Пайдоши ва инкишофи капитализм дар Германия аз охири асри XVIII то соли 1871

 

8.1 Вазъияти Иқтисодии Германия дар охири асри XVIII – нимаи аввали асри XIX

8.2 Окибатхои Иқтисодии инкилоби буржуазии солхои 1848-1849 дар Германия.

Рохд «пруссии» инкишофи капитализм дар хочагии қишлоқ.

8.3 Табаддулоти саноатй дар Германияи солхои 50-60-уми асри XIX

    1. Вазъияти щтисодии Германия дар охири асри XVIII –

нимаи аввали асри XIX

Нишонаи асосии фарккунандаи таърихи Германия аз охири асри XVIII ва нимаи аввали асри XIX акибмондагии Иқтисодй ва сиёсй буд. Табаддулоти саноатй дар Германия дар нимаи дуюми асри XIX вусъат ёфт. Сабаби асосии ин акибмондагй аз кашол ёфтани ҳукмронии муносибатхои чамъиятию Иқтисодии феодалй, парокандагии давлатдорй иборат буд.

Германия ба 360 давлати хурду калон таксим гардида буд. Сиккаи ягона, системаи ягонаи ченак набуд, байни князихо монеахои гумрукй мавчуд буданд. Муттахидии сиёсии катъии Германия факат дар соли 1871, баъд аз маг-луб гардидани Фаронса дар чанги Фаронсаву Пруссия ба амал омад. Аз сохти феодалй ба буржуазй гузаштан дар Германия хеле батаъхир ва андаке ба усули дигар чараён гирифта буд. Бар хилофи Инглистон ва Фаронса ба тарзи буржуазй бозсозй шудани Германия на бо рохи инкилоб, балки бо рохи ислохот сурат гирифт. Ҳукмронии иктисо-дию сиёсии феодален на якбора барҳам дода шуд, балки бо ислохот иктифо гардид: мачбуриятхои деҳқонон на ба як бор барҳам хурданд, балки деҳқонон фидя дода халос шу-данд. Инкилоби буржуазй дар Германия танҳо дар миёнаи асри XIX – дар солхои 1848-1849 ба амал омад. Инкилоб мутлакияти феодалй ва ҳокимияти феодалону помешчикхо-ро (инхоро дар Германия юнкер меномиданд) барҳам на-дод, балки факат махдуд гардонд. Юнкерхо ҳокимиятро бо буржуазией миллии немис таксим намуда, латифундия (милкхои зиёд) ва хиссаи бузурги вазифахои идорагариро хусусан дар дастгохи хукумати марказй ва дар куввахои мусаллах, дар ихтиёри худашон гузоштанд.

Ба дер анчомидани гузариши Германия аз феодализм ба капитализм аз роххои тичорати чахонй барканор монда-ни кишвар низ боис гардид: дар холи мавчуд будани як ка-тор дарёхои барои истифодаи хочагидорй мувофик, барои устуворона баромадан ба бахрхо дар мамлакат флоту лан-гаргоххо вучуд надоштанд. Дар нимаи дуюми асри XIX ба-Хрнавардии немис аслан дар холи пайдоиш буд.

Хар яке аз давлатхои Германия сохтмони роххои ох-анро маъмулан дар худуди худашон анчом медоданд, ки ташаккул ёфтани системаи наклиёти ягонаро бозмедошт. Сархадоти гумрукии дохилй, парокандагии сиёсии Германия ба он оварда расонд, ки се нохияи асосии саноатии он – Пруссияю Силезия, Саксония, Рейну Вестфалия – бо як-дигар алоқаи мустахкам надоштанд, ки ин ба инкишофи муомилоти моли ва ташкил ёфтани бозори дохилии ягона халал мерасонд.

Ба ҳамин сабабхо Германия дар нимаи аввали асри XIX мамлакати аграрй буд.

Дар ибтидои асри XIX Германия асосан молхои коси-бй мебаровард. Хукмфармо будани чамъияти косибон дар истехсоли молхои саноатй то солхои 60-уми асри XIX да-вом дошт. Дар миёнаи асри XIX хунармандон дар Чамъияти косибони Германия назар ба коргарони саноатй бештар буданд. Германия дар нимаи аввали асри XIX нақши заминаи аграрии мамолики капиталисти саноати Инглистон ва Фаронсаро ба чо меовард.

Истехсоли молхои саноатии чамъияти косибон дар со-хтори тичорати бурунмарзии Германия инъикос гардида буд. Бештар махсулоти фабрикахову мануфактурахои ин-гилисиву фаронсавиро ворид ва моли хому хуроквориро содир мекарданд. Мануфактураи немис дар охири асри XVIII тавлид гардидаву хануз заиф буд.

Нахустин мухаррикхои 6yги дар саноати амалкунан-даи Германия дар солхои 30-40-уми асри XIX пайдо шу-данд. Дар соли 1837, масалан, дар саноати Силезия ҳамагй 8 мухаррики бугии иктидори умумиашон 158 кувваи асп кор мекард, хол он ки факат дар фабрикахои матоъхои пахтагии шахри Ланкашири Инглистон 714 мошинй бугии иктидори умумиашон 20 хазор кувваи асп амал мекард, ки ин аз кулли Пруссия зиёд буд.

Нохияи Рейну Вестфалия пешкадамтарин вилояти саноатии Германия буд. Дар ин чо пештар аз дигар нохияхо хукуки деҳқонону чамъиятхои махдуди косибон барҳам дода шуда буданд ва истехсолоти мошинй бармахалтар ба рохи инкишоф даромада буд. Дар миёнаи асри XIX бештар аз 3 миллион тонна ангишт истехсол, кариб 200 хазор тонна чуян гудохта шуда буд.

Аз пгумори бештар аз 200 кураи домнагии Германия танҳо 32-тоаш бо ангиштсанг кор мекард, вале кУрахои пудлингй факат дар 9 завод мавчуд буданду бас.

Дар рохи иттиходи Иқтисодию сиёсии Германия ва суръат бахшидан ба табаддулоти саноати иттиходи гумру-кии сарзаминхои Германия кадами мухим гардид. Мавчудияти монеахои гумрукй сабабгори акибмондагии бо-зори дохилй буд. Бинобар ин буржуазияи немис 6а эчод кардани иттиходияи гумрукии сарзаминхои Германия саъй кард. Соли 1833 Иттифоки гумрукии Германия ташкил дода шуд. Дар ибтидо ин иттифок 18 давлати немисии дорой 23 миллион ахолиро муттахид мекард. Иттифоки гумрукй ба молхои хоричй тарифхои протексионистй мукаррар кард, бо ҳамин таъсири ракобати Инглистонро ба саноати чавони Германия заиф гардонд. Аммо иттифоки гумрукй, ки муттахид гардондани ҳамаи давлатхои Германияро анчом дода натавониста буд, гуногуншаклии системахои арзй ва метрии ченакхо, меъёрхои қонунгузории хочагидориро бекор накарда буд, кулли монеахоро дар ро-хи ба тарзи капиталистй саноати кардани Германия барҳам дода натавонист.

Дар асари ҳамаи ин шартхо табаддулоти саноати дар Германия танҳо дар солхои 50-ум, ва хусусан дар солхои 60-уми асри XIX ба вусъат даромаду бас.

Тараккиёти Иқтисодиёти Германия дар миенаи асри XIX ба василаи рУйдодхои инкилоби буржуазии солхои 1848-1849 авч гирифт.

    1. Окибатхои Иқтисодии инкилоби бур-жуа-зии солхои 1848-1849

дар Германия. Рохи «пру-сй»-и инкишофи капитализм дар хочагии қишлоқ

Инкилоби буржуазй дар Германия, сарфи назар аз нотамому нимкора монданаш, беасар набуд. Ин инкилоб бо он омода мегардид, ки дар Аврупо дар соли 1847 бухрони Иқтисодй огоз ёфта буд. Он бекории умумиро ба бор овард. Гайр аз ин, пеш аз бУхрони Иқтисодй ду кахтсолй руй дода буд. Дар натичаи бухрони Иқтисодию кахтсолй зиддиятхои синфй тезу тунд гардиданд. Дар ин шароит буржуазияи немис ба барҳам додани тартиботи феодалй ва пароканда-гии кишвар саъй кард. Ҳамин тавр, дар соли 1847 ва ибти-дои соли 1848 вазъияти инкилоби ба миён омад.

Харакатхои инкилобии 27 сентябри соли 1848 дар Ба-ден мохи марти ҳамон сол тамоми шахру дехоти Прусияро фаро гирифт. Вазифаи асосии инкилоби буржуазй иттиходи сиёсии мамлакат буд. Вале Инқилоб ин масъаларо ҳал накард. Сабаби асосии нотамом мондани инқилоби буржуазӣ аз он иборат буд, ки буржуазияи немис аз доман густур-дани харакати коргарию деҳқонй ба харос омада, ба халк хиёнат кард ва бо табақаи дворянин феодалхо забон як намуд. Ф.Энгелс буржуазияи немисро тарсутарин буржуазияи олам номида буд. Махдудияти накшахои ислохгаронаи буржуазияи немисро таъкид карда истода К.Маркс навишта буд, ки «инкилоби немисии соли 1848 таклиди сатхии ин-килоби фаронсавии соли 1789 асту бас». Суханронихои тахдидбори коргарон, чангхои сангарй, ба шур омадани деҳқонон табақаи юнкериро ба харос овард. Юнкерхо маҷбур шуданд, ки дар барҳам задани муносибатхои феодал й гузаштхои минбаъдаро пеш гиранд, то заминдории калонро начот диханд. Мохи марти соли 1850 дар Прусия фармоне содир шуд, ки мачбуриятхои хурди деҳқононро барҳам дод. Мухимтарини ин мачбуриятхо ба рентаи пули табдил дод а шуданд.

Нотамом мондану маглуб гардидани инкилоби буржуазии солхои 1848-1849 ҳамчунин ба ралабаи рохи «прусики инкишофи капитализм дар хочагии қишлоқи Германия боис гардид.

Аз бокимондахои феодалй озод гардидани хочагии қишлоқ хусусияти кашолёбии нимкора дошт. Ин чиз хусу-сан дар Прусия, муктадиртарин давлати Германия, равшан ба зухур меомад. Кадами якум дар табаддулоти аграрии Прусия қонуни соли 1807 гардид, ки тобеияти шахсии марди деҳқонро ба помешчик бекор кард. Ба табақаи деҳқон замин ваъда шуда буд. Аммо юнкерхои Прусия чонибдори гузаронида шудани ислохоти замин набуданд. Дар соли 1811 қонуне ба тасвиб расид, ки тибки он деҳқонон имкон пайдо карданд ё дар бадали фидяи зиёд, ё ба помешчик гузашт кардани як кис-ми замини сахмии хеш, сохиби замини дар истифода будаашон гарданд. Ин қонун замин тасарруф кардани юнкерхоро таквият дода, кашшокшавии дехоти немисро вусъат бахшид. Кисми бештари деҳқонон бе замин монданд. Вале сарфи назар аз ин, дар хочагии қишлоқ капитализм тараккй кард. Аз байни деҳқонон гросебауэрхо (кулакхо) чудо шуданд, ки батракхоро истисиор мекарданд. Милкҳои юнкерон ба корхонаҳои капиталистӣ сабзида расиданд. Тараққиёти капитализм дар хоҷагии қишлоқи Прусия бо боқимондаҳои крепостнойчигӣ душвор гардида сӯи пеш мерафт,ва бо ҷараёни пуразоби мусодира шудани табақаи деҳқонӣ ҳамқадам буд. Инро махсусияти «роҳи пруӣ ё помешчикӣ»-и тараққиёти капитализм дар хоҷагии қишлоқи Германия меномидан. Аммо «роҳи прусӣ» -и таҳаввули капиталистии хоҷагии қишлоқ дар саросари германия хос набуд. Ин роҳ фақат дар Прусия ҳукмфармо гардид. Дар ноҳияҳои шимолу ғарбӣ ва дар Бавария хоҷагиҳои кулакии гросебауэрҳо интишори домандор пайдо карда буд, вале дар вилоятҳои ҷанубу ғарбӣ хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ бартарӣ доштанд. Роҳи прусӣ бо он тавсиф меёбад, ки муносибатҳои асри миёнагии заминдорӣ якбора барҳам намехурад, балки ба муносибатҳои капиталистӣ, қудрати ин нишонаҳои нимфеодалиро ҳам муддати мадиде нигоҳ медоранд, батааннӣ дамсоз мегаранд. Дар роҳи прусӣ тараққиёти капитализм дар хоҷагии қишлоқи Германия хоҷагиҳои крепостноии помешчикон дар ҳоли ҷудо шудани аққалияти начандон зиёди «гросбауерҳо» («деҳқонони калон») деҳқононро дар даҳсолаҳо ва пуразобтарин истисмору зердаст гирифтор карда ба таанй ба хочагихои буржуазй, юнкерй сабзида мерасанд. Табақаи деҳқонй якбора мутафаррик гардид, бештари деҳқонон ба батрак мубаддал шуданд, аз тарафи юнкерхо истисмор шудани онхо бо қонунгузории Прусия, ки соли 1854 содир шуда буд, мустахкам гардид. Сарфи назар аз нимкора мондани ислохотхои аграрй хочагии қишлоқи Германия, хусусан дар солхои 50-60-уми асри XIX пеш рафт. Дар ҳамаи унсурхои зироатхои дехконӣ тагйироти прогрессивй ба амал омаданд: батадрич киштгардони секитъагии ба таври мачбурй ба чо овардашаванда аз байн мерафт, киштгардони дуруст чорй карда мешуд, алаф кишт кардан, системаи солдармиён кишт кардани саб-завот сифати замингардониро бехтар мекунад.

Агрохимия, ки деҳқониро дар заминай илмй карор дода буд, босамар инкишоф меёфт, нурихои минералй ба кор бурда мешуданд, истифодаи мошинхо васеъ ба рох монда шуд, хосилнокии зироатхои хочагии қишлоқ якбора баланд гардид. Вазъ дар бозори чахонии галла дар солхои 50-60-уми асри XIX ба тараккиёти хочагии қишлоқи Германия мусои-дат кард. Дар давраи табаддулоти саноатй ва хусусан баъди анчом ёфтани он дар кишварҳои аврупой ахолии шахрхо рушд карда, талабот ва нарх ба галла ва махсулоти хочагии қишлоқ боло рафт. Хочагихои юнкерй бо рохи бехтар кардани заминай техникии хочагии қишлоқ тавлиди махсулотро бехтар карда метавонистанд. Истехсоли картошка ва шакарлаблабу якбора зиёд мегардад. Кишти зироатхои техники васеъ ба рох монда шуд. Дар ҳамин зами-на саноатй хурокворй инкишоф ёфт. Махсулоти ин сохаи зироат дар содироти Германия иакши мухим ба чо меовард.

Бо инкишофи капитализм дар хочагии қишлоқ икти-дори Иқтисодии хочагихои юнкерй якбора баланд рафт. Вале ин барои кулли системаи ичтимоию Иқтисодию Германия манфиатарин окибатхо дошт. Иттифоки буржуазии не-мис бо юнкеригарй ба сохтори ичтимоию сиёсии чамъияти буржуазии немис хусусияти милитаристй, тачовузчУёнаи махзи иртичой медод, ки ин махсусан дар давраи капита-лизми монополистй башиддат зохир гардид.

7.3 Табаддулоти саноатй дар Германияи солхои 50-60-уми асри XIX

Табаддулоти саноатй дар Германия се мархиларо тай кард. Мархилаи якум то соли 1850, мархилаи дуюм – то солхои 1850-1870, мархилаи сеюм – аз ташкил ёфтани им-перияи Германия, аз соли 1871 то давраи ба охир расидани табаддулоти саноатиро дар бар мегирад.

Мархилаи якум давраи ибтидой, замони омодагй ба табаддулоти саноатй мебошад.

Мархилаи дуюм – фосилаи бист сол – аз 1850 то 1870-ро дар бар мегирад, ки давраи халкунандаи табаддулоти саноатй буд. Ин мархилаест, ки Германия болоравии алоқаманд ба инкишофи густурдаи саноатй вазнинро аз cap мегузаронид. Ба мархилаи сеюм, давраи халкунандаи табаддулоти саноатй, замони муттахидшавии Германия ва соли 1871 империя эълон гардидани он таалук дорад. Махсусияти мархилаи сеюми табаддулоти саноатй аз омезиш ёфтани инкишофи саноат бо ташаккули монополияхо иборат аст. Дер кашидани табаддулоти саноатй дар мархилаи дуюм дар ту ли бист соли 1850-1870 бо ЧУшу хуруш ва шиддат пеш рафт. Дар чараёни давраи дуюм саноатй вазнин бо суръати баланд инкишоф ёфт. Дар зарфи солхои 1850-1870 махсулоти саноатй вазнин бештар аз 23 маротиба афзун гардид, аз он чумла ангишт – 5 маротиба, чуян – 7 маротиба зиёд шуд. Агар дар солхои 40-ум ба Инглистон баровар-дани пашм яке аз моддахои асосии содироти Германияро ташкил медода бошад, дар солхои 60-ум акнун худи Германия барои фабрикахояш пашм ворид мекард.Ба таъхир афтодани табаддулоти саноатй афзалиятхои худашро дошт. Агар дар Фаронса ин табаддулот асосан ба фиристода шудани мошинхои ингилисй вобаста буда бо-шад, дар Германия табаддулоти саноатй ба дарачаи зиёд дар заминай мошинсозии худи сурат мегирифт. Х.амчунин, дар Германия якбора дар киёси он замон калонтарин кор-хонахои мошинсозй бунёд карда мешуданд. Таври мисол, агар заводи локомотиви Борзиг дар соли 1857 ҳамагй 37 коргар дошта бошад, дар соли 1866 миқдори коргарони вай алакай ба 1600 нафар расида буд. Фабрикахои нави немисй – азаматхои вокеии он замон буда, бар хилофи парки мошинхои фарсудаву кУхнашудаи саноатй Инглистон бо навтарин тачхизот мучаххаз гардонда шуда буданд. Бинобар ин, саноатй Германия бо суръати барои асри XIX бемисл тараккй кардан гирифт. Дар зарфи солхои 40-ум афзоиши махсулоти саноатй аз 13 фоиз боло набуд, вале дар солхои 50-ум ҳамин афзоиш аз 100 фоиз изофатар ва дар солхои 60-ум 150 фо-изро ташкил дод.

Суръати афзоиши саноат дар Германия нисбат ба Фа-ронсаву Инглистон баландтар ба назар мерасид. Инкишофи саноатй вазнин дорой аҳамияти махсус буд. Дар сохтори саноатй немис дигаргунихои мухим ба амал омаданд. Мар-кази вазнинй ба доираи «кисмати аввал» кУчид ва истехсо-ли ангишт, гудозиши металл, тавлиди мошинхо ба чои аввал баромад.

Махз рушди босуръати саноатй вазнин дар солхои 1850-1870 ба сифати асоси болоравии саноатй Германия хидмат кард. Дар солхои 1850-1870 истехсоли ангишт аз 255 хазор тонна то 4,5 миллион тонна зиёд шуд. Адади за-водхои мошинсозй аз 131 то 300 афзуд. Махз дар ҳамин давра ширкати «Крупп», ки соли 1811 пайдо шуда буд, со-хиби сарват гардид.

Дар нашъунамои саноатй солхои 50-60-уми асри XIX-и Германия тагйироти сифатии саноат ҳам ба вукУъ омад, ки ба ин таквият ёфтани протсессхои марказиятёбй шахо-дат медихад. Дар холати афзоиши умумии истехсолот дигаргунихо ба амал омаданд, адади корхонахои саноатй кам шуд. Масалан, шумораи заводхои металлурги – аз 913 то 655, фабрикахои пашмресй – аз 2437 то 1157, мохутбофй -аз 708 то 519, матоъхои пахтагй – аз 616 то 351, когазбаро-рй – аз 394 то 376 ихтисор гардиданд.

Дар мархилаи дуюми табаддулоти саноатй тез суръат гирифтани сохтмони роххои охан ба мушохида мерасад. Дар ин мархала тУли ин роххо аз 6 хазор километр то 19,6 Хазор километр, адади паровозхо 8 маротиба, вагонхои боркаш бошад – 12 маротиба зиёд гардид. Сохтмони рохи охан дар навбати худ ба инкишофи саноатй фабрики, ки ба ангишт, реле паровоз ва вагон талаботи зиёде ба миён оварда буд, такони сахт дод.

Мухимтарин мухаррики тараккиёти саноатй Германия дар солхои 1850-1870 мубориза бахри муттахид кардани саросари Германия зери химояти Прусия гардид. Ба ин му-носибат ва дар иртиботи омодагй ба зарбаи катъй задан ба Фаронса тезу тунд заминай саноатй харбй 6а вучуд оварда шуд, ки дар ин кор заводхои пулодрезй ва артиллерии Крупп накши асоей доштанд; ин заводхо соли 1811 асос ёфта буданд.

Дар тараккиёти саноат инчунин вусъат ёфтани бозори дохилй низ аҳамияти калон дошт, ки рушди боркашонй та-вассути наклиёти рохи охан ба ин шаходат медихад; ҳамли бор аз 190 то 4045 миллион тонна километр зиёд гардид.

Дар давраи барраей шуда, ба туфайли тараккиёти саноат хачми муомилоти савдои бурунмарзй кариб 3 баробар зиёд гар-дидааст. Дар таркиби содироти махсулоти саноатй – мошин, мас-нуоти металлй, матоъхои пахтагию пашмй, маснуотй чармй, махсулоти кимиёвию шакар бештар – бартарй дошт. Дар воридот -пахта, пашм, гандум, чав, пусти хом, маъданхои охаиу мис – аҳамияти зиёдтар пайдо кард. Ба ҳамин тарик, хачми содироти Германия дар заминай тараккиёти саноат зиёда аз 2,5 баробар, норидот – 2 баробар афзуд. Табаддулоти саноатй Германияро ба муборизаи зидди Инглистону Фаронса барои гегемонияи иктисо-ди омода кард.

1 Скачать
test

Добавить комментарий