Нақди адабии форсу тоҷик пеш аз ислом

Бо вуҷуди фарҳангу тамаддуни воло аз Эрони пеш аз ислом маводи дақиқе аз сухансанҷию нақди адаби дар даст нест.
Баъзе аз муаллифон араб аз қабили Ҷоҳиз нақл кардаанд, ки Эрониён дар давраҳои қабл аз ислом китобҳое дар боби балоғат доштаанд, ки ҳар кас бихоҳад рамузи балоғат биёмӯзад бояд ба катаби онҳо монанди «Корванд» руҷӯъ кунад. (саҳ. 182) Аммо аз ин китоб ҳоло нишоне намондааст. Ҷоҳиз менависад, ки «Дар байни эрониҳо ҳар маъни ва ҳар сухан, ки будааст аз тӯли фикр ва ҷаҳд ва саъй ва таълим ва тадрис ва мутолиъа ва мушоварат падид омадааст ва аз тариқи тааммул омӯхта мешудааст ва монанди аъроби ҷоҳили самараи завқ ва қариҳаи бадави набудааст..» (Ал баён)
Дар бораи сухансанҷиҳои шоҳони эрони ҳам аз он рӯзгор ривоятҳое боқи мондаанд.
Оид ба огоҳии эрониён аз адабиёту фарҳанги Юнони қадим низ ишораҳо мавҷуданд.

test

Добавить комментарий