Қудома ибн Ҷаъфар (888-984)

Дар Бағдод ба дунё омадааст. Китоби машҳури ӯ «Нақд ан-наср ва нақд аш-шеър» аст, ки дар нақди каломи манзуму мансур баҳс мекунад. Баъзе муҳаққиқон бар ин ақидаанд, ки ӯ шеъри арабиро бо усули юнони санҷидааст ва аз осори Арасту воқиф будааст. Баъзи ин қазияро инкор мекунанд. Ӯ шеърро каломи мавзуну муқаффо, ки далолат дорад бар маъони таъриф кард. Ӯ мегӯяд, ки шеър албатта неку бад дорад ва ҳар маъони мумкин аст дар шеър биёяд ва таъкид мекунад, ки шоир ҳатто мумкин аст шеъре бигӯяд, ки бо шеъри дигараш зид бошад. Чизеро нахуст ситоиш кунад ва баъд накӯҳиш намояд ва ин амрро набояд бар шоир амр гирифт. Ба ҳамин монанд назар дар афкори Арасту ҳам таъриф ҳаст.
Абулқосим Ал-Омиди (ваф.849)
Ӯ дар Басра ба дунё омадааст. Дар тарърихи адабиёти араб асосан бо китоби худ «Китоб ал-мувозана фи таъйин Абу Таммом ва-л-Буҳтури фи-ш-шеър» шӯҳрат дорад. Ин китоб аз нигоҳи мулоҳизоти интиқоди бисёр ҷолиб аст. Омиди ба мухолифи Абутамом (796-843) бархоста ва бо лаҳне, ки дар он таассубе ошкор аст кӯшиш мекунад, ки зебоиҳои ашъори ӯро нодида бигирад ва дар таҳсини Буҳтури (821-879) муболиға мекунад. Ҳатто ашъори пасту сусти ӯро ҳам кӯшиш мекунад, ки матбӯъу писандида ҷилва диҳад. Хаводорони Абӯтамом бар ин ақида будаанд, ки Буҳтури бисёри мазмунҳои шеъри худро аз Абутамом гирифтааст.

Баҳс дар боби Мутанабби (915-965)

Баҳс дар боби Абутамом ва Буҳтури тамом ношуда, низоъи тозае байни аҳли адаб барои Мутанабби даргирифт. Мутанабби шоири навовар ва дорои сабку услуби хосси суханвари буд. Бо сабаби кибру ғуруре, ки дошт мавриди рашку нафрат қарор гирифт ва аҳли адаб дар бораи ӯ ба ду даста ҷудо шуданд. Баъзе ӯро инкор мекарданду суханҳояшро масруқу мунтаҳил мегуфтанд ва гурӯҳи дигар дар таҳлилу таҳсини ӯ муболиға карданд ва ӯро аз ҳама шоирон бартар шумурданд. Абулалои Маари ӯро аз ҳама шоирони давр бузургтар медонист ва мегуфт, ки дар шеъри Мутанабби ҳеҷ лафзе нест, ки онро битавон ба лафзи дигаре табдил кард.
Соҳиб ибни Аббод-адиб ва вазири мӯҳташами Дайлами ба нақди ашъори Мутанабби пардохт ва маъракаи низоъу ҷидол гарм шуд.
Овардаанд, ки Соҳиб ибни Аббод Мутанаббии шоирро ба хидмати худ даъват кард, аммо шоири худхоҳ ин даъватро напазируфт ва боиси хашми Соҳиб гардид. Китоби Соҳиб «Ал кашф ан мусови шеър-ал Мутанабби» унвон дорад. Дар пайрави ба Соҳиб асҳобаш низ ба муқобили Мутанабби рисолаҳо таълиф карданд, чунончи, Абӯалии Ҳотами адиби луғавии Бағдоди тамоми осори Мутанаббиро баргирифта аз Арасту муаррифи кард. Абҳилол Аскари ҳам дар ин ҷода пайрави намуд ва дар «Китоб ас-саноатайн»-и худ ба назарияи Соҳиб мисолҳо оварда дар зикри нуқсонҳои шеър аз Мутанабби мисолҳои зиёде овард. Ва ноқиди дигаре ҳам бо номи Абӯсаъид Муҳаммади Убайди барои рози кардани хотири Соҳиб рисолае навишт бо номи «Ал абона ан сирқот ал Мутанабби лафзан ва маъни».
Дар муқобили ин навиштаҳо Қозии Ҷурҷони (902-1011) китобе навишт бо номи «ал-Висота байна-л-Мутанабби ва хусумиҳи» ва то андозае довариҳо кардааст.
Дар таърихи адабиётшиносии араби асримиёнаги мақоми Ибни Рашиқи Қайрувони (463) бо рисолаи пурарзишаш «Ал-умда фи саноъата шеъри ва нақда» ва Абдулқоҳири Ҷурҷони (471) бо осори гаронмояаш «Дулойил-ул эъҷоз» ва «Асрор-ул балоға» шӯҳрат доранд.
Дар асри сездаҳ бузургтарин ноқиде, ки дар илми адабиётшиносии араб мақоме дорад, Ибни Асир мебошад. Ӯ дар китоби «Китоб ул масал ас-сойир фи адаб-ал котиб ва ш-шоир» нуктасанҷиҳои ҷолибе кардааст. Масалан дар боби иҷоз ва итноб ӯ менависад: «Баъзе ба хато чунин пиндоштаанд, ки сухан бар ду гуна аст, яке он ки дар он иҷоз писандида аст ва он ашъору мукотибот аст ва дигар он аст, ки дар он итнобу татвил дархур аст, ҳамчун хутбаҳо ва фатҳномаҳо, ки бар омма фурӯ мехонанд. Аммо ин пиндор хатост ва худ фаҳми оммаро ҳеҷ наметавон малоки сухан шинохт ва агар фаҳму идроки аввом малок буди, боясти, ки ба ҷои алфози дуруст ба алфози мубтазал (обшӯста) ва бозори иктифо шуди. Қуръон, ки каломи Худост ҳам барои аввом омадааст ва ҳам барои хаввос, аммо дар ин ҳеҷ татвил ба кор нарафтааст , то гуфта шавад ҷиҳати омма бар он ваҷҳ сухан гуфта омадааст ва шояд ба ҷуз ғаройиби он, ки алфозе маъдуданд, боқи ҳар чи др Қуръон ҳаст барои аввом низ мисли хаввос мафҳум аст..» (172)
Дар боби сирқот ҳам мулоҳизаҳои ӯ ҷолибанд ва дар ин боб вай қавли касонеро, ки мегӯянд қудамо сухан ҳар чи бояд ҳама гуфтаанд ва барои навхостагон чизе намондааст, ки бигӯянд ва ибдоъ кунанд инкор мекунад ва меафзояд, ки боби ибдоъ ва ибтикор то дунё ҳаст боз аст ва ҳаргиз баста намешавад. Аммо сирқат фақат дар маонии ибдоъи воқеъ мешавад ва маонии муштарак ба касе ихтисос надорад ва наметавон гуфт он гуна маониро шоири мутаахир аз шоири мутақаддим гирифтааст. Ба ҳар ҳол дарёфт ва шинохти сирқот осон нест ва касе мехоҳад дар илми баён ба камол бирасад ва сирқоти шоиронро бишиносад бояд ба ҳифзи ашъор рағбат дошта бошад ва дар маонию мазоминин шоирон диққату таамул бикунад…»

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.