Асосҳои назарияи тақозо ва арза

Барои мисол одатан соҳаҳои гуногуни хоҷагии қишлоқро мегиранд. Фарз мекунем, ки истеҳсолкунандаи нахи пахта ба нархи бозорӣ нишон гирифта буд, ки бо он нахи пахтаро дар соли ҷорӣ фурӯхта буданд. Ӯ мавҷудияти нархи пойдоршударо дар оянда пешбинӣ карда, ҳаҷми истеҳсоли нахи пахтаро барои соли оянда дар асоси ин нарх муайян мекунад. Фарз мекунем, ки бозор аз ҳолати мувозинатӣ баромад. Талабот ба нахи пахта кам шуда, бон архи соли гузашта харидорон ҳамон қадар нахи пахтаро мисли пештара харидорӣ намекунанд. Барои фурӯхтани миқдори нахи пахтаи истеҳсолшуда, истеҳсолкунанда маҷбур мешавад нархро то сатҳи нархи талабот барои миқдори мавҷуд будаи нахи пахта паст намояд. Лекин чунин нархи паст як қатор истеҳсолкунандагонро маҷбур месозад, ки ин бозорро тарк намоянд. Пешниҳод кам шуда, дар бозор норасогӣ ба миён омада, нархҳо баланд мешаванд. Дар навбати худ ин ҳолат васеъшавии пешниҳодро (аз сатҳи пештара камтар) ба миён меорад. Дар оянда ин ҷараён бо схемаи додашуда амалӣ мегардад ва дар натиҷа бо давраҳои спирали маҳдудшавандаи нархи мувозинатӣ, истеҳсолкунандагон нархи мувозинатиро дарёфт мекунанд. Ҳамаи ин гуфтаҳо дар назар дорад, ки ҷудошавӣ аз ҳолати мувозинатӣ бо мурури замон хурд мешавад, яъне низоми бозорӣ ба ҳолати мувозинатӣ майл мекунад.

 

test

Добавить комментарий