Масъалаҳои нақди адаби дар гузашта. Сирқат ва анвои он

Имрӯз фанни нақди адаби аз нигоҳи дарбаргирии масъалаҳо қаламрави густурдаро соҳиб аст. Ноқид аз як асар масъалаҳои гуногунро ҷустуҷӯ менамояд. Аммо дар нақди асримиёнагии мо суханшиносон бештар ба ҷанбаи лафзи аҳамият медоданд. Дар баробари ин чанд масъалаи дигар ҳам вуҷуд дошт, ки сари он ҳам суханварон ва ҳам суханшиносон муноқишаву баҳсҳо кардаанд. Масъалаҳои сирқат ва мувозана аз чунин мавзӯот ба шумор мерафтанд.
Сирқат (дузди, дар руси плагиат) аз масъалаҳоест, ки дер боз дар адабиёти тамоми олам вуҷуд дошт ва дорад. Шабоҳату монандии мундариҷавию лафзи байни осори адибон суханшиносонро ба таҳқиқи масъалаи сирқат водор кардааст. Ба қавли А.Зарринкӯб «Мутолиоти мунтақиддони имрӯз тақрибан ба ин натиҷа расидааст, ки ҳеҷ асаре мунҳасиран аз қалам ва фикри имзокунандаи он таровиш намекунад ва ибдоъу эҷоди мутлақ ва бесобиқа агар ба кулли ноёб набошад, қатъан камёб аст..» (саҳ. 98)
Дар адабиёти классикии мо Муиззиро ба дуздии девонҳои Унсуриву Фаррухи айбдор кардаанд, Анвариро ба дуздии девони Абулфараҷи Руни, Ҳасани Деҳлавиро ба дуздии девони Амир Хусрав, Камоли Хуҷандиро ба дуздии девони Ҳасан ва амсоли ин.
Баъзе тазкиранависон дар ин боб нақлҳое кардаанд. Дар тазкираи Ҳусайни оварда шудааст, ки Шайдо шоири дарбори Ҷаҳонгир дар мазмунбанди таҷрибаи калон дошт. Рӯзе суханшиносони дарбор қарор доданд, ки дар анҷумане аз ӯ шеъри тоза дархост намоянд. Ва Мулло Фирӯз, ки аз шеъри гузашта бисёр чизро дар хотир дошт, вазифадор шуд, ки Шайдоро дар сирқат айбдор кунад.
Вақте Шайдо ба базмгоҳ расид таърифу тавсифи зеҳни ӯ карда, илтимос намуданд, ки чанд шеъри тоза аз воридоти табъи салим ва зеҳни мустақими худ бихонад. Шайдо аввал ин байтро хонд:
Чист дони бодаи гулгун мусаффо ҷавҳаре,
Ҳуснро парвардигори, ишқро пайғамбари.
Мулло Фирӯз гуфт, ки ин шеъри Рӯдаки аст, ки гуфта:
Ишқро ту паямбари лекин,
Ҳуснро офаридгор туи.
Шайдо ба ин ҳарф иктифо накарда, ин шеърро хонд:
Зи баски карда ғамат банд дар ҷигар нохун,
Чу пушти моҳиям аз пой то ба сар нохун.
Мулло Фирӯз гуфт, ки ин мисраъ аз Ғиёсои Ҳалвои аст, ки гуфта:
Азбаски сина кандаму нохун ба ӯ нишаст,
Чун пушти моҳиест саропои синаам.
Шайдо дар ҳам шуд ва таъна бар шеърфаҳмии Мулло Фирӯз заду ин байтро хонд:
Гар ба саҳро мӯ фишони дашт пурсунбул шавад,
В-ар ба дарё рӯ бишӯи хормоҳи гул шавад.
Мулло Фирӯз гуфт, ки инро Котиби дусад сол пеш гуфта буд:

Гар ба дарё афтад аз акси ҷамоли ӯ фурӯғ,
Хормоҳиро вазад дар қаъри дарё бори гул.
Шайдо боз хонд:
Зоти ту бувад саҳифаи кавн, ки кард,
Аз рӯи адаб муҳри худо бар пуштат.
Мулло Фирӯз гуфт, эй ёрон нисоф бидиҳед, ҳар гоҳ Ҳотифи саду панҷоҳ сол пеш аз он ки ин гавҳари обдор дар хизонаи гуфтори Мавлави даромада дузди карда бошад, гуноҳи Мавлави чист:
Нубувватро туи он нома дар мушт,
Ки аз таъзимат омад муҳр дар пушт.
Ёрон беихтиёр ба қаҳқаҳа даромаданд ва Шайдо, ки бадхӯиву дуруштгӯи дошт сари дашном ва фаҳш омад ва боз хонд:
Зулфи ӯро риштаи ҷон гуфтаму гаштам хиҷил,
З-он ки ин маъни чу зулфаш пеши по афтодааст.
Мулло Фирӯз гуфт, ки Волои Азизи ин байт навиштааст:
Кас наёбад мисраи печидаи зулфи каҷат,
Лек ин мазмун туро дар пеши по афтодааст.
Шайдо баъди ин сукут ихтиёр намуд.
Шамси Қайси Рози сирқатро ба чор навъ тақсим карда, оид ба ҳар кадоми он мисолҳои фаровон овардааст. Ӯ менависад: «Ва бибояд донист, ки сирқоти шеъ чор навъ аст: интиҳол, салх, илмом ва нақл.
Интиҳол сухани дигаре бар хештан бастан аст ва он чунон бошад, ки шеъри дигареро бигирад ва шеъри хеш созад бе тағиреву тасарруфе дар лафзу маънии он бо тасарруфе андак…Чунончи Муиззи гуфтааст:
Гарчи ба ҷафо даст баровардасти,
Бардорам даст то фуруд ори даст.
Ва Рофеъи аз ӯ бурдаву гуфта:
З-ин пас ба худо, эй санами ишвапараст,
Бардорам даст то фурӯд ори даст.
Ва Булфараҷи Руни гуфтааст:
Гуфта бо зойирон сарири дараш
Марҳабо, марҳабо, дарой, дарой.
Ва Анвари аз ӯ бурдаву гуфта:
Гуфта бо ҷумлаи заввор сарир дари ту,
Марҳабо, бар магузар хоҷа, фурӯд ою даро.
Ва Булфараҷ гуфта:
Аз хоби гарон фитна сабук бар накунад сар,
То дидаи ҳазми ту бувад равшану бедор.
Ва Заҳир аз ӯ бурдаву гуфта:
Ҷовидон фитна сар аз хоби гарон бар н-орад,
То дар офоқ чу ҳазми ту бувад бедоре.
Аммо салх пӯст боз кардан аст ва дар шеър ин навъи сирқат чунон бошад, ки маъни ва лафз фаро гирад ва таркиби алфози он бигардонад, бар ваҷҳе дигар адо кунад, чунонки Рӯдаки гуфтааст:
Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Бӯшакур аз ӯ бурдаву гуфта:
Магар пеш биншонадат рӯзгор,
Ки беҳ з-ӯ наёби ту омӯзгор.
Ва Рӯдаки гуфтааст:
Ришу сиблат ҳаме хизоб куни,
Хештанро ҳаме азоб куни.
Абутоҳири Хусравони аз ӯ бурдаасту гуфта:
Аҷаб ояд маро зи мардуми пир,
Ки ҳаме ришро хизоб кунанд.
Бо хизоб аз аҷал ҳаме нараҳанд,
Хештанро ҳаме азоб кунанд.
Аммо илмом қасд кардан ва наздик шудан аст ба чизе дар сирқати шеър он аст, ки маъни фаро гирад ва ба иборате дигар ва ваҷҳе дигар ба кор орад, чунончи Шаҳоб Муайяди Насафи гуфта:
Ҳамеполид хун аз ҳалқаи танги зиреҳ берун,
Бар он гуна ки оби нор полони ба парвезан.
Заҳир аз ӯ бурда ва беҳ аз ӯ гуфта:
Туи, ки бар тани хасми ту диръи Довуди,
Зи захми теғи ту парвезане бувад хунбез.
Ва аммо нақл он аст, ки шоир маънии шоири дигаре бигирад ва аз бобе ба боби дигар барад ва дар он парда берун орад, чунонки Мухтори гуфтааст:
Куҷо шуд он зи қабои дарида духта чатр,
Кунун бубояд чатраш дариду духт қабо.
Разии Нишобури ба боби мадҳ бурдааст ва гуфта:
Ба азми хидмати даргоҳи ту ба ҳар тарафе,
Басо мулук, ки аз тоҷ мениҳанд камар.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.