Хусусиятхои ташаккул ва инкишофи капитализм дар Фаронсаи солхои 1789-1870

 

7.1 Инкилоби буржуазии солхои 1789-1794-и

Фаронса ва окибатхои он. Мухосираи корай (континенталй) ва мохияти он.

7.2 Табаддулоти саноатй дар Фаронса ва хусусиятхои он.

7.3 Вазъияти сектори аграрии Фаронса дар асри XIX.

7.4 Шакл гирифтани хислати судхУрии капитализми Фаронса.

7.1 Инкилоби буржуазии солхои 1789-1794-и

Фаронса ва окибатхои он. Мухосираи корай

(континенталй) ва мохияти он

Садамаи режими феодалй Дар Фаронса натичаи Инкилоби бузурги солхои 1789-1794-и Фаронса гардид.

Заминай Иқтисодии асосиии инкилоби солхои 1789-1794, ки пояхои феодализмро дар Аврупо ба ларза овард, бархУрди шаклхои хочагидории капиталистию феодалй буд.

Инкилоби солхои 1789-1794-и Фаронса, ки аз рУи мазмунаш буржуазй, аз рУи тамоюлаш – зиддифеодалй ва аз рУи куввахои харакатдихандааш – халкй буд, хадди як давраи тамом гардид. Вокиахои инкилоби 14 июли соли 1789 бо бархости оммахои халк дар Париж cap зад, ки бо Хучуми катъй инкилобиён махбаси сиёсии Фаронса – Бас-тилияро ишгол карданд. Мачлиси муассисони буржуазй ба сари хукумат омад. Дар рафти иккилоб истехсолоти хусу-сияти прогрессивй доштаи ичтимоию Иқтисодй пеш гирифта шуда буд, ки бекор карда шудани сохти феодалй ва афза-лиятхои молиётй (андозй)-и феодалй расман эълон гардид, ба ҳамаи шахрвандон хукуки иютоли хар гуна мансаб ка-фолат дода шуд, моликияти калисохо мусодира гардида ба фурУш расид. Аммо дар давраи аввали инкилоб маълум гардид, ки буржуазияи Фаронса ба вокиан барҳам додани сохти феодали ва халли масъалаи аграрй кодир набудааст.

Сиёсати Иқтисодии инкилоби солхои 1789-1794 фаъол буд. Дар мохи феврали соли 1791 Мачлиси муассисон ба-тартибандозии хукуматии истехсолоти саноатиро бекор кард, чамъиятхои косибонро барҳам дод. Ин ба инкишофи сохибкорй ва тичорат мусоидат намуд. Дар мохи апрели соли 1791 озодии тичорат расман эълон гардид. Тарифи гумрукии нави характери протексионестй дошта мукаррар карда шуд. Дар боби коргарон инкилоби буржуазй сиёсати реаксиониро пеш гирифт – 14 июли соли 1791 Мачлиси муассисон қонуни Ле Шапелйеро ба тасвиб расонд, ки коа-литсия ва корпартоии коргаронро манъ мекард.Кулли мушкилоти мубориза бо тартиботи феодалй, аксулинкилоби дворяниро оммахои мардум ба души худ гирифта буданд. Ин муборизахоро якобихо, ки аз 2 июни соли 1793 то 27 июли соли 1794 дар сари хукумат буданд, сарварй мекарданд. «Бузургии таърихии якобихо»-и вокей, якобихои соли 1793 аз он иборат буд, гуфта буд В.И. Ленин, ки онхо «якобихои ҳамрохи халк», ҳамрохи аксарияти инкилобии халк, ҳамрохи синфи пешкадами инкилобии замони худ буданд. Диктатураи якобй ба душманони хоричию дохилии инкилоб зарбахои катъй зад, режими феодалиро дар дехот барҳам дод ва аксулинкилоби Иқтисодиро мачак кард. 3 июни соли 1793 оид ба фурУхта шудани замини помешчи-кони мухочир бо нарххои арзон тартиботи демократй мукаррар карда шуд. Якобихо бо декрета худашон аз 10 июни соли 1793 ба обшина зарба зада, хатман таксим карда шудани заминхои обшинагиро эълон карданд. Таксимоти замин бояд аз рУи миқдори шахсони дар коммуна умр ба-сарбаранда (бе фаркияти синнусол ва чине) гузаронида мешуд. 17 июли соли 1793 аз тарафи Конвенти якобихо дойр ба бебозгашт ва комилан барҳам зада шудани хукукхои феодалии табақаи дворянй декрете ба табъ расонд а шуд. Худи хуччатхои дойр ба хукукхои феодалии табақаи дворянй боист ба таври оммавй оташ зада сузонда мешуданд. «Кулли маблагхои собик помешчикхо, тамоми хуку-кхои феодалй… бе хеч гуна бозгирифтан нобуд карда ме-шаванд»- чунин навишта шуда буд дар моддаи 1 қонуни 1 июлии соли 1793.

29 сентябри соли 1793 Конвент дойр ба хадди акали умумй декрет чоп карда, ба кулли ашёи зарурати аввалия ва сӯзишворй, пойафзол, матоъхо, инчунин моли хом, охан ва чУян нарх мукаррар кард. Вомхои ичборй чорй карда шуданд. Якобихо дар баробари тадбирхои прогрессивии ба ба-рҳам задани муносибатхои феодалй дар шахру дехот раво-нагардида, сиёсати зиддикоргарии ошкоро гузаронида, оммахои мардумро аз худ дур карданд. Буржуазияи калон аз ин истифода бурда, (ё 9-уми термидор аз рУи таквими нав) тавонист, ки 27 июли соли 1794 табаддулоти аксулинкило-биро ба амал оварда якобихоро сарнагун кунад ва хоки-мияти сиёсиро ба даст оварад. Сиёсати ичтимоию Иқтисодии якобихоро кайд карда истода, В. И. Ленин навишта буд, ки «дар хакикат ба сазо расондани феодализми умраш басаромада ба тарзи баланд-тари истехсолот, ба заминдории озоди деҳқонй гузаштани саросари кишвар, ва хусусан босуръат, катъиян, бо гайрати тамом ва фидокории хакикатан инкилобию демократй анчом додани ин тадбирхо – чунин буданд шароити моддию Иқтисодие, ки бо суръати «оличаноб» Фаронсаро начот до-дабуданд». Инкилоби буржуазии Фаронсаи солхои 1789-1794 ба инкишофи капитализм рох кушод. Сиёсати Иқтисодии термидорихо баъди шикает хУрдани диктатураи якобихо ба таҳким бахшидани мавқеъи синфии буржуазияи калон, ба чонибдории табақаи сохиб-кори саноатй, точирони калон ва муштзУрони дехот равона гардида буд.

Термидориён ба максади таҳким бахшидан ба ҳукмронии сиёсии хеш намояндаи иерархияи харбй – генерал Наполеон Бонопартро ба ҳокимият хонданд. 9-10 ноябр (18-19-и брумер)-и соли 1799 Наполеон табаддулоти давлатй ба амал оварда, ҳокимияти буржуазияи калонро дар мамлакат устувор кард. Соли 1804 Наполеон худашро императори Фаронса эълон намуд.

Наполеон як катор кодекс: – кодексхои шахрвандй, чиной, тичоратй чоп кард, ки натичахои буржуазии инкилоби зиддифеодалиро таҳким бахшида, моликияти хусусии буржуазиро мукаддасу дастнорас эълон карданд. Соли 1800 бонки Фаронса бо 30 миллион франк таъсис дода шуд. Инкишофи саноат, хусусан саноатй харбй хавасманд гардонда мешуд.

Сиёсати берунаи Наполеон ҳамчунин манфиатхои синфии буржуазияро ифода мекард. Истилову иютоли сар-заминхоро У барои сарватманд гардидани буржуазия исти-фода мекард. Сиёсати протексионизм ба амал бароварда шуд. 21 ноябри соли 1806 Наполеон дар Берлин декрети мухосираи континенталиро ба имзо расонд. Ин декрет барои Фаронса мукофоти амал гардид. Диктатураи харбии Наполеон дар вокеъ диктатураи буржуазй буд. Чанги вата-нии соли 1812, шикает хУрдани Наполеон, галабаи хал к. и рус ба халкхои Аврупои Гарбй мадад карданд, ки аз истибдоди ҳукмрони худкоми фаронсавй озод шаванд. Мухосираи континенталй ба табаддулоти саноатй дар Фаронса мо-неаи чиддй гардид.

7.2 Табаддулоти саноатй дар Фаронса ва хусусиятхои он

Табаддулоти саноатй дар Фаронса дертар cap шуд ва бештар тУл кашид. Ин хусусияти асосии табаддулоти саноатй дар Фаронса буд. Огози хакикии табаддулоти саноатй танҳо дар солхои 1815-1830 пеш омад, вале анчомаш ба солхои 60-уми асри XIX нисбат дорад. Сабаби асосии чу-нин акибмонй дар он буд, ки сохти чамъиятию сиёсии Фаронса ба инкишофи куввахои истехсолкунанда, чунон ки дар Инглистон буд, мусоидат намекард. Бар хилофи Инг-листон, ки инкилоби буржуазй нисбатан барвакт ба амал омада буд (соли 1649), дар Фаронса барои баркарор гардидани сохти буржуазию демократй чанд инкилоб лозим буд.

Сохтори чамъияти буржуазии Фаронса аз чунин со-хтори Инглистон фарк дошт. Ин чо накши асосиро на са-ноатчиён ба чо меоварданд, чунон ки дар Инглистон буд, балки сохиббонкхо, калоншавандагони молия мебозиданд, ки сиёсати Иқтисодиашонро асосан дар заминай саъй дош-тан ба хисобу китоби фоизи баланди бонкй барпо мекар-данд. Ин кор ба инкишофи кредити саноатию хочагии қишлоқи барои тезондани суръати саноатигардонй зарур, боис намешуд.

Ба саноатигардонии тезанчом сиёсати берунии Фаронса ҳам, ки кУшиш мекард дар ибтидои асри XIX гегемони-яи харбии худашро дар китъаи Аврупо баркарор намояд, мусоидат намекард. Чангхои бардавоми Наполеон нерУю воситахоро аз фаъолияти хочагидорй барканор медоштанд; ин чангхо ба талафоти зиёди Иқтисодй мебурданд.

Ба табаддулоти саноатй мухосираи континенталй низ таъсири манфй расонд. Ин мухосираи континенталй ба он оварда расонд, ки Фаронса солхои дароз аз мошинхои ин-гилисй, маснуоти филлизй ва ангишти барои механизатсия, барои чараёни истехсолот зарур, инчунин аз мухимтарин навъхои моли хом маҳрум монд. Ин табаддулоти саноатиро ба таври чиддй боздошт, ба истифода бурдани ангишсанг дар маталлургияи Фаронса монеъ шуд ва саноати матоъхои пахтагию шакарро, ки бо моли хоми мустамликахо кор ме-карданд, ба холати бУхронй дучор кард.

Ба табаддулоти саноатй заъфи нисбии афкори мухан-дисии Фаронса, ки ба чорй кардани навигарихои техники дар корхоначоти мамлакат шитоб надошт, таъсири манфй расонд. Мухимтарин дастовардхои афкори техники: аз ка-били дастгохи бофандагии механикии ихтироъи солхои 1804-1808, системаи коркарди кимиёвию механикии аз за-гирпоя ришта хосил кардан, ки соли 1810 ихтироъ гардида буд ва дастовардхои дигар танҳо дар миёнаи асри XIX -дар соли 1840 мавриди истифода карор гирифтаву интишор ёфтанд. Дар ибтидои асри XIX дар саноати Фаронса буду шуд 15 мошини бугй кор фармуда мешуд, вале дар Ингли-стон бештар аз 5 хазор мошин кор мекард.

Заъфи бозори дохилй низ ба табадуллоти саноатй таъсири манфй мерасонд. Мануфактурахои калони марка-зиятёфтае, ки ба бозори истеъмолии густурда хидмат ку-нанд, ба нудрат дучор меомаданд.

Ва, нихоят, чихатхои хосси истехсолоти мануфакту-рии Фаронса, ки ба ашёи шукУху хашамат, сару либоси мУд, пойафзол, чарчинворй, атриёт тахассус ёфта буданд, ба суръати табаддулоти саноатй дар Фаронса таъсир кар-

данд.

Кулли шартхои фавкуззикри ҳам Иқтисодию ҳам сиёсй барои табаддулоти саноатй дар Фаронса номусоид буданд.

То OFO3H табаддулоти саноатй Фаронса ба хар хол кишвари аграрй боки монда буд. Арзиши махсулоти хочагии қишлоқ аз арзиши махсулоти саноатй кариб 3 ма-ротиба баланд буд. Агар Фаронса мамлакати саноаташ та-раккикарда ба хисоб мерафта бошад, факат бад-ин сабаб буд, ки дар дигар кишварҳои китъа саноат боз сусттар та-ракки карда буд.

Дар таърихи табаддулоти саноатй дар Фаронса ду давраи асосй фарк дорад: солхои 30-40-уми асри XIX ва 50-60-и асри XIX.

Давраи якум солхои 1830-1850-ро дар бар мегирад.

Давраи дуюм – солхои 1850-1870-ро.

Дар бистсолаи аввал миқдори мухаррикхои бугй бештар аз 7 маротиба, тУли шабакоти рохи охан – бештар аз 9 маротиба, кандани ангишту коркарди пахта – бештар аз 2 маротиба афзуд. Металургия ба суръати сохтмони рохи охан суръат бахшида ба кУрахои кудлингй гузаштан гирифт ва истехсоли чУян дар бист со л ду баробар зиёд шуд. Аммо ба ифодаи мутлак хачми истехсоли воситахои истехсолот чандон зиёд набуд.

Бистсолаи дуюм – солхои 1850-1870 аз давраи рушди босуръати корхонахои калони саноатии капиталиста бо ин-тиколаш ба рохи истехсолоти мошинй иборат буд. Баъди инкилоби соли 1818 табаддулоти саноатй дар Фаронса ба анчом мерасад.

Аз соли 1850 то соли 1870 шабакаи рохи охан дар мамлакат бештар аз 5 маротиба зиёд гардид, миқдори мухаррикхои бугй дар саноат кариб 5 маротиба, ангишт -зиёда аз 2,5 маротиба, вале чУян ду баробар афзуд. Дар ин бистсола афкори техникии Фаронса равнаки назаррас пай-до кард. Дар як худи соли 1851 кариб 2 хазор патенти их-тироъкориву навоварй дода шуд. Аммо то охири солхои 60-ум истехсолоти дастй ҳамчунин накши мухим мебозид, но-расоихои тахассусии саноатй бартараф нагардида буданд, Фаронса аз рУи сатхи тамаркузёбии истехсолот аз Инглистон ва Германия акиб меистод. Дар Фаронса иншооти азими саноатй кариб ки вучуд надоштанд. Накши саноати сабук зиёд буд.

Фаронса дар поёни соли 1870 ба сифати кишвари са-ноатию аграрй боки монд. Миқдори ахолии шахрй кам буд. Аз 15,2 миллион ахолй 7,2 миллионаш ба хочагии қишлоқ машгули кор буданд, 4,7 миллион – ба саноат, 1 миллион – ба тичорат, ё 1,3 миллион ба рУзгори хона, 1 миллион – ба кори дигар сохахо банд буданд.

7.3 Вазъияти сектори аграрии Фаронса дар асри XIX

Инкилоби буржуазии солхои 1789-1794 феодализмро дар дехот хотима дод. Заминхои дворянхо мусодира гарди-да, ба китъахои хурд-хурд таксим ва ба шарти пардохт ба мУхлати 10 сол ба деҳқонон фурУхта шуданд. Заминхои обшинагй, ки дар вакташ аз чониби феодалхо сохибй шуда буданд, ба деҳқонон баргардонида шуданд.

Кулли мачбуриятхои феодалй бе хеч гуна хукуки бозхост барҳам дода шуданд. Ҳамаи ин чорабинихои ин-килобй ба инкишофи хочагихои майдамолии деҳқонй рох тоза карданд, ки шакли бартариятноки истехсолоти хочагии қишлоқ гардиданд. Бо рушди ахолии табақаи деҳқонй хочагихои хурд ба хочагихои боз майдатаре таксим мешу-данд. Дар солхои 60-ум 74 фоизи заминдорон сохибй то 2 гектар замин буданд. Сабаби асосии суръати нисбатан пасти инкишофи капитализм дар дехоти Фаронса аз тахаккум доштани хочагихои хурд иборат буд. Фаронса аз рУи са-тхи истехсолоти хочагии қишлоқ дар нимаи дуюми асри XIX аз Инглистон, Пруссия ва Австрия акиб меистод. То ин давра дар Инглистон хочагии капиталистии фермерй мавчуд буд, дар Прусияю Австрия бошад, помешчикони феодал ҳукмронй доштанд.

Таксим гардидан ба порахои хурд-хурд ва камзаминй дарачаи сусти агротехника, дар хочагии қишлоқ паст буда-ни хосилнокии мехнат, гирифтори нозу нузи табиат будан-ро пешакй муайян мекарданд. Сарфи назар аз он, ки аз соли 1815 то соли 1882 чамъоварии гандум 2 баробар афзуд, аз рУи хосилнокии ин зироат Фаронса дар чахон факат чои 11-умро ишгол мекард. Механизатсияи хочагии қишлоқ факат дар миенаи асри XIX cap шуд ва танҳо дар хочагихои калони камшумор.

Сиёсати Иқтисодии давлат деҳқониро дар китъахои хурд-хурд боз заифтар гардонд. Молиёти зиёд, ки онро асосан сиёсати берунаи тачовузкоронаи Фаронса такоза мекард, инкишофи хочагихои деҳқонии на чандон бакувватро карахт мекард.

Дар миёнаи асри XIX карзи багаравгирифтаи сохибо-ни замини Фаронса 11 миллиард франкро ташкил медод. Бонкхо берахмона табақаи деҳқониро истисмор мекарданд, вазъияти ин табақа кариб ки аз коргарони кироя фарк на-дошт. Деҳқонон дар бадали карзи судхУрон ба капитали-стон дар шакли фоизи гаравгон ва дигар фоизхо нафакат рентаи замин, на факат тамоми даромади соф, хатто як кисми махсулоти заруриашонро ҳам медоданд. Сохибони бонкхо аз психологияи сохибмилкии деҳқонон истифода мебурданд. Марди деҳқон дар як порча замини худ тангда-стй кашида, ҳамчунин худашро сохибмилк мепиндошт, бе-хабар аз он ки ин моликият кайхо аз дасташ рафтааст. Бухрони аграрие, ки ба муносибати якбора рушд кар-дани содироти галлаи арзони амрикой Аврупоро дар охири асри XIX моту мабхут карда буд, ба Фаронса зарбаи чонкох зад. Гандуми фаронсавй, ки дар вазъияти нихоят баланд будани рентаи капиталистй истехсол мешуд, бо гал амрикой ракобат карда наметавонист. Ҳамин тарик, хочагии қишлоқи заминхояш ба китъ хурд-хурд таксим гардидаи камхосил солхои дароз дар инкишофи Иқтисодиёти Фаронса монеъаи чиддй гардид.

7.4 Шакл гирифтани хислати судхУронаи капитализми Фаронса

Нишонахои судхУронаи капитализми Фаронса ханУз дар давраи табадуллоти саноатй пайдо шуда буд, аммо чи-гунагии ин нишонахо дар замони капитализми монополй пурратар зохир гардид. Суръати рушди сармояи пули дар Фаронса нисбат ба сармояи саноатй хеле баландтар буд. Муомилоти пулии бонкхо дар Фаронса нихоят босуръат рушд мекарданд, аз кабили бонки Фаронса (дар соли 1800 асос ёфта буд), «Чамъияти кулли кредити манкул» (соли 1852), «Кредити Лион» (соли 1863). Дар соли 1861 дар биржаи Париж 118 навъ хар гуна когазхои арзишнок гар-диш мекард (маблаги умумиашро 1 миллиард франкро ташкил медод), вале дар соли 1869 – аллакай 304 навъ ко-гази арзишнок (маблаги умумиаш 33 миллиард франк) дар муомилот буд.

Сармояи худи бонки ханнотию судхУрии «Кредитии манкул»-и бародарон Перейр дар соли 1852 ҳамагй 60 миллион франкро ташкил медод, вале андак баъдтар вай ба 17 чамъияти сахомии сармояи умумиашон 3,5 миллиард франка рохбарй мекард. Дар охири асри XIX буржуазияи Париж накнш маркази карзи байналхалкиро ба чо меовард. Нишонаи фарккунандаи капитализми Фаронса вокиаи алоқаманд бо канда шудани канал (нахр)-и Сувайс гардид. Чамъияти сахомии Фаронса «Ширкати умумии нахри Сувайс» ба маблаги 200 миллион франк сахмия баровард. Миср кариб нисфи арзиши сахмияхоро пардохт ва ба шир-кат маччонй замин додаву кувваи кори пешниход кард. Аммо капиталистони Фаронса аз лихози Иқтисодй на чан-дон пуркуввату аз чихати сиёсй кордон баромаданд, ки идора кардани ширкати Сувайсро дар ихтиёри худ нигох доранд. Дере нагузашта ин ширкат муфлис шуд ва муддате пас рохбарияти нахр ба дасти инглисхо гузашт. Хислати карздихию судхУрии капиталзми Фаронса ба сохтори ичтимоии чамъияти буржуазии Фаронса накш гузошт. Дар Фаронса кабати махсуси буржуазия – кабати мардуми фоидахУри ба хеч гуна фаъолияти истехсолй машгул нашу-даву танҳо аз хисоби фоизи сармояи ба вомбаргхо гузашта-наш умр ба сарбаранда инкишоф ёфтан гирифт. Махсусияти инкишофи Иқтисодиёт чихатхои хосси тичорати бурунмарзии Фаронсаро низ муайян кард. Нисба-тан тараккй наёфта будани истехсолоти фабрики, ҳукмрон будани хочагихои хурди дехот, нокифоя будани захирахои табии дохилй, хусуан ангишт – ин ҳама ба бартарият дош-тани содироти истеъмолй ва баланси пассиви тичорати Фаронса боис гардиданд. Дар соли 1870 маблаги содирот 2802 миллион франкро ташкил медоду воридот – 286 миллион франкро. Дар миёни ашёи содиротии Фаронса матоъхои абре-шимй, май, мебел, чарм, рангубор, атриёт ва маснуоти зар-гарй мавкеи асосй доштанд. Табаддулоти саноатии Фаронса дар солхои 50-60 -ум чунин натича дод, ки вазни киёсии маснуоти тайёри саноатии воридоти кам шуд. Дар соли 1869 64 фоизи воридоти Фаронсаро моли хоми саноатй ва махсулоти хочагии қишлоқ ташкил медоданд. Сиёсати Иқтисодии хоричии Фаронса бо протексионализм тавсиф дода мешуд, ки саноатй ватаниро бехимоят гардонда буд. Дар ибтидои соли 1870 Фаронса яке аз тараккикарда-тарин мамлакатхои Аврупои Гарбй буд, ки аз рУи суръати инкишофи саноаташ аз Инглистон, ИМ А ва Германия чои чорумро ишгол мекардагй шуд. Капитализми Фаронса содироти сармояаашро то рафт бештар карда онро дар доираи кредити байналхалкй тамар-куз медод ва бо ҳамин Фаронсаро ба судхУри чахонй му-баддал мекард.

0 Загрузки
test

Добавить комментарий