Бозори сармоя ва фоизи карзи

 

1. Мазмуни маънидоди сармоя. Сармоя хамчун омили истеҳсолот

2. Фарсоиши фондхои асосӣ

3. Тақозо ва арза дар бозори сармоя.

4. Хусусияти ташаккули нарх дар бозори сармоя. Сармоя ва фоида.

5. Бозори сармояи қарзӣ ва фоизи қарз.

6. Бозори сармояи асосӣ

  1. Мазмуни маънидоди сармоя.

Сармоя яке аз мафхумхои маълуму васеъ пахншудаи илми иктисоди ба шумор меравад. Доир ба мазмуну маънидоди вай иктисодшиносони зиёде изхори акида намудаанд. Аксаран сармояро хамчун маблаги муайяни гирдовардашуда ба худ тасаввур мекунанд. Дар баробари ин нишондод хамон акидаи пахншуда мебошад, ки на хар як маблаг, балки маблаги нисбатан намоёну калон ва назарнамо хамчун сармоя тасаввур карда мешавад. Шояд бо ин тасаввурот хам хамрох шудан ва ё онро кабул кардан дуруст бошад. Чунки дар хаёти вокей одатан аксаран Сармоя хамчун ибтидои харакату амалиёти сохибкорй хизмат мерасонад.

Дар нимаи дуввуми асри XIX ва ибтидои асри XX сармояро хамчун мачмуи арзишхое тасвир мекарданд, ки гуё худ аз худ афзун мегардад ва ё ба фоидахурию фоидаситонй нигаронида шудааст.

Гузариш ба муносибатҳои бозорӣ боиси пайдоиши муносибатҳои гуногуни иқтисодӣ гардид. Махсусан тагйироти кулӣ дар муносибатҳои моликиятдорӣ ва сармоядорӣ ба вуљуд омад. Ба мо маълум аст, ки дар замони собиқ Иттиҳоди шуравӣ мафҳуми сармоя ва муносибатҳои бо он алоқаманд сахт маҳкум карда мешуданд. Вале ташкили иқтисодӣ бозориро бе мављудияти сармояву сармоядорӣ имконнопазир аст. Бинобар он ба ин масъала диқати махсус зоҳир карда мешавад.

Аслан сармоя пеш аз ҳама дороиро ифода мекунад. Он метавонад дар шакли моддӣ, пулӣ, маънавӣ баромад намояд. Маънидоди сармоя аз нигоҳи иқтисодшиносон гуногун баён ёфтааст, ки оиди он мо дар саволи якуми кор маълумот пешниҳод менамоем.

Иқтисоди бозорӣ, ки асоси онро муносибатҳои молию пули ташкил медиҳад меҳвари асосии он муносибатҳои бо сармоя алоқаманд ба ҳисоб меравад.

Дигар равияй маълуму машхури маънидоди сармоя холати чисмонии вай мебошад. Мувофики талкиноти ин равияй маънидод сармояро хамчун мачмуи воситахои истехсолот тасаввур мекунанд. Намояндагони ин равия муътакиданд, ки чамъи воситахои истехсолот мавриди хукмрон гардидани моликияти хусусй ба воситахои истехсолот хамчун сармоя зухур ёфта метавонанд. Баъзан ин нишондод то хамон хулоса давом дода мешавад, ки гуё хар як воситаи истехсолот доимо хамчун сармоя фаъолият дошта метавонад. Аз ин маънидод чунин хулоса бармеояд, ки сангу чуби барои одам дар зинаи авлодию кабилагй хизматкунанда низ сармоя буданд ва холо чамъи олоту мошинхои хозиразамон хам сармоя мебошанд. Яъне гуё олоту сармоя бо мазмуни муайян якхелаву ба хамдигар монанданд.

Шояд ин тасдикот хам ба хакикати вокей мувофикат накунад, чунки маънидоди сармоя дар мачмуи муносибат-хои иктисодии чомиа мазмуни муайянро ба худ гирифта метавонад. Яъне дар ин маврид воситахои истехсолот ё олотхои мехнат на хамчун чизи дар табиат будаву бо мехнати корманд пайвандшаванда маънидод карда ша-ванд, балки бояд нисбати муносибатхои мавчудаи иктисодии хаёти мардумон маънидод карда бояд шаванд. Махз ба туфайли инкишофи куввахои истехсолкунанда олоту ашёи мехнат ба муносибати байни одамон бо роху усули муайян кашида меша-ванд ва хамчун сармоя зухур меёбанд.

Дар илми муосири иқтисодӣ чунин маънидодҳои сармоя пешниҳод шудаанд:

а) сармоя арзишест, ки арзиши изоваро ба вуљуд меорад; П-М-П1; б) арзиши софи активҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъи бо тарҳи уҳдадориҳо; в) сармоягузори аз тарафи сармоягузорон дар шакли воситаҳои молиявӣ ва моддӣ; г)маљмуи захираҳои дар фаъолияти бизнес истифодашаванда; д) воситаҳои истеҳсолоти аз љониби одамон бавуљудовардашуда; е) ҳамчун омили истеҳсолот.

Чамъи сармояи корхона дар ду намуд чой дошта метавонад:

  1. сармояи пули;
  2. сармояи чисмонй.

Гайр аз он дар таркибу маънидоди умумии сармоя намудхои зерини вай фарк, карда мешаванд:

а) сармояи асосй, б) сармояи гардон.

Чудокунии сармояи асосиву гардон аз нуктаи назари харакати он пеш гирифта шавад, аз нуктаи назари афзудани арзиш фарк карда мешавад:

  1. Сармояи доимӣ,
  2. Сармояи тагйирёбанда.

Хиссаи аввалаи сармояро ифодаи арзишй ва ё шакли арзишии сармоя мехисобанд. Сармояи чисмонй бошад, одатан шакли ашёгию чизии вайро нишон медихад. Хар яке аз ин намудхо дар фирмахо таркибдахандахои худро доранд.

Сармояи асосй, ки барои дастрас кардани олотхои мехнат, тачхизот, асбобхо, бинохои истехсолй ва монанди инхо масраф шудааст, сармояи тулонихизмат мебошанд. Онхо чараёни истехсолот ва мехнатро дар муддати зиёдтар хизмат мерасонанд. Дар корхонахо, фирмахо барои баркарор кардани онхо фонди тачдид (амортизатсионй) ташкил карда мешавад. Фондхои тачдидро фирмахо аз руи нархи аввалаи дастгоху тачхизот, асбобхо ва мухдати хизмати онхо муайян менамоянд. Мисол, агар мухлати хизмати дастгох 10 сол ва арзишаш 1000 сомонй бошад, онгох маблага яксолаи барои навкунии дастгох чудошаванда 100 сомониро ташкил медихад.

(1000 х 10 : 100 = 100 сомонй).

Сармояро хамчун дороию сарват маънидод кардан боиси хамон мегардад, ки ба вай хамчун захираи истехсолй бахо медиханд. Бинобарон, амалан ин захира бозори худ ва талаботу таклифоти худро дорад. Минбаъд сармоя хамчун равишу чараён тасаввур гардида, барои муайян кардани сарчашмаи фонда ва ё тавлидгарии маснуоти нав хизмат мерасонад.

Сармоя хамчун чараёну равиш имкон медихад, ки бо воситаи истифодаи вай фирмахо сохиби даромади муайян гарданд. Чунки дар ин равиш сармоя истифода шуда, хамчун натичаи амалиёташ даромадхоро тавлид месозад, ба монанди хаки ичора, рентаи замин, фоизи маблагхо, дивиденда когазхои кимматнок ва монанди инхо.

Дар иктисода бозоргонй хануз аз пешниходоти Адам Смит cap карда, сармояро хамчун омили махсулдех маънидод мекунанд. Махсулдехии холиси сармояро дар хамон мебинанд, ки агар корманд дар ду холат, мавриди мехнатро дастй ичро намудан ва истифода бурдани олоту асбоби муайян хосилнокии хархелаи мехнаташро пешниход мекунад. Гирем, бо даст дар давоми басти кори 15 дона махсу-лот истехсол мекарданд. Мавриди чорй гаштани асбоби нав хосилнокии мехнати корманд ба 40 вохид маснуот мерасад. Махсулнокии холиси сармоя ба (40-15=25) 25 баробар дониста мешавад.

Хамин тавр, аз нуктаи назари гузоришоти хозирзамони олимони Fap6 дастгоху мошинхо ва умуман, сармоя хам ба монанди мехнати кормандон боиси тавлидоти маснуот ва мувофикан даромад мегардад. Акнун ба маънидоди сармояи карзй мегузарем.

Сармояи (фондхои) асосй ва гардон. Сармояи асосй (фондхои асосй) кисми сармояи махсулдехи корхона мебошад, ки арзиши худро дар давоми сикли пурраи такрористехсол, кием ба кием ба махсулоти тайёр гузаронида, бо тадрич дар шакли пул ба молики худ бармегардад.

Дар амалияи хочагидории мо сармоя аз ду нуктаи назар: арзиши (пули) ва шакли натуралй хисобу китоб карда мешавад. Дар шакли молию чизй (натуралй) ба сармояи асосй (фондхои асосй) бинохои асосй, иншоотхо, мошин, тачхизот, воситахои накдиёт ва гайра дохил карда мешаванд. Фондхои асосй дар шакли пули хамчун арзиши хамаи унсурхои номбар кардашуда, ки дар баланси (тарози) корхона тахти «воситахои асосй» маълуманд, тасниф карда мешаванд.

Дар сохаи кишоварзй бошад, баръакс – замин, иншоотх,о, яъне предметхой мехнат, дар корхонахои саноати сабук – ашё, материал, дар сохаи алюминий (арзис) – ашё, кувваи барк; ва гайра бартарй доранд. Аз ин чихат, таркиби технологии фондхои истехсолй, хамчун таносуби намудхои гуногуни фондхои асосй нисбат ба арзиши фондхои умумй, дар доираи хар як корхона хархела сурат мегирад.

Кисми олотхои мехнат – мошинхои кори, тачхизот, приборхо, ки мустакиман дар раванди тавлидот фаъолона иштирок намуда, ба самаранокии истехсолот таъсири мусбат мерасонанд сармояи (фондхои) фаъол номида мешаванд.

Кисми дигари фондхо, масалан бинохои истехсолй, иншоотхо афзалтар ба сифати шароити мехнат хизмат менамоянд ва муътадил давом кардани раванди тавлидотро таъмин менамоянд. Онхо нисбатан нофаъол, ё худ гайримустаким ба самаранок истифода кардани фондхои асосй таъсир мерасонанд. Аз ин ру онхоро сармояи фондхои пассив (нофаъол) меноманд.

Яке аз роххои баланд бардоштани самаранокии фондхо боздехи фондхо мебошад. Хачми махсулоти истехсолкардашуда. Хачми фондхои асосии истехсолй

Нишондихандаи боздехи фонд алокамандии микдории байни махсулоти тавлидшуда ва хачми фондхои асосии истехсолии корхонаро ифода мекунад.

Зиёд шудани хачми боздехи фонд аз кам шудани масрифи корхона, сармоягузорй ба фондхои асосии истехсолй ба хисоби хар як вохиди махсулот ва харочоти истехсолй дарак медихад. Нишондихандаи баръакси боздехи фонд фондгунчоишном дорад:

Сармояи гардон сармояе мебошад, ки дар давоми як силсилаи истехсолот пурра арзиш (киммат)-и худро ба махсулоти тайёр мегузаронад. Ба он ашъё, материалхо, захирахои баркй, сузишворй ва гайра дохил карда мешаванд

Сармояи (фондхои) гардон чузъи мухимтарини фондхои истехсолии корхона мебошанд. Онхо дар хар як давраи истехсолй (гирдгардиш) пурра истифода карда мешаванд. Дар раванди тавлидот онхо шакли натуралии ашёии худро гум карда, арзишашонро пурра ба махсулоти тавлидкарда мегузаронанд.

Сармояи гардон аз захирахои истехсолй, яъне ашёи хом, материалхои асосию ёрирасон, кисмхои эхтиётй барои таъмири чорй, сузишворй ва гайра ташкил меёбанд.

Сармояи гардони корхона бидуни фонди муомилот имконнопазир

мебошад. Фондхои муомилот аз маблагхои умумии пули ва молхое, ки барои фуруш пешниход карда мешаванд иборатанд.

Сармояи муомилот хамчун захирахои махсулоти тайери фурухтанашуда ва воситахои сармоягузорие, ки барои харидани ашё, масолех, сузишворй, адои хакки мехнат ва гайра заруранд, бунёд карда мешаванд.

Харочотхои асосй харочотхое мебошанд, ки ба хачми истехсолй махсулот вобаста нестанд: пардохти рента, ичора хисоби хар як вохиди махсулот ва харочоти истехсолй дарак медихад.

Фондгунчоиш такозоро ба фондхои асосй нисбат ба вохиди натичаи арзиш ифода мекунад.

Сармояи (фондхои) гардон чузъи мухимтарини фондхои истехсолии корхона мебошанд. Онхо дар хар як давраи истехсолй (гирдгардиш) пурра истифода карда мешаванд. Дар раванди тавлидот онхо шакли натуралии ашёии худро гум карда, арзишашонро пурра ба махсулоти тавлидкарда мегузаронанд.

Сармояи гардон аз захирахои истехсолй, яъне ашёи хом, материалхои асосию ёрирасон, кисмхои эхтиётй барои таъмири чорй, сузишворй ва гайра ташкил меёбанд.

Сармояи гардони корхона бидуни фонди муомилот имконнопазир мебошад. Фондхои муомилот аз маблагхои умумии пули ва молхое, ки барои фуруш пешниход карда мешаванд иборатанд.

Фондхои муомилот хамчун захирахои махсулоти тайёри фурухтанашуда ва воситахои сармоягузорие, ки барои харидани ашё, масолех, сузишворй, адои хакки мехнат ва гайра заруранд, бунёд карда мешаванд

Гардиш нисбат ба гирдгардиш фарохтар аст: чунки хар яке аз унсурхои сармоя дар чараёни харакати худ (давраи дар шакли пули, истехсолй, моли, захира будану истифода шудан…) бо суръатхои хархела харакат карда, арзиши худро дар мухлатхои гуногун баркарор мекунанд ва ба шакли ибтидой бармегарданд. Як кисми сармоя (ашё, кувваи барк. • •) арзиши худро дар давоми як давраи гирдгардиш ва кисми дигари он (мошин, бино, тачхизот…) баъди чандин гирдгардиш дар гули солхои зиёд аз нав эхе ва баркарор мекунанд. Ин раванд бо таври муозин, паихам такрор гардида, дар мачмуъ гардиши фондхо (сармоя)-ро таъмин менамоянд. Аз ин чихат гирдгардиши кисмхои алохидаи сармоя хархела сурат мегирад. Бинобар ин сармоя (фондхо)-ро ба сармояи асосй (фондхои асосй) ва сармояи гардон таксим мекунанд. Ин таксимбандй дар мояи меъёрй:иштирок дар раванди тавлидот (истехсолот), тарзи ба махсулот гузаронидани арзиши мехнат ва баркарор кардани он гузаронида мешавад

Фарсоиш (хурдашави)-и фондҳои асосй

Фондхои асосй аз чихати сохт, таркиб, имконияти чисмонй мухлати амал аз 1 то 50 сол ва аз он зиёдтар хизмат мекунанд. Бешубха, дар ин давра тахти таъсири омилхои табии иктисодй ва техникию технологи ба хурдашавй дучор мегарданд.

Механизми иктисодии такрористехсоли фондхои асосй чунон сохта шудаанд, ки онхо бояд махсулнок истифода карда шаванд, дар ин чараён хурда шаванд, захирахо ба вучуд оварда шуда, аз нав баркарор гарданд. Ин конунияти такрористехсоли инфиродй мебошад.

Дар адабиёти муосири иктисодй ду намуди (шакли) фарсоиши (хурдашавии) фондхои асосиро фарк мекунанд: фарсоиши чисмонй ва фарсоиши маънавй.

Фарсоиши чисмонй (моддй) раванде мебошад, ки фондхо дар давоми мухлати хизмати худ хурда шуда, барои истифодаи минбаъда нодаркор мегарданд ва арзиши истеъмолии (манфиатнокии) худро гум мекунанд.

Ин фарсоиш аз сабаби дар холати кори будани сармояи амалкунанда ва беинтихо истифода кардани он ва хангоми бекор хобидани он тахти таъсири омилхои табиат (борон, барф, эрозия, занг задан…) ба вучуд меояд.Одатан, дар симои фарсоиши чисмонй ду чанбаи мухимро фарк мекунанд:

  1. техникию истехсолй – аз даст додани арзиши истеъмолй, яъне кобилияти манфиатнокии фондхо ва
  2. арзиши – кисм ба кисм ба махсулоти тайёр гузаронидани арзиш (дар шакли хиссачудокунихои истехлоки).

Фарсоиши маънавй хамчун раванди арзон шудани фондхои асосй дар натичаи баланд шудани хосилнокию шиддатнокии мехнат ва дар ин асос паст гардидани арзиши воситахои мехнат ва пайдо шудани воситахои навтарин ва бо иктидортарини мехнат нисбат ба олотхои мавчуда ба миён меояд.

Дар тачрибаи хочагидорй ду шакли фарсоиши маънавиро аз хам фарк мекунанд: 1) баробари афзун гаштани хосилнокии мехнат дар сохахое, ки воситахои мехнат истехсол мекунанд, арзишашон ботадрич паст гардида онхо арзон мешаванд. Ин шакл зарурияти хатмии иваз намудани тачхизоти амал кардаистодаро ба миён намеоварад, зеро дарачаи техникии тачхизоти амалкунанда ва нав якхела мебошанд. Вале истифодаи васеи воситахои пешакй ба даст овардашудаи мехнат, кисми арзиши худро гум мекунад ва сохибкорон барои боташдид истифода карда натавонистани онхо зарар мебинанд; 2) мошин ва воситахое аз нав тачлил карда мешаванд, ки аз руи нерую кудрат, нисбат ба хамин-гуна воситахо кавитару устувортар ва аз нигохи арзиш арзону кулайтар мебошанд.

Тахти истехлок раванди бо кисмхо (бо мурури хурда-шавй) интикол намудани арзиши фондхои асосй барои подош (рупуш) кардани кисмхои фарсудашудаи воситахои мехнат фахмида мешавад. Бо ибораи дигар, амортизатсия шакли пулии ба махсули мехнат гузаронидашудаи арзиши фондхои асосии дар чараёни истехсолот амалкунанда мебошад. Нормаи амортизатсия, хамчун нисбати маблагхои солонаи хиссачудокунихои амортизатсионй ба арзиши миёнаи наи фондхои асосй, ки бо фоиз ифода меебанд.

  1. ТАЛАБОТУ ТАКЛИФОТ ДАР БОЗОРИ САРМОЯ

Амалиёти сармоя дар фирмахо боиси хамон мегардад, ки ин сармоя хизмати муайянеро ба ичро мерасонад. Фоидаоварй ва фаъолият кардан дар истехсолот хизмати сармояро мефахмонад. Азбаски фирмахо на хама вакт бо сармоя комилан таъминанд, онхо ба кирои сармоя мухточ мешаванд. Гирандаи сармоя, ки одатан сармояро ба ичора ва ё карз мегирад, хамин хислати махсулдехии вайро истифода мебарад ва сохиби даромади иловаги мегарданд.

Бояд дар назар дошт, ки мувофики омузиши иктисоди бозоргонй хамчун пешниходкунандагони омилхои истехсолот, аз он чумла мехнат, сармоя, замин, хизмати сохибкорй оилахо ва хонаводахо намудор мешаванд. Талабот ба омилхои истехсолот чун одат аз тарафи фирмахо ва ё сохибкорон пешниход карда мешавад.

Мувофики пешниходи дар боло овардашуда чунин хулосаро хакконй хисобидан чоиз аст, ки дар бозори неъматхои сармоявй талабот аз тарафи фирмахо ё сохибкорони гуногун ба миён оварда шуда, дар навбати худ таклифот ё пешниходро хонаводахо ба миён меоваранд. Дар баробари ин фирмахо хамчун сабабгорони сармоя баромад намоянд, хонаводахо хамчун пешниходкунандаи онхо зухур меёбанд. Аммо дар бозори хизматхои сармоя, ки одатан истифодаи кобилияти махсулдихии сармояро мадди назар дорад таклифгарону талабгорон фирмахо ва ё сохибкорон мебошанд. Аз ин нишондод хулоса бармеояд, ки талаботу таклифоти неъматхои сармоявй дукутба бошанд, талабгорону пешнщодгарони хизматхои сармоя яккутба мебошанд.

Дар худи хамин чо асоси назарияи талабот ба сармояи карзиро нишон доданамон зарур аст. Бояд ба назар гирем, ки сармояи чисмонй ва ё неъматхои сармоявй хислати истехсолию махсулдаханда доранд. Бинобарон, фирмахо аз хонаводахо онхоро хамчун омили истехсолот харидори мекунанд. Мавриди харида гирифтан бошад, ин сармояро кор фармуда бо ёрии мададгориаш маснуоги нав истехсол мекунанд.

Дар холатхои алохида барои харида гирифтани сармоя хамчун омили истехсолот ва ё хизматхои сармояи амалкунанда маблагхри пули зарур шуда мемонанд. Албатта, маблагхои пулиро аз хонаводахо ва бонкхо дарёфтан мумкин аст. Ходисаи дигари истифодаи маблагхои пули ба карз гирифташаванда, гуем барои истеъмолоти шахсй хам чой дошта метавонанд. Аммо дар ин чо сухан махз дар бобати талабот ба сармояе меравад, ки дар шакли пули гирифта шуда, онро сохибкорону фирмахо барои харидани сармояи чисмонй (мошину дастгоххо) ва ё маблаггузории истехсолот истифода мебаранд. Маблаггузорй, ки сарчашмаи асосиаш пасандози хонаводахо мебошад, ба хамон нигаронида шудааст, ки истехсоли маснуот бо рохи истифодаи сармояи чисмонй боз хам зиёд карда шуда, даромади фирмахо афзун гардонида шавад.

Пастравии нархи дастгоххо боиси камшавии пешниходи онхо мегардад. Мувофики маълумоти овардаи тадкикгарони сершумори иктисодиёт сатхи токатфарсою одатии мувозинати талаботу таклифот бо сармояи чисмонй дар худуди 8-10 % меистад. Харчанд мувофики маълумот дахсолахои охир ин дарача зери таъсири конуни пастшавии даромаднокй боз хам пасттар шудааст.

Дар байни хизмати сармоя ва даромаднокии сармоя мутаносибии чаппа амал мекунад. Гайра аз он агар микдори сармояи хизматкунанда афзудан гирад, дар он холат даромади дар ивази ин хизмати сармоя гирифташаванда торафт паст мешавад. Илова бар ин баробари афзудани хачму микдори сармоя сатхи даромади вай зери таъсири амали конуни иктисодии камшавии даромаднокии захирахо торафт паст мешавад. Конуни пастшавии даромаднокии захирахои иктисоди хануз дар асрхои пешин аз тарафи Адам Смит, Давид Рикардо, Карл Маркс, А.Маршалл ва дигар иктисодшиносон мушохида гардида, хамачониба ба тасвир оварда шуда буд.

Асоси назарии ин конун аз хамон холат гизо мегирад, ки мавриди камёфтию норасии захираи иктисоди бахои вай баланд гардида, маснуоти бо ёрии ин захира истехсолшаванда хам бо нархи баланд фурухта мешавад. Пас даромади хосилшавандаю фоида хам зиёд буда метавонанд. Аммо афзуншавии микдори захирахо сатхи даромаду фоидаи аз онхо руёнидашавандаро паст мекунад. Исботи бо далели ин равишро аз маълумоти дар китобаш овардаи П.Самуелсон ва В.Нордхау хам мушохида карда метавонем. Мо дар поён накшаеро пешкаш мекунем, ки дар асоси маълумоти ин муаллифон тахия шудааст.

Хамин тавр, агар дар асархои иктисодшиносони асри XIX меъёри одатии фоидаро дар сатхи 20 % истифода баранд, дар нимаи дуввуми асри XX ин сатх дар худуди 10 % дониста мешавад. Ин ракамхо шаходат медиханд, ки албатта, хеч гох пастшавии сатху меъёри фоида тамоили якмарома надошта, зери таъсири омилхои зиёд, аз чумла, махсусан пешрафти илмию техники вай баъзан зиёд хам шуда метавонад. Аммо пастравии сатхи фоида хамчун ходисаи беамону ногузир амал мекунад.

  1. БОЗОРИ САРМОЯИ ҚАРЗӢ ВА ФОИЗИ КАРЗ

Пешниходкунандагони сармояи љисмонй хонаводахо мебошанд. Баъзехо аз ин нишондод чунин хулоса мебароранд, ки гуё хонаводахо, шахрвандон ва сохибкорон амалан хам сармояи чисмониро пешниход мекунанд, яъне дастгоху тачхизот ва монанди инхоро пешниход карда метавонанд. Холати асл ин хел нест. Хонаводахо одатан даромадашонро дар ду равияй асосй истифода мебаранд. Хиссаи зиёдтари даромадро барои истеъмол сарф карда, хиссаи дигарашро бо максади истеъмолоти минбаъда ё ба давраи оянда пасандоз мекунанд. Аз ин гуфтахо хулоса бармеояд, ки хиссаи муайяни даромади оилахо ё хонаводахою шахрвандон ба пасандоз табдил меёбад. Аммо пасандоз маблаги гирдоварда шуда буда, муддати муайян масрафи вай таваккуф меёбад. Аз ин боис, сохибони пасандозхо ин маблагхоро ба карз пешниход карда метавонанд. Ё ин ки дар амали хочагидорию иктисодиёт маблаги пасандозхо одатан на дар сандукхо, балки афзалан дар бонкхо ва муассисоти молиявй хамчун амонатхо гузошта мешаванд. Муассисоти молиявй ва бонкхои амалкунанда ин маблагхоро хамчун сарчашмаи беназири сармояи карзй истифода мебаранд. Сохибкорон, фирмахо бошанд, ин маблагхоро ба карз гирифта, барои харидани сармояи чисмонй масраф менамоянд. Махз ба хамин марому равиш пасандози шахрвандону оилахои онхо имкон медаханд, ки фирмахою сохибкорон сармояи карзиро дарёфта, онхоро бо максади маблаггузорй, харидани дастгоххову тачхизоти нав ва монанди инхо истифода баранд ва фоидаи бо ин рох ба даст овардаашонро дар байни сохябкорони дар амалиёт буда ва сохибони амалии сармоя таксим намоянд.

Бояд дар назар дошт, ки яке аз нишондихандахои дар ин равиш ба миён оянда меъёри даромади маблаггузорй мебошад (Мд). Ин нишондихандаро хамчун нисбати даромади маблаггузорй (Дм) ба хачми маблаггузорй (Мч) хисоб мекунанд.

Натича одатан дар фоиз ифода карда мешавад. Бояд тазаккур дод, ки меъёри даромади маблаггузорй амалан баробари афзун гаштани хачми маблаггузорй торафт паст шуда, дар бобати амали конуни иктисодии пастшавии даромаднокй шаходат медихад.

Масъалаи дигар дар хамин равиш ба миён оянда омили вакт мебошад. Одатан, иктисодшиносон маънидоди вазъи бозори маблагхои карзй ва фоизи карзро аз нуктаи назари вакт маънидод мекунанд. Онхо нишон медаханд, ки хонаводахо аз истеъмоли пасандозхо дар давраи хозира худдорй карда, истеъмолоташонро мавкуф мегузоранд. Ё ин ки онхо истеъмоли даромадро аз давраи хозира ба давраи дигари оянда мегузаронанд. Сабабгории намоёни аз истеъмол худдорй кардани хонаводахо дар давраи хозира аз хамон иборат мебошад, ки онхо бо хамин минвол мехоханд даромадашонро афзун гардонанд ва имконоти зиёдтари истеъмолоташонро дар давраи оянда ба даст оваранд.

Бем Баверк – иктисодчии австриягй дар асри XIX, ки поягузори намоёни назарияи интихои манфиатнокй мебошад, таъкид карда буд, ки мардумон неъмати хозиру нозирро назар ба неъмати гоиб бехтар медонанд.

Мувофики хамин маколи халкй мо дар хаёт чунин ходисаро дучор меоем, ки мардумон одатан истеъмолоти хозираро назар ба оянда авлотар медонанд. Чунки истеъмолоти дар оянда суратгиранда номаълум, чанд таваккал ва ноаёнихоро ба миён меоварад.

Ин холат чомиаро водор месозад, ки ба мавкуфгузорандагони истеъмолоти хозира «инъом» ва ё «мукофот» пешниход намоянд. Гуё фоизи карз махз хамин мукофоту инъоми чомиа ба пасандозкунандагон барои худдориашон аз истеъмоли маблагхо дар замони хозира мебошад. Бисёрихо чунин маънидоди фоизи карзро маънидоди навклассикй номидаанд.

Акнун ба маънидоду тасвири нишондоди кейнсчигии фоизи карз мегузарем. Мувофики таълимоти Ч,.М.Кейнс дар асараш «Назарияи умумии машгулй, фоиз ва пул» гуё меъёри фоизи карз инъому даромад дар ивази махрум гардидан аз пул ва ё моли зудбадалшаванда мебошад. Яъне фоиз «нарх» мебошад, ки кушиши беамони нигох доштаии сарватро дар шакли пули бо накдинахои дар муомилот амалкунанда мувозинатдор мегардонад. Азбаски Ч,.М.Кейнс фоизро бо танхо пул вобаста мекунад, нишондоди вай дар ин бобат номи назарияи пулии фоизро гиряфтааст.

Хамин тавр, назарияхои номбаршуда тадкикгаронро ба хулоса меоваранд, ки меъёри фоиз дар холатхои муайян тобеъ ба се омил мебошад:

  1. карордоди хонаводахо ва истеъмолгарон;
  2. карордод оиди маблаггузорихо;
  3. таркиби маблагхои молиявии дар когазхои кимматнок чойгиршаванда.

Амалан хар яке аз ин равишхо ба меъёри фоиз таъсири муайян мерасонанд. Тахлилхои иктисодй имкок медиханд, ки таъсири афзалиятноки равишхои мазкур дар холатхои чудогона муайян ва аник карда шаванд. Мувофики хамин омузиши бозори сармоя, неъматхо ва когазхои кимматнок дар аник кардани масъалахои зайл кумак расонида метавонанд.

  1. ОМИЛХОИ БА БОЗОРИ САРМОЯИ ҚАРЗЙ

ТАЪСИРРАСОНАНДА

Бояд дар назар дошт, ки бозори сармоя, чуноне ки дар боло таъкид карда будем, ду тарафи асосиро дарбар мегирад. Хардуи ин тараф талабот ва пешниходи сармояи карзй мебошад. Мо пештар нишон дода будем, ки бозори сармояи карзй доимию якхела нест. Яъне ба хачми талабот ва пешниходи сармояи карзй омилхои сершумор таъсир мерасонанд. Дар кисмати зайл мо кушиш ба харч медихем, ки таъсири хамингуна омилхоро ба хачми талабот ва пешниход муайян менамоем. Чунки зери таъсири талаботу пешниходи сармояи карзй меъёри фоиз тагйир ёфта, амалан баланд ва ё паст мешавад.

Мо пештар ба хонандагони арчманд таъкид карда будем, ки меъёри фоиз тамоили пастшавиро ба худ мегирад. Тамоили пастшавии меъёри фоиз зери таъсири камшавии даромаднокии сармоя ва афзоиши харочот ба вохиди неъматхои истехсолшаванда, ки онро иктисодшиносон конуни иктисодии пастшавии боздехи сармоя меноманд, сурат мегирад.

Акнун ба тасвири омилхои ба талаботи сармояи гарзй таъсиррасонанда мегузаронам:

    1. Аз хама пеш мавкеъ ва хачми талабот ба сармояи карзй зери таъсири афзоиш ва ё пастшавии интихои махсулнокии сармояи карзй ба миён омада метавонад. Ингуна сармояро фирмахо дар бозори сармояи махсулнок бо рохи истифодаи сармояи карзй ба даст оварда метавонанд. Дар ин холат вобастагию алокамандии байни бозори сармояи чисмонию сармояи карзй хам ба мушохида меравад. Сабабгории ин холатро дар хамон дидан имконпазир аст, ки пешрафти илмию техники боиси дигаргунихо дар олотхои мехнат ва тарзи коркарди маснуот (технология) мегарданд. Мавридхои алохида пешрафти илмию техники сатхи нисбатан баланди махсулнокии сармояро ба миён оварда, бо хамин васила имкон медихад, ки сармояи чисмонй сарфа шавад ва ё бо хиссаи камтари сармоя хачми зиёдтари маснуот истехсол шавад.

2) Таѓйироти талабот ба сармоя дар зери таъсири дигаргунихои рагбату хохиши одамон, дархости онхо ва завки талабот низ ба миён омада метавонад. Барои маънидоди ин равиш ба назар гирифтан зарур аст, ки талабот ба сармояи чисмонй хамчун хосилаи талаботи молхову хизматхо чой дошта метавонад ва баробари тагйироти талаботи тавлидкунандаи талабот ба сармояи чисмонй дигаргун мешавад. Масалан, солхои чанги шахрвандй талабот ба нон нихоят баланд рафта, боиси афзоиши талабот ба дастгоххои хурди нонпазй гардида буд. Минбаъд баэътидол омадани вазъи сиёсй имкон дод, ки фаъолияти дилхохи иктисод ба рох монда шавад. Зери таъсири он талабот ба нон кам шуда, дастгоххои хурди нонпазй нодаркор шуда монданд. Ѓайр аз он пешрафти илмию техники метавонад усулхои нави истехсолотро ба миён оварда, боиси сарфаи ашё, сузишворй ва монанди инхо шуда, талаботро дигар созад.

3) Мувофики мантики кабулшуда пастшавии курби пулхо талаботро ба сармояи карзй зиёд мекунад. Аммо бекурбшавй ба сармояи чисмонй таъсири яктарафа надошта, балки амалан дутарафа дорад. Агар бекурбшавй умуман талаботро ба сармояи карзй афзун гардонад, аз дигар тараф дар давраи бекурбшавй фирмахо аз сармоягузории дарозмухлат худдорй мекунанд, чунки боздехи харочоти онхоро барои сармояи иловагй кафолат додан берун аз имкон аст. Таи солхои 1993-1995 мо дар Точикистон махз хамин холатро мушохида карда метаво-нем. Одатан, дар ингуна холат фирмахо аз сармоягузории миёна ва дарозмухлат бо пуррагй худдорй карда, кувваи фаъолияташонро ба маблаггузории кутохмухлат истифода мебаранд. Бесабаб нест, ки таи 8-10 соли охир дар мамла-катамон фаъолияти тичоратию чаллобй хеле афзоиш ёфта аст. Дар давраи бекурбшавии бошиддат дар хиссаи намоён маблаггузорихо ба сохтмони асосй, пешрафти техники, навкунии технология ва монанди инхо комилан ва аксаран боздошта мешаванд.

Шояд бо хамин сабаб дар замони бекурбшавии пулхо бозори карзхои кутохмухлат ривочу равнак меёбад, ки карз хохон кушиши бо пулхои бекурбшуда адо кардани карзашонро пеш мегиранд. Ин хама дар окибат талаботро ба карз афзун гардонида, боиси баландшавии меъёри фоизи карз шуда метавонад.

4) Таѓйироти талабот ба сармояи қарзй таъсири сиёсати андозситонии давлат хам сурат гирифта метавонад. Нисбати таъсири сиёсати андоз ба талаботи сармоя равиши духеларо дучор меоем. Мавриди баланду зиёд шудани андозхо шавкмандии фирмахо ба маблаггузорй камтар шуда, талабот ба сармояи карзй паст мефурояд. Ин холатро дар хамон дидан мумкин аст, ки фирмах. барои андоз хиссаи зиёди фоидаашонро чудо карда, ба ноумедй меафтанд ва кушиши маблаггузорию навсозии сармояи чисмонй торафт камтар зохир мешавад. Дар навбати худ агар меъёри андозгузорй кам карда шуда, давлат барои фирмахо бо макеади дастгирию мададрасонй имтиёзу кумакхо пешниход намояд, дар ин сурат

имконоту шавкмандй ба маблаггузорй, зиёд кардани сармояи амалкунанда афзуда, бо хамин васила талабот ба сармояи карзй зиёд мешавад ва меъёри фоизи карз хам тамоили афзоишро ба худ гирифта метавонад.

Хамин тавр, мо чор омилхои ба талаботи сармояи карзй таъсиррасонандаро дида баромадем.

Акнун ба тасвири омилхои ба пешниходи сармояи карзй таъсиррасонандаро дида мегузарем:

  1. Дар назари мо яке аз омилхои намоёнтарини ба пешниходи сармоя карзй таъсиррасонанда афзоиши даромадхо ва сатхи зиндагонии мардумон мебошад. Бояд дар назар дошт, ки мавриди сатхи дилхохи даромадхои хонаводахо ва бо неъматхои зарурй таъмин будан хонаводахою шахрвандон хиссаи намоёнтари даромадашонро пасандоз мекунанд ва ин маблагхои пасандоз ба амонатхо табдил дода шуда, амалан пешниходи маблагхои сармояро зиёд мекунанд. Дар навбати худ камшавии даромадхо ва сатхи зиндагонии мардумон ба пешниходи сармояи карзй таъсири чаппа расонида, ба камшавии вай мусоидат мекунанд.
  2. Ба пешниходи сармояи карзй ва ё амонатхо бекурбшавии пулхо таъсир мерасонад. Агар бекурбшавй сатхи намоёнро сохиб гардад, одатан сохибони маблагхо кушиш мекунанд, ки маблагхои дар ихтиёрашон бударо харчи зудтар ба бозор бароранд ва ё ба муассисоти молиявй гузаронанд. Бинобарон, пешниходи маблага сармояи карзй зери таъсири бекурбшавй зиёд мегардад. Монанди хамин бо максади пушонидани бекурбшавй ва ба даст овардани даромади муайян меъёри фоизи карз хам тамоили баландшавиро ба худ мегирад. Карздехон дар ин холат кушиш мекунанд, ки маблагашонро аз бекурбшавй эмин доранд ва бо хамин ният меъёри фоизро баланд мебардоранд.
  3. Мувофики нишондоди тадкикгарон мархилахову зинаи фаъолияти корию иктисодиёт хам ба меъёри фоизи карз ва пешниходи карз таъсир мерасонанд. Одатан, одамон дар мархилаи пастравии истехсолот зиёдтар кушиши зиёд кардани амонатро пеш мегиранд ва аз харчи маблагхо зиёдтар худдорй мекунанд. Аз хамин боис, дар давраи пастравии иктисодиёт хачми пешниходи сармояи карзй зиёдтар мешавад. Мувофики хамин меъёри фоизи карз хам баланд мешавад. Шояд баландшавии меъёри фоизи карз зери таъсири афзоиши талабот ба сармояи карзй сурат гирад.
  4. Сиёсати андозгузории давлат хам ба пешниходи сармояи карзй таъсир мерасонад. Барои мисол, агар давлат сатхи андозхоро паст намояд, даромади фирмахо ва шахрвандон афзун гардида, сабабгори афзун шудани амонатхо ва пешниход дар бозори сармоя мегардад.
  5. Сиёсати давлатии танзими карз хам ба бозори
    сармоя таъсир мерасонад. Мавриди афзун шудани меъёри фоизи карз пешниходи сармояи карзй зиёд мегардад. Аммо агар давлат кушиши паст кардани фоизро пеш гирад, дар ин холат тамоили пастшавии хачми пешниход ба миён меояд.

Хамин тавр, хонандагони арчманд мо омилхои намоёнтарини ба талаботу пешниходи сармояи карзй таъсиррасонандаро дида баромадем. Бояд дар назар дошт, ки дигар омилхои нисбатан камтаъсир ва ё таъсири онхо бавосита зухуршаванда чой дошта метавонанд.

Таъсири ингуна омилхо гузоришоти алохидаву мушаххасро дарбар мегиранд.

Дар назари мо таи чорабинихои пешгирифтаи давлати Точикистон тули дах соли охир фаъолияти система ё муассисоти карзй (бонкхо) ба рох монда шудааст. Харчанд фаъолияти ин системаро холо мутобики максади самаранок барои иктисодиёт хисобида чоиз нест. Ба фикри мо системаи бонкхои то хозир пайдо шуда асосу иктидори худро дар равишхои инхисории ба иктисодиётамон мансуб дарёфтаанд. Аз ин боис хдм ин сохтор аз ибтидо хислати инхисорй дошта, зиёдтар хислату таъиноти монополй доранд. Бинобарон хам ба таъинот, зарурат ва ноилочихои иктисодии Точикистон мархам нашудаанд. Хол он ки дар замони кунун системаи карзй ба нафъи худ амал намоянд хам, амалан бояд кушиш ба пешбурди истехсолоту иктисодиёти ватанй дошта бошад.

  1. БОЗОРИ САРМОЯИ АСОСӢ

Назарияи иктисодй бо сабаби фанни назариявй буданаш оиди фаъолияти сохибкорй дастур намедихад ва ё нишондоди роххоро бар зиммаи худ надорад. Аммо маълумоту тадкикоти пешбарандаи вай имкон медаханд, ки фирмахо ва сохибкорон дар асоси ингуна маълумот фаъолияти максадноку дилхохи худро ба рох монда тавонанд. Монанди хамин мо мавриди маънидоди меъёри фоизи карз нишон дода будем, ки фирмахо ва сохибкорон хангоми кабул кардани карордод дар бобати чойгиронии маблаг сатхи меъёри фоизи карзро ба хисоб мегиранд.

Дар назар доштан зарур аст, ки агар карордоди маблаггузории фирма кабул мешуда бошад, онгох натанхо фоизи карзро ба назар мегиранд, балки дар баробари он хамон равияй маблаггузорй пеш гирифта мешавад, ки вай дар баробари адои фоиз боз даромад ё фоидаи дилхохро хам таъмин намояд. Масалан, мавриди 8-10 % будани фоизи карз, чамъи даромад то 15% фоиз бошад, онгох ингуна карордоди маблаггузорй мутобики максад буда наметавонад. Чунки фирмаи маблаггузор аз 15 % даромади хосилкардааш 10%-ро ба карздехон супорида, худ даромади нихоят ночизи хамагй 5 % мегардад. Бинобарон, вай хамон лоихаи маблаггузоиеро кабул менамояд, ки даро-маднокиашон на камтар аз 25 ё 30 % бошад. Махз дар ин холат фирма метавонад фоизи сармояи карзиро адо намуда, барои пешбурди истехсолоти худ дар замони оянда вазъи муътадилу дилхохро сохиб гардад.

Иктисодшиносони мамлакатхои иктисоди бозоргонй акида доранд, ки яке аз равияхои муайян кардани Самаранокии маблаггузорй киёскунии меъёри фоизи карз ва дара-чаи даромади маблаѓгузорй буда метавонад. Дар боло мо таъкид доштем, ки меъёри фоизи карз номию ҳақиқй мешавад. Мавриди ингуна қиёскуниҳо бояд меъёри ҳақиқии фоизи карз ба даромади маблаѓгузорй муовиза карда шавад. Дар ин холат танхо сатхи имконпазир ва ё дарачди такрибии даромаднокии маблаггузории пеш гирифта шавандаро ба назар мегиранд. Муаммои дигаре, ки мавриди интихоби ояндаи маблаг-гузорй пеш мегиранд, ин хисоб кардани кимати сармояи хозира дар замони ояндаи лоихавй мебошад. Ин равишро иктисодшиносон дисконт кунонидан номидаанд. Дисконт кунонидан чунин маънй дорад, ки бо максади бахои аник додан ба маблагхои пулии истифодашаванда киммати хозираю ояндаи вайро хисоб мекунанд. Маридхои алохида дисконт кунонидан хамчун усули муайян кардани пастшавии киммати пулхои чойгир кунонидашуда дар давраи минбаъда фахмида мешавад. Ин акида аз хамон холат бармеояд, ки маблагхои дар замони хозира барои ичрои лоихахои муайян сарфшаванда (Ма) пас аз ду ё зиёда аз ин сол киммати аввалаи худро бой медиханд (Мб).

28 Загрузки
test

Добавить комментарий