Нақди равоншиноси

Дар ин равияи нақд ҷаҳони ботинии адиб ва ҷанбаи психологии асар мавриди пажӯҳиш қарор мегирад. А.Зарринкӯб менависад, ки «Ин даста аз наққодон мекӯшанд ҷараёни ботини ва аҳволи дарунии шоир ё нависандаро идрок ва баён намоянд, қудрати таълиф ва истеъдод, таркиби завқ ва қариҳаи ӯро бисанҷанданд, нерӯи авотиф ва тахаюлоти ӯро таъин доранд, навъи фикр ва завқи шоирро муайян намоянд..».

Дар ин равия нахуст масъалаи моддаи шеър ва адаб мавриди мутолиа қарор мегирад. Шеъру адаб иборат аз эҷоди дунёи тозаест, ки рӯҳу қалби инсон дар он шукуфта мешавад. Шеъру адаб монанди соири ҳунарҳо намуде нафсони аст.

«Аммо моҳияти шеър чист?- менависад А.Зарринкӯб, моддаи он аз лиҳози равоншиноси кадом аст ва чи гуна сурат ва ҳайбати зоҳири бар он изофа мешавад? Инҳо аз масоилеанд, ки дар нақди равоншиноси мавриди баҳс қарор мегиранд. Дарвоқеъ, шеър дорои модда ва сурате мебошад. Моддаи шеър ҳамон маъни ва мазмунест, ки асоси шеър маҳсуб аст ва сурати он вазну оҳанге, ки шеърро аз суратҳои дигари сухан ҷудо мекунад.»

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.