Бехатари озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бехатарии озуқаворӣ дастрас будани озуқавориро ба мардуми ҷомеа барои пеш бурдани ҳаёти солим ва фаъолонаи онҳо мефаҳмонад. Таҳти мафҳуми бехатарии озуқаворӣ мавҷудияти маводи хӯрока ба миқдори кофӣ, дастрасии он ба хонаводаҳо, новобаста аз он ки аз бозор мехаранд ё аз дигар манбаъ, имконияти харидорӣ намудан он, инчунин ба миқдори зарурӣ истеъмол кардани хӯрокворӣ дар назар дошта мешавад». Ҳолат, истеъмол, дастрасӣ ва мавҷудияти ғизои озуқа бояд дар ҳамаи зинаҳои ҷамъиятӣ – зинаи хонавода ва шаҳрвандони алоҳида (зинаи микро), зинаи ҷамоатӣ (шаҳрак, ноҳия, вилоят), ки зинаи мезо номида мешавад ва зинаи миллӣ ё глобалӣ, ки зинаи макро номида мешавад, кофӣ бошад. Сифати маводи озуқа маҷмӯи хосиятҳое мебошад, ки дараҷаи барои истеъмол мувофиқ будани маҳсулотро муайян намуда, бо якчанд нишондиҳандаҳо муайян карда мешавад. Аз ҷумла: нишондиҳандаи пурарзишии маводи хӯрока – хосияти истеъмолӣ (намудҳои таом, лаззат, ранг, бӯй, намуди зоҳирӣ, ҷиҳати ҳазмшавӣ, тезпазию тезҳазмшавӣ); нишондиҳандаҳои биологӣ (ҳайати органикии хӯрок, ҳайати витаминҳо, минералҳо, моддаҳои фаъоли ғизодеҳ); нишондиҳандаҳои аз ҷиҳати санитарию эпидемӣ бенуқсон ва беиллат будани хӯрока; безарарӣ барои саломатӣ (аз бактерия, вирусҳо, моддаҳои заҳрнок, аз ҳашароти зараррасон озод будани маводи хӯрока). Сифати маҳсулоти истеъмолшаванда бояд аз санҷишҳои санитарӣ ба тариқи назорати риояи қоидаҳо ва меъёрҳои тайёр намудани хӯрок, нигоҳдорӣ, кашондан, фурӯши маҳсулот гузаранд. Назорати лабораторӣ ва тозагии хӯрок аз ҷониби хадамоти санитарӣ бояд мунтазам бо роҳи ташхиси микробиологӣ сурат гирад. Буллетени иттилооти оморӣ дар бораи бехатарии озуқа ва камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ, ки ҳоло таҳия мешавад, мақсад дорад маълумотро оид ба масъалаҳои бехатарии озуқаворӣ дар мамлакат оид ба мавҷудият ва таъмини хӯрокворӣ, истеҳсоли минбаъдаи он, нишондиҳандаҳои дастрасӣ ва инчунин истеъмолу ҳазмкунии он ҷамбаст намояд. Маълумотҳои саҳеҳ доир ба рафти иҷрои Ҳуҷҷати Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ, нишондиҳандаҳо доир ба хӯроки аҳолӣ ва гурӯҳҳои гуногуни он, инчунин маълумотҳо дар бораи баланси озуқаворӣ дар доираи мӯҳлатҳои семоҳаҳо ва солҳо аз рӯйи намудҳои асосии озуқа дар Буллетени номбурдаи оморӣ барои солҳои 2004-2006 оварда шуда, мавриди таҳлили иқтисодӣ қарор гирифтаанд. Яке аз дастовардҳои тадқиқоти биотехнологӣ – усули ҳосил намудани организмҳои нав –маҳсулоти аз ҷиҳати генетикӣ ба тағйирёбии ғайриирсӣ асосёфта – «МГТҒИ» мебошад). Ин моддае мебошад, ки тавассути усули муҳандисии ирсӣ ба он генҳои бегона ворид шудаанд. Ингуна моддаро қаблан бо усулҳои анъанавии дурагакунӣ ба даст овардан имконнопазир буд. Ҳоло як қатор навъҳои зироатҳои аз ҷиҳати генетикӣ ба тағйирёбии ғайриирсӣ асосёфта пайдо шудаанд, ки дар бозори маҳсулот ба худ бештар бо роҳи ниҳонӣ роҳ ёфтаанд: – навҳои картошка, пахта, ҷуворимакка, зироати лӯбиёие, ки аз таъсири ҳашароти зараррасон ҳифз шудаанд; – зироати пахта, тамоку, кадуе, ки аз таъсири вирус озод мебошанд; – навъҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашудаи ҷуворимакка, пахта, қандлаблабу, соя, маъсар ва чанди дигар зироате, ки ба гербитсид тобовар мебошанд; – навъҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашудаи буттамеваҳое, ки ба хусусиятҳои нави ферментӣ соҳиб шудаанд, чунончи, ба ҷои қанд дорои сафедаи махсусе мебошанд, ки барои истеъмол ба беморони касалии қанд безарар аст, катализаторҳое, мӯҳлати нигоҳдории маҳсулотро дароз мекунанд, гормонҳое, ки инкишофи сабзишро вусъат медиҳанд ё суст мекунанд ва ғайра. Пайдошавии маҳсулоти дорои хосиятҳои нави биологӣ барои инсон то чӣ андоза фоидаовар ё зараровар аст, ҳоло посухи якзайли худро наёфтааст. Маълум аст, ки навҳои зироати ирсияташон тағйирдодашуда афзалиятҳои худро доранд, бинобар ин дар ҷаҳон ҳоло тавлиди ингуна маҳсулот сол аз сол зиёд мешавад. Аз рӯйи баъзе маълумотҳо дар дунё кишти зироати МГТҒИ майдони 58,7 млн гектарро фаро гирифтааст, аз ҷумла дар ИМА бошад ба ин мақсад 45 млн. гектар замин ҷудо карда шудааст, 80% истеҳсоли пахта, 60% зироати соягӣ дар асоси технологияи биотехнологӣ сурат мегирад. Дар ҷаҳон қисми зиёди маводи дорувору дар асоси усули биотехнологӣ истеҳсол карда мешавад. Дар Федератсияи Россия дар Маркази меъёргузорӣ ва сертификатсияи Вазорати тандурустии Россия зиёда аз 100 намуди маҳсулоти озуқа ба қайд гирифта шудааст, ки дар асоси маводи генетикии тағйирдодашуда истеҳсол мешавад. Бинобар ин эҳтимолияти ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гаштани озуқаворӣ ва дорувории аз маводи генетикии тағйирдодашуда тайёрмешуда вуҷуд дорад. Масалан ҳоло равғани соя, ки дар мағозаҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш меравад, тамғаи «ГМИ» доранд, ба орди соявӣ, маводи хӯрокаи аз ҷуворимакка, картошка ва дигар зироатҳо тайёршуда низ чунин тамғаҳо гузошта шудаанд. Вусъатёбии технологияи «МГТҒИ» дар ҷаҳон хатар ва бехатарии биологиро чун унсури нави бехатарӣ ба миён овард. Хатари биологӣ намуди хатаре мебошад, ки барои саломатӣ ва ҳаёти инсон пайваста ба таъсири унсурҳои табиати биологӣ таҳдид мекунад, бехатарии биологӣ бошад ин муҳофизати ҳар як инсон, ҷомеа ва давлатро аз таҳдиди эҳтимолӣ ва воқеиро дар бар мегирад. Густаришёбии ин хатар ҷомеаи ҷаҳонро водор сохт, ки бо дарназардошти таъсири манфии ин хатар чораҳои пешгириро андешад. Чунончи, соли 2000 дар Монреал ҳуҷҷате қабул гардид, ки «Протоколи Картехан оид ба бехатарии биологӣ» ном дошта низоми байналмилалие мебошад, ки тибқи талаботҳои он ҳифзи муҳити зист ва суръати баланди саноати биотехнологӣ ҳамоҳанг карда мешаванд. Организмҳои наве, ки дар табиат қаблан вуҷуд надоштанд, пайдоиши онҳо хавфи ҷиддиро пешгӯӣ мекунад: ба тариқи сунъӣ ҷорӣ намудани генҳои бегона ҷараёни ба низомдаровардашудаи эволютсияи назорати ирсии ҳуҷайраро вайрон месозад. Пешакӣ муайян намудани рафтори ирсҳои навворидшуда ғайриимкон буда, оқибатҳои ногувори пайдошавии моддаҳои нави барои инсон зараровар, пайдошавии вирусҳои қаблан номаълуми хавфнок, дар ин асос коста шудани муҳити зист ва гуногунии биологии табиат ва ғайра мардумро ба ташвиш овардааст. Аз ин рӯ нисбати «МГТҒИ» ҷиҳатҳои мусбат ва манфии он ақидаҳои мухталиф пайдо шуданд. Як гурӯҳ кашфиёти навро бо имкониятҳои чашмнодидаи инкишофи фаъолияти селексионӣ, рушди истеҳсоли озуқа вобаста кунад, гурӯҳи дигар пурра зидди ин равия ва густаришу истифодаи он буда, таклиф мегузорад, ки қатъ карда шавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло иттилооти пурра дар бораи воридоту содирот, истифодаи маводи «МГТҒИ» вуҷуд надорад, бинобар ин дар оянда назорати гумрукӣ, Нозироти давлатии карантин, «Тоҷикстандарт», Нозироти давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ дар ин бахш фаъолияти худро бояд фаъол гардонанд. 1) Шарҳи возеҳтари мафҳумҳо: Озуқаворӣ ва ғизо ҳамон вақт аз бехатарӣ таъмин ҳисобида мешаванд, ки агар озуқавории мувофиқ (аз ҷиҳати миқдор, сифат, бехавфӣ, аз нуқтаи назари иҷтимоию фарҳангӣ маъқул) мавҷуд ва дастрас буда, ҳамаи ашхос доимо барои таъмини ҳаёти фаъол ва солим чунин озуқавориро қаноатмандона истеъмол ва ҳазм кунад. Истеъмол ва ҳазм намудани озуқа нишондиҳандаи ниҳоии бехатарии озуқаворӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо сухан дар бораи на танҳо интихоби ин ё он намуди озуқа, балки таркиби он, усули тайёр намуда дар байни аъзоёни оила тақсим намудани хӯрок, имконияти қабул ва ҳазм намудани ин озуқа аз тарафи организми инсон, усули парҳезкунӣ меравад. Ингуна имконият тақозо мекунад, ки озуқа хушсифат буда, иқтидори калориядориаш ба меъёрҳо мувофиқ бошад. Дар қатори ин муҳайё будани муҳити мусоид барои саломатии инсон, шароити нигоҳдории озуқа, оби нӯшокии тоза, вазъи саитарӣ низ дар назар дошта мешавад. Мавҷуд будан: бехатар ва кофӣ будани озуқаворӣ аз ҷиҳати миқдор ва сифат. Дастрас будан: ҳамаи хонаводаҳо ва ҳамаи аъзои онҳо барои харидорӣ намудани миқдори зарурии озуқаворӣ (аз ҳисоби истеҳсол, харид ва ёрӣ) ба қадри кофӣ захира (имконот) дошта бошанд. Устуворӣ: доимо мавҷуд ва дастрас будан, истеъмол ва ҳазм кардани хӯроквориро мефаҳмонад. Аз мунтазам дастрас набудани озуқаворӣ, аз норасоии доимӣ ё муваққатии он баъзе ашхос азият мекашад.

Адабиётҳо

  1. Ғаниев Т.Б. Менеҷмент к.1-6. Китоби дарсӣ. Душанбе, Ирфон. 2004-2010с.
  2. Ғаниев Т.Б. Ташкили менеҷменти захираҳои башарӣ. Душанбе, дмт, 2011 – 472 с.
  3. Ғаниев Т.Б., Одинаев Ҳ.А. ва диг. Менеҷмент /Дастури таълим. – Душанбе, ДДМТ,  1993.-117 с.
  4. Материалы Республиканской научно – практической конференции «Продовольственная безопасность Республики Таджикистан».-Душанбе: Центр стратегических исследований при Президенте Республики Таджикистан.
  5. Всемирная Продовольственная программа в Таджикистане, 2005.- 263 с.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *