Масъалаи мувозана

 

Аз сарчашмаҳо ва осори адабию таърихи бармеояд, ки дар таърихи нақди адабии олам, аз замони Юнони Қадим сар карда, масъалаи мувозана яке аз масоилест, ки суханшиносон ва аҳли завқро борҳо ба муноқишаву моҷароҳо барангехтааст.
Мувозана дар асли луғат чунин маъноҳоро дорост: «ҳамвазн кардан, санҷидани ду чиз, муқоиса кардан, овардани ду ҷумла, ду мисроъ ё ду байт, ки калимаҳои онҳо бо тартиб бо ҳам ҳамвазн (вазни арӯзи) бошанд…»(Фарҳанги форсии Муин, ҷилди 4.- Теҳрон, 1382, саҳ. 3018).
Ҳамчун истилоҳи нақди адаби ин вожа дар суханвари як адибро бар дигаре тарҷеҳ додан аст ва ҳамчун истилоҳи адабиётшиноси дар сухансанҷиҳои ҳам давраи ҷоҳилият ва ҳам баъд аз исломи араб дида мешавад, то ҷое ки Омади дар бораи муқоисаи имтиёзҳои Абутамом бо Буҳтури китобе зери унвони «Ал-мувозана..» таълиф кардааст. (Зарринкуб, саҳ. 199-120)

Ҳатто дар адабиётшиносии асри ХХ-и араб ҳам роҷеъ ба ин масъала китоби шоир ва ноқид Закии Муборак бо номи «Ал-мувозана байнашшуаро» вуҷуд дорад. (Таърихи адабиёти Араб, саҳ. 302)
Дар таърихи сухансанҷиҳои асримиёнагии адабиёти форсу тоҷик низ чунин довариҳо дар масъалаи мувозана дар тазкираву дигар сарчашмаҳои адаби вуҷуд дорад, ки намунаи олии он мулоҳизаҳои Маҷди Ҳамгар аст. Ҷамъе аз фозилон ба ӯ бо қитъае муроҷиат карда, навиштаанд:
Эй он замину қор, ки бар осмони фазл,
Моҳи хуҷастафазливу хуршед Анвари.
Ҷамъе зи ноқидони сухан гуфтаи Заҳир
Тарҷеҳ мениҳанд бар ашъори Анвари.
Ҷамъе дигар бар ин сухан инкор мекунанд,
Филҷумла дар маҳалли низоъанду довари.
Риҷҳони як тараф ту бар эшон намо, ки ҳаст,
Зери нигини табъи ту мулки суханвари.
Маҷди Ҳамгар ба ин қитъа ҷавоб навишта, сараввал ашъори ҳар ду суханварро тавсиф менамояд ва дар охир Анвриро дар суханвари бо фазилати мадҳгустариаш аз Заҳир боло мегузорад:
Ҷамъе зи аҳли хиттаи Кошон, ки бурдаанд,
З-арбоби фазлу дониш гӯи суханвари.
Дар Анвари мунозирашон рафту дар Заҳир,
То мар кирост пояи беҳтар зи шоири.
Инсоф чун наёфт гурӯҳ аз дигар гурӯҳ,
Мар бандаро гузид назаршон ба довари.
Дар кони табъ бигаштам карон-карон,
Дар қаъри баҳр ҳарчи намудам шиновари.
Шеъри яке баромада чун дурри шоҳвор,
Назми дигар баромада чун меҳри ховари.
Шеъри Заҳир агарчи баромад зи ҷинси сеҳр,
Бартар зи Анвари назанад лофи соҳири.
Бар авҷи муштари нарасад тири назми ӯ,
Хосса, ки дар саногариву мадҳгустари.
Тамъи рутаб агарчи лазиз асту хушмазоқ,
Кай беҳ бувад зи хмсияти қанди искири…( Э.Браун. аз Сашди то Ҷоми. Тарҷумаи Али Асғари Ҳикмат, 1348, саҳ. 137-139 ва Нақди ададби, сај. 120-121 ва Абдуллоев А. Заҳири Форёби (Замону ҳаёт ва эҷодиёти ӯ).- Душанбе: Дониш, 1974.- 226 с. Сах 166)
Чунин довариҳо дар адабиёти Аврупо ҳам бисёр воқеъ шудаанд. (Нақди адаби. Саҳ. 122-123)
Воқеан довари намудан дар масъалаи мувозана, ки аз ду ё се шоир кадом шоиртар аст, кори мушкил ва сангин аст, ки то кунун ноқидон наметавонанд ба таври илми онро ба субут расонанд. Дар ин бора А.Зарринкӯб менависад: «Ҳар кас ба ҳукми завқ ва салиқаву матлубе, ки дорад сухане мегӯяд ва рое мезанад, ки махсуси ӯст. Он ки ирфон ва фалсафа меписандад нависандаеро тарҷеҳ медиҳад, ки дар суханаш ин гуна мазомин ҳаст ва он ки лафзи азбу равон мехоҳад, шоиреро бармегузинад, ки каломи ӯ бад-ин авсоф бошад» (123)
Барои ҳамин ҳам перомуни ин боб ба таври қатъи изҳори назар кардан мунаққид танҳо бо маломату сарзаниши тарафи дигар дучор мешаваду тамом.
Чунин ба назар мерасад, ки дар садаҳои охир бинобар ривоҷи илми нақд ва пайдоиши равияҳою мактабҳои мухталифи сухансанҷи, бо меъёрҳои дақиқи илми санҷидани арзиши осори ин ва ё он суханвар масъалаи мувозанаи адаби ҳал шудааст. Аммо ин тавр нест. Дар асл ин масъала то кунун ройиҷ аст ва намунаи онро дар мисоли мувозанаи Хоқонии Шарвонию Анварии Абеварди метавонем мушоҳида кунем.
То имрӯз роҷеъ ба мухтассоти эҷодии иҳдн ду суханвари шаҳир пажӯҳишҳое фаровоне сурат гирифтаанд, ки танҳо зикри номи он метавонад сад саҳифа шавад. Аммо дар қиёс бо ҳам осори онҳо мавриди тадқиқи илми қарор нагирифтааст. Яъне аз роҳи имтиёзҷӯи ҳанӯз аз асрҳои миёна то кунун ба таври ишора, муҳаққиқон ҳамеша якеро бар дигаре тарҷеҳ додаанд ва дар ин маврид бештар Анвари бартар муаррифи шудааст.
Аз мулоҳизаҳои Давлатшоҳи Самарқанди чунин бармеояд, ки то замони ӯ ҳам лин довари байни фозилони суханшинос мавриди баҳс будааст: “Арбоби фазл Асирро мусаллам медоранд ва баъзеро муддао он аст, ки сухани ӯ бар сухани Хоқони ва Анвари фазл дорад ва баъзе он даъвиро мусаллам намедоранд. Инсоф он аст, ки ҳар як аз ин се фозилро шеваест, ки дигаронро нест. Асир суханро донишмандона мегӯяд ва Анвари салиқаи суханро хубтар риоят мекунад ва Хоқони аз тумтароқи лафз бар ҳама тарҷеҳ дорад. Ҳар хушписареро ҳаракоте дигар аст”.
Аз ин арҷгузории Давлатшоҳ ҳоло ба таври дақиқ перомуни фазилатҳои суханварии ин се суханвар чизеро тасаввур карда намешавад. Масалан, ин ки ҳар се ин шоир донишманд ва аз улуми замон хуб огоҳи доштанд, ҷои шубҳа нест ва “Асир суханро донишмандона мегӯяд” меъёри таъини фазилати ӯ буда наметавонад, ё ин ки “салиқаи суханро хубтар риоя кардан”-и Анвари як васфи умуми ва обшӯстаест. Вале ҷои дигар вақте оид ба Фирдавси сухан меронад, кӯшиш кардааст, ки бо овардани вижагиҳои ҳунари якеро аз ин се суханвар бар дигаре тарҷеҳ диҳад ва менависад:
“Ва азизи дигаррост:
Дар шеър се кас паямбаронанд,
Ҳар чанд ки лонабия баъди.
Авсофу қасидаву ғазалро,
Фирдавсиву Анвариву Саъди.
Инсоф ин аст, ки мисли қасоиди Анвари қасоиди Хоқонро метавон гуфт, бо андаке каму зиёд ва мисли ғазалиёти Шайхи бузургвор ғазалиёти Хоҷа Хусрав хоҳад буд, балки зеботар, аммо мисли авсоф ва сухангузории Фирдавси кадом фозил шеър гӯяд ва киро бошад ва метавонад буд, ки шахсе ин суханро мусаллам надорад ва гӯяд Шайх Низоми бузург буда ва сухани ӯ баланду матин ва пурмаони аст, аммо аз роҳи инсоф тааммул дар ҳарду шева некӯ бикун…» (121)
Ин қитъа аслан ба Ҷоми нисбат дода шудааст ва дар “Баҳористон” зикр шудааст ва аз рӯи баъзе ривоятҳои дигар ин шеър бо каме тағирот аз Абдуллоҳи Ҳотифи – аз шоирони қарни нуҳум, хоҳарзодаи Ҷоми аст:
Дар шеър се тан паямбаронанд,
Қавлест, ки ҷумлаги бар онанд.
Ҳарчанд ки лонабия баъди,
Фирдавсию Анварию Саъди (281)
Бисёри муҳаққиқон, хосса мусташриқон мисли Э.Браун, А.Арбери ва дигарон намунаи дуюми ин довариро ба инобат гирифта, иддаои он доранд, ки ҷое ки Саноиву Аттор, Низомию Мавлави бошад, Анвариро паямбар гуфтан беадолати аст. Аммо варинати аввали шеър дурусттар аст ва он ҷо дар мавриди қасида Анвари паёмбар эълон шудааст, ки ҳоло сухан дар бораи ирфону шоирони ориф намеравад. Ҳатто муҳаққиқи маъруфи эрони Шафеии Кадкани ҳамин чизро ба инобат нагирифтааст, ки дар нақди ҷолибе, ки перомуни мақоми Анвари кардааст, менависад: «Имрӯза ин фатво ҳукмест дур аз инсоф ва дур аз доварии дӯстдорони адаби форси, вале дар асри судури ин ҳукм иҷтимоъ ё ройи наздики ба иҷтимои аҳли адаб ҳамин будааст, ки Анвари дар канори Саъди ва Фирдавси яке аз се паёмбари шеъри форси аст….Ёдовари ин нукта шояд зарурат дошта бошад, ки ин фатво фатвои адабиёти расми ва дарбори аст. Яъне дар ин ҳукм тӯдаҳои хонандаи шеъру асҳоби хонақоҳ мудохилае надоштаанд. Вагана муҳол буд, ки Аттор ва Саноиро бо Ҷалолиддини Мавлавиро, ки муосири Саъди аст фаромӯш кунанд. Ҳақ ин аст, ки содиркунандагони ин фатво адибони расмии дарбори будаанд…

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.