Мохият ва вазифаи коғазхои кимматнок

Нақша:

  1. Моҳияти қоғазҳои қимматнок
  2. Вазифаи қоғазҳои қимматнок

I. Коғазҳои қимматнок як намуди сарват ва  боигарии одамон дар ҷомеа мешавад. Қоғазҳои қимматнок хеле гуногун ҳар хела буда, одамон  онро дер  боз васеъ истифода мебаранд.

         Бояд қайд кард ки, қоғазҳои қимматнок худ аз худ  арзиш надоранд. Лекин фаъолияти онҳо  дар шароити муаяйн, ҳамчун манбаи  даромад хизмат кардани онҳо ва  харидуфурӯши озоди онҳо, ба онҳо  қиммату қуввати қофӣ мебахшад.

         Қоғазҳои қимматнок ин шакли  мавҷудияти капитал, ки назар ба шаклҳои пулӣ, молӣ ва истеҳмолии ӯ қулайтар буда, ба ҷои худи ӯ дода мешавад ва дар бозор ҳамчун мол гардиш ёфта, фоида меорад.

         Қоғазҳои қимматнок арзиши  истеъмоли ба худ хосро дорад, кадоме, ки  на  дар  мазмуни моддӣ, балки дар мазмуни ҳуқуқи  молумулкии он инъикос меёбад.  Ченаки арзиши истеъмоли қоғазҳои қимматнок сифатнокии он буда, дар се хусусияти он инъикос меёбад: бозоргирӣ, даромаднокӣ ва сатҳи хатар.

         Бозоргирии  қоғазҳои қимматнок ин ҳаҷми  ҳуқуқи гузаштани қоғазҳои қимматнок аз як  доронда ба дорандаи дигар бо  шарти иҷрошавии ин ҳуқуқи  мебарояд.

         Даромад аз қоғазҳои қимматнок ин  даромаде, ки дар давоми мӯҳлати  муаяйн қоғазҳои қимматнок ба доранда  меорад. Даромаднокии қоғазҳои қимматнок дар 2  шакли даромади он ифода меёбад: даромади ҳисобкарда шуда ва  даромади дифференсиалӣ.

         Даромади ҳисобкардашуда – ин  даромаде, ки қоғазҳои қимматнок ҳамчун намояндаи  капитали ҳақиқӣ ба доранда меорад.

         Даромади дифференсиалӣ ин  даромаде, ки қоғазҳои қимматнок ҳамчун  капитали  сохта ба дорандааш меорад, он дар  натиҷаи фарқияти мусбии байни  нархи фурӯшва хариди қоғазҳои қимматнок ҳосил мешавад.

Сатҳи хатари қоғазҳои қимматнок бо  номуаяйни баамалбарории ҳуқуқи қоғазҳои қимматнок вобаста мебошад.

II. Коғазҳои қимматнок як қатор вазифаҳоро  иҷро менамояд инҳо:

  1. Хисоби пардохтӣ
  2. Аз нав тақсимкунӣ
  3. Афзоиши капитал

Коғазҳои қимматнок якчанд хусусиятҳои  ӯро бо пул наздик  менамояд дорад.

Ин имконияти иваз ба пул  дар шакли (хариду фурӯш, баргардонидан  ба элемент ва ғайра). Вай  метавонад дар вақти  ҳисоб ҳамчун гарав монда шавад, якчанд сол нигоҳ дошта шавад ё  беохир, ба мерос гузошта шавад, ҳадя карда шавад ва ғайра.

 Қоғазҳои қимматнок арзиши асли ва арзиши бозори дорад.

Аммо дар солҳои охир шакли нави  қоғазҳои қимматнок ин шакли беҳуҷҷати  мебарояд.

test

Добавить комментарий