монеаҳоро барои таъмини ҳаракати омилҳои истеҳсолот низ пешбинӣ менамояд;
  5. Минтақаи ягонаи иқтисодӣ, ки дар доираи он тамоми монеаҳо ба хотири таъмини тиҷорати озод, ҳаракати молу хизматҳо, ҳаракати одамон ва сармоя бартараф карда мешаванд;
  6. Иттифоқи асъорӣ, ки мавҷудияти асъори ягона ва сиёсати ягонаи асъорию молиявиро барои ҳамаи давлатҳои аъзои он пешбинӣ менамояд.

Барои ҶТ шакли маъмул ва муҳими ҳамбастагии байналхалқӣ-иқтисодӣ, ин Иттифоқи иқтисодии ИДМ ба ҳисоб меравад, ки моҳи сентябри соли 1993 ташкил шуда буд. Созишномаи байни давлатҳои аъзои он ҳаракатро аз ҷамъияти тиҷорати озод ба Иттифоқи гумрукӣ, баъд ба бозори умумӣ ва баъд аз он ба Иттифоқи асъорӣ пешбинӣ менамояд.

15.3. Кӯчиши байналхалқии сармоя ва қувваи корӣ

Кӯчиши байналхалқии сармоя ва қувваи корӣ яке аз шаклҳои маъмули муносибатҳои байналхалқӣ-иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Содироти сармоя ин кӯчиши сармоя дар шакли молӣ ё пулӣ ба хориҷи кишвар бо мақсади гирифтани даромад дар шакли фоидаи соҳибкорӣ ё фоизи қарз мебошад. Сабабҳои асосии содироти сармоя инҳо мебошанд:

– инкишофи бозори сармоя;

– тағирот дар қонунгузории миллӣ;

– хоҳиши фоида гирифтан аз тағироти қурби пул ва ғайра.

Мақсади асосии содироти сармоя ин дар дигар кишвар ба даст овардани фоидаи бештар аз ҳисоби бартарии шароитҳои берунӣ, нисбат ба шароитҳои хоҷагии миллӣ мебошад.

Дар илми назарияи иқтисодӣ шаклҳои зерини содироти сармояро аз ҳамдигар фарқ мекунанд: содироти сармояи соҳибкорӣ ва содироти сармояи судхӯрӣ.

Сармояи соҳибкорӣ бо мақсади ташкили истеҳсолоти худӣ дар хориҷи кишвар ё ин ки бо мақсади маблағгузорӣ дар ширкати дигар содирот карда мешавад. Маблағгузорӣ ба корхонаи хориҷӣ бо мақсади таҳти назорат гирифтани он маблағгузории бевосита номида мешавад.

Маблағгузорӣ ба қоғазҳои қимматноки хориҷӣ, ки на бо мақсади назорат кардан, балки бо мақсади даромад гирифтан сурат мегирад, маблағгузории дастҷамъӣ (портфельный) номида мешавад.

Содироти сармояи судхӯрӣ – ин як шакли қарзӣ байналхалқӣ мебошад, ки қарз додани субъекти хоҷагидории як давлатро ба субъекти хоҷагидории давлати дигар ифода мекунад.

Дар асоси содироти сармоя ба хориҷа ширкатҳои фаромиллатӣ ташкил карда мешаванд.

Ширкатҳои фаромиллатӣ гуфта корхонаҳоеро меноманд, ки дар ду ё якчанд давлат шӯъбаҳою муассисаҳои итоаткунанда дошта, аз як марказ сиёсати ягонаро ҷорӣ менамоянд.

Кӯчиши қувваи корӣ низ яке аз шаклҳои муносибатҳои байналхалқӣ-иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Кӯчиши қувваи корӣ гуфта ҳаракати аҳолии қобили меҳнатро аз як давлат ба давлати дигар меноманд. Асосан ду гурӯҳи сабабҳои кӯчиши қувваи корӣ вуҷуд дорад: сабабҳои иқтисодӣ ва сабабҳои ғайрииқтисодӣ.

Ба сабабҳои иқтисодии кӯчиши қувваи корӣ инҳо дохил мешаванд:

  • паст шудани тақозо ба қувваи кории тахассусаш паст ва афзоиши арзаи он;
  • фарқияти музди кор дар давлатҳои гуногун;
  • афзоиши тақозо ба қувваи кории тахассуснок.

Ба сабабҳои ғайрииқтисодии кӯчиши қувваи корӣ бошад инҳо дохил мешаванд:

  • вазъи демографӣ;
  • вазъи оилавӣ;
  • вазъи миллӣ;
  • вазъи сиёсӣ;
  • дин;
  • маданият ва ғайра.

АДАБИЁТ

  1. Исоматов Бобокалон. Асосҳои назарияи иқтисод. Душанбе. «Паёми ошно». 2001. Қисми дуюм.
  2. Курс экономической теории /Под ред. проф. Чепурина М.Н. Киров «АСА», 1999. Боби 9.
  3. Курс экономики /Под ред. проф. Райзберга Б.А. ИНФРА – М, 1999. Бобҳои 22, 25, 28.
  4. Сажина М.А., Чибриков Г.Г. Экономическая теория. Учебник. ИНФРА, М.: 1999. Боби 5, параг. 1- 4, 8.
  5. Экономическая теория. Учебник. Ростов – на Дону «Феникс», 2001. гл.9.
  6. Эргашев А., Муҳадбердиев Ҳ. Фаъолияти фирма дар шароити бозор. Душанбе, 2001. Бобҳои 1, 2, 3.
  7. Эргашев А., Муҳадбердиев Ҳ. Курси назарияи иқтисод. Душанбе, 2001. Бобҳои 9, 10, 11.
  8. Tj.allinweb.ru
7 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.