Назарияи фирма ва фаъолияти соҳибкорӣ

  1. Фирма ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ.
  2. Идораи фирма, моҳият ва шаклҳои он.
  3. Қоида (принсип) – хои фаъолияти хочагидории фирма.
  4. Соҳибкорӣ, моҳият, вазифа ва мақсади он.
  5. Бизнес-план ва унсурҳои он.
  6. Менељмент, шакл ва хусусиятҳои он.Идораи маркетингии фирма,сохтори ташкили идоракунии маркетингӣ ва намудҳои он.

 

1. Фирма ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ.

Фирма (корхона) яке аз унсурҳои муҳимтарини хољагиҳои бозорӣ мебошад.

Он дар ҳалқаи иқтисоди бозорӣ ҳамчун субъекти тавлидгар, фурушанда,

пешниҳодкунандаи неъматҳо, хадамот, харидор ва истифодабарандаи захираҳои маҳдуди љомеа ва дар ин асос ба даст овардани фоида ва қонеъ гардондани эҳтиёљоту дархости беинтиҳои мардум баромад мекунад.

Таҳти фирма (firma) субъекти иқтисодие фаҳмида мешавад, ки дар асоси услубҳои ҳисоби тиљорат фаъолият намуда, захираҳои иқтисодиро истифода ва дигаргун сохта, аз онҳо неъмат ва хадамот тавлид менамояд.

Дар адабиёти кунунии иқтисоди фирма ҳамчун:

  1. шакли мушаххаси ташкили истеҳсолот;
  2. субъекти мустақили иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ, ки мустақиман бо фаъолияти соҳибкорӣ банд мебошад;
  3. фаъолияти худро мустақилона дар асоси масоили умдаи бозор ба роҳ мемонад тасаввур карда мешавад.

Фирма ва бозор бидуни алоқаманди вучуд дошта наметавонанд, ҳамбастагии онҳо аз ду љиҳат:

1. Ҳамчун ташкилоте, ки захираҳои ибтидоиро ба маҳсулоти
интиҳоӣ табдил медиҳад;

2. Шакли ҳуқуқии мустақилона ташкилшудаи бизнес мавриди таҳлил
қарор дода мешавад.

Шакли хољагидори дар шароити бозор дар асоси қонуну қонунгузориҳо – шакли ташкилию ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешавад.

Асосан чунин меъёрҳои муайянкунандаи назарияи фирма фарқ карда мешавад:

  1. Назарияи сунати. Тарафдорони ин назария фирмаро аз нигоҳи тарз ва услуби механизми коркард, истифодаи захираҳои иқтисодӣ ва мутобиқгардонии он ба механизми бозори ташбеҳ медиҳанд.

Назарияи иқтисодии сунати, фирмаро аз нигоҳи истеҳсолию низоми техникӣ, яъне конгломерат (шакли омехта) – и мошин ва одамон баҳо медиҳанд.

Мақсади ниҳоии фирма тибқи ин назария барои ба даст овардани фоида мебошад.

  1. Назарияи менељералӣ. Тақозо менамояд, ки ҳадафи муҳимтарини фирма-аввало ба ҳадди аксар расонидани ҳаљми фуруш ва баъд аз гирифтани даромад бошад.
  2. Љонибдорони ҳадди аксари рушд бештар андеша ба он доранд, ки корхонаҳои инкишофёфтаистода ба корхонаҳои бузург авзал доранд. Дар таъмини рушду нумуи онҳо ҳам моликону менељерон ва ҳам саҳмиядорон манфиатдоранд.
  3. Назарияи ҳадафи аксар, бештар ба масоили сирати роҳбарияти сатҳи болоии фирма нигаронида шудааст. Тибқи назардошти он муомила чунон бояд сурат гирад, ки тавонад манфиати коргаронро ифода намояд:
  4. Таърифи класикии фирма, сароѓоз аз љониби А.Смит ва минбаъд К.Маркс тавсиф карда шудааст. Моҳияти фирма бевосита аз мазмуни синфию иљтимоии капитализм берун оварда шудааст. Тибқи ақидаи онҳо фирма маҳсули тақсими љамъиятии меҳнат, табдил ёфтани кооператсияи оддии капеталисти ба мануфактура, яъне фабрикаи капиталистӣ мебошад. Дар ин љо фабрика ҳамчун шакли асосии фирма, барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, кам кардани харољот ва ба даст овардани фоида мебошад. Дар тасавури классикон фабрикаxое мебошад, ки дар он омилҳои моддӣ ва шахсӣ (қувваи коргарӣ) бо ҳам пайваст карда мешавад.
  5. Иқтисодчии амрикои Ф.Нейт гумон дорад, ки фирма дар натиљаи xадду ҳудуди бозори ба ҳадди ақал расонидани хавф ва номаълумиҳо ба миён меояд. Чи қадаре,ки номаълумиҳо зиёд бошад, ҳамон қадар афзалияти фирма нисбат ба бозор зиёд мегардад.
  6. Мувофиқи ақидаи Р.Коуз фирма ҳамчун институти иқтисодӣ, аз боиси бори гарон будани мутобиқгардонии равандҳои бозор ба миён меояд. Дар шароити бозор аксари вақт фирмаҳо молу маҳсулоти тавлидкардаи худ, харољоти хариду фуруши бозориро, ки дар асл бояд субъектҳои дигару алоҳидаи бо ҳам алоқаманд (харидорон ва фурушандагон) мустақил адо намоянд, ба уҳдаи худ мегирад. Ин шакли масрифотро Коуз харољоти масрифоти (трансаксионӣ) номидааст. Он маљмуи муносибатҳоро оиди: ба ки бояд алоқа ва муносибат дошт?, бо ки оид ба даст овардани захира шартнома баст?, шарту шароити хариду фурушро муоина кард?, гуфтушунидҳои пешаки барқарор намуд?, оиди фаъолияти рақибон, истеъмолгарон маълумот љамъовари намуда,ифода мекунад. Аз ин нигоҳ Коуз 4-шакли трансаксиониро нишон додааст:
  7. Масраф оиди кор карда баромадани иттилоот дар хусуси таъмингарон, нарх, характеристикаи молу маҳсулот.
  8. Масраф оиди гуфтушунид ва қабули қарорҳо (бастани қарордодҳо).
  9. Масраф барои назорат оиди иљрои шарту шароити шартнома.
  10. Масраф барои таъмин кардани шароити ҳуқуқии қарордодҳо ва ѓайраҳо.
ВАЗИФАҲОИ ФИРМАҲО:

Новобаста аз сирати мансубият ба ин ё он шакли моликият, ҳаљму меъёр ва ѓайраҳо, ҳар як корхона барои иљрои вазифаи худ мақсади муайян дорад:

1. Вазифаҳои корхонаҳои амалкунанда

– бо таври истиқлолу муозин ташкил кардан ва нигоҳ доштани корхона

– бо музди кор таъмин кардани коргарону хизматчиён

– таъмин кардани шароити муътадили кор ва имконияти рушди касбию ихтисосӣ

– қонеъ гардонидани истеъмолгарон бо молу маҳсулот ва хизматрасонӣ

– ба вуљуд овардани љои кор барои аҳолӣ

– ҳифзи муҳити зист (замин, обу ҳаво)

– барои қатъ гардидани корхона замина нагузоштан ва пешгири кардан аз муфлисшавӣ

Вазифаҳои корхона аз љониби соҳиби корхона вобаста ба мақсад, манфиати шахсӣ муайянгардида, иљрои он ба зиммаи коллектив гузошта мешавад.

Алоқамандии омилҳои мављударо чунин тасвир кардан мумкин аст:

Сармояи корхона

Мухити

беруни

Сохиби

корхона

Вазъи дохилии корхона

Максади корхона

Ягонагии мақсад ва вазифаҳои корхона

2. Вазифаи корхонаи истехсолӣ

– истеҳсол кардани маҳсулот дар шакли воситаҳои истеҳсолот ва предметҳои истеъмолӣ, яъне молҳои истехсолӣ ва истеъмоли шахсӣ

– фуруш ва ба истеъмолкунанда расонидани маҳсулот

– хизматрасонии пас аз фуруш

– бо воситаи моддию техники таъмин намудани истеҳсолот

– анљом додани фаъолияти соҳибкорӣ

– пардохти андоз ва иљро намудани уҳдадории ҳатмӣ ва ѓайраҳо

Ин алоқамандиро чунин ифода намудан мумкин аст:

Натичаи фаъолият

Воситахои истехсолот

Одамон

Махсулот хадамот

Истехсолот

Фоида

Иттилоот

Пул

Муҳити дохилии корхонаи истеҳсолӣ

2. Идораи фирма, моҳият ва шаклҳои он

Аз айёми хурдӣ ба инсон маҳфуми «идоракунӣ» ошно мебошад. Аввал ў мебинад, ки чи тавр бо ягон мошин идора мекунанд, сипас ў мефаҳмад, ки бо таљҳизотҳо, реаксияҳои химиявӣ ва ядроӣ, сабзишу инкишофи растаниҳо ва ҳайвонот ё бо рафтори дигар одамон низ идора кардан мумкин аст. ҳамин тавр, ў мефаҳмад, ки идоракунӣ гуногуншакл мебошад ва дар намудҳои гуногун мављуд буда метавонад.

Идора аз калимаи англисии – control гирифта шуда, вазифаи системаҳои ташкил кардашудаи табиати дилхоҳи техникӣ, иқтисодӣ, иљтимоӣ, биологӣ ва ѓайраҳо дошта мебошанд, ки барои амалигардонии гузоришҳои мақсадноки он ва нигоҳдориҳои мақсадноки сохтори ба вай хос равона гардидааст.

Идоракунӣ метавонад буда, идоракунии техникии ҳар гуна љараёнҳои табиӣ ва технологӣ – додани энергияи электрикӣ, харакати қатора ва тайёраҳо, коркарди ягон љузъиёт дар дастгоҳ.

Боз метавонад буда, идоракунии давлатии ҳаёти иљтимоӣ – иқтисодии љамъият ба воситаи институтҳои гуногун – системаи ҳукукӣ, вазоратҳо, муассисаҳо, органҳои маҳаллии ҳокимият.

Инчунин метавонад буда, идоракунии идеологӣ, ки аз љорӣ кунонидан ба фаҳмиши аъзоёни љамъият консепсияи тараққиёти он, ки бо ҳар гуна ҳизбҳои сиёсӣ ва гуруҳҳо ташаккул меёбад.

Аз он љумла метавонад буда, идоракунии иљтимоии љараёнҳои ѓайридавлатӣ ва ѓайрисиёсӣ, масалан ҳаракати муҳофизати муҳити беруна ё ҳимояи сулҳу амният.

Ва ниҳоят ин метавонад буда, идоракунии хољагидории фаъолияти истеҳсолӣ ва иқтисодии таштилотҳои тиљоратӣ ва ѓайритиљоратӣ, ки дар чорчубаи муносибатҳои бозоргонӣ фаъолият мекунанд.

Агар ҳамаи гуфтаҳои болоро дарк намоем, пас ба хулосае омадан мумкин аст, ки идоракунӣ – ин фаъолияти шуурноку мақсадноки инсон мебошад, ки бо ёрии он шахс ба манфиати худ элементҳои муҳити берунаро, яъне љамъият, табиати зинда ва ѓайризинда ё техникаро ба тартибу низом медарорад.

Элементҳое, ки ин фаъолият ба он равона гардидааст, объекти идоракуниро ташкил медиҳанд. Одатан он дорои сарҳадоти фазоӣ ва ҳастии муайян дар вақт мебошад, дар акси ҳол аниқиро гум мекунад ва худи идоракунӣ бо он ѓайриимкон ва беҳуда мегардад.

Равонкунандаи фаъолияти идоракунӣ субъекти идоракунӣ ном дорад, ки метавонад буда, шахси алоҳида ё гурухи одамон. Агар идоракунӣ характери расмӣ дошта бошад, онгоҳ субъект ташкилан ва қонунӣ дар намуди вазифа ё маљмўӣ вазифаҳо ба қайд гирифта мешавад, ки сохторҳои идоракуниро ташкил медиҳанд.

Аз субъекти идоракунӣ фарқ кардани субъекти фаъолияти идоракуниро зарур мебошад. Охирин метавонад буда, танҳо шахси љисмонӣ, яъне одами зинда. Маҳз ба воситаи субъектҳои фаъолияти идоракунӣ, ки мансуби ҳам субъект ва объекти идоракунианд, муносибатҳои идоракунӣ татбиқ мегарданд.

Масалан, ба сифати субъекти идоракунӣ дар љамъияти саҳҳомӣ шурои директорон ё штаб – квартира дар назар гирифта мешавад; ба сифати объект – сохторҳои истеҳсолӣ. Дар навбати худ ба сифати субъекти фаъолияти идоракунӣ роҳбарони зинаҳои гуногун ва иљрокунандагон баромад карда метавонанд.

3.Қоида (принсип)-ҳои фаъолияти хољагидории фирма.

Фаъолияти хољагидории фирма тибқи принсипҳои иқтисоди бозорӣ сурат мегирад. Он дар доираи муҳит ва фазои муайяни иљтимоию иқтисоди ба вучуд омада, љавҳари онро субъект ва агентҳои иқтисоди инсон, гуруҳҳои иљтимоӣ, коллектив, љомеа, давлат ташкил медихад.

Принсипҳои фаъолияти корхона ҳамчун фишурдаи моҳият ва мазмуни қонунҳои давлат перомуни шакли моликият, корхона, фаъолияти соҳибкорӣ, коллективҳои мехнатӣ ва ѓайра ба роҳ монда мешавад.

Ба ибораи дигар дар шароити бозор масъулият ва ҳисси љавобгарии иљтимоии корхона нисбат ба инсон ва љомеа баландтар мегардад. Ин бештар:

  1. Тавлиди маҳсулоти аз љиҳати экологи тозаи озуқавори, ки яке аз омилҳои муҳимтарини солимгардони ва дарозумрии инсон аст,
  2. Пешкаш намудани љои кор ҳамчун сарчашмаи таъмини зиндагии коргар ва оилаи он
  3. Инкишоф намудани қобилияти зеҳнӣ ва профисианалии коргари корхона
  4. Баланд бардоштан ва беҳтар кардани шароити зиндагонии коргар
  5. Иљро кардани уҳдадории ҳатмии иљтимоӣ,ҳиссагузорӣ ба буљаи маҳаллию давлатӣ
  6. Пардохти суѓуртаи иљтимоӣ, тиббӣ ва ѓайра зуҳур меёбад.

Бозор љавобгарии корхонаро оиди иљрои уҳдадори, вазифа ва мақсади корхона, фаъолияти истеҳсолӣ, тиљоратӣ, иљтимоӣ, идора ва фаъолияти робитаи дохилию берунмарзӣ хеле ҳам баланд мебардорад.

Яке аз авзалиятҳои худтанзимкунии фаъолияти корхона дар шароити бозор дар он зуҳур мегардад, ки онҳо бештар зери таъсиру на идораи маъмурӣ, балки идораи иқтисодӣ сурат мегирад

Чи корхонаи хурд ва корхонаҳои калон ҳангоми ба даст овардани озодию истиқлолият, ташкилу инкишоф додан ё худ касоду муфлисшавӣ дучори масрифоти муайяни молиявию қарзи мегарданд. Подош кардани масрифот аз ҳисоби ду сарчашма даромади корхона ва қарзи беруна сурат мегирад. Аз ин лиҳоз,ҳар як корхона худро бо маблаѓҳои пули таъмин намояд. Яъне корхона фаъолияти худро дар асоси принсипи худкифои ё худбасои яъне худмаблаѓгузорию худтаъминкуни ба роҳ монад.

Принсипи худмаблаѓгузорию худтаъминкуни инҳоянд:

    • Мустақилият ва худидоракунӣ
    • Ҳавасмандгардонӣ
    • Озодии иқтисодӣ
    • Худтанзимкунӣ

4. Соҳибкорӣ, моҳият, вазифа ва мақсади он.

Дар илми маркетинг, менељмент ва дигар илмҳои иқтисодӣ мафҳуми соҳибкор, соҳибкорӣ, бизнес, бизнесмен ва ѓайра ҳамчун љавҳари илми умумииқтисод (назарияи иқтисодӣ) ба таври васеъ истифода карда мешавад.

Таҳти мафҳуми соҳибкор – шахс (субъекти иқтисодӣ) ё худ иштирокчи(унсур)-и омили истеҳсолот ифодакунандаи қобилият ва фаъолияти меҳнатӣ, фишанги таҳрикдиҳандаи муносибатҳои иқтисодӣ ва таъминкунандаи сатҳи рушд ва таҳаввули љомеа тасаввур карда мешавад.

Соҳибкор шахсест, ки бо боварии том даст ба истеҳсолот мезанад, ба ихтироъкорию навоварӣ, тавлиду љорӣ намудани намудҳову навъхои навтарини неъматҳову хадамот, баланд бардоштани сифати онҳо ва гирифтани даромад бештар ҳавасманд мебошад.

Барои он мусолиҳакорӣ бегона аст, ба маслиҳат ва нишондоди шахсони дигар мўҳтољ нест, ва ин масъалаҳои пайдошударо мустақил ҳал, фаъолияти хољагидориро нисбатан хуб дарк, вазъи кунунии онро таҳлил ва ояндаи онро пешбинӣ мекунад. Баъзан аз мушкилиҳо натарсида, корро аз аввал сар мекунад. Вазъи бозорро хуб дарк карда, тибқи талабу дархост ва қонунҳои он амал менамояд.

Соҳибкор шахсест љўяндаи роҳҳои оқилона ва пурсамари ташкили меҳнат ва истеҳсолот, ихтирооту навоварӣ, љорӣ кардани намудҳои навтарини техника ва технология, тарафдори таљҳизи техникӣ, азнавтаљҳизонӣ ва корҳои таваккалӣ, кашфиётҳои илму техника.

Соҳибкор дар маънои том ҳамчун хўљаини воқеӣ (ҳақиқӣ) тасаввур карда мешавад ва дар ин мазмун вай бояд соҳиби комилҳуқуқи захираҳои иқтисодӣ (сармоя) буда, барои фаъолияти истеҳсолӣ, хољагӣ, иљтимоӣ, молиявӣ, бурунмарзӣ пурра љавобгар бошад. Бо ибораи дигар, соҳибкор соҳиби корхонаи мустақил буда, дар асоси муносибатҳои ҳисоби тиљорат кор мекунад, яъне соҳиби дастаи ҳуқуқи моликият буда, ҳуқуқи соҳибӣ, истифода, ихтиёрдорӣ, азонихудкунӣ, идора ва ѓайра дошта бошад.

Дар шароити иқтисоди бозорӣ, соҳибкор бояд фаъолияти хољагидории худро дар асоси қонунҳои тақозо, арза, рақобат, нарх, манфиатнокӣ ва ѓайра ба роҳ монад. Ба ин мақсад тамоми имкониятҳои истеҳсолию техникиро истифода карда тавонад, бо таври озод ашё, материал ва дигар маводҳои заруриро ба даст орад, захираҳои онро таъмин намояд, қарз гирифта, нерўю иқтидори иқтисодию техникии фирмаро баланд бардорад, тибқи соҳаи худ маълумотҳо дошта бошад, қонун ва дастурамалҳои аз љониби давлат ва субъектҳои ҳуқуқӣ пешниҳод ва тавсияшударо дастгирӣ намуда, тибқи он фаъолият барад.

Бемуболиѓа қайд кардан зарур меояд, ки он чӣ дар доираи ҳавзаи маркетинг, менељмент, истеҳсолот, бозор, молия ва муносибатҳои бурунмарзӣ ба миён меояд, ба туфайли соҳибкору соҳибкорӣ рух медиҳад.

Донишманди соҳаи бизнес Генри Минтцберг чунин сифатҳои сарварон (соҳибкорон)-ро тавсиф намудааст:

1. Санъати баробарӣ доштан, яъне қобилияти ташкил кардани низоми муносибатҳои якхела бо дигарон доштан;

2. Қобилияти роҳбарӣ нисбат ба зердастон доштан, аз ўҳдаи ҳалли масъалаҳои мушкили ҳаёт, ки баробари соҳиб шудани вазифа ва ҳокимият ба миён меоянд, баромадан;

3. Аз ўҳдаи ҳалли ихтилофот(конфликт)-ҳо баромада тавонистан, қобилияти миёнравӣ ва низоҳоро ҳаллу фасл кардан доштан;

4. Санъати ҳисобу китоб ва коркарди иттилоот доштан;

5. Санъати ҳалли ѓайристандартии идоракунӣ доштан;

6. Дар шароити маҳдуд будани захираҳо интихоб карда тавонистани вариантҳои муносиб ва тақсими онҳо;

7. Истеъдоди соҳибкорӣ – қобилият ба таваккалӣ, ихтирооту навигарӣ доштан;

8. Санъати худтаҳлилкунӣ доштан – қобилияти мавқеи роҳбарро фаҳмидан, нақш ва нуфузи онро дар ташкили кор муайян кардан ва ѓайра[1]2.

Аз ин нигоҳ хулоса бармеояд, ки масъулияту љавобгарии соҳибкор дар љараёни тавлид ва муомилоти неъматҳои иқтисодӣ ва адои хизмат бениҳоят барљаста мебошад. Бо таври кулл вазифаҳои соҳибкорро чунин тафриқа кардан мумкин аст:

1. Таъмин намудани шароити муфид оид ба ҳам пайваст кардани омилҳои истеҳсолот, тавлиди неъматҳову адои хизмат, дараљаи баланди даромад ва некўаҳволии корхона;

2. Дар мояи ташаббуси шахсӣ ривољу равнақ додани истеҳсолот, муайян намудани самту равиши инкишофи он, таъмин намудани раванди фаъолияти бизнес;

3. Љорикунандаи техника ва технологияи нав, ихтироъкору ташкилкунандаи раванди истеҳсолу меҳнат ва шаклҳои нави фаъолияти соҳибкорӣ;

  1. Дар асоси таваккалии воситаҳои пулию молӣ, вақт, технология ва маблаѓгузорӣ таъмин кардани самара ва даромаднокии фирма ва ѓайра.

Соҳибкорӣ дар асл кор, фаъолият, шуѓл, шавқ ё худ амалиётеро ифода мекунад, ки он ягон хел даромад ва фоидаро таъмин карда тавонад.

Аз сабаби ҳукмронии шакли хољагидории натуралӣ доираи фаъолияти соҳибкорӣ хеле ҳам маҳдуд боқӣ мемонд. То ҳатто асосгузорони илми “Иқтисоди сиёсӣ” ба маънои аслии он сарфаҳм нарафтаанд. Азбаски иқтисод ва бозор бо воситаи “дастҳои ноаён” ташкил ва инкишоф меёбад, бинобар ин соҳибкор аз нигоҳи А.Смит ба сифати моликиятдор ё худ шахси маблаѓгузор (Д.Рикардо) баромад мекунад. Ба ѓайр аз ин, онҳо дигар вазифаҳои соҳибкориро эътироф накарда буданд.

К. Маркс дар сирати соҳибкор капиталистонро тасаввур мекард, ки он капитали худро ба корхона гузошта, меҳнати коргари кирояро истифода карда, дар натиљаи истисмор фоида ба даст меорад. Аз ин љо, тибқи гуфтаи ў, капиталист – соҳибкор шахси муфтхўр буда, сарвати љомеаро аз худ мекунад, қашшоқию бенавоиро афзун мегардонад ва аз ин љиҳат он дар қатори сохти капиталистӣ бояд аз байн рабурда шавад.

Соҳибкорӣ дар маънои аслӣ дар арафаи асри XIX ва XX-ум аз љониби иқтисоддонони мамлакатҳои Ѓарб эътироф гардид. А. Маршалл ба сифати омилҳои мављудаи истеҳсолот (омилҳои моддӣ ва шахсӣ – К.Маркс) омили дигар ”ташкили”-ро зам намуд, ки минбаъд бо ташаббуси И.Шумпетер дар китоби “Назарияи инкишофи иқтисод”,соли 1912 он номи соҳибкорро гирифт.

Соҳибкорӣ ва сирату тасвиби он аз љониби В.Зомбарт ҳамчун фатҳкунанда (ташаббускор, ҳамеша барои амалиётҳои таваккалӣ тайёр, дорои озодии маънавӣ, аз ѓоя бой, ба ақидаҳои худ устувор) ташкилотчӣ (барои иљрои кор қобилияти ҳамаро дар як љой љамъ карда тавонистан) ва савдогар (барои харидани молҳои худ дигаронро љалб карда тавонистан, ба боварии харидорон даромадан) ба қалам дода мешавад.

В. Зомбарт мақсади асосии соҳибкориро аз ду љиҳат:

а) воситаи ривољу равнақ ва таъмин кардани раванди доимии рушди корхона;

б) ба даст овардани фоида мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Дар ташаккул ва таҳаввули илми соҳибкорӣ нақши И.Шумпетер бениҳоят бузург дониста мешавад. Таҳти мафҳуми соҳибкор ташкилотчие, ки дар асоси роҳҳои нави фатҳнагардида ва комбинатсияҳои гуногун раванди истеҳсолотро ба роҳ мемонад – мефаҳмад.

Ба сифати вазифаҳои соҳибкор И. Шумпетер чунин омилҳоро номбар мекунад:

1) Ба вуљуд овардани навтарин неъматҳои моддие, ки амсолашон ба истеъмолкунанда маълум набошад ё худ неъматҳое, ки сифатан нав бошанд;

2) Љорӣ намудани тарзи нави истеҳсолоте, ки дар ягон соҳаи саноат то ҳанўз вуљуд надошта ва истифода нашуда бошад;

3) Фатҳ кардани бозори нави фурўш ё худ бо таври васеъ истифода кардани бозори пештара;

4) Истифода кардани намудҳои нави ашё ё худ материалу нимфабрикатҳо;

5) Љорӣ кардани шакли навтарини ташкили кор, яъне таъмин намудани вазъи монополӣ ё худ бартараф кардани он[2]1.

Ба ақидаи зиёди иқтисоддонон, назарияи хайрхоҳона ва ҳамаљонибаи хољагидории И. Шумпетер ҳамчун чорчўбаи асосии илми соҳибкорӣ то кунун аҳамияти худро гум накардааст.

Минбаъд назарияи соҳибкорӣ аз љониби Г.Брифс амиқ гардонда шуд. Он ба сифати вазифаи соҳибкорӣ фаъолияти назорат бурданро ба раванди пасту баландшавии нарху харољот ва таносуби онҳо илова намуд. Ин назария аз љониби Р.Коуз ва дигарон дастгирӣ ёфта, минбаъд такмил дода шудааст.

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ соҳибкорӣ аз се нуктаи назар – мафҳуми иқтисодӣ, методӣ, хољагидорӣ ва навъи тафаккури иқтисодӣ тавсиф карда мешавад:

1. Соҳибкорӣ ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ. Фаъолияти соҳибкорӣ ҳамеша дар доираи муносибатҳои муайян, муносибатҳои байни субъект ва объектхои иқтисодӣ сурат мегирад. Ба субъекти соҳибкорӣ кулли иштирокчиёни ин фаъолият – шахсони алоҳида (ташкилотчиёни воҳидҳои алоҳидаи шахсӣ, оила, коллектив), гурўҳи одамон, ки дар асоси муносибатҳои шартномавӣ ва манфиати умум ташкил карда мешаванд (ширкатҳои саҳҳомӣ, кооператив, коллективҳои иљоравӣ…), ташкилотҳои алоҳидаи давлатӣ ва ѓайра дохил мешаванд. Бо ибораи дигар, ба сифати субъекти соҳибкорӣ шахсиятҳои ҳуқуқӣ, молик, коргари кироя ва институтҳои давлатӣ баромад мекунанд.

а) Молик (соҳибмулк, соҳибкор) шахсест, ки ташаббуси ба ҳам пайваст кардани омилхои истеҳсолот, тавлиди неъматҳову хадамот, таъмини фоидаро ба зиммаи худ мегирад.

б) Мутахассиси кироя, ки ҳамчун мутахассиси соҳаи менељмент, баъзан ба љои соҳибкор вазифаи идораи корхонаро ба дўши худ мегирад. Он ба манфиати ба даст овардани даромад (бо воситаи иљро кардани вазифа ва сабақҳое, ки ба дўши он гузошта мешаванд), таъмин кардани ҳуқуқи якхелаи ташкили фаъолияти соҳибкорӣ ва амалӣ гардондани ҳадафи асосии фирма ўҳдадории идораи фирмаро ба зиммаи худ мегирад. Мутахассиси кироя дар натиљаи андўхтани молу сарват, донишу маҳорат оҳиста-оҳиста имконияти дар оянда харида гирифтани корхона ва ба соҳибкори аслӣ табдил гаштанро дорад.

в) Институтҳои давлатӣ ҳамчун шарикони баробарҳуқуқ метавонанд ба фаъолияти муносибатхои корчаллонӣ, мустақиман бо воситаи нархгузорӣ, додани имтиёз, таклифҳои муфид, фармоишҳои ҳукумат, навсозӣ ва азнавтаљҳизонӣ ба раванди соҳибкорӣ шарик шаванд ё худ мустақил раванди соҳибкориро ба анљом расонанд.

Барои муайян кардани нақш ва мақоми соҳибкорӣ ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ дарк ва муайян кардани объекти соҳибкорӣ низ аз аҳамият холӣ нест.

Таҳти объекти соҳибкорӣ комбинатсияҳои нисбатан самараноктарини истифодаи омилҳои истеҳсолот ва ба ҳадди аксар расондани даромад тасаввур карда мешавад. Маҳз тарзу услуби ба ҳам омезиш додани захираҳои иқтисодӣ соҳибкорро аз хољагидории оддӣ тафриқа месозад.

Чи тавре дар боло махсус қайд карда гузаштем, соҳибкорон барои тавлиди ягон намуди маҳсулоти нав, ки то ҳанўз ба истеъмолгар маълум нест, аз комбинатсияи захираҳо васеъ истифода мекунанд; ба ин мақсад аз тарзу услуби нави истеҳсолот, техникаю технологияи нав, шаклҳои пурсамари тиљорат ва фурўши мол бенасиб намемонанд; аз имконияти бозори нав, бозори фурўши маҳсулот, манобеъи ашё ва азнавтаљҳизонӣ баҳраманд мешаванд. Аз ин нуқтаи назар метавон гуфт, ки объект ва субъекти соҳибкорӣ ҳамчун унсури асосии низоми бозорӣ дар ягонагӣ ва ба ҳам алоқамандӣ раванди соҳибкориро таъмин менамоянд. Аз ин нуктаи назар, соҳибкорӣ ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ ташаккул ва густариш меёбад.

2. Дар амалия соҳибкориро ҳамчун методи дар амал тадбиқ намудани хољагидорӣ бештар пазироӣ мекунанд. Он одатан, тибқи сирати шакл ва унсурҳои ҳуқуқии моликият ва фирма муайян карда мешавад. Шарти муҳимтарини он – мустақилият ва истиқлолияти иқтисодии субъектҳои хољагидор, маљмўи ҳаққу ҳуқуқ оиди интихоби фаъолияти соҳибкорӣ, сарчашмаи сармоягузорӣ, ташаккули барномаи истеҳсолӣ, имконият доштан ба сарчашмаҳои истифодаи захираҳо, фурўши маҳсулот, муқаррар кардани нарх, озодона тақсим кардани фоида ба шумор меравад.

Мустақилияти соҳибкорӣ маънои онро дорад, ки дар болои он ташкилоти болоии ҳукмроне, ки масъалаи умдаи иқтисодро ҳал ва муайян кунад вуљуд надорад. Вай ҳамеша зери таъсири механизми бозор – тақозо, арза, нарх, рақобат боқӣ мемонад.

Унсури дигари соҳибкорӣ – љавобгари қабули қарорҳо мебошад, ки аксар вақт тибқи принсипи таваккалӣ анљом меёбад. Таваккалӣ ҳамеша бо номуайянӣ ва номаълумӣ сару кор дорад.

3. Соҳибкорӣ ҳамчун навъи махсуси тафаккури иқтисодӣ тибқи маљмўи ақидаҳои олиљанобу рафторҳои нек, қабул ва ҳалли масъалаҳои хољагидорӣ ва истифодаи онҳо дар амалия муайян карда мешавад. Мавқеи асосиро дар ин љо шахсияти соҳибкор ташкил медиҳад. Соҳибкорӣ ин шуѓл ва вазифа нест, он ҳамчун натиљаи инкишофи ақл ва ахлоқу одоб густариш меёбад. Ҳамаи хислат, қобилият, маҳорат ва дигар усулу услуби фаъолияти соҳибкор, ки дар ин мавзўъ мавриди муҳокима қарор дода шудааст, натиљаи тафаккури иқтисодии соҳибкор мебошад.

Шаклҳои фаъолияти соҳибкорӣ.

Фаъолияти ташкили ҳуқуқии шаклҳои соҳибкорӣ дар доираи ҳавзаҳои муайяни иқтисодӣ сурат мегиранд. Дар адабиёти муосири иқтисодӣ фаъолияти соҳибкорӣ вобаста ба хусусиятҳои ташаккули давраҳои такрористеҳсоли љамъиятӣ (истеҳсол, тақсим, мубодила, истеъмол) чунин тақсимбандӣ карда мешавад: соҳибкории истеҳсолӣ, тиљоратӣ, молиявӣ, суѓуртавӣ ва миёнаравӣ (мутавасит).

Соҳибкории истеҳсолӣ. Истеҳсолот, яке аз ҳавзаҳои муҳимтарини ҳаёти љомеа мебошад. Ба доираи он фаъолияти хољагидории хонадорӣ, бизнес ва давлат љалб карда мешаванд. Фаъолияти ташкили истеҳсолот ҳамеша маҳорат, истеъдод ва ташаббусро оид ба истифодаи омилҳои истеҳсолот: захираҳои табиат (ашё, материал, сарват), сармоя (сармояи асосӣ – предмет ва воситахои меҳнат), қувваи коргарӣ ва ѓайра табдил мекунад. Ин омилҳо ҳамчун омилҳои дохилии умумихољагӣ ва омилҳои аз берун љалб кардашаванда ташкил карда мешаванд. Маҳз дар асоси ба ҳам пайваст карда шудани омилҳои истеҳсолот тавлиди неъматҳои иқтисодӣ ва хадамот имконпазир мегарданд.

Раванди ташкили истеҳсолот, тавлиди неъматҳову хадамот, фурўшу ба даст овардани даромад, тақсими он, барпо кардани низоми мунтазаму мутаносиб бо ташкилотҳои молиявӣ аз љумлаи муаммоҳое мебошанд, ки ҳар як соҳибкор онҳоро дар ҳар як маврид бояд ҳал намояд.

Ин раванд хеле ҳам мушкилу мураккаб буда, барои дуруст ва оқилона ба роҳ мондани он маблаѓҳои зиёди моддӣ, меҳнатӣ ва пулӣ талаб карда мешавад. Ѓайр аз ин раванди пурра барқарор кардани харољот, ба даст овардани фоида, таъмин кардани љараёни навсозию таљдиди технологӣ ва ѓайра вақту соату зиёдеро тақозо менамояд. Аз ин нуқтаи назар, ташкил кардани фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолот яке аз соҳаҳои мураккаб ва меҳнатталаб мебошад. Вале аз сабаби он, ки истеҳсолот соҳаи аз ҳама заруртарини ҳаёти љомеа ва яке аз намудҳои аз ҳама мураккабтарини бизнес ва сердаромади ҳавзаи иқтисод мебошад, гурўҳи одамони ташаббускор, новобаста ба дараљаи баланди хатару таваккалии он ба ин соҳа миён сахт баста, фаъолият пеша мекунанд.

Фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ дар чунин мавридҳо имконпазиранд:

– муайян кардани нақш ва мақоми ҳалли масоили умдаи иқтисод: бо кӣ алоқа кард?, аз кӣ чӣ гирифт?, бо кадом миқдор ва бо кадом нарх онро харид?, чӣ истеҳсол кард?, барои кӣ истеҳсол намуд?, чӣ қадар истеҳсол намуд?, ба куљо бурд ва бо кадом нарх фурўхт?, чӣ қадар фоида гирифт ва онро чӣ тавр тақсим намуд?…;

– интихоб намудани теъдоди интихоби захираҳои иқтисодӣ ва омилҳои истеҳсолот;

– интихоб ва љобаљогузории воситаҳои истеҳсолоти замонавӣ, махсусан технологияи электронӣ, компютерҳо, ашё, материал, энергия ва дигар мавридҳо ҳаммасрафи замонавӣ;

– интихоби оқилонаи воситаҳои асосӣ (биноҳои корӣ, мошину таљҳизот, асбобҳои электронӣ) ва муайян кардани сарчашмаҳои ташаккул ва барқарор кардани онҳо (истифодаи онҳо дар шакли тайёр ҳамчун молики соҳибкор, истифода ба ҳайси иљора, ё худ онҳоро аз нав бояд харид);

– муайян кардани манбаъҳои сармоягузорӣ (сармояи худӣ, аз ҳисоби қарзи бонкӣ, “спонсорҳо”, ёрдам ё худ имтиёзҳо, қарзи хориљӣ…);

– интихоби роҳи оқилонаи паст кардани харољот, подош кардани онҳо, муқаррар намудани нархҳо, таъмин кардани дараљаи мусоидтарини рақобатпазирии молу маҳсулот, тақсими фоидаю даромад…;

– интихоби тарзу услубҳои беҳтарини истифодаи иттилоот, воситаҳои боркашонию нигаҳдории маҳсулот, таъмири таљҳизот…;

– таъмин кардани қобилияти харидории омма, пешкаш намудани маҳсулоти дорои сифати баланд, ба даст овардани фоидаи баланд ва ташкил кардани љараёни нави тавлиди маҳсулот ва ѓайра.

Ҳалли ин гурўҳ масъалаҳо на танҳо истеъдод ва ташаббус, балки баланд бардоштани малакаю маҳорат ва дониши худи соҳибкорро бо воситаи курсҳои баланд бардоштани ихтисос ва дигар донишкадаву донишгоҳҳо тақозо менамояд.

Соҳибкорӣ дар соҳаи тиљорат нисбат ба соҳаҳои дигар, дорои хусусиятҳои хоси худ мебошад. Он афзалиятан дар соҳаи савдо ҳамчун фаъолияти субъектҳои бозор – савдогарон, тиљоратчиён, миёнаравон оид ба фурўши молу маҳсулот, харидану ба ашхосони дигар пешниҳод кардани неъматҳову хадамот сурат мегирад.

Соҳибкорӣ дар соҳаи тиљорат, таърихан ҳамчун воситаи ба ҳаракатдароварандаю инкишофдиҳандаи соҳаи истеҳсолот ба миён омадааст.

Фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи тиљорат фаъолияти басо мушкилу меҳнатталаб мебошад. Он ҳамчун маљмўи муносибат оид ба давом ва анљом додани раванди истеҳсолот сурат мегирад. Соҳибкорӣ дар соҳаи тиљорат на ҳамчун фаъолияти оддии хариду фурўш, балки ташкили амиқу оқилонаи ин раванд дар асоси услуби ташаббус, таваккал ва ѓайра ба роҳ монда мешавад.

Соҳибкор (бизнесмен) дар ин љода масоили зиёдеро оиди:

– интихоби ҳариф (тавлидгарони молу маҳсулот), шумораи онҳо, нарху наво, харољот, фоида ва ѓайра;

– интихоби мавзеъ ва ноҳия оиди бунёд кардани биноҳои савдо, ба даст овардани таљҳизоту воситаҳои ҳисобкунанда;

– интихоби коргарон, ҳисобу китоби музд ва љобаљогузории онҳо;

– таъмини таблиѓ, омўзиши харидорону тавлидгарон, пешниҳод кардани методҳои навтарини хизматрасонӣ, сервиз, љустуљўи роҳҳои оқилонаи хариду фурўши молҳои алоҳида, эҳтиёт кардани онҳо, то ба нуқтаҳои фурўш бурда расондани онҳо, хизматрасонии дараљаи аъло, амалиётҳои ”бартерӣ” ва мубодилаи молӣ ба роҳ монад.

Ҳадаф аз ташкили соҳибкорӣ дар соҳаи тиљорат – харидани молу маҳсулот, анљом додани хадамот, таъмин кардани фоидаи баланд, ҳамчун фарқи нархи харид ва нархи фурўш мебошад.

Соҳибкории молиявӣ. Дар шароити иқтисоди бозорӣ на фақат молу маҳсулот, хадамот, қувваи корӣ, балки воситаҳои пулию асъорӣ, қарзӣ ва ѓайра ба ҳавзаи мубодила кашида мешаванд. Аз ин љиҳат соҳибкории молиявӣ ҳамчун навъи махсуси соҳибкорӣ ташкил мегардад ва ба меҳвари амалиёти он хариду фурўши воситаҳои пулӣ, асъори хориљӣ ва қоѓазҳои қимматнок љалб карда мешаванд. Амалиётҳои молиявӣ оид ба хариду фурўши пулҳои хориљӣ, мубодилаи асъор ба асъор ва қоѓазҳои қимматноки дигар ва пулҳои миллӣ ва ѓайра сурат мегирад.

Соҳибкории молиявӣ асосан ба мақсади мубодилаи як намуди воситаҳои пулӣ ба намуди дигари онҳо, ё худ хариду фурўши пулҳои ҳозира ба пулҳои оянда тибқи нархҳои ҳархела ва дар ин асос ба даст овардани фоида ба роҳ монда мешавад. Фоидаи соҳибкорӣ ҳамчун натиљаи хариду фурўши захираҳои молиявӣ ва ба ивази он гирифтани фоизи муайян ё худ сармояи изофа ташкил мегардад.

Фоидаи соҳибкорӣ ҳамчун натиљаи қарз ва ба ивази он ба даст овардани фоизи қарз низ ба роҳ монда мешавад. Бонкҳо ё худ ташкилоту муассисаҳо мувофиқи зарурат ва имконият метавонанд воситаҳои пулӣ ё асъорҳои худро ба сифати қарз (кредит) истифода намоянд ва аз он баҳраи иқтисодӣ бардоранд.

Соҳибкории суѓуртавӣ (бимавӣ). Бозор ба субъектҳои иқтисодӣ кафолати пурраи нашикастан, надуздидан, вайрон нашудан, касоду муфлис нагардидан, насўхтан, касал нашудан, намурдан, ҳамаро хўрондан, пўшондан, бо хонаю љой таъмин кардан ва ѓайраро дода наметавонад. Аз ин љиҳат соҳибкорони алоҳида, ё худ ташаббускоре ба миён меоянд, ки ҳалли ин масъалаҳоро ба зиммаи худ мегиранд.

Соҳибкор ба ивази пардохти маблаѓҳои муайяни пулӣ ўҳдадор мешавад, ки ҳаққи зарарҳои ба миён омадаи молу амлок, воситаҳои пулӣ, фулузот ва қоѓазҳои қимматнок, чизу чора, ҳаёти шахсӣ ва ѓайраро подош кунад.

Ин фаъолият ҳамчун унсури муҳимтарини низоми қарзию молиявӣ, ба мақсади љамъоварии маблаѓҳои муайяни пулӣ (аъзоҳаққии суѓурта) ва пардохти он танҳо баъди рух додани ҳодисаи суѓўрта сурат мегирад.

Дар ин асно, соҳибкор (суѓуртакунанда) ҳамчун фурўшандаи навъи нави хадамоти суѓурта ва харидори мол (истифодакунанда ё худ истеъмолкунандаи ин навъи хадамоти суѓўрта) – шахси суѓуртакардашуда ҳамчун омилҳои асосии соҳибкории суѓуртавӣ қадр карда мешавад. Ба ҳайси объекти суѓурта – молу чиз, пул барои як давраи муайян (моҳ, сол…) баромад мекунад. Маблаѓҳои андўхташуда ба мақсади сохтани биноҳои корӣ, таљҳизоту технологияи компютерӣ ва қарз додану ба ивази он гирифтани фоидаи барзиёд истифода карда мешавад.

Соҳибкории мутавасит (миёнарав). Ин навъи соҳибкорӣ мустақиман бо дигар намудҳои соҳибкорӣ (истеҳсолӣ, тиљоратӣ, суѓўртавӣ, молиявӣ) алоқаманд мебошад. Хусусияти ин навъи соҳибкорӣ дар он аст, ки он мол истеҳсол намекунад ва онро намефурўшад, ба фурўши қоѓазҳои қимматнок машѓул нест ва ба дигарон қарз ҳам намедиҳад. Вай фақат ба сифати даллол (миёнарав) дар ин ҳавзаҳои соҳибкорӣ иштирок мекунад. Мавқеи он – байни тавлидгар (фурўшандаи молу хадамот) ва истеъмолгар (харидор) љойгир аст. Он барои дар амал тадбиқ намудани мақсад ва мароми дигар субъектҳои бозор, яъне харидану фурўхтан ва ба ҳам пайваст кардани онҳо (тавлидгару истеъмолгар) дар доираи ҳалқаи соҳибкорӣ, ба даст овардани маълумот оид ба тақозо ва арзаи мол, сатҳ ва дараљаи рақобат, нарх ва ѓайра кўмак мерасонад. Албатта ба ивази адои хизмати худ онҳо бо фоидаи муайян мукофотонида мешаванд, ки он ҳамчун сарчашмаи асосии ташкил ва густариши фаъолияти соҳибкории мутавасит мегардад.

 

5.Бизнес – план ва унсурҳои он.

Дар шароити бозор фаъолияти фирма асосан дар чорчубаи накшаи бизнес (бизнес-план) ташкил карда мешавад. Охирон, хамчун плани тараккиёти комплексии фирма, ҳуљљати муҳимтарини асосноккунии сармоягузори хизмат мекунад. Бизнес-план ҳамчун олот ё худ воситаест, ки аз љониби соҳибкорон барои муайян кардани мақсади ниҳоии ташкили истеҳсолот ва фаъолияти истеҳсолию тиљоратӣ истифода карда мешавад.

Бизнес-план аз нуқтаи назари илмӣ асоснок кунонда шуда, барои сармоягузорон ҳамчун асоси боварии сармоягузорӣ ва дилпурии худи маъмурият хизмат мекунад. Он ба муҳлати аз 3 то 5 сол таҳия гардида, ҳамчун ҳуљљат барои асоснокии сармоягузорӣ, љалб кардани саҳмгузорон, ба мақсади гирифтани маблаѓхои гуногуни молиявӣ аз љониби давлат, шахсҳои алоҳида, сектори хусусӣ, киро кардани қувваи коргарии ихтисоснок, идораи корхона, кормандони инженерию техникӣ ва ѓайра истифода карда мешавад.

В.Д.Камаев чунин фаслҳои «Бизнес-план»-ро мавриди таҳлил қарор медиҳад: пешгуфтор, мол (хадамот), бозори фуруш, рақобат, стратегияи маркетинг, нақшаи тавлид, нақшаи ташкилӣ, нақшаи ҳуқуқ, баҳодиҳии таваккалӣ ва cyѓypта, нақшаи молия, стратегияи маблаѓгузорӣ, ҳавзаҳои нави ташаббус.

1. Пешгуфтор. Дар он оиди сирати зоҳири, мақсад ва нақши фирма, вазифаҳои љорӣ ва дурнамоии он, навигариҳо,тавсифи маҳсулоти нав нисбат ба навъи пештара ва маҳсулоти рақибон, хислатҳои зоҳирию диққатљалбкунанда ва љозибавии он, ҳаљми истеҳсол ва фуруши он, ҳаљми масрифот, фоида, қарз ва ѓайра маълумоти мухтасар дода мешавад.

2. Мол (хадамот). Дар он тавсифи умумии маҳсулот, хусусиятҳои истеъмолӣ ва фарқи он аз молҳои рақибон, дараљаи ҳифзи махфият (патенту литсензияҳо), айёнияти ихтироотҳо, қиммати масрифоти солҳои оянд ва дурнамои онҳо дода мешавад.

3. Бозори фуруш. Қисми муҳимтарини «Бизнес-план» буда, оид ба андухти зиёди иттилоот дар хусуси муайян кардани қисматхои алоҳидаи бозор, харидору фурушанда ва қобилияти харидории омма бахшида мешавад.

4. Рақобат. Дар ин бахши нақша маълумотҳо перомуни рақибон, нақш ва мавқеи онҳо дар бозор ва тавлиди неъматҳову хадамот, ҳаљми истеҳсол ва фуруши маҳсулоти онҳо, истифодаи намудҳои навтарини техникаю технология, сифат, нарх ва ѓайра гирд оварда мешаванд.

5. Стратегияи маркетинг. Он асосан барои таҳлил ва андухтани маълумотҳо оид ба ҳаракати молҳо, нархмуқарраркунӣ, таблиѓ, усулҳои ҳавасмандгардонии фуруш ва хизматрасонии баъди фуруши онҳо, ташаккули тафаккури иқтисодӣ дар бораи фирма ва ѓайра бахшида мешавад.

6. Нақшаи тавлид. Дар он маълумотҳо оид ба истеҳсолот, иқтидори он, теъдоди истеҳсоли мол,муҳлати иљроиши фармоишҳо, истеъмолгарону таъмингарони ашёву материалҳо, нарх, сифат, назорат ба маҳсулоти истеҳсолкардашуда, харољот ва таѓйиротҳои онхо дар оянда андухта мешаванд.

7.Нақшаи ташкилӣ. Он ҳамчун нақшаи идораи корхона оиди қабули қарору иљроиши онҳо, муайян кардани сохтори идора (менељмент), дараљаи ихтисоснокии кормандон, сарчашмаҳои ба кор љалб намудани мутахассисон, ҳаљми масрафи музди кор ва ѓайра сурат мегирад.

  1. Нақшаи ҳуқуқ. Ҳамчун ҳуљљати ҳуқуқӣ барои инъикос кардани сохтори ҳуқуқии фирма аз нигоҳи гуногуншаклии моликият, таъсиси ҳуљљатгузорӣ ва муайян кардани статуси фирма ва ѓайра хизмат мекунад.
  2. Баҳодиҳии таваккалӣ ва суѓурта. Ҳангоми таъсиси нақшаҳои фаъолияти соҳибкори дараљаи хатарот (таваккали) – и молу воситаҳои пули, сарчашмаҳои бавуљуд омадану рупуш кардани онҳо, эҳтимолияти таваккал, воситаҳои подош кардани суѓурта ва ѓайра ба назар гирифта мешавад.

10. Нақшаи молия. Ҳамчун нақшаи љамъбасткунандаи фаъолияти нақшаҳои пешбинишуда баромад карда, дар хусуси пешбинии ҳаљми истеҳсол, фуруши мол, баланс (тароз) – и фаъолу пассив, тарози даромад, харољот, сармоягузорӣ, таҳияи нақшаҳои оперативӣ, моҳона, солона, љадвали даромаднокӣ, фоида, нарх ва ѓайра маълумот медиҳад.

  1. Стратегияи маблаѓгузорӣ. Барои муайян кардани сарчашма ва ҳаљми сармоягузорӣ, муҳлати пурраи подош кардани маблаѓхо, бозгашти онҳо ба корхона, муҳлати худхаридкунии онҳо тавсиф карда мешавад.
  2. . Ҳавзаҳои нави ташаббус. Таљрибаи корхонаҳои бузург нишон медиҳад, ки дар доираи онҳо фаъолияти соҳибкорӣ, ташаббус ва фаъолияти беҳтарини молиявӣ дар соҳаи: таблиѓот, навоварӣ (ҳавзаи хизматҳои корчаллонӣ), хуроки умумӣ, савдои молҳои гуногуни истеъмолӣ, таъмири автомобилӣ, сохтмони манзилгоҳ (хонаҳои шахси), ба вуљуд овардани техникаю технология, электроникӣ, компютеркунонӣ ва ѓайра имконпазиранд. Аз ин лиҳоз, ҳар як фирма ҳангоми ба нақша гирифтани фаъолияти хеш ба ҳалли чунин масъалаҳо диққати худро љалб менамояд:

– дар истеҳсоли неъматҳо ва хадамот монополист (яккаҳукмрон) бошад;

– ҳаљми фоидаи аз фаъолияти соҳибкори ба даст овардашаванда на камтар аз 50 фоиз бошад;

– сармояи корхона, новобаста аз давраҳои буҳронҳои иқтисодӣ мунтазам гардиш намоянд;

– дар фаъолияти хеш нормаи баланди фонд ва фармоишҳои доими вуљуд дошта бошанд;

– кореро ба сомон расондан зарур мебошад, ки он бештар ба фаъолияти шахсии мудир (менељер) наздик бошад;

6.Менељмент, шакл ва хусусиятҳои он. Идораи маркетингии фирма, сохтори ташкили идоракунии маркетингӣ ва намудҳои он.

Пайдоиш ва инкишофи менељмент ҳамчун илм паҳлўҳои гуногуни худро дошта, аз як тараф агар характери назариявии таърихии пайдоиш дошта бошад, аз тарафи дигар таърихи ташаккулёбии иқтисодию љуѓрофӣ низ дорад, ки вобаста ба дараљаи инкишофи иқтисодӣ, шаклу усули хољагидорӣ ва урфу одати одамон ва мавқеи љуѓрофии љойгиршавии онҳо дар давраҳои гуногуни таърихӣ инкишоф ёфтааст.

Рушди иқтисодиёт одамонро маљбур месозад, ки оиди ҳарчи хубтар зиндагӣ намудан, бисёртар манфиат ба даст овардан, инчунин соҳибдорӣ намудани қисми муайяни захираҳо фаҳмиш ва андешаи густурдаю амиқ дошта бошанд. Аз ин нуқтаи назар менељментро ҳамчун фаъолияти касбӣ ва мақсаднок барои истифодаи дурусти захираҳои моддӣ ва меҳнатӣ бо усулҳои иқтисодии идоракуни равонашудаи одамон муайян кардан мумкин аст. Менељмент ҳамчун мафҳуми илмию амалӣ дар илми иқтисоди ҳанўз аз аввалҳои асри ХХ ба миён омадааст. Ин фаҳмиш аввалан дар ШМА ва баъдан ба дигар кишварҳо паҳн гаштааст.

Менељмент калимаи англисӣ (management) буда, якчанд мафҳумро ифода мекунад: – идоракунӣ, роҳбарият, дирексия, ўҳдабароии кор ё идораи воситаҳо.

Менељмент ҳамчун илм идоракунӣ, роҳбарӣ ва ташкили истеҳсолот, қоидаҳо ва усулҳои идоравиеро фаро мегирад, ки бо мақсади баландбардории самаранокии истеҳсолот ва манфиат равона карда шудааст.

Дар давоми инкишофи худ менељмент аз системаи илмию амалии дониш ба як илми алоҳидаи касбӣ табдил гаштааст, ки аз аввалҳои асри ХХ сар карда, дар аксари мактабҳои давлатҳои тараққикарда, ҳамчун илми алоҳида омeхта ва таълим дода мешавад.

Дар солҳои охир асосан мафҳуми менељментро панљ раванд баҳо медиҳанд:

Менељмент ҳамчун илми идоравӣ-:

Санъати идоракунӣ ва ҳукмронӣ.

Қобилияти кордонӣ ва фикрронӣ.

Усулҳои самаранокии муомила бо одамон.

Ҳамчун ифодагари мафҳуми органи роҳбарикунанда.

Муносибати касбии ҳамкории байни одамон барои ба мақсад расидан.

Аз гуфтаҳо маълум мегардад, ки менељмент, асосан ба меҳнати касбӣ ва кордонии кормандон равона карда шудааст.

Аввалҳои асри ХХ олимон оид ба ривољу равнақ додани илми менељмент ва фанни менељмент корҳои зиёди тадқиқотию илмиро иљро намудаанд, ки онҳоро асосан ба 4 гурўҳи калон људо мекунанд:

Мактаби классикии менељмент – Тейлор (1911), Гилберт (1911), Черч (1914), Файол (1916), Дервис (1935) ва дигарон.

Мактаби рафтори идоравӣ – Ротлисберг (1939), Мейо (1945), Бернард (1938), Друкер (1954), Мак Грегор (1960).

Мактаби идоракунӣ – Черчмен (1957), Марч ва Саймон (1958), Форрстер (1961), Райфа (1968).

Мактаби ҳолатӣ (ситуатсионӣ) – Бернс ва Сталнер, (1961), Вудворд, (1965), Томпсон (1967), Лоуренс ва Орш (1967).

Ҳар як мактаби зикршуда услуби илмии худро дошта, барои инкишофи илми менељмент caҳми муайянеро гузоштаанд. Асосан олимони қариб аксари мактабҳо инкишофи илми менељментро баробар ба инкишофу таѓйиротҳо дар бизнес баҳо медиҳанд. Бинобар ин илми менељмент ҳамчун фанни илмию амалӣ рўз аз рўз мунтазам мураккаб мешавад. Зеро илми менељмент на танҳо ба қонунҳои иқтисодӣ, балки ба қонунияти махсуси идоракунӣ ва психологӣ низ такя мекунад.Агар мо ба инкишофи илми менељмент вобаста ба инкишофи иқтисодиёт дар садсолаи гузашта назар намоем, он гоҳ муайян мегардад, ки баробари пешрафтии иқтисодиёт услуби ташкилию идоракунӣ низ таѓйир меёбад.

Мафњуми менељмент

Менељмент

њамчун фаъолият

Менељмент

њамчун санъат

Менељмент

њамчун илм

 

Менељмент – ин:

  • тарзу усули муомила бо одамон;
  • њукмронї ва санъати идоракунї;
  • шакли махсуси навоварии маъмурӣ;
  • органи идоравӣ.

 

Менељмент – ин Шакли санъати фаъолияти амалии одамон мебошад, ки инкишоф ва фаъолияти корхона ва маќсади онро муайян месозад. Дараљаи баланди таљрибаи идоравии корхона њамчун санъати баланд бањо дода мешавад.

Менељмент – ин

илми идоракуни дар асоси љамъи илмњои дуняви, ки дар солњои тулони назарияи идора-куниро ташкил наму-данд, пайдо шудааст.

Предмети илми менељмент њамчун илми идоракунї ќонуниятњоеро дар бар мегирад, ки дар фаъолияти њаррўзаи байни ташкилот ва одамон дар љараёни идоракунї ба миён меоянд.

Менељмент – ин

назария ва амалияи идоракунии истењсолот ва фуруши мол, ки барои гирифтани фоида ва самаранокии истењсолї равона карда шудааст.

Менељмент – ин

њамчун санъати идоракунии одамон дар корхона ва муассиса.

 

Асосњои методологии

менељмент дар фалсафа, сотсиология, сиё-сатшиносї, психология амик дида мешавад.

Менељмент – идоракунии истењсолот, љамъи њодисањо ва усулу воситањои идоракунии истењсолот бо маќсади

баландбардории истењсолот ва фоида.

Менељмент – ин

санъати шахсони ќобилиятноке, ки дониши баланди касбї ва таљрибаи калони идоравї доранд.

 

Илми идоракунї – бояд њатман ба меъёрњои њуќуќии шањрвандї ва маъмурї такя намояд.

Менељмент – ин њамчун органи идоракунии замонавии корхонањои тиљоратї ва ѓайритиљоратї мебошад.

њамчун илми мустаќил, ки предмет, вазифа ва функсияву ќоидаи худро дошта, дар охири асри ХIХ ба вуљуд омадааст.

Давраи якум (1900-1930). Пайдоиши мактабҳoи маъмурии идоракунӣ, ташкили корхонаҳои калони истеҳсолии саноатӣ, ташаккули сохтори зинабандии менељмент.

Давраи дуввум (1931-1960). Пайдоиши зарурияти афзунгардонии истеҳсоли мaҳсулот, роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнати коргарон. Менељмент ҳамчун омўзиши рафтори одамон ва муносибатҳои башарӣ.

Давраи сеюм (1961-1990). Пайдоиши талаботи идоравӣ дар ҳама системаи пайдарпаии истеҳсолоту истеъмолот, сохтани моделҳо ва системаҳои иқтисодии инкишофи љамъиятӣ, банақшагирии стратегӣ, пайдо намудани мавқеъ дар бозори иқтисодӣ, ташаккули маданияти идоракунӣ ва пайдоиши менељменти навоварӣ, услуби ҳолатии менељмент.

Давраи чорум (1991-2000). Пайдоиши услуби нави роҳбарӣ барои ҳарчи зиёд истифода намудани имкониятҳо, омўзиши муҳити иљтимоию психологии корхонаҳо, маркетинг ва миллатҳою халқҳои алоҳида, зарурияти пешвоӣ дар тамоми ячейкаҳои идоравӣ, услуби куллан қабулшудаи иљтимоию психологии менељмент.

Давраи панљум (асри ХХI). Пайдоиши глобализатсияи иқтисодию иљтимоӣ ва психологию сиёсӣ, зарурияти интихоби қобилияти фикрронии баланд, омўзиш ва мутобиқгардонӣ вобаста аз вазъият, менељмент мактаби профессионалии олии кордонӣ ва пешвоӣ дар асри ХХI.

Чи хеле ки аз давраҳои инкишофи илми менељмент маълум мегардад, дар ҳазорсолаи нав зарурияти менељмент ҳамчун фанни таълимӣ барои роҳбарони касбии оянда мақоми аввалиндараља дорад.

Дар ин давра аллакай менељментро ҳамчун шаклу усули роҳбарӣ дар корхонаҳои ѓайридавлатӣ гуфтан нодуруст аст. Қариб аксари олимон дар солҳои охир менељментро ба намудҳои зерин људо менамоянд:

  1. Менељменти давлатӣ – ташкили менељмент дар корхонаҳои давлатӣ.
  2. Менељменти ҳарбӣ – сохтори идоравию ташкилии қувваҳои муссаллаҳи мамлакат.
  3. Менељменти соҳибкорӣ – шакли махсуси бизнес-менељмент буда, дар он хусусиятҳои хоси давлатдорӣ, урфу одати мардум, омилҳои иљтимоию психологӣ ба инобат гирифта мешавад.

Услуби фарқкунандаи бизнес-менељмент аз дигар намуди менељмент дар он мебошад, ки дар он раванди асосӣ ба даст овардани пул ба воситаи пул мебошад.

Идораи маркетингии фирма.

Ҳар як фирма (корхона) ба идоракунии самараноки фаъолияти маркетинги худ ҳавасманд аст. Дар алоҳидаги фирмаро мебояд, ки таҳлили имконияти бозор, интихоби бозори мақсадноки мувофиқ, коркарди комплекси самараноки маркетинги ва бомувафақият идоракунии дар ҳаёт татбиқнамоии кўшишҳои маркетингиро донад. Ҳамаи инҳо дар маљмўъ љараёни идоракунии маркетингиро ташкил медиҳанд.

Маркетинг-гуфта,фаъолияти соҳибкориро меноманд, ки бо мақсади ба даст овардани фоида ва қонеъ гардидани талабот ба воситаи бозор кор мебарад.

Идоракунии маркетингӣ – ин маљмўи чорабиниҳо оиди таҳлил, коркард, амалигардони ва назорат аз болои гузаронидани чорабиниҳо оиди мустаҳкамкунӣ ва дастгирии мубодилаҳои муфид бо бозорҳои мақсаднок барои расидани мақсадҳои ташкилот.

Фирма бояд чунин сохтори хадамоти маркетингиро кор карда барояд, ки қобилияти ба худ гирифтани ҳама корҳои (амалиётҳои) маркетингиро дошта бошад. Агар фирма хурд бошад, ҳама ўҳдадориҳои маркетинги ба зиммаи як нафар гузошта мешавад. Ба ў чунин амалиётҳо ба монанди татқиқотбарии маркетинги, ташкили фурўш, реклама, ва фаъолияти хизматрасони ба мизољон вогузор карда мешавад. Ин нафарро метавон идоракунандаи хадамоти фурўш, идоракунандаи хадамоти маркетинги директор оид ба маркетинг номид. Агар фирма бузург бошад, дар он якчанд нафар (мутахасис) оиди соҳаи маркетинг фаъолият мекунанд.

Сохтори ташкили хадамоти маркетингӣ.

Дар айни ҳол хадамоти маркетинг метавонад вобаста аз намуди маҳсулот, ҳаљми маҳсулот, ҳаљми бозор ва ѓ. ташкил карда шавад. Ҳар як фирма хадамоти маркетингро бо чунин мақсадҳо месозад, ки он бо тарзи беҳтарин имконияти ноилшавии мақсадҳои маркетингиро таъмин карда тавонад, (муайян намудани талабот, васеъкунии љуѓрофии бозор, љустуљуи бандҳои нави бозор, зиёдкунии ҳаљми фоида ва ѓ.).

Сохтори ташкили идоракунии маркетинги ва намудҳои он.

Хадамотҳои маркетингӣ метавонад дар асоси чунин принсипҳо сохта шаванд:

  1. Сохтори ташкили функсионалӣ;

Сохтори маъмул ин ташкили функсионалии хадамоти маркетинги ба ҳисоб меравад . Дар ин ҳолат мутахасисони маркетинги фаъолиятҳои гуногуни маркетинги (функсияҳо) – ро идора мекунанд. Онҳо дар зери итоати ноиби директор оид ба маркетинг, фаъолият мекунанд. Иљроиши чунин функсияҳо ба зиммаи онҳо гузошта шудааст: идоракунандаи хадамоти маркетинги, идоракунандаи хадамоти реклама ва хавасмандкунии фурўш, идоракунандаи хадамоти фурўш, идоракунандаи хадамоти татқиқотбарии маркетинги, идоракунанда оид ба моли нав, инчунин метавонад идоракунанда оиди хадамоти мизољон, идоракунандаи хадамоти банақшагирии маркетингӣ идоракунандаи хадамоти ҳаракати молӣ.

Бартарияти асосии ин намуди сохтор ин соддагии идоракунии он мебошад. Аз дигар тараф бо рушди феҳристи (ассортимент) молҳо ва бозорҳои фирмаҳо ин сохтор самаранокии худро гумм мекунад. Коркарди нақшаҳои махсус барои ҳар як бозори алоҳида ё моли алоҳида, инчунин мутобиқати фаъолияти маркетинги фирмаҳо дар маљмўъ, муракаб мегардад.

  1. Сохтори ташкили аз рўи принсипи љуѓрофи;

Дар ширкатҳое, ки пурра дар ҳудуди як љумҳури фаъолият мекунанд мувофиқ аст.Дар ин сохтор як идоракунандаи фуруши байналхалқи идоракунандагони вилоятию ноҳиявӣ ва агентони савдоро идора мекунад. Ҳангоми ташкили ин намуди сохтор агентони савдо метавонанд дар ҳудуди минтақаи хизматиашон зиндаги кунанд, ки мизољони худро хубтар медонанд ва метавонанд самараноктар бо харољоти камтари вақт харољоти сафарҳо фаъолият намоянд.

  1. Сохтори ташкили оиди истеҳсоли молӣ;

Фирмаҳо бо феҳристи васеи молӣ ё маркаҳои гуногуни молӣ ин намуди сохторро истифода мекунанд. Сохтори мазкур сохтори функсионалиро иваз намекунад, балки як сатҳи дигари идоракуни ба ҳисоб меравад. Истехсоли молиро идоракунанда оиди феҳристи моли идора мекунад, ки як чанд идоракунанда оиди гуруҳи молҳоро дар зери итоат дорад, дар навбати худ онҳо дар итоати худ идоракунандагон оиди молро доранд, ки ҳар кадом оиди моли аниқ масъул аст.

Сохтори ташкили оиди истеҳсоли молӣ дар он ҳолат муфид аст, ки маҳсулоти истеҳсолкардаи фирма аз якдигар фарқ дорад, ки ҳангоми ташкили функсионалии маркетинг ин номгўи молҳоро идора кардан номумкин аст.

4.Сохтори ташкилии принсипи бозори;

Аксарияти фирмаҳо молҳои худро дар бозорҳои хусусиятҳои гуногун дошта ба фурўш мебароранд. Дар ин сохтор идоракунанда оиди бозор фаъолияти якчанд идоракунандаҳои бозорҳои алоҳидаро идора мекунад. Идоракунанда оиди бозор ба коркарди нақшаҳои пешрафт ва нақшаҳои солонаи фурўш масъул аст. Бартарияти ин сохтор дар он аст, ки фирма фаъолияти худро мувофиқи эҳтиёљоти истеъмолкунандагоне, ки банди аниқи бозорро ташкил медиҳанд, месозанд.

5.Сохтори ташкили аз рўи принсипи молӣ-бозорӣ;

Сохтори мазкурро фирмаҳое истифода мекунанд, ки молҳои зиёди гуногунро дар бозорҳои гуногун ба фурўш мебароранд. Дар ин сохтор идоракунанда оиди мол ба банақшагирии фурўши мол ва фоида аз ин молҳоро ба ўҳда дорад. Идоракунанда оиди бозор бошад рушди бозори молҳои мављудбударо меомўзад.

Бояд дар назар дошт, ки сохтори идоракунии хадамоти маркетингии идеалие, ки дар ҳама шароит муфид бошад мављуд нест. Ҳар як сохтори идоракуни бартарияту камбудиҳои худро дорад.

10 Загрузки
test

Добавить комментарий