Клиринг ва хисоббаробаркунихо аз руи созишхо бо коғазхои кимматнок

Клиринг ин қисми созишнома буда дар он ӯҳдадориҳои тарафайн муайян карда мешавад. Клиринг аз маҷмӯаи амалиётҳои ҳисоби оиди созишнома мебошад, ки аз тарафи ташкилотҳои махсусгардонидашуда гузаронида мешавад. Лозимоти раванди клиринг ва ҳисобӣ аз ташкили бозорӣ қоғази қимматнок ва созишҳо вобаста аст. Шартномаи оддии бозорӣ аз се қисмҳои асосӣ иборат аст:

  1. Бастани шартнома;
  2. Ҳисоб намудани амалиётҳои созишнома;
  3. Иҷроиши созишнома ва ӯҳдадориҳо.

Системаи клиринг аз болои иҷроиши ҳамаи қисмҳои созишномаҳо назорат бурда иҷроиши онҳоро таъмин менамояд. Асосан вазифаҳои клиринг инҳо мебошанд:

  1. Таъмини раванди ба қайдгирии созишҳои бирҷавӣ басташуда.
  2. Ба қайд гирифтани созишҳои басташуда аз рӯи бозорҳо иштирокчиёни бозор мӯҳлати иҷроиши созишҳо ва ғайра.
  3. Гузаронидани амалиётҳои ҳисобу китоби аз болои созишҳои басташуда.
  4. Ба ҳисоб гирифтани ӯҳдадориҳои тарафайни иштирокчиёни бозори молиявӣ
  5. Таъмини кафолати иҷроиши амалиётҳои биржавӣ ва созишҳои биржавӣ.
  6. Ташкили ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ.
  7. Таъмини тақвими активҳо аз рӯи созишномаи басташуда.

Асосан чунин гурӯҳбандии намудҳои клиринг ва ҳисобҳо мавҷудаст.

  1. Гурӯҳбанди аз рӯи намуди моли биржавӣ

а) Клиринги бозори қоғази қимматнок.

б) Клиринги бозори шартномаҳои фҳюгерӣ.

2. Гурӯҳбанди аз рӯи дараҷаи марказонидашавӣ

а) Клиринги биржаи алоҳида.

б) клиринги байни биржавии миллӣ.

в) клиринги байналхақӣ.

3. Аз рӯи доираи хизматрасонӣ.

а) Клиринги байни аъзоёни палатаи клирингӣ.

б) Клиринг байни аъзоёни биржа.

Асосан ҳаногми ташкили клиринг ва ҳисобҳо аз рӯи принсипҳо амал менамояд.

  1. Клиринг бояд аз тарафи муассисаи махсусгардонидашуда иҷро карда шавад. Он метавонад ташкилоти мустақили ҳуқуқи бошад (палатаи клиринг) ё ҳамчун зер гурӯҳи сохтори махсусгардонидашуда биржа бошад.
  2. Талаботи нигоҳдории воситаҳои пулию молиявии мизожон ва миёнаравҳо (онҳо бояд, ки дар алоҳидагӣ нигоҳ дошта шавад).
  3. Клиринг бояд танҳо дар вақти ба қайдгири созишномаҳои биржавӣ оғоз ёбад.
  4. Иҷроиши клиринг аз рӯи вақт бояд муайян карда шавад.
  5. Дар биржа бояд система ё қоидаи наролоту таъминоти иҷроиши созишномаҳо амал намояд.

Асосан раванди клиринги аз марҳилаҳои зерин иборат аст:

  1. Ба қайдгирии созишнома дар биржа.
  2. Тасдиқ намудани созишномаҳо аз ҳарду тараф.
  3. Додани маблағҳо ва қоғази қимматнок аз тарафи брокер ба палатаи ҳисобии биржа.
  4. Додани ин маблағҳо ва қоғази қимматнок аз тарафи палатаи ҳисобӣ ба маркази депозитарӣ.
  5. Додани маблағҳо ва қоғази қимматнок аз мизоҷон ба брокер.
  6. Ба қайдгирии қоғази қимматнок аз тарафи депозиторҳо ба номи соҳиби нав.
  7. Баргаштани қоғази қимматнок ба палатаи ҳисобӣ.
  8. Додани ин маблағҳо ва қоғази қимматнок ба брокерҳо.
  9. Додани маблағҳо ва қоғази қимматаз тарафи брокерҳо ба соҳиби нав.
test

Добавить комментарий