Бозори сармояи қарзӣ ҳамчун ҷузъи таркибии бозори молиявӣ

1.Моҳияти бозори сармояи қарзӣ

2.Сармояи қарзӣ ва фоизи қарзӣ

3.Моҳияти бозори сармояи қарзӣ

Системаи пулию қарзии давлат қисми таркибии иқтисоди бозорӣ мебошад. Гузаштан ба муносибатҳои бозорӣ азнавсозиҳои соҳаи пулию қарзиро тақозо мекунад.

Сармояи қарзӣ ва қарз (кредит) – яке аз қисмҳои таркибии муносибатҳои молиявӣ мебошад, ки вазифаронии хоҷагии бозориро таъмин менамояд. Афзоиши масоҳати андӯхти сармояи пулӣ ба рушди бозори сармояи қарзӣ мусоидат намуд.

Бозори сармояи қарзӣ ҳамчун категорияи иқтисодӣ муносибатҳои иқтисодию иҷтимоиеро ифода мекунад, ки бо қонуниятҳои хоҷагидории бозорӣ муайян шуда, алоқаҳо ва муносибатҳо ҳам дар дохили бозор ва ҳам бо алоқамандии дигар категорияҳои молиявӣ сурат мегирад.

Сармояи пулӣ дар намуди сармояи қарзӣ бо воситаи бозор ба раванди такрористеҳсол иштирок намуда, дар ниҳоят ба қарздиҳанда (бонк ва дигар ниҳодҳои қарзию молиявӣ) бармегардад. Бозори сармояи қарзӣ аз сармояи истифодашаванда вобастагӣ надорад, яъне фарқ надорад, ки бонкир сармояи қарзӣ ё худиашро истифода мекунад.

Нақши иқтисодии бозори сармояи қарзӣ дар имкониятҳои муттаҳидсозии воситаҳои пулии хурду ҷудогона ба манфиатҳои сармоягузорӣ ифода мегардад.

Бо воситаи бозор сармояи қарзӣ ба сектори хусусӣ, давлат ва аҳолӣ равона карда мешавад.

Воситаҳои пулии зиёдатии аҳолӣ ба таври самаранок истифода мешавад.

Сармояи ғайрирасмӣ низ дар як ҷой ҷамъоварӣ карда мешавад.

Хусусияти муҳими бозори сармояи қарзӣ мустаҳкамшавии таъсири он ба раванди хоҷагии ҷаҳонӣ бо воситаи таъмини муҳоҷирати сармоя мебошад.

Қисми зиёди сармояи пулӣ аз ҳисоби амонатҳои пулӣ ташкил мешавад ва ҳаҷми он дар бавуҷудории меъёри ҳақиқии андӯхти умумимиллӣ, саҳми саромягузорӣ дар МММ ва даромади миллӣ нақши калонро иҷро мекунад. Ҳамин тавр, бозори сармояи қарзӣ вазифаи макроиқтисодиро иҷро мекунад.

.Сармояи қарзӣ ва фоизи қарзӣ

Барои муайяннамоии бозори ҳоизиразамони сармоя мафҳуми сармояи қарзиро донистан зарур аст. Сармояи қарзӣ – ин воситаҳои пулие мебошад, ки бо фоизи муайян бо шарти бозгардонидан ба қарз дода мешавад.

Манбаи асосии сармояи қарзӣ сармояи пулие (воситаи пулӣ) мебошад, ки аз раванди такрористеҳсол зиёдатӣ дорад ва муваққатан озод мебошад.

Ба он инҳо дохил мешаванд:

    • Фонди истеҳлоки корхона;
    • Қисми сармояи гардон дар шакли пулӣ, ки дар раванди фурӯши маҳсулот ва гузаронидани хароҷотҳои моддӣ зиёдатӣ менамояд;
    • Воситаҳои пулие, ки дар натиҷаи фарқияти вақти гирифтани пул аз фурӯш ва пардохти музди меҳнат ба вуҷуд меояд;
    • Фоидае, ки барои навсозӣ ва васеънамоии истеҳсолот истифода мешавад;
    • Даромадҳо ва амонатҳои пулии аҳолӣ;
    • Андӯхтҳои пулӣ ва даромадҳои давлатӣ аз фаъолияти истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ, инчунин бақияпулии буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ.

Сармояи пулӣ ҳамеша дар шакли пул баромад мекунад. Вале ин маънои онро надорад, ки мафҳуми пул ва сармояи қарзӣ якмаъноянд. Сармояи пулӣ наметавонад ҳамавақт шакли қарзиро гирад. Он танҳо ҳангоми озод буданаш шакли қарзро мегирад.

Сармояи қарзӣ аз пул ҳам сифатан ва ҳам миқдоран фарқ мекунад. Фарқияти сифатӣ дар он мебошад, ки пул чӣ вазифаеро иҷро накунад худ ба худ арзиши изофагиро ба миён намеорад. Сармояи қарзӣ – ин арзише мебошад, ки дар шакли фоизи қарзӣ арзиши изофаро пайдо мекунад. Фарқияти сармояи қарзӣ аз пул дар таносуби миқдорӣ дар он аст, ки вазни сармояи ба қарз пешниҳодшаванда аз миқдори пули дар муомилотбуда зиёд мебошад.

Ин бо ду маъно фаҳмида мешавад:

Якум, як воҳиди пулӣ метавонад якчанд маротиба ҳамчун сармояи қарзӣ баромад намояд. Масалан, сармоядори А ба бонк бо маблағи 10000$ амонат мегузорад. Бонк ин маблағро ба сармоядори В ба қарз пешниҳод менамояд. Сармоядори В дар навбати худ ин маблағро барои молҳои харидааш ба сармоядори С пардохт кард. Сармоядори С ин маблағро боз ба бонк ба ҳисоби амонатӣ гузошт. Дар ин ҳолат фарқияти миқдории байни пули нақд ва ҳаҷми сармояи қарзӣ бо суръати муомилоти пул ва вазифаи воситаи муомилоту пардохт будани он муайян мегардад.

Дуюм, қисми зиёди сармояи қарзӣ ҳаракати худ ва андӯхтро бе истифодаи пулҳои нақдӣ дар асоси муомилоти қарздиҳӣ амалӣ менамояд.

Фоизи қарзӣ – нархи вақти истифодабарии сармояи қарзӣ мебошад. Фоиз дар иқтисодиёт нақши зеринро иҷро мекунад:

    • Бо воситаи меъёри фоиз таносуби талабот ва таклифоти қарз баробар карда мешавад;
    • Бо воситаи меъёри фоиз ва нормаи захираҳои ҳатмӣ Бонки миллӣ фаъолияти бонкҳои тиҷоратиро танзим менамояд;
    • Бо воситаи меъёри фоиз ҳаҷми пасандозҳо танзим карда мешавад;
    • Сиёсати фоизии бонки тиҷоратӣ барои идораи бозоргирии балансии он истифода мешавад.

Рӯйхати адабиёт:

1.Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон – Душанбе. 1998 с.

2.Алексеев М.Ю. Рынок ценных бумаг-М.Финансы и статистика 1992 г.

3.Алтман Е. Финансовый анализ деятельности фирмы –М. крокус интернешил. 1993

4.Балабанов И.Т. основы финансового менеҷмента-М. Финансы и статистика 1997

5.Гулмирзоев Д. Назарияи андоз ва андозбандӣ-Душанбеш2000 с

6.Акобиров Ҳ.Н., Одинаев Д.Н. Молия- Китоби дарсӣ. ш.Душанбе 2011 с.

1 Скачать
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.