Главная / Фанни Молия / Табаддулоти саноатӣ дар Инглистон ва окибатхои он

Табаддулоти саноатӣ дар Инглистон ва окибатхои он

 

6.1 Мохият, равияхои асосй ва заминахои табаддулоти саноатй дар Инглистон

6.2 Амалй гардидани табаддулоти саноатй дар Инглистон

6.3 Окибатхои ичтимоию Иқтисодии табаддулоти саноатй дар Инглистон

6.4 Болоравии Иқтисодиёти Инглистон дар асри XIX

    1. Мохият, равияхои асосй ва заминахои табаддулоти

саноатй дар Инглистон

Барои навсозии капиталистии Инглистон табаддулоти саноатй аҳамияти нихоят зиёд дошт. Мохияти табаддулоти саноатй дар гузаштани аз мануфактураи мехнаташ дастй ба истехсолоти фабрикию заводие иборат аст, ки ба истифодаи системаи мошинхо асос ёфтааст. Tax лили илмии амики ас-лу мохияти табаддулоти саноатии дар Инглистон ба вукУъ омадаро К. Маркс дар чилди 1-уми «Капитал» -аш дода-аст. Мафхуми «инқилоби саноатй»ро Ф. Энгелс чорй карда буд, то ки таъсири бузургеро, ки истехсолоти системаи фабрики ба хаёти ичтимоию Иқтисодии чомиа расонда буд, таъкид бикунад. Икдисодчиени буржуазй аглаб аҳамияти табаддулоти саноатиро тахриф мекунанд, онро асосан ба пешравихои техники дар саноат ҳамл карда, кушиш менамоянд, ки бо мафхуми тангтари «инқилоби техники» иваз кунанд.

Мафхумхои «инқилоби саноатй»-ю «инқилоби техники» айни як чиз нестанд, инхо мохиятан аз якдигар фарк мекунанд. Инқилоби техники дар заминай саноатй мошинии фабрика ба амал омада буд ва ба амал меояд, ба дигаргу-нии сохти чамъиятй намебарад, хол он ки инқилоби саноатй ба иваз гардидани сохти чамъиятй боис гардид. Инқилоби санотй дар таърихи хар як мамлакат факат як дафъа руй медихад. Олимони буржуазй мехоханд он пешравихои мухиммеро, ки дар алоқамандй бо табаддулоти саноатй, дар навбати аввал бо ташаккул ёфтани синфи буржуазияи саноатй ва пролетариати саноатй дар чомиа ба амал омада буданд, рупуш кунанд.Табаддулоти саноатй кадом як чихати хоси инкишофи таърихии Инглистонро инъикос накарда буд. Табаддулоти саноатй аз рУйдоди доираи чахоние иборат буд, ки дар хар як мамлакати капиталист ба амал меомад. Он ки табаддулоти саноатй барвакттар аз ҳама дар Инглистон cap шуд, натичаи омодагии бештари ин кишвар дар гузаштан ба рохи мошинии капитализм буд. Барои гузаштан ба мархилаи мошинй дар рафти инкишофи Иқтисодии пешинаи Инглистон шароити лозим фароҳам омада буд. Ба табаддулоти саноатй се равняй асосй хосанд, ки махз инхоанд:

– равняй аввал, хангоме, ки конструксияи мошинхо барои саноатй газвори пахтагй сохта мешуданду такмил меёфтанд;

– равняй дуюм, хангоме, ки чараёни такмилёбии техника ва технологияи истехсоли металл барои сохтани мошинхо сурат мегирад;

– равняй сеюм, хангоме, ки дар солхои 80-уми асри XVIII мухаррики универсалии мошинй бугй ба вучуд овар-да мешавад. Дар миёнаи асри XVIII, дар Инглистон барои ба амал баровардани табаддулоти саноатй тамоми шароити лозим фаро омада буд. Мухимтарин заминахои табаддулоти саноатй дар Инглистон инхо мебошанд:

1. Галабаи инқилоби буржуазии соли 1649 ва барка-рор шудани низоми нави чамъиятию сиёси – чумхурии буржуазй. Ин галаба ба инкишофи минбаъдаи буржуазии куввахои истехсолкунандаи мамлакат, дар натичаи аз байн рафтани монеахо дар рохи инкишофи минбаъдаи капитализм, мусоидат кард. 2. Табаддулоти аграрй, ки пеш аз табаддулоти саноатй рух дода буд. Дар натичаи «таворакашй», ки хануз дар асри XVI вусъат ёфта буд, табақаи деҳқонии Инглистон дар Хакикати хол ба хайати армияи мехнати кироя дохил шуд, ки бе он истехсоли оммавии молхои фабрики вучуд дошта наметавонист.

3. Забткорихои мустамликавй ва горатгарихо. Рорат-гарихои мустамликавй манбаи мухимми андУхти сармоя гардид, ки дар саноатй Инглистон гузошта мешуд ва ин са-ноатигардонии капиталистиро нихоят дарача суръат бах-шид. Инглистон ба нахустин давлати бахрнаварду мустам-ликадоре табдил ёфт, ки кариб кулли кишварҳои Амрикои Шимолй, Хиндустонро сохиб шуда, аз бахри Миёназамин баромаданро зери назорат гирифта, аз чихати Иқтисодй дар Португалия ва кисман Голландия хукмравой мекард. Ин ба миқдори зиёд ворид шудани сармояро ба метрополия таъмин карда буд.

4. Ба туфайли шароити табии кишвар, Инглистон аз захираи охан, ангиштсанг, мавчудияти моли хом барои саноатй мохутбофи бой буд; дарёхои сершумор ва хатхои качу килеби сохилй ҳамчунин робитахои босамари хочагидориро ба вучуд оварда буданд.

5. Афзудани талабот ба молхои ингилисй. Дар шароити чангхои пай дар пай дар китъаи Аврупо дар асри XVIII талабот ба молхои ингилисй зиёд шуд, хусусан ба маснуоти оммавии стандарти-гардонидашуда барои артиш – сару ли-бос ва пойафзоли ба як шакл даровардашуда, туфангхову лавозимоти чангии калибрашон якхела ва Faftpa.

6. Инкишофи ҳамачонибаи истехсолоти ману-фактурй. Дигар шароити мухимми Иқтисодии табаддулоти саноатй, васеъ пахн гардидани истехсолоти мануфактурии таърихан пеш аз фабрикаи капиталистй ба вучудомада мебошад. Ба он чи дар боло гуфта шуд, илова бояд кард, ки дар саноатигардонии капиталистии Инглистон сиёсати протек-сионизм накши мухим бозид. Мукаррар кардани бочхои баланд ба маснуоти саноатии хоричй барои бе мамоният гузаштан ба усулхои нави истехсолот шароити мусоид фа-роҳам оварда буд. Ба ҳамин тарик, дар миёнаи асри XVIII, дар Инглистон барои ба амал баровардани табаддулоти саноатй тамо-ми шароитхои зарурй фаро расида буд: – сармояхои андУхта барои инкишофи истехсолоти фабрики, дасти ко-рии фаровон, бозори дохилии калон, заминахои техникии зарурй ва гайра мавчуд буданд. Дар равняй буржуазй на-всозй шудани муносибатхои чамъиятй дар мамлакат аз та-рафи доирахои ҳукмрон чонибдории пурра меёфт, ки ин Ҳам ба зуд гузаштани Инглистон аз мануфактура ба мархи-лаи капитализм мусоидат кард.

6.2 Амалї гардидани табадуллоти саноатй дар Инглистон

Чунон ки маълум аст, саноатй гаштани капитализм дар Инглистон пеш аз ҳама дар рушди саноатй газворхои пахтагй тачассум ёфта буд, ки барои ин ба туфайли баланд гардидани талабот ба чити ингилисй дар бозорхои авру-пойй ва мустамликавй дар миёнаи асри XVIII шароити мусоид фаро расида буд. Кушиши конеъ гардондани талаботи муштариён ба матоъхои пахтагй рагбати сохибони ману-фактурахои бофандагиро дар чустучУи роххои баланд бар-доштани махсулнокии мехнат дар ин корхонахо ба миён овард. Ин сохаи нисбатан нави саноат буда, таъсири ман-фии танзимоти асримиенагиро аз сари худ нагузаронда буд. Махсус бояд кайд кард, ки индустриалигардонии саноати сабук барои ҳамаи мамлакатхои капиталистй хосанд. Ин усул аз он бармеояд, ки дар сохахои саноати сабук гарди-ши сармоя нисбат ба сохахои, масалан, саноати вазнин хеле босуръаттар буд. Ин дар навбати худ барои андухти капиталистй шароити мусоид ба вучуд меоварад. Аз тарафи ка-питалистон фаъолона дастгирй шудани як силсила ихтиро-оти мухимми техникие, ки дар риштану бофтан, коркарди механикии моли хом амалиёти дастиро иваз мекард, бо ха-мин равшан мегардад. Аввалин ихтироъи калон дар ин соха дар соли 1733 «мокуи парон»-и Ч. Кейс мебошад. Дар миёнаи асри XVIII, хусусан баъди ихтироъи Кей, риштане, ки дастй ба амал оварда мешуд, аз бофтан хеле акиб монд. Зарурати афзун гардондани тавлиди ресмон ба миен омад, ки инро факат ба ёрии мошинхо ба чо овардан мумкин буд. Мошини ресан-дагиро соли 1765 бофандаи ланкширй Ц. Харгривс ихтироъ кард, ки онро ба шарофати духтараш «Ченни» номид. Ин чархи ресандагй гарчи ба василаи дасти коргар ба харакат меомад, вале дар як вакт 16-18 верст кор мекард. Аммо нахе, ки «Ченни» мебаровард, аз хад борики бедошт буд. Ихтироъи мошини «ватерй» (обй)-и дуредгар Томас Хайс ба соли 1767 рост меояд, ки ба василаи чархи обй ба харакат меомад, вале нахро аз хад гафс мебаровард. Бинобар ин зарурати такмили минбаъдаи ресандагй ба миён омад. Дар соли 1779 механики худомуз С. Кромптон дар асоси комбинатсияи мошинхои фавкуззикр мулмошинро ба вучуд овард, ки ба ёрии кувваи механики то 400 дукро ба Харакат медаровард ва ресмони борику мустахкам медод. Ин мошин асоси пахтаресии механиконидашуда гардид. Ихтироъу чорй гардидани мошинахои ресандагй истехсоли ресмонро якбора афзоиш дод ва ҳамзамон арзиши аслии махсулотро паст кард. Вале, ин дам номутаносибии наве зохир гардид: агар пештар истехсоли ришта аз бофтан акиб монда бошад, ин дам акнун бофандагй аз ресандагй хеле акиб мемондагй шуд. Хар кадар бештар ресандагй механи-конй гардонда мешуд, талабот ба бофандагон ба ҳамон миқдор меафзуд, бинобар ин «камчинии бофанда» рушди иктидори Иқтисодии фабрикадорони ингилисро бозмедошт. Зарурат ба такмил дода шудани дастгоххои механикии бофандагй торафт меафзуд. Соли 1785 Э. Картрайт дастго-хи механикии бофандагии мукаммалтареро ба вучуд овард, ки чои мехнати 40 бофандаро мегирифт ва дар натича мах-су лнокии мехнат 7 маротиба зиёд шуд. Ин дастгох, ки хеле Щ мукаммал карда шуданро талаб карда буд, дар солхои 20-уми асри XIX васеъ истифода мешуд. Ҳамин тавр, дар саноати Инглистон ва баъд дар саноати чахон аввалин моши-нхову аввалин фабрикахо пайдо шуданд. Дар механиконии саноати бофандагй ранг кардани ма-тоъхо бо ёрии слиндри механики (аз Томас Белл), бо хлор шустани матоъхо (кимиёгари фаронсавй, соли 1785), ихти-рои мошини шоназании механикии нахи пахта ва Faftpa на-кши басо мухим гузоштанд.

Пайдо гардидан ва ба кор андохта шудани аввалин мошинхо дар истехсолот натавонистанд, ки дар ҳама чо мехнати дастиро танг карда бароранд. Факат дар миёнаи асри XIX, чараёни механики гардондани саноати бофандагй ба анчом расид, ки дар натича мехнати мошини хукм-фармо гардид.

Васеъ ба кор бурда шудани ин механизмхо ба он оварда расонд, ки аз соли 1780 то 1820 махсулоти матоъхои пахтагй зиёда аз 16 маротиба афзоиш ёфт. Аз паси истехсоли матоъхои пахтагй дар солхои 60-80—уми асри XVIII мошинхои тавлидкунандаи матоъхои пашмй, мохутбофй, когазбарорй, полиграфй низ пайдо шуданд. Чунон ки маълум аст, заминай энергетикии нахустин фабрикахо осиёбхои обй буданд ва табиист, ки фабрикахо маъмулан дар сохили дарёхо сохта мешуданд. Албатта ин на ҳамеша ба манофеи бозору наклиёт мувофик меомад. Ба саноат доиман мухаррикхои универсалии новобаста ба об дархост мешуданд. Барон азнавсозии техникии саноат гузаштан ба мухаррикхои бугй нихоят мухим буд. Бори аввал мошини бугй соли 1763 аз тарафи мутахассиси тех-никаи хароратй И.И. Ползунов сохта шуд. Аммо дар ша-роити Русияи феодалию крепосной ин ихтироъ чонибдорй наёфт. Дар Инглистон вакте ки соли 1784 – аз чониби Ч. Уатт мошини бугй сохта шуд, аз тарафи фабрикантхо зуд кадрпшносй гардид ва нихоят васеъ ба кор бурда шуд. Ин нахустин мухаррики универсалии дуамалаи дорой наварди чархзанандае буд, ки аз руи самаранокиаш аз мух-аррикхои соддаи пештар ихтироъгардидаи Сэвэр ва Нйу-комен хеле бартарй дошт. Дере нагузашта аввалин фабри-каи ресандагии бугй сохта шуд. Мошини бугй нихоят ба зуди дар кулли сохахои ис-техсолоти саноатй истифодаи уневерсалй пайдо кард, вале андаке баъдтар дар наклиёт низ мавриди истифода карор гирифт. Дар аввали соли 1800 дар Инглистон 320 мошини бугй мавчуд буд, дар соли 1826 бошад, адади онхо бо ик-тидори миёнаи то 25 кувваи асп то ба 15 хазор поя афзуд. Дар ибтидо мошинхо дар мануфактурахо 6а тарзи дастй сохта мешуданд, вале минбаъд истехсоли дастгоххо низ дар асоси фабрики гузаштанд: сохаи нави саноат – мошинсозй – 6а миён омад. Дастгоххои коркарди металл, путкхои ме-ханикии бугй, прессхо пайдо шуданд, ки дар натичаи ин талабот ба металл якбора боло рафт. Аммо, Инглистон дар асри XVIII дар конеъ гардонда-ни талаботи ба металл афзуда, мушкилихои зиёдеро аз cap мегузаронд, зеро гудозиши охан факат бо ангишти хезумй ба амал бароварда мешуд, бешазорони мамлакат чанд сад-сола пеш сарф шуда буданд.Истехсоли чУян кам мешуд, дар холе ки захираи ан-гиштсанг кариб истифода намегардид: кор фармудани сУзишвории минералй дар мавриди гудохтани чУян дар шакли пайдоиши пайвастхои сулфитии мухталиф сифати металлро паст мекард. Ба ин муносибат то 60 фоизи эхтиёчоти ба металл дошта, аз хисоби воридот пУшонда мешуд, зимнан таъмин-гари асосй то асри XVIII Русия махсуб мегардид. Дар ин миён, ханУз дар соли 1735 А. Дебри ба маъдан охаки ношукуфта ҳамрох карда, иктидори хаводамакхоро сахт афзуда, гудозиши домнагиро бо кокс бидуни истифода бурдани ангишти хезУмй, ихтироъ кард. Баъди 50 сол ин усул ба металлургхои ингилис имкон дод, ки ба сУзишвории минералй гузаранд ва тавсиъа дода-ни истехсоли металлхои сиёхро то интихояш таъмин гардо-нанд. Дар соли 1784 Г. Корт кУрае ихтироъ кард, ки дар он бо ёрии сУзишвории минералй аз чУян пулод хосил карда шуд. Дастгохи наварддори металлваракакунии ихтироъкар-даи ҳамон Корт (солхои 1783-1784), имкон дод ки махсул-нокии мехнат 15 маротиба зиед гардад.Пешравихо дар металлургия, дар навбати худ, ба ин-кишофи саноатй ангиштсанги Инглистон такони кавй дод. Афзоиши махсулоти саноат якбора зиёд гардидани борка-шониро ба миён овард, ки онро системаи кУхнаи наклиётй ухда карда наметавонист. Аммо, мавчудияти мошини бугй истифода бурдани онро дар наклиётй рохи охану обй ба таври куллй имконпазир гардонд. «…Воситахои наклиёту алоқаи аз давраи мануфактура меросмонда ба зуди барои саноатй калон бо суръати саросемавору чихати оммавй доштани истехсолот… ва робитахои бозории чахониаш ба роххои гайри имкон табдил ёфтанд»… Дар солхои 1805-1807 Р.Фултони амрикойй аввалин киштии буггардро сохт. Дар соли 1811 Инглистон ба инкишофи наклиётй буггард ҳам сохиб гардид. Ч. Стефенсон низ чустучУйхои Р. Трев-гикро давом дода рохи релсиро мукаммал гардонд ва дар соли 1814 паровозро ба вучуд овард, ки он натичахои кано-Атбахш дод. Дар соли 1830 аввалин рохи охан сохта шудани аҳамияти зиёди хочагидориро молик буд. К. Маркс роххои оханро «ба итмом расидани бино»-и табаддулоти саноатй номида буд.

Наклиёти буга дар пешрафти хаёти ичтимоию иктисоди дигаргунихои куллй ба бор овард, миёни тамоми нохияхои мамлакат ва сарзаминхои моварои бахр робитахои иқтисодиро вусъат бахшид ва ба ҳамин ба инкишофи бозори дохилию хоричй боис шуд. Механизатсияи сохахои истехсолот табиист, ки про-блемаи бунёд карда шудани худи мошинхоро пеш овард. Дар ибтидо мошинхо ба тарзи дастй сохта мешуданд. Мо-шинхо нихоят гарон ва чандон сифати баланд надоштанд. Ин ихтилоф бо рохи гузаштан ба истехсоли мошинии мошинхо халли худро ёфт. Мошинсозй ба миён омад. Ин со-хаи пешкадам ба анвои нави дастгоххои металлбурй – хар-ротй, рандагарй, суфтакорй – асос ёфта буд. Дар нимаи аввали асри XIX ташаккул ёфтани саноатй мошинсозй дар Инглистон маънои ба анчом расидани табаддулоти саноатиро дошт.

6.3.Оқибатҳои ичтимоию иқтисодии табаддулоти саноатї дар Инглистон

Табаддулоти саноатй окибатхои ичтимоию Иқтисодии зиёде дошт. Дар натичаи табаддулоти саноатй Инглистон аз кишвари аграрй дар асоси пешравихои азимаш дар инкишофи куввахои истехсолкунанда ба мамлакати пешкадами саноатй табдил ёфт. Сохахои Иқтисодиёт, ки неъматхои моддй истехсол мекарданд, ба техникаи мукаммалтару пешкадам асос ёфта буданд, ки ин зуд боло рафтани мах-сулнокии мехнати чамъиятиро таъмин гардонд. Дар давраи аз соли 1770 то 1840 махсулнокии махнати коргарони Инглистон такрибан 27 маротиба бештар гардид.

Дараҷаи таҷҳизоти соҳаҳои истеҳсолот ба техникаи пешқадам, табиист, ки ба хеле баланд гардидани сохтори ташкилии сармоя оварда расонд. Табаддулоти саноатй ба рушди минбаъдаи таксимоти чамъиятии мехнат сабаб гардид ва робитахои бозориро ва-сеъ кард. Чунон ки маълум аст, тараккиёти капитализм бо ташаккули бозори дохилй барои махсулоти молии оммавии сохахои Иқтисодиёт алоқаи зич дорад. Аммо, бо сабабхои айнй, аз чумла, дар асари паст будани кобилияти пардох-тии мехнаткашон бозори дохилй нисбатан танг буд, гардиш ба имкониятхои истехсоли мувофикат намекард, ки дар на-тича бозори хоричй аҳамияти зиёдтар пайдо мекард.Табаддулоти саноатй ба азнавсозии минбаъдаи муно-сибатхои чамъиятй оварда расонд. Дар натичаи табаддулоти саноатй дар Инглистон сохтори ичтимоию Иқтисодии чамъиятй капитализми саноатй ба миён омада, инкишоф меёфт. Баркарор гардидани хоки-мияти пурраи буржуазия дар Иқтисодиёт ва чомиаи Инглистон мухимтарин окибати ичтимоии табаддулоти саноатй гардид. Дар натичаи табаддулоти саноатй сохтори ичтимоию демографии Инглистон катъан тагйир ёфт. Шахрхои нав, марказхои саноатй пайдо шуда, вазни киёсии ахолии шах-рй якбора зиёд шуд. То охири асри XIX хиссаи ахолии шахрй дар Инглистон кариб ба 75 фоиз расид. Дар сохтори шугли ахолй низ дигаргунихои куллй ба амал омаданд: холиё дар миёнаи асри XIX кариб нисфи сокинони кобили мехнат дар саноат маютули кор буданд. Сохтори худи буржуазияи Инглистон низ тагйир ёфт: ба чои точир дар чомиаи буржуазй фабриканти сохибкор КВКШ мебозидагй шуд. Табаддулоти саноатй ташкилу ша-роити мехнатро дигар кард. Коргар иловаи оддии мошин ПРДНД. Мошин мехнатро дар фабрика нихоят хосилнок чорй гардидани мошин шароит ба вучуд овард, ки коргарони гайри тахассус ба корхона васеъ чалб карда ша-ванд, инчунин ба мехнати мард иваз гардидани мехнати за-ну кУдак низ чорй карда шуд. Ин бекадр гардидани кувваи кори ва паст шудани музди кори вокей, рух додани беко-рии оммавиро ба бор овард.

Ин ҳама мукобилати сахти синфи коргарро ба амал овард. Чомиа ба сарохат ба ду кувваи мутакобил -пролетариат ва буржуазия чудо шуд, ки маънои ба миен омадани мархилаи нав дар инкишофи муборизаи синфиро дошт. Чунон ки В.И. Ленин кайд карда буд, «… аз мануфактура 6а фабрика гузаштан гувохи табаддулоти пурраи техники буда, усторо вожгун мекард, аз паси ин табаддулоти техники, хунари дастии асрхо боз андухтаи усторо вожгун мекард, аз паси ин табаддулоти техники ногузир сах-ттарин тагйироти муносибатхои чамъиятии истехсолот, чудоии катъй миени гуруххои мухталифи касони дар истехсолот иштирокдор, комилан катъ шудани анъанахо, шиддат ёфтану васеъ гардидани тамоми тарафхои тираи капитализм, вале ҳамвора бо ин ба тарики оммавй умумй гардонда шудани мехнат аз тарафи капитализм фаро мерасад».

6.4 Болоравии Иқтисодиёти Инглистон дар асри XIX

Табаддулоти саноатй дар Инглистон заминай моддию техникии чамъияти капиталистиро ба вучуд овард. Истех-солоти мошинй дар хаёти Иқтисодии ин кишвар накыш мухим бозид. Инглистон ба кишвари шахрхову касабахои коргарй табдил ёфт. Дар айни замон ахолии дехот мутта-сил кам мешуд. Баланд шудани хосилнокии мехнат, паст шудани арзиши аслии махсулот, шиддат ёфтани истисмори синфи коргар суръати баланди андӯхти сармояро ба бор овард ва боиси дар солхои 1800-1870 зуд инкишоф ёфтани истехсолоти саноатй гардид.Сарфи назар аз рушди сохахои саноатй вазнин дар системаи саноат истехсолоти бофандагй мавкеи пешбар дошт, ки кариб сеяки кулли коргарони саноатро дар бар мегирифт. Дар зарфи солхои 1800-1870 истехсоли матоъхои пахтагй 19 маротиба, гудозиши чУян 38 маротиба, кандани ангиштсанг зиёда аз 11 маротиба афзун гардид. Аз рУйи тараккиёти саноат Инглистон назир надошт. Дар солхои 60-уми асри XIX хиссаи вай ба сеяки махсулоти саноатй чахон рост меомад, вале аз рУи нишондихандахое чун ан-гиштканй, чУянгудозй, истифодаи пахта вазни киёсии Инглистон аз 55 фоиз боло буд. Дойр ба тавлиди махсулоти саноатй вазнин аз ҳамин гуна даствордхои ИМА, Германия ва Фаронса 4,5 карат бартарй дошт. Инглистон ба дарачаи рУзафзун маснуоти саноатии худашро ба хорича содир карда, ба «устохонаи чахонй» табдил ёфта буд.

Дар баробари ин рушди саноатй Инглистон ва пеш-рафтхои он муттасил ва устувор набуд. Бо музаффарияти тарзи капиталистии истехсолот хочагии Инглистон зери таъсири қонунмандихои асосии худ карор ёфт. Дар авва-лин мамлакати саноатии капиталисти бори нахуст вокеияти пайдарпаи бУхронхои Иқтисодй дар солхои 1825,1836,1847 ва махсусан дар соли 1857 ба зухур омад, ки ин бУхронхо барои Иқтисодиёти Инглистон окибатхои нихоят вазнин доштанд. Дар натичаи бУхрони соли 1866 кариб 200 шир-катхои саноатию тичоратй варшикаста гардиданд. Дар тараккии Иқтисодиёт, аз чумла саноат, инкишофи млклиёт накши азиме дошт. Воситахои нави алоқа ҳамлу иаклро «чор баробар тезтару чор баробар арзон» карданд. ‘Гули умумии шабакоти рохи охан аз соли 1825 то соли

кариб 2,3 баробар зиёд шуд. Аз солхои 60-ум наклиёти бугй дар роххои алоқаи обй низ бартарй пайдо кард. Зарфияти умумии флоти тичоратии Инглистон аз рУи тонна дар муддати солхои 1800-1870 аз 2 миллион тонна ба 5,7 миллион тонна расида, кариб 60 фоизи зарфияти киш-тихои чахонро дар бар мегирифт. Инглистон «хомилу но-кили чахонй» гардида, тавонист аз хисоби киропулихои боркашонй сарвати зиёд андузад. Инкилоби саноатй, ба тарзи капиталистӣ саноатй гардонда шудани Инглистон барои хочагии қишлоқи мамлакат ҳам аҳамияти нихоят зиёд доштанд. Талаботи аз хад зиёд доштани саноат ба кувваи кори мусодира карда шудани табақаи деҳқонии Инглистонро тезонд. Комилан анчом ёфта-ни раванди «таворакашй» на факат ба ҳамчун синф барҳам хурдани табақаи деҳқонй расонд, балки инчунин ба тамар-кузи беандозаи заминдорй боис гардид. Истехсолоти хочагии қишлоқ дар минбаъд дигар заминай ичтимоию ик-тисодии техникию ташкилй пайдо кард. Чихати асосии ин-килоби аграриро рушди сохибкории капиталистй ташкил медод. Дар солхои 70-уми асри XIX ба 250 заминдорони калонтарин бештар аз 50 фоизи заминхои мамлакат мансуб буд. Аристократияи Инглистон маъмулан худаш ба хочагии қишлоқ машгул набуд ва кисми бештари заминхоро ба фермерхо ичора медод. Симой асосии муносибатхои аграрй фермери калон гардид, ки дар асосхои капиталистй бо ис-тифодаи кормандони кироя босамар хочагидорй мекард. Бекор шудани бочи галла дар соли 1846, ки бозори Инглистонро барои галлаи хоричй боз карда буд, фермерхоро водор сохт, ки 6о максади тобоварй ба ракобат маблаггузо-риро 6а хочагй зиёд кунанд ва мошинхо – сипори бугй, тухмпошак, галлакУбак, мошини бодкунй ва гайра, ҳамчу-нин нурихои минералй, навъхои бехтари тухмиро ба кор бурда истехсолотро самаранок гардонад. Батадрич чорво-дории босамар хочагии густурдаи чарогохиро танг карда баровард. Ба туфайли табаддулоти саноатй ва тараккиёти саноат Инглистон дар миёнаи асри XIX кариб нисфи махсулоти саноатии чахонро тавлид мекард ва дар хочагии чахону сиёсати байналхалкй мавкеи фавкулода ишгол на-муд. И лова бар ин, ин бо он алоқаманд буд, ки табаддулоти саноатй дар дигар мамлакатхо катъан акиб монда буд. Молхои арзонтару басифаттари ингилисй молхои кишварх-ои дигарро танг карда мебароварданд. Илова бар ин, инкилоби саноатй дар дигар мамлакатхои Аврупои Гарбй дар ибтидо пурра ба мошинхо, металл, ангишт ва дигар ашёи ингилисй вобаста буд.

Ба гегемонияи саноатию тичоратии Инглистон сиёсати Иқтисодии давлати буржуазй мусоидат кард. То солхои 40-уми асри XIX, даме ки саноатигардонй ханУз 6а поён нара-сида буд, дар Инглистон ба молхои хоричй бочхои баланди гумрукй ҳукмрон буданд. Вале даме ки саноатй Инглистон ба дарачае кувват гирифт, ки акнун аз ракобати хоричй бим надошт, буржуазия озодии номахдуди тичоратро -тичорати ба истилох фрит-редерчигиро эълом дошт. Дар асоси фритредерчигй Инглистон дар солхои 60-уми асри XIX як силсила шартномахои тичоратии дутарафаро ба Фаронса, Белгия, Италия, Австрия, Швейтсария ва дигар мамлакатхо дар бает. Ҳамаи ин шартномахо мавкеи барта-риноки Инглистонро дар хочагии чахон мустахкам кар-данд. Дар зарфи солхои 1800-1870 Инглистон хачми тичорати бурунмарзиро аз 85 миллион то 611 миллион фунт стерлинг зиёд карда, чоряки гардиши моли чахонро ба даст овард. Дар таркиби воридот моли хоми бофандагй (пахта, пашм) ва гизой (галла, гушт ва гайра) бартарй дошт. Мояи содироти Инглистон молхои саноатй бофандагй, хар гуна мошин, ангишт ва махсулоти металургияи сиёх буданд. То миёнаи солхои 60 Инглистон баланси активи тичорати бурунмарзй дошт. Арзиши содироти Инглистон аз арзиши воридоташ баланд буд. Аз миёнаи солхои 60 баланси тичорати Инглистон пассив гардид. Пассиви баланси тичорат бо таъбири ба истилох «содироти беназир» – даро-мади аз сармоябарорй, пардохтхои киро ва гайра чуброн карда мешуд. Ин нишон медихад, ки вазифахои карздихию ханнотии капитализми Инглистон дар нимаи дуюми асри XIX нисбат ба вазифахои саноатию тичоратиаш бештар ин-кишоф ёфтааст. Мухимтарин унсури гегемонияи чахонии тичоратию саноатй инкишофи пуравчи империяи Британия буд. Импе-рияи пахновари мустамликавй, ки барои Инглистон мухимтарин бозори фурУш ва манбаъи маводи гизоию моли хом буд, дар системаи хочагии Британия бештар ба мадди аввал мебаромад. Мавкеи бартариятнок доштан дар саноату тичорати чахонй ба Инглистон андУхти хангуфтеро таъмин гардонид ва барои инкишофи кредит дар ин мамлакат шароит ба вучуд овард. Дар Инглистон бонкхои сахомии тичоратии ба фароҳамии пасандозхои пулии инфиродй асосёфта инти-шор ёфта буданд, ки 6а максадхои кредити капиталистй истифода бурда мешуданд. Аз соли 1840 то 1860 амонатхо (депозитхо) дар банкхои Лондон 13 маротиба афзоиш ёфта буданд. Буржуазияи Инглистон «сармояи барзиёд»-ро ба хорича бароварда ба капиталистони хоричй вомхои зиёде пешниход мекард. То аввали соли 1871 кариб 1 миллиард фунт стерлинг берун аз худуди Инглистон чойгир карда шуда буд.Робитахои байналхалкии молиявй маъмулан дар Лондон сурат мегирифтанд, арзхои хоричй бошанд, аз рУи фунт стерлинги ингилисй мукаррар карда мешуданд.

Ба ҳамин тарик, сармояи Инглистон дар давраи томо-нополистй нафакат накши фабрикадор, точир ва интикол-дихандаи мол инчунин ба василаи 6а хорича баровардани сармоя накши бонкдори чахониро низ ба чо меовард, вале ин падида инкишофи комили худро акнун дар давраи капитализми монополистй ба даст меовард.

0 Загрузки

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *