Биржаи фонди ва ташкили бозори берун аз биржави

Нақша:

1. Мақсад ва вазифаи биржаи фондӣ

2. Аъзоёни биржаи фондӣ

3. Бозори фондии ғайри биржавӣ

1. Фонди биржавӣ ин муносибати иштирокчиёни бозори қоғазҳои қимматнок ташкилкунандагони хариду фурӯш, яъне «бевосита муносибат кардани ҳуқуқи граждании хариду фурӯши қоғазҳои қимматнок». Аз рӯи ҳуқуқи биржаи фондӣ наметавонад якҷоя фаъолият аз рӯи ташкили савдои қоғазҳои қимматнок бо дигар намуди фаъолияти касбӣ дар бозори қоғазҳои қимматнок ғайр аз депозиторӣ ва клирингӣ.

Депозиторӣ – ин ташкилотҳое, ки хизмат мерасонанд аз рӯи нигоҳдории сертификати қоғазҳои қимматнок ва баҳисобгирии ҳуқуқи соҳибият ба қоғазҳои қимматнок мебошад.

Клиринг – ин қисми созишнома буда, дар он ӯҳдадориҳои тарафайн муайян карда мешавад. Клиринг аз маҷмӯи амалиётҳои ҳисоби оиди созишнома мебошад, ки аз тарафи ташкилотҳои махсус гардонида мешавад.

Бинобар ҳамин мақсад ва вазифаи ишғоли биржаи фонди дар бозори қоғазҳои қимматнок ҳамчун иштирокчиёни ӯ мебошад.

Ҳамчун ташкилотҳои бозори қоғазҳои қимматнок биржаи фондӣ аз аввал махсусан иҷрокунии талаботҳои зарурӣ барои идора кардани таъсирнокии савдо, аммо аз рӯи ташаккулёбии бозор мақсади он на дар ташкилоти савдо, балки дар хизматрасонӣ мебошад. Аз аввал биржаи фондӣ барои он сохта мешуд, ки васеъ дастгирӣ кардани соҳаи савдои қоғазҳои қимматнок ва таъмини нигоҳдории манфиати иштирокчиёни ӯ мебошад.

Мақсади якуми биржа ин додани ҷой барои бозор, яъне марказонидани ҷой барои рӯй додани хориду фурӯши қоғазҳои қимматнок (ҳам аввала ва ҳам дуюминдараҷа).

Мақсади дуюми биржа ин нишон додани таносуби нархи биржавӣ. Иҷрои ин мақсад мумкин аст агар биржа миқдори бисёри ҳам фурӯшанда ва ҳам харидорро ҷамъ карда пешкаши ҷои бозор барои онҳо дар куҷо онҳо метавонад вохӯранд на фақат барои ҳалли шарту шароити савдо балки барои нишон додани нарзи ҷоизи қоғазҳои қимматнок мебошад.

Мақсади сеюми биржа  ин аккумуллияӣия кардани пулҳои мувоқатан озод ва мусоидатнамудани  ҳуқуқи молумулки  мебошад. Ҷалб  кардани  харидорони қоғазҳои қимматнок, биржа имконият медиҳад, ба эмитентон дар ивази ӯҳдадории молиявӣ гирифтани пули даркорӣ барои инвеститсия, яъне мусоидати молизасияи маблағи нав аз як тараф аз тарафи дигар зиёд кардани доираи мулкдорон мебошад.

Мақсади чоруми биржа таъмини кушоди савдо. Дар назар доштан лозим аст, ки биржа кафолат намедиҳад, ки сармоягузории қоғазҳои қимматнок ба шумо фоида меорад. Ҳамчун дивидент ва ҳамчун нархи курсии саҳмия, вале биржаи фондӣ кафолат медиҳад, ки иштирокчиёни савдо метавонанд маълумоти бисёри ахбороти дошта боша два доро будани адолатнокии ҳуқуқ барои ташкил кардани ақидаи худ дар бораи даромаднокии қоғазҳои қимматноки худ мебошад.

Мақсади панҷуми биржа ин таъмини арбитражӣ. Дар зери мафҳуми арбитраж фаҳмидан мумкин аст, ки иҷозати моҳияти бемонеаи баҳс мебошад. Он бояд муайян кард ки доираи шахсоне, ки ақсади гузаштаро иҷро мекунад ва инчунин ба қадри имкон додани ҷуброн ба тарафи зарардида мебошад.

Мақсади шашуми биржа таъмини кафолати иҷрои хариду фурӯш дар толори биржавӣ. Барои иҷрои ин мақсад дар биржа созишномаи махсус қабул карда мешавад, ки бартарафи истифодабарии калимаҳои махсус ва пешакӣ риоя кардани онҳо шарҳи қатъӣ медиҳанд: Муқаррар  кардани ҷой ва усули савдо (толори биржавӣ, терминал, экран, телефон); ва инчунин гузоштани вақти хариду фурӯши иҷро шуда; талабкунии муайяни квалификасионӣ ба иштирокчӣ.

II. Биржаи фондӣ тааллуқ дорад ба биржаи пӯшида. Ин ба он мушоҳидот медиҳад, ки дар он савдо бо қоғази қимматнок фақат аъзоёни биржа карда метавонад. Бинобар ин онҳое фаъолияти ҳавасмандона доранд, ки машғули касбии қоғази қимматнок мебошад. Барои ҳамин ҳам дар қонуни Россия муқаррар карда шудааст, ки аъзоёни биржаи фонди ин саҳмдорон мебошанд. Мувофиқи меъёрҳои дар боло қайд шуда аъзоёни биржа шуда метавонад, органи иҷрокунандаи давлате, ки ба мақсади асосии онҳо дохил мешавад иҷрошавии амалиёт бо қоғазҳои қимматнок ва бонки тиҷоратӣ аъзои биржа шуда метавонад.

Талабот ба аъзоёни биржа ҷорӣ карда мешавад ҳам аз тарафи қонун ва ҳам аз тарафи худи биржа. Барои ҳамин ҳам дар қонун фақат талаботи умумӣ ҷорӣ карда мешавад.

Биржа имконият медиҳад ба аъоёни худ:

1. Иштирок кардан дар маҷлисҳои умумии биржа ва идоракунии ӯ.

2. Интихоб кардан ва интихобшуда будан аз тарафи органи идоракунӣ ва назоратӣ.

3. Истифода бурдан аз молумули биржа, доштани ахборот ва бо ҳар як хизмате, ки ӯ пешкаш мекунад

4. Хариду фурӯш дар толори биржа аз номи худ ва аз ҳисоби худ (иҷрои вазифаи дилерӣ) аз ном ва ҳисоби мизоҷ (иҷрои вазифаи брокерӣ).

5. Иштирок кардан дар вақти тақсимкунӣ ва гирифтани молумулк баъди барҳамхӯрии биржа.

Якҷоя бо ҳамин биржа муқаррар мекунад вазифаи аъзоёни биржаро:

1. Риоя кардани низомномаи биржа ва дигар ҳуҷҷати меъёрии дохили биржа;

2. Пардохтани пасандоз ва низоми пардохти иловагӣ, андоз ва усули дар устав буда ва ҳуҷҷати меъёрӣ;

3. Дар иҷрокунии фаъолияти ба биржа ёрӣ расонидан.

III. Маънои биржа ва бозори ғайрибиржавӣ дар ташкили савдои қоғази қимматнок, муносибати онҳо дар ҳар гуна давлатҳо гуногунанд. Дар як давлат савдои ғайрибиржавӣ роли асосиро мебозад, дар дигараш умуман мумкин нест. Айнан ҳамин вақт дар як қатор давлатҳо бисёри қоғазҳои қимматнок ғайрибиржавӣ дар муомилот буданд.

Тараққиёти бештари бозори қоғазҳои қимматнок дар ИМА буд, ки бисёрии хариду фурӯш бо қоғазҳои қимматнок давлати ба воситаи экрани компутерӣ ё телефон, телекс ва бе миёнаравҳои биржа.

Қисми асосии қоғазҳои қимматнок давлатии ҳамин давлат вуҷуд дорад дар шакли навиштан дар китоб ва нигоҳдоштани маълумот дар бонки федералии захираҳо мебошад. Агар ин қоғазҳо фурӯхта шаванд, бонки федералии захиравӣ иҷроиши супоридани ҳуқуқи молумолкиро бо воситаи телеграф ё алоқаи телексӣ иҷро мекунад. Боз як алтернативон бозори биржавӣ дар ИМА ин тартиби беихтиёронаи автоматии котеровкаи миллии ассотсиатсияи дилерҳо бо қоғазҳои қимматнок ин НАСДАК ки ба вуҷуд омад ҳамчун бозори байнидилерӣ ба қайд гирифтанд, лекин котировка дар биржаи қоғазҳои қимматнок намекунанд. Дар зери ҳимояи ин ассотсиатсия дар ИМА аз соли 1971 вазифаи электронии биржаро иҷро мекунанд. Равиши монанд дар давлатҳои тараққӣ кардаи Ғарб ҳастанд. Гузоштани рақобати нави биржа ташкили шакли (механизм ва технологияи) савдои қоғазҳои қимматнок.

Мисол ташкили бозори компутерии ғайрибиржавии савдо ин:

Системаи автоматии котировкаи миллии ассотсиатсияи инвеститсионии дилерии NASDAQ.

Системаи ғайри биржавии автоматии савдо дар Канада СОАТС.

Системаи автоматии котировка ва дилинги дар биржаи фондии Сингапур SESDAQ.

Системаи савдои Россия хариду фурӯши ғайрибиржавии қоғазҳои қимматнок. Хусусияти аввали варианти «Портал»-қабули яке аз зерсистемаи Америка ғайрибиржавии системаи савдо НАСДАК. Воситаи техники «Портал»-ро мутахассисони Россия мукаммал карданд ва система қабул карда номи ҳозираи худро гирифт. Системаи савдои Россия сохта шуд дар асоси ёрдами молиявии ҳокимияти ИМА.

Мавзӯи 6. Бозори қоғазҳои қимматноки ибтидоӣ

Бозори қоғазҳои қимматнок аввала ин бозоре мебошад, ки дар он қоғазҳои қимматнок аввал гардиш мекунанд. Барориши аввалаи қоғазҳои қимматнок мувофиқи тартиботи муайян гузаронида мешавад.

Асосан 2 намуди эмисияи аввалаи қоғазҳои қимматнок мавжуд ҳаст:

1. Барориши кушода

2. Барориши пӯшида

Барориши кушодаи қоғазҳои қимматнок дар асоси фурӯши озоди қоғазҳои қимматнок ташкил ёфтааст.

Барориши пӯшида бошад, фурӯши қоғазҳои қимматнок маҳдуд аст.

Барориши кушодаи қоғазҳои қимматнок якчанд бартарӣ ва камбудӣ дорад, лекин новобаста ба ин миқдори бароришҳои кушод зиёд мебошад.

Бартарии он:

1. Имконияти дар мӯҳлати кӯтоҳ ва ба миқдори зиёд ҷамъовардани сармоя.

2. Мавҷудияти имкониятҳои гардиши озоди ин қоғазҳои қимматнок.

3. Имконияти баҳодиҳии бозори арзиши активӣ корхона.

Камбудиҳои он:

1. Зиёд гаштани хароҷотҳо оиди хизматрасонии сармояи кооперативӣ (асосан ин гуна хароҷотҳо барои корхонаҳои хурд вам иёна гарон мебошад).

2. Масъалаи нигоҳдории арзиши қоғазҳои қимматнок (нарх) дар бозори қоғазҳои қимматнок дуюминдараҷа мавҷуд аст.

3. Маҷбуран кушода додани баъзе ахборотҳои махфи корхона.

4. Самаранокии пасти ин гунна барориш барои корхонаҳои хурд ва миёна.

5. Аз даст додани назорат оиди гардиши қоғазҳои қимматнок, яъне оиди гузориши ҳуқуқҳои молумулкӣ.

Қоғазҳои қимматнок тартиботи муайяни барориш доранд, пеш аз ҳама ташкилот бояд барои барориши қоғазҳои қимматнок иҷозатнома дошта бошад, агар дар низомномаи ташкилот аллакай ин гунна ҳуқуқ нишон дода шуда бошад, он гоҳ ташкилот метавонад, бе иҷозатномаи махсус қоғазҳои қимматнокро барорад. Дигар талабот ба эмитент ин пешниҳоди проспекти эмиссия мебошад. Он ҳангоми барориши қоғазҳои қимматнок ва ҳамчунин ба қайдгирии қоғазҳои қимматнок пешкаш намуда мешавад. Проспекти эмиссия бояд ахборотҳои зеринро дар бар гирад:

1. Маълумотҳои асосӣ дар бораи эмитент;

2. Маълумотҳои молиявӣ оид ба ҳолати молиявии ташкилот;

3. Таснифоти умумии қоғазҳои қимматнок баровардашаванда.

Раванди барориши қоғазҳои қимматнок аз якчанд марҳилаҳо иборат аст:

1. Ба қайдгирии эмиссия аз тарафи вазорати молия ва бонки марказӣ.

2. Пешниҳод намудани проспекти эмиссия ва чоп намудани он.

3. Фурӯши қоғазҳои қимматнок (онро метавонад, худи эмитент иҷро намояд ё ба иштирокчии пуртаҷрибаи бозори қоғазҳои қимматнок фармояд).

4. Пешниҳод намудани ҳисобот ба идораҳои давлатӣ оиди ҷамъбасти барориши қоғазҳои қимматнок. 

test

Добавить комментарий