Раванди омӯзиши низои байни тоҷикон ва ташаккули низоъшиносӣ дар Тоҷикистон

Раванди дарк ва омӯзиши низои байни тоҷикон

Ҳуҷҷату санадҳоие, ки дар раванди музокирот ба табъ расидан

Мавқеи созмонҳои байналмилалӣ дар раванди музокирот

                                                                                                     

Низоъшиносӣ дар Тоҷикистон ҳамчун илм ва фанни таълимӣ ҳамзамон бо сар задании низои маъмули байни тоҷикон ва дарёфти роҳҳои ҳалли муваффақонаи он зуҳур ва рушд намуд. Усулан, ташаккули низоъшиносӣ  дар ҷумҳури раванди мураккаби дарки моҳияти низоъ буда ҳамвора дар ростои тавсифи низоъ, ташхиси решаву омилҳои он, таҳлилу баёни марҳилаҳои гуногуни раванди сулҳофарӣ, барқарор кардани ваҳдати кишвар ва ҷомеа, муайян намудани имконот ва ва воситаҳои мухталифи таҳкими минбаъдаи сулҳ ва амсоли инҳо ҷараён дошт.

Раванди дарк ва омӯзиши низои байни тоҷикон ҷараёни ташаккули мактаби хоси низоъшиносии тоҷик низ буд. Ин низоъ аз марҳилаҳои мухталиф гузашта, билохира ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфт ва барои пайдоишу рушди илми низоъшиносӣ дар Тоҷикистон такони ҷиддие гардид. Худи вазъияти  бӯҳронии кишвар дар арафаи расидан ба истиқлоли воқеӣ ва  баъд аз он андешамандону муҳақиқонро водор менамуд, ки масъалаҳои марбут ба низои  байни тоҷикон ва талошҳо баҳри дарёфти роҳҳои ҳалли муносиби онро мавриди омӯзишу баррасиҳои илмӣ қарор диҳанд.

Маводе, ки роҷеъ ба низои байни тоҷикон ба табъ расидааст:

  1. Ҳуҷҷату санадҳои расмии ҷонибҳои низои байни тоҷикон. Ба ин гурӯҳ ҳуҷҷату санадҳои сохторҳои расмии давлатдории Тоҷикистон, аз қабили фармону қарорҳои сарвари давлат, қарорҳои парлумон ва ҳукумат, қонунҳое, ки аз тарафи парлумон ба тавсиб расида, бевосита ё бавосита ба масъалаҳои низои тоҷикон ва ҳалли он марбутанд, дохил мешаванд. аз ҷумла: Қарор дар бораи авфи иштироккунандагони муқовимати сиёсӣ ва низом Тоҷикистон аз 1-уми августи соли 1997, Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» аз 13-уми ноябри соли 1998 ва ғ.
  2. Ҳуҷҷату санадҳои ҳайати Музокироти байни тоҷикон. Ба ин  гурӯҳ ҳуҷҷату санадҳое шомил мегарданд, ки дар рафти гуфтушунидҳои тоҷикон барои расидан ба сулҳ таҳия шудаанд, аз ҷумла: Роҳи сулҳ (Ҳуҷҷатҳои гуфтушуниди байни тоҷикон) Д.1997; Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва ғ.
  3. Ҳуҷҷату санадҳои Комиссияи муштарак оид ба риоя намудани созишномаи Теҳрон оид ба оташбас. Дар тӯли се соли фаъолияти худ ин комиссия дар кори ба ҳам наздик кардани тарафҳои даргири тоҷик ва ба роҳ мондани ҳамкории байни онҳо саҳми хеле калон гузошт. Аҳамияти махсуси  фаъолияти Комиссияи муштарак дар он буд, ки пайдоиш ва таҳкими эътимоди ҳар ду ҷониби низои тоҷиконро боис гардид. Ҳамзамон фаъолияти комиссия ба хубӣ исбот кард, ки ҳамкорӣ дар атрофии қазияи тоҷикон амри ғайриимкон намебошад, балки ба куллӣ имконпазир аст.
  4. Ҳуҷҷату санадҳои Комиссияи оштии миллӣ. Ин комиссия дастгоҳи асосие буд дар раванди татбиқи Созишномаи умумии сулҳ. Фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ мустақиман ба фаъолияти мақоми раёсати Тоҷикистон, порлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ва сохторҳое, ки аз ҷомеаи байналмилалӣ намояндагӣ мекарданд – сафоратҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, намояндагиҳои сиёсии СММ, САҲА ва ғайра марбут буд. Пешниҳодоти КОМ дар ҷодаҳои сиёсӣ,ҳуқуқӣ, низомӣ, суратҷаласаҳои нишастҳои он, суратҷаласаҳои вохӯрии ҳайати роҳбарикунандаи КОМ бо Президенти ҷумҳурӣ, парлумони кишвар, намояндагони ҷомеаи байналмилалӣ барои таҳлилу таҳқиқӣ раванди сулҳофарӣ дар Тоҷикистон манбаъ ва сарчашмаи муҳим мебошад. Вазифа ва салоҳияти ин комиссия ба тариқи муфассал дар китобчаи «Комиссияи оштии миллӣ: вазифа ва салоҳияти он» дарҷ гардидаанд.
  5. Ҳуҷҷату санадҳои созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ.

  Дар ин бахш, қабл аз ҳама,  аз ҳуҷҷату санад ва  гузоришҳои СММ бояд ёдовар шуд. Ин созмон амалан аз моҳи сентябр соли 1992 ба қазияи тоҷикон ворид гардид.  Моҳи январи соли 1993 дар Душанбе намояндагони СММ ба кор шурӯъ кард. Дар ибтидо он «Ҳайати нозирони СММ» номида мешуд. Аз моҳи июни соли 2000 то имрӯз ин ҳайати сиёсӣ бо номи  «Дафтари сиёсӣ оид ба мусоидат ба бунёди сулҳ дар Тоҷикистон» фаъолият дорад.

Намояндагони  СММ  дар ҷумҳурӣ ба хотири самаранок иҷро кардани вазифаи  сулҳофарӣ ва посдории сулҳ ҳамеша ба таҳқиқу баррасии  низои тоҷикон ва  омилҳое, ки  ба раванди сулҳофарӣ ва посдории сулҳ таъсири мусбат ва манфӣ расонида метавонистанд, машғул буд. Ҳар сари чанд вақт натиҷаи таҳлилу баррасиҳои он дар  шакли  гузоришҳои Дабири кули СММ ба Шӯрои Амнияти СММ пешкаш мешуд. Ин гузоришҳо замине мегаштанд барои ҷалб намудани  таваҷҷӯҳи оламиён ба низои  тоҷикон ва  ҳамоҳанг  сохтани кӯшишҳои ҷомеаи  байналмилалӣ барои ҳалли он.  Дар асоси гузоришҳоо Дабири  кули СММ Шӯрои  Амнияти СММ қарору қатъномаҳоеро қабул мекард, ки  барои  пеш бурдани фаъолияти сулҳофарӣ ва посдории сулҳ аҳамияти хоса доштанд.

Дар ин  росто ҳамчунин гузориши муассисаҳои байналмиллалии молиявӣ, аз қабили  Хазинаи байналмиллалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ,  Хазинаи Оғохон, Бонки Осиёи рушд,  Бонки  аврупоии таҷдид ва тараққиёт,  Бонки исломии рушдро низ ёдовар шуд.  Ин муассисаҳо  дар гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон фаъолона саҳмгузорӣ  мекарданд ва мекунанд.

Таҳаввулии равандҳои сиёсии марбут ба бедории сиёсии мардуми тоҷик дар солҳои вопасини давлатдории шӯравӣ, аниқтараш, дар охири солҳои 80-уми асри гузашта ва ибтидои саддаи ҷадид дар рафти омодагиҳо ба интихоботи навбатии парлумонӣ ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон ба амал омад.

Ҳайати нави парлумони вақти ҷумҳурӣ бояд  моҳи феврали соли 1990 интихоб мегардид. Омодагӣ ба интихобот дар шароите ҷараён дошт, ки дар натиҷаи беэътибор донистани моддаи  6-уми Конститусияи давлати шуравӣ ҳизби ҳокими коммунистӣ мақоми яккатозии худро аз даст дода, давлатдории  шӯравӣ низ гирифтори бӯҳрони  шадид гашта буд. Вазъияти нави сиёсӣ гузаронидани интихоботро дар асоси рақобати сиёсӣ имконпазир гардонид. Ин рақобат дар рафти ҳодисаҳои феврали соли 1990, ки дар таърихи Тоҷикистон бо номи «ҳодисаҳои хунини баҳманмо» ёд мешвад, ба авҷи худ расида, низои байни тоҷиконро падидаи возеҳи сиёсӣ гардонид.

Моҳияти аслии ҳодисаҳои баҳманмоҳи соли 1990-ро бархӯрди гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ-минтақавӣ барои ҳокимияти олии кишвар ташкил мекард. Намояндагони гурӯҳи минтақавии сиёсие, ки то ба ин лаҳза аз номи  Масква кишварро идора мекарданд, табиист, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ҳокимиятро аз даст додан намехостанд.

Аз оғози ҳодисаҳои баҳманмоҳи соли 1990  то анҷоми иҷлосияи XVI– ум, даъвати охирини Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар аввалҳои моҳи декабри соли 1992 дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуда буд, бархӯрди ошкорои  нухбаҳои сиёсию минтақавии Тоҷиистон барои дар тасарруфи худ нигоҳ доштан ва ё ба тасарруфи худ даровардани ҳокимият моҳият ва мӯҳтавои муборизаи сиёсиро дар кишвар ташкил мекард. Ин мубориза аз чанд марҳила гузашта, моҳи маи соли 1992 ба ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал гашт.

Дар иҷлосияи XVI- уми порлумони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳокимият дар кишвар ба дасти роҳбарияти кунунӣ гузашт. Бо ин мубориза байни нухбаҳои сиёси минтақаҳои гуногуни кишвар ба сурати умум анҷом ёфт. Идомаи ҷанги шаҳрвандӣ акнун на ба хотири расидан ба қудрати сиёсӣ, балки баҳри таъмин намудани шароити беҳтару муносибтар барои бозгашти мухолифон ба кишвар ва дарёфти мақоми муносиб барои худ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дар сохторҳои давлатдорӣ буд. Ин марҳилаи муборизаи сиёсӣ дар Тоҷикистон бо имзои созишномаи умумии истиқрори сулҳ рӯзи 27-уми июни соли 1997 ва баргузор шудани нахустин интихобот ба парлумони нави ҷумҳурӣ дар асоси бисёрҳизбӣ ва бо иштироки мухолифони собиқ дар моҳҳои февралу марти соли 2000 анҷом ёфт.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.