Таназзули феодализм ва ташаккули хоҷагии капиталистӣ

 

    1. Тавсифи умумии иқтисодиёти Аврупои Ғарбӣ дар шароити таназзули феодализм
    2. Заминаҳи иқтисодии кашфиётҳои азими ҷуғрофӣ
    3. Натиҷаҳои иқтисодии кашфиётҳои азими ҷуғрофӣ:

а) Ба миён омадани системаи мустамликадорӣ;

б) «Инқилоби нарх» дар Аврупои Ғарбӣ;

в) Ташкил ёфтани бозори ҷаҳонӣ;

4.1 Тавсифи умумии иқтисодиёти Аврупои Ғарбӣ

дар шароити таназзули феодализм

Дар давраҳои охири асрҳои миёна асрҳои XV – XVII дар Аврупои Ғарбӣ т аназзули феодализм ба мушоҳида мерасид ва он дар кишварҳои Аврупои Ғарбӣ нобаробар ба амал меомад. Ин ба як сисила вазъиятҳои таърихии ба арсаи вуҷуд омада ва, қабл аз ҳама, ба дараҷаи инкишофи қувваҳои истеҳсолӣ восита буд. Пеш аз ҳама ин раванд Италияи Шимолӣ, Нидерландия сар шуд. Дар Инглистон ва чанде баъдтар – дар Фаронса, Гемания, Испания ва дигар мамлакатҳо баъдтар ба амал омад. Ин протсесси қонунманду ногузир дар асари худ натиҷаҳои бузурги иҷтимоию иқтисодиро ба бор овард. Дар қаъри ҷамъияти феодалӣ унсурҳои тартиботи капиталистӣ пайдо шуда, барои инқилоби ояндаи буржуазӣ заминаҳо ба вуҷуд меоварданд. Лаҳзаи ибтидоии таназзули феодализм болоравии антагонизми ду шакли моликият – феодалӣ ва деҳқонӣ буд. Дар ибтидои асрҳои миёна ҷамоаи озод ба моликияти феодалӣ муқобил меистод. Бо эҳё гардидани шаҳрҳо моликияти хурд миёни ин моликиятҳо паногоҳ паӣдо кард.Шаҳрҳо аз доираи милки феодалӣ берун афтода, соҳаи истеҳсолоти молии хурд, муҳити амалкардаи қонуни арзиши қарор ёфтанд. Бинобар ин , таназзули феодализм дар ибдтидо маҳз дар шаҳрҳо оғоз гардид ва капитализм аз рӯи пайдоишаш зуҳуроти шаҳрӣ буд. Дар давраи тараққиёти асри миёнагӣ дар шаҳрҳо сармоҳияи бузург, ки аз ҳисоби мубодилаи нобаробар ва инкишофи судхӯрӣ пайдо мешуданд, ташаккул ёфтан гирифтанд. Судхӯрӣ ба дараҷае даромаднок буд, ки ба он тоҷирони шаҳр, аҳли калисо, даҳрҳо, силкҳои ритсарии рӯҳонӣ машғул мешуданд. Дар Флоренсия дар асри XIV бештар аз сар ширкати тиҷоратию судхӯрӣ вуҷуд дошт. Ин ширкатҳо дар бозори пули мамлакатҳои Аврупои Ғарбиӣ мавқеи имтиёзнокеро соҳиб буданд. Чунон ки К. Маркс навита буд, шаҳр дар асҳои миёна деҳаро истисмор мекард, тоҷирону судхурон ҳатто аъёни феодалиро ғорат мекарданд. Яке қисми сармояи фароҳамкардаи тоҷирону судхун ба доираи истеҳсолот роҳ ёфт. Ба миён омадани мануфактура: моҳутбофӣ дар Италияи Шимолӣ, Нидерландия ва саноъати кӯҳкорӣ дар Германия аз ин боб шаҳодат медиҳанд. Мануфактураҳои парокандаву муттамаркази аз нигоҳи иқтисоӣ баркамлтаре пайдо шуданд. Моликияти буржуазии ба моликиятифеодалӣ муқобилияткунанда ва ба ҳайси замини иқтисодӣ ба тарзи нави капиталистии истеҳсолот хидмтматкунанда ташаккул ёфт. Муборизаи ду шакли моликият ба марҳилаи наве қадам гузошт, ки аз фарорасии давраи инқилобҳои зидди феодалӣ пешакӣ хабар медод. Ба муборизаи ин шаклҳои моликият чунон, ки таърихи Нидерландия, Инглистон, Фаронса ҷангҳои иёлоти Амрикои Шимолӣ, дар асри XVI – XVIII нишон медиҳанд, дахолат менамоянд. Дар деҳоти ин давра ихтилофоти дохилии режими феодалӣ инкишоф меёфт. Баъзе унсурҳои крепостнойчигии шахсӣ аз байн мерафт. Гузаштан ба системаи оброкӣ пеш меомад, ки он аҳамияти прогрессивӣ дота, барои инкишофи хоҷагиҳои деҳқонӣ паҳнои домандор мекушод ва гузаштан ба ҷои пуллии оброкиро пеш меовард. Оқибат феодалҳо вазифаҳои хоҷагидории хешро аз даст медод, ва пойяҳои хоҷагиҳои натуралии феодализм футур меёфтанд. Деҳқонон ба таври иҷборӣ ба фаъолияти тиҷоратию саноъатӣ ҷалб карда мешуданд. Системаи оброкӣ дар мавридҳои беқурб шудани пул беқадр гардидани рентаи феодалиро раво медонист, бенавоии табақаи двориянӣ мавқеи феодализмро суст мекард. Дар таназзули феодализм омилҳои сиёсӣ – барқарор шудани ҳокимияти мутлақ дар Фаронса ва Инглистон нақши муҳим дошт.Давлатдории муттамарказ ҷодаҳои тиҷоратро дар ҳама ҷо боамнияттар гардонд, ки он суръати инкишофи шаҳрҳо, меркантелизмро пеш мебурд – саноъати ватаниро ҳимоят менамуд, мануфактураро фаъолона ҷорӣ мекард. Дар сукути феодализм шӯришҳои деҳқонии асрҳои XIV – XVI нақши барҷаста бозиданд. Инқилобҳои буржуазии асрҳои XVI – XVIII ба мавҷудияти феодализм комилан хотима дода ба ғалабаи капитализм дар Аврупои ғарбӣ оварда расонд. Дар таназзули феодализм, барқарор гардидану инкишоф ёфтани тарзи капиталистии истеҳсолот омилҳои беруна, аз қабилаи кашфиётҳои азими ҷуғрофӣ нақши муҳим доштанд. К. Маркс навишта буд, ки «инқилобҳои бузурги дар тиҷорати асрҳои XVI – XVII ба амаломада дар робита бо кашфиётҳои ҷуғрофӣ ва зуд пеш бурдани инкишофи сармояи тиҷоратӣ, яке аз лаҳзаҳои асосиеро ташкил медиҳанд, ки ба гузаштани тарзи феодалии истеҳсолот ба капиталистӣ мусоидат кардан».

    1. Заминаҳои иқтисодии кашфиётҳои азими ҷуғрофӣ

Кашфиётҳои азими ҷуғрофиро на амри тасодуф, балки тақозои раванди инкишофи иқтисодёти Аврупои ғарбӣ ба бор овард. Ин кашфиётҳо натиҷаи кӯшишҳои зиёди инсоният, таҷрибаи ғании чандинасраи ӯ буданд.Кашфиётҳои азими ҷуғрофӣ сабҳои зиёде доштанд. Яке аз ин дастовардҳои киштисозӣ буд. Навъи нави киштиҳои бодбонӣ сохта шуд, ки бо он экспедитсияи Х. Колумб уқёнуси Атлантикро (соли 1492) убур кард. Аз охири асри XII дар баҳрнавардӣ компас мавриди истифода қарор гирифт. Картография Такмил ёфт, асбобе ба номи портолан ихтироъ гардид, ки тарҳи соҳилҳову бандаргоҳҳоро нишон медод. Тасаввурот дар бораи куррашакл будани замин собит шуд. «Хирси тилло»-и овозадор омили бузурги он гардид, ки ҳасрати шаҳонро аз ваҷҳи пур кардани хазина, шавқи моҷароҷӯёнро ба сарватғундорӣ истифода мекард. Барои гардиши моли рӯ ба рушд тиллову нуқра чун филиззи пулӣ кифоят мекард. Парастиши пул сар шуд. «Партугалиҳо дар соҳилҳои Африқо, дар Ҳиндустон, дар саросари Шарқи Дур тилло меҷустанд; тилло ҳамон вожаи соҳиронае буд, ки испаниҳоро аз роҳи уқёнуси Атлантик ба Амрико меронд; сафедпуст баробари қадам гузоштанаш ба соҳили тозакашф, аввалин коре, ки пеш мегирифт, талабгории тилло буд», – навиштааст Ф. Энгелс. Раванди ногузирии тақсимшавии милкҳои феодалӣ табақаи хурди дворянии худро ба арсаи вуҷуд овард, ки аз байни онҳо бисёр моҷароҷӯёни дар орзуи ба даст овардани тилло, ғасб намудани милкҳои калони заминдорони сарзаминҳои моварои баҳр баромаданд. Деҳқонони аз зулми крепостнойчигӣ норозӣ омода буданд, ки дар ҳар гуна экспедитияҳои хатарнок иштирок бикунанд, фақат ба хотири он ки аз қашшоқию худсарии хӯҷаинҳо раҳо ёбанд. Манфиатҳои тиҷоратӣ низ ҷиҳати муҳим доштанд. Аз тарафи туркони салҷуқӣ ишғол шудани Қустантания (Константинопол) тиҷорати левантиниро қатъ кард. Ҳамаи ин ҳолатҳо испаниҳо португалиҳо, андаке баъдтар фаронсавиҳою голандиҳо ва инглисҳоро ба экпедитсияҳои ҷуғрофӣ ҳавасманд гардонданд. Русия дар таҳқиқу аз худ кардани соҳилҳои шимолии Осиёю Амрико, Уқёнуси Яхбастаи Шимолию Ором нақши барҷастае бозид.

    1. Натиҷаҳои иқтисодии кашфиётҳои азими ҷуғрофӣ

Натиҷаҳои иқтисодии кашфиётҳои азими ҷуғрофӣ ниҳоят муҳим ва гуногун буданд. Онҳо иборатан аз

– раванди андӯхти ибтидоии сармоя;

– афзоиши заминаи тиҷорат (тиҷорати ҷаҳонӣ, уқёнусӣ гардида қаламрави аврупоии он 6 маротиба зиёд шуд);

– васеъ шудани ҳудуди байналхалқии тақсимоти меҳнат;

– афзудани гардиши мол;

– дигар шудани тарзи тиҷорат (биржавию ҷаллобӣ гардидани он);

– зиёд шудани сармояи аврупоӣ (дар Фаронса, Инглистон, Германия 2 -3, дар Испания – 5 маротиба афзуд), роҳ ёфт ба тараққиёти саноъат ва ба инкишофи мануфактура;

– ҷой бадал кардан ба уқёнусҳо Атлантикву Ҳинд пайдоиши роҳҳои тиҷорат, аз байн рафтани нақши Баҳри Миёназамин.

Аз миёни натиҷаҳои Кашфиётҳои Азими Ҷуғрофӣ ақалан се натиҷаи муҳимтарини онро боист ҷудо кард, ки маҳз инҳоанд:

– ба вуҷуд омадани системаи мустамликадорӣ;

– «инқилоби нарх» дар Аврупо;

– пайдоиши бозори ҷаҳонӣ;

а. Ба вуҷуд омадани системаи мустамликадорӣ Муҳимтарин натиҷаи кашфиётҳои азими ҷуғрофӣ ба вуҷуд омадани системаи мустамликадорӣ ва истисмори мустамликаҳо гардид. Дар ҷилди 1-и «Капитал»-и К. Маркс моҳияти ташкил ёфтани системаи мустамликадорӣ чунин тавсиф ёфтааст: дар ин замина ғасб шудани заминаҳои мовари уқёнус, маҷбуран бурун кашидани сарватҳои онҳо, мубодилаи ғайриҳамарзиши иҷбории молҳо.Дар асри XVI дар заминаҳои истилошудаи моварои уқёнус нахустин империяҳои мустамликавӣ – португалӣ ва испанӣ пайдо шуданд. Мувофиқи қарордоди соли 1494 оид ба тақсими ҷаҳон, ки кафилаш папаи Рим буд, Испания ва Португалия хати тақсимро миёни мулкҳои моварои уқёнусӣ аз рӯи меридине муқаррар карда буданд, ки аз уқёнуси Атлантик мегузашт. Кулли мустамликаҳои мустамликавии аз ин хат дар самти Ғарб қарор дошта, аз они испаниҳо эълон шуда буд, дар самти Шарқ буда – аз они португалҳо.Системаи мустамликадории португалӣ асосан бо усули мустамликагардонии «Нуқтагӣ» тартиб ёфта буд. Худи давлати мустамликадор калон набуд (аҳолиаш тақрибан 1 милион кас) ва наметавонист он миқдор сарбоз гузорад, ки барои нигаҳдориву ба итоъат овардани соаҳои калон ллозим аст. Бинобар ин, португалиҳо асосан бо сохтани «нуқтаҳо»-и стратегии ҳарбию тиҷоратӣ-факторияҳо дар соҳилҳои уқёнус муҳдуд мегардиданд, ки аз ин ҷо дорувору дигар ашъёи арзишманди аз мардуми бумӣ ғораткарда, ё ба роҳи мубодилаи ғайри камарзиш ба даст овардаашонро ба Аврупо равона намоянд. Омилҳои португалӣ дар ҷазираҳои Атлантик, дар Африкои Нанубу Шарқӣ, дар ҷазираҳои Ҳинд, дар нимҷазираи Малакка, дар галаҷазираҳои Зонд, ҷазираҳои Мулк Чин маҳз ҳамин нақшро ба ҷо меоварад. Танҳо дар Бразилия – ягона мустамликаи Португалия, дар Амрико хоҷагиҳои калони палантатсиягии истеҳсоли қаҳва, шакар, тамоку ташкил дода буданд. Империяи бузурги мустамликадории Испания дар миёнаи асри XVI дар Амрикои марказию ҷанубӣ ба вуҷуд омад. Ғосибони испанӣ дар солҳои 20-ум ва 30-юми асри XVI бойтарин ва сераҳолитарин қисми Амрико – давлати атстекҳо (ҳиндуён)-и Мексика ва инкҳои Перру – маъвои тамаддуни бостониро дар қораи Амрико нисбатан осон забт карданд. Дастаҳои камшумори ғосибон бо аслиҳаи оташфишони худ дар миёни мардуми бумӣ даҳшат афканда, мардуми маҳаллиро аз имконияти муқобилат кардан маҳрум сохта, маккорона сарзаминашонро забт ва пешвоёни оллирутбаашонро қир мекарданд. Дар ибтидо усули асосии истисмори мустамликаҳо рӯирост ғорат кардан буд. Минбаъд ба ҳукмронии сиёсии умумӣ такя намуда, тамаъҷӯии андозгириро ҳамаҷониба ба кор мебудагӣ шуда, аҳолии маҳаллиро то ба маъюсӣ мерасониданд. Аммо аз истисмори мустамликаҳо даромади асосиро ба португалиҳову испаниҳо тиҷорат меовард. Онҳо мардуми такҷоиро бо тукмаҳои хушранг, асбоби зиннат, бозичаҳо, ҳошияҳои тӯрӣ, нӯшокиҳои хуморовар ва ҳа гуна майдачудаҳо таъмин мекарданд, ки аз аврупо ба нархи арзон харида овардаву дар мустамликаҳо бо тиллою нуқра, сангҳои қимматбаҳо ва марворид, матоъҳову дорувору хушбуйҳо, шакару анвои чубҳои арзишнок иваз мекарданд. Даромад аз амлиёти тиҷоратӣ ба 300-400 ва гоҳ то ба 800 фоиз мерасид. Хусусияти фарқкунандаи системаи мустамлика-дории Испания маҷбуран истифода шудани меҳнати Ҳиндиҳо дар милкҳои мустамликадорони испанӣ гардид, аз ҷумла дар милкҳое, ки ба калисо таалуқ доштанд. Мардуми тагҷоиро бо зӯрӣ ва ба таври оммавӣ ба кори конҳои тиллову нуқра, палантатсияҳои найшакар сафарбар мекарданд. Онҳоеро, ки сар намефўроварданд, нобуд месохтанд, оташ мезаданд, деҳ – деҳ ба қатл мерасонданд. Ин ба таври оммавӣ нест шудани аҳолии маҳаллиро бор овард. Ҳамин тавр, ҷазираи ямайка, ки дар соли 1503 50-ҳазор нафар сокини бумӣ дошт, баъди 50 сол дар он ҷо ягон нафар ҳам боқӣ намонд. Дар Перру ва Чилли дар зарфи нимаи дуюми асри XVI аҳолии тагҷоӣ аз 1,5 миллион то 300 ҳазор ихтисор ёфт. Мустамликадорон норасии қувваи кориро дар амрико аз ҳисоби ғуломони зангии аз Африқо оварда пур мекарданд. Африқоиҳои ҷисман пуртоқаттар дар мустамликаҳои испанӣ қувваи истеҳсолкунандаи асосӣ гардиданд. ғуломфурӯшӣ кори ниҳоят даромаднок буд: пешвоёни қабилаҳои Африқоӣ садҳову ҳазорон нафар табақаи худашонро дар бадали нӯшокиҳои дилхушкунанда ва ҳар гуна чизу чораи зебу зиннати хона, бозичаҳои ба ғуломҷаллобон мефурӯхтанд. Ва агар дар ин маврид ғулом 12 гулден арзиш дошта бошад, нархи вай дар Амрико то ба 300 гулден мебаромад. Аксар вақт ба мақсади фурӯш рӯирост кашида гирифтани одамон пеш гирифта мешуд. Рейсҳои киштиҳои ғуломфурӯшон ҳамасола дар бозорҳои Амрикоӣ 4-6 ҳазор ғуломани Африкоиро ба фурӯш мегузоштанд. Дар бозорҳои Амрико ғуломони Африкоиро маъмулан на худи мустамликадорони испанӣ ба фурӯш мегузоштанд, балки тоҷирони Голандия, Инглистон ва Фаронса ин корро ба ҷо меоварданд. ғуломфурӯшӣ байни кишварҳои аврупоӣ воситаи аз нав тақсим карда шудани даромад аз истеъмори империяҳои мустамликавии Испания ва Португалия гардид. Илова бар ин дар асрҳои XVI-XVII Инглистон, Голандия ва Фаронса дар ҳавзаи баҳри Қариб фаъолияти дар баҳрҳо ғоратгарӣ карданро васеъ ба роҳ монданд. Ғоратгарон ба флоти испании аз Амрико ба метрополия тиллову нуқра кашанда мутаасилан ҳамла мебурданд. Ҳамаи ин ба миқдори зиёд кашондан бурдани филлизоти асил ба нафъи англия ва дигар кишварҳои аврупоӣ оварда расонд. Ба сифати давлатҳои мустамликадор боло рафтани Испанияю Португалия нисбатан дер давом накард. Аъёни феодалии Испанияю Португалия сарвати аз мустамликаҳо ба даст омадаро ба мақсадҳои ғайриистеҳсолӣ сарф мекарданд, асосан барои хариди асбоби таҷаммул истифода мебурданд, ҳол он ки Инглистону Фаронса инкишофи саноъату тиҷоратро ҳавасманлд мекарданд. Бинобар ин, тааҷубовар нест, ки мавқеи Инглистон, Фаронса ва Голандия дар бозорҳои мустамликавӣ мустаҳкам мешуд ва онҳо барои тараққиёти капитализм ва ба вуҷуд овардани империяҳои мустамликавиашон аз кашфиётҳои ҷуғрофӣ самарабахш истифода бурда тавонистанд. б. «Инқилоби нарх» дар Аврупои Ғарбӣ. Натиҷаи дигари муҳимми кашфиётҳои азими ҷуғрофӣ «инқлоби нарх» буд. Ин воқия дар зарфи асри XVI ба молҳои хоҷагии қишлоқ ва саноат ниҳоят зуд баланд рафтани нархҳо ифода ёфт. Агар то асри XVI нархҳо асосан устувор буда, фақат дар давраи ҷангҳову офатҳои табиӣ тағйир меёфта бошанд, пас, аз солҳои 30-юм сар карда то охири асри XVI ҳамин нархҳо дар Испания 4, (ба маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ҳатто 5 маротиба), дар Фаронса –ба ҳисоби миёна 2,3, дар Инглистон 2,5, дар Германия-ду, дар Аврупои ғарби, ба ҳисоби миёна -2 -2,5 маротиба баланд рафтанд. Чунин ҳаракати нархҳоро ба миқдори зиёд расидани филиззоти қиматбаҳо ба Аврупо, ё ба дигар кишварҳо. рафтани онҳо, чунон ки ин воқиа дар Испания рӯй дода буд, алоқаманд мекарданд. Аз заминҳои нав миқдори зиёди тиллову нуқра ба Аврупо ворид гардида буд. Ба ин муносибат миқдори тилло дар Аврупо дар як худи асри XVI тақрибан аз 550 ҳазор то 1192 ҳазор килограмм, ё бештар аз 2 маротиба афзуд, миқдори нуқра – аз 7 миллион то 21,2 миллион киллограмм, ё худ зиёда аз 3 маротиба изофа гардид. Аммо сабаби воқеии «инқилоби нарх» на афзудани миқдори филлизоти пулӣ, балки фуромадани арзиши онхо буд. К.Маркс фаҳмонда буд, ки арзон гардидани тиллову нуқра ба он алоқаманд аст, ки филлизоти асил аз конҳои ниҳоят мамлӯ бо меҳнати арзони крепостнойҳову ғгуломон, баъзан ҳатто бо ғорати рӯирост ба даст оварда мешуданд. Шароити истеҳсоли кулли молҳои дигар бошад, чун пешин боҳи мондан гирифт. Муодили ҳамон миқдор молҳо дар асри XVI тиллову нуқраи ниҳоят зиёд буд. Бинобар ин ҷаҳиши тунду тези нархҳо ба амал омад. Дар навбати аввал ва ба дараҷаи баландтар нархҳо ба махсулоти хоҷагии қишлоқ – ба ғалла ва дигар молҳои хӯрокворӣ боло рафтанд. Баланд рафтани нарх аз миёнаи асри XVI хосияти умумй гирифт, аммо махсулоти коркарди саноат ва моли хоми саноатӣ нисбат ба ашёи зарурати аввалия камтар қимат шуд. «Инқилоби нарх» чиҳати муҳимми иҷтимоию иқтисодӣ дошт. Аз як тараф музди кору рентаи заминро беқадр карда бошад, аз тарафи дигар – рушди фоидаи истеҳсолоти саноатиро. Ба таъбири дигар: ба он андозае, ки синфи моликони замин, синфи меҳнаткаш, сенйорхои феодалию халқ таназзул ёфта бошанд, ба ҳамон андоза синфи капиталистон, буржуазия иътироф ёфт. Бинобар ин, «инқилоби нарх» ба сарватманд шудани буржуазияи саноатии навтавлиди ин давра ва ба ҳамон андоза, ба бенаво гардидани пролетариат мусоидат кард. Сатҳи зиндагии коргарони кироя якбора паст рафт, зеро қиммат шудани маҳсулоти хочагии қишлоқ ва ашёи истеъмолии сермасриф ба пастшавии даромади вокеии ахолй оварда расонд. Ҳамин тавр, дар Инглистон нархи молҳо ба ҳисоби миёна 155 фоиз баланд рафт, вале музди меҳнати коргарони кироя – фақат 30 фоиз. Буржуазияи машғули тиҷорат низ аз «инқилоби нарх» фоида бардошт, чунки барои муомилоти ҳаннотй ва ба даст овардани фоидаи ҳаннотй шароити мусоид ба вуҷуд оварда шуда буд. «Инқилоби нарх» инчунин ба зудтар сарват ёфтани қисми осудаҳоли табақаи деҳқонон, ба вуҷуд омадани буржуазияи деҳот мусоидат кард. Бо паст рафтани қудрати харидории пул хаҷми воқеии оброки пулӣ ё рентаи иҷоравӣ, ки заминдорон меситониданд, паст шуд. Феодалоне, ки рентаро ба пул мегирифтанду маблағаш устувор монда буд, бой медоданд. Ба ҳамин тариқ, ҷамъбасти иҷтимоию иқтисодии «инқилоби нарх» умуман аз бад шудани мавқеъи ҷамъиятии синфи феодалону коргарони кирояи навтавлид ва баланд баромадани синфи капиталистон иборат буд. «Инқилоби нарх» аҳамияти зиёд дошт – вай ташаккули хоҷагии капиталистиро тезонда, ба завол ёфтани системаи феодалӣ мусоидат кард.

в. Ташкил ёфтани бозори ҷахонӣ Кашфиётҳои азими ҷуғрофӣ ба тараққиёти кулли минбаъдаи иқтисодиёти Аврупои Ғарбй аҳамияти бузурги инқилобӣ бахшид. К. Маркс ва Ф. Энгелс ба оқибатҳои иқтисодии кашфиётҳои азими ҷуғрофӣ ин тавр баҳо додаанд: «Кашф гардидани Амрико ва роҳи баҳрии атрофи Африқо, – навишта буданд онҳо, – барои буржуазияи бапохезанда майдони нави фаъолият ба миен овард. Бозорҳои Ҳиндустони Шарқию Хитой, мустамлика гардонда шудани Амриқо, мубодила бо мустамликаҳо, зиёд гардидани миқдори воситаҳои мубодилашаванда ва молҳо умуман, ба тиҷорат, баҳрнавардй, саноат такони то ба ин дам гушношунид доданд ва бо ҳамин дар ҷамъияти феодалии заволёфтаистода унсури инқилобии зудтараққӣ ба вуҷуд оварданд».

Дар натиҷаи кушода шудани заминҳои нав соҳати ба аврупоиён маълуми кураи арз дар охири асри XVI дар муқоиса бо асри XIV 6 маротиба зиёд гардид. Аллакай 60 фоизи рубъи маскун ба таҳқиқ расида буд. Баҳрнавардй ба барқарор карда шудани алқкаҳои устувори иқтисодйӣ миёни дурдасттарин қисматҳову халқҳои олам имкон дод. Мулкҳои мустамликавӣ ба сифати музофоти хоҷагидории сармояи аврупой истифода мегардидагӣ шуданд ва барои вусъат ёфтани тиҷорати бурунмарзӣ, ки аслан ҷахонӣ гардида буд, ба ҳайси замина хидмат менамуданд. Кашфиётҳои азими Ҷугрофӣ барои ба вуҷуд омадани тақсимоти байналхалқии меҳнат, хоҷагии ҷахонӣ ва бозор замина вуҷуд оварданд. Ҳаҷми тиҷорат зиёд шуд, анвои молҳои он аз ҳисоби молҳои мустамликавӣ ба таври чашмнодид вусъат ёфт. Ба муомилоти тиҷоратӣ молҳои наве ворид гардиданд, ки дар гузашта барои Аврупо маълум набуданд: тамоку, какао, каҳва ва дигар маҳсулот аз он дам ин чониб интишори доманадоре пайдо карданд; истеъмоли дорувор, биринҷ, шакар якбора зиёд шуд. Ташкил ёфтани бозори ҷахонӣ дар сохтор, хусусият ва дар усули амалӣ гардондани тиҷорати байналхалқӣ таъғироти ҷиддӣ ба вуҷуд овард. Дар мубориза барои аз худ кардани бозорҳои нав дар як қатор мамлакатҳо ширкатҳои монополии тиҷорат таъсис дода мешаванд. Дар Инглистон танҳо аъзои ширкати африқоии бо Африқо тиҷорат пеш бурда метавонистанд, вале ҳар кадоме аз онҳо ҷудогона тичорат мекарданд. Барои муборизаи рақобатӣ бо дигар кишварҳо маълум шуд, ки ин тадбир кофӣ набудааст ва ба тадриҷ сармояи тиҷорати даруни ширкат муттахид мегардид. Масалан, ширкати Ҳиндустони Шарқӣ дар Инглистону Голланд ба монополӣ гардондани бозори Ҳиндустон мусоидат кард. Дар асри XVI биржаҳои тиҷоратӣ ва фондхои I иморатӣ шакли бештар мукаммалтаре пайдо карданд. Ташкил ёфтани бозори ҷахонй маънои аз ҳавзаи баҳри Миёназамин ба уқёнуси Атлантик кӯчидани роҳҳои асосии тиҷоратиро дошт. Дар бозори ҷахон ва дар гардиши тичорати ҷахонй мавқеи пешбарандаро Инглистон, Голланд, Фаронса ишғол кардан гирифтанд. Шаҳрҳои Итолиё инхисори хешро дар умури тичоратӣ бо Шарқ аз даст дода, ба фоидаи вом (кредит) тахассусашонро дигар карданд. Шаҳрҳои Германия низ аз тиҷорати байналхалкӣ дар канор монданд. Лекин шаҳрҳои соҳилибаҳрии дар соҳили уқёнуси Атлантик ҷой гирифта, дар навбати аввал Нидерландхо аҳамияти махсуси иҳтисодӣ пайдо карданд.

0 Загрузки
test

Добавить комментарий