Намояндагони нақди адабии араб

Ал-Ҷоҳиз (775-868)
Яке аз бузургтарин мутакаллим, шоир, нависанда, ноқиди аҳди Аббосиён Абӯусмон Амр ибн Баҳр мулаққаб ба ал-Ҷоҳиз (барҷастачашм) дар Басра таваллуд ёфтааст. Дар Басра ӯ илмҳои замонашро фаро гирифта, ба Бағдод меояд. Дар ин марказ ӯ дар назди бузургтарин донишмандон аз қабили Муаммар ибн ал-Мусанно, Абӯзайд ал-Ансори, Наззом Иброҳим ибн Сайёди Балхи донишашро такмил медиҳад. Ба қавле Ҷоҳиз забони форсиро ҳам медонистааст. Овозаи шӯҳраташ ба гӯши халифа Маъмун мерасад.
Ҷоҳиз адиби пурмаҳсули замони худ буд ва дар замони ӯ танҳо касе сазовори номи адиб буда метавонист, ки ба замми ҳунари нависандаги ва маърифати адаби бояд бо фиқҳу ҳандаса, иҷтимоиёту фалсафа, ҳайату ҳисоб ва улуми дигари замони огоҳии комил дошта бошад. Аз рӯи гуфтаи баъзе маъхазҳо ӯ беш аз 170 китоб таълиф карда будааст.
Муҳимтарин китоби ӯ дар боби нақд «Китоб ал-баён ва-табйин» мебошад. Бо ин китобаш ӯро аз бунёдгузорони балоғати араби ба ҳисоб овардаанд.
Аз махсусиятҳои Ҷоҳиз дар нақди шеър ин аст, ки ӯ бар хилофи уламои наҳву луғат шоирони давраи ҷоҳилиятро тарҷеҳ (бартар) надодааст ва дар инкор кардани шеъри пасиниён таассуб ба кор набурдааст. Аз шоирон ӯ Башшор ибни Бурдро (714-784) бештар сутудааст ва аз ҳамаи шоирони навпардоз бартар шумурдааст ва Абунувосро (762-813) ҳам ситоиши зиёд кардааст. Бо вуҷуди парокандаги нақди Ҷоҳиз ба қавли А.Зарринкӯб «нақдест аз рӯи фикр ва руят» (саҳ.149).
Аз вижагиҳои сухансанҷии дигари Ҷоҳиз таваҷҷӯҳи ӯ нисбат ба лафз аст. Ӯ мегуфт, ки бояд шоир дар сиҳати лафз ва вазн бештар кӯшиш ба харҷ диҳад, чун шеър навъе аз санъат аст ва ҷуз навъе рангомези ва санъатгари нест. Ба ақидаи Ҷоҳиз маъни ҳар қадар азим ва шигарф ҳам бошад, то онро дар лафзе ва иборате латиф наёваранд, таъсире дар нафс надорад. Ин қавли Ҷоҳизро минбаъд баъзе ноқидон аз қабил Ибни Рашиқ ва Абуҳилол Аскари пайрави кардаанд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.