Ҳисобгирии дороиҳо (актив)

Мақсад ва принсипҳои  ҳисобдории воситаҳои пулӣ. 

Ахборот дар бораи ҳолат ва ҳаракати воситаҳои пулӣ барои муайян намудани талаботи ҳадди ақалли воситаҳои пулӣ миллй ва арзи хоричӣ, таҳлили бозоргирии ширкат зарур аст.

Воситаҳои пулӣ қисми аз ҳама зудҳаракати воситаҳои гардони корхона мебошад. Аз рӯи сарфи онҳо бонк ва худи корхона наэорати ҷиддӣ мебаранд.

Ахборот дар бораи ҳаракати воситаҳои пулӣ барои баҳо додан ба қобилияти корхона барои пайдо кардани воситаҳои пулӣ ва муодили онҳо фоидаовар аст. Вай имкон медиҳад, ки истифодабарандагони иттилооти молиявӣ нақшахои истифодаю қиёскунии ариши дисконтиронидашуда, пардохту воридшавиҳои минбаъдаи маблағҳо ба корхона ва мувофиқати қиёсии ахбори ширкатҳои гуногунро таъмин намоянд.

Дар СБХМ 7 моҳияти мафҳумҳои асосӣ оид ба ҳисобдории воситаҳои пулӣ ва хамарзишҳои онҳо оварда шудааст.

Воситахои пулӣ (активхо) пулӣ нақдн хазина, воситаҳои пулии суратҳисоб, ҳисоби арзии корхона ва ҳисоби депозитро дарбар мегиранд. Дар ҳисоби арзии бонк пулҳои қоғази, ки воситаҳои қонунии пардохтии ҳар давлат мебошанд, ҳисоби арзии бонкҳои давлатҳои хоричӣ, воҳидҳои пулӣ ва ҳисоббаробаркунии байналхалкӣ (ЕВРО) ба ҳисоб гирифта мешаванд,

Ҳамарзишҳои пулӣ – инҳо «сармоягузориҳои кутоҳмӯддат, баландпардохт, ки бо тезӣ ба як маблағи муайяни воситаҳои пулӣ табдил ёфта, ба хавфи на он қадар калони тағирёбии арзиш дучор мегарданд» (СБХМ, с. 305). Муҳимтарин ҷиҳати чунин таърифи ҳамарзишҳои пулӣ дар он аст, ки онҳо ба маблағгузориҳои кутохмӯддат дохил карда мешаванд. Сармоягузорӣ (инвестиция) ба сифати ҳамарзиш таснифот мешавад, ба шарте ки вай мӯҳлати кутоҳи пардохт дошта бошад (то 3 моҳ) ва ё камтар аз санаи харид карда шудан.

Ба ҳамарзишҳои пулӣ васиқаҳои хазинадорӣ, қоғазҳои тиҷоратӣ ва сертификатҳои депозити (тасдиқномаи амонатӣ) дохил мешаванд.

Хуҷҷатҳои пулӣ – тамғаҳои боҷи давлатӣ, маркаҳои почта, тамғаҳои васиқавӣ, чиптаҳон пардохтшудаи тайёра, роҳхатҳои пардохташуда барои осоишгоҳҳо ва хонаҳои истироҳатӣ, саҳмияҳои худии аз саҳҳомон харидашуда ва дигарҳо.

Селаи воситаҳои пулӣ – ин дохилшавӣ ва пардохти воситаҳои пулӣ ва ҳамарзишҳои онҳост.

Фаъолияти амалнёти ё ҷорй – ин фаъолияти асосие, ки аз сармоягузорӣ ва молиявӣ фарқ мекунад. Дар хуҷҷатҳои таъсисии корхона намуди фаъолияти асосӣ нишон дода мешавад: истеҳсоли маҳсулот, сохтмон, фаъолияти иқтисодии беруна ва дигарҳо.

Овердрафт – ин бақияи кредитии ҳисоби актив буда дар натиҷаи пардохти маблағи барзиёди бақияи дебетӣ ба амал меояд ва ҳамчун уҳдадории қарзӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.

Фаъолияти  сармоягузорӣ – харид ва фурӯши активҳои дарозмӯддат ва дигар сармоягузориҳое, ки ба ҳамарэишҳои пулӣ тааллуқ надоранд. Инҳо чунин амалиёте ҳастанд, ки ба фаъолияти амалиётӣ ва молиявӣ дохил намешаванд, ба монанди амалиётӣ миёнаравӣ, амалиётҳои иқтисоди беруна.

Фаъолияти молиявӣ – фаъолиятест, ки ба тағйирёбии ҳаҷм ва таркиби сармоя ва воситаҳои қарзӣ оварда мерасонад. Мӯҳлати пешниҳоди вомҳо на кам аз 12 моҳ аст.

Ҳисобдории амалиётҳои хазина

Амалиётӣ бо воситаҳои пулии нақдинаи корхона алоқдмандро амалиётӣ хазина меноманд. Ҳисобдории маблағи нақд ва ҳаракати воситаҳои пулӣ дар хазина ҷудогона  мувофиқи амалиётҳои дахлу харҷ бурда мешавад.

Амалиётҳои қабули пули нақд

•    Қабули пул аз суратҳисоб ва ҳисоби арзии дар бонк буда;  

  • Баргардонидани бақияи сарфнашудаи сафархарҷ;

•   Супоридани саҳми пулии муассисон ба сармояи оинномаи корхона;

•    Барқарор намудани маблағи зарари моддӣ;

•    Қабули маблағи нақди даромад аз фурӯши арзишҳои молию моддӣ;

  • Воситаҳои нақд аз ҳисоби махсуси карзӣ ва дигар карзҳо;
  • Гирифтани даромад аз фарқияти курби арзӣ.

Амалиёти қабули пулӣ нақд ҳатман бо «Ордери даромадии хазина» хуҷҷатнок карда мешаванд.

    Амалиёти сарфи пули нақд:

•    Пардохти ҳисоби молтаъминкунандагон барои мол ва хадамот;

•    Пардохти арзиши хароҷоти нақлиётии коркунрн;

  • Арзиши молҳои харидашуда;

•    Хароҷоти цочтаю телефон;

•    Додани музди меҳнат, мукофот ва кумакпули

•    Сафархарҷ;

•    Қабул ба суратҳисоб;

•    Пардохти музди меҳнати депозитшуда (дар давоми се руз нагирифта);

•    Пардохти даромадҳои ҳисобкардашуда ва даромад аз саҳмияҳо, вомҳо ва  дигар қоғазҳои қиматнок;

•    Додани қарз ба коркунон.

Ҳамаи амалиёти харҷи пул хатман бо «Ордери сарфи хазина» асоснок карда мешаванд. Ҳисоби «Воситаҳои пулӣ» ва ё «Хазина» активӣ аст. Қабули пулӣ нақд дар дебет ва сарфи пул дар кредити  ҳисоб навишта мешавад, бақияи дебитиаш нишон медиҳад, ки дар хазина чӣ қадар пули нақд боқи мондааст.

Дар ҳолати гирифтани пули нақд аз бонк ба хазина ба маблаги 4200с. чунин навишт ба амал бароварда мешавад:

Нақдинаи хазина..…………………....4200

         Нақдинаи суратҳисоб..…,,,,…………. …..,„4200

Ҳуҷҷати аввалае, ки сарфи пулро аз суратҳисоб нишон медиҳад, чек мебошад ва қабули пул ба хазина дар асоси Ордери даромади хазина гузаронида мешавад. Воситаҳои пулии нақд аз дигар манбаъҳо ҳам дохил мешаванд, мисол, аз фурӯши маҳсулот, молҳо, кор, хадамот, воситаҳои асосӣ ва дигар ЗММ. Дар чунин амалиёт кредити ҳисоб самти воридшавии пулро ба хазина нишон медиҳад:

Нақдинаи хазина ………………………..,.6000

         Даромад аз фурӯш………………………………………1000

        Даромадҳо аз амалиёт…………………………………500

       Фаъопияти ғайрифурӯшӣ……………………………1500

       Қарздории дебитории кормандон ва сарвар….1800

       Қарздори  муассисон…..…………………………….,…..1200

Мисоли 1. Ширкати «Сорбон» бо расонидани хадамоти нақлиётӣ ба аҳолй фаъолият машғул аст. Дар рӯзи 1.10.02 дар хазина 5000 с пул мавҷуд буд.

Дар охири октябр дар хазина 800 с пул боқи монда, 4200 с маблағи пули сарф шудааст. Аз он ҷумла: барои хариди асбобҳои хатнависӣ – 1900 с; пардохти кумакпулии давраи корношоямӣ -250 с, харочоти почтаю телеграф – 750 с, хариди бензин-1000 с.

Хароҷоти нақдина бо ордерҳои сарфии хазина ба роҳ монда шудааст. Таҳлили ин амалиёт нишон медиҳад, ки хазина ба маблаги 300 с. камомад кардааст: (4200 – 1900 – 250 – 750 -100)

Навишти бухгалтерии пайдарҳамии амалиёт:

1.    Гирифтани пул аз суратҳисоб

Нақдинаи хазина ………………….5000

               Нақдинаи суратҳисоб……………………….. 5000

2. Харҷи воситаҳои пулӣ

       Хароҷоти асбобҳои хатнависӣ.………….….1900

      Хароҷоти коммуникатсия …………………….750

      Ҳиссаҷудокуниҳо ба суғуртаи ичтимои …250

     Хароҷоти хариди масолеҳ …………………….1000

     Дигар қарздории дебиторӣ ……………………..300

             Нақдшши хазина……………………………………4200

Ҳисобдории амалиёти суратҳисоб

Воситаҳои пулии озодро корхонаҳо вазифадоранд, ки дар суратҳисоби дар банк дошта нигоҳ доранд. Ин ҳисобро баъзан «Нақдинаи суратҳисоб», «Ҳисоби банки» (Вап1с ассоит) -ҳисоби асосии ҳаргуна шахсони хуқуқӣ меноманд.

Муносибатҳо байни банк ва мизоҷ дар асоси шартномаи бонкй сурат мегирад. Барои кушодани ҳисоби бонкӣ ширкат ба бонки хизматрасонаш хуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

•    Ариза барои кушодани суратҳисоб;

•    Хуҷҷати қонунӣ будани ташкили корхона;

•    Нусхаи ойинномаи корхона, ки онро нотариус тасдиқ карда аст.

  • Маълумоти ташкилоти андоз дар бораи ба сифати андоздиҳанда ба ҳисоб гирифтани корхона;

•    Ду нусха карточка (варақа) бо намунаи имзоҳо ва нақши муҳри корхона, ки онро нотариус тасдиқ кардааст.

 Воридшавии воситаҳои пулӣ ба суратҳисоб дар натиҷаи амалиёти зерин ба амал меояд:

•    қабули даромад аз фурӯши маҳсулот, молҳо, кор, хадамот, воситаҳои асосӣ ва активҳои гайримоддӣ;

•    пардохти уҳдадориҳои карздорон (дебиторон);

•    қабули қарзҳои бонкӣ ва заёмҳо;

•    баргардонидани воситаҳои пулӣ аз хазина ба суратҳисоб;

•    қабули ҳаргуна даромадҳо, ки ба натиҷаи молиявӣ дохиланд (фоиз аз сармоягузорй, дивидендҳо, даромадҳо аз фарқиятҳои қурбӣ);

•    даромадҳо аз ширкатҳои ҷамъиятӣ ва хариду фурӯши байналхалкӣ;

•    баргардонидани   воситаҳои  истифоданашудаи  дар  ҳисоби  махсус  депонентгардида (аккредитивхо ва хисобхои махсус);

•    дигар амалиёт.

Амалиёти молиявӣ-хочагии дар боло зикршуда воситаҳои пулиро зиёд мекунанд (Дт «Суратҳисоб ба арзи миллӣ», вале ҳисобҳои кредитшаванда самти дохилшавии пулро ба суратҳисоби корхона нишон медиҳанд).

Амалиёти хоҷагие, ки ба камшавии воситаҳои пулии суратҳисоб таъсир мерасонанд инҳоянд:

•    пардохти қарзи қарздеҳон барои дар муҳлат иҷро намудани уҳдадориҳо;

•    пардохти хароҷоти тайёркунӣ ва харидани масолеҳ аз молтаъминкунандагон;

Дар таҷрибаи мо ҳисоби «Хазинаи хурд» истифода намешавад, гарчанде ки баъзе аз ташкилотҳои савдо оиди фурӯши мол ва хадамот дорои хазинаҳои амалиёти мебошанд. пардохти арзиши қарзҳо ва вомҳои пештар гирифташуда;

•    додани пули нақд ба хазина;

•    гузаронидани пул ва ё додани пешпардохт (аванс);

•    пешниҳод намудани қарзхо ва вомҳо ба дигар ташкилот;

•    гузаронидани воситаҳои пулӣ ба тарзи маблаггузориҳо ; ва ғ

•    додани маблаги аванс ба шахсони хисоботдех.;

1. Маҳфуми ЗММ ва таснифоти он

         Захироҳои моддию молӣ – ин активвҳои дар намуди:

А) маҳсулоти тайёр ва молӣ барои фурeш дар рафти фаъолияти хоxагӣ таъин шуда; аз xумла мол дар роҳ, ки ба вай соҳибҳуқуқ гаштаанд:

Б) истеҳсолоти нотамом, иxрои ко рва хизматрасонӣ;

В) захираи ашиёи хом, масолеҳ, масолеҳи нимтаёри харидашуда ва масолеҳи пурракунанда, маҳсулоти сохтумон ва қисмҳои эҳтиёти, сузишворӣ, зарф ва маснуоти зарфӣ ва u.

         ЗММ ба воситаҳои гардон таалуқ доранд, зеро ки одатан онҳо дар давоми як сол ба пули нақд мубаддал мегарданд. Дар баланс ЗММ баъди ҳисоби «ҳисобҳо барои қабул» инъикос мешавад, зеро онҳо нисбатан камтар бозоргиранд.

Усулҳои баҳодиҳии ЗММ: арзиши миёнаи баркашида; усули баҳодиҳии ЗММ дар навбати аввал харидашуда  – ФИФО; усули баҳодиҳӣ бо нархи дар навбатии охирхаридашуда – ЛИФО; усули идентификатсияи (айният додан) махсус.

ҳангоми баҳодиҳии арзиши аслии ЗММ усулҳои зеринро истифода бурдан мумкин аст:

  • Айният додани махсус (индентификатсия)
  • Арзиши миёнаи баркашида
  • ФИФО
  • ЛИФО

     Усули айният додани махсус барои баҳлдиҳии арзиши аслии ЗММ, ки якдигарро ивазкунанда мебошанд, мол ва хизматрасонии истеҳсолшаванда ва барои фармоишу лоиҳаҳои

махсус таиншуда, истифода бурда мешаванд.

     Усули айният додани махсус ҳангоми харид ва фурeши молҳои қиматбаҳо аз қабили автомобил, таxҳИзот мошинии техникаи вазнин, маҳсулоти заргарӣ истифода бурдан мумкин аст. Бо сабабҳои зерин ин усул кам истифода бурда мешавад:

  • дар бисёр ҳолатҳо назорати хари два фурeши воҳидҳои мушаххаси мол мушкил ва uайриамалӣ мебошад;
  • агар корхонабо харид ё фурeши молҳои якxинса  машuул бошад, муайян намудани он, ки кадом молҳо фурeхта шудаанд, ва кадомашон не, то андозае шартӣ мебошад.

     Барои бо усули арзиши миёна муайян намудани арзиши ЗММ дар охири давра арзиши аслии миёнаи як воҳиди ЗММ-ро муқаррар кардан лозим аст. Барои ин, арзиши ЗММ дар ибтидо ва арзиши аслии ЗММ-и харидашударо дар давоми давра муайян намуда, xамъи онҳоро ба миқдори ЗММ тақсим намудан лозим аст. Арзиши асли миёнаро ба миқдори захираҳо дар охир давра зарб намуда, арзиши аслии захираро дар охири давра ҳосил мекунем.

Мисоли Аз рeи маълумоти зерин арзиши аслии захираҳои молӣ дар 31 май ва арзиши аслии моли фурeхташуда дар моҳи май муайян карда шавад.

Май   Миқдор, воҳид Арзиши аслии воҳид, в.ш. Арзиши аслии умумӣ,в.ш.
1 Захира   200   3,10   620
7 Харида шуд   200   3,20   640
15 ———-\\———-   200   3,30   660
20 ———-\\———–   300   3,40   1020
27 ———-\\———–   300   3,50   1050
Хамагӣ     1200     3990

Захираҳо дар охир 500 воҳид

Усули арзиши миёна баркашида 

Арзиши миёнаи воҳиди мол 3990/1200=3,325

Арзиши аслии мол барои фурeш       3990

тарҳи: ЗММ дар 31 май 500*3,325=  1662,5

арзиши аслии моли фурeхташуда      2327,5

ҳангоми истифодаи усули ФИФО арзиши аслии моли дар навбати аввал харидашуда, ба моли дар навбати аввал фурeхташуда мансуб дониста мешавад.

         Арзиши аслии моли дар охири давра мавxуд буда, ба харидорони охирин мансуб дониста мешавад. Усули ФИФО ҳаракати арзишро ба назар мегирад, на балки ҳаракати молро, барои ҳамин онро дар ҳар як намуди корхона истифода бурдан мумкин аст.

         Дар мисоли як усули ФИФО истифода бурда, арзиши аслии захираро дар охи рва арзиши аслии моли фурeхташударо муайян мекунем.

 300 воҳид * 3,50      1050

 200 воҳид * 3,40         680

Арзиши аслии захира дар охир            1730

Арзиши аслии мол барои фурeш         3990

Тарҳ: арзиши аслии ЗММ дар 31 май  (1730)

Арзиши аслии моли фурeхташуда        2260

         ҳангоми беқурбшавӣ усули ФИФО фоидаи софи нисбатан зиёдро медиҳад. Сабаб дар он аст, ки ҳангоми зиёдшавии нарх, корхона молро бон архи нисбатан баланд савдо мекунад. ҳангоми пастшавии нархи мол натиxаи баръакс мушоҳида мешавад.

         Усули ЛИФО арзиши аслии моли дар охир харидашударо ба моли дар навбати аввал фурeхташуда мансуб медонад. Арзиши аслии захира дар охир аз арзиши моли дар аввал харида шуда иборат аст. Усули ЛИФО-ро татбиқ намуда, арзиши аслии захираро дар охи рва арзиши аслии моли фурeхташударо дар мисоли як муайян мекунем

200 воҳид * 3,10                                 620

 200 воҳид * 3,20                                640

100 аоҳид бо арзиши аслии 3,30     330

Арзиши аслии захира ниҳои               1590

Арзиши аслии мол барои фурeш         3990

Тарҳ: арзиши аслии ЗММ дар 31 май  (1590)

Арзиши аслии моли фурeхташуда        2400

Активҳои дарозмeддат ва таснифоти онҳо. Мафҳуми воситаҳои асосӣ, таснифот ва баҳодиҳии онҳо. Объекти  инвентарӣ.

Активҳои дарозмуддат – ин воситаҳои асосӣ ва активҳои ғайримоддие мебошад, ки

  1. муҳлати хизмати муфид (лозима) зиёда аз як сол доранд.
  2. дар соҳаи истеҳсолти моддӣ ва соҳаи ғайриистеҳсолӣ ё ки барои иҷора додан истифода мешаванд
  3. одатан барои харида фурухтан таъинот надоранд.

Ба воситааҳои асосӣ, Ки дар ихтиёри корхонаанд, инҳо дохил мешаванд: замин, Бино, иншоот, воситаҳои нақлкунанда, мошинаҳо, таҷҳизот, захираҳо табии ва ғ

     Ҳамаи воситаҳои асосӣ асосиро шартан ба се гурӯҳ тақсим мекунанд:

  1. активҳои истеҳлокшаванда (амортизасияшаванда) масалан, бино иншоот, таҷҳизот, мебел.
  2. активҳои истеҳлокнашаванда, замин
  3. активҳои камшаванда, боигариҳои замини

барои инъикос дар баланс востиаҳои асосӣ ба чунин синфҳо тақсим мешаванд:

  1. Замин
  2. Бино
  3. Мебел ва таҷҳизот
  4. Беҳтарсозии замин
  5. Захираҳои табии

Дар СБҲМ воситаҳои асосӣ – объекти воситаҳои асосӣ ба сифати актив он вақт эътироф карда мешавад, ки агар:

  • Эҳтмолияти бадастории фоидаи минбаъда аз истифодаи он мавҷуд ҳаст
  • Хароҷоти ҳақиқии хариди актив бо боварии калон баҳо дода мешавад

Асосан воситаҳои асосиро аз рӯи арзиши аслиашон баҳо медиҳанд. Мувофиқи СБҲМ чунин таърифи арзиши асли ҷой дорад.

       Арзиши асли- ин маблағи воситаҳои пулӣ ва ё муодилаи онҳост, ё арзиши одилона дигар ҷубронкуние, Ки барои хариди актив дар лаҳзаи харид ё сохтани он пардохта шудааст.

Воситаҳои асосӣ ҳангоми харид ё дигар воридшавӣ ба ширкат аз рӯи

  1. Арзиши ибтидоӣ
  2. Арзиши бозории ҷуброн
  3. Арзиши ивазкунӣ
  4. Арзиши софи фурӯш
  5. Арзиши сатҳи нарх баҳо дода мешавад

Қоидаҳои умумии баҳодиҳии воситаҳои асосӣ вобаста ба шакли бадастории онҳо тағйир намеёбад. Мувофиқи СБҲМ воситаҳои асосӣ баъди бадасторӣ аз рӯи арзиши ибтидоӣ ба тарҳи истеҳлок баҳисоб гирифта мешаванд. Мувофиқи ҳамин стандартҳо истеҳлоки воситаҳои асосиро то лҳзаи истифодабарии онҳо ҳисоб намекунанд.

Тарзҳои ба даст овардани воситаҳои асосӣ

  • Бо пули нақд
  • Бо ивази саҳмияҳо
  • Ба қарз
  • Ҳамчун тӯҳфа аз дигар субъект
  • Ба роҳи сохтумон бо қувваи худ
  • Ба ивази дигар активҳо

Ҳисобдори воситаҳои асосӣ асосӣ дар лаҳзаи харид

Ҳангоми хариди воситаҳои асосӣ бо пули нақд.

Мисоли  1. Ширкат воситаҳои  асосиро ба маблағи 10 000 сомон харидори намуд. Чунин навишт зерин инъикос мегардад.

Воситаҳои асосӣ ………………. 10 0000

               Воситаҳои пулӣ ………………..  10 000

Ҳангоми воситаҳои асосиро бо қарз аз рӯи арзиши ҳозираи маблағи дар оянда дода мешуда инъикос месозад

Мисоли 2. Ширкати «Аъзам»таҷҳизотеро ба нархи 15 000 сомон бо қарз харидори намуд.

Таҷҳизот …………………  15 000

             Ҳисоб барои пардохт ………. 15 000

Воситаҳои асосие, ки ба ивази саҳмияҳо ба даст оварда шудаанд, ба нархи бозории саҳмияҳо ва ё бон архи бозори актив ба ҳисоб гирифта мешаванд. Ҳангоми пардохти маблағи зиёда аз нархи бозорӣ фарқият дар ҳисоб «Сармояи изофа пардохтшуда» ба қайд гирифта мешавад.

Мисоли 3. Ширкати «Аъзам» таҷҳизотеро ба ивази  1000 саҳмияи нархи номиналиашон 8 с барои як саҳмия харид намуд. Ин саҳмияҳо дар бозор бон архи 10с фурӯхта мешаванд. Навишти бухгалтерии ин амалиёт чунин сурат мегирад.

Таҷҳизот ……………………… 10 000

              Саҳмияҳои оддӣ ………. ………8 000

              Сармояи изофа пардохшуда ..…2 000

Агар ширкат воситаҳои асосиро ҳамчун туҳфа бадаст орад, вобаста ба усулҳои вуҷуддошта зиёдшавии сармоя ва ё даромади давраҳои ояндаро нишон додан даркор аст

Мисоли 4. Ширкаи «Аъзам» биноро, Ки нархаш 15 000 с мебошад, тӯҳфа гирифт. Ин амалиёт бо чунин навишти бухгалтерӣ нишон дода мешавад.

 1. Усули якум зиёдшавии сармояро нишон медиҳад.

           Бино ………………… 15 000

              Сармояи худӣ …………. 15 000

2. Ҳангоми истифодаи усули дуюм зиёдшавии даромадро нишон медиҳадь.

           Бино……………………………15 000

              Даромаи давраи оянда………15 000

Истеҳлоки воситаҳои  асосӣ

Пас ах харид, арзиши ибтидоии воситаҳои асосиро ба воситаи истеҳлок ба маҳсулоти тайёр мегузаронанд. Истеҳлок ё фарсудашавӣ – ин тақсимкунии арзиши воситаҳои асосӣ дар давоми мӯҳлати хизмати муфидӣ онҳо мебошад. Ҳангоми тақсимкунӣ қисми арзиши воситаҳои асосӣ ҳамчун хароҷот дониста шуда, асоси андозситониро кам мекунад. Аз ин рӯ, дуруст муайян кардани маблағи истеҳлок ниҳоят муҳим аст.

   Андозаи истеҳлоки актив аз:

          Мӯҳлати хизмат

Арзиши ибтидоии воситаҳои асосӣ

Арзиши барҳамдиҳии воситаҳои асосӣ

Ҳаҷми корие, Ки аз ин актив интизор шудан мумкин аст, вобаста аст.

Ҳаҷми ҳисобшавандаи истеҳлок вобаста аз ин вобастагиҳо бо усулҳои зерин муайян карда мешавад.

  • Усули росхаттаи истехлок.
  • Усули истеҳлок вобаста аз ҳаҷми иҷроиши кор (истеҳсолӣ)
  • Усулҳо таъҷилии истеҳлок
    • Усули ҷамъкунии рақамҳо
    • Усули бақияи камшаванда

Усули росхаттаи истехлок- усулест, ҳангоми истифодаи он бузургии истеҳлок барои барои ҳамаи давраи хизмати актив доими мемонад. Ҳангоми ҳисобкунии истеҳлок бо ин усул арзиши истеҳлокшаванда ба давраҳои ҳисоботи, ки ба мӯҳлати хизмати актив рост меоянд, тақсим карда мешаванд. Формулаи ҳисобкунии бузургии истеҳлок бо ин усул чунин шакл дорад.

          арзиши ибтидои – арзиши барҳамдиҳи

N = 

          ҳаҷми пешбинишудаи иҷроиши кор

дар ин ҷо N – меъёри солонаи истеҳлок, Ки бо формулаи зерин муайян карда мешавад.

N= 100% / муҳлати хизмат

Мисол.  Ширкати «Бону» дастгоҳро бо нархи 8 000с харид.  Арзиши барҳамдиҳии он баробари  2 000 с буда, мӯҳлати хизмаиаш 5 солро ташкил менамояд. Талаб карда мешавад, Ки реҷаи истеҳлок барои барои тамоми мӯҳлати хизмати он татиб дода шавад

Истеҳлок =  (8 000- 2000)/ 5 = 1 200

  Арзиши ибтидоӣ Истеҳлоки солона Ҷамъшавии истеҳлок Арзиши балансӣ
Лаҳзаи харид 8 000     8 000
Охири соли 1 8 000 1 200 1 200 6 800
                     2   8 000 1 200 2 400 5 600
                     3 8 000 1 200 3 600 4 400
                     4 8 000 1 200 4 800 3 200
                     5 8 000 1 200 6 000 2 000

Чӣ хелек, ки аз реҷа дида мешавад, истеҳлоки солона дар тамоми мӯҳлати хизмат маблағи якхеларо ташкил мекунад. Ҷамъшавии истеҳлок ба таври мунтазам сурат гирифт, арзиши балансӣ мунтазам кам мешавад ва бо расидан ба арзиши барҳамдиҳӣ ҳисобкунии истеҳлок қатъмегардад.

Усули истеҳлок вобаста аз ҳаҷми иҷроиши кор (истеҳсолӣ) – ҳангоми ҳисоби истеҳлок бо ин усул мӯҳлати хизмати воситаи асосӣ ба инобат гирифта намешавад. Чунин мешуморанд, ки актив мунтазам вобаста аз ҳаҷми кори иҷронамудааш истеҳлок мегардад. Барои ҳисобкуни маблағи истеҳлок бо ин усул аввал меъёри истеҳлокро барои як воҳди кори иҷрошаванда меёбанд. Формулаи ҳисобкунии ин меъёр чунин шакл дорад.

  Ми = (арзиши ибтидои- арзиши барҳамдиҳӣ)/ ҳаҷми кори иҷрошуда

Дар ин ҷо , Ми – меъёри истеҳлок, Ки ба як воҳиди кори иҷромешуда  рост меояд. Баъди ин истеҳлокро ба воситаи чунин формула муаёян мекунанд.

Ми = Ми * К дар ин ҷо К –ҳаҷми кори иҷро шуда

Фарз мекунем, к дастгоҳи дар боло номбаршуда барои истеҳсоли 6 000 т маҳсулот пешбинӣ шудааст. Онгоҳ Меъёри истеҳлок барои 1т баробар аст ба Ми = (8 000- 2 000)/ 6000= 1 с.

Фарз мекунем, ки дасгоҳ дар соли 1-уми кори 1000т, 2-юми кори 2000т, 3-юми корӣ 500т, 4-уми кори 1500т ва дар соли 5-уми корӣ 1000т маҳсулотро истеҳсол кардааст. Реҷаи истеҳлок бо ёрии ин усул чуни аст.

  Арзиши ибтидоӣ Ҳаҷми кор (т) Истеҳлоки солона Ҷамъшави истеҳлок Арзиши балансӣ
Санаи харид 8000       8000
Охири соли-1 8000 1 000 1 000 1 000 7 000
Охири соли-2 8000 2 000 2 000 3 000 5 000
Охири соли-3 8000 500 500 3 500 4 500
Охири соли-4 8000 1 500 1 500 5 000 3 000
Охири соли-5 8000 1 000 1 000 6 000 2 000

 Камбудии ин усул дар он аст, ки ҳаҷми кори иҷромегардида активро дар муҳлати хизматаш муайян кардан ва ҳама вақт имконпазир аст.

Усулҳои ҳисобунии таъҷӣлии истеҳлок

А) Усули соқмитнамоии арзии аз роӯи ҷамъи  солҳои хизмат – тарзи кумулятивӣ

Бузургии маблағи  истеҳлок бо усули ғункунӣ (кумулятивӣ

 Бо формулаи зерин муқаррар карда мешавад:

Маблағи истеҳлок = ((Мх-(Си-1))\ ҷамъи рақамҳои мӯҳлати хизмат) х (Арзиши ибтидоӣ – Арзиши барҳамдиҳӣ)

Дар ин ҷо, Мх– мӯҳлати хизмат, Сх-соли истеҳлок.

Барои  мисоли пешина истеҳлок барои солҳои якум то паенҷум баробар аст ба:

                       Х1=((5-(1-1))\(1+2+3+4+5))х(8000-2000)=2000

                        Х2=((5-(2-1))\(1+2+3+4+5))х(8000-2000)=1600

              Х3=((5-(3-1))\(1+2+3+4+5))х(8000-2000)=1200

              Х4= ((5-(4-1))\(1+2+3+4+5)х (8000-2000)=800

              Х5= ((5-(5-1))\(1+2+3+4+5))х(8000-2000)=400

Реҷаи истеҳлоки воситаҳои асосӣ а рӯи ин усул чунин шакл менирад:

    Арзиши ибтидоӣ Истеҳлоки солона Ҷамъшавии истеҳлок Арзиши балансӣ
Санаи харид 8000 8000
Охири соли якум 8000 2000 2000 6000
Охири соли дуюм 8000 1600 3600 4400
Охири соли сеюм 8000 1200 4800 3200
Охири соли чорум 8000 800 5600 3400
Охири соли панҷум 8000 400 6000 2000

Б) усу3ли бакияи камшаванда

         Усули бакияи  камшаванда низ ба усули таъҷилии истеҳлок дохил шуда, аз рӯи қоидаҳои худ ба усули ҷамъи рақамҳо монанд аст. Ҳангоми истифодабарии ин усул истеҳлок аз рӯи меъёри баланд дар солҳои авали истифодаи актив ҳисоб карда мешавад. Одатан, меъёри ҳисобкунии истеҳлок – меъёри дукаратаи истеҳлоки ростхатта мебошад. Баъзан, меъёри муқарраршуда мавриди истифода қарор мегирад. Формулаи муайянкунии истеҳлок аз рӯи ин усул чунин аст:

                                      Истеҳлок = (Аб х 2)\Мх

Дар ин ҷо, Аб-арзиши балансӣ дар охири соли гузашта ё авали соли ҷорӣ;

      Мх – мӯҳлати хизмати актив.

Барои мисоли пешина маблағи истеҳлок бо чунин тарз барои солҳои гуногун ҳисоб карда мешавад:

Соли 1-ум Х=8000х2/5=3200. Аб дар авали сол ҷорӣ -8000в.ш.

Соли 2-ум Х=4800х2/5=1920. Аб дар аввали соли ҷорӣ 8000-3200=4800в.ш.

Соли 3-юм Х=2880х2/5=1152. Аб дар аввали соли ҷорӣ 4800-1920=2880в.ш.

Соли 4-ум Х=0, чунки, Аб дар аввали сол аз арзиши бақиявӣ (арзиши барҳамдиҳӣ) кам бошад, фарқи байни арзиши балансӣ дар аввали соли гузашта ва арзиши барҳамдиҳӣ ҳамчун ҳаҷми истеҳлоки соли ҷорӣ қабул карда мешавад. Дар мисоли мо (2880-2000=880).

    Реҷаи истеҳлок дар ин холат чунин шакл мегирад:

    Арзиши ибтидоӣ Ӣстеҳлоки солона Ҷамъшавии истеҳлок Иши балансӣ дар охири сол
Санаи харид 8000 8000
Охири соли якум 8000 3200 3200 4800
Охири соли дуюм 8000 1920 5120 2880
Охири соли сеюм 8000 880 6000 2000
Охири соли чорум 8000
Охири соли панҷум 8000

Чӣ хеле, ки аз реҷа мебинем, гуфтаҳои боло тасдиқ шуданд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.