Фарҳанг ва низоъ

  1. Арзишҳои фарҳанги омили муҳими пешгирии низоъ
  2. Фарҳанг воситаи ҳаллӣ низоъ
  3. Фарҳанги сиёсӣ омили муҳими бартарафсозии низоъ

Фарҳанг маҷмӯи арзишҳои инсонӣ буда, тавассути он инсон ғизои маънавӣ мегирад, дараҷаи донишу тафаккур ва биниши хешро афзун  мегардонад. Ба андешаи К. Леви-Строс, «фарҳанг ҳамқадами инсон аст», ӯро бо маълумоти наву ғанӣ мусаллаҳ мегардонад ва барои гирифтани маълумоти тоза омода месозад. Аз ҷониби дигар, он як рохи динамики болоравии низоъ ёрӣ мерасонад ва омили аз миён бурдани ҳама гунна  бархӯрдҳои инсонӣ ба шумор меравад. Пас низоъ чист?

   Низоъ падид омадани бархӯрдҳои айнию зеҳние мебошад, ки дар муқобил гузоштани тарафҳо ифода меёбад. Ба маънои дигар, низоъ ҷараёне мебошад, ки дар он дув а зиёда шахс ё грӯҳ ба ҳамдигар муқобил истода, ба якдигар халал  мерасонанд ва сади роҳи ҳамдигар ду қуввае мешаванд. Дар ду ҳолат ҳам,  низоъ омили бархӯрди ду қуввае мебошад, ки  бо ҳам оштинопазиранд. Маъмулан низоъ дар заминаи ба ҳам мувофиқат карда  натавонистани ақидахо сар мезанад ва аз доираи маҳдуд то ба  дараҷаи рӯйдоди ҷаҳонӣ табдил ёфта метавонад. Дар ин гунна ҳолат, ба ақидаи А.В.Димитриев, сарҳади низоъ дорои макону замон гардида, оғозу анҷом низ  дорад.

Дар ҳама давру замон дар аксари кишварҳои Шарқу Ғарб низоъ вуҷуд дошт ва бо роҳҳои мухталиф ҳалли худро дарёфт мекард. Дар гузашта  миён қавмҳои гуногуни эрониву туронӣ низоъҳои мухталиф сар мезанданд ва онҳо бо истифода аз фарханги баланди гурӯҳи  одамон бартараф мешуданд, вале пас аз гузаштани чанд муддат боз аз ҷониби дигар авҷ мегирифтанд. Баъзе аз ин бархӯрдҳо то ба имрӯз идома меёбанд. Аксарияти низоъҳое, ки миёни худи мардуми эронитабор сурат гирифта буданд, бо  ахолати шахсиятхои фарҳангӣ бартараф гардиданд. Бо вуҷуди ин хама, мардуми тоҷик бо истифода аз фарҳангӣ  суннатӣ тавассути хирадмандӣ  аз ин варта халосӣ ёфта, ҷамъияти сулхпарварона бунёд кардааст.

Мақолаи мазкур то андозае   нақши фарҳангро дар ҳалли низоъҳо миёни  қавмҳои   эронитабор,  ба  хусус  тоҷикон  баррасӣ  менамояд.халқи тоҷик доимо бо фарҳанги пурарзиши гузаштаву муосири хеш мефахрад. Зеро тоҷикон дар тамоми давраҳои  зиндагии худ барои дарёфти ҳақиқат чун омили тавоно аз фарҳанг истифода менамуданд. Дар замири мардум тавассути фарҳанг тухми накӯи ҷой мекарданд ва дар ҳама ҳолат ин нерӯи тавоноро ҳифз менмуданд ва баҳри рӯшди он мекӯшиданд. Бахусус , одамон даврони қадим ба хотири ба даст овардани оилҳои қаноатпешагӣ  аз фарҳанг хуб истифода менамуданд ва  ҳамеша аз ин рукни  тавонманд бархурдор мешуданд. Ҳатто дар вазинитарин ҳолати низоъхои байниқавмӣ мардум аз унсурҳои фарҳангӣ истифода мебурданд. Масалан,  дар замони қадим одамон ҳамдигарро ниёиш (дуои хайр) мекарданд, тавассути суруд  рози худро гуфта, ҳамдигарро аз ғазабу кин бармегадониданд. Ин гунна парастишҳо баъдҳо низ истифода мешуданд. Барои ба даст овардани сулҳу субот одамони пешин ба ҳамдигар вақт медоданд ва баъди расидани мӯхлати майян бо иштироки сардори  қавм гуноҳи  якдигарро мебахшиданд. Ин муҳимтарин ойине буд, ки дар Суғду Бохтар риоят мешу два барои рафъи низоъ коровар мегардид.

Дар баробари ин , мардум аз дигар суннатҳои анъанавии дерина низ  истифода менамуданд. Чунончи, одамон дар Наврӯзгоҳ сарҷамъ шуда  тавассути сурудахои  махсуси мазхабиву ахлоқӣ бо дастгирии кохинон ва мубадон гуноҳи хамдигарро мебахшиданд. Омурзиши гунох ва аз кинаву кудурат даст кашидан дар ойини ниёгони мо яке аз бехтарин суннатхо ба  шумор мерафт.  Хангоми баргузор гардидани чунин расму ойинҳо мардум  дар ҷое ҷамъ шуда, эзадони хешро парастиш мекарданд ва бахри бахшидани гунохи хамдигар омодагӣ мегирифтанд.  Онҳо б дастури  сардори қавм ё дуои мубадон аз гунохи хамдигар мегузаштанд.  Ҳамчунин барои риояи ин суннати худ омодагмегирифтанд ва худро аз мушкилот  раҳо  месохтанд. Ин суннат дар баъзе маҳалхои Тоҷикистон хозир риоя  мешавад.

Рукни дигари анъанавие, ки то имрӯз роиҷ аст, ба хотири рафъи гунох ва хатохо аз болои оташ  паридан ва хешро покиза кардан аз  аз хама бадиҳо мебошад. Дар замони қадим, махсусан, дар давари сосониҳо он  расме буд, ки ҳамчун ойин  парастиш меёфт ва дар тамоми қаламрав эътибор дошт.  Дар  устураҳои қадим ин маросим дарҷ ёфта ва дар деворнигорахои Панҷакенту бохтар вобаста ба ойин маводи фаровон ба назар мерасад. Ин маросим бештар аз ҳама дар устураҳо инъикос шуда ва он маъмулан ба   Сиёвуш мансуб дониста мешвад.   Фирдавсӣ низ дар достони  «Шоҳнома» аз он ба хубӣ ёдовар шуда, онро яке аз ойинхои қадим медонад. Сиёвуш дар манбаъҳои достонии асотир танҳо дар сурати  гузаштан аз оташ гуноҳи  худро мешӯяд ва ба боварии падар сазовор мешавад. Дар ин ва дигар устураҳои эронитаборон аз гунохи ҳамдигар  гузаштан яке аз рукнҳои шинохти фарҳанги ин қавмҳои бузург ба шумор  мерафт. Бешак, дар устувории қавм ва риояи суннатҳои некбинона мардуми эронитабор нисбат ба дигар қавмҳо имконоти бештар доштанд ва онро риоя низ менамуданд. Дар мисоли достони Сиёвуш мо мебинем, ки падар барои  халосӣ ёфтан аз марги писар  ва нарезонидани хуни ноҳақ тадбири хубе пайдо мекунад ва ба ин восита роҳи   пешгири низоъро дармеёбад. Шояд  дар атрофии падар мубадон ва донишмандони бузурге ҷамъ омада буданд ки барои раҳои аз ин низои падару писар, ки ба ҷанги шадиди Турону Эрон оварда метавонист, ёрмандӣ расониданд ва боиси халосӣ аз ин  мушкилот гардиданд. Дар воқеъ, агар пеши роҳи ин бархӯрди падару писар гирифта намешуда, шояд миёни қавмҳо ҷанги нангине  сар мезад ва бисёр одамони бегуноҳ қурбон мешуданд. Дар ин ҷо низ фарҳанги пирони пуртаҷрибу ботадбир имкон додаст, ки аз вартаи мушкил рахои ёбанд ва  дар  фазои  ором  умр   ба  сар  баранд.

Хамчунон аз рӯи таърихномаҳо ва устураҳо маълум мешавад, ки  мардуми  Суғд  одамонро  аз куштан мегадониданд ва бо  шарте гуноҳи  онҳоро мехариданд. Масалан, дар қиссаи  «Ривояти суғдӣ»- нависандаи маъруф Сотим Улуғзода аз корнамоихои паҳлавони суғдӣ-Виркан накл мешавад, ки барои чокари шоҳ гадидан бо муҳаббати бепоён бо яке аз  паҳлавонони машҳур ба гуштин мебарояд ва мутаасифона, дар ин мубориза мағлуб мегардад. Аз рӯи анъана бояд шахси мағлубшуда кушта ва ё ба гарав гирифта шавад. Паҳлавони солори суғдӣ ҷавонӣ, чолокӣ ва  боғайратии Вирканро дида, ӯро аз марг наҷот  медиҳад ва ба худ ғулом мекунад. Дар ин ҷо боз як шакли ҳалли низоъ ба чашм  мерасад. Аз каси  ғолиб шахси фарҳангӣ ё ботабдир намебуд, ин ҷавон ба марг гирифтор мешуд ва як умр дар миёни қавмҳо низоъ боқӣ мемонд.

Дар ин таоруфи шарқӣ боз як бори дигар омили халосӣ аз низоъро  мушоҳида кардан мумкин аст. Дар миёни мардуми тоҷик ва ба хусус,  сарчашмаҳои  тоисломӣ  чунин  ривоятҳо хеле  зиёд  мебошанд. Дар аксари  онҳо одамон ба рохи нек ҳидоят мешаванд ва ба дурр шудан аз кинаву адоват даъват мегарданд. Дар аксари мавридҳо  одамон барои ба даст овардани мухити маънавӣ ва оромии кишварҳои худ ба пирони бузурги рузгордида муроҷиат мекарданд ва  аз онҳо рохи берун кардани кинаву адоватро пурсон мешуданд. Дар чунин ҳолат мубадон роҳи дурусти халосӣ ёфтани одамонро аз ҷангу низоъ дарёфт мекарданд ва шод   мегаштанд,к ибо ин роҳ пеши як низоъ гирифта  шуд.  Дар тафаккури тоисломӣ ғояи сулҳгироӣ дар ҷои аввал қарор гирифта буд ва ҳар як қавму қабила бо истифода аз амалҳои неки мубадони худ бо таҳаммул  корро пеш мебурданд. Дар  «Авасто»   низ ҳамин хусусиятии сулҳгироии мардуми эронитабор  тасвир ёфтааст ва дар заминаи  таъкидҳои ин китоби муқаддас бисёр муаммоҳои ба ҳам зид роҳи ҳалли худро  ёфтаанд.Донишмандони пешин таъкид мекарданд, ки барои раҳоӣ ёфтан аз тамоми низоъҳои дохилӣ ва хориҷӣ моро лизим аст, ки  бо амалҳои неки худ роҳи ҳалли бархӯрдхоро дарёфт намоем.

Дар китоби муқаддаси «Авасто», ба хусус, дар бобби «Арт-Яшт» «Оштӣ Яшт» масъалаи шинохти фарҳанги  «оштӣ»  ба таври амиқ баррасӣ гардида, даъвати инсон дар роҳи ба даст овардани ин амалӣ нек ситоиш ёфтааст. Амали дурр шудан аз низоъро «Авасто» дар ба даст овардани оиштӣ мебинад ва инсонро барои насиб шудан ба ин кирдори аҳуроӣ даъват месозад ва  ӯро аз ҳар гунна зиддияту барҳурдҳо дурр кардан мехоҳад. Чунин консепсияи шинохти фарҳанг дар такмили тафаккури асримиёнагии қавмҳои эронӣ ба хотири дурӣ ҷустан аз ҳар гунна зиддиятхо тақин мешу два бахри раҳоии одамон аз бадкирдорӣ ва амалҳои зишт таблиғ мегардид. Дар кардаи якуми «Арт-Яшт» омадааст: «Касе,  ки оштӣ ӯро камраво кунад, боз ба ӯ хиради сириштӣ бахшад»(2,467).

Худи мафхуми «хиради сириштй» як навъ фарханг аст. Зардушт мохияти хирадро дар асли ҷавхари инсонй мебинад ва онро тавассути ситоиши оштй ба у хампайванд медонад. Дар ин таъбири фархангй «оштй» воситаи расидан ба чахони осудагиву осоиш аст. У ба ин восита инсони замони худро ба рохи нек хидоят мекунад ва тамоми масъулиятро бар души у вомегузорад. Дар хамин асос дар кардаи дуюм мефармояд: «Эй оштии нек!  Эй оштии зебо! Эй оштии дурахшон! Эй, ки бо фурӯғи хӯши шодмонӣ афшонӣ! Эй оштӣ! Эй он, ки мардони ҳамраҳи хешро фарри нек бахшӣ! Аз хонумоне, ки оштии нек пой дар онҳо фурӯ ниҳод, бӯи хуш барояд ва андешаи созгорӣ ва дустии дерпой баҳри он хонумон шавад» (2.467).

Дар таъкид тавассути ақидаи Аҳурамаздо арзиши  оштӣ дар ҳоди инсон муайян мегардад. Он нишонаи мухимми тарбия ба шумор рафта, дар роҳи ба даст овардани оромию осоиштагӣ хидмат мекунад,  касро аз бархӯрду низоъ дур сохта, консепсияи паймону оштиро дар мухити иҷтимоӣ тарғиб мекунад.  Дар тамоми ин қисмат шохони асотирии эронӣ аз ин эзад ниёиш хоста, ба саодат мерасиданд.   Чунончи, сивуш ва  ва Фаридун адр кӯҳи Ҳаро аз эзади оштӣ хостори осоиштагӣ ва сохиби молу мулк шуданро орзу намуданд ва ба  муродашон расиданд.  Чунин тарзи ниёиш дар тасаввуроти асотириву авастоӣ ба хотири расидан ба некиву некномӣ равона шудаасг. Дар «Авасто» ташвики фарханг хеле гуногунчабха инъикос ёфта, дар замири одамон тухми мухаббат ва садокатро парастиш менамояд.

Инсон дар тасаввуроти авастой дорой се фазилат мебошад ва консепсияи шинохти маърифат бо хамин се унсур алокаманд аст. Ин ба чадвали сегонае монанд мебошад, ки дар куллаи он хамчун уфук инсон карор мегирад ва аз чониби Ахурамаздо назорат мегардад. Категорияхои мазкур мохияти фалсафию ахлоқи  дошта, тамоми фаъолияти инсонро чи аз зох,ир ва чи аз ботин идора мекунанд ва уро ба рохи рост рахнамун месозанд. Ин категорияхо дар чамъи амалхои инсонй ба инобат гирифта мешуданд ва чавхари баланди маънавй низ доштанд. Асоси ин мафхумхоро гуфтори нек, кирдори нек ва пиндори нек ташкил менамуд. Асолати фарҳангии инсони тоисломй дар мухити Шарк, дар мазмуни хамин се унсур чамъбаст меёфт ва тарики зиндагии уро дар хдёт муайян менамуд. Агар бо диди мантикД тавассути ин категориях,о меъёрхои амали инсониро тахкик намоем, пас аз низоъ ва бархурдхо дур шудан ва ба хамзистию осоиштагй наздик шудан бештар ба одамон муяссар мегардид. Аз ин мисолхо равшан мегардад, ки чузъх,ои фарханг дар зехди инсон сахт чой гирифта, барои дур шудан аз низоъ ва зиддиятхои хурду бузург ба у ёрй мерасонанд. Шояд хамин боис туда бошад, ки мардуми эронигабор майли чангчуй надоранд ва барои гасби кавму к,абилах,ои дигар талош намекунанд ва аз рохи хираду хирадмандй мушкилоти ба миён овардаи худро хал месохтанд. Абулкосим Фирдавсй низ борҳо дар «Шоҳнома»-и худ ин мавзуро инъикос намуда, хирадро ойини шахриёрй маънидод карда буд. Дар фарҳанги тоисломй ба ҷои чангу муноқишаҳо бештар рушди навъхои мухталифи санъату мусиқӣ ба назар мерасид ва ин барои рушди фарханг низ таъсири амик; мерасонид. Ин хусусият низоми тафаккури бадеиву зебоиро таҳким бахшида, барои ба вучуд омадани як тамаддуни пешрафта замина муҳайё намуда буд. Таълифи як қатор оҳангу мусиқӣ, эҷоди сурудаҳо дар асрҳои IV-VI аз рушди ҳамин тамаддун дарак медиҳанд.

Дар замони Сосониён боло рафтани сатҳи тамаддун, пеш аз хама, аз дарки дурусти моҳияти китоби «Авасто» ва дигар сарчашмаи шифоҳию хаттии фарҳангӣ вобаста аст. Мардуми эронитабор имкон пайдо карданд, ки шинохти хешро аз роҳи расидан ба роҳи нек баркарор намоянд ва ба ин восита рушду такомул ёбанд. Беҳуда нест, ки дар «Авасто» инсон ва шинохти фарҳангии вай хеле амиқ тасвир ёфтааст ва дар ҳар як боб амалҳои у нишон дода шудаанд. Махсусан, аз роҳи бад баргаштан, дуруғ нагуфтан ва мукобили зиштиву бадкирдорӣ мубориза бурдан муҳтавои асосии ин китобро ташкил медиҳад. Консепсияи дугонапарастй – некиву бадй,рӯшноиву торикӣ, ки бар  пиндори  инсони равона гардидааст, асоси ҷавхари фарҳангшинохтии ин асарро фаро мегирад.

Конунхои мазкур рохи фаъолияти инсонро дар шинохти чомеа ва иҷтимоӣ                  муайян месозанд ва ӯро ба инсондустй даъват менамоянд. Бешак, дар тамаддуни тоисломй яке аз омилҳои муттаҳидии қавмхои эронитабор эътироф кардани ҳамин фарҳанги  авастоист,  ки  ба  тавонмандии  шахс    ёрмандӣ намуда, ӯро аз роҳи  бад  ва  бадкирдорӣ  раҳоӣ   медодааст. Биниши   фарҳангӣ дар «Авасто» танҳо ба хотири вусъати маънави равона шуда,     макоми инсон дар он дар ной аввал карор гирифтааст. Дар ин китоб баланд   бардоштани сатҳи маърифати рухии инсон ва такомули он дар мадди аввал  карор дорад. Ин нуктаро мухаққиқ Х,.Муъминчонов  низ   тасдиқ  мекунад:           «Инсон дар  «Авасто» фарди  мухтор  аст ва маҳз  ӯ  бунёдгузор ва     роҳандози ҳаёти хеш мебошад. Ҷаҳони  моддй  ва  маънавии  ӯ  дар    алоқамандӣ  қарор  дорад» .

Дар вокеъ, «Авасто» барои рушди маънавияти инсон таъсири амиқ   расонидааст, ӯро ба накукорӣ  ҳидоят намуда, аз рохи бад боздоштааст.   Мубориза ба мукобили дуруг, андешаҳои аҳриманй ва дар миёни чомеа   талкин кардани ростиву росткорй чавхари асосии ин китобро ташкил     менамоянд. Ин рукнхо боиси баланд рафтани савияи фарханги инсони асримиёнагй гардида, мучиби кам шудани низоъ ва бархурдхо дар хамин   давра шудааст.

Тамаддуни исломй низ барои рушди фарханги кавмхои эронитабор,аз чумла, гочикон таъсири амик гузоштааст. Дар ин тамаддун маърифат         пояи асосии камолоти инсониро ташкил карда, бахри равнаки фархангии           у заминаи мусоиде фарохам овардааст. Дар ин тамаддун шинохти фарҳанг дар кори пешгирй кардани низоъ ду паҳлу дорад: аввалан,сониян.

Аввалан, тамаддуни исломй ба пазириши ғояҳои бегона моил нест.Он аз доираи мафкураи худи берун набаромада, танхр таблиготи   сиёсати  исломиро 

Сониян, дар ин тамаддун танҳо маърифати исломӣ таблиғ мегардад. Дар ин ҷо инсони комил ва расидан ба саодати ду дунё ҷавхари назарӣ пайдо карда, шинохти инсон низ аз ҳамин дидгоҳ  маърифат мешавад. Дар ин  ҷо  гуманизм пояи фарҳанги исломиро         ташкил намуда, инсонро бештар ба суи маърифат даъват месозад.Ҳамин боис шудааст, ки адабиёту санъати форсии тоники равняй мазкурро чун унсури тавонманди таркибии худ қабул карда, онробо шеваҳои мухталиф таблиғ намудааст. Дар бештари ҳолатҳо  маҳз ҳамин фарҳанг мӯҷиб шудааст, ки миёни кавмҳо низоъҳо бартараф гарданд ва пеши роҳи чангҳо гирифта шаванд. Ба даст овардани сулҳ дар ривоятх,ои исломй ҳам хеле зиёд инъикос шудааст ва ҳар кадом чанбаи қавии гуманистй доранд.

Шинохти фарханг дар хар ду тамаддун ба манфиати маърифати инсон равон шудааст ва инсон барои боло рафтани сатх,и тафаккури худ аз о их,о бархурдор гардидааст. Бинобар ин, накши фархангро дар рушди зехнияти инсон махдуд донистан нодуруст аст, зеро он омили равнаки маънавиёт мебошад ва дар ташаккули маърифати инсон ёрй мерасонад. Ҳамин паҳлуи фархангро мухаккик Б.С.Ерасов арзишманд дониста, аз чумла менависад: «Фарҳанг ҷараён ва маҳсули истедсоли рӯҳӣ буда, ҳамчун низом барои эҷод, ҳифз, пахш намудани барномаи арзишҳои маънавй, меъёрҳо, дониш, таассурот, аҳамият ва рамзҳо хидмат менамояд» .

Маҳз фарҳанг чахони маънавии инсонро ташаккул медихад, ба маънои том низоми дониш ва самтхои онро муайян месозад ва хама гуна фаъолиятеро, ки дар чомеа вучуд дорад, мукаррар мегардонад. Халкл точик низ дар тули таърих тамоми пахлух,ои фархангро х,амеша чун омили пешрафти маънавиёти чомеаи худ истифода намудааст. Ба одамон имкон додааст, ки хамеша дар зиндагй ва фаъолияти худ аз падидаҳои инсонгароии фарҳанг истифода намояд.

Дар давраи ба даст овардани истиклолияти миллӣ низ халки точик аз фарҳанги пешинаи худ бархурдор шудааст. Ҳарчанд кудратталабии гурӯҳҳои сиёсй дар муҳити Точикистон ба огози чанги шахрвандӣ боис шуд, дар охир мардуми тоҷик хатоҳои хешро дарк карда, боз ба вахдати миллй расиданд ва сулху суботро дар кишвар баркарор намуданд. Омилхои зиёде вучуд доштанд, ки барои барҳам хурдани ин миллат замина мегузоштанд, аммо неруи фарҳангии миллат имкон дод, ки мо тезтар ба ризоияти миллй наздик шавем ва сулҳро баркарор гардонем. Дар хакикат бисёр созмонҳои байналмилалй барои расидан ба сулх ва бартараф намудани низоъхои сиёсй ба мо ёрй расониданд, вале омили фархангшинохтии миллати точик хам боис шудааст, ки мо ба ризоияти миллй наздик шавем ва пояхои сулҳро устувор гардонем. Дар масъалаи раванди сулх ва бартараф кардани низоъхо ин таъкиди X,. Сандерс хеле ба маврид мебошад: «Дар муносибатҳои  низоъангез усулҳои мухталифи  ҳалли низоъ вуҷуд доранд ва онҳо метавонанд дар раванди сулх, ёрмандй намоянд… Як восита барои як марҳилаи низоъ метавонад судманд ва барои марҳилаи дигар бесуд; ё барои як низоъ фоиданок ва барои навъи дигари он бефоида бошад» .

Дар таҷрибаи сулх,и тоҷикон низ ин усули фоиданоки ҳалли низоъ истифода гарднд. Махсусан ҷалби шахсиятҳои фарҳангӣ имкон дод, ки низоъхо бомуваффакият бартараф шаванд ва мо ҳарчи тезтар ба сулх, наздик гардем. Яке аз иштирокчиёни Музокироти байни точикон профессор И.Усмонов дар китоби «Сулхнома»-и худ хамин омилро муҳим шуморида,  ҷанбаи фарҳангшинохтии миллати точикро чунин шарх медихад: «Мо муяссар шудем, ки xuштu аввали пойдевори музокироти худро чунон гузорем, ки девори рост баланд шавад, то аз баландиву ҳашамати он қомату чеҳраи  ҳақиқи миллати тоҷик ба олам битобад. Aҳли  дунё итминон кунанд, ки ин мулки ашхоси ҷангҷу не, балки сарзамини шоирпарвару фарҳангпарвар аст…».

Дар воқеъ, маҳз ҳамин ҷавхари шинохти фарҳанг омили пешрафти сулҳу субот дар чомеаи тоҷикон гардид ва ба оламиён бори дигар хирадмандӣ  ва бузургии хешро равшан гардонид. Ҳамин омил боис шуд, ки дар кишвари тоҷикон тамоми низоъҳо бо роҳи осоишта ҳалли худро ёфтанд ва сулҳ бардавом пойдор гардид.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.