Нақди адаби дар аҳди Сомониён ва Ғазанавиён

Дар ин давраҳо адабиёт ташаккул ёфт ва нақди адаби ҳам маҳдуд ба сухансанҷиҳои шоирон дар мавриди ашъори худу дигар суханварон мебошад. Аз қадимтарин намунаҳои нақди адаби дар ин давра муқаддимаи «Шоҳнома»-и Абӯмансури аст, ки онро куҳантарин намунаи мавҷуди насри форси мешиносанд. Дар он баҳси ҷолибе дар бораи «Шоҳнома» ва ривояту қиссаҳои он меравад, аз ҷумла мегӯяд: «Чизҳо андар ин нома биёбанд, ки саҳмгин намояд ва ин некӯст, чун мағзи ӯ бидони ва туро дуруст гардад ва дилпазир ояд…Чун ҳамон санг куҷо Офаридун ба пой боздошт ва чун морон, ки аз дӯши Заҳҳок баромаданд. Ин ҳама дуруст ояд наздики доноён ва бихрадон ба маъни ва он ки душмани дониш бувад инро зишт гардонад ва андар ҷаҳон шигифти фаровон аст…»
Меъёри шинохти шеър дар ин давраҳо саҳли мумтанеъ аст. Чунончи, Фаррухи менависад:
Кирдори ту ба назди ҳама халқ мӯъҷиз аст,
Чун назди шоирон сухани саҳли маънави.
Шаҳиди Балхи:
Даъви куни, ки шоири даҳрам валек нест
Дар шеъри ту на лаззату на ҳикмату на чам.

Фирдавси:
Нигаҳ кардам ин назм суст омадам,
Басе байт нотандуруст омадам.
Ман инро навиштам, ки то шаҳриёр
Бидонад сухан гуфтани нобакор.
Сухан чун бад-ин гуна бояд-т гуфт,
Магӯву макун ранҷ бо табъ ҷуфт.
Чу банди равон биниву ранҷи тан,
Ба коне, ки гавҳар наёби макан.
Чу табъе надори чу оби равон,
Мабар даст зи номаи хусравон.
Даҳон гар бимонад зи хӯрдан тиҳи,
Аз он беҳ, ки носоз хоне ниҳи.

Муоризаи Унсури бо Ғазойирии Рози
қасидаи Ғазойири
Агар камол ба ҷоҳ андар асту ҷоҳ ба мол,
Маро бубин, ки бубини камолро ба камол.
Ман он касам, ки ба ман то ба ҳашр фахр кунад,
Ҳар он ки бар сари як байти ман нависад қол.
Ман он касам, ки фиғонам ба чархи Зуҳра расид,
Зи ҷуди он малаке, к-ам зи мол дод малол.
Чу шеъри шукр фиристам аз ин сипас бар шоҳ,
Нигар чи хоҳам гуфтан зи кибру ғанҷу далол.
Бас, эй малик, ки аз ин шоирону шеър маро
Маликфиреб бихонанду ҷодуимуҳтол.
Бас, эй малик, ки ҷаҳонро ба шубҳат афканди,
Ки зарри сурх аст ин ё шикаста сангу сафол.
Бас, эй малик, ки ҷаҳон сар ба сар ҳадиси ман аст,
Миёни ҳосиду ноҳосидам ҳамеша ҷидол.
Бас, эй малик, ки аз бас атот сер шудам,
На з-он ки неъмат бар ман ҳаром гашту вубол.
Ҳар он ки кутаҳ кард аз мадеҳи шоҳ забон,
Дароз кард бад-ӯ шери осмон чангол.
Ду бадра зар бигирифтам зи фатҳи Норойин,
Ба фатҳи Румия сад бадра гираму хартол

Қасидаи Унсури дар мадҳи Султон Маҳмуд ва интиқод аз қасидаи Ғазойири
Худойгони Хуросону офтоби камол
Ки вақф кард бар ӯ зулҷалолу иззу ҷалол.
Ямини давлату давлат бад-ӯ намуда ҳунар,
Амини миллату миллат бад-ӯ гирифта ҷамол.
Ҳаво, ки базми ту бинад бароядаш дандон,
Аҷал, ки теғи ту бинад бирезадаш чангол.
«Бас, эй малик» зи атои ту хира чун гӯянд,
Ки бас нишони малолат бувад зи кибру далол.
На бас бувад, ки ту бар халқ раҳмати з-эзад,
Ба ҷои раҳмати эзад хатост лафзи малол.
Ҳамин ки гуфт ҳама фахри шоирон ба ман аст,
Зи шеъргӯён пурсид боядаш аҳвол.
Фиғон кунанд зи ҷавдат, фиғон набояд кард,
Фиғон зи меҳнату аз ранҷ бояду аҳвол.
Туро насиҳат кардаст, к-аз кифояту ҷуд
Карона гиру ба тақдири сол бахш амвол.
Маликфиреб ниҳодаст хештанро ном,
К-аш аз атои ту, эй шоҳ хуб гашт аҳвол.
Ғалат кунад, ки кас андар ҷаҳон туро нафирефт,
Нарафту ҳам наравад дар ту ҳиллату муҳтол.
Нахуст гуфт, ки бас аз ато-т сер шудам,
Бикард боз тақозои бадраву хартол.
Аё Ғазойири, эй шоире, ки дар дили ту,
Ба ҷуз ту ҳар ки бувад ҷумла ноқисанду накол.
Нигоҳ дор ту дар хидмати мулук забон,
Ба ҷид бикӯшу мадеҳ ақлро ба ҳазлу ҳизол.
Ду навъро ту зи як ҷинс меқиёс куни
Муҷонисат набувад дар миёни зарру сафол.
Агар ба гуфтани мифзол фозилат буд қасд,
Нахуст, боре бишнос фозил аз мифзол.

Қасидаи сонии Ғазойири, ки дар ҷавоби Унсури гуфтааст
Паём дод ба ман банда дӯш боди шамол,
Зи ҳазрати малики молбахши душманмол.
Ки шеъри шукр ба ҳазрат расиду бипсандид,
Худойгони ҷаҳон хусрави хуҷастахисол.
..Нахуст таъна маро гуфт: бас, хато гуфти,
Ба ҷид бикӯшу мадеҳ ақлро ба ҳазлу ҳизол.
Ду шоиранд ба ҳангоми шеър гуфт яке:
Ғани шудам басу сери гирифтам аз амвол.
На бас, на бас дигаре гуфт гоҳи шеъру ато,
Тиҳи намонду мало шуд саҳифаи аъмол.
Чи гуна гӯям,гӯям ҳама саҳифа тиҳист,
Зи шеъри шукр чи гӯянд бас ҷуз ин ақвол.
В-агар ду сатр тиҳи монд нонавишта ҳанӯз,
Тамом беҳтар бошад ҳазина аз ҳама ҳол.
Агар фиғон кунам аз бори шукри ӯ на шигифт,
Фиғон зи лавҳу зи шоди бувад на аз аҳвол.
Магар ба шаҳри ту бошад ба шаҳри мо набвад,
Ҳавои бодандону қазои бочангол

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.