Мавқеи бозори қоғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.Бозори қоғазҳои қиматнок, намудҳо ва иштирокчиёни он.

2.Биржаҳои фондӣ ва аҳамияти он дар бозори қоғазҳои қимматнок.

3.Биржаи қоғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

1.Бозори қоғазҳои қиматнок, намудҳо ва иштирокчиёни он

Тавре, ки маълум аст, бисере аз корхонаҳо воситаҳои пулию моли худро аз бозорҳо ба даст меорянд. Қисми зиёди махсулоти ҷамъияти ҳам дар шакли аёни ва ҳам дар шакли пули ба воситаи бозор гардиш мекунад. Дар қатори бозорҳои дорои воқеъ, моли, қарзи, бонки, шакли дигаре бозор, бозорӣ қоғазхои қимматнок ба ҳисоб меравад.

Бозори қоғазҳои қимматнок ҳам муносибатҳои қарзӣ ва ҳам муносибатҳои аз худ куниро, ки ба воситаи барориши ҳуҷҷатҳои махсус (қоғазҳои қимматнок) таҷассум ёфта арзиши худро доранд, метавонад танзим намояд.

Бозори қоғазҳои қимматнок аз навъҳои зерин иборат аст: а) аз ҷиҳати ба ҷогузорӣ ва гардиш-якумин ва дуюмин;

б) аз ҷиҳати муҳлати истифода-пулӣ ва қарзӣ;

в) аз ҷиҳати гардиши ҳудудӣ-минтақавӣ, миллӣ ва ҷаҳонӣ; г) аз ҷиҳати шакли ташкилӣ-бозорӣ ва ғайрибозорӣ.

Иштирокдорони асосии бозори қоғазҳои қиматнок инҳо ба ҳисоб мераванд:

  1. Бароришгарон (эмитентҳо)-давлат ё шахсони ҳуқуқӣ, ки қоғазҳои қиматнок бароварда баъди ба фурӯш баровардани онҳо дар назди дорандагони ин қоғазҳо уҳдадорӣ ба зима мегиранд;
  2. Сармоягузорон-шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие мебошанд, ки аз номи худ ва бо пули худ қоғазҳои қиматнокро харидорӣ карданд.
  3. Муассисаҳои сармоягузорӣ-шахсони ҳуқуқие мебошанд, ки вазифаи асосии онҳо кор бо қоғазҳои қиматнок мебошад. Гардиши саҳмияҳо дар бозори қоғазҳои қиматнок афзалиятҳои зеринро дорост:
  • имкон медиҳад, ки саҳмияҳо ба осонӣ ба фурӯш раванд;
  • иттилоияи ҳамаҷониба имкон медиҳад, ки қарорҳои дахлдору судманд қабул карда мешаванд;
  • саҳмия метавонад ба сифати кафолат истифода шавад;
  • бо шарофати хабарҳои иттилоотӣ имкон пайдо мешавад, ки ҳар як дигаргунии дар бозор ҷой дошта ба зуддӣ дарк карда шавад.

Бозори қоғазҳои қиматнок (фондӣ)- ҷамъияти саҳомиест, ки ба савдои қоғазҳои қиматнок машғул аст, вале мақсади ба даст овардани фоида аз ҳисоби фурӯши ин қоғазҳоро надорад.

Яке аз шаклҳои бозори қоғазҳои қиматнок биржа ба ҳисоб меравад.

Усули асосии бозори қоғазҳои қиматнок аз ҳақиқатгуй ва бовариноки, мавҷуд будани мутахассисони дороӣ таҷрибаю малакаи баланд, кафолатдиҳии анҷом додани ҳисобу китоб, назорат аз болои ҳисобу китоби молиявӣ ва кори аъзои биржа иборат аст.

Аз гуфтаҳои боло хулоса бармеояд, ки бозори қоғазҳои қиматнок қисми таркибии бозори молиявӣ буда, дар он хариду фурӯши намудҳои гуногунро қоғазҳои қиматноки субъектҳои хоҷагидорӣ ва давлат сурат мегирад.

Вуҷуд доштани ин бозор шароити пурра ва самаранок истифодабарии ҷараёнҳои иқтисодиро хусусан бозори сармоягузорӣ ба воситаи механизми гуногуни бозорҳои фондӣ, яъне қоғазҳои қиматнокро таъмин менамояд.

Қоғазҳои қиматнок –ҳуҷҷатҳои пулиеанд, ки муносибати дорандагони онро бо ташкилотҳое, ки ин ҳуҷатҳоро барориш кардаанд, расман ифода мекунанд.

Қоғазҳои қиматнок навъҳои гуногун: саҳмия, вомбаргҳо, ӯҳдадориҳои давлатӣ, депозитҳо, сертификатҳои бонкҳои амонатгузор, қарзҳои кӯтоҳмуддати бонкӣ ва ғайраро дар бар мегиранд.

Ба қоғазҳои қиматнок ҳуҷҷатҳои зерин дохил намешавад:

-ҳуҷҷатҳои қарзи бонкӣ, ӯҳдадориҳои имзокардашуда, системаи лотереяҳо, шартномаи (полис) суғурта ва ғайраҳо.

Тибқи қарори шартномаи Женева (с.1930 вексель) вексел ба қоғазҳои қимматнок дохил намешавад (барои он ки вай қарзи пулӣ мебошад). Вале аз сабаби он, ки пул ҳам ба ҷараёни хариду фурӯш дохил карда мешавад, шартан ба қоғазҳои қиматнок дохил мекунанд.

Васиқа (вексел) – ҳуҷҷатест, ки бе гуфтугу (мутлақо) боварӣ ҳосил кардан оиди ӯҳдадориҳои пулӣ векселгиранда баробари омадани вақти муайяншуда додани маблағи пулӣ ба соҳиби векселдоранда.

Вексел на танҳо шакли ҳисоббаробарикунӣ, балки яке аз шаклҳои қарзи тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад.

Қоғазҳои қиматнок ба дорандаи худ ҳуқуқӣ даромад, яъне дивиденд ё фоиз гирифтанро таҷасум мекунанд.

Қоғазҳои қиматнок аз рӯи меъёрҳои зер тасниф карда мешаванд:

  1. Табиати иқтисодӣ;
    • саҳмияи ҳиссавӣ
    • қарзӣ, ӯҳдадории қарзӣ (вомбарг, сертификатҳои бонкӣ );
  2. Мансубияти ҳуқуқӣ ба қоғазҳои қиматнок
    • исмӣ –(ҳуқуқ баъди навиштан дар реестрҳои мувофиқа-кардашуда ба

ҳукми қонунӣ дароварда шудаанд);

ордерӣ (ҳуқуқ дар ҳолати баъди гузаронидан ё навиштаҷоти ба дорандаи пештараи қоғази қиматнок, дар тарафи дигараш қайд шуда, пайдо мешавад);

манзурӣ-(ҳуқуқ ба воситаи озодона оддитар супоридани қоғазҳои қиматнок дода мешавад).

а) ҳуҷҷатнок (шакли ашёӣ). б) беҳуҷҷат (бидуни ашёи).

Шакли интишор :

  1. Вақти муомилот:

а) дарозмуҳлат (аз 5 то 25 сол) б) миёнамуҳлат (аз 1 то 5 сол) в) кутоҳмуҳлат (то 1 сол)

г) бемуҳлат

Дивиденд – даромадест, ки аз саҳмия гирифта мешавад.

Саҳмия (аксия) – қоғази қиматноке мебошад, ки ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, корхонаҳо, ташкилотҳо, бонкҳои тиҷоратӣ, кооперативҳо бе муқарар шудани вақти муомилот, ӯҳдадориҳо ба зима гирифтаашон, барои гузаронидани воситаҳои ба мақсади инкишоф ва муайян намудани ҳуқуқ ба доранда он, оиди гирифтани як қисми фоидаи корхона дар намуди дивиденд, интишор менамоянд.

Дар Тоҷикистон саҳмияҳои колективҳои меҳнатӣ, ва саҳмияи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ истифода бурда мешавад.

Саҳмияи коллективҳои меҳнатӣ танҳо дар дохили корхона, барои коргарон дар асоси шаҳодатнома ва гузориши пул барои таъмини рушди корхона истифода карда мешавад. Ҳангоми хусусигардонӣ ё худ ғайридавлатикунонии моликият саҳмияҳои аъзоёни коллективии меҳнатӣ бештар истифода карда мешаванд ва вазни қиёсии онҳо тибқи меъёри амволи корхонаҳо муайян карда мешавад. Ин намуди саҳмияҳо ба фурӯш бароварда намешаванд ва фурӯхтаю харида низ намешаванд.

Аксия (саҳмия)-ро асосан корхона ё ташкилотҳо мебароранд.

Шакли моликияти саҳҳомӣ афзалияти худро нишон медиҳад ба воситаи барориши саҳмияи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ (аксионерӣ).

Ин саҳмияҳо ба воситаи имзои озодона дар байни ҷамъиятҳои саҳмгузор паҳн карда мешавад.

Иштирокчиёни бозори қоғазҳои қиматнок.

Баровардани қоғазҳои қиматнок ба муомилот – бароришу фурӯши онҳо ба соҳиби аввала, маблағгузорҳо, яъне шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ мебошад.

Интишори қоғазҳои қиматнок:

  • дар ҷамъияти саҳҳомӣ ва ҷойгиронии саҳмияҳо дар байни таъсисдиҳандагон (муасисон)-и он;

-дар ҳолати афзоиши ҳаҷми ибтидои сармояи уставии (фонди устави) ҷамъияти саҳҳомӣ бо воситаи баровардани аксияҳо;

  • ба воситаи ҷалбкунии воситаҳои давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ, мақомоти ҳукуматӣ, ба воситаи барориши вомбаргҳо ва дигар ӯҳдадориҳо ба амал бароварда мешаванд.

Иштирокчиёни бозори қоғази қиматнок.

Эмитенет – гуфта, шахсони ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ ё идоракунандаи маҳаллиеро мефаҳманд, ки интишори қоғазҳои қиматнок ва ӯҳдадориҳоро дар назди дорандагони қоғазҳои қиматнок иҷро мекунанд.

Сармоягузорҳо – шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, аз ҷумла шахсони хориҷӣ, ки қоғазҳои қиматнок ба номи худаш аз ҳисоби қарз гирифтааст. Сармоягузорҳо як давраи муайян маблағи озоди пули доранд, ки ҳавасманди гузаштани ин воситаҳоро барои даромад аз қоғазҳои қиматнок мебошад. Дар таркиби маблағгузорӣ ҷои асоси ба сармоягузорӣ, институти фонди сармоягузорӣ, бонки сармоягузорӣ, фонди нафақавии ғайридавлатӣ, ширкатҳои суғуртавӣ ва ғайраҳо.

3.Биржаҳои фондӣ ва аҳамияти он дар бозори қоғазҳои қимматнок

Биржа яке аз шаклҳои бозори қоғазҳои қимматнок буда, дар асоси усулҳои аз ҳақиқатҷуӣ, боваринокӣ, мавҷуд будани мутахассисони дорои таҷрибаю малакаи баланд, кафолатдиҳӣ, анҷом додани ҳисобу китоб, назорат аз болои ҳисобу китоби молиявӣ ва фаъолияти аъзоёни биржа сурат мегирад.

Фаъолияти биржа дар чорчубаи кафолатҳои зер ташкил карда мешавад:

  • танзиму муқаррар кардани ҷараёни нархгузорӣ дар бозор;
  • кафолати ҳисобу китоби молиявӣ;
  • ростқавлӣ дар аснои доду гирифти бозор;
  • ҳифзи маблағи муштариён;
  • таъмин намудан бо маълумотҳои дақиқ;
  • сари вақт ба инобат гирифтани арзу шикоятҳо;
  • ҳал намудани муаммоҳо ба воситаи суди иқтисодӣ.

Биржаи қоғазҳои қиматнок бояд доираи сармоягузоронро таъмин карда, саҳмдорони навро ҷалб намояд, барои хариду фурӯши қоғазҳои қиматнок шароити мусоид муҳаё созад, барои сари вақт додани ҳақи онҳо ва гузаронидани амалиётҳо кафолат диҳад.

Биржаи қоғазҳои қиматнок вазифадор аст;

    • барои ба таври озод муайян кардани нархҳои мусоидат намояд;
  • ҳамаи иштирокдорони биржаро сари вақт бо маълумоти пурраю дақиқ таъмин намояд;
  • барои иштироккунандагони биржа қоидаи ягонаро ҷорӣ намояд;
  • нархи қоғазҳои қиматнокро муайян карда, онро ба иштироккунандагони биржа сари вақт расонад;

Мақсади асосии биржаи қоғазҳои қиматнок инҳоянд:

  • ба фурӯш баровардани навъҳои навтарини қоғазҳои қиматнок;
  • муҳаё кардани шароит барои сармоягузориҳо;
  • таъин кардани нархҳо дар биржа ва рӯи рост эълон намудани онҳо;
  • омода кардани ҷойҳои махсус барои савдои қоғазҳои қиматнок.

Навъҳои бозорҳое, ки дар онҳо қоғазҳои қиматнок барои хариду фурӯш бароварда мешаванд низ гуногунанд. Яке аз шаклҳои асосии онҳо бозори ғайримуташаккил ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо ҳам харидор ва ҳам фурӯшанда байни худ гуфтушунид карда, доираи талаботу таъминотро ба ин ё он навъи қоғазҳои қиматнок муайян мекунанд ва байни ҳамдигар шартномаи додугирифт мебанданд. Дар ин ҳолат шарту шароити ин додугирифтҳо танҳо

ба иштироккунандагони онҳо маълум мешавад ва дастраси оммаи васеъ намегардад.

Бо мурури замон, бозори фондии ғайримутташакил ба бозори ҳақиқии молиявии муташаккил табдил ёфта, дар шаклҳои зерин амал мекунад:

  1. Бозори оддии музояда – дар ин бозор фурӯшанда пеш аз муҳлат то оғози ҷаласаи савдо талабномаҳои худро оид ба фурӯши ин ё он навъи қоғазҳои қиматнок пешниҳод мекунад. Ин талабу дархостҳо дар хабарномаҳои (бюлитенҳои) махсус ба қайд гирифта шуда байни иштирокчиёни ҷаласаи савдо тақсим карда мешаванд. Ин шакли бозор дар ҳамон вақте самаранок шуда метавонад, ки фурӯшанда инҳисорот (монополия) – и худро нисбат ба қоғазҳои қиматноки ба ӯ пешниҳодкарда, дар сурати мавҷуд будани талаботи баланди кофӣ нисбат ба онҳо нигоҳ медорад.
  2. Савдои музоядаи дутарафа – Дар он шумораи зиёди фурӯшандагон ва

харидорон нисбат ба ҳамон моли аз ҳамдигар аз ҷиҳати ҳамвазни фарқкунанда, доду гирифт менамоянд. Онҳо дар шакли бозорҳои онколи (коргузорӣ дар вақти муайян) ё музояда бенавбат амал мекунанд.

  1. Бозорҳои онколӣ – дар ин ҷо дар муддати як чанд вақт дархостҳо барои хариду фурӯши қоғазҳо ҷамъ оварда мешаванд. Дар супоришномаҳои иштирокдорони музояда нархҳои хариду фурӯши қонеъкунандаи онҳо ва миқдори қоғазҳои қиматноке, ки онҳо ба таври ихтиёри харидорӣ кардаанд, нишон дода мешаванд. Дар ин ҳолат агар харидор нархи пасттарро ҳимоя намояд, пас фурӯшанда баръакс нархи баландро ҳимоя мекунад.

Дар ҳолате, ки қоғазҳои қиматнок талаботи доимӣ доранд ва ба таври доимӣ пешкаш карда мешаванд, ташкили бозорҳои доимоамалкунандаи музоянда самараноктар мебошад. Супориш барои хариду фурӯши қоғазҳои қиматнок ҳатман баъди ворид шудани онҳо ба ин ҳол мерасад. Дар ҳолати якхела будани нархи онҳо дар навбати аввал ҳамон супоришҳое иҷро карда мешаванд, ки аввал пешниҳод шудаанд. Нархҳо дар ин бозор аз тарафи шахсони махсуси ба ин кор вобасташуда, ё ба воситаи системаи савдои компютерие, ки ба воситаи он ба тариқи доимӣ маълумот доир ба ворид шудани дархостҳо гирд оварда мешаванд, муқаррар мегардад. Чуноне, ки маълум аст, қисми зиёди қоғазҳои қиматнок берун аз бозор дар бозори даллолон гардиш мекунанд. Дар ин ҷо даллол нархҳоеро, ки дар заминаи он худи ӯ ба хариди қоғазҳои қиматнок розист ва нархҳои мавҷударо ба фурӯшандагон ба амал мерасонад.

Хусусият асосии бозори дуюмдараҷаи қоғазҳои қиматнок аз доираи васеъ ва муттақобилае иборат аст, ки дараҷаи талаботу таклифотро дар як дараҷаи нархи муқарраршуда муайян мекунад. Чӣ қадаре, ки талабот ба

хариду фурӯши қоғазҳои қиматноки нархи муқарраршуда дошта зиёд бошад,

ҳамон қадар доираи бозори дуввум васеъ хоҳад шуд.

Биржаи фондӣ-ин муассисаи махсусест, ки дар он вохӯрии фурӯшандагону харидорони қоғазҳои қиматнок барпо мегардад. Он имконият медиҳад, ки талабу таклиф ба ҳам пайваст шуда, самараи бозор баланд гардид. Биржа на танҳо ҷои махсус барои анҷом додани доду гирифт, балки системаи муайяни ташкили савдое мебошад, ки танҳо бо қоидаҳои махсус амал мекунад.

Дар биржа чун анъана қоғазҳои қиматноке савдо карда мешаванд, ки барои ташаккули бозор шароити муфид муҳайё менамоянд.

Дар савдои биржавӣ қурби (нархи) бозории қоғазҳои қиматнок муайян карда мешавад. Биржаҳои фонди дар шакли иттиҳодия ё ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ташкил мегарданд. Хусусияти хоси биржа аз он иборат аст, ки вай дорои хусусияти ғайри тиҷоратӣ мебошад.

Мақсадаи асосии фаъолияти биржа аз таъмини шароити мусоид барои доираи васеъ ва самараноки савдои қоғазҳои қиматнок иборат аст. Даромади биржа маҳдуд буда, вай танҳо аз андози маблағи барои таъмину мавҷудият бевосита ба тараққиёти ба лояндаи он зарур иборат аст ва барои додани дивиденд ба субъектҳое, ки ҳиссаи худро дар сармояи оинномавӣ гузоштаанд, истифода намешаванд.

Яке аз шакли доимоамалкунанда ва маълум супоришномаи бозорие ба ҳисоб меравад, ки дар он нишондодҳои муштариён оид ба хариду фурӯши қоғазҳои қимматнок ба нархе, ки дар бозор дар рузи иҷрои он муқаррар карда шудааст, дар меёбад.

Супоришномаи бозорӣ барои харид аз руи нархҳои пасттарин ва барои фурӯш аз рӯи нархҳои баландтарин, ки харидорон барои ба даст даровардани он розианд, иҷро мешаванд.

Агар ба муштариён ба кадом нарх харидан ё фурӯхтани қоғазҳои қиматнок фарқе надошта бошад, супоришҳои маҳдуд истифода мешаванд. Ин супоришҳо барои харид аз руи нархҳои миёнавазан ё паст, барои фурӯш аз руи нархҳои миёнавазн ё баландтар иҷро мешаванд.

Дар таҷриба нисбат ба қоғазҳои қиматнок талаботи ҷори ва таклифоти ҷорӣ ҷой дорад.

Талаботи ҷорӣ аз руи нархҳои баландтарине, ки харидор барои дарёфт кардани он рози аст ва таклифҳои ҷорӣ аз руи нархҳои ҳадди ақал (минималӣ), ки шахсе хоҳиши онро фурухтан дорад, муқаррар карда мешавад.

Ғайр аз ин, системаи худкор (автоматӣ)-и савдои қоғазҳои қиматнок дар биржа низ ҷой дорад. Он имконият медиҳад, ки яку якбора боз якчанд

ҷойҳои корӣ талаботи хариду фурӯши қоғазҳои қиматнок ба ҳисоб гирифта шавад. Чунин дархостҳо ба тариқи худкор бе иштироки мутахассисон иҷро шуда, баъди бо ҳам рост омадани талабот доир ба нархи хариду фурӯши ҳамон як навъи қоғазҳои қиматнок иҷро мешаванд. Ин шакли дархостҳо бештар барои иҷрои супоришҳои ҳиссагузории хурд самараноктар мебошанд.

Савдои қоғазҳои қиматнок на танҳо дар биржаҳо, балки берун аз он, дар бозорҳои ғайри биржавӣ низ гузаронида мешавад. Шакли савдои ғарибиржавӣ бештар дар ИМА тараққӣ кардааст. Дар он ҷо стандартҳои баланд барои хариду фурӯши қоғазҳои қиматнок муқаррар шудаанд. Аз ин сабаб, бисёре аз ширкатҳо саҳмияи худро дар дохили он фурухта наметавонанд ва бинобар ин қисми зиёди қоғазҳои қиматнок берун аз биржа гардиш мекунанд.

Дар чунин бозорҳо қисми зиёди ширкатҳо ҳам ба сифати даллол (брокер) ва ҳам ба сифати савдогар (дилер) якбора амал мекунанд.

Ширкат аз муштариёну фурӯшандагон супоришҳо қабул карда, ба муштариёни дигари бозорҳои ғайри биржавӣ робита барқарор намуда, ба онҳо таклиф мекунад, ки тибқи супоришномаҳои нишондодашуда харидорӣ кунанд.

Савдогарон дар бозорҳои ғайрибиржавӣ чун анъана бо якчанд навъи саҳмияҳо кор мекунанд. Онҳо як қисми қоғазҳои қимматнокро ба мақсади захира кардан харида, баъд бо назардошти вазъи бозор онҳоро ба фурӯш мебароранд.

Савдогарон дар бозори қоғазҳои қиматнок вобаста ба муҳлати гардиши қоғазҳои қимматнок ба савдогарони муддати тулонӣ амалкунанда (савдогарон бақияи қоғазҳои қиматнокро ба мақсади дар оянда ба фурӯш бароварданашон ҷамъмекунанд) ва савдогарон муддати кутоҳ амалкунанда (дар ҳолатҳои хуби бозор савдогарон метавонанд ҳатто дар ҳолати дар даст надоштани қоғазҳои қиматнок онҳоро фурӯшанд,барои ҳамин онҳо вазифадоранд ин қоғазҳоро пешакӣ аз бозор харида гиранд) тақсим мешаванд.

Иштирокдорони бозори ғайрибиржавӣ метавонанд ба воситаи телефон низ додугирифт кунанд. Дар ин ҳолат, баъди ба анҷом расонидани шартнома ба муштариён огоҳномаҳо фиристондашуда, аз суратҳисоби онҳо баъди хариди саҳмия ҳақ, руёнида мешавад ва ё дар ҳолати ба фурӯш баровардани саҳмия онҳо соқит карда мешаванд.

Қисме аз маълумотҳо ба фурӯшандагони қоғазҳои қимматнок ба воситаи системаи иттилоотӣ дастрас карда мешаванд. Беҳтарин ва самараноктарин

шакли ин система-системаи «Рейтер» ба ҳисоб меравад. Вай маълумоти гуногун оид ба шароити бозор, навъи қоғазҳои қиматнокро дар бар мегирад.

Иштирокдорони бозор баъзе маълумотро метавонанд аз тарафи рузномаю маҷаллаҳо, маълумотҳои институтҳои махсус ба даст оваранд.

Масалан, дар ИМА сарчашмаи асосии маълумот оид ба қоғазҳои қиматнок дар Бюрои миллии нархгузорӣ ба табъ мерасад.

Савдои ғайрибиржавӣ инчунин ба воситаи системаи компютерӣ анҷом дода мешавад. Яке аз системаҳои пуриқтидорин ин системаи «НАСДАК» (Система худкорсозии иттиҳодияи миллии нархгузории қоғазҳои қиматнок) ба ҳисоб меравад, ки аз ҷиҳати иқтидор дуюмин бозори қоғазҳои қиматнок дар ИМА ва сеюмин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ҳар рӯз дар ин ҷо ба миқдори зиёда аз 132 млн. саҳмия фурӯхта мешавад ва иқтидори асосии ҳаррӯзаи он беш 450млн. саҳмияро дар бар мегирад.

Барои савдо дар ин бозор танҳо иштирокдороне роҳ дода мешаванд, ки

қоидаҳои зеринро риоя намоянд:

  • миқдори маблағи активии онҳо на камтар аз 2 млн. $ бошад;
  • на камтар аз 100 ҳазор саҳмия барои фурӯши озод бароварда бошанд;
  • шумораи саҳмдорон аз 300 кас камтар набошад;
  • агар на камтар аз 2-мутахассис ба қайд гирифта шуда бошад. Мутахассисон бояд ба маблағи на камтар аз 100 000$ сармояи худи дошта бошанд, ё ба ҳисоби ҳар як қоғазҳои қиматноке, ки ба фурӯш мебароранд, на камтар аз 2500$ дар ихтиёр дошта бошанд.

Системаи электронӣ қобилият дорад, ки ба қоғазҳои қиматнок амалиёти бешумореро ба анҷом расонад, самаранокии бозори қоғазҳои қиматнокро баланд бардорад. Системаи электронӣ, ки дорои марказҳои савдои яклухт мебошад, метавонад аз аҳоли низ талабномаҳо гирифта, онҳоро иҷро намояд.

Ташкили биржаҳои фондӣ, масалан дар Ҷумҳурии Узбекистон асосан аз ғайридавлатӣ кардани моликияти давлатӣ оғоз ёфт. Якумин ҷамъиятҳои саҳҳомӣ дар ин ҷумҳурӣ дар соли 1991 пайдо шуданд. Аммо аз сабаби набудани муштариёни барорандаи қоғазҳои қиматнок, дар ин ҷамъиятҳо хариду фурӯши қоғазҳои қиматнок ба роҳ монда нашуда буд.

То соли 1994 мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Узбекистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ» тамоми ин ҷамъиятҳо ба тариқи ҷамъияти шакли пӯшида амал мекарданд. Беш аз 51% саҳмияи ин ҷамъиятҳо ба давлат ва 49%

  • ба аъзои коллектив таалуқ дошт.

Дар ин давра якчан «Ҷамъиятҳои саҳҳомии ғайридавлатӣ аз ҳисоби якҷоя кардани сармояи хусусӣ ташкил карда шуда буданд.»

Сохтори биржа дар Узбекистон аз инҳо иборат аст:

  • Шӯъбаи бақайдгирӣ ва ҳисобгирии аъзои биржа ва идораҳои тоҷирӣ;
  • Комиссияи коршиносӣ (экспертӣ), ки фаъолияти моли сармоягузоронро месанҷад;
  • Комиссияи тахассусӣ – барои иштирок дар савдои биржа рухсатнома медиҳад;
  • Комиссияи нархгузорӣ, ки системаи нархгузориро дар бозор меомузад;
  • Хизмати матбуотӣ – корҳои тарғиботиро дар масъалаи қоғазҳои қиматнок анҷом медиҳад;
  • Шӯъбаи чоп ва нусхабардорӣ;
  • Шӯъбаи таъмини техникаи электронӣ ва алоқа;
  • Шӯъбаи даллолон-корҳои тайёрӣ, ташкилӣ ва бурдани савдоро таъмин мекунад;
  • Бахши қабули санҷиши талабномаҳо;
  • Бахши тайёрӣ ва ташкили савдо;
  • Бахши ҳисобгирии додугирифтҳо;
  • Палатаи ҳисоб;
  • Бойгонӣ (архив);
  • Муҳосиб;
  • Хизмати хоҷагидорӣ;
  • Шӯъбаи ҳуқуқ;

-Бахши хизматрасонии ҳуқуқӣ;

  • Комиссия и баҳс;
  • Идораи таҳлилу нақшакашӣ.

Савдо дар биржа ҳафтае як маротиба дар рузи душанбе баргузор мегардад. Танҳо дар соли оғози биржа (1994) 155 саҳмия ба миқдори 31 млн. сум фурухта шуд ва дар соли 1995 ин рақам ба 500млн. сум расид.

3 Биржаи қоғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Биржаи қоғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ», ки 10 марти соли 1992 дар асоси қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуда буд, ташкил гардид (баъдтар ба ин қоун дар соли 1995 ва 1998 иловаю тағйирот дохил карда шуд). Қарори мазкур усулҳои ягонаи бароришу гардиши қоғазҳои қиматнок, кори маблағгузорону иштирокдорони бозори қоғазҳои қиматнок дар бар мегирад, ки ҳадафи он дар ҷумҳурӣ тараққӣ додани бозори қоғазҳои қиматнок, бо мақсади баланд бардоштани иқтисодиёти ҷумҳурӣ мебошад.

Биржаи фондӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотест, ки аз тарафи иштирокдорони касбии бозори қоғазҳои қиматнок баҳри фароҳам овардани шароити мусоид барои гардиши қоғазҳои қиматнок, муайян кардани нархи онҳо, ҳар сари чанд вақт ба хоҳишмандон расонмдани маълумот оид ба нарху навои бозор, ҷонибдорӣ кардани дараҷаи баланди касбии иштироккунандагон ва ғайра созмон дода мешавад.

Мақсади биржа ба даст овардани фоида набуда, вай аз ҳисоби худтаъминӣ амал мекунад ва аз ҳисоби фаъолияти молиявиаш ба аъзои худ даромад тақсим намекунад.

Биржа дар шакли ҷамъияти саҳҳомӣ ташкил ёфтааст ва тамоми саҳмияҳои вай саҳмияҳои исмӣ мебошанд. Аъзоёни Биржа танҳо метавонанд саҳмдорони он бошанд.

Шахсони ҳуқуқии дорои иҷозатномаи иштирокдори биржа метавонанд биржа созмон диҳанд.

Шартҳои биржа аз инҳо иборатанд:

    • Биржа оиномаи худро дорад. Мустақилона барои худаш қоидаҳои дохилии муомилоти бозорро муайян мекунад ва дигар амалиётҳоро анҷом медиҳад;
    • муассисони биржа қоидаҳои ягонаи шартҳои доду гирифт ва қоидаҳои ҳисобу китобро қабул менамоянд;
    • биржа дар вазорати Молияи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта мешавад;
    • шӯъбаҳои фондии биржаи молӣ дар асоси қонун амал мекунанд, шӯъбаҳои фондӣ метавонанд ба сифати бахши мустақил тавозуни худро дошта бошанд;
    • иҷозатнома аз тарафи вазорати молияи ҷумҳурӣ дода мешавад.

Бонкҳо ва ҷамъиятҳои саҳомие, ки иҷозатномаи ҳуқуқи бурдани кору фаъолиятро ба қоғазҳои қиматнок доранд, ҳаққи узвияти биржаро супурдаанд, обрӯ ва эътибори умуми доранд, метавонанд ба узвияти биржа пазируфта шаванд.

Ариза барои ба узвияти биржа дохил шудан дар маҷлиси умумии саҳмдорон ва аъзои биржа дар мӯҳлати 30 рӯз баррасӣ мешавад.

Узвияти биржа дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

    • дар холати узвияти биржа баромадан;
    • дар холати аз узвияти биржа хорич шудан;
    • дар ҳолати бекор кардани иҷозатнома.

Мақоми болои бира маҷлиси умумӣ ба ҳисоб меравад, ки он фаъолиятҳои зеринро ба душ дорад:

    • дар оинномаи ва муқаррароти биржа дигаргуниҳо дохил мекунад;
    • макомоти роҳбарикунандаи биржаро интихоб мекунад;
    • буҷети биржа ва қарорҳои шурои биржаро тасдиқ менамояд.

Макомоти идоракунанда-шурои биржа мебошад, ки роҳбарияти биржаро ба душ дошта, роҳбарони идораҳои биржаро интихоб мекунанд.

Фаъолияти биржа дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

-агар маҷлиси умуми оид ба қатъ кардани биржа қарор қабул намояд;

-агар Вазорати молия иҷозатномаи додаашро боз хонад.

Биржаи марказии фонди дар ҷумхурии моҳи апрели соли 1994 таъсис ёфта буд. Оинномаи он аз бобҳои зерин иборат аст:

    1. Қоидаҳои умуми
    2. Мақсад ва вазифахои он
    3. Ҳуқуқҳои биржа
    4. Узвият ба биржа. Шароит ва қоидахои қабул ва қатъ кардани узвият дар биржа.
    5. Ҳуқуқ ва вазифаҳои аъзои биржа
    6. Макомоти роҳбарикунанда ва иҷроияи биржа.
    7. Сармояи оинномавии биржа. Сарчашмахои пайдо кардани маблағ барои фаъолияти биржа.
    8. Фаъолиятҳои биржа. Мухофизати хуқуқи муштариён.
    9. Ҳисобу китоб. Соли молиявии биржа. 10.Назорат ба фаъолияти биржа.

11. Қатъи фаъолияти биржа.

Биржа ҳам чун ҷамъияти саҳҳоми шакли пӯшида дар асоси қарори маҷлиси муассисон таъсис ёфтааст. Тамоми саҳмияҳои биржа аз саҳмияхои оддӣ иборатанд. Аъзои биржа танҳо саҳмдори вай мебошанд. Оғози кори биржа рӯзи ба имзо расидани шартномаи муассисон ба ҳисоб меравад, ки он қоидаю усулҳои таъсиси биржаро муайян мекунад. Дар маҷлиси муассисон хаҷм ва мӯҳлати пардохтани ҳақи саҳмияҳо ва нархи онҳо тасдиқ мегардад. Баржа аз рӯзи ба қайд гирифтанаш салоҳияти хуқуқи пайдо мекунад.

Рӯйхати адабиёт:

1.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок», аз 9 июни соли 2011, № 179.

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», аз 5 марти соли 2007, №237.

3.«Низомномаи фаъолияти брокерӣ ва дилерӣ дар бозори коғазҳои қиматнок», Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000, № 502.

4.Раҳимов З.А. Васоити таълимӣ аз фанни Коғазҳои қиматнок ва бозори он.

– Душанбе -2007

5.Алтман Е. Финансовый анализ деятельности фирмы –М. крокус интернешил 2003.

6.Балабанов И.Т. Основы финансового менеҷмента-М. Финансыистатистика 2007.

3 Загрузки
test

Добавить комментарий