Чандирии тақозо ва арза

 

3.1 Чандрии тақозо

3.2 Чандрии арза

3.3 Асосҳои назарияи интихоби истеъмолӣ

 

3.1 Чандирии тақозо

Ҳамбастагии ҳодисаҳои иқтисодӣ, алалхусус омилҳои муайянкунандаи тақозо ва арза, эътидолии онҳо бидуни чандирӣ ба вуқӯъ пайваста наметавонад. Таҳти чандирии тақозо ва арза ҳолат ё худ вазъи мӯътадил ва ба ҳам мувофиқ будани нархи молҳо ва ҳаҷми умумии фурӯши онҳо фаҳмида мешавад. Таҳлили талабот ва таклифот, ки дар мавзӯи қаблӣ дода шуда буд, ошкор кардани самтҳои асосии тағйироти талабот ва таклифотро дар зери таъсири омилҳои нархӣ ғайринархӣ ва мухтасар ифода кардани қонуни асосӣ қонуни талабот ва таклифотро имконпазир кард.

Аммо дар аксар мавридҳо барои муҳаққиқон донистани он, ки болоравии нарх боиси кам шудани ҳаҷми талабот ба мол мегардад, кофӣ нест, таҳқиқи миқдории нисбатан дақиқ зарур аст. Мутаасифшавии бозор ба тағйироти нарх, даромад ё ягон хел дигар нишондиҳандаҳои вазъи савдои бозорӣ дар нишондиҳандаи чандирӣ, ки бо коэффисиенти махсус шарҳ дода шуда метавонад, инъикос мегардад.

Ғояи чандирӣ дар назарияи иқтисодӣ хело дер пайдо шуд, вале зудӣ ба асосӣ табдил ёфт, Мафҳуми умумии чандирӣ ба иқтисодиёт аз фанҳои табиатшиносӣ (табии) омодааст.

Ибораи «чандирӣ» аз тарафи иқтисодшиносони мамолики Ғарб тавсифу маънидод карда шудааст. Бори аввал истилоҳи «чандирӣ» аз тарафи олими машҳури асри XVII физик ва химик Роберт Бойл (1626-1691) дар рафти омӯзиш хусусиятҳо газҳо (қонуни машҳури Байл-Мариатт) истифода шуда буд. Аммо танҳо дар с. 1885 Алфред Маршалл таърифи иқтисодии чандирии талабот ва таклифотро додаст.

Вобастагии тағйироти нарх, таъсири он ба сифат ва ҳаҷми маҳсулот, молу хизмат аз ҷумлаи унсурҳои муҳимтарини чандирӣ мебошанд.

Чандирӣ ҳамчун тадбири сари вақт ба эътибор гирифтани тағйироти як воҳид (тақозо, арза) воҳиди дигар (нарх) сурат мегирад. Он тағйирот тавассути фоиз ифода карда мешавад.

Дар адабиёти иқтисодӣ чандирии тақозо ва чандирии арзаро фарқ мекунанд. Чандирии тақозо ҳамчун ченаки фоизи (1%) тағйироти талабот ба молҳо дар натиҷаи 1% тағйир ёфтани нарх тасаввур карда мешавад. Масалан, дар давраи муайян (рӯз, ҳафта, моҳ, сол) нархи ягон маҳсулот ба андозаи 10% афзуда бошад, пас муайян кардан лозим меояд, ки вобаста ба он чӣ қадар маҳсулот дар ин давра фурӯхта шудааст. Ин тағйирот бо воситаи фоиз муайян карда мешавад. Ташдид (шиддат)-и ин тағйиротҳо дар амалия ҳархела буда метавонанд. Тибқи ақидаи Камаев В.Д. чунин ваъзият ё худ вариантҳои чандирии нархии тақозо вуҷуд дошта метавонад:

– дар аснои на чандон боло рафтани нархҳо ҳаҷми фурӯш ба таври назаррас меафзояд, пас тақозо чандир аст;

– агар тағйироти 1% нарх афзоиши 1% ҳаҷми фурӯши молро таъмин кунад, онгоҳ чандирии тақозо ба 1 баробар аст;

– агар дар ҳолати хеле паст гаштани нарх ҳаҷми фурӯши молу маҳсулот чандон тағйир наёбад, онгоҳ тақозо ғайричандир дониста мешавад;

– агар ҳангоми харидани молҳо фақат як нарх мавҷуд бошад, онгоҳ чандирии тақозо интиҳо надорад;

– агар харидор доимо теъдоди якхелаву муайяни молҳоро харидан гирад ва онҳо ба нарх вобаста набошанд, он гоҳ тақозо ғайричандир ҳисобида мешавад. Ин ҳолату вазъиятро аз нақшаи зер мушоҳида кардан мумкин аст.

Аз таҳлили хатҳои Д2 хулоса бармеояд, ки агар:

– 1% паст рафтани нарх аз 1% камтар фурӯхтани молу маҳсулотро таъмин карда тавонад, пас он тақозои ғайричандир мебошад;

– 1% паст шудани нарх аз 1% зиёд фурӯхтани молро таъмин кунад, пас он (Д) тақозои чандир аст;

Нархи воҳиди маҳсулот

Ҳаҷми фурӯши маҳсулот

 

Нақшаи 1. Чандирии тақозо

– 1% паст шудани нарх маънои 1% фурӯхтани молро дорад, яъне он тақозои ягона ба ҳисоб меравад.

Бо ибораи дигар нақшаи эҳтимолии тақозои чандир ва ғайричандирро чунин тасвир кардан мумкин аст.

Р Р

D

Н а р х

 

D D

D

0 Q 0 Q

Маҳсулот Маҳсулот

Нақшаи 2. Нақшаи 3.

Тақозои ғайричандир Тақозои чандир

Одатан, вобастагӣ ва алоқамандии унсурҳои чандирӣ (ҳаҷми молу хадамот, нарх, тақозо, арза, эътидолӣ…) бо воситаи коэффисиент(зариб)-и чандирӣ ифода карда мешавад.

Коэффисиенти чандирии тақозо вобаста ба нарх (ЕРQ) ҳамчун нисбати тағйироти тақозо, ки таҳти таъсири нарх ташаккул меёбад, муайян карда мешавад. Он дар адабиёти иқтисодӣ бо воситаи чунин формула тасвир карда мешавад: Коэффитсиенти чандирнокии талабот аз рӯи нарх аз рӯи

формулаи зерин муайян карда мешавад:

 

= ё худ =*

Дар ин ҷо: Q – коэффисиенти чандирии тақозо;

ЕР – чандирии нархии тақозо;

– ҳаҷми афзудаи Q ва Р1;

Р – нарх;

Q – ҳаҷми фурӯши махсулот.

Коэффисиенти чандири(нархи)-и тақозо (, ЕР) нишон медиҳад, ки:

1. Дар натиҷаи ба меъёри 1% тағйир ёфтани нархи мол тағйирёбии чандинкаратаи тақозо мумкин аст. Дар ҳолате, ки пастшавии нарх бо баландравии тақозо подош карда мешавад ва ҳаҷми пули умумии ба даст омада бетағйир мемонад, онгоҳ чандирии тақозои ягона D1 (нақшаи 1) ҷой дошта метавонад, яъне ЕД = 1;

2. Вақте, ки пастшавии нарх тақозои ниҳоят ночизро ба вуҷуд орад, дар ин маврид тақозо ҳамчун ғайричандир сурат мегирад – D2 (нақшаи 1), яъне ЕД<1;

3. Дар ҳолате ки пастшавии нарх, мувофиқан, болоравии нисбатан зиёди тақозоро таъмин мекунад, онгоҳ тақозои чандир – D(нақшаи 1) ба миён меояд ва он ҳамчун ЕД>1 ба вуқӯъ мепайвандад.

Бояд тазаккур дод, ки омилҳои ба эътидолии тақозо таъсир расонда, мустақим ба чандирии тақозо низ таъсир мерасонанд. Дар ин ҷода таъсири омилҳои ғайринархии тақозо нисбатан зиёдтар мебошанд. Масалан, завқу лаззати истеъмолӣ, теъдоди муштариён дар бозор, даромади пулии муштариён (харидорон), нархи маводҳои қобили бадал (ҳамдигарро ивазкунанда), интизории истеъмолӣ нисбат ба нархҳо ва даромади оянда ва ғайра.

Завқу лаззати истеъмолӣ ҳангоми дигар шудани лаззат, таъсири таблиғот (реклама), мӯд ва ғайра зуҳур ёфта, талаботро нисбати ҳар як воҳиди нархӣ боло мебарад. Ба ин раванд тағйиротҳои технологӣ низ таъсир мерасонанд. Масалан, истеҳсоли мошинҳои тамғаи нав, яхдону радио, телевизор ва ғайра талаботро нисбати ин намуду чизҳои пештара (қадима) кам ё худ маҳдуд мекунад.

Теъдоди муштариён. Агар дар бозор теъдоди муштариён зиёд бошад, талабот паст ва шумораи онҳо кам бошад талабот баланд мешавад. Таносубан, нарх ва ҳаҷми мол ҳам тағйир ёфта, эътидолӣ ва чандирии тақозою арзаро тағйир медиҳад. Масалан, дароз шудани давомнокии умр талаботро нисбати хизматрасонии тиббӣ, афзун гардондани шумораи беморхонаҳо, хонаинтернатҳо барои пиронсолон ва ғайра зиёд мекунад.

Даромади муштариён(харидорон). Даромади пулии харидорон ба раванди тақозо метавонад таъсири ҳархела расонад.

Даромад ҳамчун пасандоз, дар шакли андӯхт, бевосита дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ истифода карда мешавад. Ҳангоми афзудани даромад талабот ба чизҳои нодиру қимматнок зиёд мешавад ва нархи онҳо боло мераванд. Дар ҳолати кам ё худ набудани даромад талабот ба чизҳои дуру дароз хизматкунанда (мошин, дастгоҳ, яхдон, мебель, телевизор…) ва молу хадамот кам мешавад. Таносубан паст шудани даромад ба пастравии нарх оварда мерасонад. Ба ин ҷараён теъдоди бекорон, ҳолати иқ-тисодӣ, вазъи иҷтимоиёт ва ғайра низ таъсир мерасонад.

Нархи маводҳои қобили бадал. Агар дар ҷомеа чизҳое вуҷуд дошта бошанд, ки ҳамдигарро иваз кунанд, онгоҳ дар ҳолати баланд шудани нархи яке талабот ба намуди дигари он зиёд мегардад ва баръакс. Равғани пахта ва равғани зағир, чой ва қаҳва, газворҳои пахтагину синтетикӣ ва ғайра мисол шуда метавонанд.

Интизории истеъмолӣ. Инсон ҳамеша зери таъсири омилҳои иқтисодӣ, алалхусус омилҳои табиӣ шуғл меварзад. Аз ин ҷиҳат, харидорон ҳамеша интизори молу маҳсулоти зиёду арзони соли оянда мебошанд. Дар аснои ҳодисаҳои нохуши табиӣ – хушксо-лӣ, нобуд гаштани ҳосили зироату чорво ва ғайра талабот ва нарх ба намуд ва навъҳои он зиёд мегардад. Масалан, агар меваро сармо занад, онгоҳ харидор, новобаста ба миқдор ва нарх онро то қадри имкон (дар соли кунунӣ) захира мекунад, ё худ камбудии онро аз ҳисоби ворид намудан аз хориҷ таъмин менамояд.

 

∆Q<∆P

Тақозои ғайричандир.

∆Q=∆P

Тақозои воҳидӣ

Р Р

 

D

D

 

 

Е = 0 Е =

 

0

Тақозои комилан Тақозои комилан

ғайричандир. чандир

 

3.2 Чандирии арза

Чандирии тақозо дар навбати худ ба чандирии арза низ таъсир мерасонад. Чандирии арза – тағйирёбии нисбии нархҳо ва миқдори онҳоро, ки ба фурӯш пешкаш карда мешавад ифода менамояд. Шиддати ин тағйиротҳо низ ҳархела мебошанд.

Дар адабиёти иқтисодӣ чунин лаҳзаҳои чандирии нархии арза фарқ карда мешавад: чандирии арза, чандирии ягонаи арза, ғайричандирии арза (ниг. нақшаи 4). Вобастагиҳои унсурҳои чандирии арза бо воситаи фоиз тасвир карда мешавад.

Ҳаҷми умумии маҳсулот

Нақшаи 4. Чандирии нархии арза

 

Ҳангоми чандирии ягонаи арза, 1% баланд шудани нархи молҳо, мувофиқан, 1% баланд шудани арзаю фурӯхтани онҳоро дар бозор таъмин менамояд. Дар ин шароит баробарҳаҷмии тағйироти нарх ва миқдори молҳои пешниҳодшаванда, ки коэффисиенташон баробари ES=1 аст, таъмин карда мешавад (нақшаи4 , хатти S).

Ҳангоми чандирии арза, 1% зиёд гаштани нарх қо-билияти аз 1% зиёдтар молҳои ба бозор пешниҳодшавандаро таъмин кардан дорад. Коэффисиенти чандирӣ дар ин асно ES>1 аст (нақшаи 4, хатти S1).

Ҳангоми ғайричандирӣ, тағйироти нарх ба зиёд гаштани ҳаҷми молҳои барои бозор тавсия шуда таъсире намерасонад. Дар ин ҳолат ES<1 аст (нақшаи 4, хатти S2).

Вариантҳои пешниҳодгардидаи чандирӣ таҳти омил-ҳои тақозою арза, омилҳои эътидолию чандирии тақозо, эътидолии арза метавонанд қарор гиранд. Чандирии тақозо, мустақиман, таҳти омилҳои зерин қарор мегиранд: таркиби хароҷот дар корхонаҳои гуногун, дараҷаи истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ, миқдори коргарони кирояи муваққатан озод, ҳолат ва суръати аз як соҳа ба соҳаи дигар гузаштани сармоя (капитал), андоз ва ғайра.

Чандирии арза ба монанди чандирии тақозо бо воситаи чунин формула муайян карда мешавад :

=: =*

дар ин ҷо:

– чандирии нархии (Р) арза (S),

Q, P – афзоиши иловагии маҳсулот (Q) ва нарх (Р).

3.3 Асосҳои назарияи интихоби истеъмолӣ

Эътидолӣ ва чандирии тақозою арза бидуни назардошти таҳлили назарияи манфиатнокӣ, муомилаи истеъмолӣ ва назарияи интихоби истеъмолӣ имконнопазир аст .

Манфиатнокӣ тибқи дархосту эҳтиёҷоти муштариён (харидорон), вобаста ба дараҷаи нарх, даромади субъектҳои иқтисо-дӣ, шумораи фурӯшандагону харидорон, теъдоди молу хадамот, тарзу услуби интихоб, нафънокии неъматҳо ва ғ. муайян карда мешавад.

Назарияи манфиатнокӣ ба мақсади интихоби тарз ва усулҳои мусоидтарину оқилонаи идораи иқтисод истифода карда мешавад. Он барои ҳаллу фасли чунин масъалаҳои асосии иқтисод нигаронида мешавад:

– оё маблағҳои ба таври илова масрафшаванда нисбат ба ҳаҷми аввала дараҷаи даромади истеҳсолкунанда, беҳтар гардидани шароити техникии онро таъмин карда метавонад?;

– оё ба даст овардани омилҳои иловаи истеҳсолот ва истеҳсоли молу маҳсулоти илова аз ҷониби харидор эътироф ва дархосту эҳтиёҷи онҳоро қонеъ гардонда метавонад?;

– сармоягузории иловагии ба ин мақсад сарф шуда самараи оқилона медиҳад?;

– интихоб ва ҳаллу фасли ин қарорҳо вазъ ва ҳолати фирмаро беҳтар карда метавонад?

Ин ва дигар гурӯҳи масъалаҳо бо воситаи методи таҳлили манфиатнокии интиҳоӣ (методи марҷиналистӣ) ҳаллу фасл карда мешаванд. Афзалияти ин усул нисбат ба усулҳои соддаю кӯр-кӯронаи ҳалли муаммоҳои иқтисодӣ дар он аст, ки он барои интихоби қарору қарордодҳои оқилонаю пурсамар имконияти бештар муҳайё мекунад. Барои амалӣ гаштани ин ҳадаф на меъёру нишондиҳандаҳои арифметикӣ, балки ҳудуди манфиатнокии онҳо ба назар гирифта мешавад. Барои муайян кардани ҳадди аксар(максимум)-у ақал(минимум)-и иқтисодӣ, методи ҳи-собкуниҳои дифференсиалӣ (тафриқавӣ) ва дар ҳолатҳои нисбатан мураккаб – тарзи барномарезии мустақим (хаттӣ, ба русӣ – линейный) ва барномарезии динамикӣ истифода карда мешавад.

Чорчӯбаи назарияи манфиатнокиро назарияи интихоби истеъмолӣ ташкил медиҳад. Интихоб ҷавҳари муайянкунандаи ҳодисаҳои иқтисодӣ мебошад. Ягон раванди иқтисодӣ (истеҳ-сол, тақсим, мубодила, истеъмол…) бидуни интихоб ташкил карда намешавад. Интихоб дар чорчӯбаи имконият сурат мегирад. Имкониятҳои субъектҳои иқтисодӣ (шахс, коллектив, гурӯҳ, ҷомеа…) бисьёрҷабҳаву мураккаб буда, тибқи омилҳои бозор – арза, тақозо, нарх, рақобат ба роҳ монда мешавад.

Бозор имконияти интихоби истеъмолиро густариш медиҳад. Он дар мояи имкониятҳои ягона, ё худ интихоби як ё ду ҳолати имконпазир (алтернативӣ) ташкил мегардад.

Ба ҳама равшан аст, ки одамон дар интихоб ва истифодаи молу хадамот рафтор ва муносибатҳои ҳархела доранд. Ҳанго-ми интихоб, хоҳ нохоҳ, яке аз чизҳои хоста гирифта нисбат ба чизҳои боқимонда беҳтар дониста мешавад. Бо ибораи дигар, интихоб дар чорчӯбаи тарҷеҳ (авло, афзал, беҳтару писандтар) ба роҳ монда мешавад. Масалан, ҳангоми таҳлили сирати духелаи мол К.Маркс ба масоили арзиш ва марҷиналистон – ба арзиши истеъмолии он (манфиатнокӣ) бештар таваҷҷӯҳ кардаанд.

Манфиатнокӣ миқдоран ченнашаванда мебошад. Онро ҳамчун нафънокӣ (К. Маркс), “ҳисси ҳаловат” (Э. Бем-Баверк) ё худ муносибатҳои “камтар”, “зиёдтар”, “баробар” (Д. Хайман) тасаввур мекунанд.

Интихоби молу маҳсулот аз ҷониби истеъмолгар на дар асоси ҳисобу китоби миқдории муомилаи оқилона, балки интихоби вариантҳои гуногуни алтернативӣ, яъне афзал доштани манфиати як мол нисбат ба моли дигар муайян карда мешавад.

Барои интихоби оқилона ва самаранокии вариантҳои алтернатив ба истеъмолгар зарур аст, ки ҳар яке аз онҳо ё худ кулли онҳоро аз нуқтаи назари аҳамияти қонеъ гардондани талаботи худ баҳо диҳад. Бо ибораи дигар, имкониятҳои гуногун, ё худ алтернативҳо бояд ба низом (система) дароварда шаванд. Маҳз охирон, яъне алтернативҳои ба низом даровардашуда ҳамчун тарҷеҳ (афзалиятнок, беҳтарин) истифода карда мешаванд.

Азбаски мақсади асосии истеъмолгар ба таври аксар (максимум) қонеъ гардондани талабот мебошад, вай молеро интихоб менамояд, ки нисбати он шавқу таваҷҷӯҳи махсус дорад ва он роҷеъ ба молҳои дигар манфиати бештарро таъмин карда метавонад.

Муомилаи оқилонаи инсон оид ба интихоби неъматҳо (мувофиқи ақидаи марҷинализм) ҳамчун натиҷаи фаъолияти субъ-ектҳои бозор, ки баҳри таъмин кардани дараҷаи мусоид ва қулайтарини некӯаҳволии шахсӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, сурат мегирад. Инсон, ҳар як ҷараён ва ҳодисаи иқтисодиро аз нигоҳи худшиносӣ ва ҷаҳондонии шахсии худ баҳо медиҳад. Ин раванди баҳодиҳии субъективии равандҳои иқтисодӣ фақат бахши молу хадамотро дарбар мегирад, чунин инсон аз нигаҳи марҷиналистон эҳтиёҷ танҳо ба онҳо (молу хадамот) дорад соҳаи иқтисод нақши тобеги(дуввӯмдараҷа)-ро иҷро мекунад.

Дар муайян кардани хулқу атвор(муомила)-и инсонӣ нақши муҳимро принсипи нодир, яъне маҳдуд будани ҳаҷм ва андозаи истеҳсоли молҳо ва таносубан пурра тобеъ будани нархи онҳо аз тақозо, ки дар навбати худ бо баҳои субъективӣ алоқаманд мебошанд иҷро мекунад. Бо ибораи дигар, муомилаи фарди алоҳида бо талаботи худи он, муомилаҳои хоҷагидорӣ ва тақозо вобаста мебошад.

Муомила(сулук)-и истеъмолӣ ҳамчун раванди ташаккули тақозои истеъмолгар оиди молу хадамоти гуногун сурат мегирад. Дар ин сифат он имкон медиҳад, ки истеҳсоли молу хадамот ва арзаи онҳо дар бозор инкишоф ёбад. Муомилаи истеъмолӣ аз ҳаҷм ва меъёри даромади одамон, ки вобаста ба тасаввури шахсии он оиди манфиати аксар (максималӣ) ва хариди қулайи неъматҳо тақсим карда мешавад, вобастагӣ дорад. Дар соҳаи тақсими даромад, одамон тақдири истифода ва интихоби неъматҳову хадамотро ҳал мекунанд.

Муомилаи истеъмолӣ ва интихоби алтернативҳои гуногуни манфиатнокӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки онҳо ҳамчун омили асосии тақозо сурат мегиранд. Кулли каҷхатҳои гуногуни неъ-матҳо ҳамчун сарҷамъи ҳар як моли алоҳида аз баста(пакет)-и неъматҳо ташкил карда мешавад. Онҳо ҳамчун кӯпрук, тавлидгару истеъмолкунандагонро ба ҳам пайваст намуда, соҳибкорон ва пешниҳодгарони молу хадамотро аз он водор месозанд, ки барои бозор чӣ қадар ва ба кадом андоза онҳоро пешкаш намудан имконпазир мегардад.

Тақозои бозории молҳо тибқи қонуниятҳои умумӣ (теъдоди муштариён, ҳаҷму сифати молҳо, манфиатнокӣ, муомилаи истеъмолӣ, интихоб, имконият, молҳои қобили бадал ва ғайра) су-рат гирифта, каҷхати он ҳамеша рӯ ба фуруд дорад. Ин ҷараён аз он гувоҳӣ медиҳад, ки нафънокии умумии молҳо, барои истеъмолгар баробари ҳарҷониба зиёд гардидани захираи он меафзояд, вале на ба он суръате, ки захира зам карда мешавад. Аз ин ҷиҳат нафънокии афзоиши ҳар як воҳиди мол, баробари зам шудани захираҳои навбатӣ, таносубан кам мешавад. Охирон, ҳамчун қонуни пастшавии манфиатнокии интиҳоии истеъмолкунанда ба тасвиб мерасад. Ин қонун баъзан ҳамчун қонуни иқти-содии пастравии тақозои истеъмолгар тавсиа карда мешавад.

Рӯ ба нузул (пастӣ) овардани манфиатнокии интиҳоӣ ҳангоми баҳодиҳии субъектви(шахси)-и ҳар як воҳиди ҷудогонаи молу хадамот, дар ҳолати аз нав харидану зам гардидани захираҳои навбатии он бештар зуҳур мегардад. Аз ин ҷиҳат манфиатнокии интиҳоии мол барои истеъмолкунанда дар шакли манфиатнокии интиҳоии харид (харидор дар ҳолати шубҳа – харидан зарур ё на) қарор дорад. Ҳар як афзоиши нафънокии молу чиз таносубан манфиати харидорро рӯ ба фано (нестӣ) мебарад. Ин таносубият дар асоси қонунияти: чӣ қадаре, ки харидор соҳиби молу чизи зиёде бошад, ҳамон қадар зиёдтар кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ки молҳои ба таври илова ҷалб кардашавандаро бо нархҳои нисбатан пасттар харида гирад. Чунки нафънокии молҳои дубора нисбат ба молҳои дар ибтидо харида шуда аҳамияти дуюмдараҷа дорад. Дар ин асно, нархи интиҳоии тақозо паст мегардад. Бинобар ин харидор ин гурӯҳи молҳоро то ба манфиати интиҳоии хариди он ба нархи молҳо баробар шудан харидан мегирад.

Муштариён, чи тавре ки маълум аст, интихоби молу чизҳои барояшон заруриро дар асоси муқоисаи дастаи молу хадамот ташкил менамоянд. Онҳо дар мояи даромади худ, сатҳ ва дараҷаи ташаккули нарх, тибқи имконияту зарурат метавонанд ин ё он намуди ба бозор пешниҳод шудаи неъматҳою хадамотро харида гиранд. Таркиби дастаи харид ва имконияти он на ҳама вақт якхела мебошад. Ҳамоҳанги(ба ҳам мутобиқгардони)-и молу хадамот дар лаҳзаҳои гуногун (соат, рӯз, ҳафтаи харид) имконнопазиранд. Чунки миқдор ва нархи молҳо, ҳаҷми тақозою арза, ғунҷоиши бозор ва ғайра дар ин давра доимо якхела боқӣ намемонад. Бинобар ин маҷмӯи интихоби дастаи истеъмолӣ, ки дараҷаи якхелаи талаботи истеъмолгарро таъмин менамояд бо воситаи каҷхати беэътиноӣ тасвир карда мешавад .

Либос

 

 

Нақшаи 5. Каҷхати беэътиноӣ

Дар ин ҷо:

КМ – хатти буҷаи истеъмолӣ,

V1,V2,V3,V4 – каҷхати беэътиноӣ,

Е – нуқтаи эътидолӣ дар истеъмол, нуқтаи ба ҳам мувофиқоии хатти буҷаи истеъмолӣ(КМ) бо каҷхати беэътиноии V3,

А,В,С,Д – нуқтаҳои интихоби дастаи молу хадамот, ки ба истеъмолгарон қаноатмандии якхелаи талаботро таъмин мекунанд.

Дар нақшаи 6 интихоби альтернативии истеъмолии байни ду гурӯҳи молҳо – хӯрока ва либос тасвир карда шудааст. Эътидолии истеъмолии ин гурӯҳи молҳо таҳти буҷаи пулӣ ташаккул меёбад.

Аз таҳлили нақша хулоса бармеояд, ки агар хатҳои беэътиноӣ аз нуқтаи буриш ё худ расиши Е поёнтар гузаранд (V1,V2), онгоҳ он аз нопурра истифода карда шудани хӯрокаю либос ба мақсади истеъмолӣ дарак медиҳад.

Хатти беэътиноии V4 нисбатан аз нуқтаи Е дуртар ҷойгир аст. Бинобар ин он аз имконияти бештар истифода шудани онҳо (либосу хӯрока) гувоҳӣ медиҳад. Дар ин ҳолат дараҷа ва ҳаҷми истеъмол аз имконияти даромад ва буҷаи шахсии истеъмолкунанда зиёдтар мебошад.

Ҳолати муозинии буҷа ва имконияти истеъмолии ҳар ду маҳсулот дар вақти ба ҳам расидани хатти V3 бо каҷхати КМ ба вуқӯъ мепайвандад. Дар нуқтаи ба ҳам омезиши онҳо, яъне нуқтаи эътидолии Е иваз кардани як мол ба моли дигар, вобаста ба дараҷа ва сатҳи нарх муайян карда мешавад.

Дар мавриди афзун гардидани даромади истеъмолгар, каҷхати КМ метавонад ба боло, ба тарафи рост майл кунад. Ин ҳолат дар натиҷаи паст шудани нархи яке аз онҳо (ё либос, ё хӯрока) ё якбора ҳар ду ба вуҷуд омада метавонад. Дар назарияи интихоби муомилаи истеъмолӣ ин авзо ҳамчун “самараи даромад” ё худ “самараи бадал” ном бурда мешавад.

Барои дар амал тадбиқ намудани ин мақсад ҳар як истеъмолкунанда кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки буҷаи оилавии худро барои ба даст овардани чизе сарф намояд, ки аз он манфиати аксар (максимум) муҳайё гардад. Манфиати аксар дар нақша – нуқтаи Е ба ҳисоб меравад.

Дар адабиёти иқтисодӣ манфиатнокии миёнаи интиҳоӣ (ММИ) ба воҳиди харҷи пулии даромади буҷаи шахсӣ ҳамчун таносуби зерин муайян карда мешавад .

манфиати интиҳоии интихоби молҳои X,Y,Z…

ММИ = ——————————————————————-;

нархи интиҳоии молҳои X,Y,Z…

8 Загрузки
test

Добавить комментарий