Намудхои коғазхои кимматнок ва гурухбандии онхо

     Асосан  қоғазҳои қимматнок ба ду гурӯҳ ҷудо карда мешавад:

  1. қоғазҳои қимматнок асоси
  2. қоғазҳои қимматнок маҳсул

Коғазҳои қимматнок асоси ин   қоғазҳои қимматнок мебошад,  ки дар асоси он ҳуқуқҳои молумулки  ба ягон намуди актив асосан мол, пул, сармоя, моликият ё намудҳои  гуногуни захираҳои табии дида мешавад.

 Қоғазҳои қимматнок асосиро дар навбати худ ба  2 гурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст.

  1. қоғазҳои қимматноки ибтидои
  2. қоғазҳои қимматнок дуюмдараҷа

1. қоғазҳои қимматнок ибтидои дар асоси активҳо  бароварда ва худи қоғазҳои қимматнок асоси  онро ташкил намедиҳанд (аксия, облигатсия, вексел, гаравнома).

2. қоғазҳои қимматнок дуюминдараҷа ин  қоғазҳои қимматнок мебошад, ки дар асоси қоғазҳои қимматнок ибтидои бароварда мешавад (воронтҳо ба қоғазҳои қимматнок забонхати амонати).

Қоғазҳои қимматнок маҳсул ин шакли ғайри  ҳҷҷати ҳуқуқ ё ӯҳдадории  молумулки мебошад, ки бо сабаби тағйирёби нархи қоғазҳои қимматнок ҳамчун активи биржави ба вуҷуд омодааст қоғазҳои қимматнок маҳсул дар асоси активи нархи бароварда мешавад.  Аниқтараш ба нархи молҳо (одатан нархи  молҳои биржави гандум, гӯшт, нефт, тилло)  ва ғайра.

Ба қоғазҳои қимматнок маҳсул дохил мешавад:

  1. Шартномаи фючери.
  2. Опсионҳои озодгардишкунанда
  3. Шартномаи форварди

Намудҳои  асосии қоғазҳои қимматнок инҳо мебошад:

         Аксия – ин пасандози ягона ба  сармояи низомномавӣ ҷамъияти  саҳҳоми мебошад.

         Облигатсия  (вомбаргҳо) ӯҳдадории ягонаи қарзи мебошад, ки бо шарти мӯҳлатнокӣ баргардони музднокӣ ё бемузд дода мешавад. Сертификати банки ин шаҳодатномаи  озодонагардишкунанда оиди пасъандози депозити (амонатӣ)  ба бонк мебошад, ки  бо ӯҳдадории  баргардонидани он баъди  мӯҳлати муаяйн  бо фоизи муқарар кардашуда дода  мешавад.

         Вексел  – ӯҳдадории пули хатти  қарзгиранда оиди баргардонидани  қарз мебошад, ки  шакл ва тартиби  гардиши он аз тарафи қонун танзим  карда мешавад.

         Чек – супориши хаттии соҳиби  чек ба бонк оиди пардохти  маблағи дар чек қайд кардашуда ба шахси чекгиранда.

         Коносомент – ҳҷҷати  (созишномаи) шакли  стандарти (байналхалқӣ) оиди  кашонидани бор, ки боркунии молро  кашонидани онро ва қуқуқ барои гирифтани онро тасдиқ менамоед.

         Варрант

  1. Хуҷҷате, ки аз тарофи анбор ба дорандаи мол  дар ин анбор ба сифати  тасдиқнома дода мешавад.
  2.  Хуҷҷате, ки ба дорандаи худ қуқуқи харидорони аксияҳо ва облигатсияҳои  ягон ташкилотро  дар мӯҳлати муаяйни  вақти аз рӯи нархи муаянкардашуда  медиҳад.

Опсион – шартномае, ки мувофиқи он яке аз  тарофҳо ҳуқуқии дар  мӯҳлати муайни вақт харидани ( фурӯхтани) қоғазҳои қимматнокро аз тарофи  дигар бо нархи муаяйнгардида  ва ба додани музди муайян дорад.

         Шартномаи фючерси – ин шартномаи  стандарти биржавӣ оиди  хоридан ё  фурӯхтани активӣ биржавӣ  баъди мӯҳлати муаяйн дар оянда  бо нархи дар  мавриди бастони созишнома  муқараргардида мебошад.

         Қоғазҳои қимматнок мӯҳлатнок – ин қоғазҳои қимматнок мебошад, ки мӯҳлати мавҷудиятишон муаяйн аст асосан  қоғазҳои қимматнок (мӯҳлатнок ба се намуд ҷудо мешавад).

  1. Кӯтоҳмуддат (то як сол)
  2. Миёнамуддат (аз як сол то 10 сол)
  3. Дарозмуддат (10 сол то 30 сол)

Қоғазҳои қимматнок беемӯҳлат – ин қоғазҳои қимматнок мебошад, ки мӯҳлати гардиши он маҳдуд карда нашудааст ва мӯҳлати пардохти он дар қоғазҳои қимматнок қайд нагардидааст.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.