Бозори когазхои кимматноки махсул

Нақша:

1. Моҳияти  бозори қоғазҳои қимматнокии  маҳсул

2. Шартномаи  фючерсӣ

3. Шартномаи опсионӣ

I. Бозори қоғазҳои қимматнокии  маҳсул гуфта  чунин  бозорро  дар  назар  доранд, ки  он   танҳо  қоғазҳои  қимматнокии   махсус гардиш  менамояд. Мақсад  онҳо   ба  даст  овардани   фоида  ду  ҳисоб   тағирёфтани   нархҳо  ба   активи   биржавӣ  мебошад, хусусиятҳои  асосии қоғазҳои  қимматнокии  маҳсул чунин  мебошад:

1. Нархи  онҳо  аз  рӯи   активи   биржавие, ки  асоси  онро  ташкил    медиҳад муайян карда  мешавад.

2. Шакли  гардиши онҳо   ба  гардиши  қоғазҳои қимматнокии одддӣ   монанд мебошад.

3. Назар   ба  қоғазҳои  қимматнокии асосӣ вақти  гардиши   қоғазҳои қимматнокиии  маҳсул   маҳдуд  карда  шудааст.

4. Қоғазҳои  қимматнокии маҳсул назар  ба  қоғазҳои   қимматнокии асосӣ   новобаста аз сармоягузории  хурд даромада   калон   медиҳад.

II. Шартномаи  фючерсӣ  ин  шартномаи  стандартии  биржавӣ  буда мувофиқи  он   ҳарду  тарафи ин  шартнома   ӯҳдадории  хариду   фурӯши  миқдори   муайяни қоғазҳои қимматнок – ро  нархи   муайян  баъди   мӯҳлати   муайян  доранд. Асосан   инчунин шартномаҳо дар  биржаҳои  молиявӣ баста  мешавад.

Шартномаи фючерӣ  ба   шартномаи  фороварди монанди  дорад ва  он мувофиқи  тартиботу қоидаҳое, ки биржа муайян менамояд  баста мешавад.

  Стандарти  шартномаи фючерӣ  барои  тезонидани   вақти  гузаронидани  шартнома   зиёд  намудани   миқдори  он ва  сода кардани   ҳисоббаробаркуниҳо  аз  рӯи   ин   созишномаҳо мусоидат  менамояд. Асосан  намудҳои  шартномаи   фючерсӣ  чунинанд:

Шартҳои фючерсӣ кӯтоҳмуддат.

 Шартҳои фючерсӣ фоизи дарозмуддат

 Шартҳои фючерсӣ ба индексӣ бозори  молиявӣ

 Шартҳои фючерсӣ ба  қурби асъор.

Шартномаҳои фючерсӣ ба индекси молиявӣ ин чунин шартномаи стандарти  мебошад, ки дар асоси  он   индексҳои активҳои бижавӣ меистад. Вобаста ва тағироти  ин   индексҳо харидор  ё фурӯшанда даромад мегирад.

III. Опсионҳои озодона гардишкунанда ин шартномаи  озодона гардишкунанда ин шартномаи  стандартии биржавӣ буда  ба   иштирокчиёни  ин созиш аз  як тараф  ҳуқуқи харидан ё  фурӯхтани  активӣ биржавӣ баъди мӯҳлати  муайяни вақт  дар   андозаи  муайянгардида ва нархи муайян гардида   медиҳад.

Аз дигар  тараф  ӯҳдадории оиди харидан ё фурӯхтани  активӣ биржавӣ муайян карда  мешавад. Асосан 2 намуди опсионҳо  мавжуд аст.

1. Опсионҳои харид (опсион колл)

2. Опсионҳои фурӯш (опсион пут)

1-ум намуд ба тарафи ҳуқуқдор ҳуқуқи харида гирифтанро  медонад.

2-юм намуд  шахси фурӯшанда ҳуқуқи фурӯхтан дорад ва харидор ӯҳдадории харидани қоғазҳои қимматнокро  дорад. Мувофиқи  ҳаҷму тарзи бастани шартномаҳои опсионҳо айнан намуди фючерсиро доранд. Дар асоси онҳо индексҳо яъне нархи мол нархи  қоғазҳои қимматнок фоизи қарзӣ меистад

test

Добавить комментарий