Саҳми биржаи фондӣ дар амалиётҳои бозори молиявӣ

    1. Моҳият ва мафҳуми бозори фондӣ.
    2. Вазифаҳои биржаҳои фондӣ.
    3. Биржа ҳамчун шакли ташкили бозори коғазҳои қимматнок.
    4. Биржаҳои молии байналхалқӣ: аҳамият ва хусусияти онҳо.

6.1. Моҳият ва мафҳуми бозори фондӣ.

Мафҳуми «бозори фондӣ» дар адабиёти иқтисодии муосир ҳамчун

синонимии мавҳуми «бозори қоғазҳои қиматнок» истифода мешавад. Бозори фондӣ қисми таркибии бозори молиявӣ мебошад.

Бозори фондӣ чи тавр ба вуҷуд меояд?

Қоғазҳои қиматнок (векселҳо) ва бозорҳои аввалини қоғазҳои қиматнок дар намуди ярмаркаҳои қоғазҳои қиматнок дар асрҳои миёна дар шаҳрҳо- давлатҳои Италия пайдо шуда бошанд. Аммо оид ба бозори фондӣ дар фаҳмиши муосир аз ҳамон замон гуфтан ҷоиз аст, ки давлат эмиссияи ӯҳдадориҳои қарзиро мунтазам пеш мебарад ва аввалин ширкатҳои саҳҳомӣ пайдо гашта барориши саҳмияҳоро ба роҳ мемонад ва дар ин замина биржаҳои фондӣ барои тиҷорати ин воситаҳо ба вуҷуд омаданд.

Таърихан, аввалин бозори фондӣ бозори ҳолландӣ буд. Бозори фондии англисӣ, ки дар асри XVII ба пайдоиш оғоз карда буд, ба бозори ҳақиқӣ бо ҳамаи нишонаҳои (артибутҳои) зарурӣ ба соли 1773, ки соли ташкилёбии аввалин дар ҷаҳон биржаи махсусгардонидашуда фондӣ – биржаи фондии Лондон буд, барқарор гашт. Дар ШМА бозори фондӣ ба интиҳои асри XVIII (ташкил кардани биржаи фондии Ню-Йорк дар соли 1792) ба вуҷуд омадааст.

Ба сурати аввалин ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ширкатҳои дар асрҳои XVI-XVII дар Англия созмон додашуда, Москвагӣ, Левантистӣ, Балтикӣ, Ост-Индӣ ва ҳамчунин ширкати ҳолландии муттаҳидаи Ост-Индиро ном мебаранд. Саҳмияҳои ширкатҳои тиҷоратӣ баъди созмондиҳии онҳо ба объекти қарордодҳои хариду фурӯш ҳам дар Англия ва ҳам дар Галландия табдил ёфтаанд.

Аз назари бизнеси байналхалқӣ бояд бозори миллии фондӣ, бозори байналхалқии фондӣ ва бозори ҷаҳонии фондиро фарқ кард.

Бозори миллии фондӣ – ин система муносибатҳо ва муасиссаҳое мебошад, ки дар ҳудуди мамлакат дар вобастагӣ ба бврориш ва муомилоти қоғазҳои қиматнок ба вуҷуд меоянд.

Бозори байналхалқии фондӣ системаи муносибатҳо ва муассисаҳоеро дар бар мегирад, ки ҳангоми ҳаракати сармояи қалбакӣ (қоғазҳои қиматнок) дар байни мамлакатҳо барқарор мешаванд.

Бозори ҷаҳонии фондӣ ҳамчун маҷмӯи бозорҳои миллӣ ва бозорҳои байналхалқӣ дар таъсири мутақобил ва вобастагии мутақобил дониста мешавад.

Вобаста аз сатҳи камолот бозорҳои мамлакатҳои ҷудогона ба

«ташаккулёфта» – бозорҳои фондии мамлакатҳои дорои иқтисодиёти рушди устувор ва «барқароршудаистода» – бозорҳои фондии мамлакатҳои иқтисодиёти рӯ ба инкишоф ва мамлакатҳои иқтисодиёти давраи гузариш тақсим мешаванд.

Ба гурӯҳи бозорҳои барқароршудаистода аксарияти давлатҳои ҷаҳон – наздик 160 давлат шомиланд. Бозорҳои ташаккулёфта тибқи таснифоти Корпоратсияи молиявии байналхалқии (КМБ) Бонки ҷаҳонӣ 23 ададро ташкил мекунад.

Дар ҳисоботи охирини Фонди байналхалқии асъор (ФБА), ки ба бозорҳои молиявии ҷаҳонӣ бахшида шудааст, ба бозорҳои барқароршудаистода мансуб дониста шудаанд: 1) ҳамаи мамлакатҳое, ки онҳоро ФБА ва Бонки ҷаҳонӣ ба қатори мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ дохил мекунанд; 2) мамлакатҳои иқтисодиёти давраи гузариш, ва инчунин 3) Гонконг, Исроил, Корея, Сингапур ва Тайван. Ҳамагӣ 160 давлат. Бозорҳои ташаккулёфта мувофиқи таснифоти КМБ низ ба 23 адад баробар аст.

Дар замони муосир бозори фондӣ дар мамлакатҳои дорои иқтисодиёти рушди устувор бозори муташаккил ва хуб танзимшаванда мебошад.

Андозаи бозори ҷаҳонии фондӣ чи гунна аст?

Баҳои ягонаи умумӣ ва миқдории андозаи онро додан бо сабаби табиати гуногуни намудҳои ҷудогонаи қоғазҳои қиматнок имконпазир аст. Масалан, якҷоя кардани маълумот оид ба қоғазҳои қиматноки дарозмуддат (саҳмияҳо,

вомбаргҳо), кӯтоҳмуддат (векселҳо, чекҳо) ва дериватҳо (опсианҳо, фючерсҳо) мувофиқи матлаб нест.

Бо дарназардошти чунин муайянкунӣ, андозаи умумии бозорҳои ҷаҳонии фондӣ дар интиҳои солҳои 90-уми асри ХХ – 72 трлн. долларро ташкил кардааст, ҳол он ки ҳаҷми ММД ҷаҳонӣ тақрибан ба 30 трлн. доллар баробар буд.

Дар соли 1998 – 46% – и ҳамаи бозори ҷаҳонии фондӣ ба ШМА, 13% ба Япония ва умуман ба мамлакатҳои Ҳаштгнонаи бузург (ба истиснои Россия) – тахминан 75% мансубият дошт. Ҳиссаи ҳафт мамлакати тараққикардаи дорои иқтисодиёти рушди устувор дар бозори ҷаҳонии фондӣ наздик ду маротиба аз ҳиссаи онҳо дар ММД – и ҷаҳонӣ зиёд аст.

Се гурӯҳи асосии ширкаткунандагони бозори ҷаҳонии фоидаро эмитентҳо, сармоягузорон (инвесторҳо) ва миёнаравони касбӣ ташкил мекунанд.

Эмитентҳо

Эмитентҳои саҳмия фақат ҷамъиятҳои саҳҳомӣ мебошад. Шаклҳои ҷамъияти саҳҳомӣ дар мамлакатҳои гуногун аз ҳамдигар фарқи куллӣ дошта метавонанд. Фарқияти мушаххаси онҳо мувофиқи қонунҳо оид ба ҷамъияти (ширкатҳо, корпоратсияҳо) саҳҳомӣ муайян карда мешавад.

Теъдоди умумии ҷамъиятҳои саҳҳомӣ дар ҷаҳон ба садҳо ҳазор баробар аст, аммо аз назари бизнеси байналхалқӣ ва омӯзиши бозори фондӣ ба мо фақат ҳамон қисми онҳо дахл дорад, ки дар бозори муташаккил котировкаи доимӣ (яъне листинг) доранд. Омори байналхалқӣ, маълумотро оид ба эмитентҳо пешниҳод карда, факту рақамҳоро фақат дар бозори ширкатҳои листингдошта ҷой медиҳад.

Дар мамлакатҳои дорои иқтисодиёти рушди усувор теъдод эмитентҳо бузургии нсбатан устуворро ташкил медиҳад. Дар солҳои 1985-1998 миқдори онҳо аз 18 то 20 ҳазор зиёд шуд.

Тамоми вазъияти дигар дар бозорҳои барқароршудаистодаи мамлакатҳои иқтисодиёти рӯ ба инкишоф ва иқтисодиёти давраи гузариш ҷой дорад. Дар ҳамон давр теъдоди эмитентҳо ду маротиба аз 9 то ба 20 ҳазор афзуд. Дар мамлакатҳои бозори барқароршудаистода андозаи миёнаи эмитент аз 850 млн. доллар дар Арабистони Саудӣ то ба 0,1 млн. долл. Дар Булғория ва Муғулистон фарқ мекунанд.

Эмитентҳои воситаҳои қарзӣ (облигатсияҳо)-ро ҳам корхонаҳои хусусӣ ва ҳам идораҳои ҳокимияти давлатӣ ташкил мекунанд.

Дар аксар ҳолатҳо эмитенти асосии облигатсия давлат мебошад. Қоғазҳои қиматноки давлатӣ (Pғӣlic sectoқ Secғқities) гуфта, қоғазҳои қиматнокеро меноманд, ки аз тарафи ҳукумат ва муассисаҳои ҳукуматӣ бароварда мешаванд.

Сармоягузорони (инвесторҳои) бозори фондӣ.

Дар зери мафҳуми сармоягузор дар бозори фондӣ шахсоне фаҳмида мешаванд, ки воситаҳои пули барзиёдатӣ доранд ва онҳоро барои хариди қоғазҳои қиматнок истифода мекунанд. Се гурӯҳи сармоягузоронро фарқ мекунанд: а) шахсони воқеӣ (аҳолӣ); б) сармоягузорони корпоративӣ (корхонаҳо) ва в) сармоягузорони институтсионалӣ.

Гуруҳи таърихан «куҳансоли» сармоягузорон аҳолӣ мебошад. Дар ибтидои

пайдоиши бозори фондӣ ин ягона гурӯҳи сармоягузорон буд. Пай дар пай

қисми бисёри сармоягузорӣ ба қоғазҳои қиматнок ба бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявӣ гузашт.

Дар нимаи дуюми асри ХХ гурӯҳи муассисаҳои молиявӣ ба сармоягузорони асосии дороиҳои (активҳои) молиявӣ табдил ёфтанд, ки онҳо дар мавҳуми «сармоягузорони институтсионалӣ» муайян карда мешаванд.

Сармоягузорони институтсионалӣ чунин муассисаҳоянд: ширкатҳои суғуртавӣ, фондҳои нафақавӣ ва институтҳои (муассисаҳои) сармоягузори коллективӣ – ИСК (collective investment institғtions). Дар навбати худ, ИСК – ин фондҳои сармоягузорӣ (ширкатҳои сармоягузорӣ), хедж – фондҳо, департаментҳои эътимодии бонкҳо мебошад. Бо дар назардошти аҳамияти муҳим доштани сармоягузорони институтсионалӣ аз соли 1997 Созмони иқтисодии ҳамкорӣ ва тараққиёь (СҲИТ) ба нашри маълумотномаи махсуси оморӣ – Institғtional Investoқs, Statistical Yeaқӣook шурӯъ кард, ки имконияти ҳаматарафа муайян кардани нақши онҳоро дар мамлакатҳои сатҳи баланди тараққиёти иқтисодидошта медиҳад. Мақом ва нуфузи сармоягузорони институтсионалӣ доимо баланд шуда истодааст. Дар соли 1981 дороиҳои сармоягузорони институтсионалӣ дар мамлакатҳои СҲИТ – 3,2 трлн., ё ин ки 38% – и ММД, дар соли 1991 – 16,3 трлн. долл. (90%) ва зиёдтар аз 23-24 трлн. долл. Дар интиҳои солҳои 90-ум (106% ва зиёдтар) ташкил карда буданд. Дар таркиби дороиҳои сармоягузорони институтсионалӣ зиёда аз 90% – ро қоғазҳои қиматнок ташкил мекунад. Муқоисаи андозаи умумии бозори ҷаҳонии саҳмияҳо ва вомбаргҳо нишон медиҳад, ки онҳо 35-40% – и бозори ҷаҳонии фондиро дарбар гирифттаанд.

Гурӯҳи калонтарини сармоягузорони иститутсионалӣ ширкатҳои суғуртавӣ мебошанд. Дар интиҳои солҳои 90-ум ҳиссаи онҳо 31 фоизи ҳамаи дороиҳои сармоягузорони институтсоналиро ташкил кардааст. Дар ҷои дуюм – фондҳои нафақавӣ (27%), ҷои сеюм – ширкатҳои сармоягузорӣ (26%) қарор доранд, аммо ширкатҳои сармоягузорӣ суръати аз ҳама баланди афзоиш – ба ҳисоби миёна 16% дар як сол нишон дода истодаанд ва ҳиссаи онҳо мунтазам афзуда истодааст.

Фондҳои нафақавӣ гурӯҳи дуюми асосии сармоягузорони институтсионалӣ Буда, лекин дар ШМА ва Британияи Кабир – гурӯҳи якум мебошанд, ки дар онҳо афзоиши дороии фондҳои нафақавӣ аз суръати афзиши ММД баланд аст.

Ҳақиқатан, фондҳои нафақавӣ, маблағҳои пулиро барои хариди қоғазҳои қиматноки корпоративӣ истифода карда, заминаи ҳақиқиро барои дар оянда пардохтани нафақа ба вуҷуд меоранд, чунки ин маблағҳо асосан ба сармоягузорӣ, яъне ба вуҷуд овардани шароит барои истеҳсоли молҳо ва хадамот истифода мешаванд.

Ба сифати гурӯҳи асосӣ низ ширкатҳои сармоягузорӣ (фондҳои инвеститсионӣ) баромад мекунанд. Шаклҳои фондҳои сармоягузорӣ гуногунанд ва дар мамлакатҳои ҷудогона онҳо номҳои гуногунро доранд, вале мазумни иқтисодии онҳо дар ҷамъ кардани пасандозҳои табақаҳои гуногуни аҳолӣ бо истифода аз барориши қоғазҳои қиматноки хусусӣ (саҳмияҳо, пайҳо ва дигарҳо) ифода меёбад.

Муассисаҳои коллективии сармоягузорӣ шакли гуногуни ташкилию ҳуқуқӣ доранд: ҷамъияти саҳҳомӣ, ширкати эътимодӣ, шакли қарордод ва дигарҳо.

Шакли дигари муассисаи коллективии сармоягузорӣ – трасти сармоягузорӣ мебошад. Трастҳои сармоягузорӣ дар асоси шартномаи трастӣ (эътимодӣ) ташкил меёбанд. Трастҳо сертификатҳои иштироки ҳиссавиро мебароранд, ки онҳо ҳатман қоғазҳои қиматноки бозорпардохтӣ мебошанд. Хислати фарқкунандаи трастҳо аз он иборат аст, ки онҳо Шӯрои директорон надоранд. Портфели траст собит аст ва тағйир ёфта наметавонад. Ҳангоми бастани шартномаи трастӣ пешакӣ сохтор ва андозаи портфели дороиҳои траст муайян карда мешавад.

Фондҳои сармоягузорӣ маблағҳои пулии аҳолиро ҷамъ намуда, барои хариди қоғазҳои қиматнок истифода мекунанд. Нуфузи баланди иҷтимоии ин муассисаҳоро ба эътибор гирифта, давлат ба таври қатъӣ ширкатҳои (фондҳои) сармоягузориро танзим мекунад. Дар мамлакатҳои ИЕ чунин муассисаҳоро бо мавҳуми ККС (корхонаи коллективии сармоягузорӣ) ифода мекунанд.

Хедж-фондҳо низ ширкатҳои (фондҳои) сармоягузорӣ мебошанд, вале онҳо дар доираи таъсири қонунҳои танзимкунандаи фаъолияти ширкатҳои сармоягузорӣ қарор надоранд. Хедж-фондҳо чунон ташкил карда мешаван, то ки дар зери таъсири қонунҳо набошанд. Дар ин ҳангом онҳо ҳуқуқи озод фурӯхтани қоғазҳои қиматноки худро дошта наметавонанд. Аксарияти онҳо Дар минтақаҳои оффшорӣ (озод) ба қайд гирифта шудаанд ва бо ин роҳ аз супоридани андозҳо «мегурезанд». Хедж-фондҳо қисми начандон калони сармоягузорони институтсионалиро ташкил мекунанд, гарчанде онҳо дар солҳои 90-уми асри ХХ суръати баландтарини афзоишро то 40% дар як сол нишон дода буданд. Аз рӯи маълумоти гуногун теъдоди умумии Хедж-фондҳо дар соли 1998 аз 1200 то 400-ро ташкил кардааст. Сармояи онҳо дар ҳаҷми 150-

200 млрд. долл. ва дороиҳо – 400 млрд. долл. Муайян карда шуда буд. Аксарияти муассисони ин фондҳо одамони бой (80% ҳамаи маблағҳо) мебошанд.

Вобаста аз стратегияи истифода шудаистода ва доираи фаъолият шаклҳои гуногуни хедж-фондҳоро фарқ мекунанд. Бештар макрофондҳо ва фондҳои глоалӣ паҳн гаштаанд. Фондҳои глобалӣ дар сармоягузориҳои бозорҳои барқароршудаистода ё ин ки дар бозорҳои молиявии минтақаҳои алоҳида махсусгардонида шуда истодаанд. Намояндаи шӯҳратманди ин гурӯҳ Tigeқ Fғnd ва Qғantғm Fғnd мебошанд, ки сарварии онро Д.Сорос ба ӯҳда доранд.

.Вазифаҳои биржаҳои фондӣ.

Таҳлили таҳавуллоти фаъолияти биржавӣ чунин хулосарониро имкон медиҳад:

Биржа ҳамчун элементи низоми бозорӣ дар раванди рушди худ ба ниҳоди молиявие, ки вазифаи муҳими он муайянкунии нарх мебошад, мубаддал гардид. Дар охири асри 20 вазифаи асосии биржа ошкор намудани нархи ҳақиқии бозорӣ бо ҳисобгирии тақозою арза буд. Вазифаи иқтисодии биржа ҳамчун механизми нархгузорӣ дар давраи ҳозираи рушди иқтисоди бозорӣ ифода

мегардад. Ба ғайр аз вазифаи муайянкунии нарх барои биржаҳои ҳозира пешгӯинамоии нарх, суғуртанамоии нарх ва вазифаи танзимӣ низ вуҷуд дорад.

Вазифаи якуми биржа – мутобиқсозии тақозову арза ва дар асоси он муайяннамоии нархи ҳақиқист.

Мақсади котировкаи биржавӣ муайяннамоии нарх мебошад. Котировкаи биржавӣ нархи расмӣ аз рӯи муомилот буда, барои молҳои стандартӣ, мувофиқи қоидаҳои биржавӣ дар соати расмии кори биржа мебошад.

Вазифаи дуюми биржа – суғуртанамоӣ аз таваккалоти нарх (хеджирование) мебошад. Ин низоми чорабиниҳоро аз рӯи барҳамдиҳии таваккали нархиро фаро мегирад. Суғуртанамоӣ аз таваккалоти нарх (хеджирование) дар бозори фючерӣ барои ҳимоя аз тағиротҳои нархӣ мебошад.

Hedge аз англ. – ҳимоя, суғурта кардан аз талофиятҳои имконпазир мебошад.

Мафҳуми хеҷкунонӣ бо ёрии намуди нави муомилоти биржавӣ – опсионҳо амалӣ мегардад. Дар зери мафҳуми опсион – намуди шартномаи махсус (муомилоти биржавӣ) фаҳмида мешавад, ки байни сармоягузорҳо баста мешаванд.

Як сармоягузор опсионро навишта мефурӯшад шахсе, ки онро мехарад ҳуқуқи дар мӯҳлати нишондодашудаи шартҳои опсион харидани арзишҳоро пайдо мекунад. Харидорони опсион ҳуқуқи истифодаи ягон намуди дороиро пайдо менамоянд, вале на ӯҳдадориро.

Ин дороиҳо метавонад моли мушаххас, суғурта ё шартномаи фючерӣ бошад.

Вазифаи сеюми биржаҳо – муайяннамоии нархи молҳо бо дурнамоӣ дар шароити асосии сиёсати нархгузорӣ мебошад.

Вазифаи чоруми биржаҳо танзими бозор ва нарх мебошад. Мунтазамии нарх алакай ҷой доштани талабот ва таклифот мебошад. Омилҳои мунтазамии нарх ва бозор муқаррар намудани дараҷаи расмии нарх дар аввал ва охири рӯзҳои биржавӣ мебошад. Инчунин овоздиҳии бастани шартномаи муомилотҳо, сатҳи тағирёбии нарх дар рӯз, ба аъзоёни биржа пешниҳод намудани ахборот оид ба тақозову арза дар биржаҳои молӣ низ таъсир мерасонад.

.Биржа ҳамчун шакли ташкили бозори коғазҳои қимматнок.

Бо воситаи гузоштани сармояҳо биржа ба ҳамаи системаи бозории мамлакат таъсири танзимӣ мерасонад. Сармоя худ ба худ ба соҳаҳои нисбатан фоиданок равона мешавад. Меъёри баланди фоизи бонкҳо ба қурби саҳмия таъсири паст мерасонад. Арзиши номиналии саҳмия бо таваррум афзоиш меёбад, ки активҳои корхона низ зиёд мешавад. Бинобар ин бо истифодаи имконияти механизми биржавӣ ширкати нисбатан устувор дигар ширкатро тасарруф менамояд.

Шаклҳои ташкили биржаҳои фондӣ гуногун мебошад, аммо дар онҳо умумият ҷой дорад. Биржа ҳамчун сохтори ташкили бозори коғазҳои қимматнок, бояд имконияти вохӯрии фурӯшандагон ва харидорони бозори

мазкурро таъмин намояд. Барои он, ки ин вохӯриҳо самаранок бошанд, зарур аст, ки барои муомилоти савдо шароити муайян сохта шаванд. Ҳар як коғази қимматнок бояд нархи худро дошта бошад, ки барои харидорон якхела бошад ва иштирокчиёни хариду фурӯш бояд бо кафолати муайян ҳангоми сармоягузорӣ таъмин бошанд.

Ҳамаи ин ва дигар талаботҳо ба ташкили дастгоҳи оварда расониданд, ки хусусияти онҳо бо санадҳои қонунияти сабт шудаанд.

Биржа ҳамеша ташкилоти миёнарав буда, мақсадаш муҳайёсозии мубодилаи мӯътадили коғазҳои қимматнок мебошад.

Гуногунияти хусусияти ташкилии биржа дар характери миёнаравони дар ин бозорҳо амалкунанда зоҳир мегардад. Миёнарави нисбатан характери ҳуқуқидошта маклери биржавӣ мебошад.

Маклер миёнараве мебошад, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ, ҳамчун қоида ҳуқуқи аз номи худ баромад карданро надошта ба ӯхдадориҳо низ ҷавобгӯ намебошад.

6.4. Биржаҳои молии байналхалқӣ: аҳамият ва хусусияти онҳо

Дар вақти ҳозира дар доираи иқтисодиёти ҷаҳонӣ наздик 70 намуди молҳо объекти тиҷорати байналхалқии биржавӣ мебошанд, ки ҳиссаи онҳо наздик 30% – и гардиши молии байналхалқиро ташкил мекунад. Гардиши биржаҳои молии байналхалқӣ аз рӯи ҳамаи амалиёт ҳар сол ба 3,5 – 4, трлн. доллари ШМА баробар аст.

Қисми асосии гардиши молии биржавии байналхалқиро муомилоти фючерсӣ ташкил мекунад, мувофиқи онҳо ҳамлу нақли моли воқеӣ пешбинӣ нашудааст. Миқдори умумии бозорҳои фючерсӣ ба 150 мерасад, аз он ҷумла

110 биржаи молҳои хоҷагии қишлоқ ва 40 биржаи ашёи хоми саноатӣ ва нимфабрикатҳо.

Ҳаҷм ва сохтори молҳои дар биржаи молии байналхалқӣ гардишкунанда:

– гурӯҳи молҳои хоҷагии қишлоқ.

а) тухмиҳои равғанӣ ва маҳсулоти коркарди онҳо (зағир ва чигити пахта, лубиёи соя, равғани соя) – 38%-и гардиш;

б) ғалладона (гандум, ҷуворимакка, ҷав, биринҷ)- 22%-и гардиш; в) чорвои зинда ва гӯшт – 18%-и гардиш;

г) молҳои нассоҷӣ, қанд, қаҳва ва дигар молҳои хӯрокворӣ – 20%- и гардиш;

е) каучуки натуралӣ – 1,0%-и гардиш.

– гурӯҳи ашёи хоми саноатӣ ва маҳсулоти коркарди он:

а) нафти хом, сӯзишвории дизелӣ, мазут, бензин, газ – 50%-и гардиш;

б) металлҳои қиматбаҳо – 30%-и гардиш;

в) металлҳои ранга (мисс, қалъагӣ, сурб, рӯҳ, алюминий)- 20%-и гардиш.

Марказҳои асосии тиҷоратӣ байналхалқии биржавӣ ШМА, Англия, Япония мебошанд, ҳиссаи онҳо 98%-и гардиши молии байналхалқии биржавиро ташкил мекунад.

Биржаҳои калонтарини ШМА инҳоянд:

-«Чикаго борд оф трейд» – 46%-и ҳаҷми муомилот дар ШМА,

-«Чикаго меркентайл иксчейнҷ» – 30%,

-Биржаҳои моли Ню – Йорк – 25%,

-Биржаи пахтаи Ню – Йорк

-Биржаи қаҳва, қанд ва какаои Ню-Йорк.

Дар Англия:

-Биржаи фючерсии Лондон – «ФОКС» – 75,0%-и тиҷорати биржавии Англия.

-Биржаҳои металлҳои Лондон.

-Биржаи нафтии байналхалқии Лондон.

Дар Япония:

-Биржаи Токио.

Номгӯи (номенклатураи) молҳои дар биржаҳои молии байналхалқии гардишкунанда б очи хела будани биржа, яъне универсалӣ ё махсусгардонидашуда будани он вобаста мебошад.

а) биржаи универсалӣ;

дар ШМА; – «Чикаго борд оф трейд» – гандум, ҷуворимакка, ҷав, фанера, тилло, нуқра, нафт, бензин.

«Чикаго меркентайл иксчейнҷ» – чорвои зинда, гӯшт, картошка, тилло. Биржаи пахтаи «Ню-Йорк» – пахта, консентрати соки апелсин, нафт, газ,

пропан.

Дар Англия: – Биржаи «ФОКС» – какао, қаҳва, қанд, мазут, нафт, пӯст чарм.

«Балтик фючерс искчейнҷ» – гандум, ҷав, равған, қарордодҳои кирои киштӣ.

Дар Япония: – биржаи моли Токио – тилло, нуқра, платина, калобаи пахтагӣ, калобаи шоҳӣ.

б) биржаҳои махсусгардонидашуда, ки оид ба гурӯҳҳои молҳо махсусгардонида шудаанд.

ШМА: – биржаи молии Ню-Йорк – мис, нуқра, тилло, алюминий, қанд, қаҳва, пашм, картошка, пахта.

Биржаи қаҳва, қанд ва какаои Ню-Йорк. Биржаи ғалла (дар Миннеаполис).

Англия: – Биржаи металлҳои Лондон – мисс, қалъагӣ, сурб, руҳ, алюминий, нуқра, никел.

в) биржаҳои махсусгардонидашудаи маҳдуд:

ШМА: – «Казнас Сити борд оф трейд» – гандум, биржаи Виннипег – намудҳои ҷав.

Англия: – биржаи пашм ва биржаи байналхалқии нафт дар Лондон.

Япония: – дар шаҳри Коба – ғалладона, дар шаҳри Иокогама – қанд, каучук, шоҳӣ.

Аз рӯи арсаи фаъолият, вазифаҳои иҷрокардашаванда ва нақш дар тиҷорати ҷаҳонӣ биржаҳо ба байналхалқӣ ва миллӣ ҷудо мешаванд.

Биржаҳои байналхалқӣ ба бозорҳои ҷудогонаи молии ҷаҳонӣ хизмат мерасонанд. Хусусиятҳои онҳо чун биржаҳои байналхалқӣ аз он иборат аст, ки онҳо иҷрои амалиёти зеринро таъмин мекунанд:

  • интиқоли озоди фоидаи дар натиҷаи амалиёти биржавӣ гирифташуда ба хориҷа;
  • гузаронидани амалиёти арбитражӣ, яъне муомилоти ҳаннотӣ ба мақсади гирифтани фоида дар фарқияти нархҳои биржавӣ дар биржаҳои мамлакатҳои гуногун;
  • хислати байналхалқии биржаҳо инчунин бо режимҳои мувофиқи асъорӣ, тиҷоратӣ ва андози мамлакатҳое, ки онҳо ҷойгир мебошанд, таъмин карда мешаванд.

Бо назардошти ин ба сифати биржаҳои байналхалқӣ:

  • дар ШМА – ҳамаи биржаҳо дар Чикаго ва Ню-Йорк;
  • дар Англия – биржаи фючерсии Лондон ва биржаи металлҳои Лондон;
  • дар Япония – ҳамаи биржаҳое, ки дар онҳо муомилот бо молҳои дар бозори ҷаҳонӣ гардишкунанда, гузаронида мешавад.

Ба қатори биржаҳои байналхалқӣ инчунин биржаҳои ба бозорҳои минтақавӣ хизматкунанда шомил мешавад. Ба қатори онҳо, Биржаи Лондон

«Балтик фючерс иксченҷ», Виннипегез, Париж, Сидне, Сингапур, Гонконг ва дигарҳо дохил карданмумкин аст.

Дар биржаҳои байналхалқӣ одатан ду намуди асосии қарордод баста мешавад:

1.қарордод оид ба моли воқеӣ;

2. қарордоди фючерсӣ.

Қарордод оид ба моли воқеӣ одатан бо интиқоли мол аз фурӯшанда ба хиридор, яъне супоридану қабул кардани моли воқеӣ дар яке аз анборҳои биржа анҷом меёбад. Ин чунин маъно дорад, ки фурушандае, ки молро дар биржа фурӯхта ҳатман ин молро дошта боша два дар воқеъ дар мӯҳлати дар қарордод аҳдкардашуда гузорад.

Қарордод оид ба моли воқеӣ вобаста ба муҳлати ҳамлу нақл ба:

  • қарордод оид ба ҳамлу нақли бетаъхир;
  • ва қарордод оид ба ҳамлу нақл дар оянда;

Қарори ҳамлу нақли бетаъхирро одатан қарордод ба моли нақд («кеш» ё

«спот») меноманд. Ин чунин маъно дорад, ки он ҳатман дар яке аз анборҳои биржа гузошта шуда боша два ба харидор баъд аз бастани қарордод бетаъхир дода шавад (дар зери мавҳуми «бетаъхир» ҳамлу нақл дар мӯҳлати аз як то 15 рӯз фаҳмида мешавад).

Қарордоди молҳо бо ҳамлу нақл дар оянда одатан қарордодҳои мӯҳлатнок, ё форвард номида мешаванд. Онҳо аз ҷониби фурӯшанда интиқоли моли нақдро ба нархи дар қарордод сабткардашуда ҳангоми бастани он ва дар мӯҳлати дар қарордод аҳдкардашуда пешбинӣ мекунанд. Давомнокии ин мӯҳлат аз ҷониби биржа муайян карда мешавад. Масалан, дар биржаи металлҳои Лондон мӯҳлати ҳамлу нақли баъдина барои ҳамаи металлҳо се моҳ (ба ғайр аз нуқра – барои он ҳафт моҳ) муқарар карда шудааст.

Қарордоди фючерсӣ бар хилофи қарордод оид ба моли воқеӣ ӯҳдадориҳои ҷонибҳоро оид ба интиқол ё қабули моли воқеӣ (дар мӯҳлати дар қарордод аҳдкардашуда) пешбинӣ намекунад ва хариду фурӯши ҳуқуқҳоро ба мол (муомилоти қалбакӣ) дар назар дорад.

Қарордоди фючерсиро бекор кардан кори душвор аст. Агар ҳамин хел қарордод ба имзо расида бошад, он гоҳ вай метавонад дар ду ҳолат бекор карда шавад:

  • ё бо бастани қарордоди муқобил бо миқдори баробари молҳо;
  • ё бо ҳамлу нақли моли аҳдкардашуда дар мӯҳлати дар қарордод пешбинишуда.

Натиҷаи қарордоди фючерсӣ на гирифтани моли нақд, балки пардохтан ё гирифтани фарқияти байни нархи қарордод дар рӯзи бастани он ва нархи қарордод дар рӯзи бастани он ва нарх дар рӯзи иҷро кардани он мебошад.

Умуман, биржаҳои молии байналхалқӣ вазифаҳои асосӣ ва ёридиҳандаро иҷро мекунанд.

Ба вазифаҳои асосӣ дохил мешаванд:

  • хариду фурӯши моли воқеӣ;
  • муайянкунии нарх;
  • суғуртаи қарордод (хедҷкунонӣ).

Муайянкунии нарх аҳамияти хеле калон дорад. Ин сабткунӣ ва чопи нархҳои дар биржа бавуҷудомада мебошад. Муайянкунии нарх аз тарафи идораи махсус – комиссияи нархмуайянкунанда, ки аз тарафи кумитаи биржавӣ дар зери раисии яке аз аъзоёни он ташкил меёбад, гузаронида мешавад.

Муайянкунии нархҳои биржавӣ шаклҳои гуногун дошта метавонад: Аз рӯи хислати нарх он ба:

а) нархи қарордодҳои басташуда; б) нархи фурӯшандагон; в) нархи харидорон ҷудо мешаванд.

Аз рӯи вақти гузаронидани муомилот:

а) нархҳо дар вақти кушодашавии биржа; б) нархҳо дар байни маҷлиси биржавӣ; в) нархҳо дар вақти ба охир расидани рӯзи кори биржа.

Дар баробари ин биржаҳои байналхалқӣ вазифаҳои ёридиҳандаро низ иҷро мекунанд:

  • амалиёти ҳаннотӣ (спекулятивӣ);
  • стандарти молҳои биржавиро муайян мекунад, қарордодҳои намунавиро таҳия намояд;
  • анъанаҳои тиҷоратиро ба қайд мегирад. Ин вазифаҳоро иҷро карда истода, биржаҳо оид ба кадом навъи молҳо мумкин будани қарордодҳои фючерсӣ ва кадом навъи молҳо аз рӯи ин қарордодҳо супорида мешаванд, муайян мекунад. Баъзе биржаҳо тамғаҳои хусусии стандарти молҳоро ҷорӣ мекунанд. Баъзеи дигарашшон, қарордодҳои намунавие таҳия менамоянд, ки ҳам дар тиҷорати биржавӣ ва ҳам ғайрибиржавӣ мавриди истифода қарор мегирад.
  • вазифаи арбитражиро иҷро мекунад. Дар биржаҳои байналхалқӣ судҳои доимамалкунандаи сеюм (комиссияҳои арбитражӣ) ташкил карда шудаанд, ки қарорҳои онҳо ҳатмӣ буда, эътибори судӣ мегирад;
  • ба воситаи кассаҳо ё ин ки палатаи ҳисобӣ дар байни аъзоёни биржа ҳисобу китоб мегузаронад. Дар ин ҳолат онҳо қарордодҳои фючерсӣ ва ҳисобу китоби ғайринақдиро ба қайд мегиранд;
  • ба фаъолияти иттилоотӣ машғул мешаванд.

Бо дарназардошти таҷрибаи пешбурди бизнеси байналхалқӣ тамоюлҳои муайяни муосири тиҷорати байналхалқии биржавиро ҷудо кардан мумкин аст, ки аз инҳо иборат мебошанд:

  1. Барои инкишофи тиҷорати байналхалқии биржавӣ афзоиши умуман ҳаҷми гардиши биржавӣ хос аст.
  2. Ба ҷараёни инкишоф ва сохтори тиҷорати байналхалқии биржавӣ омилҳои зерин таъсири муайян мерасонанд:
  • таносуби тақозо ва арза дар бозорҳои ҷудогонаи ҷаҳонии молҳо;
  • тағйирот дар монополиякунонии бозорҳо ва шаклҳои пешбурди тиҷорати молҳои воқеӣ;
  • зиёд шудани истифодаи молҳо – ивазкунандаҳо ва пайдо шудани молҳои нави биржавӣ;
  • зиёд шудани таҷрибаи созишномаҳои молии байниҳукуматӣ (қанд, қаҳва, равған);
  • истифодаи техника ва технологияи компютерӣ дар ҳамаи марҳалаҳои тиҷорати биржавӣ;
  • танзими бозорҳои молҳои истеҳсолӣ аз ҷониби Иттифоқи Европа;
  • баланд шудани нуфузи биржаҳои байналхалқии универсалӣ.

Рӯйхати адабиёт:

1.Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе 2012 с.

  1. Акобиров Ҳ.Н., Одинаев Д.Н. Молия. Китоби дарсӣ. ш. Душанбе 2011 с. 3.Алексеев М.Ю. Рынок ценных бумаг. М.Финансы и статистика 2002 г.

4.Алтман Е. Финансовый анализ деятельности фирмы –М. крокус интернешил 2003. 5.Балабанов И.Т. Основы финансового менеҷмента-М. Финансы и статистика 2007.

6.Гулмирзоев Д. Назарияи андоз ва андозбандӣ – Душанбе 2000 с.

5 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.